Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
НАМОИШИ ДУЮМ
Ҳавлӣ. Платон устогӣ мекунад. Крячко медарояд.
Крячко (ба нимкатча мешинад). Нӯшиданӣ бидеҳ.
Платон (ба шиша ишора карда). Бинӯш, агар монда бошад.
Крячко. Не, аз ин не. Валерианка... Доруи дил...
Платон ба хона даромад.
Акнун зуд-зуд мегирад. (Шишаро мегирад). Онҳо чӣ менӯшанд? Шояд ба рангмол ширинкома медоданд, ки занашро ба Фёдор гузашт кунад?
Платон мебарояд, шишачаи дору ва пиёлаи обро медиҳад.
Платон. Чанд қатра? Сито?
Крячко. (нӯшида). Наҷосат! Ин сеюм ва чорум бор аст, ки маро ин тавр мегирад. Гӯё ба шонаам мех зада бошанд. (Баъд аз лаҳзае). Платон мехоҳам, маслиҳат кунам, ки минбаъд чӣ тавр зиндагӣ кунам. Туро бачаҳоят камтар ҳушёр карда монданд, акнун ту ҳам маро зудтар мефаҳмӣ... Дирӯз пагоҳӣ Ваняи маро гирифта буданд. Саг барин нӯшида, ҷанҷол кардааст, акнун сарашро метарошанд, ба дасташ ҷорӯб медиҳанд. Дар пеши назари ҳама ба кӯчарӯбӣ меандозанд. Чӣ бояд кард? Бигӯ, чӣ?.. (Ҷомро гирифта аз шиша боқии арақро рехта нӯшид). Мани падар, дар чунин ҳолат чӣ кор кунам? Гӯй... Ту охир, худатро оқил меҳисобӣ, ана акнун бигӯй... Чӣ бояд кард? Вай акнун дар пеши назари ҳама кӯча мерӯбад, ман чӣ кор мекунам?
Платон. Ту ҳам ҷорӯб ёб, дар паҳлуяш ист, ҳардуятон рӯфтан гиред.
Крячко. Ту гапро ба кадом тараф мебарӣ?
Платон. Ба кадом тарафе, ки даркор бошад, ба ҳамон тараф мебарам.
Крячко. Не. Ба дигар тараф мебарӣ. Ана, ман мегӯям! Дар тарбияи ҷавонон хатоҳо буданд. Ва ҳоло ҳам ҳастанд! Аблаҳ бо як илоҷ мехонад, ба ӯ бошад се мондан мегиранд. Чунки мактаб бо мактаби дигар мусобиқа дорад – аз рӯи дониши бачаҳо ғолиб омадан даркор аст. Аблаҳӣ карда гашт, наомӯхт ва намеомӯзад, ӯро бошад аз синф ба синф мегузаронанд, чунки аз мактаби ҳамсоя пеш гузаштан даркор аст, ин бекорхӯҷаҳоро ба комсомол ҳам қабул карданд, чунки ташкилот сабзиданаш лозим аст... Милитсияро гирем... Мана бачаи ман ба ҷамоати бад афтида монд. Чаро ин ҷамоати бад аст? Чунки милитсия дасташ дар киса бепарво мегардад. Намешавад, ки ин тавр... Милитсионер бадрафторро вохӯрад ба сараш фурорад! Не куҷо! Ҳуштакашро мекашаду аз худаш на пай ҳасту на ҳайдар, мегурезад! Ана ин ба ту нигоҳбони тартибот.
Платон. Худат озмуда медидӣ, ки писаратро ба сараш... фурорӣ?
Пауза
Крячко. Акнун зӯрам намерасад... Дилам ҳам месӯзад. Аз хурдиаш омӯхтан даркор буд. Вале чӣ тавр?
Платон. Бо меҳнат! Дасти сиҳат – саломатро чунон баста мон, ки як-ду моҳ ҳаракат накунад, пас кушо – даст беқувват мешавад, як стакан обро дошта наметавонад! Аммо писари ту на ин ки ду моҳ, балки бист сол боз ҳеҷ кор намекунад, худ аз худ маълум аст, ки маслуқ шудааст... Ӯ хӯрдану нӯшидан мехоҳад, вале кор кардан намехоҳад. Маслуқи таппа–тайёр аст.
Крячко (кафида рафта). Дигаронро ёд медиҳӣ, аз они худат чӣ? Фёдор бо духтурзан... Хурдияшро бо занаш пеш кардӣ! Маълум аст, ки салтанати ту аллакай ба футур рафтааст, ман бошам то ҳол ба ин ҷо ба тамошо меоям, ки ҳокимияти мутлақи оилавиро бинам! (Баъди пауза). Бачаҳои ту– ку меҳнат мекарданд! Ту онҳоро аз сесолагӣ ба меҳнат омӯхта будӣ, акнун чӣ шуд? Чӣ шуд? Ту барои онҳо сифри бе алиф ҳастӣ? Даҳ сифри беалиф ҳастӣ! Яъне ҳеҷ ҳастӣ. Ман аз ту ҳеҷ чизи меомӯхтагӣ надорам ва намехоҳам ҳам! Саломат бош! Ба ман ёд медиҳад, ҳол он ки оилаи худаш тамоман хароб аст.
Торик мешавад. Субҳ. Уляна дар назди миз ҷунбуҷӯл дорад. Платон дар як тараф нишаста, курткаи Павликро аз назар мегузаронад.
Уляна. Бозори хуб буд, гӯшт ҳам арзон, сабзӣ ҳам, ман барои ҳамсояамон Крячко ҳам як чиз–ним чиз харидам. Он қадар мошине омадааст, ки ҳам аз шаҳр, ҳам аз деҳа. Як кас барои хукбачаҳояшро фурӯхтан ладасавор омадааст.
Платон (тугмаи курткаро кашида–кашида мебинад). Тугмаҳояшро маҳкам кун, афтода гум мешаванд. Акнун ин хелашро намеёбӣ. Немисӣ.
Уляна. Андохтани курткаро фаромӯш кардӣ?
Платон. Фаромӯш кардам, гап тамом.
Уляна. Пурсидам, ки охир шумо куҷо меравед? Ба куҷо, Павлик? Ӯ бошад хомӯш аст... Ба автобус мешинад... Омада ист, мегӯям, ӯ бошад хомӯш аст! Ва духтарак ҳам паррандача барин ба ӯ ҷафс мешавад. Бачаро бароварда пеш кардан! Худо ҳам, мардум ҳам моро намебахшанд.
Платон. Ба сари худ зиндагӣ карданро хостааст.
Уляна. Ту дил надорӣ!
Платон ба назди репродуктор омад, мурваташро тоб дод ва ин суханҳоро шунид: «Поятонро баробари васеии китфонатон гузоред» – хомӯш кард.
Платон. Мардум кайҳо боз кор мекунанд, вай бошад «баробари васеии китфонатон».
Уляна. Онҳо дар куҷо зиндагӣ мекунанд, дар куҷо хӯрок мехӯранд? Чӣ мепӯшанд?
Платон. Зан гирифт, маълум мешавад, ки дар ин бора фикр кардааст.
Уляна. Умед дошт, ки мо мадад мекунем.
Платон. Барои чӣ мо? Ба онҳо Конститутсия дар ҳаждаҳсолагӣ ҳуқуқи интихоб карданро медиҳад, дар бистуяксолагӣ ҳар яке метавонад узви ҳукумат бошад. Ман бошам менавиштам: «Аз шонздаҳсолагӣ нони худро бояд хӯрд!» (Баъди пауза). Вагарна, ҳамааш барбод меравад. На газетаҳо, на кино, на маҷлисҳо, на лексияҳо мадад мекунанд! Агар ба меҳнат омӯхта нашуда бошад, маълум, ки маслуқ аст.
Уляна. Ҳамин Павлики мо, ба меҳнат омӯхта нашудааст? Гуноҳ аст ин тавр фикр кардан.
Платон. Пас, рӯзашро мегузаронад.
Уляна. Мо дар ҷавониамон камию костӣ кашидем. Акнун ақаллан бачаҳо...
Платон. «Мо камию костӣ кашидем. Акнун ақаллан бачаҳо...». Инро душмани Ҳукумати Шӯравӣ фикр карда баровардааст, ки бачаҳоро бадахлоқ кунад. Ба камию костӣ тоқат кардан дигар асту кор кардан дигар аст. Ва на чӣ тавре ки рост меояд, балки хуб, серу пур, бо сарбаландӣ зиндагӣ кардан даркор аст, ки дар хонаат ҳама чиз бошад ва захира ҳам бошад. Агар оилаи ман барои «Запорожетс» пул кор карда бошад, пас мо барои давлат ду «Запарожетс» кор карда додаем, ба худ як телевизор – ба давлат ду телевизор. Мо ҳар қадаре ки хуб кор кунем, барои давлат ҳамон қадар хуб аст. Бисёртар меҳнат кунем, давлат мустаҳкамтар мешавад. Арифметикаи ман аз сода ҳам содатар аст.
Уляна. Лида пагоҳ меравад, ман ба онҳо равғани хук харидам. Дар ҷои онҳо ин хелаш ёфт намешавад. Ягон се кило... ва боз баъзе чизҳо. Фақат ба ӯ вазнин намешуда бошад, мегӯям. Ӯ ҷомадон ва сумка ҳам дорад.
Пауза
Платон. Ман ҳамроҳи ӯ меравам.
Уляна. Ба куҷо?
Платон. Ба назди Пётр. Як-дурӯза меравам. Мебинам, ки чӣ тавр зиндагӣ мекунанд, чӣ тавр пули нонаша меёбад.
Пагоҳии барвақт. Саробӯстони Пётр. Ҳамин гуна таассуроте ҳосил мешавад, ки он ҳавлии Платон бошад. Хоначаи хурди пешайвондор, мизи тахтагӣ, сутунаки дастшӯякдор. Фақат курсии нарми алвонҷхӯрандаи нозуксохт ва курсиҳои рангаи тобистонаи атрофи миз зуд ба назар мерасанд. Платон дар байни ҳавлӣ нишаста, гирду атрофро аз назар мегузаронад. Ба назди миз омада нишаст ва ҳамоно ба хотираш расида бархост; санҷида дид, ки миз ба замин сахт гӯр карда шудааст. Дар рӯи ҳавлӣ гашт, гӯё барои худ коре меҷуста бошад. Виля пайдо шуд, ҷавони ҷинспӯш, мӯйдароз, гитордор, куртааш пуропури сурати нахл. Чанде ба рафтори Платон Никитич назорат кард.
Виля. Ассалом падарҷон! (Ба ҳавлӣ медарояд). Харрот? Ба назди Пётр Платонович омадед? Шумо ба ҳафтаи гузашта ваъда дода будед. Асбобатон куҷост? Ҳарчанд росташ, дар ин ҷо ҳамааш ҳаст. Ана он устохона, дар он ҷо ҳам ашё, ҳам асбоб ҳаст. Ман шунидам, хӯҷаин мехоҳад, ки ба ӯ дар ин ҷо нимкатча созанд, вале асосиаш дар болои айвонча хурӯсча созанд ва дар ду тарафаш ана ин хел (ишора)... аз чӯб нақш кунанд...
Платон. Ин ба ӯ чӣ лозим?
Виля. Дар хонаи падараш айнан ҳамин тавр аст. Вай мехоҳад, ки дар хонаи ӯ ҳама чиз ба монанди хонаи падараш бошад. Нозу нузи бузургон!
Платон. Аз рӯи фаҳмам, ин саробӯстони ӯ нест?
Виля. Ин саробӯстонро вай ҳар тобистон иҷора мегирад. Бирав, мӯйсафед, ба устохона аз хурӯсчаҳо, мурғакҳо, чӯҷаҳо ва ҳар хел нақшҳо бисоз. Пулаш бемалол, ҳар қадар хоҳӣ, медиҳанд. Онҳо пул доранд. Вале ба назари ман, ту ҳам аз камбағалҳо нестӣ?
Платон. Дар пешонаам навишта шудааст?
Виля. Бо ҳарфҳои чопӣ.
Платон. Дар боғ менишинӣ?
Виля. Бале.
Платон. Боғи шахсӣ, давлатӣ?
Виля. Падарам шахси давлатӣ, ман ҳамроҳи ӯ.
Платон. Истироҳат мекунӣ?
Виля. Кайфую.
Платон. Ким-чӣ хел сухани аҷоиб.
Виля. Бо таъбири дигар, ба бекории фараҳбахш, беташвиш, бароҳат ва оромиш машғулам.
Платон. Фаҳмидам. (Баъди пауза). Падари хушбахт!
Виля (лабханд карда). Лаззат бурдан мехоҳед?
Платон. Мехоҳам.
Виля. Ба ман чӣ тавр зиндагӣ карданро ёд диҳед. Ман саропо гӯшу ҳуш ҳастам. (Мешинад, гӯё дуру дароз гӯш медода бошад).
Платон. Агар то ҳоло ёд надода бошанд, акнун ёд дода намешавад. Номат чист?
Виля. Виля.
Платон. Месароӣ?
Виля. Сароям?
Платон. Бепул?
Виля. Фақат барои шумо. (Гиторро ҷӯр карда ба сурудан сар кард).
«Киштиҳоро мебарад боди замон
Киштиҳоро, киштиҳоро, киштиҳоро!
Як замон як зоғи пир,
Ёфт як парча панир.
Гуфт зоғи пир бар зоғи ҷавон,
Зираку ҳушёр шав, ки мебарад,
Рӯбаҳ аз ту ин паниру мехӯрад.
Киштиҳоро мебарад боди замон
Киштиҳоро, киштиҳоро, киштиҳоро!
Мегирифт аз зоғи пир.
Як ҷавонзоғе панир.
Рӯбаҳе омад, варо таъриф кард,
То панираш аз даҳон бо ҳила бурд
Киштиҳоро мебарад боди замон
Киштиҳоро, киштиҳоро, киштиҳоро!»
Консерт ба охир расид, шинос шуданамон хуш буд. Метавонед ба кор сар кунед. Ҳамин замон хӯҷаин меояд. То дидан. (Сурудхонон ба сӯи дарвоза меравад). «Киштиҳоро мебарад боди замон, Киштиҳоро, киштиҳоро, киштиҳоро!»
Платон (ӯро бо нимнигоҳ гусел карда). Гӯё он қадар бефаҳм ҳам нест... (Хонаро аз назар мегузаронад). Ба ростӣ, аз они ман барин. Дуруст аст, ки нимкатча намерасад.
Лида медарояд.
Лида. Шумо бисёр ҳам барвақт мехестаед. Дар куҷо будед? Ман гумон кардам, ки ба шаҳр рафтаед.
Платон. Сабзазорро тамошо кардам. Биҳишт барин.
Лида. Ман ба деҳа рафта будам, шир гирифтам. Ҷои мо ором аст. Дар рӯзҳои кор ҳеҷ кас нест.
Платон. Ман аллакай дидам. Ба ин ҷо як кас омада буд.
Лида. Кӣ будааст вай?
Платон. Ҷавонаки гитордор. Ҳамин хел як мӯйдарозакак, номашро Виля мегӯяд.
Лида. Ӯ, ҳо, ана аз он дача, аз он саробӯстон.
Платон. Падараш калоншаванда аст?
Лида. Калоншаванда.
Платон. Бачааш сарсарии ҳарҷогард?
Лида. Хато мекунед. Рассоми машҳур. Асарҳои ӯро зуд-зуд дар намоишгоҳҳо намоиш медиҳанд, ҳатто дар хориҷа ҳам. Соҳибистеъдод!
Платон. Баъзан ба одам нигоҳ мекунию ҳамон замон мефаҳмӣ, ки аблаҳ аст ё оқил ва баъд диққат мекунӣ, ки ӯ сафедпӯст аст ё гандумгун. Ин дафъа дуруст нафаҳмидаам.
Лида. Эҳтимол хаста шудед? Истироҳат кунед.
Платон (табассум карда). Хурӯсчаҳо метарошаму нақшҳо мекунам.
Лида. Пётр гуфт?
Платон. Виля.
Лида. Пётр ҳамаашро хонаамон барин кардан мехоҳад! Хоначаи иловагӣ ҳам сохт. Дар рӯзҳои истироҳат ким-чӣ месозад, Пётри хурдакак ҳам кам-кам ёд мегирад.
Платон. Майдаат зимистонро дар хонаи падару модарат мегузаронад?
Лида. Не, шумо чиҳо мегӯед... Тирамоҳ ба хона меорам. Вақте ки писаракамон ҳамроҳамон бошад, ҳатто сабук нафас мегирем. (Ба хона меравад).
Платон (зери лаб). Павлик барнамегардад. (Баъди пауза). Фёдор ҳам сари калобаашро гум карда монд. «Мутлақияти оилавӣ хароб мешавад» мегӯяд Крячко. Кӣ онро хароб мекунад? Ту ким-чиҳоро надида мондӣ, Платон. Дар зиндагӣ охир ин тавр ҳам мешавад! Ана, падараш калоншаванда, писараш коркун, рассом шудааст. Писари Крячко бошад кисаи сӯрохи ӯро пок-покиза ба шароб мезанад.
Аз хона Лида баромад.
Лида. Шумо ба кӣ гапзанон мекунед?
Платон. Гапзанон фикр мекунам. Ба хонаамон меҳмон меояд ва ё худат ба куҷое рафтанӣ ҳастӣ? Эҳ, ин қадар либосҳои зебо пӯшидаӣ.
Лида. Пётр ҳамин замон меояд. Дар назди меҳмонҳо безебаш ҳам мешавад, барои шавҳар – куртаи аз ҳама беҳтаринашро... Пётр маро ҳеҷ гоҳ бетартибу ноороста ва ё дар хилъати ошпазӣ надидааст.
Платон. Гӯё барои ид ороста шудаӣ.
Лида. Ин Пётр. Аммо бо мошинаи худаш не, бо ким-кадом мошинаи дигар омадааст.
Платон. Зиндагӣ – рӯзи кор аст...
Пётр дар дасташ бастаҳо медарояд.
Пётр (Лидаро мебӯсад). Ассалом! Аҳволатон чӣ тавр аст, падар?
Платон. Бад нест.
Лида. Бо мошинаи кӣ омадӣ? Сигналаш дигар хел.
Пётр. «Волга»–и нав доданд.
Лида. Барои наваш ба миз шампон биёрам ҳам гуноҳ нест. (Саросема ба хона медарояд).
Платон. Чӣ тавр доданд?
Пётр. Мошинаи идора.
Платон. Саробӯстон чӣ?
Пётр. Он ҳам аз идора.
Платон. Бепул?
Пётр. Не, пулашро медиҳам.
Платон. Олиҷаноб зиндагӣ мекунӣ ту, писарам. Хона, мошин, саробӯстон. Моҳонаат ҳам кам нест. Коратро маҳкам дор, Пётр! Маҳкам! Дар корат як-ду соат изофа истӣ, тоҷ аз сарат намеафтад. Зиндагиат бад нест гуфта фикр мекардам, аммо ин хел буданаш ба хаёлам ҳам намеомад. Маҳкам бош!
Пётр (хандида). Кӯшиш мекунам!
Платон. Мебинӣ, давлат ба ту чӣ қадар медиҳад, ҳатто эҳтимол барзиёд ҳам медиҳад. (Баъди пауза). Ҳушёр шав, ки сазовор бошӣ. Агар писар серу пуру обрӯманд бошад, падар дучанд хушбахт аст!
Пётр. Ман ҳар чизе ки дошта бошам, ба шарофати шумост... (замзама мекунад).
Модарам гуфто, ки «шӯхӣ бас дигар,
Кор бояд кард, меояд падар!»
Модарам гуфто, ки «шухӣ бас дигар
Зиндагию кор омӯзад падар!»
Платон (бо лабханд). Фаромӯш накардӣ?
Пётр (лабханд карда). Фаромӯш накардаам? Ҳеҷ чизро фаромӯш накардаам...
Платон. Хурӯс ҳам мехоҳӣ, нақшу нигор ҳам мехоҳӣ? Месозам.
Пётр. Рӯзи истироҳат ҳар дуямон месозем.
Виля медарояд...
Виля. Сардор омаданд.
Пётр. Виля, ассалом!.. Ба наҳорӣ хоҳиш мекунем. Шинос шав, ин кас падари ман. Ин Виля, соҳибстеъдоди маъруф!
Платон. Мо шинос.
Пётр. Аллакай ба хонаамон омада будӣ?
Виля. Саҳари солеҳон бо умеди гуфтугӯи ҷиддӣ бо шумо, Пётр Платонович, даромада будам.
Пётр. Гуфтугӯи ҷиддӣ дар вақти кор мешавад, ҳоло вақти наҳорист.
Лида (аз хона). Бо шампон!
Виля. Дар вақти кор ман дар байни маҷлису машваратҳои беохир ба назди шумо роҳ ёфта наметавонам.
Лида (аз дар берун нигариста). Виляи бечора, вай чунон хоксору беҷуръат аст, ки даромада наметавонад... Наҳорӣ мекунему гапзанон ҳам...
Пётр. Шуморо як дақиқа мегузорам. (Ба хона меравад).
Платон. Ба назди Пётр бо чӣ кор омадӣ?
Виля. Хона мерӯёнам.
Платон. Дар хонаи падару модарат зиндагӣ мекунӣ?
Виля. Дар хонаи падару модар зиндагӣ мекардам, акнун ҷудо мекунанд чунонки гӯсоларо аз гов.
Платон. Вақташ. Магар Пётр хона медиҳад?
Виля. Яке аз он садҳо касе, ки барои хона гирифтан қарор карданаш даркор аст.
Платон. Яке аз сад? Дар назди наваду нуҳ касаш аллакай будӣ?
Виля. Писари шумо асосиаш мебошад.
Пётр ва Лида медароянд, ба рӯи миз табақчаю пиёлаҳо мегузоранд.
Лида. Виля ва Пётр – шампон. Шумо чӣ Платон Никитич?
Платон. Ҳеҷ чиз.
Виля. Мо одамони мутараққӣ ҳастем, худамонро ба зери расмиятҳо намегузорем. Ба хона падаратон омадааст. Ба шумо беҳтар аст, ки бо оилаи худ бошед, ба ман асосиаш он аст, ки масъалаи худро ҳал кунаму равам. Маро ҷамъияти аҷоибтаре мунтазир аст.
Пётр. Дурусттараш, ба ту чӣ даркор аст?
Виля. Мадад барои хонагирӣ. На ба маънои ояндаи дурахшон, балки ҳисшаванда, дурушт ва ба назаррасанда...
Пётр. Ту сазовор ҳастӣ...
Виля. Беҳтараш аз меҳнат ёфтӣ мегӯем, калимаи «сазовор»–ро дӯст намедорам. Вай ким-чӣ хел таъми нохуш дорад...
Платон. «Аз меҳнат ёфтӣ» – беҳтар.
Пётр (хандида). Гап як карданд. Хӯш, ки гап ҳамин тавр бошад, ту, Виля, маро бо шампон зиёфат карданат лозим аст. Ҳамин тавр ҳисоб кун, ки ту аллакай хона дорӣ.
Виля. Ба ман ин қисса хуш меояд. (Вонамуд мекунад, ки набзашро мешуморида бошад). Задани набзам ҳатто тезтар шуд.
Пётр. Ҳоло гап дар бораи якхонагӣ меравад.
Виля. Чунонки мегӯянд, ба ҷои рангу равған қалам!
Пётр. Имсол сохтанашро сар мекунем.
Виля. Дар кадом гӯшаи биҳишт?
Пётр. Дар охири кӯчаи Качаловская.
Виля (хомӯш монд, гӯё мавзеъро фикран аз назар мегузаронда бошад). Расмҳои дигар нест?
Пётр. Мутаассифона, не.
Виля. Ташаккур барои ғамхорӣ!
Пётр. Қонеъ намекунад.
Виля. Дар он хона кӣ зиндагӣ мекунад?
Пётр. Дусад хона – дусад хонавода.
Виля. Дурусттараш, қариб ҳазор бегуноҳе, ки ба бадарға маҳкум шудаанд.
Пётр. Бисёр ҳам фозилона сухан мегӯӣ.
Виля. Пётр Платоноч, ба шумо нақши мансабдори содаро бозидан муносиб нест. Хушиву хушбахтӣ мехоҳам! (Таъзим карда сурудхонон мебарояд):
«Киштиҳоро мебарад боди замон,
Киштиҳоро, киштиҳоро, киштиҳоро!»...
Пётр. Аз тасф мефурояд.
Лида. Барои чӣ он ҷо ба ӯ ин қадар маъқул нест?
Пётр. Камтар серғавғо. Охир, шаҳр қишлоқ нест, дар ҳама ҷо ғавғо ҳаст.
Лида (ҳангоми ба миз шампон ва ҷомҳоро гузоштан):
Модарам гуфто, ки: «Шӯхӣ бас дигар
Зуд бояд хӯрд, меояд падар!».
Пётр. Ин суруд гӯё дар дилам ҳеҷ хомӯш намешавад... Ман баъзан якбора бохабар мешавам, ки суруди оилавиамонро бесадо мехонам. Падар, бисёр хурсандам, ки омадӣ.
Платон. Ман ҳам. Чӣ тавр зиндагӣ карданатонро дидам. Хуб зиндагӣ мекунед. Ба қадри корат рас, Пётр... Боз як бор мегӯям, наранҷ. Ба ту бисёр додаанд, ҳамин тавр ки ҳаст, аз рӯи виҷдон кор кун.
Аз дур суруд ба гӯш мерасад. Овози мардона месарояд.
(Гӯш мекунад). Канӣ хомӯш... Гӯё овози Павлик аст. Ҳамин тавр менамояд. Ва ин дар хобам аст...
Торик мешавад.
Бегоҳ. Платон дар назди устохона карнизи нақшин мебурад. Аз назди дарвоза Виля мегузарад.
Виля (истода). Ассалом. Маълум аст, ки хато накардаам... Шумо устои ҳақиқӣ. Дар ҳамин ҷо ҳам Пётр Платонович сарфакорӣ кард. Ӯ сарфа карданро дӯст медорад, ҳам аз они худ, ҳам аз они дигаронро.
Платон. Даро, ман туро кофта ёфтанӣ будам.
Виля. Ман ба шумо даркор ҳастам? (Ба ҳавлӣ медарояд). Портрет фармудан мехоҳед? Намешавад.
Платон. Агар махфӣ набошад, пас ту расми киро мекашӣ?
Виля. Фаҳмонданаш он қадар осон нест.
Платон. Кӯшиш мекунам, ки фаҳмам.
Виля. Ҷӯяндагони меҳргиёҳ, то решаи дилхоҳро биёбанд дуру дароз, бисёр ҳам дуру дароз дар ҷангал мегарданд. Ман ҳам ҳамин тавр дар байни ҷангали инсонӣ он касеро мекобам, ки... дар дили ман дурахшон шавад. Дурахшон, ки шуд, расми ӯро мекашам.
Платон. Хуб гуфтӣ – дурахшон шавад. Ба куҷо шитоб дорӣ?
Виля. Як одами хирадманд гуфтааст: агар расидагӣ кардан хоҳӣ – шитоб накун! Агар умри дароз хоҳӣ – дар ин бора фикр накун! Хоҳӣ, ки туро дӯст доранд, ба чашми мардум камтар намо!
Платон. Дар масъалаи хона ҳам шитоб намекардӣ?
Виля. Шитоб намекардам, аммо пешпо хӯрдам.
Платон. Он ҷо чӣ ҷоест, он кӯчаи Качаловская?
Виля. Фаҳмидан мехоҳед?.. Шояд, Пётр Платонович ба шумо ҳам аз он ҷо хона пешниҳод мекунад?
Платон. Ман туро дар бораи ҷояш мепурсам. Бигӯ!
Виля. Аз як тарафаш завод, ки меъдаи азими вайрон барин шабу рӯз ғуррос мекунад. Аз тарафи дигараш – баъди панҷ сол пул – кӯпрук месозанд ва тамоми нақлиёти боркаш аз таги тирезаи хона мегузарад. Агар воситаҳои ҳозиразамони садонигоҳдориро ба ҳисоб гирем...
Платон. Ту шояд, писарам, асли корро надонӣ? Баъзан мардум мелаққанду...
Виля. Ин хабари дуруст аст!
Платон. Серғавғо шуданашро медонистанд, лекин боз ба нақша гирифтанд?
Виля. Кори муқаррарӣ!
Платон. Дар он ҷо зистан бад мешавад, мегӯӣ?
Виля (хандида). Хурсандиовар аст! Интервю ба охир расид... Иҷозат диҳед хайрухуш кунам. (Меравад).
Торикӣ. Лида дар курсии роҳат журналро варақ мезанад. Пётр дар пеши миз рӯзномаҳоро аз назар мегузаронад, андак изтироб дорад.
Лида. Хавотир нашав, Петя, Платон Никитич ҳамин замон бармегардад.
Пётр. Намедонам, ки чӣ воқеа рӯй дод. Падар имрӯз ба хона рафтанӣ буд... Баногоҳ ба шаҳр рафтанаш омад, боз танҳо худаш, бе ман...
Лида. Шояд ягон чиз хариданӣ шуда бошад.
Пётр. Якшанбе, магазинҳо маҳкам.
Лида. Хурд не, роҳро гум намекунад.
Пётр. Кайҳо омаданаш даркор буд.
Лида. Мунтазир мешавем. Фикр мекунам, ки ба хӯроки пешин бармегардад.
Пётр. Биё, Лидаҷон, пеш аз хӯрок каме қадам занем.
Лида (мехезад). То истгоҳи автобус?
Пётр (табассум карда). Ёфтӣ, падарро пешвоз мегирем.
Лида. Дар назди падар ту боз ҳам бисёртар ба бача монанд ҳастӣ. Рафтем, бачаяки ман.
Рафтанд. Ба зудӣ Платон ва Виля бармегарданд.
Виля. Ана хонаводаи шумо ба ким-куҷо рафтанд.
Платон. Эҳтимол ба истгоҳ барои пешвоз гирифтани ман рафтанд.
Виля. Таксиро мебинанду мефаҳманд, ки шумо омадед. Биёед, аллакай бармегарданд. Ман меравам. Набошад, ба ман ҳам мерасад.
Платон. Ба фикрат мурод ҳосил намешавад?
Виля. Агар ҳатто донанд, ки фардо он ҷо фурӯ меравад ва ё баногоҳ дар он ҷо вулқон, кӯҳи оташфишон бедор мешавад, фарқ надорад, сохтан мегиранд. Чаро насозанд? Имзо ҳаст. Қарор ҳаст...
Платон. Барои чӣ муҳобот мекунӣ?
Виля. Барои он ки беҳтар фаҳмед.
Платон. Охир, онҳо чӣ гуна соҳибон ҳастанд?
Виля. Ҳамаи онҳо писарони фалонӣ, набераҳои фалонӣ ҳастанд. Хайр, ман рафтам. Саломат бошед, Платон Никитич. (меравад).
Лида ва Пётр пайдо шуданд.
Лида (ба соат менигарад). Даҳ дақиқа кам се.
Платон. Ман дирӯз пайхас кардам, ки шумо расо дар соати се хӯроки пешин мехӯред. Бинобар ин кӯшиш кардам, ки дер намонам.
Лида. Ҳама хӯроки ман тайёр аст, ҳатто тушбераи бо асал мехӯрдагӣ ҳам. Ҳар кас хоҳиш дошта бошад, бо қаймоқ ҳам медиҳам. (Ба хона медарояд).
Платон. То хӯрок овардани Лида, Пётр, биё гапзанон мекунем.
Пётр. Шумо дар куҷо будед?
Платон. Дар кӯчаи Качаловская.
Пауза.
Пётр. Виля бурд?
Платон. Баръакс. Ман ӯро бурдам. Ӯ барои ман гӯё ба сифати раҳнамо буд.
Пётр. Ин ба шумо чӣ даркор буд?
Платон. Вақте ки ту хурд будӣ, ҳама вақт хоҳиш мекардӣ, ки «Маро ҳамроҳат ба завод бар, дар он ҷо чӣ кор карданашонро нишон деҳ». Ман туро мебурдам. Акнун ман ҳам хостам, ки чи кор кардани писарамро бубинам.
Пётр. На як худи ман...
Платон. Ту ҳам.
Пётр. Комиссияи давлатӣ.
Платон. Давлатӣ!
Пётр. Виля шуморо ба ҳамин кор кашид! Бо дандони дигарон газидан мехоҳад.
Платон. Дар Качаловская аллакай экскаваторҳо фукашонро боло карданд.
Пётр. Шумо ба хонаи мо дурӯза меҳмон шуда омадед. Хайр, агар гапзанон карданӣ бошем, мо гапи худамон, наздикони худамонро дорем... Ман ҳамеша фикр мекунам, ки Павлик он ҷо чӣ тавр бошад...
Платон. Ман ҳам фикр мекунам. (Баъди пауза). Ту, Пётр, розӣ мешудӣ, ки дар он хонаи дар Качаловская мешудагӣ зиндагонӣ кунӣ?
Пётр. Маҷбур шавам, мекардам...
Ноаён Лида медарояд, ба курсӣ мешинад, гӯш мекунад.
(Ғазабашро ба зӯр нигоҳ дошта). Биёед, ба ҳамаи саволҳоятон, ки ба ин хона вобаста мебошанд, дурустараш ба сохтмони он, якбора ҷавоб медиҳам.
Платон. Якбора, ҳамин хел мегуфтӣ, писарам. Ту охир бачаи боақл ҳастӣ. Бигӯй, ки ту ҳам коғази дар кӯчаи Качаловская мумкин будани сохтмони хонаро имзо карда будӣ?
Пётр (лабханд зада). Имзо карда будам.
Платон. Вазифаат ҳамин тавр аст?
Пётр. Ҳамин тавр.
Платон. Агар имзои ту намешуд, оё месохтанд? Ё эҳтимол намесохтанд?
Пётр (дудила шуда). Эҳтимол намесохтанд ҳам. (Табассум карда). Айбдоркунанда, дигар савол надоранд?
Платон. Дорам. Барои чӣ, охир ту имзо кардӣ?
Пётр. Ин кор он қадар осон нест, ки шумо гумон мекунед... Агар хонаро дар ҷои дуртар месохтанд, онро бо роҳҳои алоқаи обу обпартоӣ ва ғайраҳо пайвастан қимматтар меафтид, худи сохтмон тӯл мекашид. Дар ин ҷо дар вақташ корро буд мекунем. Ва ниҳоят, ин хона гуфтан мумкин аст, ки кӯчаи Качаловскаяро зеб медиҳад. Ансамбли муайяне ба назар мерасад...
Платон. Охир, садҳо кас ин истиқоматгоҳи навро меҳнат карда ёфтаанд, мунтазир ҳастанд, ки кай хона гиранд, як гӯшаи бароҳат дошта бошанд... Ин барои ту меҳмонхона не, ки биёиву равӣ. Дар он ҷо оилаҳо зиндагӣ мекунанд, дар байни он чордеворҳо одамон таваллуд мешаванд, ба камол мерасанд, пир мешаванд, мемиранд. Шумо бошед: алоқаи обу обпартоӣ, «план», зеби кӯчаи Качаловская мегӯед.
Пётр. Зиндагӣ мекунанд, мемиранд... Шумо бисёр ҳам ба дур менигаред...
Платон. Ҳоло завод ғуввос мезанад. Ба қарибӣ кӯпрук пайдо мешавад, мошинҳо дуд мекунанд, садо мебароранд.
Пётр. Кӯпрук пас аз панҷ сол мешавад. Инро медонистагиҳо ҳам бисёр каманд.
Платон. Пас аз панҷ сол истиқоматкунандагон шикоят мекунанд, тафтиш сар мешавад, ки барои чӣ дар ин гуна ҷой хона сохта шудааст ва дар он ҷо имзои туро ҳам мебинанд, Пётр. Ва мегӯянд, ки ӯ виҷдон надоштааст ва аз кор пеш мекунанд ва ҳамаи корҳоят барбод мераванд.
Пётр. Падар! (Бо оҳанги мулоим мефаҳмонад). Пас аз панҷ сол ман, шояд дар ин ҷо кор ҳам накунам, ба вазифаи дигар мегузаронанд. Ва баъд аз панҷ сол ба сари кӣ чунин фикр меояд, ки ба тафтиши давраи сохтмон баргарданд. Агар таги ин корро кофтанӣ шаванд ҳам, дар бади бадаш танбеҳ медиҳанд. Ана ҳамин тавр! (Баъди пауза). Лида, гуфтугӯи давлатӣ. Мо тамом мекунем. Акнун пешин хӯрдан ҳам мумкин аст. Ман, додо, оби ҷави чехӣ пайдо кардам. Махсус барои шумо, бо оби ҷав пешинхӯрии ҳафтаинаамон дар ёдам ҳаст. Он дӯлчаи сафолини шумо ҳоло ҳам ҳаст, нашикастааст?
Платон. Ҳаст, нашикастааст.
Пётр. Оби ҷав бо ин моҳичаҳо – лазизтарини лазизтаринҳост!
Платон. Пётр, бигӯй, ки ту замини худ, мардуми худ, давлати худро дӯст медорӣ?
Пётр (бо ғазаб). Танҳо ба шумо ман ин гуна саволҳоро бахшида метавонам!
Платон. Дӯст медорӣ, дигар хел шуданаш ҳам мумкин нест. (Каме хомӯш монда). Медонӣ, кӣ ба замин, мардум, давлати мо аз ҳама бисёртар зарар меорад? Мансабдорчаҳои муваққатӣ!
Пётр. Ман ба ин чӣ дахл дорам?
Платон. Дахл дорӣ! Дар ту ҳам кам-кам хислати мансабдори муваққатӣ пайдо шуда истодааст... Баъд аз панҷ сол ман, эҳтимол, ки дар ин кор нашавам ҳам... Дигар кас ҷавоб медиҳад, ана ин аст фалсафаи мансабдори муваққатӣ. Корро хароб мекунад, расво мекунад, дарҳам–барҳам мекунад, ҷои худро ҳаром мекунад ва ба кори дигар меравад. Худаш меравад, ё ӯро мегузаронанд... Аз об хушк! Ба ҳар сол, ба ҳар моҳ, ба ҳар соати кори худ ҷавоб деҳ! Бимирӣ, он вақт хотираи ту ба корҳои ту ҷавоб медиҳад. Дигар хел шуданаш мумкин нест... (Хомӯш монда). Дар бади бадаш танбеҳ, мегӯӣ. Ин танбеҳ ба ҷони халқ расидааст! Танбеҳ! Ҳамаи танбеҳномаҳои дар мамлакат додашударо ба як сандуқи оҳанин ғунҷонида мешавад. Фаҳмидӣ – ба як сандуқ! Аммо сохтмонҳо, заводҳои корношоям, дарёҳои нобудшуда, ҳазорҳо мошинҳои харобшуда ва ба миллиардҳо сӯм латтаҳои корношоямро чӣ... Инҳо ҳам охир худи ҳамон танбеҳҳо ҳастанд, аммо инҳоро дар сандуқ ғунҷонида наметавонӣ. (Заҳрханд кард). Ва онро дар одам ҳам намебинӣ. Агар танбеҳҳоро ҳамчун сангҳои дупудӣ ба гардани падарсагҳо овезон мекарданд, ки камарҳояшон қарсос мезад... Ҳамин тавр, Пётр...
Пётр. Аз рӯи гапи шумо, барои ҳар як майда–чӯйда касро ба суд додан даркор?
Платон. Меҳнати инсонро ҳамчун меҳнати худ қадр кардан даркор аст! Ба қадри инсон ва худ расидан даркор аст!
Лида ба Пётр ва Платон оби ҷав мерезад.
«Истиқоматкунандагон!».. Онҳоро дигар хел ном бурдан мумкин аст, охир онҳо андозҳо додаанд, ки шуморо дар донишгоҳҳо хононанд. Шуморо хононданд, шумо бошед онҳоро ба ғавғо, мағал, ба кӯчаи Качаловская...
Лида. Бинӯшед, нотиқон...
Пётр. Ман сомеъ ҳастам, нотиқи мо як кас – падарам.
Платон. Ҳамин гуна одамҳое ҳастанд, ки писарам, ба ман ҳар гуна лақабҳо фикр карда мебароранд – «чизпараст» ҳам ман, «манфиатпараст» ҳам ман, «хасис» ҳам ман... Бигзор гӯянд. Баъзан мебинӣ, ки қубурҳо занг зада хобидаанд, семент дар зери борон тар мешавад... Ва дилам месӯзад, бовар кун, ҳамчунонки ба чизи худам дилам месӯзад. Чунки ҳамаи ин – аз они мо... умумӣ... давлатист. Нағз зиндагӣ кардан мехоҳем? Аз завод то охирин хас, то мехча, то хиштча – ҳамаашро эҳтиёт кардан даркор аст? Хасис будан даркор аст! На ин ки исрофкору бепарвофалак. Ғамхор будан даркор аст! Хоҷагидор будан даркор аст. Дигар хел шуданаш мумкин нест!
Пётр. Вақти тамом кардани мубоҳиса шуд.
Платон. Вақташ шуд. (Баъди пауза). Ҳоло ки дер нашудааст, писарам, ба ҷои даркориаш навис... Навис, ки хато кардаӣ. Ба гардан гир, ки хато кардаӣ. Бигзор, дар он ҷо насозанд... Бишин ва бинавис...
Лида. Ин ба гуфтан осон аст, бишин ва бинавис.
Пётр (бо ҳайрат). Дар бораи чӣ бинависам?
Платон. Бинавис, ки дар он ҷо зистани одамон мумкин нест. Ва исбот кун.
Пётр. Бисёр ҳам кораки хуб! Ба сохтмон аллакай даҳҳо ҳазор сӯм сарф шудааст... Ба хасис шудан даъват мекунед, аммо дар ин ҷо ҳазорҳо сӯмро барбод диҳем. Кӣ инро ба мо иҷозат медиҳад?
Платон. Миллион сӯмро ба хонае сарф кардан, ки дар он зистан аз бадарға ҳам бадтар аст? Миллион – ин исрофкории аз он ҳам калонтар аст... Боз беҳурматӣ ба одамон... Ҳоло ки дер нашудааст, бинавис...
Пётр. Аслаш, ман барои чӣ дар бораи корҳои идораам дар пеши шумо ҳисобот диҳам будааст?
Платон. Ман падари ту.
Пётр. Аз синну соли пионерӣ кайҳо баромадаам.
Платон (ғазабашро нигоҳ дошта). Аз синну соли писари ман будан ҳеҷ гоҳ намебароӣ! Туро на Петка, балки Пётр Платонович мегӯянд! Яъне Платон ҳам ба ту ва ҳам ба корҳои ту масъул аст. Ва ман намегузорам, ки виҷдони наслу насабамро доғдор кунанд!
Лида (мехонад).
Модарам гуфто, ки «шухӣ бас дигар
Зиндагию кор омӯзад падар!»
Пётр ба тарафи ӯ нигоҳи ғазабноке кард.
Ба ногаҳ ба ёдам расид.
Пётр (аҳволаш танг аст, ба худ оби ҷав рехт, кӯшиши табассум кард) Менависам... Тасдиқ мешавад, сохтмонро бас мекунанд, маро бошад аз кор...
Платон. Афсӯс... дигар илоҷ ҳам нест. Ҳамин тавр шуд. Дигарашро меёбӣ.
Пётр. Кори ман барин кор дар кӯча афтода намондааст.
Платон. Чӣ хелашро, ки диҳанд.
Пётр. Ва аз партия ҳам.
Платон. Шояд, аз партия ҳам... Ба ин ҳам дигар илоҷ нест. Маълум мешавад, ки партия ин хелҳоро нигоҳ дошта наметавонад! Вай покиза аст ва бояд покиза бошад! Виҷдонатро пок мекунӣ, гуноҳатро бо меҳнат мехарӣ, шояд барқарор кунанд.
Пётр (ба рӯи миз бо мушт зада). Бас аст, хуб суханбозӣ кардем. (ба худ омада). Бубахшед, худамро дошта натавонистам... Аммо шумо ҳам... Давлат ташкилотҳои бисёре дорад, ки корашон тафтиш ва назорат кардан аст.
Платон. Давлат миллионҳо шумо баринҳоро дорад, ба ҳамаашон назорат карда наметавонад. Ман бошам аз шумо чор нафар дорам. Ҳамаатонро дидан ва назорат карданам зарур аст. Ин аз азал қарзи падару модарон буд!
Пётр. Ақидаи шуморо дигар карда намешавад... Биёед, ақаллан, каме дам гирем...
Платон. Навис, баъд дам ҳам мегирем.
Пётр. Чӣ, чӣ нависам?
Платон. Ман Ангел Пётр Платонович, иқрор кардан мехоҳам, ки...
Пётр (бо овози гирифта). Менависта бошед, нависед!
Платон. Ту менависӣ!
Торикӣ. Овози Платон ба гӯш мерасад. «Ман, Ангел Пётр Платонович иқрор мекунам, ки қарори сохтмони хонаи истиқоматӣ дар кӯчаи Качаловская хато мебошад. Дар ин хатои ман ҳам ҳаст...». овози Платон хомӯш мешавад. Зеро навои гитору суруд ба гӯш мерасад:
«Киштиҳоро мебарад боди замон,
Киштиҳоро, киштиҳоро, киштиҳоро!»
Аввали тирамоҳ. Ҳавлии Платон. Платон устогӣ мекунад. Крячко медарояд, кори Платонро назорат мекунад.
Крячко. Аллакай зӯр зада кор мекунӣ, Платон... Барои чӣ? Фарзандон саломатии падару модаронро хароб мекунанд. Аз Павлик хату хабар нест? Пётр чӣ тавр аст? Азоб мекашад?.. Чунон коре дошт, ки... акнун бошад – инженери қаторӣ. Хонаашро монд. Шармаш омад ва ба назди падар! Лида ҳам наменамояд. Партофт? Он қадар зани зебо, ба ӯ пул даркор будагист, бо шавҳари қаторӣ дар дил ҳавасҳо дорам, дасти норасо дорам, гуфта, мегашта бошад? Мебинам, ки Фёдор ҳоло ҳам бо духтурзанаш мегардад... Ҳама чизи онҳо ҳоло ҳам дар туман, номуайян аст? Бачаҳо? (Баъди пауза). Аз они ту ақаллан дар озодиянд, аз они маро сесола ба маҳбас шинонданд... хабаргирӣ рафта будам. Дар он ҷо ҳамин хел авбошҳо, ки агар попро ба он ҷо шинонӣ, роҳзани навъи якум шуда мебарояд! (аз кисааш шишачаи доруро мебарорад). Ана ба дорухона даромада, доруи дарди дил харидам. Ту ҳоло боқувват, ман бошам бо дору... (Ба девор нигариста). Рангмол меояд. Масту аласт. Маълум аст, ки ба назди ту.
Рангмол медарояд, маст буданаш якбора маълум нест.
Рангмол (ҳавлиро аз назар гузаронд, гӯё боварӣ ҳосил кардан мехост, ки дар ин ҷо ба ҷуз ӯ фақат ду каси дигар ҳастанду бас. Ба назди Крячко омад). Гражданин Крячко, фаъол ва ташвиқотчӣ, узви суди рафиқонаи ЖЭК – Комиссиони истифодаи манзил, падари маҳбус. Ту боз чӣ гуна рутбаҳо дорӣ? Ба ёдам расид: нафақахӯр! Ҳеҷ кор намекунию туро мехӯронанд, мепӯшонанд... Барои чӣ? Пору барои ҷамъият! Ана ту кӣ ҳастӣ!
Крячко. Рангмол! Ту бо лифи худ деворҳоро ранг мол, ба мардум корат набошад.
Рангмол. Наранҷ, рафиқ Крячко. Ман аз бадбинӣ не. Ман фақат одамонро ба омӯхтан сар кардам... Рӯ ба рӯ онҳо хушрӯякак ҳастанд, аз пас ба онҳо таппаки зиндагӣ часпонида шудааст... Ва ман мехоҳам китоберо дар бораи «Кӣ будани кӣ» тартиб диҳам.
Крячко. Аз худат сар кун.
Рангмол. Ман шахсияти мураккаб ҳастам. Ту, Крячко, ягон вақт аз даҳони қубури дарозе, ки дар рӯи замин хобидааст, нигоҳ кардаӣ? Нигоҳ мекунӣ, ки дар дури дур як доирачаи холӣ менамояд. Баъзан ба ман зиндагии ман ҳамин хел менамояд... ҳам аз он тараф ва ҳам аз ин тарафаш – холигӣ. (Ба курсӣ мешинад, сараш вазнинона ба рӯи синааш мефурояд, дар як лаҳза хобаш мебарад).
Крячко. Хурӯс ҷеғ назада, аллакай, хуб хӯрдааст. Шояд, аз дишаб ҳам бошад.
Платон. Вақти рафтанат, ӯро ҳам гир. Ба хонааш медарорӣ.
Крячко. Ӯро бардошта бурдан даркор, ман қувват надорам.
Рангмол (бедор шуд. Боз ҳавлиро аз назар гузаронд). Платон Никитич, наздик биёед... Мехоҳам дар назди шоҳидон ба шумо чизе гӯям.
Платон наздик меояд.
Ман ба хонаи шумо ба хостгорӣ омадам. Ба ман занамро баргардонед. Бале, бале, баргардонед. Мо ҳоло дар як хона аз ҳам ҷудо нашуда зиндагӣ мекунем, аммо вай аллакай аз они шумост.. Баргардонед! Ман ӯро аз сари нав зан карда мегирам. Тӯй мекунам. Дуруст аст, ки ман Клаваро ҷанг мекардам, кам-кам мезадам ҳам... Мебинед, аз шумо ҳеҷ чизро пинҳон намекунам...
Ба ӯ ҳатто хиёнат мекардам, чунки ӯ ба назарам ким-чӣ хел безеб менамуд: гапаш ҳам, дастонаш ҳам, чӣ тавр баргашта нигоҳ карданаш ҳам, ҳамааш ба ман маъқул набуд. Акнун бошад (бо хандаи аблаҳона)... ҳамааш маъқул аст!.. Маъқул аст, ӯро ба ман баргардонед. Ширинкома медиҳам... Аз сари нав тӯй мекунем.
Крячко. Ба Платон не, ба Фёдор муроҷиат кун.
Рангмол. Платон дар ин ҷо сари ҳама аст, ҳама корҳоро ӯ мекунад. (Гӯё чизеро ба ёд овард). Вай як латтапарасти бетартиб аст, ки ба ӯ фақат либос бошаду бас, ӯ ҳам Фёдор, ҳам шуморо хонахароб мекунад. Вай пулро ба бод дода одат кардааст... Ман даромад доштам, ӯ ҳамаашро... Ӯ ба оилаи шумо намешавад. Сарам дард мекунад... Сабӯҳӣ карда натавонистам...
Крячко. Рафтем, мебарам.
Рангмол. Аз ин ҷо дур не... «чорякча» мефурӯшанд, чизе нақл мекунам, ки...
Крячко бо Рангмол мебарояд.
(Бармегардад). Фаромӯш кардам, ки гӯям... Ман лонаи калхотии шуморо месӯзонам ва ӯ, яъне Клавдияро маъюб мекунам. Ва боз як қиссаву вассалом мешавад... (Рафт).
Платон ба назди миз нишаст. Маълум аст, азоби рӯҳӣ мекашад, дилаш ҳам дард мекунад. Чӣ тавр даромадани Павликро пай набурд. Вай гӯё ба балоғат расидааст, ҳатто қадбаланд шудааст. Ба ҳавлӣ даромад, кулоҳашро гирифта, ба падар нигарист, аз изтироб суханҳои тайёр кардаашро гум кард.
Павлик. Падар.
Платон нигоҳ накард, эҳтимол нашунид ва ё эҳтимол пиндошт, ки вонамуд шуда бошад.
Падар!..
Платон (баргашта нигариста). Ин туӣ, Павлик?
Павлик. Ман, додо.
Платон. Баргаштӣ... (Рафта дари устохонаро пӯшида). Куҷо гум шуда рафтӣ?
Павлик. Модарам чӣ тавр?.. Дар хонаамон ҳама хубанд?
Платон. Як навъ, ҳамааш хуб... Институтро напартофтӣ?
Павлик. Гапзанон кардам, ба шабона мегузарам... Дар таътил ва ана ин чанд рӯзи сентябр ҳам, дар Шимол, дар отряди бинокорон будам...
Платон. Бо вуҷуди ин ба Шимол рафтӣ?
Павлик. Рафтам. Ва афсӯс намехӯрам... Мушкил буд, баъд ҳеҷ гап не, одат кардам...
Платон. Оля чӣ?
Павлик. Ҳамроҳи ман. Барои ҳамаи бригада хӯрок мепухт... Мо дар он ҷо пули кам кор накардем... Қариб ду ҳазор...
Платон. Ҳамин қадар бисёр?..
Павлик. Бисёр? Ба дастҳоям нигоҳ кунед!..
Платон. Бубахш, писарам, он вақт ин тавр... (Пауза, падар ва писар гӯё он ҷудоии хотиравиро боз аз сар гузаронданд).
Павлик. Ҳар чӣ буд, гузашту рафт.
Платон. Пётр ҳам ҳоло ҳамроҳи мо зиндагӣ мекунад...
Павлик. Ба ин ҷо ба кор омад?
Платон. Ба хона омад ва дар ин ҷо ба кор даромад.
Павлик. Лида чӣ?
Пауза
Платон. Барои чӣ Оляро наовардӣ?
Павлик. Мо акнун пагоҳ ба пешинхӯрии рӯзи шанбе меоем.
Платон (бо овози ғайриоддӣ, гӯё гиря ва хурсандиашро нигоҳ дошта). Оилаам ҷамъ мешавад... Писарам, Павлик, ассалом. (Наздик омад, писарро оғӯш кард).
Торикӣ. Аз тарафи муқобил Таня ва Виля мебароянд. Онҳо ҳамдигарро мебинанд. Наздик омаданд, истоданд, гӯё гузашта рафта наметавониста бошанд. Ва мунтазиранд, ки аввалин шуда кӣ сухан мегӯяд.
Таня. Шумо ба ман чунон нигоҳ мекунед, ки гӯё мешинохта бошед.
Виля. Мешиносам.
Таня. Маро?
Пауза
Виля. Қисмати худро.
Таня. Шумо...
Виля. Дар ҳамин ҷо иктифо мекунем, духтарак. (Ба ҳаракати даст гӯё аз пеши чашмаш ким-чӣ хел пардаро бардошт). Аҷоиботе мешавад, ки гӯё қисмататро вохӯрда бошӣ. Ана акнун ба оромӣ нигоҳ мекунам. Ту ким-киро ба хотирам меорӣ... Ту духтари Ангел Платон Никитич нестӣ?
Таня. Бале... (Вохӯрӣ ба ӯ таассуроте гузошт).
Виля. Ӯ дар куҷо зиндагӣ мекунад?
Таня. Падарам ҳоло дар хона нест.
Виля. Кай бармегардад?
Таня. Вақтти пешин. Имрӯз пешинхӯрӣ соати панҷ, ҳамаи оила ҷамъ мешаванд.
Виля. Соати ҳафт медароям.
Таня. Ҳоло ҳам дароед, мешавад.
Виля. Ба ман дар меҳмонхона хона ваъда карданд... Баъд аз ду соат...
Таня. Ба падар чӣ гӯям?
Виля. Гӯед, ки Виля омадааст. Портрети ӯро мекашад.
Таня. Портрети падарамро?
Виля. Гӯед, ки ӯ... дурахшон шуд.
Таня. Дурахшон шуд? Намефаҳмам.
Виля. Платон Никитич мефаҳмад. Таня, шумо соати ҳафт дар хона бошед! (Меравад).
Таня. Рассом. Сурати падарамро кашидан мехоҳад... Ва ё ба монанди он мухбир мегурезад. Ба ин хел вохӯриҳо чунон толеъ дорам, ки... Ба падарам ҳоло намегӯям, беҳтараш – баъди пешин.
Ҳавлии Платон. Уляна ба рӯи миз хӯрок мегузорад. Таня мӯяшро шона мезанад. Фёдор курсиро таъмир мекунад. Платон дастонашро мешӯяд, дар назди ӯ Оля бо дастпоккун истодааст. Павлик аз хона курсии роҳати падарро мебарорад.
Уляна. Фёдор, биё мон, ту он курсиро. (Курсиҳоро мешуморад). Дар ин ҷо ба ҳама мерасад...
Фёдор. Боз ду дақиқа – ва тайёр мешавад.
Платон (ба Оля). Қанд занед. Ба шимол рафта омадед. Модарат медонад?
Оля. Ману Павлик ба ӯ навиштем.
Таня. Додо, фақат оби ҷав? Ва ё шароб ҳам мумкин аст? Ба шарофати омадани Павлик?
Платон. Ҳаминаш ҳам мешавад.
Фёдор (курсии таъмиркардаашро ба назди миз мегузорад). Бигзор дар рӯи миз шароб бошад.
Павлик. Бӯи карамшӯрбо чунон гуворо ки!
Лида медарояд, чун ҳамеша либоси навмӯд дорад. Ҳама ҳайронанд, ба чашмонашон бовар намекунанд.
Лида (табассум карда). Дар театр инро саҳнаи беовоз мегӯянд. Ҳайрон мешавед, гӯё ман аз он дунё омада бошам, Шумо ҳам, Платон Никитич, ҳайрон ҳастед?
Платон. Барои чӣ бе чизҳоят?
Лида. Ин тавр осонтар.
Пётр мебарояд, ҳоло Лидаро надидааст.
Пётр. Кӣ ёрӣ мекунад? Бастани галстукро фаромӯш кардаам.
Баногоҳ Лидаро дид. Пауза. Хомӯшӣ. Лида ба назди Пётр меояд, галстукро мебандад.
Лида (ним қадам қафо рафта, қариб аст, ки фарёд кунад). Канӣ, маро бибӯс, охир, эй шайтони бадмеҳр. (Худашро партофта Пётрро оғӯш кард).
Уляна (салиб кашид). Худоро шукр!..
Фёдор (лабханд карда). Бояд ҳамин тавр мешуд...
Лида (ба Платон). Ҷудо шудан мехостам, ки ӯро дигар набинам. Медонед, писараки шумо чӣ кор кард? Хатча мондааст: «Метавонӣ ба ман барнагардӣ, ман туро мефаҳмам ва мебахшам, маро аллакай аз кор гирифтаанд...». Ҳатто нависӣ, ки гадо шуда дар ба дар рафтӣ, фарқ надорад, дӯст медорам. Қисмати ягонаи ман ту ҳастӣ...
Таня. Лида, бигзор ман туро аз ҷониби ҳамаи ҳозирон бӯсаборон кунам... (Мебӯсад). Ту аз мо ҳастӣ!
Платон. Аз мост.
Таня. Боз ҳам навмӯдтар шудааст...
Лида. Акнун ба шавҳарам боз ҳам бисёртар маъқул шуданам зарур аст... Мехост, ки аз ман гурехта, халос шавад-а!?
Платон. Чизҳоят дар истгоҳ аст? Дар боғоҷхона?
Лида. Худам оварда натавонистам, чизи бисёре гирифтам, ҳатто мошинаи хатнависиро... Ман, охир, то шавҳар карданам ба стенография ва мошинанависӣ хонда будам. Акнун корро ба даст мегирам.
Платон. Ана ту чӣ хел будӣ!
Лида. Ҳамин хел...
Уляна. Паси миз гузаред, фарзандонам...
Таня. Бале, имрӯз иди ҳақиқист!
Уляна (курсиҳоро шумурда). Инаш зиёдатист.
Фёдор. Бигзор истад...
Ҳамин ки ҳама мешинанд, Платон дафтарчаашро мебарорад, айнакашро ба чашм мегузорад.
Таня. До–до, ба хотири меҳмонон масъалаи пулро ба фардо гузарондан мумкин буд.
Платон. Дар ин ҷо меҳмонон нестанд, ҳама аз они худӣ.
Фёдор, ки ҳама вақт зуд-зуд ба роҳ нигоҳ мекард, бархост. Клава медарояд.
Клава. Ассалом. Маълум, ки қисматам бад набудааст – ба болои хӯрок омадам.
Платон (бархост, ба пешвозаш рафт). Қисматат бад нест! Шояд, акнун қисмататро ёфта бошӣ... (Аз дасташ гирифта ба назди курсии холӣ овард). Биншин, ҳамроҳи мо хӯрок мехӯрӣ. Мана, Клава, ин ҷо-ҷои ту ва ин курсии ту мешавад. (Ба курсии худ омада нишаст).
Таня. Додо, ба фардо мегузаронем?
Платон. Барои чӣ мегузаронем?
Таня (пулҳоро медиҳад). Як саду ҳафтод. Сӣ сӯмашро барои курс гузоштам.
Платон. Аллакай бад нест.
Таня. Ба сехи васлгарӣ гузаштам.
Платон. Барои чӣ нагуфтӣ?
Таня. Хушхабари ногаҳонӣ кардан хостам.
Фёдор (пулҳоро медиҳад). Дусаду ҳаштод...
Таня. Ин одам месабзад. Ӯро таъриф кунед, додо.
Платон. Ба ӯ бисёр даркор ҳам ҳаст.
Пётр. Падар, аз они маро ҳам гиред.
Платон ба Лида нигоҳ кард.
Лида. Гиред, гиред. Анъанаи Ангелҳоро вайрон кардан дуруст нест.
Платон. Ман аллакай ба ту, Пётр, аз дафтарчаам, як сутунча ҷудо кардаам. Он ҷо чӣ қадар?
Пётр. Як саду ҳафтоду панҷ.
Платон. Камтар аст...
Пётр. Фақат моҳона. Иловагиаш дар охири семоҳа...
Платон. Дурустакак таги чашм кун, ки чӣ тавр пули иловагӣ кор кардан мумкин аст...
Пётр. Таги чашм мекунам.
Павлик. Аз ману Оля, додо, ба шумо тӯҳфа (Бастаеро мебарорад. Мекушояд. Пӯстинро ба кифтони падар мепартояд).
Платон. Ана ин пӯстин, ба пӯшидан намедарад... Павлик, Оля, ташаккур ба шумо... Бо ин, вале писарам, халос намешавӣ. (Ба курсии худ бармегардад). Шумо дар он ҷо бо Оляҷон қариб ду ҳазор кор кардед, онҳоро ба ин ҷо гузоштан даркор аст. (Бо ангушташ ба дафтарча тиқ-тиқ зад).
Таня. Инаш акнун аз ҳад мегузарад...
Уляна. Кам-камак акнун болу пар мебароранд.
Фёдор. Онҳо ҳоло донишҷӯянд, охир.
Платон (чӣ гуфтанашонро гӯё нашунида бошад). Ба деги умумӣ андохтан даркор. Ана, аз они Фёдор ҷамъ шудааст, ба хонаи кооператив харидан мерасад. Пётр бошад, ба мисли файласуф Скворода, танҳо китоб дорад. Ба ӯ барои кооператив харидан ёрӣ кардан лозим аст. Ту, Павлик, бо мо зиндагӣ мекунӣ. Туву Оля мехонед, ба шумо ҳам хӯрдан, ҳам пӯшидан ва ҳам баъзе чизҳо тайёр кардан даркор аст. Хуллас, шумо дар хонаи мо мемонед.
Таня. Ин маслиҳат ва ё нишондод?
Платон (лабханди базӯр намоён карда). Қарордод. (Дафтарчаро пӯшид, айнакро гирифт, бархост). Имрӯз, бачаякон, бе ман хӯрок хӯред. Ман равам, каме дам гирам... (Ба тарафи хона рафт, дар пеши айвон ба хонаводааш баргашта нигарист, гӯё ба назди онҳо баргаштан мехост, вале ба хона нопадид шуд).
Лида. Платон Никитич, чӣ тавр...
Уляна. Мон, каме дароз кашад, хаста шуд ӯ.
Таня. Қарордодро муҳокима мекунем?
Оля. Мо бо Павлик ба гапи падар розӣ ҳастем.
Дар ин вақт мусиқӣ ва суруд якбора баланд мешавад. «Бувад бобои ман...». Он ҳамаро пахш мекунад, вале ҳамчунон банохост қатъ мешавад.
Таня. Наход Ваняҷон баргашта бошад?
Фёдор. Ӯро-ку сесола ба колония маҳкум карданд.
Уляна. Ҳушаш ба сар омада бошад, авф кардагистанд.
Таня. Омаду ҳамоно ба мусиқияш часпид, телефон мекунам.
Уляна. Мон хонад, тоқат мекунем...
Фёдор. Бо Ваня машғул шуданам лозим меояд.
Таня. Дошта мезанӣ?
Фёдор. Ба завод мебарам.
Таня. Ман ёрӣ мекунам.
Крячко медарояд.
Крячко (зери лаб). Он қадар ҷамъ шуданд, ки ҳисоб карда намешавад. (Ба ҳама). Салому алайкум!
Уляна. Писарат баргашт? Ана ба шумо ҳам хурсандӣ...
Крячко. Куҷо баргаштааст... Ҳоло ӯ боз чӣ қадарҳо сур мекашаду сур мекашад...
Таня. Мусиқӣ-чӣ?
Крячко. Он қадар маҳзун ҳастам, ки фақат писарамро ёд мекунам. Гирифтаму мусиқии ӯро мондам. Ақаллан як сония, гӯё ки ӯ дар хона бошад...
Пауза.
Уляна. Биншин, бо мо хӯрок мехӯрӣ.
Крячко. Платон куҷост?
Уляна. Истироҳат мекунад.
Крячко. Платон истироҳат мекунад? Ин кори дар дунё нашудагӣ. Ба наздаш меравам.
Уляна. Ҳамааш хунук мешавад... Хӯред, бачаҳо, Фёдор, шаробро рез...
Фёдор ба ҷомҳо шароб мерезад.
Лида. Кӣ нӯшбоди аввалро мегӯяд? Аз ҳама калонсол!
Таня. Ва ё аз ҳама ҷавон. Модар ва ё ман.
Уляна. Бигӯй, духтаракам, ман куҷою нотиқӣ куҷо.
Таня (дасташро мебардорад). Барои падарам! Вале пеш аз он ки нӯшем, биёед, суруди бачагиамонро мехонем. Ана мебинед, падарам тоқат карда натавониста, ҳамон замон мебарояд. Вай қоил намешавад, аммо ин сурудро дӯст медорад. (Мехонад. Ба ӯ ҳама ҳамовозӣ мекунанд):
Модар гуфто, ки «Шӯхӣ бас дигар,
Бачаҳо, бинед, меояд падар!»
Модар гуфто, ки «Шӯхӣ бас дигар,
Зудтар хобед, меояд падар!»
Модар гуфто, ки «Шӯхӣ бас дигар,
Ош бояд хӯрд, меояд падар!»
Дар ин лаҳза Крячко аз хона берун мебарояд, ӯ тамоман бехуд аст.
Ба пеши саҳна меояд.
Модар гуфто, ки «Шӯхӣ бас дигар,
Кор бояд кард, меояд падар!»
Крячко. Ба онҳо чӣ тавр гӯям, ки акнун онҳо падар надоранд! Падарашон нест! (Гиряашро базӯр нигоҳ медорад). Платон дигар нест!
Модарам гуфто, ки «Шӯхӣ бас дигар,
Зангириро бо шумо, гӯяд падар!»
Модарам гуфто, ки «Шӯхӣ бас дигар,
Зиндагию кор омӯзад падар».
ПАРДА