Достони Нону Имон

 

Нони гарми гандумӣ хоҳад дилам!

Эй Замин, эй модари аҳли башар,

Дар паноҳи худ нигаҳ дор аз аҷал

Модари пири маро чанде дигар.

 

Мон, чу мӯре дон кашад бар хонааш,

Ҳеҷ ороме надонад ҷони ӯ.

Баски аз хони касон нон хӯрдааст,

Дигарон ҳам нон хӯранд аз хони ӯ.

 

Ӯ хамири хешро шӯрад саҳар,

Гӯиё гирад танаш аз ин мадор.

Мерасад дар корсони ӯ хамир

Чун замини кишт айёми баҳор.

 

Дар танӯри кӯҳнааш монад алав,

Ғун кунад аз гирди ҳавлӣ чахсу чӯб.

Сурх гардад рӯйи нонаш дар танӯр

Чун рухи хуршед ҳангоми ғуруб.

 

Дар сабад чинад фатиру нони хеш,

Бо ду дасти пир бардорад базӯр.

Боз чанде, мон, ба худ гӯяд сухан,

Ҷунбуҷӯле карда дар назди танӯр.

 

Гирди дастархони ӯ гарданд ҷамъ

Ҷумла фарзандони ӯ дар рӯзи ид.

Бинад ӯ нони газида рӯйи раф,

Гӯяд: «Аз дунёст шайтон ноумед».

 

Нони хушк афгору дилхунаш кунад,

Хушкиаш хушконад ӯро бештар.

Нони қоқ акнун чилу сесола шуд–

Интизори бисту яксола писар.

 

Эй Замин, бар модари раҳпойи ман

Боз андак сабри раҳпойӣ бидеҳ.

Модарию хуб донӣ дарди ӯ,

Дарди модарро тасаллое бидеҳ.

 

Орзуи дидани фарзанди хеш

То нафасҳои пасинаш зинда дор.

Бовараш аз ҷазби нонаш кам макун,

То бувад ӯ зиндаву чашминтизор.

 

Модарон миранду монад нонашон

Аз умеди модарон ҳамчун нишон.

Рафтагонро ҷазби нону меҳри мом

Мекашад аз даҳр сӯйи хонадон.

 

Боумеде мешавад гар ноумед,

Меканад аз ин ҷаҳон пайванди хеш.

Зинда мемонад замоне модарам,

Зинда медонад агар фарзанди хеш.

 

Одамӣ падруд мегӯяд ба шаб,

То сабоҳи тозаро гӯяд дуруд.

Аз танӯраш хезад оташ бар само,

То наояд оташ аз гардун фуруд.

 

Эй Замин, модархудои меҳрубон,

Модари пири маро бахшо амон.

Дар танӯраш оташи ӯро макуш,

Суфраи ӯро ту бесоҳиб намон!