ШОГИРДУ КИТОБ

 

Устод ба шогирди наве рӯй овард,

Кай мехарӣ, охир, ту китоб, эй бедард?

Шогирд дар он сардии дай чашм ба зер

Попӯши фиту дарида пинҳон мекард[1].

 

МЕҲНАТИ ФАРҲОД

 

Ёре, ки сабур нест, дерин нашавад,

Ҳар мавҷи барин гавҳари зерин нашавад.

Шабҳоят агар шакарлабе бӯса диҳад,

Бе меҳнати Фарҳод, ки Ширин нашавад.

 

 

СУФИ САФЕДУ ДИЛИ СИЁҲ

 

Аз чашми Худо гунаҳ ниҳон натвон кард,

Чун доғ ба рӯи маҳ ниҳон натвон кард.

Пӯшӣ ҳам агар дусад қабат суфи сафед,

Бо  ҷома дили сияҳ ниҳон натвон кард.

 

 

ЗАМИНИ БЕОСМОН

 

Нақше ба замин аст, замон ҳам дорад,

Ҳар лаҳзаи бенишон нишон ҳам дорад.

Эй он, ки ба вусъати заминат нозӣ,

Баргӯ, ки заминат осмон ҳам дорад?!

 

 

ПОЙИ ДАРОЗУ ГИЛЕМИ КӮТАҲ

 

Оне, ки зи асрори раҳ огаҳ бошад,

Донад, ки паси бераҳае раҳ бошад.

По ҳадди гилеми худ тавон кард дароз,

Аммо, чӣ кунам, гилем кӯтаҳ бошад?!

 

 

ЛЕСИДАНИ ХУН

 

Дар олам агар муфлису доро бошад,

Ҷанг асту муроди мо мудоро бошад.

Аммо ту ба роҳи ҳақ, ки хуншор шавӣ,

Лесидани хуни худ гуворо бошад.

 

 

МУАММО

 

Ҳоло ҳама ҳарфи адлу инсоф зананд,

Ақлам вале аз ин ҳама банд аст, ки банд.

Гар донаи пуч астӣ, дур андозанд

В-ар донаи пурмағз астӣ, даршикананд.

 

 

ПАЙҒАМБАРУ ҲУД-ҲУД

 

Ҳар зода ба дунё хабар аз хеш орад,

То буду шуди худ ба фано наспорад.

Эй он ки занӣ даъвии дониш, донӣ,

Пайғамбар ҳам ниёзи ҳуд-ҳуд дорад.

 

 

ТАҶОҲУЛИ ОРИФ

 

Чун захма ба тори уд дармеояд,

Оҳанги хуши суруд бармеояд.

Оташ зада бар шохи тари умр маро,

Гӯйӣ, зи чӣ аз ту дуд бармеояд?!

 

 

ПАЙМОНИ ВАФО

 

Побастаи худ ба даҳр побаста бувад,

Ворастаи худ зи даҳр вораста бувад.

Эй одами хокӣ, мабар аз ёд, ки худ

Яздон ба ту паймони вафо баста бувад.

 

 

САРЧАШМА

 

Умрам, ки чу рӯди тундҷарёне буд,

Ҷонам ба шиноварӣ даме ҳам н-осуд.

Азбаски ба рафти об беле назадам,

Имрӯз расидаам ба сарчашмаи рӯд.

 

 

ЧАШМИ БИНО

 

Ҳар гоҳ, ки инсон зи замин дур шавад,

Чун зодаи обу хок манзур шавад.

То чашми фалакнавард бошад бино,

Магзор ба хок чашмае кӯр шавад.

 

 

«ТУЮ МАН»

 

Дардо, аламо, фасли чаман мегузарад,

Дар баҳси ду-се қалбсухан мегузарад.

Фардо, ки зи ман шеъру сухан мемонад,

Ин умри шумо бо «тую ман» мегузарад.

 

 

ШЕВАИ ЗИНДАГӢ

 

Аз даъвии бисёр маро ғам гирад,

К-он хеш бузургу дигаре кам гирад.

Гар шеваи зиндагӣ бувад доду гирифт,

Боист, ки одам дили одам гирад.

 

 

БИМИ ХАЗОН

 

Иҷро ҳама кас амри замонаш бикунад,

Ҳарчанд ки пирасар ҳамонаш бикунад.

Оё ба баҳор ғунча  хандон нашавад,

Аз бим, ки он ханда хазонаш бикунад.

 

 

АҶАБ РАФТОРЕ

 

Ишқе, ки беҳ аз шароб мастам дорад,

Масти абад аз рӯзи аластам дорад.

Онро ба мани сода аҷаб рафторест,

Андозадам аз пою зи дастам дорад.

 

 

ФАНДИ ЗИНДАГӢ

                       

Аз раҳмати зиндагӣ махур ҳаргиз фанд,

Дарёи ҳаётат, ки диҳад ин сон панд:

Садчанду ҳазор тухм монад моҳӣ,

Шояд ки аз он камол ёбад якчанд.

 

 

НИШОНИ КӮҲ

 

Ман ҳамқадами рӯди равон хоҳам буд,

Дар ҳар қадами хеш ҷавон хоҳам буд.

Ҳарчанд равам ба домани дашту даман,

Аз кӯҳи фалаксой нишон хоҳам буд.

 

 

БОЛОВУ ПОЙИН

 

Ғамро ғами дигаре ба таскин орад,

Ҷӯйидани дил ҳазор ойин дорад.

Роҳе, ки барад туро ба сӯи боло,

Баръакс равӣ, туро бо пойин орад.

 

 

НИҲОЛИ КАҶ

 

Кай олами пир бекаму кост шавад,

Ё он чӣ дар ин даҳр дилат хост, шавад.

Гар рост шавад ниҳоли каҷ, пирдарахт

Сад ҷо шиканад, вале магар рост шавад.

 

 

ЗАМОНИ МОДАРАНДАР

 

Мо тифлу замон ба модарандар монад,

Тифлаш ба қудуми неки он сар монад.

Афсӯс, ки ин модар агар шир диҳад,

Шираш ба гулӯ чу ширае дармонад.

 

 

ҶАВШАНИ ҶОН

 

Ман чашм шавам, чашми шумо равшан бод,

Ман хор шавам, хори шумо гулшан бод.

Тире, ки нишинад ба ниҳонгоҳи дилам,

Бар ҷони ҳавасманди шумо ҷавшан бод!

 

 

САНГУ ОЙИНАВУ ДИЛ

 

Ин гӯша магар хонаву манзил нашавад,

Ин шамъ магар чароғи маҳфил нашавад,

Гар даст ба асли санг ёбӣ ба ҳунар,

Санге, ки шуд ойина, магар дил нашавад?!

 

 

«ДИЛОГОҲ»

 

Бе пойи равон кӣ омили роҳ бувад,

Бо гӯши гарон кӣ воқифи оҳ бувад.

Нашнида ба умри хештан бӯйи ғаме,

Ҳайронам аз он, ки чун дилогоҳ бувад?!

 

 

БАДТАР АЗ МОР

 

Ободии кас туро ба қаҳр андозад,

Ин рашку ҳасад туро зи даҳр андозад.

Беҳуда чаро заҳр занӣ, ҳатто мор

Танҳо паи ҳифзи хеш заҳр андозад.

 

 

ОҚИБАТБИН

 

Онон ки пайи луқмаи ширинастанд,

Фарбеҳ зи раҳи гӯш чӣ камчинастанд.[2]

Бо аҳли назар суҳбати хӯрдан кам кун,

К-ин зумра ҳамеша оқибатбинастанд.

 

 

АФТОДА

 

Эй кош, мабод мард аз по афтад,

Бардоштанаш ба гардани мо афтад.

Санге фитад аз кӯҳ, наистад дигар,

Афтодаи як ҷой, зи сад ҷо афтад.

 

 

КУШОДИ КОР

 

Гар хушк кунам боғу баҳорамро хеш,

Сарсабз кунам дарахти дорамро хеш.

Аз коркушоям набувад баски умед,

Эй кор, бидеҳ кушоди корамро хеш!

 

 

ИСТОДАН

 

Оне, ки зи буни худ ҷудо меафтад,

Гар мешиканад, чӣ бесадо меафтад.

Истодани ман бувад чу истодани кӯҳ,

Афтам ман агар, кӯҳ зи по меафтад.

 

БА ҶОЙИ ҶОН

 

Ин кӯҳ зи ман ҳарфу забон мехоҳад,

Ин рӯд зи ман савти равон мехоҳад.

Аҳсант ба шоир, ки ҳама дар дунё

Як ҷони варо ба ҷойи ҷон мехоҳад.

 

 

ШЕЪРУ ШЕР

 

Ҳуш дор, ки нест ченаки истеъдод,

Ҳар шаб ду-се шеър гуфтан аз ҳарфи касод.

Харгӯш ба як бор кунад чанд бача,

Шере  накунад вале  зи як бача зиёд.

 

 

НАШЪАИ ОСМОНӢ

 

Бо умри ҷавон ҷавониям мебояд,

Дил додану дилситониям мебояд.

Бӯйе барам аз хоки қадамҳои нигор,

Сад нашъаи осмониям мебояд.

 

 

КӮЙИ ВАФО

 

Дилро ҳаваси ёр ҷавон гардонад

В-арна ғами зиндагӣ хазон гардонад.

Дар кӯйи вафо агар тавонӣ мурдан,

Ҳар лаҳзаи умр ҷовидон гардонад.

 

 

ДИЛИ ОБ

 

Даймоҳ шуду меҳри ту ноёб бишуд,

Ҳам ҳолазанон чеҳраи маҳтоб бишуд.

Аз сардии ту ях зада буд обу гилам,

Омад маҳи найсону дилам об бишуд.

 

 

ПАРВОНАИ ДИЛ

 

Гар баҳси вафо ба обу гил мегардад,

Аз меҳри дилам меҳр хиҷил мегардад.

Ҷое, ки бувад дил, чӣ бувад шамъу чароғ,

Парвонаи ман ба гирди дил мегардад.

 

 

ИНШОИ СУХАН

 

Ҳар кас, ки сухан сохт, ватан иншо кард,

Ҳуббулватане ба ҷону тан иншо кард.

Бар хома набуд саҳл иншои сухан,

Сарро ба буриш доду сухан иншо кард.

 

 

ГУНБАДҲО

 

Аз аҳли башар кас ба ҳавоям нарасид,

Рафтам ба фалак, малак ба поям нарасид.

Гар гунбади аршро садоям бардошт,

Бар гунбади шаҳри худ садоям нарасид.

 

 

ПАРВОЗИ БАЛАНД

 

Чун синаи арш аст пур аз рози баланд,

То гӯши баландаш расад овози баланд.

Бо боли замингир ба гардун нарасӣ,

Парвози баланд хоҳад оғози баланд.

 

 

ГАРДАНАИ КӮҲ

 

Мусича, ки баҳри лона хас мегирад,

Ҳаз ку, раҳи кӯҳ агар сипас мегирад.

Онро, ки ҳамеша зист дар домани дашт,

Дар тоқи сари қулла нафас мегирад.

 

 

ЛУТФИ ХУДО

 

Аз лутфи Худо ҳар он чӣ кас мегирад,

Рӯзаш, ки расад, Худош пас мегирад.

Чун расми ҷаҳон аст ҳама доду гирифт,

Оне, ки нафас дод, нафас мегирад.

 

 

ХАСЛОНАИ  БУЛБУЛ

 

Шоир, ҳама бо шеъри тарат менозад,

Аммо рухи ту ранг зи ғам мебозад.

Булбул, ки шукуфад чаман аз овояш,

Аз хору хасе лона ба худ месозад.

 

 

«ХУШИҚБОЛӢ»

 

Мағрур, ки бар само парад, зер афтад,

Аз авҷи ғурур зуд ё дер афтад.

Эй Бор Худо,  ин чӣ насибам додӣ,

Ман дом ба харгӯш ниҳам, шер афтад.

 

 

СОЯРАВИ БОЛ

 

Одам зи азал бахту ато меҷӯяд,

Аз Ҳақ, ки наҷӯяд, ба хато меҷӯяд.

Ҳайфо, ки на дар қаламрави равшани меҳр,

Дар соярави боли Ҳумо меҷӯяд.

 

 

ҶАБР

 

Ҳар чиз, ки ҳамсони гуҳар бархезад,

Ҷабраш бикунӣ, хӯйи дигар бархезад.

Гар санг занӣ бар сари санги сангин,

Ҳарчанд ки санг аст, шарар бархезад.

 

 

БЕЧОРА ХАРАК

 

Бечора харак, туро, ки ҳай меронанд,

Худ гарчи на аспанд, харат мехонанд.

Азбас  бикашӣ бори харонро хомӯш,

Ин каллахарон чу худ харат медонанд.

 

 

ҶУНБИШИ ГАҲВОРА

 

Дилбохта, к-аз пайи дил овора бувад,

Оворагияш ба дарди дил чора бувад.

Тӯфон, ки бинои киштӣ аз ҳам резад,

Бар моҳию бат ҷунбиши гаҳвора бувад.

 

 

ДУДИ ЗАМИН

 

То ҷабру ситам ба мағзи ҷонҳо нарасад,

Бар ҳеҷ чӣ дасти нотавонҳо нарасад.

Як умр, ки  гардун занад оташ ба замин,

Дуде зи замин ба осмонҳо нарасад.

 

 

МУШТОҚИ ЁР

 

Имшаб, ки висоли ёр бошад мақсад,

Дар базмгаҳи Зӯҳра Масеҳо рақсад.

Муштоқ  ба ёранд ба зери гардун,

Пайғамбару уммат, ҳама сад андар сад.

 

 

СОҲИЛИ ИШҚ

 

Беғам, ки ба миқдори ғами дил нарасад,

Дорост агарчи, бар ками дил нарасад.

То дар дили дарё нашавӣ ғарқ, эй дил,

Киштии муҳаббатат ба соҳил нарасад.

 

 

ШУКРИ ҒАМИ ТУ

 

Бо ту нафасе ба ҷовидон меарзад,

Гумноми дарат ба сад нишон меарзад.

Имкони висоли ту нагунҷад ба хаёл,

Шукри ғами ту ба сад ҷаҳон меарзад.

 

 

ҶУРЪАИ МАЙ

 

Овард ба лаб ҷонам агар, ишқ овард,

Парвард агар ҷони маро, он парвард.

Як ҷуръа маям дода зи нӯшин лаби ёр,

Як умр дилам аз ғаму ҳасрат пур кард.

 

 

ОСМОНИ ҲАФТӮМ

 

Эй гул, ту маро дӯст бидорӣ, чӣ шавад?

Аҳволи дилам ёд биёрӣ, чӣ шавад?

Бо ишқи туям дар осмони ҳафтӯм,

Бар хоки сиёҳам нафурорӣ, чӣ шавад?

 

 

ҲАВАСИ ОҒӮШ

 

Дил бо ғами дурии ту ангал бошад,

Ҳаҷрат зи висоли ғайр афзал бошад.

То он нафасам, ки хок оғӯш кунад,

Кош он ҳаваси оғуши аввал бошад.

 

 

БЕҲУШ

 

Он шаб, ки фалак туро дар оғӯшам кард,

Як нағмаи ҷонфазой дар гӯшам  кард.

То ишқи ту беҳуш будам дар дунё,

Ишқи ту баҳушу боз беҳушам кард.

 

 

ОЙИНААФРӮЗ

 

Барқе, ки шарори кинаро афрӯзад,

Он беҳ, ки чароғи синаро афрӯзад.

Дар чашмат агар ба дуди ғам сӯзам ман,

Хокистари ман ойинаро афрӯзад.

 

 

УЛВИЯТ

 

Ин давлати мо на аз ғано мебошад,

Улвияти мо на аз ғизо мебошад.

Ин гунаи он ду устухонхореянд,

К-он як сагу дигаре Ҳумо мебошад.

 

 

ДИЛИ ОЙИНА

 

Як лаҳза магар замона дар нанг шавад,

З-он ки рухи гул ба хуни гул ранг шавад.

Он санг занад бар дили ойинаи мо,

Ойина чӣ гуна сипари санг шавад?!

 

 

ҚУФЛИ ДИЛ

 

Ку ҳамдами дил, ки бо ту дамсоз шавад,

Дар хонаи дил бо ғамат анбоз шавад.

Заҳмат ба кушодани дари ёр макаш,

Қуфли дили ӯ кушо, ки дар боз шавад.

 

 

ГАРМИЮ САРДӢ

 

Бемеҳрии ту обу гилам месӯзад,

З-ин ғам чӣ нависам, ки қалам месӯзад.

Гармии канори ту, надонам, чӣ кунад,

Аз сардии ту ҷону дилам месӯзад.

 

 

ҒАМУ ШОИР

 

Ин зӯрии дарди ту маро қодир кард

В-ин ишқи ниҳони ту маро зоҳир кард.

Буд меҳри сухан дар диламу лек ғамат

Бунёди маро сӯхтаву шоир кард.

 

 

ҚИССАИ ИШҚ

 

Ин реши ғами ту бозтар мегардад,

Андӯҳи ту пургудозтар мегардад.

Чадон ки зи ишқи ту сухан мегӯям,

Ин қисса аҷаб дарозтар мегардад.

 

 

ҲАЛОЛУ ҲАРОМ

 

Онро, ки зимоми давр дар даст афтад,

Боло зи ҳади хеш парад, паст афтад.

Ҳайф аст ҳалол банда гардад ба ҳаром,

Моҳӣ зи барои кирм дар шаст афтад.

 

 

ТИҲИВУ ПУР

 

Аз рафтани дам кист, ки дар ғам нашавад,

Ҳар дам, ки равад, ба зиндагӣ зам нашавад.

Бар чоҳи амиқи зиндагӣ менигарам,

Ин чаҳ нашавад тиҳиву пур ҳам нашавад.

 

 

ГИРДОБИ ЖАРФ

 

Умрат, ки ба эъмори сухан сарф шавад,

Ҳайф аст, ки маънӣ талафи ҳарф шавад.

Бар умқ расид он, ки ба худ бехуд рафт,

Гирдоб, ки дар хеш равад, жарф шавад.

 

 

КАҶУ  РОСТ

 

Пойи ман аз он раҳ, ки дилам хост, равад,

Он раҳ, ки раҳи савобу волост, равад.

Аз ростравон каҷравӣ асло н-ояд,

Дар ҷӯйи каҷе оби равон рост равад.

 

 

БОМУ ФАЛАК

 

Дар фасли шабобу ишқ дерӣ накунанд,

То боз сақил бори пирӣ накунанд.

Бар бом, ки рафтӣ, ба фалак бояд рафт,

Дар гӯшаи бом гӯшагирӣ накунанд.

 

 

МАРД

 

Дар арсаи умр ҳар кӣ мардӣ дорад,

Озор бибахшояду худ н-озорад.

Марди ҳунар он нест, ки меафтонад,

Марди зафар он аст, ки мебардорад.

 

 

ЧАҲУ ЧАШМБАСТА

 

Аввал ба баҳои худ баҳоям карданд,

Аммо чӣ, бубин, дар интиҳоям карданд.

Дар рӯйи раҳе, ки ҳар қадам дошт чаҳе,

Бастанд ду чашмаму раҳоям карданд.

 

 

ШОҲРОҲУ КАФШИ ТАНГ

 

Ӯро, ки сафо буд, туро лек чӣ буд,

Оне, ки ба ӯ дод, зи ту ё нарабуд.

Кай буд фароғи дигар осоиши ту,

Гар кафши ту танг аст, зи шаҳроҳ чӣ суд?!

 

 

ОСЕМАВУ ОҲИСТА

 

Эй дил, ба ту ин роҳ муборак бошад,

К-онро ғами бешу шодӣ андак бошад.

Дар роҳи дарозе, ки надорад поён,

Осемаву оҳистаравӣ як бошад.

 

 

ФАРЁДИ БЕҲАВО

 

Бар хотири шодат асари ғам нарасад,

Ҳарчанд висоли ту ба мо ҳам нарасад.

Дилро чу ҳаво нест, зи фарёд чӣ суд,

Ҷойе, ки ҳаво нест, садо ҳам нарасад.

 

 

ДИЛ ДОДАНУ ҶОН БУРДАН

 

Дилро зи ғами ҳаҷр амон бояд дод,

Бар ними нигаҳ кулли ҷаҳон бояд дод.

Дар кӯйи муҳаббат зи азал расм ин аст,

То дил ба туе диҳанд, ҷон бояд дод. 

         

 

ХОКПОШӢ БАР ЧАШМ

 

Эй халқ, туро чӣ хоҷагоне бошанд,

Гӯё зи ғамат чу ҳезуме дар дошанд.[3]

Хоки қадамат чу тӯтиёе гиранд,

Гиранду бибӯсанду ба чашмат пошанд.

 

 

ҲУМО

 

Дар баҳри фалак, ки Каҳкашон зов бувад,

Абре, ки биборад аз само, нов бувад.

Ман мурғи Ҳумоям, осмонҳо бар дӯш,

Оне, ки кашад бори замин, гов бувад.

 

 

ДИЛСАРДИ ЗАМОН

 

Эй кош, дили ҷамъ мушавваш нашавад,

Дар банди баду бало балокаш нашавад.

Гарчи ба сараш сад офтоб афрӯзанд,

Дилсарди замон гарм ба оташ нашавад.

 

 

РӮЗИВУ РӮЗ

 

Аз рӯзии хеш беш натвонӣ хӯрд,

Рӯзат нарасида пеш натвонӣ мурд.

Шабнам накунад пиёлае ҳаргиз пур,

Баҳре ба пиёла низ натвонӣ бурд.

 

 

ДОМОНИ МАРЯМ

 

Ин об, ки аз чашмаи Зам-зам ояд,

Об аст, вале ҷойи дигар кам ояд.

Домони ҳама наёварад пайғамбар,

Исо фақат аз домани Марям ояд.

 

 

ХУРШЕДУ ШАБПАРА

 

Дил хоб бувад, кист, ки ҳушёр кунад,

Афрӯхта ҷонрову шарарбор кунад.

Хуршед, ки бедор кунад оламро,

Як шабпараро ҳеҷ, ки бедор кунад.

 

 

ЧАМАНУ ЯХБАНДӢ

 

Гӯйӣ, фақат офтоб дар чархи кабуд

Бар кулли ҷаҳон нигаҳ ба як чашм намуд.

Ҳайҳот, ба як чашм агар медид он,

Як сӯ чаману дигар су яхбандӣ буд?!

 

 

ҒУРУБИ ЛОЛАГУН

 

Бар нуҳ фалаки ҷаҳон сутун бояд буд,

Дар ҳар нафас аз хеш фузун бояд буд.

Хоҳад дами вопас рухи ту зард кунад,

Монанди ғуруб лолагун бояд буд.

 

 

КУШТАНУ ҲАЙКАЛ

 

Ин зумра куҷо як қадам аввал биниҳанд,

Поро, ки ба меъёри пайи шал биниҳанд.

Аҳсант ба мардуме, ки беҷурм туро

Аввал бикушанд, баъд ҳайкал биниҳанд.

 

 

САНГИ САЙҚАЛ

 

Он дил, ки барӣ аз ҳасаду кина бувад,

Як мушти фурӯзанда бари сина бувад.

Санге, ки ба чашми ту бувад сарду сияҳ,

Дар дидаи мо сайқали ойина бувад.

 

 

ТАРМАФУРО

 

Афсӯси касе, ки пурхато мегардад,

Аз ҳикмати куҳсор ҷудо мегардад.

Оҳиста сухан гӯй, ки дар қуллаи кӯҳ

Ҳарфе сабаби тармафуро мегардад.

 

 

ЁД КУНЕД

 

Аз миллату аз забони худ ёд кунед,

Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед.

То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли шумо,

Дунёи варо тоҷикӣ обод кунед.

 

 

НОҚОБИЛИ ПАРВОЗ

 

Ҳар синаи сард маҳрами роз нашуд,

Нодидағаме ба ғамкаш анбоз нашуд.

Дидам ба шутурмурғу бигуфтам, бешак,

Ҳар болу паре қобили парвоз нашуд.

 

 

ПАРДАИ РОЗ

 

Овардаи ту яқин туро боз барад,

Ку марди хирад, ки пардаи роз дарад.

Чизе ба замин беғараз асло бошад?

Хоке, ки хуронадат, туро боз хурад.

 

 

ТАНӮРИ БЕВАЗАН

 

Қисмат, ки ба кас ба меҳру озарм шавад,

Дарёб, ки санг бистари нарм шавад.

Аз хору хасе, ки дар назар чизе нест,

Бинӣ, ки танӯри бевазан гарм шавад.

 

 

СОЯ

 

Ин соя, ки аз қафои мо мегардад,

Бепоя, вале пойи ба по мегардад.

Ҳар гоҳ, ки хуршед биёяд ба қиём,

Он гоҳ зи мо соя ҷудо мегардад.

 

 

ОБУ ОТАШ

 

Ин абри баҳор бар сарам мегиряд,

Ҳам мурғи ҳаво дар назарам мегиряд.

Умрам, ки миёни обу оташ гузарост,

Дил месӯзад, чашми тарам мегиряд.

 

 

ОШИҚИ ПЕЧОН

 

Рафтам зи пайи дил, ки ба боғат овард,

Афрӯхта боғ аз гули сурху гули зард.

Бо ёди ту беёд, ки меистодам,

Печида ба ман ошиқи печон гул кард.

 

 

БАРЗГАР

 

Чандин нафасам гузашт бе шеъру суруд,

Чандин нафасам зи умр гӯё ки набуд.

Чун барзгаре будам, ки дар хоки вуҷуд

Кишти чаманаш расидаву ӯ надуруд.

 

 

ДАРСИ МУҲАББАТ

 

Имрӯз маро ту имтиҳон хоҳӣ кард,

Сад гуна савол аз ину он хоҳӣ кард.

Ман ғайри муҳаббатат намедонам дарс,

Ин масъаларо ту ҳал чӣ сон хоҳӣ кард?

 

 

СУРЪАТИ УМР

 

Матлуби ман аз роҳи талаб меояд,

Ҳар лаҳза агарчиям аҷаб меояд.

Шаб мегузарад ду чашм бар ҳам назада,

Рӯзам нарасида, боз шаб меояд.

 

 

АБР

 

Абре ҳама шаб дар осмонҳо зорид,

К-ин зораи ман ба гӯш оё форид:

Абре, ки нишаст дар биёбон, хушкид,

Абре, ки ба баҳр рафт, дарё борид.

 

 

ПАЙМОНА

 

Як кас ғами ҷону дигаре ҷом хурад,

Донӣ ту магар, кӣ фанди айём хурад.

Паймона чу пур гашт ба даври гардун,

Моҳе, ки шаб афрӯхта буд, шом хурад.

 

 

ЧАШМОНИ НОСЕР

 

Қадде, ки камон гашт, зи нав тир нашуд,

Шуд навъи башар пир, ҳавас пир нашуд.

З-он ризқи худодода, ки хӯрдем ба даҳр,

Дандон ҳама рехт, чашмамон сер нашуд.

 

 

МОҲИ КОМИЛ

 

Ҳар дил, ки ба хайри халқ моилтар шуд,

Он қадр муроди умр ҳосилтар шуд.

Дидам, ки маҳе ба чордаҳ рӯз ба даҳр

Ҳар қадр, ки нур дод, комилтар шуд.

 

 

ДАСТУ ОСТИН

 

Ҳар кори ҷаҳонро, ки яқин мебояд,

Гар ҳам набувад чунон, чунин мебояд.

Андозаи остин намебояд даст,

Андозаи даст остин мебояд.

 

ОБИЛАИ  ДИЛ

 

Ин тарки биҳишт карда, манзил чӣ кунад,

Худрову Худо бохта, маҳфил чӣ кунад.

Аз обилаи даст ту нолӣ, эй дӯст,

Ин сӯхта бо обилаи дил чӣ кунад?!

 

 

НОМИ БАЛАНД

 

Хуршед чу пойин равад аз боми баланд,

Кӯтоҳ шавад рӯзу расад шоми баланд.

Бинӣ, ки Худой ҳам ба абнои башар,

Ё боми баланд дода, ё номи баланд.

 

 

БӮСАГАҲИ ХАЛҚ

 

Бигзор, барад саҷда ба Яздон зану мард,

Дар пойи буте ё ба сияҳхораи сард.

Пайғамбари  ҳар давру замон ҳам бошӣ,

Бар бӯсагаҳи халқ нашояд туф кард.

 

 

ШУНИДАН Ё НАШУНИДАН

 

Гулро ба дами баҳор дидан беҳ буд,

Ё баҳри висоли ёр чидан беҳ буд.

Бар мурғи чаман ҳарфи рухи раънояш

Шояд зи шунидан нашунидан беҳ буд?!

 

 

НАВОИ БУЛБУЛУ ҒУНГОСИ ОРУ

 

Он кист, ки торӣ аз шаби тира барад,

Олудагие зи чашмаи хира барад.

Булбул ба наво об шавад дар сари гул,

Ғунгас занад оруву зи гул шира барад.

 

 

ҲУРЕ, КИ ЗОЛ АСТ

 

Донӣ, ки пагаҳ чӣ гунаат ҳол бувад,

Ин қадди алиф зи бори ғам дол бувад.

Аз даҳр фиреби наварӯсӣ нахурӣ,

Ҳуре, ки ба бар мекашияш, зол бувад.

 

 

САЙРОНГАҲИ ФИКР

 

Ҳар чӯҷаи навбол ба боло нарасад,

То бар таярони мурғи доно нарасад.

Сайронгаҳи болу фикр дигар-дигар аст,

Он ҷо, ки расад фикр, пару по нарасад.

 

 

СӮХТАНИ ХОМӮШ

 

Ҳар кас ба ҳарими дил назар медӯзад,

Худро ба чароғи меҳр меафрӯзад.

Булбул ба фиғону нола обод бувад,

Парвона хамӯш аст, вале месӯзад.

 

 

СУОЛ

 

Ин боми фалак баҳри чӣ афрохтаанд

В-ин фарш ба зери қадам андохтаанд.

Хандон шамъе, ки пойи худ равшан кард,

Гӯё ки варо барои ӯ сохтаанд.

 

 

РЕШАВУ ШОХА

 

Оне, ки хазон дид, баҳорон чӣ кунад,

Аз ҷон, ки гузашт, меҳри ёрон чӣ кунад.

Суде набувад дигар ба боридани абр,

Гар решаву шоха сӯхт, борон чӣ кунад?!

 

 

СЕЛУ БОРОН

 

Чун ёр бирафт, таъни ёрон чӣ кунад,

Ё меҳру вафои дӯстдорон чӣ кунад.

Бокам набувад зи тундару абри сиёҳ,

З-он ҷо, ки гузашт сел, борон чӣ кунад?!

 

 

РАНГИ БАРФ

 

Гардун ҳама тирарӯву шуд дашт сафед,

Ҳар кас, ки сияҳ омада, баргашт сафед.

З-он даҳшати сармо, ки зимистон овард,

Ранг аз рухи барф кандаву гашт сафед.

 

 

 

ЗАБОН

 

Ман ҳеҷ надонам, ки чӣ хуб асту чӣ бад,

Андешам агарчи  аз азал то ба абад.

Тифле, ки ба як сол баровард забон,

Сад сол нигаҳ доштанаш омӯзад.

 

 

ГИРЕҲКУШО

 

Ақл аст, ки ҳар банди замон бикшояд,

Гар банди Худоист, чӣ сон бикшояд.

Сарриштаи тақдири ту гар хӯрд гиреҳ,

Оне, ки гиреҳ баст, ҳамон бикшояд.

 

 

ГУМҶӮЙӢ

 

Ин дил, ки зи ҷовидон нишон меҷӯяд,

Гуфт он чӣ қазо гӯй, ҳамон мегӯяд.

Гумкардахудӣ ё ки Худогумкарда,

Ҳар кас ки чӣ гум кард, ҳамон меҷӯяд.

 

 

ХОКБОДКУНӢ

 

Ин расми куҳан аҳли башар ёд кунад,

Имдод кунӣ, Худоят имдод кунад.

Хоке, ки ба як нафар диҳад фарри шаҳӣ,

Ҳайф аст, агар хоки дигар бод кунад.

 

 

ГАРОНБОР

 

Киштӣ, ки ба рӯйи мавҷи бисёр бувад,

Пурбор бувад, раҳаш чӣ ҳамвор бувад.

Фардои қиёмат ҳам аз он Пули Сирот,

Осон гузарад, ҳар кӣ гаронбор бувад.

 

 

РАВШАНГАРИ ДИЛ

 

Шуд даҳр ба хобу чашми бедор бимонд,

Ранг аз рухи рӯз шуд, шаби тор бимонд.

Гуфтам, фалако, ойинакори дил бош,

Равшангари дил бибурду зангор бимонд.

 

 

ҲАНГОМИ ХАЗОН

 

Бар домани умр хушку тар мечаспад,

Чун меканад он, дудастатар мечаспад.

Ҳар барг ба ҳангоми хазон аз шохе

Гар канда шавад, ба хоки тар мечаспад.

 

 

БАҲОРИСТОНУ МАЗОРИСТОН

 

Будем ба арше, ки баҳористон буд,

Рафтем ба фарше, ки низористон буд.

Даште, ки гузаштем, шикористон буд,

Ҷойе, ки расидем, мазористон буд.

 

 

ДИЛҲОИ ДУР

 

Ғойиб набувад ёр, ки чашмон кӯранд,

Ёрон ҳама ҷо ба чашми дил манзуранд.

Дурӣ набувад ба  васли дилҳо монеъ,

Маҷҳурӣ аз он аст, ки дилҳо дуранд.

 

 

ЛОЛИ ГӮЁ

 

Дил бинад  агар зишт, накӯ мегӯяд,

Чизе, ки  бигӯямаш, магӯ, мегӯяд.

Лоле, ки набошадаш забони гӯё,

Ҳарфаш ба забони чашму рӯ мегӯяд.

 

 

МОҲИВУ НАҲАНГ

 

Сад ҷаҳд кунӣ, гурба паланге нашавад,

Мусича уқоби тезчанге нашавад.

Моҳичаи рӯдро ба баҳр андозӣ,

Моҳӣ бишавад, вале наҳанге нашавад.

 

 

ОҒӮШИ ТУ

 

Оғози маро, ки нест анҷомидан,

Натвон пайи субҳи ишқ шоме дидан.

З-оғӯши ту беҳтар ба ду олам набувад

Ҳам ҷойи тапидану ҳам оромидан.

 

 

НОХАЛАФОНИ СИФЛАХӮ

 

Ин бехабарон ҷумла дар инкори киянд,

Худро ба гунаҳ сӯхта, ғамхори киянд.

Инсон, ки агар вакилу шаҳкори Худост,

Ин нохалафони сифлахӯ кори киянд?!

 

 

ОҲ, ИН ҲАМА ЗАНҲО

 

Оҳ, ин ҳама занҳо чӣ аҷаб матлубанд,

Гоҳе чӣ дилозору гаҳе маҳбубанд.

Ман дар баду нек озмудам, к-онон

Бо бад чӣ баданд, хуб бошӣ, хубанд.

 

 

ТАВОФИ ДИЛ

 

Гар кори диле зи кохи гил меомад,

Сад Каъба зи як дил на хиҷил меомад.

Афсӯс, ки нест Каъбаро пойи равон,

Мебуд агар, тавофи дил меомад.

 

 

ЗОҒИ АЛО

 

Беғам агар аз айбу хато бояд буд,

Бо тирадилон рӯйсиё бояд буд.

То пес нахонанд сафедии туро,

Дар боғи бало зоғи ало бояд буд.

 

 

МУШТЕ БА ФАЛАК

 

Ин даҳр, ки будам ҳама нобуд кунад,

Оҳе кашам аз ғам, нафасам дуд кунад.

Чун аввалу охирам ба муште хок аст,

Муште ба фалак кашиданам суд кунад?!

 

 

ТАҲШИН

 

Сад сол, ки ғофил ба сари раҳ шинад,

Он ишқ  вале дар дили огаҳ шинад.

Ҳар оби сабукмоя надорад таҳшин,

Обе, ки варо нест таҳе, таҳ шинад?!

 

 

НИМИ ТАН

 

Дар ҳастии ман ними танӣ, ёдат бод!

В-он ними дигарро ватанӣ, ёдат бод!

Сад меҳр агар ба субҳи ту механдад,

Шоме, ки дар оғӯши манӣ, ёдат бод!

 

 

МАҚСУДИ БАЛАНД

 

Гар роз биҷӯйӣ ту, биҷӯ рози баланд,

Дамсоз шавӣ, то ту ба дамсози баланд.

Пастӣ макун оҳанг, фақат баски диҳад

Мақсуди баланд боли парвози баланд.

 

 

НИЁЗ

 

Ин ҳарф, ки мешавад қабулат ё рад,

Ҳаққ асту дуруст аст, вале сад дар сад.

Гар ҳаст ниёзат ба касе, бадбахтӣ,

Хушбахтӣ, агар касе ниёзат дорад.

 

 

МУАММОИ САҲЛ

 

Одам, ки ғуломи нафсу ҳирсу зар шуд,

Одамгарияш сар омаду бесар шуд.

Дар ҷанги башар нест муаммое сахт,

Ман хубу ту бад – ҷанги ҷаҳонӣ сар шуд.

 

 

ТАНҲОӢ

 

То кай ҷонат ба хидмати тан бошад,

Тан хидмати ҷон кунад, чӣ аҳсан бошад.

Дар маҳшари бозор набошам танҳо,

Танҳоии ман ҳамеша бо ман бошад.

 

 

МАҚОМИ ТАМАЛЛУҚ

 

Чун хоса шудаст, зикри омаш набувад,

Ҷуз кибру ғуруру фикри хомаш набувад.

Аз маҳзи мақом нозаду мо донем,

Гар нест тамаллуқаш, мақомаш набувад.

 

 

МАРГИ ХАНДОН

 

Ҳарчанд ҷаҳон рағбати мо бипзирад,

Кай марди хирад домани дунё гирад.

Бингар ба гулу бубин, ки ҳангоми хазон

Пажмурда шавад, валек хандон мирад.

 

 

РАҲҶӮИВУ ГУМРОҲӢ

 

Ҳақ он, ки зи доғи рӯй  маҳ меҷӯяд,

Ё Коҳкашон аз пари каҳ меҷӯяд.

Он кас, ки наҷӯяд раҳ, гумраҳ нашавад,

Гумроҳ шавад, касе, ки раҳ меҷӯяд.

 

 

ХӮРДАНУ БУРДАН

 

Маҳбубтарин машғалааш хӯрдан буд,

Чизе, ки нагунҷад ба шикам, бурдан буд.

Дар лавҳи қазо котиби умраш бинвишт,

Матлубтарин хидмати ӯ мурдан буд.

 

 

ҶАШНИ ШОИР

 

Гумном набошам, ки маро ном диҳед,

Ноком набошам, ки маро ком диҳед.

Имрӯз, ки рӯзи ҷашни шоир бошад,

Ин ҷома гузореду маро ҷом диҳед.

 

 

АБРИ ҒУРРОН

 

Андеша бувад аввалу гуфторат баъд,

Аз саъд чаро гаҳе намеояд саъд.

Абре, ки зи пунба ҳам ба нармӣ нарм аст,

Дар ҳам чу занад, барқ ҷаҳад, ғуррад раъд.

 

 

ҲАМДИГАРХОР

 

Эй халқ, ки ҳар яке ба қасди зафаред,

Чун чашм на сӯйи хеш, сӯйи дигаред,

Бо он ки замин кулли шуморо бихурад,

То зинда дуе, яке дигарро бихуред.

 

 

БИНОИИ ОШИҚ

 

Дилбохтагони ишқ дилро шоянд,

Сарбохтагони ишқ абад мепоянд.

Гӯянд, ки чашми сари ошиқ кӯр аст,

Чашмони дилаш, вале аҷаб биноянд.

 

 

ДАСТУ ПОЙ

 

Равшан назаре, ки аз ту чашмаш наканад,

Болост саре, ки сар ба поят фиканад.

Пойе, ки ба маъбад набарад, шал бодо,

Дасте, ки зи дасти кас нагирад, шиканад.

 

 

ХИДМАТИ МАРДУМ

 

Онон, ки ба сад ҳизбу ҳукумат гараванд,

Гӯянд, ки бар хидмати мардум бираванд.

Гар хидмати халқ аст шараф, хеш чаро

Як бор  нахоҳанд, ки мардум бишаванд.

 

 

САНГИ ОБИСТАН

 

Гоҳе, ки ба ту умеди пайвастан буд,

Мавҷудиятам раҳини дил бастан буд.

Раҳҳои ҷаҳон сӯйи ту мебурд ҳама,

Санги сари раҳ ба ишқ обистан буд.

 

 

ОЯНДА

 

Онро, ки набуд поя, поянда намонд,

Сарсабзу тановару физоянда намонд.

Ояндаи ман буд ҳазору сад сол,

Чун шуд, ки дар он гузашту оянда намонд?

 

 

ОҒӮШИ ҲИЛА

 

Гар як нафарат ба меҳр оғӯш кашад,

То ҷоми вафо чашонаду меҳр чашад,

Дигар зи сари ҳила, вале бо ханда

Оғӯш кашад, то хафаат карда кушад.

 

 

МОҲИ БЕАЙБ

 

Бар росту ҳақ ба дидаи райбе дид,

Худ лайс калу ба мӯйи кас шайбе дид.

Гардам ман аз он рӯсияҳе, к-ӯ ба само

Доғи маҳу худро шаҳи беайбе дид.

 

 

ХАЁЛИ ХОМ

 

Онон, ки муборизи нишону номед,

Худро сари мардони замон меномед,

Мардеду ҷасуред ҳама, лек афсӯс,

Мардони хаёлҳои пучу хомед.

 

 

ДОМОНИ ЗАН

 

Аз домани даҳр гираму лек чӣ суд,

Доман кашад он, надода боре мақсуд.

Сар додаву доманаш намедодам сар,

Ин доман агар домани васли зан буд.

 

 

ГУЛИ БУЛБУЛЗАБОН

 

Булбул, ки ба лаб таронаи гул дорад,

Ҳар зеру бамаш ҳавои кокул дорад.

Қурбони чаманпарвари гул мегардам,

К-ин гул, чӣ аҷаб забони булбул дорад.

 

 

СИТОРАВУ МАҲТОБ

 

«Дар ҳавлии мо ҷӯй набуд, об омад»,

Дар чашми сарам хоб набуд, хоб омад.

Ду дида ба роҳи ёр мегашт сафед,

Чашмам ба ситора буду маҳтоб омад.

 

 

ТАФСИ ДИЛ

 

То сабру қарори дилам аз даст нашуд,

Боз он гиреҳи абруи пайваст нашуд.

Месӯхт дилам, ба синаам мондам ях,

Ях об шуду тафси дилам паст нашуд.

 

 

ЁРИ КУҲАН – ШАРОБИ КУҲАН

 

Ҳар зан, ки варо ризои шавҳар бошад,

Хоки қадамаш ҳазор духтар бошад.

Эй он, ки кунӣ орзуи ёри наве,

Мастӣ зи шароби кӯҳна беҳтар бошад.

 

 

КАЪБАИ БУТКАДА

 

Бар даҳр ба ислом кӣ пок омада буд,

Танҳо ба суроғи муслимӣ дар зада буд.

Бар куфр мазан таъна, ки ҳатто Каъба

То Каъба бигашт, умрҳо буткада буд.

 

 

БОДОМШИКАНӢ

 

Онон, ки зи тақво ҳама ҷо ҳарф зананд,

Аз чашми чу бодом куҷо чашм кананд.

Чун бандаи нафсанд ҳамин одамакон,

Бодомӣ агарчанд, ба сангат шикананд.

 

 

ОБИ ҲАЁТУ ЗАҲР

 

Дар шӯразамин абри баҳорон борад,

Н-орад гияҳе ҳар қадаре ҳам зорад.

Аз тинати бад наояд аъмоли накӯ,

Мор оби ҳаёт ҳам хурад, заҳр орад.

 

 

МАҲАЛИ  ХЕШ

 

Гарчи ду ҷаҳонро ба амал дар ҳам зад,

Аз хок саре ба чархи ахзар ҳам зад,

Чун дар маҳали хеш нарафт аз дунё,

Худ ҳосили умри хешро барҳам зад.

 

 

ЗИНДАГИИ  ДИГАР

 

Ҳар бенафасе соҳиби овоз нашуд,

Беболу паре қобили парвоз нашуд.

Дар даҳр назистӣ, агар баъд аз марг,

Як зиндагии дигарат оғоз нашуд.

 

 

МУЪҶИЗАИ ЗУЛФ

 

Ку он ки давои дард чун Сино кард,

Ё судагаре, ки сангро мино кард?!

Бо ман сари зулфи ту, надонам, чӣ кунад,

Чун хоки раҳат чашми маро бино кард.

 

 

ДАЪВИИ МАРДӢ

 

Аз қудрати бозу чӣ занӣ бонги шиор,

Гӯё ки ту мардиву далериву баор.

Он ҷой, ки модашер бошад, донӣ,

Наршери тавоно накунад ҳеҷ шикор.

 

 

САД ВОЙ

 

Ҳаргиз нашавад бебасаре суратгар,

Оҳангшиносӣ набувад пешаи кар.

Сад вой аз он  пойгаҳи азму талош,

Дар ҷойи саманд агар давад курраи хар.

 

 

ХУДСӮЗӢ

 

Худ сӯзу ба зиндагӣ кушо фоли дигар,

То сӯхтани ту диҳад иқболи дигар.

Донӣ, ки алафзор бисӯзӣ имсол,

Рӯяд алафи бештаре соли дигар.

 

 

ҒАРҚИ ХУНУ ХАНДОН

 

Рамзест ба ҳар хандаи хуршеди саҳар,

Ҳар ханда диҳад туро зи сад гиря хабар.

Ҳар шом агарчи ғарқаи хун биравӣ,

Бояд бишавӣ саҳар ту хандида  бадар.  

 

 

СУЛҲ Ё ҶАНГ?

 

Ин гардиши даҳр дорад оҳанги дигар,

Авзои ҷаҳонрост кунун ранги дигар.

Имрӯз агар ба ҳамдигар овезем,

З-он пас набувад сулҳ ва ё ҷанги дигар.

 

 

ҲАМЛА

 

Зӯр оварадат хасм, ту ҳам зӯр биёр,

Дар ҳарби қавӣ бош, қавию подор.

Чун ҳамла баранд бар сарат бо шамшер,

Шамшераки чӯбин наравад ҳеҷ ба кор.

 

 

ҚОНУНИ ҶОЗИБАИ ОЛАМ

 

Себе, ки Нютонро афтод ба сар,

Дарлаҳза зи қонуни кашиш дод хабар.

Он себ агар бар сари пуч афтодӣ,

Ҷуз ғуррии сар набуд маҳсули дигар.

 

 

НАСИБИ ОДАМ

 

Бар даҳр, ки омадан маро буд қарор,

Андеша ба ҳоли хеш кардам бисёр.

Дидам, ки насиби одам аз бахт ин буд,

К-омад ба ҷаҳон пиёдаву рафт савор.

 

 

ҲАРФИ ХОР

 

Бисёр нишастем ба гулҳои баҳор,

Кардем дилу дидаи худро гулзор.

Бо хор ҳам, эй ёр, биё, биншинем,

Як бор, ки бинем, чӣ мегӯяд хор.

 

 

МУШУ ШЕР

 

Кайҳост манам аз ин муаммо дилгир,

То хуб шиносам кӣ хатиру кӣ ҳақир.

Чун пушти тавоно бувадаш андар пушт,

Як мушаки нимҷон кунад ҳамла ба шер.

 

 

ЯК БА ҲАЗОР

 

Эй он, ки зи субҳ дорӣ уммеди дигар,

З-ойини фалак набошадат ҳеҷ хабар.

Ин даҳр магар нест, ки як хуршедаш

Равшан бишавад, кушта ҳазорон ахтар.

 

 

РИШИ ДАҲР

 

Гарчи фалакат ба гиря водорад кор,

Ту ханда бизан бар фалаки ноҳамёр.

З-он пеш, ки абр гиря оғоз кунад,

Чун барқ ба риши даҳр хандад як бор.

 

 

ДУРБИН

 

Маъзур, зи ёрони қарибам маъзур,

Гарчи зи рухи шумост чашмам пурнур,

Дирӯз қарибу дур як буд, имрӯз

Наздик намебинаму мебинам дур.

 

 

ХИЗР Ё ЧАШМАИ ХИЗР

 

Эй он, ки биҷӯйӣ гуҳар аз абри баҳор,

Хоҳам, ки ба дарё бирасӣ охири кор.

Як умр, ки оби Хизр ҷустӣ ба умед,

Ҷустӣ ту магар Хизри Худоро як бор?!

 

 

ДАВО

 

Аз номи Худо нест нидое беҳтар

В-аз ишқи Худо нест, Худое беҳтар.

Дардат, ки бувад, Худот ошиқ бикунад,

Чун нест ба ҳар дард давое беҳтар.

 

 

ҶОЙИ УБУР

 

Танҳоии ман бе ту намегардад пур,

Ҳам бе ту ду оламам наояд дархур.

Кайҳо зи ҷаҳон ҳамегузаштам бедард,

Ғайр аз бағалат будам агар ҷои убур.

 

 

САҒИРУ КАБИР

 

Оем ба дунё чӣ кабиру чӣ сағир,

Моро набувад дар ду ҷаҳон ҳеҷ назир.

Бо ман бувад ин даҳр пуру бе ман, лек

Яксар ҳама холист чу Саҳрои Кабир.

 

 

ЧИНОРУ АНОР

 

Бар сарв мазан таъна, ки ҳастӣ бебор,

Бар бед магӯ, дигар ту ҳам бор биёр.

Устоди табиат, ки ба мо фармуда:

Соя зи чинор ҷӯю ҳосил зи анор.

 

 

МУРҒИ ДИЛ

 

Мурғи дили ман буд ба авзои дигар,

Мехост равад зи синаам ҷои дигар.

Аз сина чу кардамаш раҳо, ворид шуд,

Бар сина ҳазор мурғи гӯёи дигар.

 

 

ҚИСМАТИ БАД

 

Бардор диле, ки бошадат дилбардор,

Дар кор бизӣ, то нашавӣ нодаркор.

З-ин қисмати бад Худо нигаҳ дор маро,--

На қобили кореву на шоистаи ёр.

 

 

МАҶРОИ ДИГАР

 

Гар ҳанҷара бошад, диҳӣ овои дигар,

Гар азми қавӣ ҳаст, кунӣ рои  дигар.

Гар пеши раҳи рӯди равонро бандӣ,

Пуршӯр равад боз ба маҷрои дигар.

 

 

ҲАНГОМИ  ҒАЗАБ

 

Аз ҷӯшиши нодамидае шав ба хабар,

Аз шӯриши орамидае шав ба хабар.

Мӯре, ки ту гӯйӣ набувад озораш,

Ҳангоми ғазаб канад сари мӯри дигар.

 

 

ПӮСТПАРТОИИ МОР 

 

Гулнор ба як баҳор нор аст, ки нор,

Гулхор ба сад ҳазор хор аст, ки хор.

Сад бор агарчи пӯст партояд мор,

Хӯяш, ки газандагист, мор аст, ки мор.

 

 

ЧАШМИ АШКАФШОН

 

Аз сангдиле санги гаронам хуштар,

Аз мурдадиле мурдаи ҷонам хуштар.

Аз дидаи хушке, ки нагиряд боре,

Ду чашми тари ашкфишонам хуштар.

 

 

БОРИ ГАРОН

 

Аз чашм чӣ суд, гар набинӣ рухи ёр,

Бе ишқи нигор сар бувад як сарбор.

Аз ганҷи муҳаббат, ки тиҳӣ гардад дил,

Чун бори гарон ба гарданат гардад бор.

 

 

ЛИМӮИ ДИГАР

 

Аз хандақи лимӯ биравам то охир,

Дил додаву осуда манам дар зоҳир.

Лимӯи сари шох бимонӣ ба кафам,

Лимӯи дигар бимонадам дар хотир.

 

 

МУШТИ АНОР

 

Ман шохи анорам, кӣ бигирад ба канор,

Ҳар дони анор аст чу як дил хуншор.

Муште, ки марост, мушти кӯбидан нест,

Дар мушти анор аст ҳамон хуни анор.

 

 

ЛАБ БУБАНД

 

То нагзарӣ аз худ, нашавӣ бо ӯ ёр,

Ифшо макун ин сир, ки равӣ бар сари дор.

Дил ғофили хеш аст дар ин олами ҳарф,

То лаб набубандӣ, нашавад  дил бедор.

 

 

ХУШКӢ КУҶОСТ?

 

Шуд ғарқи гунаҳ чу уммати пайғамбар,

Дар оби азоб шуд ҷаҳон сартосар.

Эй кафтари Нӯҳ, куҷо дидӣ хушк,

Дар даҳри ғариқи ашки абнои башар?!

 

 

ГАНҶУР

 

То он ки азобу заҳматат орад бор,

Аз хеш баройию даройӣ сад бор.

Беранҷ наметавон шудан соҳиби ганҷ,

Ганҷур нашуд, пӯст напартофта мор.

 

 

ДУРУ НАЗДИК

 

Маъзурам, агар туро нашуд ин манзур,

Як кеҳтари наздик беҳ аз меҳтари дур.

Ҳар ахтари дур агарчи сад хуршед аст,

Як меҳри қариб кушт сад ахтари дур.

 

 

ХОБУ БЕДОРӢ

 

Зодию шудӣ ба хоб чандони дигар,

Будат ба ҳаёт ё ки паймони дигар.

Дар рафтани талхи ҷон, ки бедор шудӣ,

Аз умр намонда буд як они дигар.

 

 

ХУРШЕД НЕСТ МАЪЗУР

 

Бо меҳр, ки аз тоқи само борад нур,

Наздик бувад яке, дигар бошад дур.

Хаффошмисол  агар ту дар ғор равӣ,

Дар ҷурми ту хуршед набошад маъзур.

 

 

НА САРУ САРХОРӢ

 

Дар рӯйи замин, ки зиндагӣ кардам сар,

Оғози маро набуд анҷоми дигар.

Айёми шабоб рафт бо сархорӣ,

Акнун на саре монда, на хоридани сар.

 

 

БАҲРУ ЛАНГАР

 

Осон набувад, ки баҳр гирӣ ба канор,

Озода равад ба мавҷ озод савор.

Акнун ману мавҷхези тӯфони муҳит,

Рафтам чу ба баҳр, лангарам нест ба кор.

 

 

ХУНШИР

 

Умрат бикунад агарчи афсун сад бор,

Андеш ба ин маънию мазмун сад бор,

То шири сафеди зиндагибахш шавад

Хун дар дили модарон, шавад хун сад бор.

 

 

СОИҚАИ УМР

 

Умр ояи иқбол бувад ё идбор,

Чизе, ки бувад, даргузарад соиқавор.

Оне надиҳад, ки беғамона хандӣ,

Оне надиҳад, ки дар ғамаш гирйӣ зор.

 

 

ТАРСИ МАРГ

 

Побандӣ агар, зи дасти озода бигир,

Бархезӣ агар, зи дасти афтода бигир.

Ҳар рӯзи ту пайкори ҳаёт асту мамот,

Тарсӣ агар аз марг, ту нозода бимир.

 

 

ЧОРМЕХ

 

Исо ба сари салиб бикшуд асрор,

К-ин ранҷу азобам набувад ноҳанҷор.

Аз ғафлати мардум, ки худамро бар дор

Ҳар сония чормех кардам сад бор.

 

 

ДӮСТ БИДОР!

 

Дар ҳар чӣ забон мешунавам: Дӯст бидор!

Пинҳону аён мешунавам: Дӯст бидор!

Дар ҳар даму ҳар зарраву дар ҳар ҷойе

Дар ҳар ду ҷаҳон мешунавам: Дӯст бидор!

 

 

ИМРӮЗИ АБАД

 

Дирӯз гузашту нест дигар дархур,

Фардо нарасидат, ғами фардо ту махур.

То риштаи умрат ба абад пайвандад,

Худро зи ҳамин рӯзи Худо ҳеҷ мабур.

 

 

МАРДОНА

 

Дар раҳгузари ишқ, ки ҷонҳост нисор,

Саҳл аст фақат додани дил, ҷон бисупор.

Аҳсанту санойи он, ки мардона бизист

Аз ҳалқаи дасти ёр то ҳалқаи дор.

 

 

ЯК ҚАДАМ

 

Мақсуди муҳаббат бувад арчи мастур,

Гоҳе бишавад ба дидаи дил манзур.

Байни ману ӯ як қадаму лек, аҷаб,

Сӯяш қадаме монам, аз ӯ гардам дур.

 

 

ШЕВАИ ЗИСТ

 

Гар умри куҳе кунад зи сад қарн гузар,

Як шабпара як рӯз барад умр ба сар.

Он сон ту бизӣ, гӯ, ки зи умрат монда

Сад соли дигар, ё ки аз  оне камтар.

 

 

РӮЙИ СИЯҲ

 

Гӯяд ҳама бад, ки худ намояд беҳтар,

Аблаҳ дигарон, ягона шон донишвар.

Шаб аз рухи моҳ доғ ҷӯяд, ки саҳар

Рӯйи сияҳаш сафед ояд ба назар.

 

 

ШАРТИ ПАРВОЗ

 

То он ки расӣ ба гарди он гардунфар,

Оташ бизанӣ ба болишу бар бистар.

Кай бол диҳад вале фақат сӯхтанат,

Парвоз куҷо, то нашавӣ хокистар.

 

 

САНГИ ДАРУНИ КАФШ

 

Ин санги сияҳ беҳуда судан чӣ зарур,

Бо тирадилӣ хеш намудан чӣ зарур.

Гар санги ту сангрезаи рӯйи раҳ аст,

Санге ба даруни кафш будан чӣ зарур?!

 

 

ОТАШИ САРАФКАНДАГӢ

 

Имрӯз зи худ, ки сарфарозам бисёр,

Донад касе оё чӣ бувад охири кор.

Бо бӯйи сарафкандагӣ аз реша ба хеш

Оташ бизанам зи сарбаландӣ чу чинор.

 

 

АЗ ГУЛ МАГУЗАР

 

Ҳар дида дурахшад ба муроди дидор,

К-аз шишаву аз санг бубинад рухи ёр.

Эй ёр, ба ҳам ҷӯрагули печонем,

Аз гул магузар, ки доманат гирад хор.

 

 

ЗИСТАН ДАР ПАРВОЗ

 

Анҷом, ки бошад, бувадаш боз оғоз,

Созад ҳамаро зи ибтидо хотимасоз.

Ақсои замин, ки сар ба сар дом бувад,

Бояст, ки зист то абад дар парвоз.

 

 

ТАҲИ ТАР

 

Дар азми накӯ манеҳ кафи рад ҳаргиз,

К-армон ба дили зинда намирад ҳаргиз.

Ҳаргиз ба таҳи тар макун уммеди дурахш,

Гӯгирди таре шӯъла нагирад ҳаргиз.

 

 

ТИҲИМАҒЗӢ

 

Эй масти шароб, дар раҳи рост малағз,

К-аз бодаву мастӣ масалат гӯям нағз.

Ҳар қадр шавӣ пур аз шароби шиша,

Шиша тиҳӣ аз май шаваду ту аз мағз.

 

 

РУСТАН АЗ ҲАБС

 

Озода раҳи банд напӯяд ҳаргиз,

Побандии озод наҷӯяд ҳаргиз.

Аз пӯст агар мағз  нагардад озод,

Аз ҳабси таҳи хок нарӯяд ҳаргиз.

 

 

ЧАНГОЛИ УҚОБ

 

Ин халқ ба нимрӯз хоб аст ҳанӯз,

Он об, ки дидаст, сароб аст ҳанӯз.

Бо хеш чӣ нозад, ки ба болои сараш

Гунҷишк ба чанголи уқоб аст ҳанӯз.

 

 

ИШҚИ САМОВӢ

 

Як косаи дӯғу дастаи сабзи пиёз,

Як нони ҷавин аз он ҳама неъмату ноз,

Як ҷуфти зи боғи арш партобшуда, —

Дар хок шавад ишқи самовӣ оғоз.

 

 

ДАСТОМӮЗ

 

Ту паст машав, то нашавӣ пастомӯз,

Аз ҳирс гузар, раҳидан аз шаст омӯз.

Ҳарчанд уқоб мурғи озод бувад,

Аз даст ғизо хурад, шавад дастомӯз.

 

 

ХАМУ РОСТ

 

Банди ҳавасу хост нагардӣ ҳаргиз,

Дар фикри каму кост нагардӣ ҳаргиз.

Асл аст агарчи бениёзи каму кост,

То хам нашавӣ, рост нагардӣ ҳаргиз.

 

 

ҶАВОБИ СУХАН

 

Сарҷӯ бикушо, оби равон ояд боз,

Дилро бикушо, дилбари ҷон ояд боз,

Аз синаи кӯҳсори гӯёву хамӯш,

Ҳар шева сухан гӯйӣ, он ояд боз.

 

 

ҲАСРАТИ ГУЛ

 

Мегуфт яке ғунча баҳорон ба ниёз:

Кай гул шаваму ханда занам ноз ба ноз.

Чун фасли хазон расид, мегуфт, ба дард:

- Эй кош, ки ман ғунча будам як дам боз.

 

 

ҲАМВОРАВУ ПАЙВАСТА

 

Раҳ ҷониби мақсуд бувад роҳи фароз,

Мақсуд ба даст ояд аз роҳи ниёз.

Ҳамвораву пайваста бибояд рафтан,

Чун баҳри пиёда раҳ фароз асту дароз.

 

 

ЯК ТАНИ САБЗ

 

Ин кӯҳи баланд бину ин домани сабз,

Анвори зари моҳ ба пироҳани сабз,

Аз пуштаи сабзазори армон рафтем,

То мои ду тан шудем чун як тани сабз.

 

 

МИҚНОТИС

 

Бе оташи дил зинда набояд ҳаргиз,

Умре нафаси сард нашояд ҳаргиз.

Оташ набувад гар ба дили миқнотис,

Он пораи оҳан нарабояд ҳаргиз.

 

 

ДАСТИ КУШОД

 

Ғамбода машав зи буду боде ҳаргиз,

Аз даҳру ғами доду надоде ҳаргиз.

Дил тангу муроди дил дароз аст, дароз,

Кӯтаҳ набувад дасти кушоде ҳаргиз.

 

 

ДАРИ БАСТА

 

Гоҳе зи сари қаҳру гаҳе аз сари ноз,

Аз ҳолати дил кунӣ шикоят оғоз.

Бикшо дари дил, агар нахоҳӣ кӯбанд,

Кӯбанд дари баста, на ин ки дари боз.

 

 

ДАСТИ КӮТОҲУ ЗАБОНИ ДАРОЗ

 

Ҳар рӯз барӣ ҳам ба Худо рӯйи ниёз,

Обе наравад зи паст худ сӯйи фароз.

Он ҷо, ки амал нест, забонҳо лофист,

Кӯтоҳ, ки даст аст, забон аст дароз.

 

 

ХОРИ ДОМАН

 

Оё кӣ тавонад, ки кунад мояи ноз

Ин зиндагии кӯтаҳу армони дароз.

Боке накунад зи хор доманкӯтоҳ,

Печад ҳама ҷо хор ба домони дароз.

 

 

БОРИ ДИЛ

 

Ҳар ошиқи зор зори дил нест ҳанӯз,

Ҳар ёри канор ёри дил нест ҳанӯз.

Эй он, ки хамида қаддат аз бори гарон,

Ҳар бори ба дӯш бори дил нест ҳанӯз.

 

 

ГАРМИИ БАДАН

 

Сардию дилат ҳеҷ хиҷил нест ҳанӯз,

Андеша туро дар обу гил нест ҳанӯз.

Бо он, ки зи санҷобу вашақ  ҷома турост,

Гармии бадан гармии дил нест ҳанӯз.

 

 

СУОЛЕ АЗ НӮҲ

 

Нӯҳо, чу ҷаҳон шуд таҳи обу таи оз,

Киштии ту омад ба башар қисматсоз.

Шукрат, ки гирифтӣ хару гове бо хеш,

Инсони хару гав чӣ зарур омад боз?!

 

 

ШАБИ ВАСЛУ РӮЗИ ҲАҶР

 

То кӯтаҳи рози ишқ созам иброз,

Дорам ба шаби дарози даймоҳ ниёз.

Наврӯз агарчи шуд баробар шабу рӯз,

Кӯтаҳ шаби васлу рӯзи ҳаҷр аст дароз.

 

 

АНҶОМУ ОҒОЗ

 

Гардад, чу ба ҳар ғунча баҳорон оғоз,

Ҳар рӯзи маро бувад ҳазорон оғоз.

Чун беадад аст ибтидоям, оё

Анҷом якест бар ҳазор он оғоз?!

 

[1] Мазмун аз Симини Беҳбаҳонӣ

 

[2] Мавлавӣ гӯяд:

Одамӣ фарбеҳ шавад аз роҳи гӯш,

Гову хар фарбеҳ шавад аз роҳи нӯш.

[3] Дош - оташдон