Васил Биков

 СОТНИКОВ

I

 Онҳо аз роҳи хилват ва барфпӯши ҷангал мерафтанд, ки дар он аллакай аз нақши суми асп, лезаки чана ё пои инсон ҳатто асаре намонда буд. Аз ин ҷо, эҳтимол, дар тобистон ҳам кам мегузаштанд, ҳоло бошад, пас аз бӯронҳои дуру дарози моҳи феврал ҳамаро барф пӯшида буд ва агар ин ҷангали дарахтони сӯзанбарг ва хадангзор намебуд – вай ба ду тараф каҷу килеб ақиб рафта, шабона як роҳрави хираравшан мекушод – роҳ будани онро фаҳмидан душвор мешуд. Ҳар чӣ ҳам бошад, онҳо хато накарданд. Рыбак аз байни буттаҳои урён ва дар оғӯши торикӣ монда, он ҷойҳоеро, ки тирамоҳ дида, дар хотир нигоҳ дошта буд, торафт бештар мешинохт. Он вақт ӯ ва боз чор нафар аз гурӯҳи Смоляков  аз ин роҳ гузашта, ба умеди ягон хел хӯрокворӣ ба даст овардан, ба сӯи хутор мерафтанд. Ана, ҳамон ҷаричаи шинос, ки онҳо се кас дар лабаш нишаста, бехавф будани ҳаракати дигаронро, ки бояд он ду нафари пештар рафта бо ишора хабар медоданд, мунтазир шуда, тамоку мекашиданд. Акнун ба ҷарича фуромада намешуд: барфе, ки бӯрон рӯфта оварда буд, аз лаби он бомгӯша барин ба поён овезон шуда, дар нишебии ҷарича дарахтони урён то худи нӯгашон ба барф ғӯтида буданд.

Аз паҳлу аз болои дарахтони сӯзанбарг, дар осмон нимаи моҳи хира, ки қариб равшание надода, дар чашмакзании сарди ситораҳо фақат базӯр йилтиррос мезад, сабук лағжида мерафт. Вале ҳамроҳи он кас худро дар ин шаб он қадар танҳо ҳис намекард ва чунин менамуд, ки онҳоро дар ин роҳ ягон шахси зинда ва меҳрубон ҳамсафари дилхоҳ шуда бошад. Дуртар аз ҷангал, ки дарахтони сӯзанбарг, буттаҳо, ким-чӣ хел сояҳои номуайян ва шохаҳои парешон ба ҳам печида буданд, торик метофт; дар наздиктар бошад, роҳ дар сафедии барфи тоза бе душворӣ ба назар менамуд. Роҳ аз чунин ҷои касногузар гузашта, роҳгардиро душвор кунад ҳам, аз тасодуфҳо эмин медошт ва Рибак фикр мекард, ки гумон аст дар ин ҷои дурдаст онҳоро ягон кас поида истода бошад. Ҳар чӣ бошад ҳам, ҳушёр шудан шарт, махсусан, пас аз воқеаи Глиняни, ки дар наздикии он ду соат пештар қариб ба немисҳо бархӯрда буданд. Хушбахтона, дар назди тавораи деҳа марде дучор омада, ҳезумкаше аз хавф огоҳ кард ва онҳо ба тарафи ҷангал тоб хӯрда, то ба ин роҳ баромадан дар паттазорҳо дуру дароз роҳгум заданд.

Бо вуҷуди ин задухӯрди тасодуфӣ дар ҷангал ва ё дар саҳро Рибакро он қадар наметарсонд: онҳо яроқ доштанд. Дуруст аст, ки тирашон кам, вале илоҷи дигар набуд: онҳое, ки дар ботлоқи Горелий монданд, аз захираи кам дар ками худ чизи дода метавонистагиашонро доданд. Ҳоло ба ғайр аз панҷ тире, ки дар карабин буд, дар кисаҳои нимпӯстини Рибак боз се тирдони дигар ҷиринг-ҷиринг мекард ва ҳамин қадари дигар дар Сотников буд. Афсӯс, граната нагирифтанд, шояд даркор ҳам нашавад, онҳо ҳарду то саҳар дар лагер мешаванд. Ба ҳар ҳол аз нобарории корашон дар Глиняни камтар дер монданашонро ҳис мекард ва бояд шитоб мекарданд, аммо ҳамроҳаш наметавонист.

Вақте ки онҳо аз ҷангал мерафтанд, Рибак аз пушти худ ҳамвора сулфаи паст ва часпаки ӯро мешунид, ки баъзан аз наздик ва баъзан аз дуртар ба гӯш мерасид. Ана, ӯ тамоман хомӯш шуд ва Рибак қадамашро сусттар карда, ба ақиб нигарист – Сотников хеле қафо монда, дар торикии шаб базӯр кашол шуда меомад. Рибак бетоқатии худро фурӯ нишонда, лаҳзае нигарист ва дид, ки вай чӣ тавр, дар пой мӯзаи соқаш намадин ва пошнааш каҷшуда, пилоткаи аскариашро то ҳуди гӯшҳояш фуроварда, аз рӯи барф беҳолона кашол шуда меояд. Дар ин сармои шаби хомӯш зуд-зуд ва ба душворӣ нафас кашидани ӯ аз дур ба гӯш мерасид ва Сотников акнун аз роҳ бозистода бошад ҳам, онро то ҳол бартараф карда наметавонист.

– Хӯш, чӣ хел? Азоб не?

– Э! – базӯр ва номуайян гуфт ӯ ва милтиқро дар кафаш дуруст кард. – Дур аст ҳоло?

Рибак ба ҷавоб додан шитоб накарда, аввал ба андоми лоғари ҳамроҳаш, ки аз рӯи шинели кӯтоҳ тасмаро таранг баста буд, озмоишкорона нигарист. Вай медонист, ки ӯ хаста шуда бошад ҳам, иқрор накарда, худашро бардам нишон медиҳад: хайр, мегузарад гуфта, хаёл мекунад, то ки дигарон ба ӯ дилсӯзӣ накунанд. Сотников, дигараш як тараф истад, иззати нафси баланд ва аз ҳад зиёд гарданшахӣ дошт. Вай ба ин супориш ҳам қисман аз рӯи ҳамин иззати баланди нафси худ омада монд, вақте ки командир дар назди гулхан ба Рибак ҳамроҳ интихоб мекард, Сотников бемор бошад ҳам, ба ӯ дар ин бора чизе гуфтан нахост. Аввал ду нафар ҷеғ зада шуданд. – Вдоветс ва Глушенко, лекин Вдоветс навакак қисмҳои пулемёташро ба тоза кардан сар карда буд, Глушенко бошад, тар будани пойтобаашро баҳона кард: барои об рафта, то зону ба ботлоқ ғӯтидааст. Он гоҳ командир Сотниковро ном гирифт ва ӯ хомӯш аз ҷой хест. Вақте ки онҳо аллакай дар роҳ буданд, Сотниковро сулфа безор кардан гирифт ва Рибак пурсид. – Модом ки он ду нафар рад карданд, чаро ту хомӯш нишастӣ. Сотников ҷавоб дод: «Барои он рад накардам, ки он ду нафар рад карданд». Ин ба Рибак он қадар фаҳмо набуд ва ӯ каме истода фикр кард, ки умуман ҷои хавотир кашидан не: вай дар пояш истодааст, ба сулфааш аҳамият додан чӣ ҳоҷат, дар ҷанг аз шамол хӯрдан намемиранд. Ба ягон манзил расида, гарм мешавад, картошкаи гарм мехӯрад ва бетобиаш дидам–надидам гузашта меравад.

– Ҳеҷ гап не, наздик шудем, – рӯҳбаланд карданӣ шуда гуфт Рибак ва тоб хӯрд, ки роҳро давом диҳад.

Вале ӯ як қадам ҳам намонда, Сотниковро боз сулфа гирифт ва даруннокӣ дуру дароз сулфа кард. Ӯ, то ки худашро дорад, хам шуда, даҳонашро бо остинаш маҳкам кард, вале сулфааш аз ин фақат сахттар шуд.

– Барф хӯр, вай сулфаро мебурад, – маслиҳат дод Рибак.

Сотников бо хурӯҷи сулфаи синахарош мубориза карда, як каф барфро гирифта макид ва сулфааш дар ҳақиқат каме ором гирифт.

– Бало занад! Ҳамин ки часпид, торс кафам, мегӯӣ!

Рибак аввалин бор бо хавотир қавоқ андохт, вале чизе нагуфт ва онҳо ба роҳ даромаданд.

Аз ҷарича ба тарафи роҳ нақши пой қатор шуда мерафт ва Рибак ба он нигариста фаҳмид, ки аз ин ҷо ба наздикӣ гург гузаштааст. (Шояд вайро ҳам манзили одам ба тараф худ мекашад – ба вай ҳам дар ин хунукии ҷангал осон нест). Онҳо аз роҳ канортар баромада, баъд аз рӯи он нақш, ки дар ин шаби туманолуди намнок на фақат роҳро нишон медод, балки ҷойҳои камбарфро ҳам муайян менамуд, пеш рафтан гирифтанд: гург ҷои камбарфро бехато муайян карда буд. Роҳи онҳо ба охир мерасид, ҳамин замон хутор ҳам мебоист намудор шавад ва ин ба Рибак рӯҳи тоза ва хурсандӣ мебахшид.

– Дар ин ҷо Люба гуфтанӣ духтар зиндагӣ мекунад, духтар не, оташ! – бо овози паст гуфт вай, рӯяшро нагардонда.

– Чӣ? – нашунид Сотников.

– Духтараке ҳаст мегӯям, дар хутор. Дидан ҳамоно касалиатро фаромӯш мекунӣ.

– Ту ҳоло фикри духтарро ҳам дорӣ?

Сотников, ки аз қафо базӯр кашола шуда мерафт, сарашро поён андохт ва китфаш бештар хамида шуд. Аз афташ, ҳоло тамоми диққати ӯ танҳо ба он равона буд, ки қадаммониашро гум накунад, суръати ҳаракати метавонистагиашро суст нагардонад.

– Хайр, набошад чӣ! Фақат як хӯрок мехӯрем...

Вале ба ёд овардани хӯрок ҳам ба Сотников, ки боз қафо мемонд, таъсире набахшид ва Рибак қадамашро сусттар карда, ба қафо нигарист.

– Медонӣ, шаб дар ботлоқ пинак равам, нон хоб дидам. Буханкаи гарм дар бағалам. Бедор шуда фаҳмам, гармии гулхан будааст. Ҳазор афсӯс...

– Чӣ ҷои ҳайрат, – бо овози паст илова кард Сотников. – Як ҳафта боз ҷавдори буғпаз мехӯрем...

– Ҳоло ҳамон ҷавдори буғпаз ҳам тамом шудааст. Дишаб Гронский боқимондаашро тақсим карда дод, – гуфт Рибак ва ин дафъа кӯшиш кард дар бораи чизе ки дар ҳақиқат диққати ӯро ба худ мекашид, сухан ба миён наоварад ва хомӯш монд.

Ба замми ин ҳозир вақти гап ҳам набуд. Ҷангал ба охир расида, роҳ ба саҳро мебаромад. Онтарафтар, дар як тарафи роҳ, паттазори хурде доман паҳн карда буд ва дар ботлоқ бедбуттаҳои паст руста буданд, ки роҳ аз назди онҳо сӯи теппача тоб хӯрда мерафт. Рибак интизор буд, ки ана ҳозир аз паси хадангзор боми сӯрохи бедахона намоён мешавад, дар он ҷо, дар паси чиғ ҳавлии саройдоре ҳаст, ки  манҷаниқи чоҳи он боло бардошта шудааст. Агар нӯги манҷаниқ боло бошад – ҳама кор хуб аст, даромадан мумкин; агар аз чангакаш ба девораи чӯбии чоҳ баста шуда бошад, қафо гаштан даркор – дар ҳавлӣ бегонаҳо ҳастанд. Ҳар чӣ набошад, як вақт бо амаки Роман ҳамин хел шарт карда буданд. Дуруст аст, ки ин кайҳо буд, онҳо тирамоҳ боз ба ин ҷо наомада, дар ҷойҳои дигар, дар он тарафи роҳи сангфарш мегаштанд, то даме, ки гуруснагӣ ва жандармҳо онҳоро таъқиб карда, боз ба ҳамон ҷое оварданд, ки як моҳ пеш аз он ҷо ронда буданд.

Рибак тез-тез қадам монда ба хамгашти роҳ расид ва ба тарафи теппача гашт. Нақши пои гург ҳам рӯ-рӯи барф ба ҷониби хутор тоб хӯрда буд. Маълум, ки гург наздикии манзилро ҳис карда, аз канори роҳ, ба буттазор ҷафс шуда, боэҳтиёт ва реза-реза қадам монда рафтааст. Воқеан, Рибак акнун ба роҳ нигоҳ намекард – ҳама диққати вай ҳоло ба пеш, ба он ҷое ки паттазор ба охир мерасид, равона шуда буд.

Ниҳоят ӯ саросема аз нишебӣ болои теппача баромада, ҳамон замон андешид, ки шояд хато карда бошад – эҳтимол, иморатҳои хутор каме дуртар бошанд. Дар роҳи на он қадар шинос бисёр мешавад, ки баъзе қисмҳои он аз хотир мераванд ва он гоҳ роҳ аз будааш наздиктар менамояд. Рибак боз қадаммониашро тезтар кард, вале Сотников аз нав қафо мемонд. Аммо Рибак акнун ба Сотников аҳамият намедод – баногоҳ ва гӯё бе ҳеҷ сабаб ӯро хавфу ҳаросе фаро гирифт.

Дар ин хирагии шаб, чунонки дар пеш дигар биноҳо наменамоянд, бедахона низ ба назар намерасид, вале боди шадид якчанд бор вазида, аз он ҷо бӯи сӯхтагии тунду тезро ба димоғи раҳгузарон зад. Рибак аввал фикр кард, ки ба ӯ ҳамин тавр намудагист, ин бӯй шояд аз ягон ҷои ҷангал расида бошад. Вай боз ягон сад қадам рафта, зӯр мезад, ки аз байни паттазорҳо бомҳои шиноси барфпӯши хонаҳоро бинад. Лекин умеди ӯ барабас рафт – хутор набуд. Вале боз бӯи сӯхтагӣ омад ва он бӯи дуду оташи нав не, балки бӯи мутааффини ангишту хокистари хомӯшгардида буд. Рибак хато накардани худро фаҳмида, бо нимовоз ҳақорате дод ва аз миёни роҳ тозон рафт, то даме ки ба тавора барнахӯрд.

Тавора дар ҷояш буд – чанд ҷуфт мехи чӯбие, ки ходаҳо бо химча ба он баста шуда буданд, аз таки барф каҷу килеб намуда меистоданд. Дар ин ҷо дар паси полези картошка, ки ҳоло дар ҷои он барфтӯдаи баланде қад афрохтааст, як вақтҳо ҳамон бедахона буд. Ҷо-ҷо ким-чӣ дӯнг–дӯнг ва пасту баланд сиёҳӣ мекард – чӯбҳои нимсӯхта буданд магар? На он қадар дуртар, дар он ҷое ки иморатҳо ва себзори ҷавон ба назар мерасид, теппачаҳои барфпӯш буданд, ки аз байни онҳо бухории нимвайрону урён ба як тарзи нозебу бемаъно ба чашм мехӯрд.

Рибак дар дил ҳақорати худро давом дода, дар назди тавора як лаҳза истод ва ба зудӣ нафаҳмид, ки дар ин ҷо чӣ ҳодиса рӯй дода бошад. Дар пеши чашмони вай манзараи манзили инсон, ки фароғати оддии деҳқониро таҷассум мекард, бо хонааш, бо даҳлезаш, бо бухории калони дудолудаш, ки дар назди он пиразан Мелания ҷунбуҷӯл карда, самбӯса мепухт, намоён шуд. Вайҳо он вақт дар роҳ нағзакак хӯрок хӯрда буданд ва дар рӯи бухории хиштин бемӯза нишаста, Любаҷони хандонро, ки бо чормағзи ҷангалӣ онҳоро зиёфат мекард, механдонданд. Ҳоло дар пеши онҳо ҷои сӯхта хокистаршудае буду бас.

– Палидон!

Рибак карахтии лаҳзагиашро бартараф карда, ба болои хода гузашта ба назди бухорӣ омад, ки кулоҳи барфӣ дошт. Ин қабати ғафси барф, ки дар рӯи дамгири бухорӣ хобида ва ҳатто даҳани онро маҳкам карда буд, ба назар тамоман бемаънӣ метофт. Дудкаши бухорӣ набуд, аз афташ вақти сӯхтор афтода ва ҳоло ҳамроҳи нимсӯхтаҳои зери барф теппачаеро ташкил дода буд.

Дар ин фурсат Сотников ҳам расида омад ва дар назди тавора каме истода, аз рӯи барфи тозаи ҳавлӣ ба тарафи девораи чоҳ рафт. Чоҳ, эҳтимол, дар харобкории дар ин ҷо ба наздикӣ воқеъшуда ягона чизе буд, ки зарар наёфтааст. Манҷаниқаш ҳам дуруст буд. Чангаки болошудааш аз дами шамоли сард оҳиста-оҳиста алвонҷ мехӯрд. Рибак бо алам сатили холии сӯрохро бо мӯзааш як лагад зада, соғуи аробаи шикаста ва бечархро, ки барф нимпӯш карда буд, давр зада гузашт. Дар ин ҷо дигар чизи ба даст меовардагӣ набуд, чизеро ки оташ насӯхтааст, эҳтимол, одамон бурдаанд. Ҳавлӣ сӯхта хокистар шудааст ва дар он акнун касе нест. Аз инсон осоре ҳам намондааст, дар гирди тавора фақат изи гург буд – эҳтимол, вай ҳам ба ин хутори бадбахт қасде доштааст.

– Ба замин яксон кардаанд! – ғамгинона ба назди чоҳ баргашта ғурунгос зад Рибак.

– Касе сирро ошкор кардааст, – бо овози гирифта гуфт Сотников. Вай паҳлу ба девори чӯбии чоҳ дода, аз хунукӣ меларзид ва ҳамин ки сулфааш меомад, хирроси қафаси синааш, ки ба садои гармони вайрон шабоҳат дошт, ба гӯш мерасид. Рибак дасташро ба киса андохта, дар байни тирҳо як каф ҷавдори буғпазро ҷамъ овард, ки боқимондаи ҳиссаи имрӯзаи вай буд.

– Мехоҳӣ?

Сотников дасти худро начандон бо рағбат дароз кард ва Рибак ба он аз кафи худ ҷавдор рехт. Ҳарду хомӯшона ба хоидани донаҳои сард ва мулоим сар карданд.

Акнун эҳтимоли ба таври ҷиддӣ омад накардани кори онҳо бештар мешуд ва Рибак фикр кард, ки ноомади кор дигар тасодуфӣ нест: маълум мешавад, ки немисҳо отрядро сахт тазъиқ кардаанд. Гурусна мондани ин ду нафар он қадар аҳамияте надошт, фикри онҳое, ки дар ботлоқ хунук хӯрда гуруснагӣ мекашанд, азобашон медод. Одамон дар ин як ҳафтаи ҷанг беша ба беша давутоз карда аз ҳол рафта, аз бенонӣ бо як картошка лоғар ва ба замми ин боз чаҳор нафарашон маҷрӯҳ шуда буданд, ки ду нафари онҳоро ба сароча бор карда мебурданд. Гӯё ин кам бошад, онҳоро боз полису жандармҳо чунон печонда гирифта буданд, ки аз ҳеҷ ҷо сар бароварда намешуд. То даме ки аз ҷангал мерафтанд, Рибак фикр мекард, ки эҳтимол ин тарафи ҷангал баста нашуда бошад ва аз он ба деҳа гузаштан мумкин шавад, ки дар он тараф ҳар чӣ набошад, хутор ҳаст. Ана ҳоло умеди хутор барбод рафта, дуртар, дар се километр мавзее буд, ки дар он ҷо гарнизони полисҳо ҷой гирифта, атрофаш майдонҳои бедолу дарахт буд ва роҳи онҳо аз ҳамон ҷо мегузашт.

Ҷавдорро то охир хоида, Рибак баргашта ба Сотников ташвишомез нигарист.

– Аҳволат чӣ хел? Бад бошад, қафо гард. Ман шояд ба ягон деҳа расам.

– Як худат?

– Як худам, хайр чӣ? Дасти холӣ барнамегардем-ку?...

Сотников аз хунукӣ меларзид: дар шамол сардӣ боз ҳам сахттар таъсир мекард. Вай барои он ки илоҷе карда, боқимондаи гармии баданашро нигоҳ дорад, дастони сармохӯрдаашро ба даруни остинҳои васеи шинелаш чуқуртар медаровард.

– Чаро ту ягон телпаки дурусттар наёфтӣ? Ин гарм мекунад, магар? – бо коҳиш гуфт Рибак.

– Дар ҷангал телпак намерӯяд-ку.

– Бо вуҷуди ин ҳар мардаки деҳа телпак дорад.

Сотников зуд ҷавоб надод.

– Кашида гирифтан шарт нест. Дигар хел ҳам мумкин.

– Хайр, рафтем, – гуфтугӯро бурид Сотников.

Онҳо аз болои тавора гузашта, якбора ба майдон баромаданд. Сотников боз ҳам хамтар шуда, сари хурди  пилоткадори худро ба гиребонаш дарунтар кашида, кӯшиш мекард, ки роҳравон рӯи худро аз шамол гардонад. Рибак аз ким-куҷои бағалаш дастпоккуни чип–чиркини пайтобамонандро бароварда афшонд ва ба ҳамроҳаш рӯй овард.

– Ма, гарданатро печон. Ҳар чӣ набошад, гармтар мешавад.

– Хайр, моне...

– Ма, ма! Набошад, тамоман ях мекунӣ.

Сотников бо дили нохоҳам истод, милтиқашро дар байни зонуҳояш фишурда, бо ангуштони аз хунукӣ шахшудаи худ як навъ карда, гарданашро бо дастпоккун печонд.

– Ана! – бо қаноатмандӣ гуфт Рибак. – Акнун биё як ба тарафи Гузакӣ зӯр мезанем. То он ҷо аз ду километр зиёд не. Кӯшиш мекунем, ки ягон чиз ёбем, ҳеҷ мумкин не ки...