Руҷуи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Фатҳулло Аҳмадов

 

Домани деҳро шафақ сурхӣ задаст,

Шуд баланд аз ҳавлие овози тир.

Тирандозе ба дунё омадаст,

Гашт шодон аҳли деҳ – барнову пир.

 

… Шоми Седлес[1] пурғубору тафта буд,

Аскарон се бор тир андохтанд.

Тирандозе зи дунё рафта буд,

Ҳамсилоҳон сар ба зер андохтанд.

 

Муждаи мавлуди ман буд бонги тир,

Бояд акнун тирандозӣ кунам.

Пиру барно шод буд аз рӯйи ман,

Дар ризои халқи хеш акнун манам.

 

Суннати бобоии мо буду бас

Тирандозӣ ба мавлуди писар.

Аз кишоварзӣ вале моро набуд

Пешаи боқадру волои дигар.

 

Ҳар кӣ дон афшонд бар пушти замин,

Пуштибони зиндагияш хонд ӯ.

Боровар кард ҳар кас хокро,

Аз ҳама болотараш биншонд ӯ.

 

 

 

Як замон чун тифли раҳгардон шудам,

Дод бар дастам падар дасти сипор,

То намонам дар ҷаҳон бе дастгир,

То шавам муҳтоҷро ҳоҷатбарор.

 

Пой мондам аз раҳи огард ман,

То раҳи огард бошад пойдор.

Буд чун пиндору чун гуфтори нек,

Буд чун кирдори некам кишту кор.

 

Омадам мардона бар дашти набард

Ҳамчу деҳқонзода аз дашти шиёр,

Базмҷӯ будам, шудам ман размҷӯ,

Барзгар будам, шудам ҷангисавор.

 

Ҳаст дар дастам кунун дасти туфанг,

Дар дифои меҳанастам ҷонгарав.

Донфишонӣ буд корам бар замин,

Тухми душман мекунам акнун дарав.

 

Садқаат, Ласточкаи[2] зебои ман,

Ҳамраҳу ҳампойи ман, аспи бидав.

Ҷуфти оҳан[3] монд дар майдони кишт,

Ман дар ин ҷо гирамат банди ҷилав.

 

Гоҳ меғӯтем мо дар ботлоқ,

Банд мегардем гоҳе дар шибар.

Бо азобам мекашӣ аз коми марг,

Гашта дар обу арақҳо ғӯтавар.

 

Эй рафиқи ҳамнасибам, зинда бош,

Сад ҳазор аҳсант тамкини туро.

Чун маро дар ҳарб таҳсин мекунанд,

Ҳақ бувад, гӯянд таҳсини туро.

 

Бар «Шараф»[4] то ман мушарраф гаштаам,

Сад шараф бодат, «Шараф» аз они туст.

Ман варо бар қоши зинат мезанам,

Нусрати ман баски аз паймони туст.

 

Арзи худро гуфта будам бар штаб,

То фиристандам ба полки тоҷикон.

Ҳамчу як ҷангисавори халқи хеш

То кунам бо хасм ҷанги беамон.

 

Роҳи ҷанги ман дарозу сахт буд,

То Лаҳистон омад аз хоки Сибир.

З-оташи мо сӯхт се танки адӯ,

Муртади бисёрро кардем қир.

 

То бидонад қадри озодии ман,

Бисту шаш фошистро кардам асир.

Дигарам аз марг ҳаргиз бок нест,

Марг андар куштани ман кард дер.

 

Мехазам ин лаҳза бар сӯйи ДЗОТ,

Андруша,[5] дӯстам, эй шермард,

Чашми тангаш ташнаи ҷонҳои мост,

Боядаш дар хоки тира гӯр кард.

 

 

Мову ту ҷанговарони хом не,

Пухтаем андар набарди бешумор.

Кай шиносад лек тири ҷонситон

Фарқи хому пухтаро дар корзор.

 

Ман ҷавони ишқ новарзидаам,

Андруша, лек аз хотир мабар,

Лилия – духтарчаи сесолаат,

Сер хоҳад дидани рӯйи падар.

 

Ҳар чӣ бошад дар насиби мо, ба пеш,

Офарин ӯро, ки мирад қаҳрамон,

Лек бар он қаҳрамон сад офарин,

К-ӯ ба рағми хасм монад зиндаҷон.

 

Дар дили мо ҷӯши ишқи зиндагист,

Дар забони мо бувад номи ҳаёт.

Зиндагисоз аст он ки бишнавад

З-ин қиёми ҳашр пайғоми ҳаёт.

 

Хандаҳои ДЗОТ марговар бувад,

Марг бар он хандае, ки маргзост.

Байни мову ДЗОТ роҳе кӯтаҳ аст,

Байни мову ДЗОТ раҳ беинтиҳост.

 

То сипоҳи мо аз ин ҷо бигзарад,

Қарзи мо – то он расидан зиндаҷон.

Баҳри таркониданаш гар сар ниҳем,

Сарбаланд оянд з-ин раҳ зиндагон.

 

Мерасад акнун варо партоби ман,

Мекашам банди гулӯла аз камар,

Дарзамон таркид чашми танги он,

Буд зери хоку шуд зеру забар.

Гарчи аз захми сарам хун меравад,

Нашъаи пирӯзиям бахшад мадор.

Ё Худо, боз ин чӣ ғурроси балост –

Мехазад танки адӯ аз бешазор.

 

Ин зиреҳпӯш аст, кай таркад зи пеш,

Боядаш тарконд аз банди камар.

Банду пайвандаш чунон аз ҳам канам,

То наёбад ҳеҷ пайванде дигар.

 

Метаровад хуни гармам аз ҷабин,

Сурх гардад пеши чашмам ҳар нафас.

Меравам гӯё ки аз ҳолу мадор,

Мешавад гӯё ки кӯтаҳтар нафас.

 

На, набояд монам андар нимароҳ,

Мардӣ, охир, раҳ ба мақсад бурдан аст.

То ба охир бурд бояд роҳи хеш,

Мунтаҳояш гарчи ҷон биспурдан аст.

 

Эй ту, хоки кишвари ноошно,

Ошноӣ кун ба марди хокпош,

Ман, ки хоки мурда сабзонидаам,

Ҷони сабзамро нигаҳдоранда бош.

 

Ӯ маро… ё ман варо… бояд занем,

Гарчи он ҳам нест танки охирин,

Лек ҷангад мард бояд ончунон,

Гарчи ҷангаш нест ҷанги охирин.

 

Эй ту хоки зиндагибахшо, мадад,

Аз ту бошад мурдаам, ҳам зиндаам.

Бори охир зӯри поистан бидеҳ,

Баъд аз ин бо зӯри худ пояндаам.

Даст меёзам ба зӯри вопасин,

Бо гулӯла мезанам танки адӯ.

Дуд хезад аз камаргаҳ то сараш,

Бар сари ман осмон ояд фурӯ.

 

Андруша… ин туӣ… шукри насиб,

Мекашӣ берунам аз майдони ҷанг.

Он тараф гӯё ки гандумзор буд,

Аз чӣ дар чашмам намояд лоларанг.

 

Ин, ки аз дурӣ расад, овози чист,

Шиҳаи Ласточкаам дорад суроғ,

Монд оташ модарам ё дар танӯр,

Бӯйи нони гарм ояд бар димоғ.

 

Ё магар саҳрою хирманҷост он

Дарзаҳои гандум ояд дар назар.

Андруша, бистарам кун дарзае,

То шавам аз бӯйи гандум баҳравар.

 

Мерасад бӯйи ҳаёт аз дарзаҳо,

Ман ба рӯйи дарза мехобам дароз.

Дӯстам, Ласточкаам, дар ҷовидон

Ту маро бо шиҳаат бедор соз.

 

Хоб рафту кас дигар ӯро надид,

Хоб рафт ӯ, хоби беозор рафт.

Дарза гашта ё ба хирманҷой монд,

Ё бишуд саҳрои гандумзор…

 

[1] Седлес – шаҳр дар Лаҳистон, ки Ф.Аҳмадов он ҷо қаҳрамонона ҳалок шудааст.

 

[2] Ласточка (Парасту) – номи аспи Ф.Аҳмадов.

[3] Ҷуфти оҳан – трактор.

[4] Шараф – Ордени Шараф.

[5] Андрей Клименко – разведкачӣ, ҳамсилоҳи Ф.Аҳмадов.