Талбаки[1] талбидаам, ҷон Талбаки талбидаам,

Ин чӣ қисмат, ки туро дар коми оташ дидаам.

Сӯхтан гарчи дар оташ ҳеҷ касро ком нест,

Кас тавонад чун ту дар оташ равад, ноком нест.

Эй ҷавонмарги ҷавонбахтам, ҷавон рафтӣ зи ман,

Ман намедонам ту рафтӣ, ё ҷаҳон рафтӣ зи ман.

Он саҳаргоҳ офтоби зарфишон буд хандарӯ,

Обшори хандааш мерехт сар то пои ту.

Ғарқи нур аз хона берун омадӣ ту шодмон,

Ҷониби ёри шабу рӯзат нигаҳ кардӣ ниҳон.

Завҷаи уммедворат чун ниҳоли себ буд,

Шохи сабзи қоматаш навбору беосеб буд.

Мевае дар шох чӣ, ӯ оламе дар хеш дошт,

Гӯш бар дунёи хешу ҳамдаме дар хеш дошт.

Рафтӣ аз дарвоза берун хушқаду соҳибкамол,

Об бар оина зад он гаҳ арӯси дилкашол.

Гуфт: «Модар аз чӣ бошад, ки дилам осуда нест,

Дар дилу дар ҷонам орому қарори буда нест.

Гарчи роҳаш дур не, то қитъаи ҳамсоя аст,

Кош, пеш аз раҳ ба рӯи суффа як дам менишаст».

 

Талбаки талбидаам, ҷон Талбаки талбидаам,

Ин чӣ қисмат, ки туро дар коми оташ дидаам.

Ҳамраҳи халқи даравгар менишастӣ дар шипанг,

Пеши чашмат мавҷ мезад ғаллазори қаҳваранг.

Хӯшаҳоро заргари хуршед заррин карда буд,

Донаҳоро шираи анвор шир оварда буд.

Мавҷи зар мерафт аз поин ба сӯи пуштаҳо,

Эй аҷаб мавҷе, ки мерафт аз хамӣ сӯи фаро.

Дар сари амвоҷи гандумзорҳо асрор буд,

Дасти эҷоди табиат соҳиру хушкор буд.

Аз қиёми рӯзу аз васли замину осмон

Зиндагӣ эҷод мешуд ногузиру ноаён.

Об бо сардию хуршедаш ба гармӣ месиришт,

Бод бо бозигарӣ, хокаш ба нармӣ месиришт.

Зиндагонӣ шира баста дар замири хӯшаҳо,

Мавҷ мезад дашти зар аз гӯшаҳо то гӯшаҳо.

Баччае метохт аз Булён ба сӯи Сурхрӯд,

Бо тамоми қуввату ҷоне, ки будаш дар вуҷуд.

«Ҳой мардум, дашти гандум ногаҳон оташ гирифт,

Ними гандумзорро якбора дар комаш гирифт…»

 

Талбаки талбидаам, ҷон Талбаки талбидаам,

Ин чӣ қисмат, ки туро дар коми оташ дидаам.

Хестӣ аз ҷо, паропар тохтӣ сӯи замин,

Як су оташ буду дигар сӯ сияҳ рӯи замин.

Мавҷи оташ аз хамӣ бар пуштаҳо сар мекашид,

Хӯшаҳои зиндаро чун аждаҳо дар мекашид.

Бо фиғон месӯхту мехост имдоду наҷот,

Соқаҳою хӯшаҳо, ки буд бунёди ҳаёт.

Ман, ки парвардам туро бо ширу бо нони ҳалол,

Ҳам падар омӯхтат номусу мардию камол,

Роҳбанди мавҷи оташ мешудӣ, эй дилписанд,

Мекашидӣ тасмае аз хок бо белу каланд.

То бурун ояд мабодо оташ аз ин киштзор,

То напайвандад ба гандумзори нопайдоканор.

Аз куҷо ҷинбоди саҳро хест, оташ шуд баланд,

Пеши чашматро гирифт, афтонд аз дастат каланд.

Бо мадори монда андар дасту бозуят каме,

Хушмуроди ҷӯраатро тела додӣ бар хамӣ.

То биғелид ӯ ба пастӣ, дур аз оташ фитод:

«Ман чу дар оташ саропо сӯхтам, ӯ зинда бод!»

 

Талбаки талбидаам, ҷон Талбаки талбидаам,

Ин чӣ қисмат, ки туро дар коми оташ дидаам.

Хонаат, ки буд дар як кунҷи ҳавлӣ нимсохт,

Баъди ту бо дасти ёру додарат қад барфарохт.

Гарчи оташ чун саракҳо сӯхт сар то пои ту,

Тухмаи ту монд аммо сабз дар дар саҳрои ту.

Баски асло ту набудӣ бенишону бекамол,

Чун ту мирад ҳар касе, умри абад бодаш ҳалол!

Баъди ту омад ба дунё Талбаки фарзанди ту,

Бенасиб аз рӯи ту, аммо ба ҷон пайванди ту.

Умр агар боқӣ бувад, эй камнасиб аз рӯзгор,

Талбакатро мекунам дар хонаи ту хонадор.

Дорад ӯ равшан чароғи хонаи меҳри падар,

Бошадаш дар зиндагӣ рӯҳи падар имдодгар.

Таҳ нишинад дар дили ёри азизат дарду ғам,

Мебарорам ман варо аз хонаам чун духтарам,

Баски, эй ҷону ҷигар, дунёст дунёи умед,

Ӯ ҷавон асту дилу ҷонаш бувад ҷои умед.

Гар умеди норасои одамӣ гардад расо,

Рӯҳи поки ту шавад осудаву розӣ зи мо.

 

 

Талбаки талбидаам, ҷон Талбаки талбидаам,

Ин чӣ қисмат, ки туро дар коми оташ дидаам.

Дар ҳамин даврони серию пурӣ, эй ҷони ман,

Баҳри гандум шарт буд оё дар оташ сӯхтан?

Метавонистӣ, ки бошӣ аз дами оташ канор,

То насӯзӣ хӯшаи ҷони ҷавон дар хӯшазор.

Ман, чӣ мегӯям, Худоё, дар сари дарду алам,

Ин суханҳо мекунад чун теғ қалбамро қалам.

Худ магар н-омӯхтам аз кӯдакият қадри нон,

Қадри нонро, гуфтам, аз ҳар чиз авлотар бидон.

Гар бубинӣ резаи нон хор шуд дар зери по,

Зуд бардору бибӯсу молаш андар дидаҳо,

Пас варо болои деворе, баландие бимон,

Ё чу ризқи моҳиён андоз дар оби равон.

То шавӣ бар халқ ҳамчун нон азизу ёр ту,

То нагардӣ ҳеҷ гаҳ муҳтоҷу хору зор ту.

Гуфтамат: «Аз нон набошад ҳеҷ беҳтар ҳамсафар».

Гуфтамат: «Танҳо бихобӣ, нон бимон болои сар».

Ҳар куҷое нон бувад, шайтон кунад з-он ҷо фирор,

Ҳар касе нон офарад, ҷон офарад дар рӯзгор».

 

Талбаки талбидаам, ҷон Талбаки талбидаам,

Ман ба хобам шаб туро дар байни оташ дидаам.

Ҳар касе дар хоб сӯзад, қад кашад, гӯянд, халқ,

Ё магар хоби маро шарҳи дигар ҷӯянд халқ?!

Ҳамчу дарё мавҷ дорад хӯшазори бекарон,

Байни он қад мекашӣ то ҷовидон, то ахтарон.

 

[1] Талбак – Талбак Лолаев, љавони 24-солаи данѓарагист, ки њангоми аз сўхтор наљот додани гандумзори љамъиятї ќањрамонона њалок шудааст.