Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
НООМАДА РАФТЕМ
Буд матлаби дил хотири шоди ту, азиз,
Асбоби вуҷуди мо видоди ту, азиз.
Гуфтанд чу моро накунӣ ёд асло,
Ноомада рафтем ба ёди ту, азиз.
ЁД ОЯД БОЗ
Ин ғам гузарад, замони шод ояд боз,
Фасли гулу настаран зиёд ояд боз.
Гар мебарӣ аз ёд маро, боке нест,
Чизе, ки равад зи ёд, ёд ояд боз.
ДАРМОНДАИ ИШҚ
Моҳӣ, ки хурад ба шаст, мекӯшад пас,
К-озод шавад, бол занад тозанафас.
Дар ҳалқаи баҳри ишқ дидам, аммо
Дармондаи ишқ ишқ мехоҳаду бас.
УМРИ ҲАДАР
Хандон на чу хуршед будӣ, на маъюс,
Шом омаду на моҳ шудӣ, на фонус.
На ошиқи ёреву на банди коре,
Аз умри ҳадар рафтаат афсӯс, афсӯс.
ЗАМОНИ СИНАХУШКИДА
Ин пир, ки бори зиндагӣ дар пушташ
Гаштаст дуқат, нест асо дар мушташ.
Бас синаи модари замон хушкида,
Бечораи тифл мемакад ангушташ.
БО ИН ҲАМА БОР
Эй Бор Худо, ба ҳарфи ту дорам гӯш,
Орад чу маро сури Сирофил ба ҳуш,
Дар шӯри қиёматат чӣ сон бархезам,
Бо ин ҳама борам, ки ниҳодӣ бар дӯш?!
ДАРАХТИ БЕНАСИБ
Як боғи хирад сабз кунам дар бари хеш,
То хуш гузаронам ҳама умри сари хеш.
Ҳоло чу дарахтам, ки пур аз бору бар аст,
Ку, лек дарахте, ки хурад аз бари хеш?!
ДИЛХОҲТАРИН
Аз ҳар ду ҷаҳон дуру қаринам бо хеш,
Дар рӯйи замин чархи баринам бо хеш.
Бе ҳамнафасе фориғам аз даҳр, ки ман
Ҳамсуҳбати дилхоҳтаринам бо хеш.
ҲАНГОМАИ РӮД
Эй баҳр, бузургӣ ту ба ҳадди дили хеш,
К-асло наравӣ ту аз ҳудудат пасу пеш.
Як рӯди тунукоб ба ҳангома вале
Ҳар лаҳза бурун меравад аз соҳили хеш.
ДУ МУРҒ
Дар банди қафас ду мурғ бо вазъи пареш
То вораҳад аз банд, занад худ пасу пеш.
Як мурғ занад пар, ки қафасро шиканад
В-он мурғи дигар, ки бишканад шаҳпари хеш.
ДАСТИ ДАРОЗ
Як умр дар ин ҷаҳони шӯру пархош,
Кӯтаҳдасту дароздастон ба талош.
Гар дод Худо дасти дарозат, мегир
Аз дасти ниёзи кас, на аз банди по-ш.
ТАШНА
Одам ба ҳавои ҷаннати ноёбаш
Бинад ҳама он ҳуру малак дар хобаш.
Онро, ки накард чор дарё сероб,
Чун кард тавон ба Кавсаре серобаш?!
НИГАҲДОРИ ЧАРОҒ
Чашмони Худост чашми бедори чароғ,
Шабро ҳама ҷо рӯз кунад кори чароғ.
Равшан шавад ар хонаи мо ё нашавад,
Сад шукри саломати нигаҳдори чароғ.
БУЛБУЛУ ЗОҒ
Доғест маро ба дил, ки орояд боғ,
Боғест маро ба дил, ки орояд доғ.
Дар боғ агар гӯши ду барге ҳам нест,
Ҳайф аст, ки булбул раваду ояд зоғ.
САФҲАИ РӮЙ
Қосид, ту зи ман гӯш бикун ҳарфи шигарф,
Мазруф, ки ман аён бубинам аз зарф,
Ин нома ба ман боз макун, чун хондам
Дар саҳфаи рӯят ҳамаро ҳарф ба ҳарф.
ОБИ БАҚО
То даст диҳад тамом мақсуду ҳадаф,
Мақсуд зи худ ҷӯй, на дар чор тараф.
В-арна ба сарат оби бақо борад ҳам,
Бар рег равӣ чу об аз байни ду каф.
ХОНИШИ ЗОҒ
Олам нашиносӣ, ки шиносӣ хату ҳарф,
Сахт аст зи бас тамизи ҳар зишту шигарф.
Дар барфи зимистон, ки нахонад булбул,
Булбул бувад он зоғ, ки хонад дар барф.
ХОРАШ БОШ
Ин тозагули ту буд дирӯз алаф,
Фардо нарасида мешавад хушку талаф.
Гар даст диҳад, дасти каме хораш бош,
Азбас набувад туро ҷуз имрӯз ба каф.
ИШҚУ АНДЕША
Ишқам бибарад ба суйи андешаи жарф,
Андеша барад ҳамора бар ишқи шигарф.
Ҳаргиз набувад тамизи ину онам,
Берун биравад, ҳар он чӣ бошад дар зарф.
БАЁНИ МАЪНО
Ҳар ғунчаи маъно, ки кушудам ба сабақ,
Гул кард варақ, вале набуд маъно ҳақ .
Чун хандаи гул набуд дар атри гуле,
Маъно на ҳамон буд, ки шуд сабти варақ.
ОБ ЗАД
Рахшон бувадо чеҳраи оташваши ишқ,
Дарёи дамон наёмад оташкуши ишқ.
Хосияти оташ арчи дарҳамсӯзист,
Бар оташи дигар об зад оташи ишқ.
ГАВҲАРИ ПОК
Эй, аз малакут омада бебок ба хок,
Кардӣ ба вуруди хеш ин хок афлок.
Дар нуҳ қабати даҳр чаро дур ҷӯйӣ,
Дар нуҳ садафи даҳр туӣ гавҳари пок.
САРИ АНГУР
Рӯйида зи хокему равонем ба хок,
Ҳарчанд ки гарди хокамон аст афлок.
Мо бори сари баланд бардошта, лек
Ҳамчун сари ангур хамидем зи ток.
ШИШАИ СОАТ
Рӯз аз сари мо мегузарад бо баду нек,
Нолем аз ин шева чӣ бадбахт, чӣ рек.
Чизе набувад зи рафтани дам ғофил,
Ҳар дам шумарад ба шишаи соат рег.
ОҲИ САБУК
Пулбохтае ҳам биситезад ба фалак,
Дилбохтае ҳам биситезад ба фалак.
Ҳар оҳи сабук сабук нишинад дар хок,
Оҳе, ки гарон нест, нахезад ба фалак.
ТАРКИ САР
Беҳ аст ҳалок, ки умр дар бими ҳалок,
Афсурдадиле на беҳ зи афсурдаи хок.
Тарсам мадеҳ аз гузаштани неъмату ҷоҳ,
Онро, ки кунад тарки сар, аз салла чӣ бок?!
САҲНАИ НАНГ
Оҳуи хито хӯрда ба чанголи паланг,
Моҳии тило рафта ба ҳалқуми наҳанг,
Дарронда уқоб синаи мурғ ба чанг,
Ин саҳни ҳаёт буд, ё саҳнаи нанг?!
ҲАМДИ ХУДО
Он дам, ки ба шохи ток мерӯяд барг,
Алҳамди Худои пок мегӯяд барг.
Чун шираи ангур ба хум меҷӯшад,
Хун дар рухи зарди хеш мемӯяд барг.
КИШТИИ БУЗУРГ
Бо амри қазо биёяд аз аҳли сутург
Хубии бузург ё ки зиштии бузург.
Ҳар бори гарон вусъати дарё хоҳад,
Ҳаргиз наравад ба рӯд киштии бузург.
ОЛАМИ НАНГ
Дунё ҳама ҷангу ҷангу дунё ҳама ҷанг,
Дилҳо ҳама сангу сангу дилҳо ҳама санг.
Аз хуни башар гашт ду олам рангин,
Ин олами ранг аст, магар олами нанг?!
КАБӮТАРБАЧА ВА УҚОБ
Болоназар астӣ, ту уқоби сари санг,
Ман ҷуфти кабӯтарбачаву ҳолам танг.
Ҳарчанд кабӯтарбача тарсад зи уқоб,
Эй кош, биёриям ту рӯзе бар чанг.
ФИҒОНИ БУЛБУЛ
Ишқат чу наво рехт ба ҷони булбул,
Олам бигирифт достони булбул.
Аз ханда магар пунбабагӯшӣ, эй гул,
К-асло нашунидӣ ту фиғони булбул.
НОЗБАРДОРОН
Ҳар аблаҳе аз худ, ки тарошад оқил,
Як аблаҳи дигар шавад ӯро қоил.
Ин ҷамъ ба ҳамдигар чӣ нозе доранд,
З-ин ҷо буну бори хеш бардор, эй дил!
НОНИ ҲАЛОЛ
Рафтам зи маҷол, то расидам ба камол,
Посух, ки биҷустам ба саду анд суол.
Ман ошиқи хуршеди саҳархез шудам,
Шуд хоб ҳаром, то хурам нони ҳалол.
ҲАМДАМИ ДИЛ
Ҷуз шеър надорам ба ҷаҳон ҳамдами дил,
Бешу ками шеърам аст бешу ками дил.
Ин олами фонӣ ба ҷаве ҳам нахарам,
Дар олам агар набошад ин олами дил.
БАНДАРИ ДИЛ
Паҳнои муҳит кай бувад ҳамбари дил,
Дарёи муҳит бигзарад аз дари дил.
Киштии муроди ман навардад роҳе
Аз лангари дил ҳамеша то бандари дил.
МАНЗИЛУ МАНЗИЛАТ
Ҷамъе бидавад, вале бувад по дар гил,
Тӯда-ст гурӯҳеву набошад маҳфил.
Аҳсант ба некӯнигаҳи соҳибдил,
К-истода ба як ҷой расад бар манзил.
БАҲРИ БЕСОҲИЛ
Ҳар лаҳза, ки дорам ба ту, эй дил, маҳфил,
Гӯям ба ту сад бор тасанно, эй дил.
Он роҳ, ки меравӣ, надорад поён,
Баҳре, ки шино кунӣ, надорад соҳил.
ТОҚАТИ ДИЛ
Ҳар шеър, ки гӯям бувад аз ҳолати дил,
Ҳар боби нави ҳарфи ман аз бобати дил.
Дарёб, ту он чиҳо гузашт аз сари ман,
Аҳсант ба ин тобу табу тоқати дил.
ФАРЁД АЗ ОҚИЛӢ
Гаҳ рӯди хурӯшанда шавам, гаҳ соҳил,
Гаҳ шӯху ситезанда шавам, гаҳ коҳил.
Фарёд аз он рӯз, ки дар кишвари ишқ
Ман дарси адаб хонаму гардам оқил.
ОЯТИ ИШҚ
Чашми ту маро чашмаи нурест ба дил,
Ёди ту маро ёди ҳузурест ба дил.
Лавҳе, ки дар он сабт нашуд ояти ишқ,
Заррин бувад ар, лавҳаи гӯрест ба дил.
ХУЛҚИ МОДАРЗОД
Хулқе, ки бувад дарандаро, сол ба сол
Ёбад на завол, балки ояд ба камол.
Гурге, ки бувад ташнаи хун, дар пирӣ
Дандонаш агар фитад, дарад бо чангол.
СУРАТИ ДИЛ
Рӯят гули гул гуфтаму гул гашт хиҷил,
К-ӯ реша ба дил дораду ман реша ба гил.
Наққош, ки бо меҳри дил орост варо,
Ман сурати гил гаштаму ӯ сурати дил.
ГӮШАИ ДИЛ
Ин боғи маро нест ба ҷуз хӯшаи дил,
Аз хӯшаи дил, ки мебарам тӯшаи дил.
Паймудани шаш қитъаи олам саҳл аст,
Паймой, тавонӣ ар, ту як гӯшаи дил.
БЕДОРИ АЗАЛ
Асрори ҳаёту марг – асрори азал,
Н-ояд зи касе кор дар ин кори азал.
Он гуна закӣ Эзидамон сохт, ки мо
Дар хоби абад шавем бедори азал.
МЕҲРГИЁҲ
Гарчи ба амал барзгарию омил,
Ҳар хок дигаргуна биёрад ҳосил.
Сад гуна гиёҳ сабз гардад дар дашт,
Fайр аз гияҳи меҳр, ки сабзад дар дил.
УРУҶИ ОСМОН
Онам, ки зи бенишон нишон овардам,
Ҷоне, ки набуд, дар ҷаҳон овардам.
Дидам, ки ҷаҳониён замингир шуданд,
Аз хок уруҷи осмон овардам.
МАСЪАЛАИ МУРАККАБ
Ман нақши замири матлаби худ ҳастам,
Шогирду дабири мактаби худ ҳастам.
Бар баҳси дигар ба ҷуз худӣ корам нест,
Ман масъалаи мураккаби худ ҳастам.
ДУ ОСИЁ
Эй чархи фалак, ту осиёи мардум,
К-онро бикунӣ орд чу дони гандум.
Эй мардуму эй гандуму чархи гардун,
Дар байни ду осиё ҳисобам шуд гум.
ҲАЗОРҲО МЕРӮЯМ
Аз шохи таре баҳорҳо мерӯям,
Аз гӯша чу беканорҳо мерӯям.
Аз хӯша чу доне ба замин меафтам,
Кам мешаваму ҳазорҳо мерӯям.
ОГАҲДИЛЕ
Сад вой, ки умре дили огаҳ ҷустам,
Огаҳдиле аз моҳӣ то маҳ ҷустам.
Пайдо чу нашуд миёни авлоди башар,
Аз халқи Худо пас ба Худо раҳ ҷустам.
БУХОРИИ РАВЗАНБАСТА
Рое, ки насибам зи азал буд, кунам,
Ё он чӣ дигар замона фармуд, кунам?
З-ин пас чу бухорие, ки равзанбаста-ст,
Равшан зи буруну зи дарун дуд кунам.
ШИКАНАМ - МАВҶАМ
Кӯшӣ ту ба хокмолам, авҷе гардам,
Яктоям агар, ҳазор фавҷе гардам.
Мумкин набувад шикастану рехтанам,
Гар мешиканам, дар об мавҷе гардам.
ШАМШОДИ ҚАД
Эй ёр, ба ҳар неку бадат мепечам,
Ҳар рӯзи Худо то абадат мепечам.
Ман токи замин, ту дар фалак шамшодӣ,
Чун ток ба шамшоди қадат мепечам.
ШОХҶОМИ ЛАБРЕЗ
Имшаб, ки саре ба моҳу ахтар дорам,
Дасте ба канори гарми дилбар дорам.
Ӯ гунаи шохҷоми лабрез бувад,
Лабрезтараш то бикунам, бардорам.
ОДАМГАЗИДА
Гарчи зи малак бувад фаротар одам,
Яъне ба Худо вакилу ёвар одам,
Чун моргазида тарсад аз банди ало,
Тарсад одамгазида аз ҳар одам.
НОНИ ГАНДУМУ ОБИ ҶАВ
Эй Бор Худо, ман ба худӣ дар гаравам,
То з-ин раҳи зиндагим берун наравам.
Аз ту талаби неъмати алвон накунам,
Бас пораи нони гандуму оби ҷавам.
ХАС - САРИ ЧАШМ
Ин дилбари дил бошаду он дилбари чашм,
Аз дил наравад он, ки бувад дар бари чашм.
Ҳар як пари каҳ ҷой ба каҳдон нашавад,
Хасро, ки Худо диҳад, нишинад сари чашм.
ХОКИ НАРМ
Оне, ки раҳад тунд зи банди айём,
Чун даргузарад, аз ӯ нишон монад ном.
Гаҳ нармии мардум аз дуруштӣ батар аст,
Сайёд ба хоки нарм мемонад дом.
ДОМАНИ ТАР
Эй дил, зи ҳавасҳот чӣ сон парҳезам,
Бо хушку тарат худ, ки ба ҷон омезам.
Фардои қиёмат ба кадомин рӯ лек
Ин домани тар дар офтоб овезам?!
ШИКВАИ ЧАРОҒ
Эй халқ, чароғаму чӣ сон бадрӯзам,
Гарчи ҳама шаб маҳфилатон афрӯзам.
Аз шом ба субҳатон биёрам, аммо
Ҳар рӯз кушедам, накушедам, сӯзам.
ТАЗОД
Ин соили мо карам кунад бар Ҳотам,
Шаҳро ҳама алмос занад бар хотам.
Дар даҳри тазод агар тазоде хоҳӣ,
Ин мурдаи мо ханда занад бар мотам.
БУЛБУЛИ БЕГОНА
Дар ишқи ту ҳарчанд ки фарзона манам,
Дар хоки ту аз ҳазор як дона манам.
Ҳоло чамани бахти ту сабз асту дареғ,
Дар ин чаманат булбули бегона манам.
КАНОРИ ГУЛ
Ман ошиқаму баҳори гул мехоҳам,
Дар пойи гуле нисори гул мехоҳам.
Ман шиша наям, ки қул-қулам маст кунад,
Ман булбуламу канори гул мехоҳам.
СУБҲИ ОГОҲӢ
Ёро, сафари бехатаре хоҳиям,
К-аз зулмати шаб ба субҳдам роҳиям.
Он мӯйи сиёҳ шоми ғафлат буд, рафт
В-ин мӯйи сафед субҳи огоҳиям.
ШОНАИ ФАРҲОД
Бо ин дили хештан бадам ё ки беҳам,
Дар ҳалқаи ғамкашон кеҳам ё ки меҳам,
Сояд ба замин шонаи ҳар Фарҳоде,
Гар бори дилам варо сари дӯш ниҳам.
РАҲЗАНУ РАҲНАМО
Ҳолест, ки аз муҷриму довар тарсам
В-аз душмани ҷону аз бародар тарсам.
Дар роҳи адолат, ки сипардан бояст,
Аз раҳзану раҳнамо баробар тарсам.
ҲАНГОМАИ ШОДӢ
Эй дӯст, биё, даме ба ҳам биншинем,
Хуш бод даме, ки бо алам биншинем.
Ҳангомаи шодӣ дили мо муфлис кард,
То боз ғанӣ шавад, ба ғам биншинем.
ҲИСОБИ ПОК
Якрӯям, аз инсони дурӯ метарсам,
Якрангаму аз дурангу рӯ метарсам.
Фардо ба Худованд ҳисобам пок аст,
Имрӯз ман аз бандаи ӯ метарсам.
КОСАИ САР
Ин сар, ки ба пойи ту забунаш кардем,
Чун сар бикашид, сарнагунаш кардем.
То косаи сар тиҳӣ шавад аз савдо,
Дар коса чӣ буд, ба сар нагунаш кардем.
СОҒАРИ САРШОР
Бо ишқи самову ранҷи маҳҷуриям
Дар кӯяш агар хок шавам, нуриям.
То соғари саршори варо дорам ёд,
Мастӣ надиҳад шароби ангуриям.
ЗЕРУ ЗАБАР
Оташ мазанам, ки шӯълавар мегардам,
Барбод мадеҳ, ки баҳру бар мегардам.
Ҳамвор, ки меравам ба роҳам чун об,
Зерам бикунӣ боз забар мегардам.
АДЛИ АВОМ
Ояд аҷабам зи ташнаи мансабу ном,
К-афтода зи по давад ба сад роҳи ҳаром.
Хосе кашадаш агар ба авҷе аъло,
Дар хоки сияҳ занад варо адли авом.
ОТАШ ДАР БУТТА
Вобаста ба мост давру даврони ту ҳам,
Пайваста ба мост дарду дармони ту ҳам.
Оташ чу расад ба буттае, дам манишин,
К-он зуд расад ба решаи ҷони ту ҳам.
ҶОН ДАР СУХАН
Бо шеър, ки ман забони халқи ватанам,
Бо меҳр ситоишгари ҳар марду занам.
Дар қолаби ман ҷустани ман беҳуда-ст,
Ҷону дили ман гирифта ҷо дар суханам.
АЗ ОБУ ДАР ХОК
Рӯзе, ки ба ҷон ошиқи афлок шудем,
Монанди муҳит тозаву пок шудем.
Парварда шудем дар дили уқёнус,
Аз об баромадему дар хок шудем.
УҚЁНУСИ ШӮРИДА
Хокинасабам, вале само мебӯсам,
Дар ҷилди вуҷуди худ куҷо маҳбусам.
Хунам, ки зи оби дили уқёнус аст,
Шӯридатар аз тамоми уқёнусам.
САХТИИ ҶАВОНӢ
Ман бахтҷавони ёри ҷонии худам,
Ман шефтаҷони бахти фонии худам.
Пирӣ агарам давлати Қорун бидиҳад,
Ман садқаи сахтии ҷавонии худам.
ВАСВАСАИ ОҚИЛӢ
Ин лофу газофҳои кас мекушадам,
Бебор, гаронбории хас мекушадам.
Ин зумра чу дар васвасаи оқилианд,
Шодам, ки шабе дил ба ҳавас мекушадам.
БАЛОГАРДОН
Аз шавқ, ки сабзида дар ин майдонам,
Афрохта сар бар фалаки гардонам.
Дар боғи баланд бо баҳои сари хеш
Ман ёри сафедори балогардонам.
МЕҲРИ ҒУРУБКАРДА
Яктост Худо, яке Худои ман ҳам,
Шояд ки варо бувад ризои ман ҳам.
Эй меҳри ғурубкарда, оё як шаб
Вопас бадар ойӣ ба дуои ман ҳам?![1]
ОЯИ ОСМОНӢ
Дар арш, ки ҷон кард ато Яздонам,
Дар рӯйи замин дод ба каф Қуръонам.
То ояи осмонӣ аз хоки сиёҳ
Вопас ба само барад самовӣ ҷонам.
ҶАВКОРУ ГАНДУМДАРАВ
Мардумсифатӣ, агар ту байни мардум,
Нақшат нашавад зи дидаву дилҳо гум.
Сад ҳайф, ки дар даҳри мукофоти амал
Ҷав кошта, хостӣ дурудан гандум.
ЛАҲЗАИ ҶОВИДОН
Бар беҳудаи замони худ мегирям,
Ҷонбохтаву ба ҷони худ мегирям.
Дирӯз, ки аз даст бишуд як лаҳза,
Имрӯз ба ҷовидони худ мегирям.
НА ДОНАИ ХУРД
Ҳайф аст, агар ба ҷустани фол афтам,
Аз хеш бимонам, пайи абдол афтам.
Гар даври фалак хирмани худ бардорад,
На донаи хурдам, ки зи ғирбол афтам.
ФАРДО - АФСӮС
Якчанд ба ёрон маи махсус хурем,
Сад ҷому қадаҳ бо газаку бӯс хурем.
Фардо, ки нишоти умр аз даст равад,
Оё зи хушиҳо фақат афсӯс хурем?!
БОИСИ ИФТИХОР
Мо бо дили хештан, ки маҳфил дорем,
Дар синаи дилшинос манзил дорем.
Як зумра бифахранд ба сад молу манол,
Мо боиси ифтихор як дил дорем.
БЕДИЛ
Доданд ду чашм - нури маҳфил бошем,
Доданд ду даст – дасти омил бошем.
Оварда ба даҳр ин парирӯёнро
Доданд диле, ки боз бедил бошем.
ХУРШЕДУ ДАРЁ
Чандон, ки ба худ сӯхтаву танҳоям,
Печида ба мавҷи хештан, паҳноям.
Як шӯъла саҳар, ки мезанам, хуршедам,
Як мавҷи дигар, ки мезанам, дарёям.
ПАРИСО
Ҳар ҳарф, ки бо номи ту оғоз кунам,
Нурест, ки пайванд ба овоз кунам.
Дар чашми сар ин сон ки парисо ойӣ,
Чун ойӣ, агар дидаи дил боз кунам?!
ДАСТИ ДОМАНГИР
Ҳарчанд ба дунё на ҷавон, на пирам,
Аз умр надонам, ки чӣ ибрат гирам.
Ин аст магар одамию расми башар,
Дасте, ки гирифтам, шуда домангирам.
ЧӢ КУНАМ?!
Хасрӯба барию гул начинӣ, чӣ кунам,
Фарқе накунӣ сафолу чинӣ, чӣ кунам.
Дар пеши ту қулла-ст расида ба фалак,
Гар чашми ту кӯр асту набинӣ, чӣ кунам?!
ХУДИКУШОНИ БЕГОНАПАРАСТ
Гумгаштадилам, суроғи гумҷӯ гирам,
Ҷон аз азал ин сӯ, дигар он сӯ гирам?!
Дар даҳри худикушони бегонапараст,
Аз худ, ки рамам, чӣ сон ба кас хӯ гирам?!
ДАРМОНИ ДАРД
Озодам, агар туро ба фармон бошам,
Дар ҳар ду ҷаҳон в-арна ба армон бошам.
Эй боиси кулли дардҳои ҷонам,
Эй кош, ба як дарди ту дармон бошам.
ТО ЧАНД?!
Дармон нашавад дарди ниҳон, ман чӣ кунам,
Осон нашавад мушкили ҷон, ман чӣ кунам.
То чанд кашам ҷабри замонро хомӯш,
Девона, ки нолад зи ҷаҳон, ман чӣ кунам?!
ДАР ХОБИ ШАБ
Аз дасти дили хеш, ки дар зориям,
Безор шудам з-ин дили безориям.
Дар хоби шабам, ки мебиёӣ ба бағал,
Дил сер зи ҷон кунад ба бедориям.
РОЗИ ВУҶУДУ АДАМ
Дар олами бесафо, сафо дарёбам,
Дар даҳри ҷафопеша вафо дарёбам.
Ман рози вуҷуди худ намедонам, чист,
Сирри адамам пас аз куҷо дарёбам?!
ШОҲУ БАРДА
Ҳарчанд малули кардаи хеш астам,
Мақсуди раҳи сипардаи хеш астам.
Ин ҷо, ки яке шоҳу ғулом аст дигар,
Ман шоҳи худам, ки бардаи хеш астам.
ШИКВАИ САНГПУШТ
Парвоз ба авҷи гунбади роз кунам,
На аз пару бол шиква оғоз кунам.
Шиква накунам чу сангпуште, пуштам
Санг аст ҳама, чӣ гуна парвоз кунам?!
ХОМПАЗ
Хом аст сари кор, ки хом аст анҷом,
Хом аст, агар бода, нарезӣ дар ҷом.
Гӯянд, ки айём пазонад ҳар хом,
Ҳайфо, ки на ҳар хом пазонад айём.
СУХАНИ ПУЧ
Дирӯз, ки будаст, бувад акнун ҳам,
Ҳарф аст, агар варо бувад мазмун ҳам.
Ҳаргиз сухани пуч намегардад пур,
Ояд агар аз забони Афлотун ҳам.
ИСЛОМ
Ҳар рӯз, аз оғози ҷаҳон то анҷом,
Исломи яқин нест надидан ислом.
Ислом шунидан зи масоҷид саҳл аст,
Кор аст зи бутхона шунидан ислом.
ЧАШМИ ҲАРИС
Аз аҳди шабоб то дами шайб одам
Кӯшад, ки кунад хизона дар ҷайб одам.
З-он чашми ҳарис мор партофта пӯст,
Ҳайфо, ки нашуд сурх ба сад айб одам.
СОҲИБХОНА
Бар ҳоли ғариби хештан ҳайронам,
Гӯё ба ҷаҳон ба меҳмон мемонам.
Бинам, ки ба ҷуз манаш дигар соҳиб нест,
Ман соҳиби хонаам, куҷо меҳмонам?!
РАҲГУЗАРИ БОД
То ҳастаму чун чароғи маҳфил сӯзам,
Ҳарчанд ки як лаҳза бисӯзам, рӯзам.
Гарчи насазад ба даҳр дил бастани мо,
Дар раҳгузари бод чароғ афрӯзам.
ТӮФОНИ НӮҲ
Он гаҳ, ки ғазаб кард Худои олам,
Тӯфон карду дод ҷазои одам.
Хушкид замин агар зи тӯфони Нӯҳ,
Ғарқид ба оби дидаҳои одам.
БАХШАМ
Онам, ки зи ман он талабӣ, он бахшам,
Гар як бидиҳӣ, ҳазор чандон бахшам.
Чун дӣ ту ба ихтиёр ҷонам додӣ,
Ҳоло-т ба ихтиёр сад ҷон бахшам.
ХАМИДА ЧУН ТОК
Озода манам, ки бандаи кори худам,
Афрохтасар ё ки нагунсори худам.
Чун сарв маро, ки лофи озодӣ нест,
Чун ток хамида ҳамсари бори худам.
ҶӮШИДАНИ ХОМ
Эй он, ки қадам ниҳода дар ҷодаи ном,
Ҷӯшиву хурӯшӣ ту ба ҳар гардиши ҷом,
Ҷӯшидани ҳар чиз бувад аз хомӣ,
То пухта шавад, ҷӯш хурад бодаи хом.
ДИЛБАРИИ ҲАМГАРӢ
Раҳ сохтаву раҳбарӣ омӯхтаем,
Сар бохтаву сарварӣ омӯхтаем.
Ойинаи мо шикаст агар сандонро
На дилшиканӣ, дилбарӣ омӯхтаем.
ПАЙИ ПОЙ
Ман шераму бар подшаҳӣ мансубам,
Бо ҳайбати шоҳонаи худ марғубам.
Аз пайраҳи сайёд пайи поямро
Ҳарчанд ки шерам, ба думам мерӯбам.
ФАРТИ ХАРӢ
Омад сари сарчашма харе кандалагом,
То об хурад зи чашмаи симинфом.
З-он пеш, ки фук бар лаби сарчашма барад,
Поҳо-ш дар он ниҳодаву кард ҳаром.
ФАСОНАГӮЙИ ҲАҚГӮ
Неку бади ман аён бувад дар суханам,
Баски ба сухан сиришта шуд ҷону танам.
Монад ба забони халқ шеърам ҳама умр,
То он ки фасонагӯйи ҳақгӯй манам.
ХОКИ РАВШАН
Дар пушти замин агарчи муште хокам,
На мушти парам, муштарии афлокам.
Хокам, ки ситорасон бувад равшанрӯ,
Аз тирагии кунҷи лаҳад бебокам.
НОМИ ШЕЪР
Дар роҳи абад, ки гом бардоштаем,
Аз бодаи меҳр ҷом бардоштаем.
Бар ному нишон набуда муҳтоҷ асло,
Азбаски ба шеър ном бардоштаем.
МАСТИ ШАБ
Ман беш аз ин саодате кай талабам,
К-аз бахт лаболабу ба ту лаб ба лабам.
К-ош, эй шаби васл, бениҳоят бошӣ,
Эй субҳи сафо, мадам, ки ман масти шабам.
ҶОН КАНДАНУ ДИЛ КАНДАН
Аз худ гусалам, пой зи маҳфил наканам,
Пайванди вафо зи ёри муқбил наканам.
Дил кандани ман аз ту азобест алим,
Беҳ, ҷон канаму аз ту вале дил наканам.
ФУРӮҒИ ҶОВИДОН
Мо бахти мудом ногаҳон ёфтаем,
Аз неши фироқ нӯши ҷон ёфтаем.
То ишқи ҷигарсӯз шавад ҷонафрӯз,
Ҷон дода фурӯғи ҷовидон ёфтаем.
ТО ЯК НАФАС
Ҳар рӯз ба ёди ту худ обод кунам,
Ёди ту кунам ҳар шабу дил шод кунам.
Чандин нафасам монда надонам, аммо
То як нафасам бувад, туро ёд кунам.
ФУРСАТ
Аз роҳи ҷаҳон роҳи туро пай гирам,
Аз ном ба ҷуз номи туро кай гирам.
Аз умр куҷо фурсати дигар талабам,
Фурсат талабам, ки пеши поят мирам.
ҚОШИ ҚАЛАМКОР
Гулзор туиву ба гуле зор манам,
Аз ғунчаи лаб гуле талабгор манам.
Қоши қаламат сад қалами шеъри тар аст,
Шармандаи он қоши қаламкор манам.
ДОРИ ДИЛ
Сад сол надидаам туро, ёри дилам,
Дил зории ту дораду ман зори дилам.
То бори муҳаббатат ба шохи дигар аст,
Ман бори дилам, хори дилам, дори дилам.
ИШҚИ НАХУСТИН
Эй ишқи нахустин, чу расӣ бар ёдам,
На дилхурам аз туву на ҳам дилшодам.
Ту асли манӣ магар, ки ҳаргиз накунӣ
Як зарра на ободаму на барбодам?!
КИРОИ МОНДАН
Ман кӯйи туро Каъбаи дил мехонам,
Ҳам байт ба байти абруят мемонам.
Дар даҳр, ки он кирои мондан накунад,
Мемонам агар, ба паҳлуят мемонам.
МАЙИ ҲАЛОЛ
Ҳарчанд ки бандаи майи ноб наям,
Аз ҷоми шароб буда парҳез каям?!
Гӯянд, ки май ҳалолу мастист ҳаром,
Чун маст намешавам, ҳалол аст маям.
МЕҲВАРИ САЙЁРА
Инсонаму меҳре ба само парвардам,
Худро ба Худо рӯйи замин овардам.
Дар баҳри фалак Замин агар Сайёра-ст,
Ман меҳвари Сайёраи гардунгардам.
ОЙӢ ТУ
Дар раҳгузари умр куҳан ё, ки навам,
Бо буду набуди хештан дар гаравам.
Чун хонаи дил баҳри ману туст, чаро
Ойӣ ту агар, манат, ки бояд биравам?!
ЗАВЛОНАИ ФИКР
Имрӯз агар халосу хуррам зодем,
Шодем, ба тавфиқи раҳойӣ, шодем.
Завлона зи пой кандан озодӣ нест,
Завлона зи фикри худ канем, озодем.
ҒАЛАТИ ХАНДА
То барги хазони худ пароканда кунем,
Дилро ба рухи сабзи чаман банда кунем.
Фардо, ки ба хандидани гул хӯ гирем,
Хун гаштани гулро ғалати ханда кунем.
ДИЛОГАҲЕ МЕҶӮЯМ
Гумкардараҳам, тоза раҳе меҷӯям,
Даҳр аст пури гадо, шаҳе меҷӯям.
Гар зери кафи баҳр гуҳар пинҳон аст,
Дил рӯйи кафу дилогаҳе меҷӯям.
РАҲИНИ ҲАМВОРӢ
Чун бастаи ишқи хеш медориям,
Ёди ту бувад ба хобу бедориям.
Ҳамвориям ар, ба кӯҳ таъзим орам,
Гар кӯҳ манам, раҳини ҳамвориям.
ЧӢ КАНОРЕ?!
З-ин раҳ гузарӣ, ба раҳгузорат нарасам,
Аз сарди зимистон ба баҳорат нарасам.
Моро ба канори дил шудӣ ҷо, аммо,
Охир чӣ каноре, ки канорат нарасам?!
ДУДИ ДИЛ
Дар банди хаёл шаб ба шаб бедорам,
Аз ҳар шаби бе ту сад карат безорам.
Дуди ҷигарам ба оҳ берун биравад,
Аммо ба чӣ раҳ дуди дилам буброрам?!
АНГУШТАР
Чашме ба ниҳоли дилфиребат бошам,
Дар ёди харидории себат бошам.
Дастам нашавад чу ҳалқаи гардани ту,
Ангуштари ангушти базебат бошам.
БА ШОХИ ГУЛ
Боз о, боз о, ки сар ба пойи ту ниҳам,
Хоки қадамат манам, бадам ё ки беҳам.
Гармии дилам агар туро месӯзад,
Бодат бидиҳам, ба шохи гул бод диҳам.
АЗ МОСТ, КИ…
Умре зи сарони бехирад нолидем,
Як зарра дигар нагашт дунё, дидем.
Ҷуз мо кӣ зимоми худ ба онон дода,
Аз мост, ки бар мост, магар фаҳмидем?!
ПАЙВАНД
Эй духтари боғбон, ба ту мегӯям,
К-имшаб раҳи гулбоғи туро меҷӯям.
Бар шохи ниҳоли қоматат, к-озод аст,
Пайванд гирифта аз танат мерӯям.
ФАРДОИ ЗАБОН
Дунё ба ҷуз он нест, ки дунёи забон,
Маъно ба ҷуз он нест, ки маънои забон.
Имрӯз ба дирӯзи забон мефахрем,
Эй кош, нагирйем ба фардои забон.
ЭЙ МИЛЛАТИ ХУДКУШ
Арзад магар ин даҳр ба ҷон фарсудан,
К-онро ҳунарест куштанат фармудан.
Эй миллати худкуш, ки кушӣ хосаи хеш,
Танҳо ба авом пас чӣ хоҳӣ будан?!
ЗАНГӮЛАЧАИ ТИЛОӢ
Ҷон духтаракам, таъна ба Аржанг бизан,
Мӯҳойи маро ба чашми худ ранг бизан.
Чун булбулаке ҳар саҳарӣ ғул-ғул кун,
Зангӯлачаи тилоиям занг бизан!
ҶОНИ ГАРОНБОР
Дар ҳар ду ҷаҳон аст харидорат ҷон,
Тан парварӣ, аммост нигаҳдорат ҷон.
Натвон зи Пули Сирот осон бигузашт,
Гар нест сабук тану гаронборат ҷон.
ҶАВЛОНГАҲИ ОЗОДОН
Болои сари мост ҳамин чархи нагун,
К-он чарх занад абад ба садҳо мазмун.
Он аст, ки ҷавлонгаҳи озодон аст,
Болат набувад, таъна макун бар гардун.
МУСУЛМОНӢ
Чун дид Иброҳим малакуте равшан,
Шуд аҳли яқин, мӯъмину озод зи занн.
Ман на малакут дида, на Иброҳим,
Мӯъмин шудаам, зиҳӣ мусулмонии ман!
ЯЗДОНУ ИНСОН
Шояд, ки буд одамӣ дар аввал ҳайвон,
Дар васвасаву фиребу макри шайтон.
Он рӯз, ки овард ба Яздон имон,
Яздон зи худ ӯ сохт, зи Яздон инсон.
РОЗИ ҲУВАЙДО
Беҳуда ба ҳифзи рози худ кӯшидан,
Набвад самаре зи гови нар дӯшидан.
Розат, ки ҳувайдост саропо ба Худо,
Аз бандаи ӯ чӣ ҳоҷати пӯшидан.
ҚУДРАТИ ТУ
Дар ҳарду ҷаҳонӣ ту Худои дили ман,
Рӯят дидан - рӯйи Худоро дидан.
Ояд фақат аз дасти ту имрӯз маро
Мирондану боз зинда гардонидан.
АҶАБО?!
Ҳар меваи норасе ба авҷ аст макин,
Чун пухт, фитад зи шоха бар хок яқин.
З-ин шеваи рӯзгор дорам аҷабе,
Хоме ба само, пухта нагунсори замин.
ҲАМГУҲАР
Қисмат, ки кунад охири корат таъйин,
Фарҷоми дигар нестат асло мумкин.
Гарчи ба гуҳар шабнаму борон об аст,
Бар арш равад шабнаму борон ба замин.
МАНЗАРА
Як дашти пур аз лолаи ишқу армон,
Як ҷӯйи пур аз таровати шеъри равон,
Як кӯҳи пур аз фалсафаи тамкине,
Як одами ошиқ ба ду чашми ҳайрон.
ЯК ДАСТА БАҲОР
Эй водии гул, шукуфтанам илқо кун,
Ҷонро ба насими раҳгузар эҳё кун.
Фардо кафи хок аст агар ҳастии мо,
Имрӯз ту як даста баҳор эҳдо кун.
ШАВҚИ ВИСОЛ
Эй гармии оғӯш, биё гармам кун,
Бигзошта дил ба рӯйи дил, нармам кун.
Гар шарму ҳаёям раҳи васлат гирад,
Дар шавқи висол пок бешармам кун.
ДАРМОН ДАРМОНДАН
Дил хост ҳавои ишқат аз сар рондан,
Аммо натавонист ба ҷуз сар мондан.
Аз ишқи ту дардест ба ҷонам, ки варо
Дармон набувад ҳеҷ ба ҷуз дармондан.
СУОЛ БА ИНСОН
Инсон, инсон, чӣ гунаӣ, эй инсон,
Дар хок ба тухми хеш оварда қирон,
Андар фалаки собиту сайёри дигар
Меҷӯйӣ аз ӯ боз ҳаме ному нишон.
ҲАФТ ГУНБАД
Гар лоиқи ин кӯҳиву тахти падарон
В-ин хоки дилогаҳеву соҳибназарон
Ё савту садои ҳафт гунбад бишунав,
Ё бонгу нидо зи ҳафт гунбад гузарон.
АБРИ САФЕД
Ман кӯҳаму дар ишқи ту дорам тамкин,
Ғам дар дили ман гашта чу ганҷе таҳшин.
Эй абри сафеди ҳамчу ёрам гузарон,
Як лаҳза канори теғаҳоям биншин.
ПАЙРОҲАИ КАҲКАШОН
Худро зи замин ба осмон бурдам ман,
Аз хок ба нуриён нишон бурдам ман.
Раҳгум нашавам то ба чигилроҳи замин,
Пайроҳа зи роҳи Каҳкашон бурдам ман.
ХОМӮШУ СУХАНГӮ
Бо дидаи таҳқиқ нигар сӯйи Замин,
Таърихи башар сабт бувад рӯйи Замин.
Ҳар санг, ки бинӣ ту, фақат санге нест,
Ҳаст он дили хомӯши сухангӯйи Замин.
БЕДОР
То суфта нагардӣ, натавонӣ суфтан,
То ҳуш нагардӣ, натавонӣ гуфтан.
То хобсару хуфтадилеро ҳар рӯз
Бедор насозӣ, натавонӣ хуфтан.
ХУШБАХТИВУ БАДБАХТӢ
Дар синаи ман ба ман ватан шуд дили ман,
Гаҳ чӯли харобу гаҳ чаман шуд дили ман.
То роҳ барам, роҳи диле кофтаам,
Хушбахтиву бадбахтии ман шуд дили ман.
ДЕРИНТИЗОР
Монад ҳама гулфишон баҳори дили ман,
Монад ҳама шодоб канори дили ман?!
Тарсам, ки баҳору ошиқӣ дер шавад,
Дер ойӣ, деринтизори дили ман.
КАБӮТАРИ САФЕД
Навмед шавам, туӣ умеди дили ман,
Аз рӯзи хуше туӣ навиди дили ман.
Зоғони сияҳ гирди сарам чарх зананд,
Зуд ой, кабӯтари сафеди дили ман.
ҲАЗОР БОР
Чашмони хумори ёр мебӯсам ман,
Лабҳои нами нигор мебӯсам ман.
Ҳарчанд зи ҳам ҳазор фарсах дурем,
Аз дур ҳазор бор мебӯсам ман.
ИНТИЗОРИ ТУ
Рӯзе зи ҷаҳон канор мегирам ман,
Ишқи ту ба ёдгор мегирам ман.
Чун ҷодаи интизорро охир нест,
Охир ба ту интизор мемирам ман.
СУРУД ДАР ЛАБ
Аз ту ба ҷаҳон дуруд мебурдам ман,
Хоки қадамат суҷуд мебурдам ман.
Як шаб ту агар маро ба худ мебурдӣ,
Он гаҳ ба лабам суруд мемурдам ман.
КУЛЧАИ РӮЙ
Бо ҳазлу ба ҷид бигӯямат дилбари ҷон,
Нон несту умр аст на чандон осон.
Часпон ба танӯри синаам кулчаи рӯ-т,
К-осон ба танӯри гарм мечаспад нон.
БАХТИ ФАРҲОД
Лак бор шукуфт лолазори дерин,
Ширини дигар ку ба баҳори ширин.
Он бахт, ки Фарҳод зи куҳ кандан ёфт,
Кай ёфта Хусрав ба канори Ширин?!
ФАСЛИ ХЕШ
Гулбоди баҳор кӯ ба кӯ гашт вазон,
Бишкуфт канори чаману дашт аз он.
Боист ба фасли хештан сохт ба умр,
Нахле, ки шукуфт тирамаҳ, гашт хазон.
ДУОИ ДИЛ
Дар зиндагии хеш шавӣ хун, дили ман,
Сад бор шавад ранҷи ту афзун, дили ман.
Мебош дар ин давраи аъсоби хароб,
Ободтарин ҷузви ман акнун, дили ман.
ДАР МИЁНИ ЧОР ДАРЁ…
Шањбол шикасту гуфт: “Парвоз бикун”!
Бифшурда гулӯ, гуфт: “Наво соз бикун”!
Чун з-ин ҳама таскин нашудаш кину ҳасад,
Кушт охиру гуфто: “Зи нав оғоз бикун”!
АРЗ
Эй ҳамватанони фориғ аз шеъру сухан,
Дорам ба шумо арзи сареҳу равшан:
Шарт аст, ки баҳри қадрдонии шумо
Мирем ва ё кунем мо тарки ватан?!
ПАРВОНАИ ХУРШЕД
Дар кӯраи зиндагӣ ту партобам кун,
Дар оташи ҷонгудози он обам кун.
Ҳайф аст, ки парвонаи шамъе бошам,
Парвонаи хуршеди ҷаҳонтобам кун.
АЗ БАНДИ ШУМО
То чанд маро ба ҷамъи худ пайвастан,
Бо сад хабару қолу мақоле бастан.
Кайҳост, ки аз банди худӣ ворастам,
Аз банди шумо кай битавонам растан?!
БОМИ ФАЛАК
Сарро накунад чу сарварӣ сарвари ман,
Кошо, нарасад бало ба гирду бари ман.
Бас нест магар чакидани бом маро,
К-эй боми фалак, ту ҳам чакӣ бар сари ман?!
ҒОЗАИ ЗАН
Мард аст агарчи банди шерозаи зан,
Андозаи ӯ дигару андозаи зан.
Гулгуна агар зард шавад рӯзи ғазо,
Ғозӣ накунад сурх рух аз ғозаи зан.
ГИРДИ САРИ ОФТОБ
Ҳар кас, ки дар ин даҳр ба ҳар ҷост макин,
Гардад ҳама умр гирди як чиз яқин.
Хуршеди ҳаётам, ки туӣ, мегардам
Гирди сари офтоби худ ҳамчу Замин.
ИН ПУЛ НА ОН ПУЛ
Он соҳили рӯд аст абадият маскун,
Ин соҳили рӯд аст замон ҳеҷу забун.
Гар азми ҳаёти ҷовидон дар дилат аст,
Пул созу барои пул коре ту макун.
МАН ҲЕҶ НАГӮЯМАТ
Ҳирсат гӯяд, ки кам бувад кулли ҷаҳон,
Ақлу хирадат, ки ними нон – роҳати ҷон.
Ман ҳеҷ нагӯямат, ки бо кулли ҷаҳон --
Мирӣ ту гурусна, сер -- бо нимаи нон.
ДАШТИ САБЗИ МАҶНУН
Тахти Ҷаму Дорост валангору нагун,
Бод аст хазинаи ҳазорон Қорун.
Хушкида дарахти хиради Афлотун,
Сабз аст, вале канори дашти Маҷнун.
АҲЛИ БЕМОРИСТОН
Ҷуз соҳати дил нест дигар користон,
Бархез зи хобу о ба бедористон.
Он, к-ӯ ба тавофи дил варо коре нест,
Ҳайфо, ки бувад зи аҳли бемористон.
ТАПИДАНУ ОРОМИДАН
Оғози маро, ки нест анҷомидан,
Натвон пайи субҳи ишқ шоме дидан.
З-оғӯши ту беҳтар ба ду олам набувад
Ҳам ҷойи тапидану ҳам оромидан.
САРМАСТОН
Ҳар маҳфили майрост ҳазорон дастон
Аз ҷуръати сардарфалаку сарпастон.
Он бода, ки филро зи по андозад,
Хӯрдан натавонанд ба ҷуз сармастон.
МАЙИ ХАЙЁМ
Хайём чӣ май мехӯрд аз мо пинҳон,
К-ӯро бишуд ошкор асрори ҷаҳон.
Он май набуд он, ки рехт аз шиша ба ҷом,
Дар кӯзаи дил расида, мерехт ба ҷон.
БА НОЗУКНИҲОЛИ РАНҶУР
Эй дард, бирав, ту аз тани нозуки ман,
Шармат набувад, ки мезанӣ неш ба тан.
Хор астиву ҷойи ту бувад домани дашт,
Зебанда фақат гул аст бар шохи чаман.
ДИЛБАР Ё ШЕР
Афтод маро кор ба як шери ҷавон,
Гаҳ нарму ҳалиму гоҳ ғуррону жаён.
Гӯяд, ки туро раҳм хӯрам, аммо ман
Ҳар дам ба ҳаросам, ки маро медарад он.
БОД БА ДАСТ
Эй он, ки кунӣ ҳазор сӯйе таку дав,
Дони ту чӣ дона, дони гандум ё ҷав?
Бо боди сар омадӣ шикори анқо,
Бо боди ба даст омада хуш бош, бирав!
НАГУФТАМАТ АЗ ХУД РАВ
Фарқ аст миёни хирмани гандуму ҷав,
Ҳам тафриқа дар аспи ҷувоз асту бидав.
То он ки расӣ ба асли хешат, гуфтам,
Аз худ бадар о, нагуфтамат аз худ рав!
РУМУЗИ ИШҚ
Бо ёри куҳан намераҳӣ аз ғами нав,
Даст аз тамаи хом бибардору бирав.
Хоҳӣ зи румузи ишқ бӯе бибарӣ,
Аз хандаи гул нолаи булбул бишунав.
АФЛОТУН ШАВ!
Лаб банд ту аз чуну чаро, бечун шав,
Афсона раҳо куну ту худ афсун шав.
Дар кӯйи хароби ақлу ободии ишқ
Маҷнун натавонӣ шудан, Афлотун шав!
СУДЕ КУ?!
З-ин ҷандалаҳои бебадал суде ку,
З-ин ҳарфи зиёди беамал суде ку.
З-ин дағдағаҳо ҷон ба лаб омад ҳамаро,
Аз кафки даҳону пойи шал суде ку?!
ЗОДАИ ДАРЁ
Эй холиқи дунё, ғами дунёят ку,
Дар олами танги хок паҳноят ку.
Бинам ба ҳавас ба вусъати уқёнус,
Эй зодаи дарё, дили дарёят ку?!
НАМАДИ СИЁҲ
Аз ман, ки гуноҳу нуқс меҷӯйӣ ту,
Некии маро гуноҳ мегӯйӣ ту.
Мо рӯди равонему дар он худро боз
Ҳамчун намади сиёҳ мешӯйӣ ту.
КАЙФИЯТИ АФЛОК
То пок набошӣ, сухан аз пок магӯ,
Дилчок набошӣ, аз дили чок магӯ.
То хок нагардӣ ба раҳи ёри азиз,
Аз нашъаву кайфияти афлок магӯ.
ЯКЕ ДИЛ
Эй Бор Худо, садқаи бахшоиши ту,
Ду чашму ду гӯш додиву ду бозу.
Аммо ту чаро фақат яке дил додӣ,
К-он ҳам набувад аз ману бошад аз ӯ?!
ПАРИ КОҲЕ
Дил нест, ки нест ошиқи зор ба ту,
Олам ҳама маҷзубу харидор ба ту.
Ин дӯши заиф зери сад кӯҳи ғам аст,
То як пари коҳе нашавад бор ба ту.
ОҲУВУ ПАЛАНГ
Ин сӯ ғами дил, ғуссаи дунё он сӯ,
Бо даҳри ҷафокор чӣ сон гирам хӯ.
Оё расад он рӯз, ки дар мулки Худо
Оҳуву паланг об хурад аз як ҷӯ?!
Ё, ҲУ!
Моем ҳама даванда дар погаҳи ту,
Фарқе накунад аспи бидав ё ёбу.
Дидам, ки ба чанги шер шуд лахт оҳу,
Аз погаҳи адли ту гузаштам: «Ё, ҳу»!
САДҲО ҚАНДИЛ
Оё шавад осону сабук мушкили ту,
Гар маҳфили дилҳо набувад маҳфили ту.
Торик бувад хона ба садҳо қандил,
Шаб равшан агар нест чароғи дили ту!
ҶАВОБ КУ?
Ҳарчанд задам садою гуфтам ҳу-ҳу,
Аз синаи ту ҷавоби овозам ку?
Аз санги дили кӯҳ чӣ сон шиква кунам,
К-аз санг садо омаду н-омад аз ту.
ДОМАНИ ЁР
Як шохаи гул шукуфта буд дар тани ту,
Пиронасарам фирефт пироҳани ту.
Чун дасти ману домани ту гӯям, ёр,
Гаҳ кӯтаҳу гаҳ дароз шуд домани ту.
ЭЪТИРОЗ
Бобом, ки дид аз Худо ҳиммати ӯ,
Пас, ман чӣ кашам ба ҷойи ӯ миннати ӯ?
Дар хоки сияҳ кард чаро мавҷудам,
Як ҷав, ки нахӯрдаам ман аз ҷаннати ӯ?!
РИШТАИ УМР
Эй Бор Худоям, ту маро рост бигӯ,
Тақдири нигаҳбон ба ҷаҳон моро ку?!
Гар риштаи умри мо ба дасти ту бувад,
Ҳар нохалафе чӣ сон канад риштаи ту?!
РАХТИ ПАРИ ҚУ
Дарҳо ҳама бозанд ба ҷуз як дари ту,
Сарҳо сари нозанд ба ҷуз як сари ту.
Дар бистари бӯрё шабат хуш бошад,
Хобат набарад чӣ суди рахти пари қу?!
БАР ХЕШ ДУЧОР ОЙӢ
Бар рӯйи ҷаҳон чу раҳгузор ойӣ ту,
Бо васвасаи дору мадор ойӣ ту.
Ҳар рӯз ба сад кас, ки канор ойӣ ту,
Эй кош, ба хеш ҳам дучор ойӣ ту.
ҶУМЛАИ Ӯ
Чун Ӯст маро, набошадам ҳоҷати ту,
То Ӯст, ба дигаре намеёрам рӯ.
Эй дӯст, маро гуфтаӣ, аз ҷумла ҷудо,
Аз ҷумла ҷудоям, ки шудам ҷумлаи Ӯ.
БИҲИШТУ ДӮЗАХ
Розест ниҳон, биҳишту дӯзах бар ту,
К-аз баҳри кушоданаш занӣ худ ҳар сӯ.
Ин ҳар ду бурун зи хеш беҳуда маҷӯ,
Дар фарди ту, к-офаридаанд ин ҳар ду.
ОҲУ ВА «Ё, ҲУ»!
Ин мӯйи сафеду шавқи ишқи оҳу,
Аз қарни даҳ омад магарам ин оҳу.
Оҳу, оҳу, ба асри кампутару факс
Ман дашту даман гираму «ё, ҳу», «ё, ҳу»!
ТАРКИ ҲАВАС
То хор ба поят наравад, хоро шав,
То кор зи дастат наравад, коро шав.
Ҷое, ки ҳавас ҳаст, ҳама нодоранд,
Тарки ҳаваси сифла бикун, доро шав!
ГАНҶИ ВАЙРОНСОЗ
Гар кӯза пур аст, пур кунӣ паймона,
Ганҷе бувад, обод шавад ҳар хона.
Эй дил, ту ба синаам чӣ ганҷӣ, охир,
К-аз ишқи рухе маро кунӣ вайрона.
БЕГОНА БА ХЕШ
Афсона шуд ин дилам ба ҳар афсона,
Паймони вафо баст ба ҳар паймона.
Ҳарчанд ки ром кардамаш умре, монд
Бегона ба хешу хеш бо бегона.
ФАРДОИ ДИРӮЗШУДА
Мо бар ҳама мушкилот пирӯз шуда,
Бо фахри пагоҳ ибратомӯз шуда.
Чун мо ба худ омадему дунё дидем,
Дидем, ки фардо ҳама дирӯз шуда.
МАҲБУБИ ХУДО
Мо халқи баду хуби Худоем ҳама,
Мо толибу матлуби Худоем ҳама.
Чун мо ҳама з-ӯему ба ӯ боз равем,
Пас бандаи маҳбуби Худоем ҳама.
ҲАРФИ МАҶНУН
Рӯзе, ки шудам бандаи он ҷонона,
Ман сабқати ишқи ёр бурдам ё на.
Маҷнун, ки шабе дид ба саҳроям, гуфт:
Танг аст маро дашт ба ин девона!
ШАМШЕРЗАНӢ
Ин пухтаи ту пухтаи хом аст ҳама,
Парвози ту парвози ба дом аст ҳама.
Дар арсаи корзор ин тундии ту
Шамшерзании ба ниём аст ҳама.
ГАНДУМКОРИЮ ҶАВДАРАВӢ
З-ин кору амал ҳикмати нав рӯйида
В-ин тиккаи мо бе таку дав рӯйида.
Бо лофу гизоф аз сари минбарҳо
Гандум киштем, лек ҷав рӯйида.
САР ТАҲИ БАРФ
Дил дар ҳаваси он лаби шангарф шуда
В-ин умри ҷавонӣ ба раҳат сарф шуда.
Гуфтам, ки ҷавонему ба ҳам месабзем,
Дидам, ки сари сабз таҳи барф шуда.
ДУНЁИ ТОЗА
Ишқи ману ту ба олам овоза шуда,
Андоза куҷо, бурун зи андоза шуда.
Дунё, ки ҳаваспиру куҳанҷоне буд,
Аз оташи ишқи мо зи нав тоза шуда.
КИНАИ ХУДО
Бар мо ту, Худо, магар гирифтӣ кина,
К-имрӯз ба мо батар бувад аз дина.
Мардум ҳама ҷо хунталабу хунхоранд,
Хун хӯрда магар ба ҷойи шир аз сина?!
ПАРВОНА
Ман дар қафасам, вале варо парво на,
Хоҳам, ки занам бол, маро пар во на.
Донад касе оё, ки чаро гиряд шамъ,
Дар сӯзи тамоми хеш ё парвона?!
ОБИШХУР
Атрофи ҷаҳон агарчи об аст ҳама,
Ин оби шумо, вале сароб аст ҳама.
Гар мешу паланганд ба як обишхур,
Обишхуратон, вале хароб аст ҳама.
ДИДАИ ТОЗА
Сад ранги наве бимоладу лак ғоза,
Барно нашавад аҷузи беандоза.
Дунёи куҳанро набувад тозагие,
Ин дидаи тоза-ст, ки бинад тоза.
ҚАЛБИ ДИГАРОН
Гаштам шабе аз рози ниҳоне огоҳ,
К-ин олами дил бувад зи моҳӣ то моҳ.
Ҳар қадр, ки ҷустам ба дили хеш раҳе,
Он қадр ба қалби дигарон бурдам роҳ.
РӮЙИ СИЁҲИ ДУНЁ
Он ҷо, ки бувад васвасаи тахту кулоҳ,
Даҳр асту надонад, чӣ савоб асту гуноҳ.
Он рӯз, ки чашми хирадам равшан шуд,
Дидам, ки чӣ гуна рӯйи дунёст сиёҳ.
ҒУССАИ РӮБОҲ
Рӯбоҳ, ки умрест, кашад ғуссаву оҳ,
К-ӯ нест ба ваҳшиёни ҷангал сару шоҳ.
Дар беша ба қасди шер, к-оташ занад ӯ,
На шер амон биёбаду на рӯбоҳ.
ДОМОНИ ШАБ
Оне, ки ба асрори ҷаҳон ҷӯяд роҳ,
Гар нест дилогоҳ, нагардад огоҳ.
Шабро набувад домани кӯтоҳу дароз,
Ғам мекунадаш дарозу шодӣ кӯтоҳ.
ҲИММАТ
Дил хонаи меҳр аст, на кин асту гуноҳ,
Озоду ғанист аз саховат, на зи ҷоҳ.
Ҳиммат бикунад рӯйи сиёҳи ту сафед,
Борида сафед мешавад абри сиёҳ.
ПАХТАКАШӢ
Эй халқи азизи пунбакорам, ту хушӣ,
Аз файзи арақҳои ҷабинат чӣ чашӣ!
Оне, ки ба фанд пахтаатро бурда,
Бурда-ст тани хушки туро пахтакашӣ.
ДАР ҲАЛҚАИ ШЕРОН
Ҳар ношудакеро, ки кабире хонӣ,
Раҳнобаладеро сарапире хонӣ,
Дар ҳалқаи шерони нар амн аст магар,
Рӯбоҳи заифро ту шере хонӣ?!
БУЛБУЛУ ҒУК
Ҳайф аст, на дар сайри сулуке бошӣ,
Бар нағмаи носоз ту кӯке бошӣ.
Фарқе накунад мор чу ғук аз булбул,
Беҳтар, ки ба қасди он ту ғуке бошӣ.
ЛУЧУ ПИНҲОН
Худ-омадаӣ ё ки нав оварда туӣ,
Хиҷлатзадаи кардаву нокарда туӣ.
Дар ҳайратам аз хулқи ту, эй навъи башар,
Луч омада, пинҳон ба дусад парда туӣ.
ДАВАНДАГОНИ МАЪЗУР
Аз суҳбати беғамон, ки дилхун ойӣ,
Аз шаҳр рамида сӯйи ҳомун ойӣ.
З-ин раҳ, ки давандагон ҳама маъзуранд,
Эй пойи шикаста, бе асо чун ойӣ?!
НА БАНДА, НА ДОДОРЕ
Эй давлати подор, чӣ сон подорӣ,
Бо ин ҳама хору гушнаву нодоре.
Аз доду адолатат чӣ гӯйӣ, ки ҳанӯз
Додат надиҳад на банда, на додоре.
ШОХАИ ПАРВИН
Эй чӯҷаи навбол, магар шоҳинӣ,
К-аз хок фақат фарози гардун бинӣ.
Эй кош, замона нашканад боли туро,
То шинӣ агар, ба шохи Парвин шинӣ.
ДОРОИВУ НОДОРӢ
Эй дӯст, чаро ту ин қадар мезорӣ,
Гӯё ки ту нодору ҳақиру хорӣ.
Дар зери қадамҳои ту як сайёра-ст,
Болои сари худ осмоне дорӣ.
ҲУМОӢ
Эй дил, ту зи бенамо намое талабӣ,
Аз равзанаи танг самое талабӣ.
Азбаски ту худ парандаи гардунӣ,
Аз болшикастае ҳумоӣ талабӣ.
РАВУ О
Дар кӯйи ниёиш ту дуоям бошӣ,
Рӯ сӯйи само кунам, самоям бошӣ.
Дунё, ки маҳалли раву ое бошад,
Ҳар гаҳ, ки равам бошию оям, бошӣ.
ЛАБИ ЧОҲ
Гар огаҳи рози моҳию моҳ астӣ
В-аз ҳикмати аршу фарш огоҳ астӣ,
Танҳо на ба по равӣ фурӯ дар жарфо,
Лаб банд кунун, ки дар лаби чоҳ астӣ.
ТУХМАИ НАСАБЗИДА
Ман хоки самархезу ту деҳқон будӣ,
Як дони маро ба сад ҳазор афзудӣ.
Гар хоки маро буд яке тухмаи бад,
Сад шукр, насабзида варо бидрудӣ.
РУСТАМИ ДАСТОН
Тоҷики куҳан, ҳазор дастон дорӣ,
Чизе, ки намеравад зи даст, он дорӣ.
Кас бошад агар ба пушти сар ҳар касро,
Ту пушти сарат Рустами Дастон дорӣ.
ДАРЁ, НА ҶӮЙ
Имрӯз ба ҳилат сару савдо бикунӣ,
Хоҳӣ, ки ба ҳақ дурӯғ илқо бикунӣ.
Бо макр агар гил кунӣ оби ҷӯро,
Онро натавонӣ, ки ба дарё бикунӣ.
АҶАБ ДУРӮҒҲО
Бо мо сухане бе сару по мегӯйӣ,
Собун назада доғи намад мешӯйӣ.
Ман ҳарфи туро ба ростӣ дорам гӯш,
Ҳарчанд аҷаб дурӯғҳо мегӯйӣ.
КОСАИ КАҶ
Дар кӯйи баҳор ҳилаи дай нахурӣ,
То ной нагардӣ, шакари най нахурӣ.
Дар базми вуҷуд каҷравӣ нест, вале
То каҷ накунӣ косаи худ, май нахурӣ.
НОЧИЗ
Бе кору амал аҷаб ба худ мафтунӣ,
Гӯё ки туӣ Сикандари Мақдунӣ.
Ҳиммат, ки туро ҳамин қадар бошаду бас,
Аз хок, ки боло бишавӣ, гардунӣ.
ШОДИИ БАШАР
Эй дил, ту маро паноҳу имдод астӣ,
Як додрасе ба рӯзи бедод астӣ.
Гар навъи башар зи дарди ту шод буванд,
Шодам, ки ба шодии башар шод астӣ.
ГУФТЕМ, КИ ДОНАНД…
Дар рӯйи замин чуну чаро донистӣ,
Ту фарқи сафед аз сиё донистӣ.
Гуфтем, ки донанд, вале то охир,
Эй вой, агар гуфтаи мо донистӣ.
ДАР ХОКИ ДИГАР
Дилро, ки аз ин обу аз ин гил кандӣ,
Дар хоки дигар магар ту ҳосил бандӣ.
Ту мӯр наӣ, ки модари хеш кушӣ,
З-он баъд ба модари дигар дил бандӣ.
[1] Ишора ба Қуръони Маҷид, сураи Сод, ояи 31-32: «Он гоҳ ки ба ҳангоми аср асбони тезравро, ки истода буданд, ба ӯ (яъне Ҳазрати Сулаймон) арза карданд, гуфт: ман дӯстии ин асбонро ба ёди парвардигорам бигузидам, то офтоб дар пардаи ғуруб пўшида шуд...». Ва намози Ҳазрати Сулаймон қазо мешавад. Ў аз Худованд илтиҷо мекунад, ки офтобро бозгардонад, то ӯ намозашро бихонад ва Худованд хоҳиши ӯро ба ҷо меорад.