МАН ОМАДААМ…

                    

Боист шинохт оламу одамро*,

Садрангии ҷовидони бешу камро.

Ин даҳр тиҳӣ буд ба чандин миллярд,

Ман омадаам, ки пур кунам оламро.

ДАРУНХОЛӢ

 

Ту айбу гунаҳ чӣ мениҳӣ гардунро,

Ту дарси вафо чӣ медиҳӣ Маҷнунро.

Холӣ ки бувад даруни ту ҳамчу дуҳул,

Овози ту ларза медиҳад берунро.

 

 

РУХЗАРДИИ БЕДАРДӢ

 

Дарде ба дилат, ки нест, дардӣ моро,

Гарде зи ғамат, ки нест, гардӣ моро.

Ҳайфо ки ба ин бардамию рӯсурхӣ,

Рӯсурхии мо не, рухи зардӣ моро.

 

 

*Рубоиҳову дубайтиҳову байтҳо  аз рӯйи ҳарфи охири қофияҳо наздик ба алифбои форсӣ  ба сириллики тоҷикӣ ба ин тартиб оварда шудаанд: О,Б,П,Т,С,Ҷ,Ч,Ҳ,Х,Д,З,Р,Ж,Ш,Ъ,Ғ,Ф,Қ,К,Г,Л,М,Н,У(Ӯ),А,Ӣ(Й,Е).

 

 

 

КУШТАМ ХУДРО

 

Гар сахт гирифтамат, дуруштам худро,

Нафрин бибарам ба пушт-пуштам худро.

Мӯсо ки ба мушт кӯфт фиръавниро,

Зад бар сари худ мушт, ки куштам худро.

 

ШЕВАИ ДАВЛАТСОЗӢ

 

Бадном ба каф барад калиди нонро,

Нофармоне раво кунад фармонро.

Имрӯз ба ин шева, ки давлат созем,

Фардо барем оё ба саломат ҷонро?

 

 

ҲАЙВОН ЧӢ КУНАД?

 

Ҳайвон ки ба одам ба сар орад дамро,

Мафтуни камоли худ кунад оламро.

Бечораи ҳайвон чӣ кунад, лек агар

Бинад ҳаявонхӯй бани одамро?!

 

БУЗУРГЕЮ  БУЗУРГӢ

 

Санге нашикаст санги дарёиро,

Ранге набурид ранги дарёиро.

Ҳар ҷо, ки бузургест, бузурге хоҳад,

Дар кӯл маҷӯ наҳанги дарёиро.

 

 

ДИЛБОХТАВУ САРБОХТА

 

Дилдода агар туӣ, диландохта мо,

Аз ёр ишораву ба сар тохта мо.

Дигар сабақи ишқу вафомон чӣ диҳӣ,

Ҷое ки ту дил бохта, сар бохта мо.

 

 

ШАККИ БУЗУРГӢ

 

Дардат ки ба дил нест, макун ҳеҷ нидо,

Бе дарди диле кай бирасад кас ба Худо.

Эй кӯҳ, дигар шак ба бузургит орам,

Чун бо пари коҳ медиҳӣ акси садо.

 

КӮҲИ  БЕТАМКИН

 

Ёрон, ба ҳама сару садои дунё,

Хомӯш чӣ сон бимонам аз баҳри Худо?!

Кӯҳе чу наёрад, ки ба он тамкинаш

Бар нимсадое надиҳад акси садо.

 

САРИ ПУРБОД

 

Аз кӯҳи баланд аст чу ҷӯйи дарё

Рафтан ба амиқӣ аст хӯйи дарё.

Ин фавҷи ҳубоб аст, ки мағрур давад

Бо он сари пурбод ба рӯйи дарё.

 

ИШҚИ САМО

 

Ишқе, ки гирифтаст ба дилҳо маъво,

Гӯяд, ки ту ошиқӣ, биё, ҷониби мо.

Ҳар дона, ки ишқ  бо само меварзад,

Аз хок бурун мекашадаш ишқи само.

 

ХОР ДАР ПО

 

То кӯйи мурод ӯ дарорад поро,

Сад бор бубинаду шуморад поро.

Онро, ки халидааст дар пояш хор,

Бар барги гул оҳиста гузорад поро.

 

ДУ ЛАБИ ДӮХТА

 

Ҳолам чӣ бад асту бад, Худоё, чӣ бадо,

Гӯё ки шудам аз туву аз хеш ҷудо.

Бо ин ду лаби дӯхтаам, чун гӯям,

Аз фарри шаҳию ҳоли бадтар зи гадо?!

 

БАҲОР БО ЛОЛАРУХЕ

 

Он ёри ба ҷон хоста ёраш бодо,

Чун ҷони азиз дар канораш бодо.

Ҳар кас ки кунад баҳор бо лоларухе,

Як лолаи рӯй сад баҳораш бодо.

 

САЙДИ САЙЁДБАРАНДА

 

Дилбар раваду ба дил ниҳад ёдашро,

Ҳаргиз нарасад ғаме дили шодашро.

Ин оҳуи мушкин чӣ аҷаб хуш сайдест,

Сайде, ки барад ба дом сайёдашро.

 

 

ОБИ ТАҲИ КОҲ

 

Як умр Худоё, ту ба мо роҳ намо,

Аз макри адӯи хомуш огоҳ намо.

Баски натавонад бикунад сели дамон,

Гоҳ он чӣ кунад оби таҳи коҳ ба мо.

 

 

ТАНМУРДАВУ ДИЛМУРДА

 

Дилдода равад куҷову дилбурда куҷо,

Гилхӯрда равад куҷову дилхӯрда куҷо.

Ин хок, ки мадфани вуҷуди хокист,

Танмурда равад ба гӯр, дилмурда куҷо?

 

 

ХАЙЁТИ ЗАМОН

 

Эй кош, барем то ба охир раҳро,

Кӯҳе нанамоем пас аз ин каҳро.

Хайёти замон агар туӣ, боз чаро

Ҷое, ки дароз аст, бурӣ кӯтаҳро?!

 

 

РӮЙИ СИЯҲ

 

Бошад, шунавам ман сифати хӯйи туро,

То саҷда баранд мардумон кӯйи туро.

Гар умр кунад мӯйи сиёҳи ту сафед,

Ҷуз ту накунад касе сияҳ рӯйи туро.

 

 

ДИЛ ҶӮЙ…

 

Дил ҷӯй, ки мардум диҳадат дар дил ҷо,

Дарди дили ту кунанд бо меҳр даво.

Дар даҳри муомалат на ин аст равиш,

К-аз дасти ту гиранд, ту гирӣ аз по.

 

 

РЕШАВУ ТЕША

 

Сабз аст агар ба хоки тар решаи мо,

Хушкондани хок аст дар андешаи мо.

Моро набувад ҳеҷ гаҳе шикваи ғайр,

Бар решаи мо занад фақат тешаи мо.

 

 

 

ШАКАР  ВА  НАВО

 

Гар дарди бадатро набувад ҳеҷ даво,

Нолиданат аз чархи фалак нест раво.

Ин шева ба найшакар кӣ омӯхтааст,

Пур буда, шакар диҳад, чу холист наво.

 

 

МАЪНОИ ДАҲР

 

Ҳар қадр ман аз даҳр, ки ҷустам маъно,

Маънои дигар нашуд ҷуз инам пайдо:

Даҳр аст агарчи як маҳалли раву о,

Ё ҳеҷ аз он марав ту, ё ҳеҷ маё!

 

 

КАСАЛДЕВОНҲО

 

Дидем, ҳама зери бағал девонҳо,

Хондем, чӣ буд дар ин ғазалдевонҳо.

Аз мо дигар аз ақл мапурсед, ки мо

Девона шудем аз ин касалдевонҳо.

 

 

ДАР ТАҲИ БОЛИ МАГАС

 

Гар рафт навомон зи замин то ба само,

Ин давлати мо нест ба ҷуз ҳиммати мо.

Эй он, ки ту бахт ҷуста дар сояраве,

Бингар, таҳи боли магасӣ, ё ки Ҳумо.

 

 

КУ ДАВО?

 

Чун дарди башарро набувад ҳеҷ даво,

Ҷанг аст ба болои бало боз бало.

Дар олами зиндагон намебинам сулҳ,

Ё сулҳ фақат ба мурдагон аст раво?! 

 

 

ХАНДОНЛАБ

 

Эй шохаи гул, баҳори аслӣ моро,

Бо барги лабат хумори васлӣ моро.

Гул фасли баҳор агар фақат механдад,

Хандонлаби ҳар чаҳор фаслӣ моро.

 

 

ЧУ ХУРШЕД БИЁ!

 

Бар рӯйи ҷаҳон, ки омадӣ, ид биё,

На чун шаби ғам, чу субҳи уммед биё.

Чун абр макун гирифтарӯ омаду рафт,

Хандон чу маҳе раву чу хуршед биё!

 

 

ДАВЛАТИ ПОДОР

 

Ин сояи ҷонпарвари беду лаби об,

Андоз гуле дар обу бардор гулоб.

Болин ба канору даст дар гардани ёр,

Эй Хизр, биё давлати подор биёб!

 

 

САЙДИ РАСТА

 

Сайёд ба мо кард чунон хашму итоб,

К-он рӯзи ҳисоб ҳам наояд ба ҳисоб.

Моро кӣ тавонад, ки дигар сайд кунад,

Сайдем, ки растем зи чанголи уқоб.

 

 

ДӮЗАХДИДА

 

Ҷонам ҳама озурда шуд аз ранҷу итоб,

Гаҳ сӯхт тафи оташу гаҳ сардии об.

Тарсе нахурад сӯхта аз оташи кин,

Бар дӯзахдида чӣ кунад нори азоб?!

 

 

ПОДОШИ САВОБ

 

Будам зи само умеди подоши савоб,

Лек ахтари рахшони маро кард шиҳоб.

Тухме, ки ба хок киштаам, сохт тиҳӣ,

Обе, ки ба дашт бурдаам, кард сароб.

 

 

БЕЁДИ МУҲАББАТ

 

Сарчашмаи нӯш бе ту буд мавҷи сароб,

Рӯзе, ки гузашт бе ту, буд рӯзи азоб.

Дар фасли муҳаббати ту беёд будам,

Ҳушам, ки ба сар расид, буд рӯзи ҳисоб.

 

 

ФАРОБ[1]  Ё ШАРОБ?

 

Рӯзе, ки раҳо шуд Одам аз оби азоб,

Ғарқид зи нав дубора дар мавҷи сароб.

Аз мардуми саҳрои араб гардам, лек

Хӯрданд фаробу аз чӣ гуфтанд шароб?!

 

 

ЧАШМАИ  НӮШ

 

Дар деги само ситора ҷӯшид имшаб,

Дарё ба канори мо хурӯшид имшаб.

Ду ташналабе, ки лаб ба лаб часпонид,

Аз чашмаи нӯши Хизр нӯшид имшаб.

 

 

РАҲИ ЁР

 

Сад роҳ наваштем, ки раҳдор куҷост,

Аз дор гузаштем, сари дор куҷост.

Ҷустем раҳе ба ёру ёвар умре,

Олам ҳама роҳ аст, раҳи ёр куҷост?!

 

 

ДАСТЕ БА САРУ…

 

Ин назми ҷаҳон ба нобасомон заду рафт,

Ҳар лангу шале таъни хиромон заду рафт.

Ҳар омада бар даҳр, ки ду дасте дошт,

Дасте ба сару даст ба домон заду рафт.

 

 

РОЗИ ВУҶУД

 

Ин рози ҷаҳон буд, ки таҳ дар таҳ рафт,

Ё ҳамчу хаёл аз чаҳе то маҳ  рафт.

Аз аҳли хирад  наёфт кас рози вуҷуд,

Дарёфт варо касе, ки ноогаҳ рафт.

 

 

ТАРСӢ, КИ БИАФТӢ

 

Оне, ки  раҳе рафт, куҷо огаҳ рафт,

Он рафт раҳи ёр, ки ноогаҳ рафт.

Чун пой баромадат, қадам бояд зад,

Тарсӣ, ки биафтӣ ту, набояд раҳ рафт.

 

ҚАСРИ ПОДОР

 

Шамъам, ки зи шамси ту пуранвортар аст,

Як лаҳзаам аз асри ту пурбортар аст.

Ҳақ ҷуставу ҳақ гуфта, ки месозам шеър,

Як байти ман аз қасри ту подортар аст.

  

ДАРЁВУ НАҲАНГ

 

Шӯре, ки ба баҳри дил бувад, ҳар ҷо нест,

Тӯфони дил аммо ба назар пайдо нест.

Моҳича турову лофи дарё чӣ занӣ,

Дарё, ки наҳангаш набувад, дарё нест.

 

 

БЕДОРИИ ФАРДО

 

Оне, ки диҳад рӯз сару савдоят,

Ором диҳад дар оғуши шабҳоят.

Он гаҳ, ки барад ба хоби ҷовидонат,

Бедории ҷовид диҳад фардоят.

  

ДАРБОХТ

 

Оне, ки шаб офарид, рӯзе ҳам сохт,

Густурд замину осмон ҳам афрохт.

Ҷин сохту одаме, валекин одам

Чун сохт ба ҷин, Худову худро дарбохт.

 

ПУНБАГӮШӢ

 

Бигзашт ҳама, суханфурӯшӣ нагузашт,

Дар мадҳу қасида сахткӯшӣ нагузашт.

Ҳарчанд замона шӯри маҳшар дорад,

Аз аҳли сухан пунбабагӯшӣ нагузашт.

 

АЗ БУНИ ДИГАР

 

Моро ба ҷуз ин дил дили хуне дигар аст,

К-онро ҳама сад чарову чуне дигар аст.

Ҳар дил агар аз решаи тан зинда бувад,

Ин ҷони дили зинда зи буне дигар аст.

 

 

ЗОҒ - ДОҒУ БУЛБУЛ - БОҒ

 

Ҳар ҷой, ки зоғ аст, ба дилҳо доғ аст,

Оғози хазон садои наҳси зоғ аст.

Аз қар-қари зоғ гулшане чӯл шавад,

Булбул сари ҳар шох, ки хонад, боғ аст.

 

 САБРИ ҶОНБОЗӢ

 

Аз хидмати ишқи ту беҳин хидмат нест,

В-аз давлати ишқи ту беҳин давлат нест.

Гуфтам, ки ба пеши пойи ту ҷон бозам,

Гуфтӣ, ки каме сабр бикун, фурсат нест.

 

 

МАГАСШЕР

 

Оне, ки надод дод, бедодгар аст,

Дар шеваи ҷабру ситам имдодгар аст.

Хунхораяке беш бувад ташнаи хун,

Ҳаққо, ки магас зи шер хунхортар аст.

 

 

САРИ САНГ

 

Эй халқи азиз, ному нангат кофист,

Бо бешарафони даҳр ҷангат кофист.

Баски сари санг аст ба дунё ватанат,

Дар сангари дунё сари сангат кофист.

 

 

ОЙИНАИ  КАҶБИН

 

Аз даҳри каҷандеш маро темор аст,

Тӯмори ғамам фақат дили бемор аст.

Чашми сари ман ойинаи каҷбинест,

Дар даҳри каҷ ойина магар ҳамвор аст?!

 

 

САРХАМИИ БЕБОРӢ

 

Эй ёр, сарам ба сарфарозӣ ёр аст,

Бебор саре баланд кардан ор аст.

Аммо сари хам гаҳе зи пурборӣ нест,

Сархам  маҷнунбед, вале бебор аст.

 

 

ЗАҒАН РАҲБАРИ БАШАР

 

Ё раб, чӣ касе биофаридӣ, ки нахуст

Коре, ки бикард, кушт додарро чуст.

Пас зоғ биёмӯхт варо кандани қабр,

Эй вой башарро, ки заған раҳбари ӯст.[2]

 

 

РАСТОХЕЗ

 

Умрат ба масал агар чу дастовез аст,

Некаш нигарӣ, ба роҳи ҳақ  маҳмез аст.

Ҳоло накунӣ ба роҳи ҳақ  растохез,

Ҳар рӯзи пас аз марги ту растохез аст.

 

 

МУСАХХАРИ АҚЛ

 

Гӯянд, ки ақли ман зи эҳсони Худост,

Тасхири ҳамин ақл кунун арзу самост.

Киштӣ ҳам аз ин хирад ба рӯйи об аст,

Ё з-он ки сабук чӯб зи оби дарёст?!

 

РӮДИ ШИРИН

 

Эй он, ки туро муроди дил таскин аст,

Дар ранҷу азоб ҳикмати дерин аст.

Дар роҳати худ талх бувад уқёнус,

Рӯде, ки ба санг сар занад, ширин аст.

 

 

ҒАМИ ШИРИНИ ҶУДОЙӢ

 

Дар васли ду соҳил чӣ басе ҳоилҳост,

Аммо ғазали мавҷ раҳе бар дилҳост.

Ширинии савти рӯд, донӣ, аз чист,

Ширин зи ғами ҷудоии соҳилҳост.

 

 

ДИЛИ БЕДОР

 

Олам ҳама сард аст, чу дил бе ёр аст,

Одам ҳама дард аст, чу дил бемор аст.

Гар чашм ба хоби ҷовидон ҳам бандӣ,

Хобат набарад ҳеҷ, чу дил бедор аст.

 

 

ПАЙВАНДИ АРЗУ САМО

 

Гардуни ситоразор баҳри ману туст,

Дарёи гуҳарнисор баҳри ману  туст.

Пайвандгари арзу само чун моем,

Ин олами беканор баҳри ману туст.

 

 

 

ДУНЁИ ДИГАР

 

Дар касби камоли дил асар пайдо нест,

Дар мадди назар ҳадди зафар пайдо нест.

Дигаршуди олам накунад суде, чун

Дар қалби ту дунёи дигар пайдо нест.

 

 

БОРОНУ ТӮФОН

 

То рӯйи  ҷаҳон ба зиндагӣ имкон аст,

Он ҷост ниёзе, ки ниёзи ҷон аст.

Як панҷаи обе, ки ба гул борон аст,

Дар хонаи мӯр бадтар аз тӯфон аст.

 

 

ХАНДАИ НОБАҶО

 

Имрӯз, ки даврони камон асту зеҳ аст,

Сад оҳи шикаста дар гулӯям гиреҳ аст.

Чун булбулу гул ба хуни худ ғарқ шуда,

Аз хандаи нобаҷои ту гиря беҳ аст.

 

 

ХУДЁБӢ

 

Фармони фалакро ба худӣ фармонест,

Ҳар дарди Худоро ба худӣ дармонест.

Ҳаллоҷ вале рафт сари дор, ки гуфт:

Онро, ки биҷӯем, ба ҷуз дар мо нест.

 

 

КӮҲОНИ ШУТУР

 

Як зарра дар ин реги биёбон нам нест,

Бебаҳраи зиндагӣ вале як дам нест.

Бори ғами дил нест ба ҳар кӯзаи пушт,

Кӯҳе, ки шутур ба пушт дорад, ғам нест.

 

 

ДАРКУШОӢ

 

Хуш ҳоли диле, ки сӯйи дил дар сафар аст,

Дил ҷуставу дар мулки Худо дарбадар аст.

Девор задан миёни дилҳо чӣ ҳунар,

Девор фиканда, дар кушодан ҳунар аст.

 

 

НАМАКСУД

 

Оташ ҳама ҷо, оташи бедуд куҷост,

Мойӣ ҳама ҷо, мояи мавҷуд куҷост.

З-ин давраи бенамак чӣ меҷӯйӣ суд,

Ҷойе, ки намак нест, намаксуд куҷост?!

 

 

ДОНАКАШУ ДОНАФИШОН

 

Эй бодсаро, он чӣ ту гӯйӣ, бод аст,

Кай ҳарзаи ту ба даҳр суде додаст.

То дона фишонад ба замин деҳқоне,

Ё дона кашад мӯр, ҷаҳон обод аст.

 

 

МАВЛУД

 

Як ношудаке дар пайи нобуди ман аст,

Нобуди гапаш, ҷаҳон пур аз суди ман аст.

Бо он дили мурдааш куҷо донад ӯ,

Ҳар байти навам масдари мавлуди ман аст.

 

 

ОЙИНАИ ОСМОН

 

Ин кӯл магар ба дил равон доштааст,

Аз хислати одамӣ нишон доштааст.

Аз чашм, ки қаъри худ ниҳон доштааст,

Ойина ба рӯйи осмон доштааст.

 

 

СИТОРАИ ЁР

 

Ин мавҷи насим ишораи ёри ман аст,

Ин бӯйи гул аз канораи ёри ман аст.

Ин ахтари сӯзон, ки фурӯзони самост,

Сӯзандаи ман, ситораи ёри ман аст.

 

 

ҲОСИЛИ АЪЛО

 

Ин навданиҳоли сабз монои ту аст,

Гӯё қаламе зи қадди болои ту аст.

Як ҷуфт муруди шохаи ларзонаш

Савдои ману ҳосили аълои ту аст.

 

 

ҶОНАМ ЗИ ТУ

 

Ҳастам ба ту зинда, зиндагиам зи ту аст,

Ҳастам ба ту банда, бандагиам зи ту аст.

Ҷонона туиву ман агар ҷон биканам,

Ҳуш дор, ки ҷони кандагиам зи ту аст.

 

 

ҚАЛАМРАВ

 

Моро ба қаламрави сухан ҷое ҳаст,

Дар қалби суханшинос маъвое ҳаст.

Аз бухли ду- се ҳасуду каҷтабъи дурушт

Бо ин сухани равон чӣ парвое ҳаст.

 

 

НАФАСИ ЗИНДАГӢ

 

Бе ту суханам шеваи андӯҳу ғам аст,

Бе ту ғаму шодии ман аз буда кам аст.

Ҳар як нафасе, ки мекашам дар дунё,

Бе ту нафаси зиндагие нест, дам аст.

 

 

БАЙТИ АБРӮ

 

Рӯйе, ки гулаш зор бувад, рӯйи ту аст,

Бӯйе, ки зи гулзор расад, бӯйи ту аст.

Аз шеъри мани дилшуда гар ёд кунанд,

Он байти тару тозаи абрӯйи ту аст.

 

 

ҶОНБОХТА

 

Таб сӯзад агар, дар таби ту хоҳам сӯхт,

Худро ба сари матлаби ту хоҳам сӯхт.

Гар бе ту диҳанд ваъдаи ҷондору,

Ҷонбохта лаб бар лаби ту хоҳам сӯхт.

 

 

ОТАШКАДАИ ГУЛ

 

Ин дил ба хаёли рухи ту гашт, ки гашт,

Хандид чароғи лолаҳо дашт ба дашт.

Гӯё ки ба оташкадаи гул Наврӯз

Мехонд зи Зардушти куҳан яшт ба яшт.

 

 

САД КӮҲ

 

Дар саҳни чаман барги хазон анбӯҳ аст,

Бе рӯйи баҳорат ба дилам андӯҳ аст.

Бар кӯйи мурод агар раҳе бе ту барам,

Дар ҳар қадамам кашида сар сад кӯҳ аст.

 

 

ХУШК БЕҲ!

 

Ҳар ҷӯй, ки бе об бувад, хушк беҳ аст,

Ҳар рӯй, ки бетоб бувад, хушк беҳ аст.

Он лаҳза, ки ташнаро дилу ҷон сӯзад,

Ҳар чашма, ки ноёб бувад, хушк беҳ аст.

 

 

МУКОФОТИ ШЕЪР

 

Эй дил, ду ҷаҳон кам аз музофоти ту аст,

Дар арзу само нақши мулоқоти ту аст.

Дар олами шоирӣ мукофот маҷӯй,

Шеъре, ки бигӯйӣ ту, мукофоти ту аст.

 

 

САРОИ ГАРДУН

 

То он даме одаме ба қасди ҷанг аст,

З-одам буданам ҳазор ору нанг аст.

Баҳри тани хокиям ду газ ҷо кам нест,

Аммо ба дилам сарои гардун танг аст.

 

 

ДЕГИ КАҶ

 

Ҳар каҷ, ки ба рост даст андохтааст,

Боре магар ин ҷанги хато бохтааст.

Аз хулқи каҷи башар чӣ гӯям, ки Худо

Гардун ба сарам деги каҷе сохтааст.

 

 

РАФТАН Ё ОМАДАН?!

 

Ин умри башар, ки чашм бар ҳам задан аст,

Хоке, ки занӣ ба тифл, атри кафан аст.

Бар ҷунбиши гоҳвора меандешам,

К-он даъвати рафтан аст ё омадан аст.

 

 

ДУ РӮЙИ ДУНЁ

 

Ин чор хатам чаҳор сӯйи дунёст,

Дар чорсуе-ш гуфтугӯйи дунёст.

Аз чор ҷиҳат ду байти тар мегӯям,

Ду байти рубоиям ду рӯйи дунёст.

 

 

ҲАЗОРҲОВУ ҲАЗОРҲО

 

Дар ҳар раги ман ҳазорҳо овоз аст,

Дар ҳар нафасам ҳазорҳо оғоз аст.

Гар ҷони маро шикастапар мехоҳӣ,

Дар ҳар шиканаш ҳазорҳо парвоз аст.

 

 

СОҒАРИ ХУРШЕД

 

Ин умри маро, ки ҳоҷати беадад аст,

Андешаи сад бешу каму неку бад аст.

Дар баҳри фалак агар кам аз зарра манам,

Чун зарра барам соғари хуршед ба даст.

 

 

НАҚШИ ПО

 

Он, к-ӯ ба назар нест, маро дар назар аст,

Он сӯ, ки раҳе нест, маро раҳгузар аст.

Дар ҳарду ҷаҳон ба раҳбарам нест ниёз,

Ҳар ҷо, ки равам, нақши паям роҳбар аст.

 

 

НА ГУНОҲИ ХУРШЕД

 

Ҳар зарра агарчи ба ҷаҳон ҷовид аст,

Бе дидаи пурбин магараш кас дидаст.

Гар шӯълаи гӯгирд бувад хираи рӯз,

Валлаҳ, на гуноҳи чашмаи хуршед аст.

 

 

САРСАБЗИИ БЕСАМАР

 

Аз ҳилаи даҳр бошад оё хабарат,

Чизе надиҳад, набурда чизи дигарат.

Сарсабзии ҷовид агарат дод чу сарв,

Бурд аз ту валек ҷовидонӣ самарат.

 

 

ХОКИСТАРУ ОТАШ

 

Ин даҳр, ки бингарӣ ҳама тақсир аст,

Ҷойест, ки муши мурда беш аз шер аст.

Дар нисбати хокистару оташ бинигар,

Афсурда ба рӯю оташ андар зер аст.

 

 

БАҲРИ ХОЛИИ ҲУБОБ

 

Як рӯзи хирадманд ба ҷойи солест,

К-аз моли ҷаҳон варо накӯ аъмолест.

Бемоя намешавад ба дарё ҳам пур,

Бин, баҳри ҳубобе ба даруни холист.

 

 

АЙШИ ТАНГДАСТӢ

 

Хоҷа, сухани ту кам зи Қуръонам нест,

Бо қавли ту аммо амал осонам нест.

Чун айш кунам ба тангдастӣ, охир,[3]

К-айёми фарохдастӣ имконам нест.

 

 

ДОНАВУ ДОМ

 

Дар даҳр, ки маҳбасе ба хосу ом аст,

Озодии хосаи ту ҳам авҳом аст.

Ҳар ҷой, ки донест, даруни домест,

Мурғе, ки пайи дона равад, дар дом аст.

 

 

МЕҲРИ ОЛАМГИР

 

Азмат ба камолу ҳиммату танвир аст,

Аз паст баланд рафтанат тадбир аст.

Хуршед агарчи субҳу шом аст мунир,

Меҳри ба қиёмомада оламгир аст.

 

 

ХОРИ САРИ ДЕВОР

 

То он даме, эй ёр, ки моро нафас аст,

Аз дур гули рӯйи ту дидан ҳавас аст.

Азбаски баланд аст дару деворат,

Хори сари девори ту бошем, бас аст.

 

 

 

САВОРИ ХОБОЛУД

 

То расми сафар ба рӯйи дунё будаст,

Хобида ба бедор раҳе нанмудаст.

Дар роҳи сафар чӣ метавонӣ кардан,

Гар асп ба дав, савор хоболуд аст.

 

 

ОЙИНАИ ШИШАДИЛ

 

Дар баҳси замона то куҷо ҷуръати мост,

Бас ҳеҷ нагӯем чӣ беҷо, чӣ баҷост.

Аҳсант ба ойина, ки бо шишадилӣ

Каҷро каҷу ростро намоёнад рост.

 

 

ОБИ ҲАЁ – ОБИ ҲАЁТ

 

Ҳастии дурӯза нест асбоби ҳаёт,

Гуфт, он ки диҳад неъмати ноёби ҳаёт.

Умре ба абад хоҳу марез оби рухат,

Обе, ки ҳаёи туст, ҳаст оби ҳаёт.

 

 

ҶАСУРИ БЕҶИГАР

 

Дар тирагии шаб, ки сиёҳи дигар аст,

Дар равшании рӯз сипоҳи дигар аст.

Дар шоми сияҳ ҷасур бошад раҳзан,

Аммо ба сафедии саҳар беҷигар аст.

 

 

ҒАМИ ШАБ

 

Донӣ, магар ин умри пурозор, ки чист,

Ҷӯйӣ ба раҳи дароз ҳушёр, ки нест.

Бар хуфтаи бехабар бувад кӯтаҳ шаб,

Донад ғами шаб мардуми бедор, ки чист.

 

 

БИҲИШТИРӮ 

 

Ин домани сабзи дашт аҷаб гулбӯест,

Ин чашмаи гул чашми тари оҳуест.

Фардо нахурад ҳайфи биҳиште, ки биҳишт,

Алҳол касе, ки бо биҳиштирӯест.

 

[1] Сохтаи муаллиф аст дар муқобили шар-об, фар-об, яъне обе, ки фар дорад.

 

[2] Ишора ба Қуръони маҷид, Сураи Ал-Моида, ояи 31: «Худо калоғеро водошт, то заминро биковад ва ба ӯ биёмўзад, ки чӣ гуна бародари худро пинҳон созад». Сухан аз ду писари ҳазрати Одам Ҳобил ва Қобил аст, ки Қобил аз рўи ҳасад Ҳобилро мекушад.

 [3] Ҳофиз гӯяд: «...Ҳангоми тангдастӣ дар айш кӯшу мастӣ».