3

Рибак димоғачаи ҷангали майдадарахтро гузашта истод. Дар пеш, дар нишебии теппача, ки дар иҳотаи шаб базӯр ва хира метофт, биноҳои охирини деҳа сиёҳӣ мекарданд. Аз ин ҷо чӣ хел намудани онро Рибак ҳоло дар хотир надошт: як вақт, сари тирамоҳ онҳо аз канор, аз роҳ гузашта рафта, ба деҳа надаромада буданд. Лекин ин чиз ӯро ҳоло кам ба ташвиш меандохт – муҳимаш муайян намудани он буд, ки дар ин ҷо немисҳо ва ё полисҳо ҳастанд ё не, то ки нохост ба дом наафтанд.

Вай дар назди бутта камтар гӯш дода истод, вале гӯё аз қишлоқ ҳеҷ садои шубҳанок шунида намешуд. Чанд садои канда-канда ва гирифтаи шабона ба гӯш расид, саге танбалона аккос зад. Шамол ба мисли пештара дар роҳҳои сармохӯрда як хел беист ва оҳиста ҳуштаккашон мевазид, бӯи дуд мерасид, эҳтимол, дар куҷое алав мекарданд. Дар ин муддат Сотников аз қафо расида омад ва ӯ ҳам ба торикӣ синча кард.

– Хӯш, чӣ гап?

– Оромӣ барин-ку, – бо овози паст гуфт Рибак. – Рафтем, оҳиста-оҳиста...

Ба хонаи канортарини ин деҳа, ки то худи тирезаҳояш ба барфтӯда ғӯтида буд ва аз наздик сиёҳӣ мекард, рафтан мувофиқтар ва роҳаш ҳам наздиктар буд, аз он ҷо кӯча сар мешуд. Вале дар назди хонаи канорӣ ҳама вақт хавфи ба ягон нохушӣ бархӯрдан ҳаст: одатан посбонҳо ва патрулҳо дар охири кӯча роҳи худро тамом мекунанд, полисҳо низ дар ин ҷо камин мегиранд. Ва ӯ аз рӯи барф рафта ба паҳлу тоб хӯрд. Онҳо ба сӯи биноҳои на он қадар дур, ки дар охири полези канори деҳа ҷафс–ҷафс ҷойгир шуда буданд, равона шуда, қад-қади панҷараи дуқатораи симхордор рафта, нишебиро гузаштанд. Вай хирманҷо буд. Дар он ҷо дар паси кунҷи кафидаи бедахона ва сарои ғаллакӯбии бомаш сӯрох–сӯрох онҳо боз як дақиқа гӯш дода истоданд ва Рибак ба қафояш нигоҳкунон ба назди хирманҷо рафт. Аз ин ҷо то кулбаи танҳои пастак ва саройчадор, ки пайраҳаи пурбарф сӯи онҳо мебурд, хеле наздик буд. Рибак аз он ду қадам монда, ҳамон замон худро ба рӯи барф гирифт – пайраҳа дар зери по баланд хиширрос зад. Сотников аз қафои ӯ худро ба як тараф гирифт ва онҳо ҳамин тавр, аз ду тарафи пайраҳа ба сӯи кулбача равон шуданд.

Онҳо ҳанӯз ба саройча ҳам нарасида буданд, ки ба гӯшашон садои тӯқ-тӯқ расид – касе ғӯё бо дили нохоҳам бо ними қувваташ ҳезум мекафонд. Рибак хурсанд шуд: агар ҳезум кафонанд, маълум мешавад, ки дар деҳа бегонаҳо нестанд, бояд оромӣ бошад. Ба замми ин тирезаро кӯфта, хоҳиши даромадан кардан лозим намешавад – ҳама чизро аз ҳезумкафон пурсидан мумкин аст, дуруст аст, ҳамон лаҳза аз хаёлаш гузашт, ки беэҳтиётӣ карда одамро тарсондан мумкин, рафту бегонаҳоро дида дарро аз дарун маҳкам кунад, ана он вақт қанд зану ӯро аз кулба берун барор. Ва ӯ то ҳадди имкон саройчаро оҳистакак давр зада гузашт, аз охири ходаҳои дар рӯи барф партофта гузашта, аз кунҷ баромад.

Дар торикии сиёҳчатоби хокистарӣ дар назди панҷараи ҳавлӣ касе бо ғӯлакафонӣ овора буд. Рибак зан будани ӯро якбора нафаҳмид ва ӯ дар қафои худ шарфаи поро шунида нохост тарсида, дод гуфт.

– Ҷим, очаҷон! – на он қадар баланд гуфт Рибак.

Ин зани қадпастаки солхӯрда, ки рӯймолро ба сараш дағал ва ғафс карда баста буд, дар назди Рибак шах шуда, садо ҳам бароварда наметавонист. Рибак аз рӯи эҳтиёт ба даре, ки ба сӯи даҳлез мебурд, нигоҳ кард, он маҳкам буд, дар рӯи ҳавлӣ гӯё каси дигаре набуд. Бо вуҷуди ин вай он қадар хавф надошт – ӯ аллакай медонист, ки дар ин деҳа оромист. Полисҳо, эҳтимол нишаста, арақи дастӣ нӯшида истода бошанд.

– Хайр, худогӯӣ кифоя. Дар деҳа полисҳо бисёранд?

– Нестанд полисҳо. Якта буд, он ҳам ба куҷое кӯчида рафт. Дигар нест.

– Хӯш, – Рибак дар рӯи ҳавлӣ гашта, аз кунҷ ба берун нигоҳ кард. – Деҳа чӣ ном дорад?

– Лясини. Деҳаи Лясини, – ҷавоб медод зан, ки ҳоло ҳам тарсаш нагузашта, саропо диққат буд.

Табари вай ба ғӯлаи ғурмдори коҷ чуқур фурӯ рафта буд, ки зан зоҳиран, беҳуда зӯр мезад, ки онро кафонда бӯлак кунад.

Рибак аллакай фикр карда дид, ки дар ин ҷо озуқа ҷамъ кардан бад намешуд: даромад–баромади хуб дорад, дар роҳ сарои ғаллакӯбӣ, ҷангалча ҳаст, рафту ягон чӣ шавад, вай онҳоро аз чашми бегона пинҳон медорад.

– Дар хона боз кӣ ҳаст?

– Ман худам танҳо-ку, – гӯё аз бехабарии онҳо ҳайрон шуда ҷавоб дод зан.

– Дигар ҳеҷ кас нест?

– Ҳеҷ кас. Ҳамин хел як худам зиндагӣ мекунам, – баногоҳ шикоят кард зан, нигоҳи хавотиромези худро аз ӯ наканда, ки эҳтимол, мехост мақсади пинҳонии ташрифи шабонаи онҳоро пай барад.

Вале ба Рибак ин оҳанги шикоятомез ва мутеонаи гуфтори занони деҳа ба ӯ кайҳо шинос буд, бо ин роҳ тараҳҳуми вайро овардан осон набуд. Ҳоло ӯ шароити ҳавлиро меомӯхт – дарвозаи кушодаи оғилро дид ва ба даруни он, ки торику пур аз бӯи ҳар гуна ахлот буд, нигарист.

– Чӣ, холист магар?

– Холӣ, – бо овози маҳзун тасдиқ кард зан, аз табари худ дур нашуда. – Ҳамаро пок-покиза кашида гирифтанд.

– Кӣ гирифт?

– Кӣ гирифтанаш, албатта, маълум. Модари аскари сурх гуфта гирифтанд. Дар гулӯяшон дармонад, лаънатиҳо!

Ҳамин дам Рибак ба зан нигоҳи дилсӯзонае афканд – ӯ ба лаънат фиристодан сар карда бошад, дурӯғ намегӯяд, бовар кардан мумкин аст. Ӯ фаҳмид, ки аз ин ҷо ҳам эҳтимол, чизе нарӯяд, дар дилаш норозиёна «ҳм» гуфта монд – охир як сӯзанаш намонда гирифта намебарӣ-ку, бе ин ҳам немисҳо тороҷ кардаанд. Дигар ҷойро кофтан лозим меояд.

Сотников дар таги девор пушт хам карда, маҳзунона мунтазир буд ва Рибак ба сӯи зан қадам монд.

– Чӣ кафонда наметавонӣ?

Зан фаҳмид, ки вай ёрӣ мекунад ва андак хурсанд шуда, ҳамон лаҳза хавфу ҳароси худро дур кард.

– Ана, ана, ба задан задаму кашида наметавонам. Бегоҳ боз зӯр мезанам, на ин тараф, на он тараф...

– Канӣ, бидеҳ!

Рибак карабини худро ба паси китфаш партофта бо ду даст аз дасти хушки ҳамвори табар гирифт. Ӯ «ҳаъ» гуфта табарро сахт ба ғӯлачӯб зад ва боз зад. Ӯ созу бехато, бо қаноатмандӣ, дар дастонаш зӯр ва маҳорати бачагиро, ки шабҳои зимистон барои саҳарӣ ҳамин хел ҳезум мекафонд, ҳис карда, табар мезад. Арра карданро дӯст намедошт, ба ҳезумкафонӣ доимо бо хурсандӣ тайёр буд ва дар ин кори вазнин, ки чустучолокии мардонаро талаб мекард, қаноатмандии азалӣ медид.

Ӯ чорум бор зарба зада буд, ки ғӯла аз паҳлуи гурм каҷ кафида ду параха шуда рафт. Ӯ нимпарахаҳоро ҳам кафонд.

– Э, раҳмат, писарҷон. Илоҳо, саломат бошӣ, – миннатдорӣ мекард зан, ки аз тарси пешинааш осоре намонда буд.

– Бо раҳмати хушк халос намешавӣ, оча. Хӯрокворӣ ҳаст?

– Хӯрокворӣ? Чӣ хел хӯрокворӣ? Картошка ҳаст. Лекин хурд-хурд. Рафту лозим бошад, дароед, пухта медиҳам.

– Вай чӣ мешавад? Ба мо бо худ бурдан даркор. Ягон чорво мебуд.

– Ҳе, чорво. Ҳозир чорворо аз куҷо меёбӣ...

– Дар он ҷо кӣ зиндагӣ мекунад? – Рибак бо дасташ аз болои полез он тараферо нишон дод, ки дар паси чиғҳои нӯгтез боми пурбарфи хонаи ҳамсоя сафедӣ мекард. Дар он ҷо гӯё оташ афрӯхта буданд: шамол ба ҳавлӣ бӯи дуд ва чизи хӯрданиро меовард.

– Ҳавлии Петр Качан. Вай ҳоло амини ин ҷо, – софдилона хабар дод зан.

– Ҳамин тавр? Амини ин ҷо? Ту мешунавӣ? – Рибак ба тарафи Сотников, ки ба кунда такя дода, дар таги девор тоқат карда меистод, рӯй овард.

– Хайр чӣ? Амин мондаанд.

– Палид будагист-а?

– Не, одами бад не. Худӣ, ҳаминҷоӣ.

Рибак пас аз фурсате қарор кард:

– Хайр, рафтем ба хонаи амин. Вай аз ту, албатта, бойтар будагист.

Онҳо худро ба роҳҷӯӣ овора накарда, аз таги чиғи тавора аз ҳаётаи хокистарпӯш, ки ба рӯяш пӯчоқи картошка пошида буданд ва аз сӯрохии чапаракдевори кӯҳна гузашта, ба ҳавлии амин даромаданд.
Ин ҷо нисбат ба ҳавлии ҳамсоя батартибтар буд, дар ҳама чиз муносибати дилсӯзонаи соҳибаш ҳис карда мешуд. Се тарафи ҳавлиро биноҳо печонда буданд: хона, оғил, айвон; дар назди остона чанаи деҳқонии ба дарунаш қаҳпартофта меистод, ки гувоҳи бешакку шубҳа дар хона будани соҳиби ҳавлӣ буд. Дар таги боми оғил як сарҷини баланд ва калони ҳезум, ки арра карда кафонида шуда буд, менамуд.

Ҳанӯз вақти ҳаётаро гузаштан, Рибак дар тирезаи яхбаста шӯълаҳои хираро дида буд, ки шояд аз чароғи сиёҳ пошида мешуданд ва ӯ акнун бо қатъият ба тахтаи ғиҷирросии остона пой монд.

Вай тақ-тақ накард – дар қулф набуд, ба ӯ, ба одами қишлоқӣ кушодани он хеле осон буд: ҳалқадавакашро чоряк давр гардонда буд, ки дар пастакак ғиҷиррос зада худаш оҳиста кушода шуд, ӯ бӯи тез ва доимии хонаи деҳқониро, ки қариб фаромӯш карда буд, нафас кашида, ба даҳлези торик даромад ва рӯи деворро оҳиста даст-даст кард. Панҷаҳои ӯ аввал ба ким-чӣ хел либосҳои сарди сӯзон расида, ҳалқаи дарро, ки дар ҳамаи хонаҳои қишлоқ як хел аст, ба осонӣ дарёфт. Ин дар ҳам қулф набуд, вай онро ба тарафи худ кашида, ҳалқаро ба дастони сарди Сотников дода, аз остонаи андаке баланд гузашт.

Дар болои тағорачаи чаппаи рӯи миз чароғи сиёҳ месӯхт, ки шӯълаи он аз фавҷи ҳавои хунук ба ларза даромада, каҷ шуд. Одами солхӯрдаи паси миз нишаста, ки риши кӯтоҳ қайчизада дошт ва ба китфаш пӯстинча партофта буд, сари сафедашро бардошт. Дар рӯи паҳни ӯ, ки аз таг ба таври ғайриоддӣ равшан мешуд, як нигоҳи  норозиёна пайдо шуду боз худи ҳамон лаҳза дар зери абрӯҳои сафеди пастхамидааш нопадид гашт.

– Салом, – бо эҳтироми батамкин гуфт Рибак.

Албатта, ба ин хизматчии немис ин тавр салом надодан ҳам мумкин буд, вале Рибак гуфтугӯи барояш нохушро якора сар кардан намехост. Мӯйсафед бо вуҷуди ин, ҷавоб нагуфт, дар паси миз ҳатто наҷунбид, фақат як бори дигар, ин дафъа бе ҳеҷ хел кунҷковӣ ба онҳо нигарист.

То ҳол аз қафо хунукӣ медаромад – Сотников ноуҳдабароёна дарро пӯшониданӣ шуда, бенатиҷа тарақ-туруқ мекард. Рибак ба қафо назаре афканд ва бо як таққоси муқаррарӣ дарро пӯшид. Ниҳоят соҳиби хона, ифодаи бепарвоёнаи чеҳраи худро дигар накарда, гӯё кӣ будани ин шабравони нохондаро пай намебурда бошад, дар паси миз рост шуд.

– Ту амини ҳамин ҷо ҳастӣ? – бо оҳанги расмӣ пурсид Рибак, ба сӯи миз равон шуда. Мӯзаи ғаниматии вай аз хунукӣ лағжонак шуда буданд ва маҷбур буд, ки қадамашро боэҳтиёт гузорад.

Мӯйсафед оҳ кашид ва эҳтимол, дар пеш гуфтугузоре буданашро фаҳмид ва китоби ғафсро, ки то ин дам паси чароғи сиёҳ мехонд, пӯшид.

– Бале, амин, – гуфт ӯ бо овози муқаррарӣ, ки дар он на оҳанги тарс буду на тамаллуқ.

Ин вақт аз паси бухорӣ хирроси кӯтоҳе шунида шуд ва рӯймоли сарашро дуруст карда, аз паси парда зани хурдакак ва лоғараки аз афташ хеле серҳаракат, ки эҳтимол, соҳиби хона буд, пайдо шуд. Рибак карабинро аз киташ гирифта, ба пояш такя дода рост карда монд.

– Кӣ будани моро пай мебарӣ?

– Кӯр нестам, мебинам. Агар барои арақ омада бошед, нест. Ҳамаашро гирифтанд.

Рибак ба Сотников нигоҳи маънидоре кард: ин кундаи пир онҳоро полис-ку гумон намекунад? Агар ин тавр бошад, хуб ҳам будагист, фикр кард ӯ тамкини ҳалимонаи худро нигоҳ дошта:

– Чӣ илоҷ, арақ набошад ҳам, майлаш.

Амин гӯё дар бораи чизе фикр карда хомӯш монд ва тағорачаи милмилакдорро ба канори миз тела дод. Рӯи фарш равшантар шуд.

– Ин тавр бошад, шинед.

– Ҳа, ҳа, шинед, шинед, бачаякҳо, – аз таклифи мард хурсанд шуд зан. Ӯ курсичаро аз назди миз гирифта, ба пеши бухорӣ гузошт, ки дар он сӯхта тамом шудани ҳезуми барои шаб андохта намудор буд. – Ин ҷо гармтар аст, хунук хӯрдагистед, албатта. Чунон хунук, ки...

– Як нафас шинем ҳам мешавад, – розӣ шуд Рибак, вале худаш нанишаста, ба Сотников ишора кард: – Бишин, гарм шав.

Сотниковро ба розӣ кардан ҳоҷат набуд – вай ҳамон дам ба курсӣ нишаста, тахтапушташро ба девори сафеди паҳлуи бухорӣ часпонд. Милтиқро, гӯё ба он такя медода бошад, дар дасташ нигоҳ медошт, ҳатто пилоткаи сарашро дуруст накарда буд ва он чи хеле ки ба болои гӯшҳои сармохӯрдааш чуқур фаровардагӣ буд, ҳамон хел меистод. Рибак дар ин муддат торафт гармтар мешуд, вай тугмаи  нимпӯстинашро аз боло кушода телпакашро ба пушти сар тела дод. Мард дар паси миз ба ҳамон қиёфае, ки ифодаи мустақилӣ ва карахтӣ дошт, рост меистод, соҳибхоназан  дастонашро ба рӯи шикамаш гузошта, ҳар як ҳаракати онҳоро бо тарсу ҳарос назорат мекард. «Метарсад», – фикр кард Рибак. Вай пеш аз он ки шинад, аз рӯи одати партизании худ, хонаро як давр зада, тасодуфан гӯё ба торикии паси бухорӣ назар андохта, дар назди ҷевони фанерии сурх, ки кунҷи катдори хонаро панаҳ мекард, истод. Соҳибхоназан бо эҳтиром худро як тараф гирифт.

– Дар он ҷо ҳеҷ кас нест, бачаҳо, ҳеҷ кас.

– Чӣ, худатон танҳо зиндагӣ мекунед?

– Танҳо. Ана бо мӯйсафед ба ризқи зиндаҳо шарик шуда гаштаем, – бо ҳасрати ошкоро гуфт зан. Ва баногоҳ на ин ки таклиф, балки гӯё амр кард: – Шумо ягон чӣ мехӯрдагистед? Гурусна ҳастед, гапам дуруст аст? Албатта, аз беруни хунук омадед, боз хӯроки гарм нахӯрда...

Рибак табассум кард ва бо қаноатмандӣ дастони хунукхӯрдаашро молиш дод.

– Шояд хӯрем ҳам. Фикри ту чӣ хел? – бо дудилагии сохта ба Сотников муроҷиат кард ӯ. – Агар хонум амина меҳмон кунанд, шикамро бақувват карда мегирем...

– Ана ин хеле хуб мешавад. Ман ҳозир, – хурсанд шуд зан. – Карамам ҳоло гарм будагист. Ва боз... Картошка ҳам пазам?

– Не, пухтан лозим не. Фурсат нест, – бо қатъият эътироз кард Рибак ва ба амин, ки дар кунҷ ба миз такя карда беҳаракат менишаст, каҷ назар афканд.

Дар болои сари ӯ се тимсоли қадимаи пайғамбарони насронӣ, ки бо дастпоккуни гулдӯзӣ баста шуда буданд, сиёҳӣ мекарданд. Рибак ба тарафи девори дутиреза бо мӯзаҳояш вазнин қадам монда, дар назди чаҳорчӯбаи калони оинабанди суратдор омада истод. Ӯ қасдан ба амин рост наменигарист, вале пай мебурд, ки вай худаш аз паси ӯ беист, пинҳонӣ назорат мекунад.

– Ба немисҳо хизмат мекунам, гӯй?

– Лозим меояд, – оҳ кашид мӯйсафед. – Чӣ илоҷ!

– Музди бисёр медиҳанд, охир.

Мӯйсафед оҳанги тамасхури рӯирост доштани ин саволро ҳис накарда наметавонист, бо вуҷуди ин бо оромӣ ва эътибор ҷавоб дод:

– Напурсидаам ва донистан ҳам намехоҳам. Бо ёфту тофти худам қаноат мекунам.

«Аҷиб! – дар дил гуфт Рибак. – Маълум, ки баирода аст».

Ӯ ба девор, ба чаҳорчӯбаи тӯсӣ бодиққат нигоҳ карда, дар байни тахминан шаш расми ҳархела расми ҷавонеро дарёфт, ки ба ин мӯйсафед аранге монанд буда, дар тан гимнастёркаи дар петлитсаҳояш эмблемаи тӯпчӣ ва дар сари синааш се нишон дошт. Дар нигоҳи ӯ як ифодаи бепарвои ором ва дар айни ҳол боварии содалавҳонаи ҷавонона ҳувайдо буд.

– Кист ин? Писаратон будагист?

– Писарамон, писарамон, Толикҷонамон, – бо навозиш тасдиқ кард соҳибхоназан, ки дар паси китфи Рибак истода, ба сурат менигарист.

– Ӯ ҳоло дар куҷост? Баногоҳ полис-ку не?

Амин рӯи туршашро боло кард.

– Мо аз куҷо медонем? Дар фронт буд...

– Вой, худоҷоне, ҳамин ки соли сиюнуҳум рафт, дигар надидем. Тобистон боз хату хабар ҳам нест. Ақаллан медонистем, ки зинда аст, ё аллакай, устухоннакош пӯсида... – тағорачаи карамшӯрборо ба рӯи миз гузошта, ба гап даромад аминзан.

– Хӯш, хӯш – гуфт Рибак, ба суханҳои ноҳамвори ӯ ҷавоб надода. Ӯ мунтазир истод,ки зан суханашро гуфта тамом кунад, пас бо таъкид ба мӯйсафед гуфт: – Ту писаратро шарманда кардӣ!

– Набошад-чӣ! Ман ҳам шабу рӯз ба вай ҳамин гапро мегӯям, – бо ҳарорат аз назди бухорӣ сухани ӯро қувват дод соҳибхоназан. – Писарат ва ҳамаи дигаронро тамоман шарманда кардӣ...

Ин як андоза ғайричашмдошт буд, ба замми ин гӯё дар овози аминзан дарду ҳасрати амиқ ҳис карда мешуд. Бо вуҷуди ин, амин ба суханҳои ӯ ҳеҷ ҷавоб надода, беҳаракат хамида менишаст ва ба Рибак чунин намуд, ки ин мӯйсафед ноқисулақл аст. Вале ӯ дар ин бора фикр кардан замон қавоқи гирифтаи амин боз ҳам гирифтатар шуд.

– Бас! Кори ту не!

Зан ҳамон дам суханашро то охир нагуфта, хомӯш шуд ва амин нигоҳи инодкоронаашро ба Рибак дӯхт.

– Вай чӣ, маро шарманда накард? Ба немис дод – ин шармандагӣ нест?

– Ҳамин тавр шуд. Дар ин гуноҳи вай нест.

– Гуноҳи кист, набошад? Шояд аз они ман? – ҷиддӣ, бе истиҳола ва ё тарс пурсид мӯйсафед ва маънидорона ба миз тиқ-тиқ зад: – Гуноҳи шумо.

– Хӯш-ш, – номафҳум талаффуз кард Рибак ва гуфтугӯи на он қадар оддию барои ӯ нохушро, ки дар вақтҳои охир беинтиҳо будани онро медонист, давом надод.

Соҳибхоназан дастархони кӯтоҳакакро, ки ними мизро мепӯшонд, паҳн карда ба рӯи он тағорачаи карамшӯрборо гузошт, ки бӯи гӯшти он тамоми ҳиссиётҳои дигарро пахш карда, фақат ҳисси гушнагиро, ки якбора ба хурӯҷ омада буд, тундтар месохт. Рибак ба ин одам ҳеҷ эҳтиром ҳис намекард, муҳокимаи умумӣ ва сабабҷӯиҳои вай оид ба чи тавр амин шуданаш ба Рибак даркор набуданд – худи ба немисҳо хизмат карданаш ба ӯ ҳама чизро муайян менамуд. Бо вуҷуди ин ҳоло ӯ бениҳоят хӯрок хӯрдан мехост ва Рибак қарор кард, ки давоми муайян намудани муносибати мӯйсафедро бо немисҳо андак ба таъхир гузорад.

– Бишинед, камтарак хӯрок хӯред. Мана, нон гиред, – бо меҳрубонии пурнавозиш муроот мекард соҳибхоназан.

Рибак телпакашро нагирифта, ба паси миз гузашт.

– Гир, мехӯрем, – гуфт ӯ ба Сотников.

Вай беҳолона сар ҷунбонд:

– Хӯр. Ман намехӯрам.

Рибак ба рафиқаш, ки дар курсӣ хам шуда сулфида менишаст, бодиққат нигоҳ кард. Вай ҳатто гоҳ-гоҳ, чунонки табларза гирифта бошад, ларзида мемонд. Соҳибхоназан, аз афташ, аҳволи меҳмонро дурусттар нафаҳмида, ҳайрон шуд:

– Охир, барои чӣ намехӯред? Шояд, аз хӯроки мо ҳазар мекунед? Хоҳед, ягон чизи дигар диҳам?

– Не, раҳмат. Ҳеҷ чиз даркор нест, – бо қатъият гуфт Сотников, ки хунук хӯрда, панҷаҳои борики дасташро ба остинаш меандохт.

Соҳибхоназан софдилона ба ташвиш афтод.

– Э худоҷоне, шояд ягон корам маъқул нашуд? Мебахшед-дия.

Рибак дар паси миз дар курсии васеъ баҳузур нишаста, карабинро дар байни зонуҳояш фушурда, ҳатто пай набурд, ки тағорачаро хомӯшона тамоман холӣ кардааст. Амин бо ҳамон қиёфаи гирифта дар кунҷ беҳаракат менишаст. Соҳибхоназан дуртар аз миз истода, тайёр буд, ки ба меҳмон аз таҳти дил хизмат кунад.

– Хӯш, ман нонро мегирам. Ин ҳаққи вай, – гуфт Рибак, ба тарафи Сотников ишора кард.

– Гиред, гиред, бачаяконам.

Амин хомӯшона гӯё ягона калима ва ё, шояд ибтидои гуфтугӯро дар бораи масъалаи асосӣ мунтазир буд. Дастони калони шахшӯлнамои ӯ дар болои муқоваи сиёҳи китоб оромона мехобиданд. Рибак боқимондаи нонро ба бағалаш андохта ба оҳанги сарзаниш гуфт:

– Китоб ҳам мехонӣ?

– Хайр чӣ, хондан ҳеҷ вақт зарар намекунад.

– Советӣ ё немисӣ?

– Инҷил.

– Канӣ, канӣ! Аввалин бор мебинам.

Рибак аз паси миз наздик шуда, китобро бо кунҷковӣ ба даст гирифт ва муқоваашро гардонд. Лекин ӯ ҳамон дам ҳис кард, ки ин корро, яъне мароқи худро ба ин китоби бегона ва боз шояд немисҳо чоп карда, зоҳир карданаш лозим набуд.

– Беҳуда кардӣ. Хонӣ, зарар намекард, – ғурунгос зад амин.

Рибак Инҷилро боқатъият пӯшид.

– Хайр, ин кори ту не. Ту ба мо ақл ёд надеҳ. Ту ба немисҳо хизмат мекунӣ, бинобар ин душмани мо ҳастӣ, – гуфт Рибак ва қаноатмандии ниҳонӣ ҳис кард, ки барои ба меҳмондорӣ сипосгузорӣ нанамудан баҳонае ёфт шуд, то бо оҳанги ба шароит басе мувофиқ гап сар кунад. Вай аз паси миз ба миёнаи хона баромада, тасмаи аз рӯи нимпӯстин  бастаи худро, ки акнун тангтар шуда буд, дуруст кард. Маҳз ҳамин тағйир дар муносибати онҳо ба ӯ имконият  медод, ки ба асли масъала, ҳарчанд ҳоло барои ба он гузаштан камтар тайёрӣ даркор буд, наздиктар шавад. – Ту душман. Бо душманон чӣ хел гап доштани моро медонӣ?

– Ба кӣ душман? – гӯё ҷиддияти тамоми вазъияти худро пай набурда, оҳиста, вале бо қатъият эътироз кард мӯйсафед.

– Ба худиҳо. Ба русҳо.

– Ба худиҳо ман душман не.

Амин гарданшахона розӣ намешуд ва ин Рибакро ба ғазаб меовард. Акнун ҳаминаш кам буд, ки ба ин хизматчии немис исбот карда шинӣ – барои чӣ ӯ, хоҳад – нахоҳад, душмани Давлати Советӣ мебошад. Рибак ҳеҷ хоҳиш надошт, ки бо ӯ гуфтугӯи дуру дароз сар кунад ва оҳанги таҳқири суханашро рӯйпӯш накарда пурсид:

– Чӣ, магар маҷбур карданд? Бар хилофи хоҳишат?

– Не, барои чӣ зӯран, – гуфт хӯҷаин.

– Маълум мешавад, ки худат.

– Чӣ гӯям. Ҳамин хел мебарояд.

«Ин хел бошад, ҳамааш маълум, – фикр кард Рибак, – ҳоҷати гап ҳам нест». Ҳисси бадбинии ӯ ба ин одам торафт зиёдтар мешуд, вай аллакай афсӯс мехӯрд, ки ин қадар вақтро ба гуфтугӯи беҳуда сарф кардааст, ҳол он ки ҳамааш аз аввал равшан буд.

– Хайр! Пеш даро! – сахт карда фармон дод ӯ.

Дасташро ба ҳаво бардошта, аминзан худашро ба тарафи Рибак партофт.

– Вой, писаракам, вайро куҷо мебарӣ? Ин хел накун, ба ҳоли ин ҳафтафаҳм раҳм кун. Мӯйсафед вай, аз рӯи ҳафтафаҳмияш...

Вале амин ба такрори фармон водор накарда, ниҳоят батамкин, саросема нашуда, аз паси миз бархост ва остинашро пӯшид. Вай тамоман сарсафед ва ба солхӯрдагияш нигоҳ накарда, бузургҷусса ва шонапаҳн буд ва ҳамин ки хест бо худ ҳамаи кунҷи хонаро, ки дар он ҷо тимсоли авлиёҳо истода буданд, панаҳ кард.

– Дам шав! – фармон дод ӯ ба занаш. – Дам шав!

Эҳтимол, аминзан ба итоаткорӣ одат карда буд, ки фиқ-фиқкунон охир ба паси парда гузашт. Амин оҳиста, гӯё метарсида бошад, ки ба ягон чиз мерасад, аз паси миз берун баромад.

– Хайр, чӣ илоҷ, ихтиёр ба шумо. Паронед! Шумо напаронед, дигарон мепаронанд. Ана, – вай ба девори байни ду тиреза кӯтоҳ ишора кард, – аллакай рост монданд, паронданд.

Рибак беихтиёр ба он тарафе, ки хӯҷаин нишон медод, нигоҳ кард, дар ҳақиқат дар девори сафеди назди тиреза чанд сӯрохӣ сиёҳӣ мекард, ки ба сӯрохии тир шабоҳат дошт.

– Кӣ паронд?

Хӯҷаин, ки ба ҳар чиз тайёр буд, дар миёнаи кулба беҳаракат рост меистод.

– Шумо баринҳо. Арақ талаб карданд.

Рибак дарунакӣ як қад парида монд: вай ба ким-кӣ монанд шудан намехост. Ӯ мақсадҳои худро одилона ҳисоб мекард, вале монандии мақсади дигаронро ба мақсади худаш фаҳмида, аз они худро ҳам дигархелтар дарк кард. Ва боз дар айни ҳол бовар намекард, ки амин ӯро фиреб медода бошад – ба ин оҳанг дурӯғ намегӯянд. Аминзан паст-паст фиқ-фиқкунон аз паси парда ҳар замон нигоҳ карда мемонд. Сотников дар курсӣ хам шуда нишаста, месулфид ва ба гуфтугӯи Рибаку хӯҷаин ягон калима гап ҳамроҳ накард – ҳамин тавр менамуд, ки ӯ ҳоло ба ин кор майле надорад.

– Хӯш. Модагов ҳаст?

– Ҳаст. Ҳоло ҳозир, – ба тобиши нав гирифтани масъала ҳеҷ шавқе зоҳир накарда, ноумедона ҷавоб дод амин.

Аминзан гиряашро бас кард ва ба гуфтугӯ гӯш дода, хомӯш монд. Рибак фикр мекард модаговро ба ҷангал ҳай карда бурдан фиребанда буд, вале шояд ҷангал аз ин ҷо хеле дур бошад, ки ба он пагоҳӣ нарасанд.

– Хӯш, рафтем!

Вай карабинро ба паси китфаш партофт, амин телпаки аз мех гирифтаашро итоаткорона пӯшид ва хомӯш дарро кушод. Рибак аз қафои ӯ равона шуда ба Сотников ишора кард:

– Ту мунтазир бош.