6

Сотников нияти тирпаронӣ надошт – вай ҳамин тавр дар нишебӣ афтод, сараш чарх зад, ҳама чизи атроф давр мегашту шино мекард ва ӯ тарсид, ки дигар хеста наметавонад.

Аз ин ҷо ба ӯ дар поён чӣ хел бо тамоми қувват ба тарафи буттазор давидани Рибак, ки дасташ чун пештара бо бор банд буд, хеле хуб менамуд ва Сотников ӯро ҷеғ назад, чунки ба наҷот ҷустан дер шуданашро медонист.  Вай то даме аз қафо садоҳоро шунид ва фаҳмид, ки ӯро ба зудӣ дастгир мекарданд, дар рӯи барф аз кӯфтагӣ нафастанг шуда хобид. Вай баъд аз он милтиқашро аз таги барф кашида гирифт ва то он кори даҳшатнокро, ки воқеъ шуданаш даркор буд, аз худ як лаҳза дур кунад, ба нимторикӣ тир холӣ кард. Бигзор донанд, ки вай худро ҳамин тавр осонакак ба дасти онҳо намедиҳад.

Тири вай таъсир кард: онҳо дар он ҷо, дар майдон гӯё истода монданд. Ва ӯ фикр кард, ки аз ин ҳол истифода карда ҳар чӣ бошад, ба гурехтан кӯшиш кардан лозим аст. Ҳарчанд вай ночиз будани имконияташро медонист, бо вуҷуди ин бар хастагии худ ғолиб омад ва зӯр зада, ба милтиқ такя карда, аз ҷояш бархост. Онҳо ҳамон дам ба ногоҳ се тарҳи беҳаракат, дар шонаи хокистарии теппа, дар наздикии ӯ пайдо шуданд. Як нафари аз тарафи ростбуда ӯро дидагӣ барин ким-чӣ гуфт ва Сотников қариб нишон ҳам нагирифта, бори дуюм тир холӣ кард. Аз тири худ ӯ худро чӣ тавр ба як тараф партофтан, нишастан ва ё хам шуда аз нав тир парондани ӯро мунтазир шудани онҳо намоён буд, бо мӯзаҳои соқнамадинаш барфро тела карда, беҳолона ба поён метохт ва эҳтимоли ҳар лаҳза ба рӯи барфи нишебӣ дароз афтоданашро ба таваккал партофта буд. Рибак аллакай дур рафта, ба буттазор расида буд ва Сотников фикр кард: шояд халос хӯрда тавонад? Вай худаш ҳам бо тамоми қувва мекӯшид, ки аз ин теппа ҳар чӣ дуртар гурезад, вале сад қадам ҳам нарафта буд, ки аз қафо якбора садои чанд тир баробар баланд шуд.

Вай ҳис кард, ки меафтад, боз чанд қадам давид, – рони росташ якбора ба сӯзиш даромад, моеи часпаке аз зону ба даруни мӯзааш шорид. Баъд аз чанд қадам қадами дигар ӯ пояшро қариб тамоман ҳис намекард – вай зуд вазнин шуда, аз ихтиёраш мерафт. Баъд аз лаҳзае ӯ ба рӯи барф афтод. Бо вуҷуди ин дарди сахтро ҳис намекард, фақат синааш бо гармии тоқатшикан месӯхт ва пояш ҳам аз зону боло сӯзиш мекард. Шимаш тамоман тар шуда буд. Вай чанд муддат лабонашро, то ба дард омадан сахт газида, дароз кашида хоб рафт. Акнун дар ӯ на танҳо тарси каме пештар доштааш набуд, балки таассуфе ҳам ҷой надошта, фақат ҳушмандие, ки марги наздик ва беилоҷи ӯро бо тамоми дақиқӣ дарк мекард ва он гӯё на фаҳмиши ӯ, балки фаҳмиши каси бегонае буд, вуҷуд дошту халос. Фаро расидани ин марг маҳз дар ҳамин лаҳзае, ки аз ҳама камтар нигаронаш буд, ӯро андак ба ҳайрат меандохт. Марг, ҳар чӣ бошад, ӯро борҳо дар беилоҷтарин лаҳзаҳо дар канор гузошта буд. Вале дар ин ҷо акнун дар канор гузошта наметавонист.

Аз қафо боз овозҳо ба гӯш расиданд, аз афташ, полисҳо наздик меомаданд, ки зинда ва ё мурдаи ӯро бигиранд. Вай хурӯҷи дарди пояшро ҳис карда, хастагии худро ба зӯр бартараф намуд ва ба дасташ такя зада, баланд шуд ва биншаст. Бари шинел, мӯза, остин ва зонуҳояш ба барф чуқур ғӯтида буданд, дар шимаш аз зону болотар доғи тари хун паҳн мешуд. Вале ӯ акнун ба ин аҳамият намедод–затворро ҳаракат дода, гилзаи тири паронидашударо берун партофт ва тири навро гирифт. Вай дар нишебӣ боз ҳамон се нафарро дид – яке аз пеш, дуи дигар аз қафо, ки сояҳои норавшан барин менамуданд, аз теппа на он қадар боваринок фуромада меомаданд. Вай дандонҳояшро ба ҳам фишурда, пои маҷрӯҳашро ба рӯи барф дароз карда хобид ва аз аввала дақиқтар нишон гирифт. Баробари ба дурӣ паридани садои тир вай дар он ҷо, дар нишебӣ, якбора афтодани ҳамаи онҳоро дид ва баъд ҳамон замон садоҳои баланди тир дар хомӯшии шаб гулдурос заданд. Вай фаҳмид, ки онҳоро нигоҳ дошт, барои ӯро ба инобат гирифтан маҷбур сохт ва ин боиси каме қаноатмандии ӯ гардид. Баъди шиддат ва зӯрзании беморона ӯ худро суст карда, пешонаашро ба қундоқи карабин гузошт. Вай нҳоят хаста шуда буд ва аз паси онҳо беист назорат карда ва ё аз тири онҳо худро паноҳ карда наметавонист ва бинобар ин қувваи боқимондаашро барои боз як бори дигар паронидан сарфа мекард. Онҳо аз болои теппа ба тарафи ӯ аз милтиқҳояшон тир мекушоданд. Як-ду бор ӯ садои тирро ҳам шунид – яктояш аз болои сараш вижжосзанон гузашта рафт, дигараш ба ким-куҷои таги оринҷаш зада барфро ба рӯяш пош дод. Вай наҷунбид – бигзор зананд. Агар кушанд ҳам, чӣ илоҷ... Вале то даме ки зинда аст, вай онҳоро ба худ наздик шудан намегузорад.

Вай дар ҷанг аз марг наметарсид – даҳҳо бор ба беилоҷтарин ҳолатҳо афтода, тарсашро гум карда буд, – вай аз он метарсид, ки ба дигарҳо бори гарон шавад, чунонки командири взводашон Жмаченко шуда буд. Тирамоҳ дар ҷангали Крижовск ба шикамаш тирпора расида, маҷрӯҳ гашт ва онҳо ӯро аз ботлоқ, аз назди ҷазодиҳандагон, ки ба ҳар кас сари худро ба саломат бурдан осон набуд, бардошта мебурданд ва тамоман ба ҷон расида буданд. Ҳамин ки шаб ба ҷои бехавф баромаданд Жмаченко вафот кард.

Сотников аз ҳама бештар аз ҳамин хел қисмат метарсид, ҳарчанд чунин менамуд, ки ин тавраш ба сари ӯ намеояд. Эҳтимоли наҷот ёфтан, бешубҳа, набуд. Вале ӯ ҳуш ва яроқ дошт – ин аз ҳама муҳим буд. Пояш аз каф то рон беихтиёр карахт мешуд, вай акнун гармии хунро ки шояд кам ҷорӣ нашуда буд, ҳис намекард. Онҳое, ки дар болои теппа буданд, баъди чанд тир кушодан ҳоло фурсат мепоиданд. Ана кадоме аз онҳо хест. Боқимондаҳо дароз кашида буданд, инаш дар нишебӣ як сиёҳӣ карда, ба поён ғелид ва сокит гашт. Сотников дасташро ба милтиқ дароз карда, чӣ қадар аз ҳол рафтанашро пай бурд. Болокории ин дарди пояш ҳам сахттар мешуд. Аз чист, ки тир ба болотар, ба ронаш зада бошад ҳам, зону ва рагу пайи зери он дард мекард. Вай дандонҳояшро фишурда ба паҳлуи чапаш каме тоб хӯрд, ки вазнинии паҳлуи росташро андак сабуктар кунад. Ҳамин дам дар теппа боз як сиёҳӣ ба назар расид – чунин менамуд, ки онҳо аз рӯи ҳамаи қоидаҳои ҳарбӣ амал карда, ба ӯ бо давиданҳои кӯтоҳ-кӯтоҳ наздик мешаванд. Вай мунтазир шуд, ки сеюмаш хезад ва тир холӣ кард. Ӯ таваккал ва тақрибан тир холӣ карда буд – дар нимторикӣ қаровулаку нишонгири милтиқро дуруст фарқ карда намешуд. Дар ҷавоб аз он тараф ҳам тирҳо қарсас заданд – ин дафъа ягон даҳ бор, ки кам не. Вақте ки тирпаронӣ хомӯш шуд, вай аз кисааш тирдони навро гирифта ба милтиқ ҷой кард. Чӣ набошад, тирро эҳтиёт кардан зарур, фақат понздаҳ дона монда аст.

Эҳтимол, вай дар рӯи барф муддати дароз хобид, сардӣ ба баданаш асар кард, пояш бештар ба дард даромад; аз хунукию хунравӣ ӯро акнун ларза гирифта, шиканҷа медод. Интизорӣ ниҳоят пуразоб буд. Онҳо паронданду хомӯш шуданд. Гӯё дар шаб ғойиб гаштанд – дар ҳеҷ ҷойи теппа ягон соя пайдо намешуд. Бо вуҷуди ин вай ҳис мекард, ки ӯро дар ин ҷо мондани онҳо гумон аст – кӯшиш мекунанд, ки зинда ва ё мурда ба даст гиранд. Ва ӯ аз хаёл гузаронд: онҳо шояд гаваккашон омада истода бошанд? Ва ё чашми ӯ хуб намедидагӣ шуд? Аз беқувватӣ дар пеши чашмонаш доғҳои сиёҳ пайдо мешуданд, дилаш камтар беҳузур буд. Вай тарсид, ки аз ҳуш меравад ва он вақт ҳодисае рӯй медиҳад, ки вай дар ин ҷанг аз он аз ҳарчӣ бисёртар метарсид. Аз ин мебарояд, ки вай қувваи боқимондаи худро ба кори охирин – барои зинда ба даст наафтодан сарфа карданаш даркор аст.

Сотников боэҳтиёт сарашро бардошт – дар пеш дар нимторикии сард чизе милтос зад. Одам? Вале ӯ бо зудӣ фаҳмид, ки хато кардааст ва андак осуда шуд: дар пеши мил шохчаи бурган милтос мезад. Вай ин дам нолишро бас карда, пои маҷрӯҳашро ҳаракат дод, ки ҳамоно тамоми онро дарди сахте сӯзонда гузашт ва ӯ зонуяшро андак ҷунбонду монд. Вай акнун панҷаҳои пояшро тамоман ҳис намекард. Хайр, бало ба паси ин панҷаҳо, фикр мекард вай, акнун онҳо даркор ҳам нестанд. Пои дуюмаш тамоман сиҳат буд.

Эҳтимол вақти бисёр ва ё каме гузашта бошад, ӯ намефаҳмид – вақтро дарк намекард. Ӯро акнун муҳимтарин фикр ба ташвиш меандохт: Худро ғофилгир накунад. Гумон кард, ки онҳо ба тарафаш гавак мекашанд ва барои он ки навъе карда наздикшавии онҳоро боздорад, ба болои милтиқ хам шуда, боз тир холӣ кард. Вале полисҳо, аз чӣ бошад, ки шитоб надоштанд ва ӯ фикр кард, ки ҳоло онҳо, эҳтимол ба ҷарӣ фуромада ӯро намебинанд. Ин дам, ӯ ҳам қарор кард, ки аз танаффуси кӯтоҳ истифода кунад ва бо азоб якпаҳлу шуд.

Аз по кашидани намадмӯзаи аз хунукӣ шахшуда душвор аст ва ҳоло онро аз ҷо нахеста, аз по канда гирифтан даркор буд. Ва Сотников чангак шуд, худро дар ҳам кашид, то ҳадди дандонаш ғиҷироос задан ҷоғашро фишурд ва бо тамоми қувва намадмӯзаро аз по кашид. Зӯри аввал нафъ накард. Баъди як лаҳза вай аллакай аз ҳол рафт, ӯро арақи сард зер карда, сахт-сахт нафас мегирифт. Вале камтар дам гирифтаю ба атрофаш назар карда, вай боз ҳам қатъитар ба кашидани намадмӯзааш сар кард.

Вай онро пас аз кӯшиши панҷум ва ё шашум кашид ва сахт аз мадор рафта, чанд дақиқа дар рӯи барф ҷунбида ҳам натавонист. Баъд тарсид, ки эҳтимол таъхир кунад, мӯзаро бар рӯи барф партофта, сарашро бардошт, аз афташ, дар наздикиҳои ӯ касе набуд. Акнун бигзор даванд –  вай барои тамом кардани худ тайёр буд, фақат мили милтиқро ба таги манаҳаш монда бо ангушти пояш кулангро пахш кунад шудааст. Ва хомӯшу ғазабомез шодие кард: ҳарчӣ ҳам бошад, ӯро зинда гирифта наметавонанд. Вале ӯ ҳоло боз ду тирдон тир дошт – вай ба онҳо охирин ҷанги худро нишон медиҳад. Вай баландтар хест–охир он душманони вай дар ягон ҷой буданашон даркор аст, ба таги замин фурӯ нарафтаанд-ку...

Аз чӣ бошад, ки онҳо дар ин наздикиҳо набуданд. Ва ё эҳтимол, ӯ шабона акнун дида наметавонист? Шаб торикнамо шуда, моҳ дар осмон боз ба ким – куҷо ғайб зада буд. Маълум мешавад, ки ҳаёташ шабона, дар ин майдони тираи яхбаста, дур аз одамон, дар ин танҳоӣ тамом мешудааст, фикр кард ӯ. Баъд ӯро, эҳтимол ба полисхона мебаранд, либосашро мекашанд ва дар ягон хандақи лошапартоӣ мепартоянд. Ва ҳеҷ кас ҳеҷ гоҳ дар он ҷо хуфтани ҷасади ӯро намедонад. Қабристони бародарӣ, ки як вақтҳо ӯро ба даҳшат меовард, акнун барои ӯ орзуи дастнорас, шукӯҳи бемонанд шуда буд. Лекин ҳамаи ин кирои ташвиш намекард. Дар вай аллакай чизе, ки ӯ пеш аз мурданаш боиси он афсӯс хӯрад,  намонда буд. Танҳо магар ин милтиқ, ки тамоми ҷанг ба ӯ беҷурм хизмат кард. Дар кори ягон қисматаш нуқс набуд, ягон қисмаш ҳангоми паронидан аз кор намонд, тираш ҳамеша ниҳоят дақиқ ва бехато мезад. Дигарон автоматҳои зудпарони немисӣ, баъзеҳо автомати СВТ доштанд – вай аз милтиқи худ ҷудо намешуд. Ним зимистон боз он  муҳофизи боэътимодаш буд, акнун ба ягон полис мерасидагист.

Пои бараҳнааш ба хунук хӯрдан сар кард, ҳаминаш кам буд, ки онро сармо занад – он вақт кулангро чӣ тавр пахш мекунад? Ӯ ба хастагию дард ғолиб омада, дар рӯи барф ҷунбид ва ба ногоҳ дар теппа ҳаракатеро дид. Фақат ҳаракат на ба тарафи ӯ, балки ба тарафи муқобил буд. Ду сиёҳӣ ба нимторикӣ омехта ва ба зӯр ба назар намоён оҳиста аз нишебӣ ба баландӣ мебаромаданд. Ба зудӣ онҳо ба қуллаи теппа расиданд ва ӯ дар он ҷо чӣ ҳодиса рӯй доданашро фаҳмида наметавонист. Онҳо, албатта, ба куҷое равона буданд – эҳтимол, ба сӯи чанаҳо ва ё барои ёрӣ гирифтан,  ӯ бошад, аз фикраш ҳам гузаронида наметавонист, ки ӯро партофта мерафта бошанд, вале ба роҳ баргаштани онҳоро баралло медид.

Яъне ӯ як худаш мемонад. Вале ӯ ба ҳар ҳол як худаш дар ин сармо дер тоб оварда наметавонад, дар миёнаи майдон аз хунукӣ ва хунравӣ оҳиста-оҳиста ҳалок мегардад. Сотников аз ин аҳдшикании онҳо гӯё ба қаҳр омада, як навъ карда нишон гирифт ва тир холӣ кард.

Ва ҳамон замон фаҳмид, ки беҳуда хавотир кашида будааст: на он қадар дуртар аз зери теппа тири ҷавобӣ паронида шуд. Маълум мешавад, ки ба ҳар ҳол посбон мондаанд. Онҳо аз афташ, барои ёрӣ овардан рафтанду якеро гузоштанд, ки ба ӯ назорат кунад ва ӯро дар зери тир нигоҳ дорад. Онҳо фаҳмидагистанд, ки вай маҷрӯҳ аст ва дур рафта наметавонад. Чӣ илоҷ, ҳамааш дуруст аст.

Бо вуҷуди ин чунин ранг гирифтани кор ӯро ҳатто рӯҳбаланд кард – ба як кас ҷангидан мумкин буд. Дуруст аст, ҳаминаш бад буд, ки вай душмани худро намедид – аз афташ, хуб пинҳон шудааст, мурдор. Шабона аз рӯи тирпаронияш дар куҷо шинак гирифтани ӯро он қадар равшан муайян карда наметавонист. Эҳтимоли қавӣ меравад, ки полис ӯро дар мадди нишон дорад – ҳамин ки Сотников сарашро андак мебардошт, дар он дурӣ садои тир гулдурос мезад. Аз афташ, дароз кашида, аз хунукӣ шах шудан рост меояд. Ӯ кайҳо боз беором меларзид ва Сотников фикр кард, ки вай ба ин ҳол дер поида наметавонад.

Ҳарчанд ба ҳамааш осонакак хотима гузошта метавонист, вале ба чӣ умед баста, корро кашол доданаш маълум набуд. Шояд, ӯ наҷот ёфтан мехоста бошад? Аз афташ, ӯ инро махсусан, ҳоло ки онҳо муҳосираро бардошта буданд, бисёр мехост. Фақат чӣ тавр? Гавак кашида наметавонист, ҳатто кӯшиш мекард, ки пои маҷрӯҳашро наҷунбонад. Вале пои сиҳаташ ҳам акнун аз сармо карахт мешуд – яъне тамоман бепой мемонд. Бе пой чӣ тавр наҷот меёбӣ?

Вай милтиқашро дар барф гузошта, паҳлу гашт ва сарашро набардошта намадмӯзаашро ҷуст. Мӯза, ки соқаш дар барф буд, дар наздаш мехобид. Вай даст дароз карда намадмӯзаро гирифт ва барфашро афшонда мепалмосид, ки онро ба пои карахташ пӯшад. Вале пӯшида натавонист – ин аз кашиданаш ҳам душвортар буд. Ҳамин ки пояш ба соқи мӯза даромад, сараш боз чарх зад ва ӯ дар худ ғунча шуд, ки ба беҳолӣ ва хурӯҷи дард тоқат кунад. Дар ин дам садои тир, ки аз он ҷо, аз зери теппа паронида мешуд, қарсос зада рафт ва акси садои сарди ҷарангосиаш дар майдон паҳн гашт. Пас дуюм ва сеюм бор қарсас зад. Бо вуҷуди ин вай садои тирро намешунид ва аслан ба он гӯш ҳам намедод. Вай дар хобҷои барфии худ якпаҳлу тоб хӯрда, бо тамоми қувва кӯшиш мекард, ки намадмӯзаашро ба пой кашад ва ҳолаш андак сабук шуд. Вай ҳатто рӯяшро гардонд, ки барф он қадар рӯю пешониашро сахт ба сӯзиш наорад.

Ва ӯ баногоҳ овозеро шунид, ки аз куҷо расиданаш маълум набуд.

– Сотников, Сотников...

Ӯ аз ин сахт ба ҳайрат омад ва фикр кард, ки ин шояд ба ӯ фақат вонамуда бошад. Бо вуҷуди ин вай ба қафо нигарист – дар қафо ким-кадом чизи зиндае меҷунбид, гӯё касе ҳатто гавак мекашид ва паст-паст боисрор такрор мекард.

– Сотников, Сотников!

Ин, бешубҳа, Рибак аст! Сотников овози пасти хавотиромези ӯро дақиқ шунид ва он дам дар ҳолати шадиди пуризтироби худ якбора аз арақ тар шуд. Ҳарчанд ҳоло хуб ё бад будани баргаштани Рибак маълум набуд (эҳтимол роҳи баргаштан ҳам баста бошад), вале ӯ баногоҳ дарк кард, ки марг вогузоштааст ӯро.