Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
“Талбаки талбидаам” – ин шеър яке аз бобҳои “Достони Нону Имон”- и ман аст. Он асоси воқеъӣ дорад. Талбак Лолаев, ҷавони данғарагӣ буд, ки солҳои ҳафтоди асри гузашта барои хомӯш кардани сӯхтори гандумзори колхоз ихтиёран худро ба оташ зад ва дар охир сӯхта ҳалок шуд. Барои дарки комилтари ин шеър маро зарур аст, ки дар бораи “Достони Нону Имон” мухтасаран чанд сухан гӯям. Аввали солҳои ҳаштод маро андешае фаро гирифт, ки дар бораи арзишмандии Нон, ҳамчун яке аз рукнҳои асосии ҳастии моддию маънавии инсон, яъне Нон на фақат ҳамчун хӯроки моддӣ, балки ҳамчун ғизои маънавӣ, ки решаи Имон аст, чизе нависам.
Халқ беҳуда: “–Аввал нон, баъд имон”, – намегӯяд. Ҳамин тариқ, ман ба ҷустуҷӯи мавод афтодам, ва ҳар қадар ки чизҳои бисёреро пайдо кардаву мехондам, ҳамон қадар муҳиммӣ ва зарурати навиштани ҳамчунин чизеро дарк мекардам, зеро мақола ва суратҳое, ки нашрияҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО оид ба камбуди нон – ғизо дар кишварҳои ақибуфтодаи ҷаҳон чоп мекарданд, маро ба даҳшат меоварданд. Дар онҳо суратҳои бачагону калонсолоне чоп мешуданд, ки танҳо пӯсту устухон буданд, ва онҳоро ба ҳеҷ ваҷҳ бе ашк дида намешуд. Азбаски он нашрияҳо ба ҳама дастрас набуданд, мардуми мо онро намедонистанд, ва ҳатто тасаввур ҳам карда наметавонистанд, ки чунин ҳолатҳо буданаш мумкин аст, зеро он вақт дар Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон ҳам, хушбахтона, масъалаи камбуди нон вуҷуд надошт. Ман он маводро аз китобхонаҳо, махсусан аз китобхонаи Ленини Москва гирифта мехондам. Бинобар ҳамин, вақте ки достонро навишта тамом кардаму ба дӯстон барои хондану баррасӣ медодам, Бозор Собир, ки номи онро хонд, дар ҳайрат шуду ба ман гуфт, ки: – Аскар, охир мо масъалаи нон надорем, ту дар ин бора чӣ навиштӣ? Гуфтам, ки: –Устод, шумо аввал достонро хонед, баъд мебинед, ки Нон дар он танҳо ғизои моддӣ нест, балки маънавӣ ҳам ҳаст, баъдан, агар танҳо моддӣ ҳам буд, арзиши навиштан дошт, зеро камбуди нон масъалаи ҷаҳонист ва шумо медонед, ки шоир танҳо барои як халқу як кишвар наменависад. Хандиду гуфт: – Хеле баланд рафтӣ, хонда мебинем.
Ин ҷо як воқеъаи дигар ҳам гуфтанист. Ман хондани китобҳои толеъномаро дӯст дорам, албатта, ҷиддияшро. Ин гуна толеъномакитобҳои чинӣ, ҷопунӣ, ҳиндӣ, юнониву румӣ..., ки хеле қадимӣ ҳастанд, дар бораи намояндагони бурҷҳо маълумоти ҷолибе медиҳанд, ки ба ҳақиқат рост омадани онҳо касро ба ҳайрат мегузорад. Ман зодаи бурҷи мизон – моҳи октябр ҳастам, ва дар яке аз ин гуна толеъномаҳо дар бораи бурҷи худ маълумоти муфассале хонда будам, ки дар баробари хислату хусусиятҳои дигари зодагони ин бурҷ, гуфта мешуд, ки аз байни онҳо шоиру нависандагон бештар мебароянд, ва азбаски хислати аз ҳама қавитарини онҳо адлу одилист, онҳо бештар ба масъалаҳои иҷтимоӣ меандешанд, ва нобаробарии иҷтимоӣ онҳоро водор месозад, ки гушнагии башариятро бисёр дарднок эҳсос кунанд ва дар бораи НОН асар нависанд. Ин маълумотро ман тақрибан баъд аз бист соли “Достони Нону Имон”-ро навиштанам хонда тамом дар ҳайрат шуда будам, маълум мешавад, ки ман рисолати қисмати худро ба ҷо оварда будаам.
Бадбахтона, солҳои навадуми асри гузашта бар асари фоҷиаи ҷанги шаҳрвандӣ камбуди нон ба сари халқи мо ҳам омад. Ҳоло насли калонсол шоҳиданд, ки дар он солҳо, махсусан, дар Кӯлоби дар муҳосираи иқтисодӣ монда ва Бадахшон мардум аз бенонӣ ба чӣ ҳол омада буданд, ҳатто яке аз шоирони мо дар мақолааш бо фиғон навишта буд, ки: – Дар кӯчаҳои Хоруғ искилетҳо мегарданд. Худи мо дар Душанбе барои нон дар таги дари мағозаҳои нон аз аввали шаб навбат мегирифтем. Ҳамсояҳоямон дар бинои зисти нависандагон гуруснагӣ мекашиданд. Шукри Худо, ки ҳамааш паси сар шуд.
Ҳоло ҳам аз рӯи маълумоти СММ дар кишварҳои дигар – Амрикои ҷанубӣ, Африқо, Осиё қариб як миллиард одам азоби гуруснагӣ мекашад, яъне аз ҳар нуҳ нафар одами сайёра як нафар гурусна аст.
Акнун баргардем, ба саргузашти худи шеъри “Талбаки талбидаам”. Ман онро дар канори Баҳри Сиёҳ, дар Хонаи эҷодиёти Питсунда навиштаам, ва нисбат ба бобҳои дигари достон хеле ба осонӣ ва зуд, шояд барои он ки мавод шиносу худӣ буду онро хуб омӯхта будам. Вазну лаҳни ин бобро ман аз рӯзи дафни дӯсти шоирам Ҳабибулло Файзуллои 32 сола гирифтаам, ки дар роҳи Кӯлоб – Душанбе дар садами мошин ҳалок шуду ман аз Душанбе барои дафнаш рафта будам. Он рӯз, дар Ховалинг, дар ҳавлии падариаш, наъши ӯро зери дарахти бузурге гузошта буданд, ва занони деҳа ба сари ӯ навҳагарӣ мекарданд, ки дилҳо хун мешуданд. Он дар хотири мани дилхун ҳам барои як умр нақш баста буд, ва ман дар ин боб баробари модари Талбак, ки ба сари наъши писараш навҳа мекунад, ба марги дӯсти ҷавонмарги худ нола кардаам. Ҳамин тариқ, яке аз муаассиртарин бобҳои достон ба вуҷуд омадааст.
Ин бобро ман дар бисёр вохӯриҳои адабиам хондаам ва эҳсосоту бардошти шунавандагону хонандагонро аз он медонам. Ҳангоми тоза навишта тамом кардани достон мо – ду нафарро, мисли ин ки нафари дувум шоир Зиё Абдулло буд, донишҷӯёни Донишгоҳи (ҳоло) миллӣ ба бинои хобгоҳи худ ба вохӯри даъват карданд. Дар толор донишҷӯёни афғонистонӣ ҳам буданд, вақте ки ин байтро хондам:
Дорад ӯ равшан чароғи хонаи меҳри падар,
Бошадаш дар зиндагӣ рӯҳи падар имдодгар.–
донишҷӯёни афғонистонӣ қарс заданд, азбаски шунавандагони мо маъмулан дар охири шеър қарс мезананд, ман аввал дар ҳайрат шудаму зуд фаҳмидам, ки онҳо барои байт қарс мезанананд, на барои тамом кардани сухан, ва ба ишораи сар сипос гуфтаму хонданамро давом додам. Аммо ин шеър на ҳамеша ин гуна истиқбол шудааст.
Баъд аз баррасии “Достони Нону Имон” дар Иттифоқи нависандагон, ки онро даҳ-понздаҳ нафар шоири саршинос хонда буданд, он барои чоп ба маҷаллаи “Садои Шарқ” тавсия шуд. Ман баъзе бобҳои онро дар рӯзномаву маҷаллаҳои дигар ҳам ба чоп додам, ҳамин боби “Талбаки талбидаам”-ро рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” чоп карда буд. Рӯзе ба утоқи кори устод Муъмин Қаноат даромадам ва рӯи мизашон ҳамин бобро дидам, ки аз рӯзнома бурида гирифта шуда, зери ҳар калимаву ҳар сатраш хатти сурх кашида аломати суол ҳам гузошта шуда буд, яъне ҳамаи он гӯё хато буд. Ман ба маънои суол ба устод, ки сигор дар даст дар утоқ қадам мезаданд, нигоҳ кардам, ки гуфтанд: – Инро ба Кумитаи марказӣ фиристодаанд, аз он ҷо ба мо фиристоданд, ки ҷавоб нависем. Пурсидам, ки: – Агар махфӣ нест, чӣ ҷавоб менависед. Гуфтанд: – Менависам, ки аз анҷуман то анҷумани нависандагон ин беҳтарин шеъре, ки ба вуҷуд омадааст. Ман ва устод ҳам медонистем, ки ин корро кӣ мекунад, ва он аввалин бор ҳам набуд, ва ин далели нуқси равонӣ доштани он муаллиф буд, зеро ҳеҷ мумкин набуд, як бобе ки зиёда аз сад мисраъ иборат асту аз баррассии он қадар шоирони саршинос гузаштааст ва онро рӯзномаи муътабартарини ҳизбӣ чоп кардааст, ақаллан як сатр ё як калимаи сиҳат надошта бошад, ки ба зери ҳамааш хат кашанду суол гузоранд.
Он нафаре ки ин корро карда буд, хабарнигори радио буд ва ба таври худаш шеър ҳам менавишт ва ба ҳафтавори “Адабиёт ва санъат” меовард, ки чоп намешуд. Боре ба назди ман, ки сардабир будам, даромада хеле даъво кард, вале ҳарфашро гузаронида натавониста, аз назди ман баромада, ба назди устод Қаноат рафта, он касро ба ҷону ҳолашон намонда имзояшонро гирифтааст ва дар долони иттифоқ ба ман рӯ ба рӯ омада, парпанакзанон гуфт, ки: – Ана, Қаноат имзо карданд, акнун чоп мекунӣ! Ман медонистам, ки Қаноат ба ихтиёри худ дар ду дунё ба ин хел навишта имзо намекунанд, гуфтам, ки: – Рав, Қаноат дар рӯзномаи худашон чоп кунанд, ман намекунам. Ӯ ҳам ҷавобам дод: – Ҳоло ҳамту, ана акнун мебинӣ! Баъд аз ин ҳар навиштаи ман, ки дар матбуот пайдо мешуд, ҳатман барида гирифта мешуду ба ҳамон гуна хаткашиданҳо ба Кумитаи марказӣ фиристода мешуд ва аз он ҷо ба Иттифоқи нависандагон меомад. Маълум аст, ки номашро наменавишт, он вақт мактубҳои беимзо ҳам тафтиш мешуд, танҳо дар замони ошкорбаёнӣ тафтиши мактубҳои беимзо аз миён бардошта шуд ва навиштаҳои ман ҳам аз дасти ӯ халос хӯрданд, аммо ин гуна муносибат дар шаклҳои дигар боз ҳам давом мекард. Сабабаш ҳам маълум, ҳамон буд, ки гуфтам, беҳунари бисёре, ки ба “Адабиёт ва санъат” “асараш”-ро меоварду чоп намешуд, ба ҳамин роҳҳо аз сардабир – Аскар Ҳаким қасос гирифтанӣ мешуд. Якеи дигари ин гуна қасосҳо ҳам ба ҳамин шеър вобаста буд.
Охири солҳои ҳаштоди асри гузашта шоирони эронӣ – Сиёвуши Касроӣ ва Жола Бадеъ, ки дар Москва мезистанд, ба Душанбе ташриф оварда буданд ва Иттифоқи нависандагон марвидро муносиб ёфта, зеро арафаи ҷашни Наврӯз буд, бо иштироки онҳо дар Кохи Борбад маҳфили шеър баргузор кард. Ба хаёлам, ҳашт-нуҳ нафар шоир ҳамроҳи меҳмонон ба саҳна баромада, ҷой гирифтем. Толору балконҳо лабрези шунавандаҳо буд, тақрибан дувуним ҳазор одам. Устод Лоиқ барандаи маҳфил буданд. Маслиҳат карда будем, ки яктоӣ шеър хонем, ё то панҷ-шаш дақиқа, зеро бисёр будем. Ман ҳам як шеъри “Забони тоҷикӣ”-ро хонданӣ будам. Маҳфил оғоз шуду як вақт устод Лоиқ хатчаи қаткардаеро, ки ба рӯяш номам навишта шуда буд, ба ман дароз кард. Кушода хонам, дар он чунин навишта шуда буд: – Шумо дар байни шоирон чӣ кор мекунед? Дар ин гуна ҳолатҳо дар ман аксуламали шадид пайдо мешавад, ва ман дар дил ба ӯ гуфтам, ки: – Ҳоло ман ба ту нишон медиҳам, ки дар ин ҷо чӣ кор мекунам. Ва ҳамон лаҳза қарор кардам, ки шеъри “Талбаки талбидаам”-ро мехонам, зеро яке аз суннатҳои Наврӯз ёд кардани гузаштагони нек аст, ки Талбак ҳамин гуна ҷавони ҷонфидо буд. Навбати ман, ки эълон шуд, бо гуфтани як-ду ҷумлаи мухтасар ба хондани шеър оғоз кардам ва азбаски сахт барангехта шуда будам, шеърро ниҳоят пурэҳсосу пуртаъсир мехондам, чун тамом кардам, толорро чунон кафкӯбии пурмавҷи дуру дароз фаро гирифт, ки ғайримуқоиса буд. Омада дар ҷоям нишастам, аммо кафкӯбӣ ҳеҷ каму паст намешуд, устод Лоиқ аз ҷо бархост, ки иктифо кунанд, аммо нашуд, ба ман муроҷиат кард, ки: – Аскар, хуб, биё боз як шеъри дигар хон. Назди баландгӯяк омада маъзарат хоста, гуфтам, ки: – Дӯстони азиз, сипос, аммо ман аллакай реҷаро вайрон кардам, ба ҷои панҷ-шаш дақиқа, 14-15 дақиқа (хондани он шеър ҳамин қадар давом мекунад), се баробар зиёдтар шеър хондам, акнун навбати дигарон аст. Кафкӯбӣ хомӯш нашуд, маҷбур шудам, шеъри дуюм – “Забони тоҷикӣ”-ро ҳам хонам. Ин бандро, ки хондам:
Аслу буди хешро манзури олам кардааст
Тоҷики сарводапарвар бо забони модарӣ.
То забонаш зинда бошад боз ҳам садсолаҳо,
Боядаш чун Рӯдакӣ соҳибқирони дигаре. –
Сиёвуши Касроӣ қарс зад. Ҳамин тариқ, ин шеър ҳам бо ҳамон гуна истиқбол рӯ ба рӯ омад, вале ман ба ҷоям омада нишастаму дигар барнахостам. Шеърхонии дигарон давом мекард, ки устод Лоиқ ба ман боз хатчае дароз кард, кушода бинам, ки боз ҳамон ҳусни хат ва навишта, ки: – Чӣ, магар ин ҷо азост, ки шумо марсия мехонед? Хостам, аз ҷо баланд шаваму гӯям, ки: – Агар мардӣ, аз ҷо бихез, то ҳама бинандат, ва ман хатчаатро хонаму ба ту як гӯшмоли сахте бидиҳам, ки як умр фаромӯш накунӣ, вале нахостам ба рӯҳияи идонаи маҳфил латма занам.
Соли 2020