Аскар Ҳаким Аскар Ҳаким Аскар Ҳаким

Аскар Ҳаким

Шоири халқии Тоҷикистон
шоир, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон. Аз соли 1976 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Image
Суроға: ш. Душанбе
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru 
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
  • Зиндагинома
  • Мақолаҳо
  • Дар бораи Аскар Ҳаким
  • Гуфтор дар бораи худ
  • Китобҳо
  • Ғазалиёт
  • Ашъор
  • Рубоиёт
  • Дубайтиҳо
  • Манзумаҳо
  • Аксҳо
  • Наворҳо
  • Сурудаҳо
  • Тарҷумаҳо
  • Мусоҳибаҳо
  • Зиндагинома
  • Мақолаҳо
  • Дар бораи Аскар Ҳаким
  • Гуфтор дар бораи худ
  • Китобҳо
  • Ғазалиёт
  • Ашъор
  • Рубоиёт
  • Дубайтиҳо
  • Манзумаҳо
  • Аксҳо
  • Наворҳо
  • Сурудаҳо
  • Тарҷумаҳо
  • Мусоҳибаҳо
734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8 askar_hakim@mail.ru

Рубоиёт

  • Саҳифаи асосӣ
  • Рубоиёт

КУШТАМ ХУДРО

Аскар Ҳаким
Рубоиёт
13 Апрел 2024
868

Гар сахт гирифтамат, дуруштам худро,

Нафрин бибарам ба пушт-пуштам худро.

Мӯсо ки ба мушт кӯфт фиръавниро,

Зад бар сари худ мушт, ки куштам худро.

Муфассал: КУШТАМ ХУДРО

МАН ОМАДААМ…

Аскар Ҳаким
Рубоиёт
13 Апрел 2024
881

 Боист шинохт оламу одамро*,

Садрангии ҷовидони бешу камро.

Ин даҳр тиҳӣ буд ба чандин миллярд,

Ман омадаам, ки пур кунам оламро.

Муфассал: МАН ОМАДААМ…

АҲЛИ ДАРД

Аскар Ҳаким
Рубоиёт
17 Феврал 2024
867

Ҳар қадр ба умри худ тааммул кардам,

Дидам, ки ба ҷон ҳамеша аҳли дардам.

Ман ҳамчу дарахт аз бари худ нохӯрда,

Мехӯрдам сангу бор меовардам.

17.12.2023

Муфассал: АҲЛИ ДАРД

ШИРИНИ ШУНИДАН  

Аскар Ҳаким
Рубоиёт
17 Феврал 2024
887

 

Гар маҳфили дӯст орадат хурсандӣ,

Беҳтар бувадат табассуме, то хандӣ.

Ҳарчанд лабат сухан ба шаҳд омезад,

Ширини шунидан бичашӣ, лаб бандӣ.

Муфассал: ШИРИНИ ШУНИДАН  

РАҲНАМОИ РАҲГУМЗАДА

Аскар Ҳаким
Рубоиёт
17 Феврал 2024
824

Мо аҳли башар, ҳама, ҷавон ё пирем,

Дар охири раҳ ё сари раҳ мемирем.

Эй вой ба мо, гар ба муроди дили хеш,

Раҳгумзадаро ба раҳнамойӣ гирем.

Муфассал: РАҲНАМОИ РАҲГУМЗАДА

ИЛТИҶОЙИ МАРДОН (Нимшӯхиву нимҷиддӣ)  

Аскар Ҳаким
Рубоиёт
17 Феврал 2024
798

 

Мое, ки сари мӯйи шумо меларзем,

Умре зи саги кӯйи шумо дар қарзем.

Як ними нигаҳ ба мо, ки хонумҷонҳо,

Мо ҳам ба таваҷҷуҳи шумо меарзем.

Муфассал: ИЛТИҶОЙИ МАРДОН (Нимшӯхиву нимҷиддӣ)  

Матлабҳои бештар...

  • НАФАСИ ҲАЛОЛ 
  • ХАТОЮ АТО
  • ДОДХОҲӢ  
  • РУБОИЁТИ НАВ (солҳои 2017-2020)
  • 1
  • 2
  • 3
  • 4

Саҳифаи 2 то 4

© Аскар Ҳаким 2026.