БЕНИЁЗӢ

То дил надиҳӣ, ту дилнавозӣ накунӣ,

То сар надиҳӣ, ту сарфарозӣ накунӣ.

То нагзарӣ аз баҳри ҳама арзу ниёз,

Дар даҳр умеди бениёзӣ накунӣ.

 

 САГУ УСТУХОН

 

Мекӯш ба зиндагӣ, ки обод шавӣ,

Аз бандагиву мазаллат озод шавӣ.

Инсонӣ агар, туро намешояд ҳеҷ

Монанди саге ба устухон шод шавӣ.

 

 

ДЕРОМАДА

 

Ин шом, ки чун моҳи мунир омадаӣ,

Бо назри вафо чӣ беназир омадаӣ.

Дар тирамаҳи расида пеш аз вақтам,

Эй ёр, ту чун баҳори деромадаӣ.

 

 

МОРЕ БА ШИКАМ ХАЗАД

 

Дар рӯйи раҳе ту саргарон меистӣ,

Мақсуд ба пеш асту ҳамон меистӣ.

Море ба шикам хазад, ки роҳе бибарад,

Аммо ту ба ин пойи равон меистӣ?!

 

 

ЛАВҲАИ ДАР

 

Аз фахри мақом масту мадҳуш туӣ,

Бо он дили камзарф чӣ пурҷӯш туӣ.

Имрӯз ба лавҳаи дарат менозӣ,

Фардо, ки дигар шавад, фаромӯш туӣ.

 

 

ҲАДЯИ ОСМОН

 

Огаҳ набудам, ту ногаҳон омадаӣ,

Ҷонам будаӣ, ба ҷойи ҷон омадаӣ.

То файзи само расад мани хокиро,

Чун ҳадяи поки осмон омадаӣ.

 

 

БИРАВ – БИРАВУ БИЁ - БИЁ

 

Дишаб, гули ман, ба мо чиҳо мегуфтӣ,

Ҳарфе ту ба мо ё  ки зи мо мегуфтӣ.

Гарчи ба лабат «бирав-бирав» меҷӯшид,

Аммо ба нигаҳ «биё-биё» мегуфтӣ.

 

 

ДОДУ ГИРИФТ

 

Ҷуз роҳи вафо роҳ ба кӯе набарӣ,

Ошиқ нашавӣ, зи бахт бӯе набарӣ.

Дар олами ишқ аст чунин доду гирифт,

Сар дода ба қурбон, сари мӯе набарӣ.

 

 

ВИСОЛИ ҶАВОНСОЗ

 

Хоке будаму ту осмонам кардӣ,

Ҳарфе будаму ту достонам кардӣ.

Гар субҳи ҷудоии ту пирам мекард,

Бо шоми висоли худ ҷавонам кардӣ.

 

 

АСЛИ МАРДӢ

 

Гар шавқ ба дил дорию хунсард наӣ,

Бардошта нозу нозпарвард  наӣ,

Бо он ки туро ҳашмати мардонагӣ аст,

Хоки қадами зан нашавӣ, мард наӣ.

 

 

ФАРЗАНДӢ

 

Дил банд ба кас, хоҳӣ агар дилбанде,

Пайванд ба кас, хоҳӣ агар пайванде.

Бар бепадаре беҳ зи падар бошӣ агар,

Фарзанди дигар ҳам бикунад фарзандӣ.

 

 

ДАСТУ ДАСТГИР

 

Эй навъи башар, шак ба назираш кардӣ,

Як ҷурми сағирро кабираш кардӣ.

Ҳар гаҳ, ки паямбари Худо дар раҳи ҳақ

Дасти ту гирифт, дастгираш кардӣ.

 

 

МЕҲРИ ДУРӮҒ

 

Ҷонам ҳама сӯзонию аз тан пурсӣ,

Хорам кунию боз зи гулшан пурсӣ.

Аз меҳри дурӯғи ту аҷаб ҳайронам,

Чун рафтаниям зи бозгаштан пурсӣ.

 

 

Ё

 

Эй дил, ки ба ин ишқу ҷунун меойӣ,

Фориғ зи ҳама чарову чун меойӣ.

Ё мебариям ба осмонҳо рӯзе,

Ё аз қафаси сина бурун меойӣ.

 

 

ОБУ ОТАШ

 

Эй даҳр, ту дар ғиллу ғашам андозӣ,

Сӯзе ба дили мушаввашам андозӣ.

Ҳар гоҳ, ки оби чашмам аз пой барад,

Аз об кашӣ, дар оташам андозӣ.

 

 

НАШАВӢ КӮТАҲДАСТ

 

Аз сӯз магӯ, чу худгудозӣ накунӣ,

Розӣ машав аз хеш, чу розӣ накунӣ.

Дар ҳар ду ҷаҳон ҳам нашавӣ кӯтаҳдаст,

Гар бар ҳақи кас дастдарозӣ накунӣ.

 

 

СОЯВУ ХУРШЕД

 

Сарчашма куҷову ту куҷо меҷӯйӣ,

То кай на садо, акси садо меҷӯйӣ.

Гар нуқсу камоли соя аз хуршед аст,

Пас нуқсу камоли мо чаро меҷӯйӣ?!

 

 

ЧОР ДАРЁ

 

Аз хори биёбон майи нобе нахурӣ,

Ҳуш дор, ки найранги саробе нахурӣ.

Дарёст агарчи чор сӯйи дунё,

То дил нашавад об, ту обе нахурӣ.

 

 

МАРГ ДАР АНГУБИН

 

Қисмат на ҳамон аст, ки бар каф гирӣ,

Бахтат на дар он аст забар ё зерӣ.

Чун мӯр агар ба косаи шаҳд равӣ,

Оғуштаи ангубин ба талхӣ мирӣ.

 

 

ҚУЛ – ҚУЛИ БИСЁР

 

Он шиша, к-аз он металабӣ рӯзи беҳӣ,

Дар маҳфили андеша куҷо ёфт меҳӣ.

Фарқе набувад, ки одамӣ ё шиша,

Аз қул-қули бисёр шавӣ зуд тиҳӣ.

 

 

МОҲИИ САРОБ

 

Дар аввали роҳ ё ахири роҳӣ,

Аз бӯйи ғамат нест, вале огоҳӣ.

Андохта шасти худ ба дарёи само,

Аз мавҷи сароби дашт гирӣ моҳӣ.

 

 

МАҲ ДАР ЧАҲ

 

Аз моҳваше доғи маҳаш меҷӯйӣ,

Аз Коҳкашон гарди каҳаш меҷӯйӣ.

Асл аст, ки равшан бикунад дидаи дил,

Маҳ дар фалаку ту дар чаҳаш меҷӯйӣ.

 

 

ШУКР

 

Эй мушти пар, эй кабк, маро банда кунӣ,

Бо меҳру вафои хеш шарманда кунӣ.

Шукри ватану рӯзиям омӯз, ки чун

Санге хуриву қақразанон ханда кунӣ.

 

 

ҲОҶИИ ҲАВОӢ

 

Боист ба шаб нуру сафое бошӣ,

Дар рӯйи замин рӯйи самое бошӣ.

Осон чу равӣ ба Каъба аз роҳи ҳаво,

Тарсам, ки ту ҳоҷии ҳавойӣ бошӣ.

 

 

ҲАВОИ БОМ

 

Аз нанг гузашта, ном чун меёбӣ,

Маҳбубии хосу ом чун меёбӣ.

Як лаҳза, ки аз хеш наойӣ берун,

Аз хона ҳавои бом чун меёбӣ?!

 

 

ДАШТУ КАТРА

 

Гар дона ба хирман надиҳӣ, хору хасӣ,

Гар лона ба мурғе надиҳӣ, худ қафасӣ.

Дар дашт, ки қатраро бувад қимати ҷон,

З-он қатра гузаштан натавонӣ, чӣ касӣ?!

 

 

МӮРУ ХИРМАНИ ДОН

 

Фарсудани ҷон барои нон, яъне чӣ,

Ҷон дар гарави нони даҳон, яъне чӣ.

Мӯриву туро донаи гандум кофист,

Як мӯру дусад хирмани дон, яъне чӣ?!

 

 

СУОЛУ ҶАВОБ

 

Дар даҳри ҳисоб сарҳисобе гирӣ,

Ё дар ҷигари хештан обе гирӣ.

З-онон, ки нагӯянд ҷавобат ба салом,

Оё ба суоли худ ҷавобе гирӣ?!

 

 

ДАРЁИ МУҲИТ

 

Эй он, ки туро буд ба рӯзи мозӣ,

Дар ҷӯйи равони хона киштибозӣ,

Дарёи муҳит нест ҷӯйи ҳавли-т,

То киштии коғазӣ дар он андозӣ.

 

 

БОЗ ДАР ХОБ

 

Ҳоҷат, ки зи аҳбоб ба арбоб барӣ,

Аз чашмаи ноёб ба поёб барӣ.

Ё раб, нафасе чаро фақат пеш аз марг

Бедор кунӣ, ки боз дар хоб барӣ?!

 

 

РОҲИ ОСМОН

 

Бо чашми ҷаҳонбин, ки ҷаҳон бишносӣ,

Авзои замон зи як нишон бишносӣ.

То гум накунӣ роҳ ту дар рӯйи замин,

Боист, ки роҳи осмон бишносӣ!

 

 

ДАР ОБУ ДАР ҲАВО

 

Гардун, бувадо, ки гардани ғам шиканӣ,

Аммо амалат нест ҷуз одамшиканӣ.

Дар киштии Нӯҳ амон бимондам, к-имрӯз

Кишти-м дар обу дар ҳаво ҳам шиканӣ?!

 

 

МАЗҲАРИ ОФТОБ

 

Як умр закойи даҳр ҷамъ овардӣ,

Бар ҳуҷҷати илму ақл самъ овардӣ.

Пас бехабар аз тафовути ишқу хирад,

Бар мазҳари офтоб шамъ овардӣ.

 

 

ЗИНДОНИ БЕГУНОҲ

 

Дигар натавон кард чу ройи азалӣ,

Аз нек расад некиву аз бад илале.

Дар даҳр агарчи бегунаҳ натвон зист,

Зиндон на барои бегуноҳ аст вале.

 

 

КАСР

 

Рангинназарӣ, шукр ба беранг бигӯй,

Ойинадилӣ, аз хатари занг бигӯй.

Гар ҷом ба санг омаду бишкасту бирехт,

Ин каср бувад ба ҷом ё санг, бигӯй?!

 

 

САРХОРИВУ ХОРӢ

 

Ту пушт маҷӯю бош пушти коре,

Бекор вале ту пушти сар мехорӣ.

Ҷойе, ки ба ангушт канӣ хороро,

Хоридани сар наорадат ҷуз хорӣ.

 

 

ДАРЁВУ ҲУБОБ

 

Фахри сари пурбод бувад ҳар ҷое,

Он ҷо набувад барои дил маъвое.

Бо бодсарӣ ҳубоб ҳеҷ асту тиҳӣ,

Холӣ шавад аз бод, шавад дарёе.

 

 

ЧИЗЕ НАБАРӢ

 

Эй одамӣ, омадӣ, ки бинӣ рӯзе,

На рӯзу шабат барои моле сӯзӣ.

Ё бехабарӣ зи рафтани фардоят,

Чизе набарӣ ба худ, чаро андӯзӣ?!

 

 

ДУНЁСИПАРӢ

 

Роҳе барадат аз раҳи худбехабарӣ,

Роҳе барадат ба роҳи азхудгузарӣ.

Сад кӯчаву паскӯча бувад умри туро,

Шаҳроҳ надорад раҳи дунёсипарӣ.

 

 

ОДАМУ ОЛАМ

 

То кай ба умеди нафасу дам гардӣ,

Бигзар зи даму нафас, ки одам гардӣ.

Донӣ, ки чаро ба оламат меоранд,

К-одам шудан омӯзиву олам гардӣ.

 

 

ЧӢ ШАБЕ БУД?

 

Гул гуфтамату гулварақи жола шудӣ,

Гулгунварақе ёлаи пурлола шудӣ.

Он шаб чӣ шабе буд, ки ба чилсолагият

Дар оғуши ман чаҳордаҳсола шудӣ.

 

 

ЭЙ ЁРИ ҶАВОНӢ

 

Эй ёри ҷавониям, ту чунӣ, чунӣ,

Чун умри маро бе ту бувад мазмуне.

Набзи дили ман ҳавои номат дорад,

Дар ҳар раги ман магар ту хунӣ, хунӣ?!

 

 

ШАРМАНДА

 

Ман бехудаму зи ман адаб мепурсӣ,

Ман ташнаи лаб, ту аз Ҳалаб мепурсӣ.

Шармандаи кори рӯзи хеш астам ман,

Эй вой, агар маро зи шаб мепурсӣ!

 

 

ЁДУ ФАРОМӮШӢ

 

Аз дил сухане гӯям, агар гӯш кунӣ,

Рӯшод, чӣ эҳтиёҷи рӯпӯшкунӣ.

Ин меҳнати сангин ба чӣ хотир бошад,

Бар ёд биёрӣ, ки фаромӯш кунӣ?!

 

 

БЕСАБРИЮ  БЕАҲДӢ

 

Оне, ки будам ошиқаш аз маҳд, туӣ,

Ширинтару хуштар зи ҳама шаҳд туӣ.

Мо ҳар ду вале аҷаб ба ҳам мемонем,

Бесабр, азизам, ману беаҳд туӣ.

 

 

АСАЛАМ МЕХОНДӢ

 

Гар дафтари байту ғазалам мехондӣ,

Муштоқ, сарат дар бағалам мемондӣ.

Гар дар лаби хеш мегирифтам лаби ту,

Бе моҳи асал ту асалам мехондӣ.

 

 

КОҲУ ДОНА

 

Худ ёд гирифтӣ, ки маро ёд диҳӣ,

Имдод накардиву куҷо дод диҳӣ.

Ин аст туро агарки хирмандорӣ,

Каҳ монда ба ҷой, дона барбод диҳӣ.

 

 

ЧАРО МЕТАРСӢ

 

Дар арсаи умр рӯбаҳӣ ё шерӣ,

Рӯзат, ки расад, равӣ, ҷавонӣ, пирӣ.

Н-аз зиндагӣ, аз марг чаро метарсӣ,

Ҳар шаб, ки равӣ хобу ба роҳат мирӣ.

 

 

ДАСТИ ХОЛӢ

 

Танҳо ба авом агар ту олӣ ойӣ,

Дар ҳалқаи хосон ба чӣ ҳоле ойӣ?!

Гар дидаи бино набувад раҳбари ту,

Аз баҳр бурун ба дасти холӣ ойӣ.

 

 

САРШОРИ СУРУД

 

Ҷоно, чу на бидруд, дурудам кардӣ,

Хуш бош, ки саршори сурудам кардӣ.

Аз шеъри ту пур кунам ҷаҳонро акнун,

То даҳр бидонад, ки ту будам кардӣ.

 

 

ПИРӮЗ

 

Андохтанӣ нест ҳар афрохтае,

Нокас набувад, касе зи хас сохтае.

Ҳар бохтаи ҷанг набошад мағлуб,

Пирӯз бувад, ҷанги хато бохтае.

 

 

ГӮШИ ТИҲИИ ДИЛ

 

Ман сар зада сад бор ба сад шаҳру деҳе,

Аз гӯшаи дил наёфтам хубу беҳе.

Гӯши сарам аз ҳарзаи олам пур шуд,

Гӯши дили ман, вале тиҳӣ монд, тиҳӣ.

 

 

ЧАҲОРМЕХИ АБАДӢ

 

Эй халқ, паямбар омадат бо сададе,

Некии ту мехосту карди-ш бадӣ.

Исои ҳақ он гоҳ, ки шуд салби салиб,

З-он гаҳ ту ба ҳақ чаҳормехи абадӣ.

 

 

ОДАМУ МАЙМУН

 

Инсон бувад арчанд дури макнуне,

Дорам вале аз хунии ӯ дилхунӣ.

Бӯзина агар шуд одаме, одам монд, 

Одам зи чӣ ҳар лаҳза шавад маймуне?!

 

 

ПОСИ НАМАК

 

Шукри хуми май кард магар миное,

Ё ин ки мариз аз мадади Синое.

Гар поси намакнакардае мешуд кӯр,

Дар ҳар ду ҷаҳон буд магар биное?!

 

 

ҲОҶАТ НАБАРАМ

 

Ҳоҷат набарам ба бандаву бар шоҳе,

Рӯзам гузарад ба музди ҳарфе, оҳе.

Сахтам набувад ба дасткӯтоҳӣ зист,

Кай зист тавонам ба забонкӯтоҳӣ?!

 

 

ҲАВАСИ БАРАБАС

 

Айёми ҷавонӣ ҳавасе доштаме,

Садҳо ҳавасе ҳар нафасе доштаме.

Дар дастраси хоҳиши дил гӯям ҳол,

Кош он ҳаваси барабасе доштаме!

 

 

ГАВҲАР

 

Дарёи гуҳар агарчи дидем басе,

Мондем ба ҷо гавҳару чидем хасе.

Дар даҳр, ки мояи башар гавҳари ӯст,

Бо гавҳари хештан надидем касе.

 

БОМУ ШАҲБОЛ

 

Аз қисмати ман, ки мекушойӣ фоле,

Ҳаргиз ту макун ба худ қиёси ҳоле.

Боме, ки равӣ ту, нардбонат бибарад,

Боме, ки равам ман, бибарад шаҳболе.