2

Дашт назар ба ҷангал боз ҳам хунуктар буд, аз рӯ ба рӯ шамоли на он қадар сахт, вале хунуки сӯзон мевазид, ки аз он дастони бедастпӯшак ба дарду сӯзиш медаромаданд. Сотников онҳоро ҳар қадар гоҳ дар кисса, гоҳ дар остин, гоҳ дар бағал андозад ҳам, боз хунук мехӯрданд. Дар ин ҳол ва махсусан, гӯшҳоро зуд хунук занондан хеле осон буд ва Сотников аз дард рӯй турш карда онҳоро ба остини моҳутии шинел молиш дод. Ӯ аз пойҳояш хавотир набуд: онҳо аз роҳравӣ гарм мешуданд. Дуруст аст, ки ду панҷаи сармозаи пои росташ карахт шуда, чизеро ҳис намекарданд, вале онҳо пештар ҳам доимо аз хунукӣ карахт шуда дар гармӣ ба дард медаромаданд. Вале ҳоло дар ин хунукӣ ҳама аъзои бадани шамолхӯрдаи ӯ ниҳоят тоқатшикан дард карда, илова бар ин боз ба ларза даромад.

Боз бахти онҳо тофта буд–барфи дашт сахт буду на он қадар баланд, онҳо қариб ҳама ҷо рӯ-рӯи барф мерафтанд, фақат, баъзан ҷо-ҷо гоҳ як пой ва гоҳ пои дигарашон қабати сахтшудаи рӯи барфро шикаста ба он меғӯтид. Акнун онҳо қад-қади буттаҳои бурган аз пастхамӣ поён мерафтанд. Майдон нисбат ба ҷангал равшантар, торикии хокистарии шаффоф васеътар паҳн шуда, дар поён, дар рӯи барф шохаҳои аз шамол хушкшудаи бурган гоҳ-гоҳ ба назар мерасиданд. Чоряк соат нагузашта, дар пеш, дар наздикии дарё буттазоре сиёҳӣ кард, ки аз буттаҳои хаданг ва ё бед ба ҳам меомад ва онҳо шитоб накарда, ба сӯи он буттазор рафтанд.

Сотников худро торафт бадтар ҳис мекард: сараш чарх мезад, гоҳ-гоҳ дар шуураш гӯё ким-чӣ чӯкида фурӯ мерафт, риштаи хотирааш канда мешуд ва он дам вай дар як муддати кӯтоҳ фаромӯш мекард, ки дар куҷост ва ҳамроҳаш кист. Эҳтимол, бо ин аҳволи ӯ ба ҷангал баргаштан ва ё умуман аз ҷангал набаромадан зарур буд, вале ӯ ба таври ҷиддӣ нотоб шудани худро ба гӯшаи хаёлаш оварда ҳам наметавонист. Ҳаминаш монда буд, ки дар ҷанг бемор шавад. Аз онҳо ҳеҷ кас ба ин дараҷа бемор нашуда буд, ки ӯро аз супориш ва боз махсусан, аз ҳамин хел супориши дупула озод карда бошанд. Бисёриҳо месулфиданд, шамол мехӯрданд, лекин шамол хӯрдан дар ҷангал бетобӣ ҳисоб намешуд. Аз ин рӯ, Сотников он вақт, дар он ҷо, дар назди гулхани ботлоқ, ки командир фамилияи ӯро гирифта ҷеғ зад, дар бораи беморӣ фикр накард. Ба деҳа барои хӯрокворӣ рафтанро фаҳмида, ҳатто хурсанд шуд, чунки тамоми ин рӯзҳо гурусна буд ва ба замми ин дар хонае имконияти ягон соат сахт гарм шудан ҳавасашро меовард.

Ана гарм ҳам шуд.

Ҳар чӣ ҳам бошад, дар ҷангал аҳволаш сабуктар буд, дар ин ҷо, дар шамол ӯ худро тамоман бад ҳис кард ва ҳатто тарсид, ки афтоданаш мумкин аст: сараш ниҳоят сахт чарх мезад ва ӯ аз беқувватӣ мекалавид.

– Аҳволат чӣ тавр?

Рибак истода, ба қафояш нигарист. Ӯро мунтазир шуд ва аз ин як саволи одии вай, ки ба он ҷавоб додан зарур ҳам набуд, дар дили Сотников гармӣ пайдо шуд. Ӯ аз ваҷҳи ҳамроҳи худ бисёртар метарсид, мабодо ба вай бори сарзиёдӣ шавад, ҳарчанд медонист, ки агар аҳволаш бисёр бад шавад, ҳеҷ касро заҳмат надода, илоҷи худашро худаш меёбад. Ҳатто Рибакро, ки гӯё ба ӯ умед бастан мумкин аст, заҳмат намедиҳад. Пас аз он ки ба наздикӣ роҳи сангфаршро гузашта, қафо гаштани боқимондаи отряди торуморшударо таъмин мекарданд, онҳо ба якдигар ким-чӣ хел наздик шуданд ва баъд рӯзҳои охир якҷоя буданд. Эҳтимол, аз ҳамин сабаб ба ин супориш ҳамроҳ афтоданд.

– Ҳамин ки нишебиро гузаштем, аз паси он баландӣ деҳа мебарояд. Акнун дур нест, – то ин ки баробар равад, Рибак қадамашро суст карда, рӯҳи ӯро мебардошт.

Сотников ба ӯ расида гирифт ва онҳо ҳамроҳ аз нишебӣ роҳи худро давом доданд. Барф дар ин ҷо нисбат ба теппача баландтар буд ва пойҳо қабати тунуки онро бисёртар мешикастанд; моҳ акнун ба тахтапушти онҳо равшанӣ меафканд. Шамол дар саросари дашти пурбарф бошиддат сайр мекард, барҳои кӯтоҳи шинел ба зонуҳои сармохӯрдаи Сотников сахт-сахт бармехӯрданд. Рибак банохост ба рафиқаш рӯй овард:

– Якзайл пурсидан мехоҳаму ... дар армия ту кӣ будӣ? Албатта қаторӣ не-а?

– Командири баталион будам.

– Дар қӯшунҳои пиёда?

– Дар артиллерия.

– Ин хел бошад, ҳамааш маълум: кам роҳ гаштаӣ. Ана ман ҳама вақт дар сафи пиёдагардҳо қадам мезанам.

– То куҷо расидӣ? – роҳи худро ба тарафи шарқ ба ёд оварда, пурсид Сотников.

Вале Рибак инро дигар хел фаҳмид.

– Чунонки мебинӣ. Старшина будам, қаторӣ шудам. Ту сирф ҳарбӣ ҳастӣ?

– Он қадар ҳам не. То соли сиюнуҳум дар мактаб кор мекардам.

– Чӣ, институтро тамом кардаӣ?

– Институти муаллимиро. Дусола.

– Ман бошам, медонӣ, фақат панҷ синф маълумот дорам. Ҳамон ҳам...

Рибак гапашро тамом накарда, банохост бо ҳар ду пояш ғӯтида рафт, бо овози на он қадар баланд ҳақорат дода, аз канортар роҳ гирифт. Якбора буттазор, бедбуттаҳо ва наистон сар шуданд, барф ковоктар гардида, одамро қариб ҳеҷ дар болои худ нигоҳ намедошт: дар таги по ботлоқ будагӣ барин буд. Сотников беҷуръатона истод – вай намедонист, ки ба куҷо пой монад.

– Аз паси ман, аз паси ман биё. Аз рӯи из гардӣ, осонтар мешавад, – ба сӯи буттазор таноби роҳ кашида, аз дур гуфт Рибак.

Онҳо дар роҳи нишеби васеъ то аз қамишзори сармозада, ки беором хишир-хишир мекард ва аз дарёчаи барфпӯшида гузаштанд ва боз аз нав бо пойҳои худ барфи ковок ва баландро парешон карда, ба алафзор баромаданд, Сотников тамоман беҳол шуда, вазнин-вазнин нафас мекашид ва то ба охир расидани ботлоқзор ва сар шудани дашт худро бо азоб нигоҳ медошт. Ниҳоят буттазор қафо монд ва аз пеш баландие баромад, ки барфаш кам буд. Вале маълум шуд, ки боло рафтан осон набудааст. Сотниковро торафт хастагӣ фаро мегирифт, дар ӯ ба ҳама чизи олам ким-чӣ хел беаҳамиятӣ пайдо шуд. Дар гӯшҳояш як садои кашолдор – ё аз шамол, ё аз хастаӣ ҷарангос мезад ва ӯ, то наафтад, тамоми иродаашро ҷамъ карда, худро ба ҳаракат водор менамуд.

Дар миёнҷои нишебии дуру дароз аҳволаш тамоман бад шуд: пойҳояш суст гардиданд. Хайрият, ки дар ин ҷо барф камтар, ҷо-ҷо вайро шамол тамоман рӯфта бурдааст ва дар зери мӯзаи ӯ ҷойҳои пурчангу лойолуди урён ба назар менамуданд. Рибак хеле пеш рафт – эҳтимол, кӯшиш мекард, ки ба болои теппа расад ва ба атроф нигарад, ки бояд аз он ҷо деҳа менамуд. Бо вуҷуди ин вай то қулла нарасида истод. Ба Сотников чунин вонамуд, ки ӯ дар он ҷо чизеро дид, ки аз ин ҷо чӣ будани онро   аниқ кардан душвор буд. Теппаи пурбарф ба сӯи осмони пурситора сар мекашид ва дар он ҷо, дар кадом нуқтае бо он меомехт ва дар хираравшании шаб нопадид мешуд. Дар қафо, дар зери туман ҳамвории фарох доман паҳн карда, дар он ҷо-ҷо тасмаи буттазорҳо, бо тарҳи хираи доғҳои мубҳам, сояҳои норавшан ва боз дуртар, ки аз ин ҷо қариб ба назар намерасид, ҷангали убур кардаи онҳо нопадид гашта буд. Он ҷангал хеле дур буд, шаб замини атроф саросар ях мебаст ва агар ҳодисае рӯй диҳад, аз ҳеҷ ҷо мададе намерасид.

Рибак ҳоло ҳам, то даме ки Сотников илоҷе карда ба назди ӯ кашола шуда омад, рӯяшро аз шамол гардонида меистод. Вай акнун аз рӯи нақши пои ӯ намерафт – ба ҳар ҷое ки рост ояд, по мемонд, фақат кӯшиш мекард, ки наафтад. Ва расида омада баногоҳ дид: роҳ дар зери пояш буд.

Онҳо ба ҳамдигар чизе нагуфтанд, истода гӯш доданд, нигоҳ карданд ва оҳиста-оҳиста, яке аз тарафи рост, дигаре аз тарафи чап боло рафтанд. Роҳ эҳтимол, ба деҳа мебурд – маълум мешавад, ки акнун дар роҳ наафтода, ба деҳа расидан мумкин аст. Дар атроф ҳамон фарохии шаффофи шаб – саҳрои хокистарранг, барф, нимторикие, ки дар он сояҳои номуайяни бисёре ҳамдигарро иваз мекунанд ва доғҳои мубҳам буданду халос. Дар ҳеҷ ҷо оташаке ба назар намерасид, ҳама ҷо дар сукут, хомӯш, ором ва гӯё замин дар худ пинҳон шуда буд.

– Исто!

Сотников як қадам гузошта, шах шуда монд, дар таги мӯзаи ӯ барф кӯтоҳакак хиширрос зад ва боз оромӣ ба миён омад. Дар паҳлу Рибак хомӯшу беҳаракат меистод. Аз ким-куҷои ҳамон тараф, ки роҳ тӯл кашида мерафт, садои номафҳуме ба гӯш расид – вай овози кандае буд, ки дар шаби сармо як садо дода, хомӯш шуд. Онҳо ба торикии шаб боизтироб нигаристанд, гӯё каме пештар, дар пастхамӣ деҳа буд: дар торикӣ як тирагии бесулуқай тасмаи каҷу килеб барин хира метофт. Лекин дар он ҷо ягон чизи муайянро дидан имкон надошт.

Онҳо ҳар ду дар ҳолате ки дар ҳақиқат садо будан ва ё ба онҳо вонамуд шудани онро намефаҳмиданд, ба пеш нигариста, дар роҳ шах шуда монданд. Дар атроф, дар байни бурганҳо шамол найкашӣ дошт ва шаб шаби хомӯши сарде буд. Ва баногоҳ аз сари нав, ин дафъа аз пештара нисбатан муайянтар садои одам ба гӯш расид, ки оҳанги фармон ва ё ҳақорат дошт ва баъди он аз дур садои тир баланд шуда, акси он ба тамоми саҳро паҳн шуда рафт ва ҳамаи шубҳаи онҳоро барҳам зад.

Рибак чизеро пай бурда, бо сабукӣ нафасашро рост кард ва Сотников, шояд аз он ки дуру дароз нафасашро нигоҳ медошт, ба сулфа сар кард.

Вай ҳар қадар кӯшиш мекард, ки сулфаашро нигоҳ дорад, вале намешуд, ӯ як дақиқа ба атроф гӯш дод, ки садоҳои нав ба гӯш мерасанд ё не ва беором сулфид. Дуруст аст, бе ин ҳам маълум буд, ки ин садои тир аст: охир дар ин нимашабӣ дар деҳа ғайр аз немисҳо ва нӯкарони онҳо дигар кӣ тирпарронӣ мекунад? Аз ин мебарояд, ки дар ин самт ҳам роҳи онҳо баста буда, қафо гаштанашон даркор аст.

Аммо дигар тирпарронӣ нашуд, як-ду бор шамол ба садо монанд чизеро, ки овози гуфтугӯ ва ё фарёд буданашро аниқ фаҳмида намешуд, ба гӯш расонд. Рибак мунтазир истода, бо ғазаб аз байни дандонҳояш ба рӯи барф туф кард.

– Ҷадал мекунанд, палидон! Барои Германияи бузург.

Онҳо боз камтар ба хомӯшии шаби пурбод гӯш дода, масъалаи баъд аз ин чӣ бояд кардан ва ба куҷо рафтани худро бо ташвиш фикр мекарданд. Рибак боз гӯё ба чизе умед доштагӣ барин, ба ҳамон тарафе менигарист, ки роҳ дар торикӣ гум шуда мерафт; Сотников аз шамол рӯ гардонда, аз сармо кам-кам ба ларза даромад.

– Маълум, ки ба ин ҷо ҳоҷати даромадан нест, – қарор дод Рибак, дар рӯи барфе, ки ғарч-ғарч садо мебаровард, пойҳои худро гарангона  монугир карда: – Биё, аз ҳамин нишебӣ равем-чӣ? Ба ёдам ҳаст, ки дар ҳамин гирду атроф бояд боз як деҳа бошад.

– Рафтем, – кӯтоҳакак розӣ шуд Сотников ва аз хунукӣ  китфонаш ларзида рафт.

Барои вай ба куҷо рафтан фарқ надошт, фақат дар ин шамоле ки то мағзи устухон мерасид,  наистад, шуд. Ҳиссиёти вай, чун дар хоб, кунд мешуд, сараш пештара барин чарх мезад. Акнун тамоми кӯшиши вай фақат ба он сарф мешуд, ки пешпо нахӯрад, наафтад, дар акси ҳол вай, бешубҳа, дигар хеста наметавонад.

Онҳо аз роҳ тоб хӯрда, ба саҳрои пурбарф ба он тарафе, ки ким-чӣ хел буттазори васеъ сиёҳӣ мекард, равона шуданд. Дар аввал барфи нишебӣ камтар, то буҷулаки пой буд ва баъд торафт, махсусан, дар пастхамиҳо, баландтар мешуд. Хушбахтона, пастхамӣ он қадар васеъ набудааст, онҳо вайро зуд гузашта, ба тарафи буттазори тунук гузаштанд ва қад-қади он, вале ба он наздик нашуда, роҳ гирифтанд. Сотников ин мавзеъро хуб намедонист ва аз ҳамин сабаб аз ҳар ҷиҳат ба Рибак  умед баста буд, ки ӯ ин ҷоро ҳанӯз тирамоҳ, вақте ки отряди на он қадар калони онҳо дар ботлоқи Горелий қувва ҷамъ мекард, бо пайроҳаҳои махфӣ давр зада баромада буд. Ин отряд дар роҳ кори худро аз амалиёти вайронкории на он қадар калон сар карда, пас ба корҳои муҳимтар машғул шуда, кӯпруки Ислянкаро тарконд, заводи зағирпоякоркуниро сӯзонд, вале баъде ки кадом як хизматчии калони немисро кушт, истилогарон ба шӯру ташвиш афтоданд. Охири моҳи ноябр се ротаи жандармҳо ботлоқи Горелийро печонда гирифта, ба ҳуҷумҳои ногаҳонӣ сар карданд, ки дар натиҷа онҳо ротаи жандармҳоро ба зӯр рахна карда, дар ҷангали ҳамсояи Борков паноҳ бурданд.

Лекин он вақт Сотников аз ин ҷо хеле дур ва дар бораи партизанӣ фикр карданаш даргумон буд. Вай сеюм бор кӯшиш мекард, ки хатти фронтро бурида гузарад, аз армия берун мондани худро аз фикраш ҳам гузаронида наметавонист. Дувоздаҳ шабонарӯз боз гурӯҳи на он қадар калони артиллериячиён, ки аз корпуси як вақтҳо пурқуввати полки артиллерӣ боқӣ монда буд, аз поёни Слоним ба тарафи шарқ мерафт. Вале полк ҳангоми аз Березина гузаштанаш аз камин қариб пурра қир карда шуда буд ва онҳое ки безарар монданд ва ё ба қаъри дарё нарафтанд, ба асорати немисҳо афтоданд. Сотников ё аз хушбахтӣ ва ё аз бадбахтӣ, ки дар қатори ҳамин охиринҳо буд.

Бале, онҳо тӯпчиёни ӯ, разведкачиҳо, оташзанҳо ва алоқачиҳо бачаҳои олиҷанобе буданд. Ӯ ҳамроҳи онҳо тамоми сол аз тайёрии ҳарбӣ, маҳорат ва нишонзании амиқ дар машқҳои полк, армия ва машқҳои намунавӣ аз сардорон фақат баҳои аъло мегирифт. Фикр мекарданд, ки ҷанг сар шавад, ғалабаи дурахшони онҳо таъмин аст, орденҳо, мақолаҳои шуҳратовари рӯзнома ва ҳама чизҳои дигар тайёр мебошад, ки онҳо дар ҳақиқат ба онҳо омода буда, ба ҳамаи ин чизҳо, бешубҳа, меарзиданд. Ҳар чӣ бошад ҳам, аз дигарон дида, арзандатар буданд.

Вале дар ҷанг ҳамааш дигар тавр шуд. Ҳамин тавр шуд, ки дар ихтиёри батарея сонияҳои башумор монда буд ва ба натиҷаи калонтарин ҳамонҳое расиданд, ки зудтар нишон гирифта тавонистанд, чолокона тир ҷой карданд ва ниҳоят чобукӣ карда, ҳангоме ки дастонашон меларзид, худашонро гум накарданд.

Рибак бо қатъият пешопеш, қад-қади доманаи ҷангал мерафт. Сотников боз камтар қафо монд, мӯзаи кӯҳнаи вай, ки ба ӯ аз партизани ҳаминҷоии кушташуда расида буд, дар сахтии рӯи барф якнавохт хашар–хушур мекард. Роҳи онҳо ба поён мерафт, шамол акнун аз як тараф мевазид, дар осмон моҳ як зайл хираравшанӣ мекард. Ҳаво пештара барин хунук буд, шамол мевазид, Сотников худро дарҳам кашида, дарунаш шах шуда буд. Чунин менамуд, ки вай ҳеҷ вақт ин хел хунуки сабилмондаро надидааст, ки дар ин шаби феврал медид. Аз хастаҳолӣ,  хишир-хишири якнавохти бурганзор ва шамол сараш ғуввос зада, дар он ибораҳои номафҳум ва гуфтугӯҳо ба ҳам меомехтанд. Баъзан дар ин бетартибии хираи фикрҳои ӯ аз гузаштааш чизе равшан намудор мешуд...

Барои Сотников аз ҳама бадтаринаш, ин аввалин ва охирин будани ҷангест, ки ба он комбат дар давоми тамоми хизмати ҳарбии худ тайёр мешуд. Вале таассуфангез он буд, ки ин ҷангали шум боз як бори дигар он санаи доимӣ, вале бисёр вақт ба ҳисоб гирифтанашавандаро муқаррар кард, на фақат қувват, балки беқувватии армия, ин ҳар ду, шояд натиҷаи ба эътибор гирифтани таҷрибаи ҷангҳои пешина аст.

Эҳтимол, хусусияти ҳар ҷанги минбаъдаро на он қадар қонуниятҳои доимии пешина, балки он ҳодисаҳои мустасно ва ғайричашмдоште, ки ба ҳисоб гирифта нашудаанд, вале ғалабаю мағлубияти ҷанг ба онҳо вобаста аст, муайян менамояд. Афсӯс, инро Сотников хеле дер фаҳмид, вақте фаҳмид, ки аллакай дарси кӯтоҳи илми ҷангии вай барояш бефоида буд ва тамоми қувваи батареяи ӯ ба тӯдаи филизоти қатупат мубаддал гашта, дар роҳи сангфарши поёни Слоним мехобид.

Ҳамаи ин ҳоло чун хоби мудҳиш бадвоҳима менамуд, ҳарчанд пас аз он боз дидани санҷишҳои даҳшатноктар ҳам дар қисмати ӯ будааст, вале он ҷанги нахустин ҳеҷ аз хотири ӯ намерафт.

... Рӯзи чаҳорум буд, ки сафи полк тарақ-туруқкунон аз роҳҳои ҷангал ва қишлоқ кашола шуда, ба тарафи ғарб мерафт, баъд ба ҷануб гашт, вале даҳ километр ҳам нарафта буд, ки онро ба тарафи шимол гардонданд. Ғурроси якзайли тракторҳо гирду атрофро пахш карда буд, об дар радиаторҳо гарм шуда меҷӯшид, рӯи ҷанговарон аз арақ ва чанг месӯхт. Саҳар то шом авиатсияи немис болои сарашон буд, – «юнкерсҳо» сафро беист бомбаборон мекарданд. Дар роҳ ҳама дар зери хоку гил монда буд, мошинҳои вазнини ҳарбӣ бӯи бад бароварда месӯхтанд; зарарнадидаашон беист гузашта мерафтанд: саф ҳаракати худро бознамедошт. Ҷанговарон аз болои мошинҳо аз милтиқҳо ба боло бетартиб тир холӣ мекарданд, лекин аз ин тирпарронӣ фоида кам буд. Онҳо ҳатто самолётҳоро барои болотар паридан маҷбур карда наметавонистанд, онҳо аз болои роҳ қариб ба дарахтҳо расида мегузаштанд.

Сотников дар трактори сари батарея менишаст ва фармони аз ин роҳи наҳс фуромадан ва саф кушода паҳн шудани батареяро чун наҷот ва бахти бузург мунтазир буд. Ана он вақт вай немисҳоро пешвоз мегирифт. Вай ба сари онҳо чунон чизе фурӯ мерехт, ки дар хобашон ҳам надида бошанд. Вале ҳатто фармони истодан ҳам набуд, полк ҳаракат мекарду ҳаракат мекард ва ҳар ду соат дар болои онҳо «юнкерсҳо» ва «хекелҳо» бори худро густохона холӣ менамуданд, ки ҳамаи ин қувваи оташфишон дар назди онҳо илоҷе надошт.

Ҳамин тариқ охирин шаби саргардонии онҳо дар роҳҳои ғарбии Белоруссия фаро расид.

Полк акунун он полки пештара набуд: чанд расчет нобуд шуд, дар роҳ қариб рост ба болои тӯпи батареяи ӯ бомба афтода, онро пора-пора карда партофт. Дуруст аст, ки ҳоло сетояш дар ифоқа буд, ҳарчанд ҷо-ҷои зиреҳҳояшон пачақ, тасмачархҳо канда ва дар милу қисмҳои аслӣ ва номутаҳаррики худ паи бисёри тир доштанд. Равғандони аз тир сӯрохдоштаи тӯпи дуюм ба чакидан сар кард. Нафарони батарея чор каси кушташударо аз қафо, дар притсеп, дар болои қуттии гулӯлаҳо мебурданд, ҳафт нафари маҷрӯҳшударо ба ақибгоҳ фиристода буданд. Ҳар чӣ бошад ҳам, инҳо талафоти калонтарин набуданд, аҳволи батареяҳои дигар боз бадтар буд. Колоннаи полк қариб нисф кам шуда, чанд тӯп дар роҳ монда буд: тракторҳои вайрон онҳоро кашида наметавонистанд, эҳтиётиаш набуд. Ҳоло қариб тамоми шаб ба тарафи шарқ мерафтанд ва ин аломати бад дошт: ёрдамчии сардори штаб аз қуттии ӯ тамоку кашида ишорае кард, ки дар муҳосираанд, дар ҳақиқат ба ин монанд буд. Ҷанговарон тамоми чаҳор шабонарӯз нахобида буданд, баъзеҳо дар болои қисмҳои аслӣ ва номутаҳаррики тӯп нишаста, қарибии саҳар камтар пинак рафтанд – агар ин номуайянии вазъият, ки дар болои полк чун марги муфоҷот доман густарда буд, набошад, шаб аз ҳама вақти ором буд. Пеш аз субҳ, дар ким кадом қишлоқ исти кӯтоҳе карданд, аз пеш пиёдагардҳо меомаданд; на он қадар дуртар дар торикии шаб кадом як чизи авиатсия оташзада бо алангаи рахшоне, ки нисфи осмонро гирифта буд, месӯхт. Мегуфтанд, ки истгоҳ аст. Ҳеҷ кас ба онҳо ҳеҷ чиро нафаҳмонд, маълум буд, ки командирҳо аз ҷанговарон бисёртар намедонанд, вале одамон худ аз худ фаҳмиданд, ки немисҳо тамоман наздиканд. Дере нагузашта командири полк майор Парахневич сафро ба паҳлу, ба роҳе гардонд, ки дар ду тарафаш бед шинонда буданд. Ба ҷануб, ба кадом як манзили номаълум равона шуданд. Шабона бе авиатсия оромтар буд, декин онҳо кару кӯр буданд: аз ғурроси тракторҳо ҳеҷ чизро шунида намешуд, дар торикии шаби тобистон бошад, бисёр чиз ба назар наменамояд. Пеш аз субҳ Сотников дигар тоқат карда натавониста, дар курсӣ ба пинак рафта буд, ки ӯро таркиши раъдосое дар канори роҳ аз оғӯши хоб канда гирифт. Ба сару рӯи комбат хок ва мавҷи гарми таркиш бархӯрд, ӯ ҳамон лаҳза парида хест: «Комсомолетс» ба тарафи тасмачархи росташ хеле фурӯ рафта буд. Ва дар ҳамон ҷо сар шуд...

Баробари дамидани субҳ, ки аз паси бедҳо як бари осмон ба ранги кабуди дурахшон ва саҳрои ҷавдор хокистарӣ метофт, аз ким-куҷо, аз пеш, аз сари саф, онҳоро танкҳо ба тирборон сар карданд. Сотников аз трактор поён наҷаҳида, дар паҳлу аллакай  тягачи батареяи сеюм аланга гирифт, тӯпи вазнини қалъазан ба чуқурӣ ғӯтида рафт. Ӯ, ки аз зарби таркишҳои наздик гӯшҳояш қулф зада буд, ба батарея фармон дод, ки ба тарафи чап ва рост гарданд, вале ба тӯпҳои бесулуқай дар ин як роҳи танг тоб хӯрдан он қадар осон набуд. Расчети дуюм ҷӯйборро гузашта, ба тарафи ҷавдор шитофт ва худи ҳамон лаҳза ба трактораш ду гулӯла зада таркид, тӯпи вазнини қалъазан чаппа ва чархҳояш ба осмон шуд. Субҳ аз алангаи дурахшони тракторҳои оташгирифта равшан мешуд, ниҳолон аз паси дуд наменамуданд – полкро дар роҳ танкҳо тирборон мекарданд.

Бадтарин воқиае, ки шуданаш мумкин буд, ҳамин буд, – онҳо нобуд мешуданд, вале тамоми қувваи офташфишони онҳо қариб ҳеҷ ба истифода нарафта мемонд. Сотников фаҳмид, ки онҳо чанд сонияи кӯтоҳе дар ихтиёр доранд, илоҷе карда, тӯпи охирини сиҳатмондаро дар худи болои роҳ гардонд ва пояҳояшро мустаҳкам накарда, баробари ҷилди милашро кашидан бо гулӯлаи вазнин паронд. Дар аввал дар куҷо будани танкҳоро дидан ҳам имкон надошт: мошинҳои пешгард месӯхтанд, аз он ҷанговарони сиҳатмонда мегурехтанд, дар пеш дуд ва тракторҳои қатупатшуда барои нишон гирифтан халал мерасониданд. Ҳарчӣ ҳам бошад, вай пас аз ним дақиқа аввалин танки немисро дид, ки аз он тарафи ҷӯйбор оҳиста хазида меомад ва мили  гулӯлапарронашро гардонида, ба саф аз уреб беист тир мепаронд. Сотников нишонзанро ба як тараф тела дода (ба тӯп гулӯла ҷой карда шуда буд), мили ғафси тӯпро ба азобе бо дастони ларзон то охир тоб дода, дар ин пагоҳии дудолуду хираравшан ниҳоят он чизи бадҳайбатро дар миёнаи чорраҳа дарёфт ва ба нишон гирифт.

Садои тири ӯ чун раъд гулдурос зада рафт, тӯп ӯро сахт ба қафо тела дода, ба ҷоғаш сахтакак зад; дар поён, аз зери позаҳои номустаҳкам, аз сангҳо шарора ҷаст, як поя бо позаҳои худ ба лаби ҷӯйбор чуқур фурӯ рафт, дигараш дар болои роҳ овезон монда буд. Вай аз байни чанге, ки аз парондани тир хеста буд, ҳоло чизеро дида натавониста бошад ҳам, чӣ хел бо хурсандӣ фарёд задани нишонзанро шунида фаҳмид, ки тираш ба нишон расидааст. Вай ҳамон лаҳза ба болои тӯп хам шуда дид, ки аз паси роҳ танки дуюм қариб тамоми доираи биниши онро бо худ панаҳ карда, ҳаракат мекунад, мили тӯпро ба пешонии калони хокистарии он рост кард – танк дар дурбин ниҳоят наздик менамуд – ва фарёд зад: «Оташ!» Нишонзан ҳамон лаҳза амал кард ва аз садои тир боз гӯшҳояш руст шуданд, вале ин дафъа ӯ худашро аз болои тӯп ба як тараф гирифта тавонист ва аз байни чанги пеши мил дид, ки ҳамон чизе ки то як сонияи паронидани тир танк буд, чӣ тавр чун пӯчоқи тухм қасаррос зада, аз таркиши дохилии худ ба ҳар сӯ пора-пора шуда рафт. Тӯпи дағали вазнин, ки барои аз ақибгоҳи дур парондан буд, бо гулӯлаи пурқудрати худ танкро пора-пора карда партофт.

Онҳоро баногоҳ шавқу ҳаяҷони муваффақияти ҷангӣ фаро гирифт. Онҳо дигар ба талафоти худ, ба кушташудагон ва маҷрӯҳон, ки дар рӯи қайроқсанги чангзеркарда ба хуни худ ҷӯлида мехобиданд, бо оташе, ки техникаи онҳоро фурӯ мебурд, бо сели тире, ки аз танкҳо фурӯ мерехт, аҳамият надода, бо чанд расчети безарармонда бо танкҳо ба ҷанги нобаробар даромаданд. Дар ин муддат субҳ равшан шуд, акнун ҷои нишон мегирифтагиро дидан мумкин буд. Дар он сӯи роҳ чанд сӯхтор дудолуд аланга мезад: мошинҳои немисҳо месӯхтанд.

Сотников шаш гулӯлаи вазнин паронд ва боз ду танки дигарро майда–майда карда партофт. Лекин кадом як ҳисси бешуурона, ки аз наздикии хатар  пуршиддаттар шуда буд, ба ӯ хабар медод, ки барорашон поён ёфта истодааст, он сонияҳоеро, ки қисмат ва ё тасодуф ба ӯ бахшида буданд, ӯ пурра истифода кард ва минбаъд дуюм ва сеюм гулӯлае, ки аз танк мепарад, ба ӯ равона хоҳад шуд. Дар пеш, эҳтимол, аллакай зиндаҳо намонда буданд, аз он ҷо охирин шуда командири полк кашола шуда омад ва пояи тӯпро хунолуд карда, лағжида афтод; дар паҳлу дар ҷӯйбор чанд ҷанговар сӯрохии танкҳоро нишон гирифта, қарс-қарс тир холӣ мекарданд. Дар назди қуттиҳо тиркаш Коготков сар ба замин афтода мехобид, дар қафо дигар ҳеҷ кас набуд. Ин вақт Сотников худаш бо зону ба тарафи қуттии гулӯла рафт. Бо вуҷуди ин вай то он ҷо хазида рафта натафонист, аз қафо садои гӯшкаркунандае баланд шуд, мавҷи фишори сахти таркиш ӯро ба рӯи қайроқсанг парчин кард ва чанд сония дуру дароз роҳро пардаи сиёҳӣ нафасгир бо худ пӯшонд. Ӯ аз чангу хок нафастанг шуда бо вуҷуди ин бо як зарраи шуур дар кард, ки зиндааст ва ҳамон замон дар зери пошхӯрдаҳои лою хок, ки аз боло ба сараш фурӯ мерехтанд, ба сӯи тӯп давид. Вале тӯп дар лаби чуқурӣ яклаба шуда базӯр меистод, аз таркиш милаш ба як тараф тоб хӯрда резини чамбараки чарх бӯи бад бароварда месӯхт. Ана он вақт ӯ фаҳмид, ки бо ҳамин кор тамом аст. Вай ҳанӯз он қадар дуруст намедонист, ки худаш сиҳат мондааст ё не, вале ҳис мекард, ки кар шудааст: таркишҳои атроф гӯё ба паси девори ғафси овозногузар рафтанд, садоҳои дигар якбора гум шуданд, сараш дуру дароз ва дардовар ғуввос мезад. Аз бинияш хун намоён шуд, вай онро ба рӯи чиркинаш молид ва аз роҳ лағжида ба ҷӯйбор фуромад. Аз муқобил, аз паси бедҳо, эҳтимол, тасмачархҳои танке ки ӯро зада буд, вазнин-вазнин ҳаракат карда меомад. Шамоли тозаи пагоҳӣ фағонаҳои дуди сиёҳро, ки аз  трактори сӯхта мехест, паҳн менамуд, атроф бӯи солярка ва таркиш, бӯи тротил мекард, дар китфи командири мурдаи полк гимнастёрка дудкунон месӯхт.

Сотников аз ин торумори ногаҳонӣ моту мабҳут шуда, дақиқае ба танкҳои немис, ки аз он тарафи роҳ мехазиданд, ба рақамҳои сиёҳу сафед ва нақши салиби аз рӯи қолиб кандашудаи онҳо гарангона нигариста монд. Ва ҳамон вақт касе аз остини ӯ кашид. Ӯ сарашро гардонд – дар пеши ӯ рӯи сиёҳ ва хунолудаи старшинаи батарея пайдо шуд, ки фарёдкунон чизе мегуфт ва ба дастонаш ба ӯ ба ақибгоҳ, ба он ҷое ки ҷанговарон аз даруни ҷӯйбор мегурехтанд, ишора мекард.

Онҳо ҷастанд ва аз байни дуди ғализи болои роҳ хам шуда, ба он сӯ тохтанд...