5

Онҳо хомӯшона аз рӯи нақши пешинаи пойҳои худ қадам зада, аз сарои ғаллакӯбӣ гузаштанд ва қад-қади тавораи симхордор роҳ гирифта, ба нишебии буттазор баромаданд.

Деҳа саросар ором буд, аз ягон тиреза нури чароғе ҳам наменамуд; бомҳои пурбарф, деворҳо, тавораҳо, дарахтони боғҳо дар торикии шаб хоболуд ва хира метофтанд. Рибак дар китфаш танаи гӯсфанд аз пеш тез-тез мерафт – каллаи қашқаи овезони гӯсфанд дар китфи ӯ ба ин тарафу он тараф алвонҷ мехӯрд. Вақт, эҳтимол, аз нимашаб гузашта буд, моҳ ба миёнаи осмон омада, дар байни шафақи туманолуди равшаннамо кам-кам ҷило медод. Ситораҳо нисбат ба аввали шаб дурахшонтар метофтанд, барф дар зери по баландтар ғиҷиррос мезад – хунукии шаб бениҳоят шиддат мегирифт. Рибак бо таассуф фикр кард, ки онҳо ҳар чӣ ҳам бошад, дар хонаи амин бисёр андармон шуданд, хайрият ки беҳуда не: дам гирифтанд, гарм шуданд ва аз ҳама муҳимаш дасти холӣ барнамегаштанд. Ба ҳабдаҳ кас аз ин гӯсфанд бисёр набошад ҳам, албатта якпорагӣ мерасад. Ҳарчанд аз дур бошад ҳам, пайдо карданд ва акнун онро то субҳ ба манзил расондан даркор буд.

Вай зери бор дар шабонгаҳ аз майдон, аз роҳи шинос он қадар ҳам эҳтиёт нашуда, аз худаш розӣ тез-тез қадам монда мерафт. Агар Сотников, ки ӯро танҳо партофта рафтан мумкин нест, набошад, вай эҳтимол дур мерафт. Шояд ҳамин шаб аввалин бор дар Рибак аз ҳамсафараш ҳисси норизоӣ пайдо шуд, вале чӣ чора: магар ӯ гунаҳгор аст. Лекин метавонист, ки аз ягон ҷой либоси гармтаре ба даст орад ва он вақт шояд саломат мебуд ва ҳоло барои бардошта бурдани ин гӯсфанд мадад ҳам мекард. Аввал вай он қадар вазнин нанамуда буд, лекин баъдтар вазниниаш афзудан гирифт, китфашро бисёртар мефушурд ва ӯро маҷбур менамуд, ки сарашро хам кунад, вале ин барои пеши роҳро дидан ба вай халал мерасонд. Рибак борро аз як китф ба китфи дигараш мегирифт: то даме ки бор дар як китфаш буд китфи дигараш дам мегирифт ва чандон азоб намекашид.

Вай дар нимпӯстини сиёҳ, ки чанд вақт пештар тамоман нав буд ва дар ин сармо ба ӯ хуб хизмат кард, роҳравон нағзакак гарм шуд. Бе нимпӯстин, эҳтимол, аҳволаш тамоман хароб мешуд. Ин ҳам сабук, ҳам гарм, ҳам мепӯшӣ ва ҳам шаб ягон ҷой хоб равӣ ба болоят мегирӣ. Раҳмат ба амаки Ахрам: дилаш насӯхта дод. Ҳарчанд ки, албатта, Ахрам ба ин сабабҳои худро дошт ва аз ҳама асосияш, бешубҳа, Зося буд: Зося ба вай – Рибак ин чизро аниқ медонист – ба василаи дилхушӣ ва ҳавасангез, вале ниҳоят кӯтоҳи замони ҷанг сахт дил баста буд.

Хайр, агар ҷанг набошад, чӣ мешуд! Агар ҷанг намешуд, вай бо ин Зося дар куҷо вомехӯрд? Чӣ навъ Рибак, старшинаи ротаи тирандозон ба Корчевкаи онҳо, ба ин деҳи хурди хомӯш, ки дар канори беша ҷой гирифтааст, меомад. Шояд тамоми умр гузораш ягон бор ба ин ҷо намеафтод, фақат ҳамин ки ҳангоми машқҳои тирамоҳӣ эҳтимол дошт аз роҳи калони мошингардаш гузашта равад. Ҳоло лозим омад, ки бо пои маҷрӯҳи бо куртаи чиркини ғафс печонидашуда ба ин ҷо кашола шуда ояд ва хоҳиш кунад, ки ӯро дар хона ҷой диҳанд – метарсид, ки дар кӯча монад, ӯро немисҳо, ки рӯзона савора мегарданд, бемалол гирифтанашон мумкин аст. Дар ҳақиқат онҳо аз саҳарӣ мототсиклу аспсавор майдони ҷангро, ки пур аз ҷисмҳои мурдагон буд, ба давр гаштан сар карданд, вале ӯро он вақт аллакай дар оғил, дар зери ғарами нахӯдпояҳо нағзакак пинҳон карда буданд. Ахрам ва Зосяҷон рӯзу шаб нигаҳбонаш буданд – эҳтиёт карданд, дастгир накунонданд. Баъд ... Баъд атроф ҳама ором шуд, ҳукумати нав, ҳукумати немисӣ барқарор гардид, шабона ҳатто гулдурроси тӯпҳо ҳам ба гӯш намерасид: аҳвол ниҳоят ғамангез буд. Ҳамаи он чизе ки  вай пештар барои онҳо зиндагӣ ва кӯшиш мекард, чунин менамуд, ки тамоман ва абадан сарнагун шуда бошад. Дар деҳа он вақт рӯзҳои вай ниҳоят талх буданд ва дар он давраи зиндагии пинҳонӣ ягона василаи дилхушиаш ҳамин Зосяҷони фарбеҳаки навозишкор буд. Он ҳам он қадар дуру дароз не.

Саломатиаш ҳама вақт хуб буд, ширу қаймоқ мерасид, ҷароҳати пояш дар муддати як моҳ навъе ба ҳам омада, фақат ҳангоми роҳ гаштан каме аз худ хабар медод. Вай бисёр фикр мекард, ки минбаъд чӣ кор кунад. Махсусан, пас аз фаҳмидани он ки немисҳо баъди муваффақиятҳои тобистона ногаҳон дар назди Москва дармонданд ва ҳарчанд онҳо карнай мекашиданд, ки гӯё пойтахти болшевикон имрӯз ё пагоҳ сарнагун мешавад. Рибак фикр мекард: эҳтимол, ҳоло истодагӣ кунад. Москва Корчевка не, барои ҳимояи вай қувва пайдо мекардагистанд.

Ин замон ҷӯраҳои вай, ки монанди ӯ дар муҳосира монда буданд – яке аз ҷароҳат шифо ёфта, дигаре аз сактаи торумори аввалин ба худ омада, аз хутору деҳаҳо дар як ҷо ҷамъ шудан гирифтанд ва ба як маслиҳат омада, яроқҳои пинҳонкардаашонро бароварданд. Қарор карданд: дар кулбаи деҳқонон дар бари ҷавондухтаракони нармдили меҳрубон, занҳои деҳотии беқайду никоҳ чӣ қадар нишастан мумкин, ба ҷангал баромада рафтан даркор аст. Ва рафтанд.

Хайрухуши вай бо Корчевка хурсандибахш набуд. Дуруст аст, ки вай ба монанди дигарон фиреб накард ва ё аз ин ҳам бадтар, пинҳонӣ баромада нарафт – ҳамаашро, чунонки ҳаст, фаҳмонда дод ва аз ҳама аҷибаш ин ки ӯро фаҳмиданд, наранҷиданд ва аз раъяш гардониданӣ ҳам нашуданд. Албатта, Зосяҷон гирист, вале амаки Ахрам гуфт: «ҳамин тавр кардан даркор бошад – кардан даркор, ин кори ҳарбӣ». Ӯ ва Гануляхола, ки писар надоштанд, ӯро ба монанди писари худ ба сафар тайёр карданд. Рибак қавл дод, ки аз худаш хабар дода ва фурсати мувофиқ рост ояд, аз онҳо хабар гирифта меистад. Як бор охири тирамоҳ хабар ҳам гирифт, баъд аз он ҷо дур рафтанд – аз ҳама асосияш дигар дилкашолӣ надошт: эҳтимол бегона ҳам шуда бошад? Ва, эҳтимол, дар муносибати онҳо ҳамон чизе ки ҷиддан ва дурудароз афсун мекунад ва ба худ ҷалб менамояд, вуҷуд надошт ва ҳамон чизе ки як пайдо шуд, бо гузаштани сӯзаш худаш ҳам гузашт. Ва ӯ аз ин ваҷҳ афсӯс намехӯрд, аз худ розӣ буд – фиреб накард, дурӯғ нагуфт, рӯирост рафтор кард. Бигзор одамон чунонки мехоҳанд, ҳукм кунанд, виҷдони вай дар назди Зося қариб пок буд.

Вай ба одамон на беихтиёр ва на қасдан бадӣ карданро дӯст намедошт ва тоқат надошт, ки аз ӯ ранҷида, дар дил гирифта гарданд. Албатта, бе ин дар хизмати ҳарбӣ хеле мушкил буд – вақташ шудааст, ки ҷазо додааст, вале кӯшиш мекард, ки ҳамааш хубӣ ба хубӣ анҷомад, ба нафъи хизмат бошад. Ҳоло Сотникови ғазабнок, ки аз дард азоб мекашид, ӯро барои беҷазо сар додани амин коҳиш кард, вале ҳоло аз ҷазо додан нафрати Рибак меояд – бало ба пасаш, бигзор, рӯзашро бинад. Албатта, ба душман бе ҳеҷ тараҳҳум муносибат кардан даркор буд, аммо дар ин ҷо ҳамин тавр шуд, ки ин Петр ба ӯ бо тамкини ниҳоят ва хислатҳои деҳқонияш бисёр шинос ва азиз намуд. Рафту ягон чӣ шавад, бигзор, ӯро ҷазо диҳанд.

Ҳангоми гуфтугӯи нохуш дар кулба, Рибак адаби аминро додан мехост, аммо баъд, вақте ки бо гӯсфанд машғул шуданд, ин хоҳиши ӯ кам-кам аз байн рафт. Оғил ҳарвақта барин бӯи муқаррарии беда, бӯи поруи ҳайвонот мекард, се гӯсфанд аз тарс худро аз ин кунҷ ба он кунҷ мезаданд: якеи онҳо – пешонақашқаашро Петр чолокӣ карда аз мӯяш дошт ва ҳамон дам чобукона аз гардани он сахт оғӯш гирифта, ким-чӣ хел хурсандии нимфаромӯшшудаи бозёфтро аз нав ҳис кард. Баъд вакте ки ӯ гӯсфандро медошт ва соҳибаш гулӯи онро мебурид ва гӯсфанд дар рӯи пахол, ки ба он ҷӯйчаи хуни тоза мешорид, бардорузан мекард, дар ӯ як ҳиссиёти аз бачагӣ шиноси ҳаросноки ҳурсандӣ ба ҷунбиш омад. Ин ҳиссиёт одатан охири тирамоҳ  ҳангоми як ё ду гӯсфандро якбора куштани падараш ва ӯ ки бача буду ба ӯ ёрӣ медод, пайдо мегашт. Ҳамааш ҳамон тавр буд: ҳам бӯи оғил, ҳам пеш аз куштан аз тарс бардорузан кардани ҳайвон, ҳам дар хунукӣ бӯи ғализ баровардани хуни тоза...

Саҳрое, ки Рибак аз буттазор ба он тараф тоб хӯрда буд, баногоҳ маълум шуд, ки паҳну фарох будааст: эҳтимол онҳо қариб як соат боз аз замини нокорами он  мерафтанд. Рибак аниқ намедонист, вале ҳис мекард, ки аз ким-кадом тарафи рафтаистодаашон бояд роҳ барояд, ҳамон роҳе, ки онҳо ҳангоми ин тараф омадан аз он каме рафта буданд, баъд ба сӯи дарёча ҳамворӣ сар мешавад. Лекин вақти бисёре гузашт, онҳо тақрибан ду километрро, агар зиёдтар набошад, андоза карда диданд, роҳ ҳоло пайдо набуд ва хавф бурд, ки мабодо роҳро пай набурда гузашта рафта бошанд. Дар ин ҳол сари вақт тарафи чап, ба ҳамворӣ нагашта самти ҳаракатро гум кардан осон буд. Бадии кор дар он, ки ин ҷо ба ӯ чандон шинос нест ва ӯ роҳро дар ҷангал аз партизанҳои ҳаминҷоӣ напурсида буд. Дуруст аст – вай он вақт фикр накарда буд, ки ин қадар дур рафтанаш зарур мешавад.

Рибак истод ва Сотниковро, ки қафо монда дар нимторикӣ базӯр-базӯр беҳолона меомад, мунтазир шуд. Рӯи моҳро пардаи ғафси торикӣ гирифт, шаб зулмот шуд, дар дурӣ бошад, ҳеҷ чизро фарқ карда намешуд. Вай  гӯсфандро ба рӯи барф партофт, карабинашро ба паҳлуи он гузошт ва китфи хастаашро рост карда, сабукӣ ёфт. Лаҳзае гузашта буд, ки Сотников калавида–калавида ба назди ӯ расид.

– Чӣ хел? Мешавад?

– Медонӣ... Ту худат як илоҷ карда... Аз ман имрӯз мададгор намебарояд.

– Ҳеҷ гап не, илоҷашро меёбем, – нафасашро рост карда гуфт Рибак ва гапро ба тарафи дигар бурд: –  Ту тахмин накардӣ, мо дуруст рафта истодаем?

Сотников вазнин-вазнин нафас гирифта, ба оғӯши шаб нигарист.

– Дуруст барин. Беша дар он ҷо.

– Роҳ чӣ?

– Роҳ ҳам дар ҳамин қарибиҳо. Агар ба тарафи дигар тоб нахӯрда бошад.

Ҳарду ба даруни нимторикии пурбарф хомӯшона назар дӯхтанд ва ҳамин дам аз байни шиддати пурсадои шамол ба онҳо, ки бодиққат гӯш медоданд, як садои дури номафҳум расид. Як лаҳза пас маълум шуд, ки ин садои  шунавам-нашунавами сум аст. Ҳарду якбора ба тарафи шамол гаштанд ва чунонки дарёфта буданд, дар нимторикӣ ҳаракати базӯр аёнро диданд. Аввал ба Рибак чунин вонамуд, ки онҳоро таъқиб мекарда бошанд, вале дарҳол фаҳмид, ки на аз паси онҳо савора меоянд, балки роҳашонро бурида мегузаранд, эҳтимол аз он роҳе мераванд, ки онҳо наёфтандаш. Як ларзидани дилашро ҳис карда, вай карабинро даррав ба китфаш партофт. Бо вуҷуди ин вай ҳамон лаҳза савқан дарёфт, ки онҳо аз дур ва аз канор мераванд, вале аз назари онҳо пинҳон мондан ё намондани худашонро муайян карда натавонист. Ва хам шуда танаи жӯлидамӯи гӯсфандро саросема ба китфаш партофт. Майдон ба сӯи  теппача баланд шуда мерафт, онро ҳар чӣ зудтар давида гузаштан даркор буд ва он вақт эҳтимол дошт, ки онҳоро набинанд.

– Канӣ, канӣ! Бидав! – на он қадар баланд гуфт ӯ ба Сотников, аз ҷояш ба давидан сар карда. Пойҳои ӯ ҳамон лаҳза сабукӣ, баданаш чун ҳарвақта дар лаҳзаи хатарнок чолокӣ ва қувват пайдо карданд. Ва ӯ баногоҳ аз худ панҷ қадам дуртар роҳро дид – изи дароз аз ду тараф роҳи онҳоро уреб бурида мегузашт. Акнун маълум шуд – ин ҳамон роҳест, ки аз он рафта буданд, вай ба паҳлу нигариста, на он қадар дуртар баралло доғҳои хираи ҷунбонро дид; аз афзоли аспу ароба садои пасте мерасид, чана зуд наздик мешуд. Рибак пас аз саргарангии кӯтоҳ худро ба даст гирифта ин роҳи лаънатзадаро, ки дар ин қадар вақти нобоб банохост аз пешаш баромада монд, чунонки як масофа роҳи мина гӯркардаро мегузашта бошад, давида гузашт ва худи ҳамон лаҳза равшан ҳис кард, ки ғалат кард. Эҳтимол худро ба он тараф қафо гирифтан даркор буд, вале фурсати дар ин бора фикр кардан кайҳо аз даст рафта буд. Вай бо мӯзаҳояш қабати нозуки рӯи барфро шикаста ба тарафи теппача метохт ва дилаш таҳ зада интизор буд, ки ҳозир ҷеғ мезананд.

Вай ҳанӯз ба қуллаи теппача, ки аз паси он нишебӣ сар мешуд, нарасида, як бори дигар баргашта нигоҳ кард. Чана акнун дар роҳ равшан намоён буд: маълум мешавад, ки чана дуто будааст – дуюмаш ба паси якумаш қариб часпида меомад. Вале саворагонро дар ин нимторикӣ фарқ кардан ҳанӯз имкон надошт, фарёд ҳам ба гӯш намерасид ва ӯ акнун бо камтарин умеди дилхоҳ фикр кард, ки онҳо эҳтимол деҳқонон бошанд. Агар фарёд накунанд, он гоҳ дар ҳақиқат деҳқононанд, ки бо кадом сабабе шаб бевақт мондаанду ҳоло ба деҳаи худ баргашта истодаанд, он гоҳ ин тарси ӯ беҳуда аст. Вай ба ин фикри ногаҳонии худ умед баста, як-ду бор оромона нафасашро сар дод ва аз давидан наистода ба Сотников баргашта нигоҳ кард. Вай қасд кардагӣ барин аз дуртар ноустувор қадам монда меомад, гӯё камтар зӯр зада барои то қуллаи теппача давида гузаштани ягон сад қадам роҳ маҷол надошта бошад.

Ва ҳамин дам дар торикии шаб фарёди қаҳролуди батаҳдид баланд шуд.

– Э, ҳей! Канӣ, исто!

«Меистам, ки мегирӣ!» – аз дил гузаронд Рибак ва аз рӯи барф бо қувваи нав тохт. Ба ӯ акнун камтарак монда буд, ки дар паси нишебии теппача пинҳон шавад, он тарафаш гӯё ҳамворӣ сар мешуд – он вақт онҳо эҳтимол, гурехта метавонистанд. Вале чанаҳо маҳз дар ҳамин фурсат аз роҳ истоданд ва аз он ҷо аз паси онҳо чанд овоз баланд шуд:

– Исто! Исто! Мепарронем! Исто!

Бадтарин хаёл аз сари Рибак гузашт: «Ба даст афтодем!» – баъд аз ин фикр дар назараш ҳама чиз ниҳоят оддӣ ва ошно намуд, ки ҳатто ҷонаш ба дард омад. Рибак аз паҳнои теппача хастаҳолона метохт ва бо азоб дарк мекард, ки ҳоло аз ҳама муҳимаш ҳар чӣ дуртар рафтан аст. Шояд, аспсавор таъқиб накунанд, парондан бошад, ҳар қадар хоҳанд, парондан гиранд: шабона ба нишон расидан осон не. Бо вуҷуди ин вай гӯсфандро, ки дар ин як вақти нобоб дар китфаш буд, напартофта, бардошта медавид ва аз ҳамон умеди ночизе, ки илоҷе карда, аз ин дом раҳо шуданашонро дар хотир дошт, ҷудо шудан намехост.

Вай ба зудӣ теппачаро ҳам давида гузашт ва аз он тарафи нишебӣ калон-калон қадам партофта, ба тохтан сар кард. Пойҳояш ӯро чунон тез мебурданд, ки Рибак худро аз эҳтимоли ҳамроҳи бор афтодан эҳтиёт мекард. Қундоқи карабини немисии дар тахтапушташ овезон сахт ба қафояш бармехӯрд, тир дар кисаҳояш паст-паст ҷирингос мезад. Вай аз дур кадом як чизи хираравшанро дида, гумон кард, ки эҳтимол буттазор бошад ва он тараф гашта буд. Аз қафо фарёдҳо хомӯш шуданд, ҳанӯз садои тир набуд. Чунин менамуд, ки ваю Сотников аз назари онҳое, ки дар роҳ буданд, нопадид шуданд.

Нишебии теппача ҳам тамом шуд, барф баландтар гашт ва Рибакро ташвиши нав фаро гирифт, ки ӯ ба пасаш нигарист. Сотников ниҳоят қафо монда буд ва чунин менамуд, ки ана ҳозир ӯро зинда ба зинда дастгир мекунанд. Ӯ бо вуҷуди ин гӯё ҳеҷ шитоб намекард – натохта, дар нимторикии пурбарф базӯр кашола шуда меомад. Ва аз ҳама бадтаринаш он буд, ки Рибак ба ӯ ҳеҷ ёрӣ карда наметавонист, вай наистода якзайл ба пеш ҳаракат мекард ва бо ҳамин рафиқашро аз пасаш бурданӣ мешуд. То буттазор, ки он гӯё дар пеш, на он қадар дуртар сиёҳӣ мекард, давида расидан даркор буд.

– Исто! Роҳзани бадзот. Исто! – аз қафо боз фарёдҳои таҳдидомезу ҳақорат баланд шуданд.

Маълум мешавад, ки ҳар чӣ ҳам бошад расида гирифтаанд. Рибак ба қафо нигариста – дар китф гӯсфанд ба қафо нигаристан мушкил буд – аз фарёд фаҳмид, ки таъқибгарон дар болои теппаанд ва эҳтимол онҳоро дидаанд. Вазъияти онҳо, махсусан, вазъияти Сотников, ки ҳоло то буттазор боз хеле давиданаш даркор буд, ниҳоят нобоб шуда монд. Чӣ илоҷ... Ҳамеша ҳамин тавр аст, ки ҳар кас дар дақиқаи хавфноктарин ғами худро мехӯрад, кафили маргу зиндагии худ мешавад.  Агар аз бобати Рибак бошад, ӯро дар ин ҷанг пойҳояш на як бору ду бор наҷот додаанд.

Маълум мешавад, ки буттазор нисбат ба он ки дар шаб менамуд, хеле дуртар будааст. Рибак ҳанӯз нисфи роҳи онро тай накарда аз қафо садои тирпарронӣ баланд шуд. Вале тирандозон беҳунару корношоям буданд, вай инро ба қафояш нанигариста, аз рӯи он ки тир аз болои ӯ чӣ хел чун садои зеҳи таранг садо дода парида рафт, муайян кард. Тир хеле баланд гузашта буд, вай инро аниқ фаҳмид. Ва ӯ худашро маҷбур кард, ки зери он тирборон то буттазор давида расад.

Эҳтимол, аз он ҷо шибарзор сар мешуд – дар ҳамвории барфпӯш шохҳои урён ва яхзадаи хадангҳо намудор буданд, дар зери по, дар таги барфи ковок лойтӯдаҳои шах кам-кам баландӣ мекарданд. Рибак дар канори буттазор худашро партофт, гӯсфандро аз китф фуровард. Шояд боз камтар давиданаш даркор буд, вале ӯро дигар қувват намонда буд. Дар қафо тирпарронӣ авҷ мегирифт ва ӯ фаҳмид, ки онҳоро Сотников боздошта истодааст. Ин дар аввал ӯро хурсанд кард: маълум мешавад, ки Рибак аз онҳо дур рафтааст ва акнун дар буттазор паи худро нопадид карда, халос шуданаш имкон дорад. Вале пеш аз ин ба қафо нигаристан даркор буд. Вай милтиқро ба даст гирифта, ба зонуҳояш нимхез шуд ва дар дур, дар таги теппа Сотниковро дид, ки базӯр меҷунбид. Вале аз ин ҷо, аз байни нимторикии хираранги шаб фаҳмида намешуд, ки вай ба кадом тараф ҳаракат мекунад ва ё умуман дар як ҷо истодаасту бас. Баъд аз ду-се тире, ки аз теппа паронида шуд, якеаш аз наздик садо дод ва Рибак тири Сотников будани онро аниқ фаҳмид. Вале ҳар чӣ бошад ҳам вай дар ин аҳволи вазнин маънои бо полисҳо тирпарронӣ карданро намефаҳмид. Шояд ҳар чӣ зудтар дур рафтанаш даркор буд – буттазори сари роҳ ба онҳо барои аз таъқибгарон ҷудо шудан имкон медод. Сотников гӯё инро намефаҳмид ва ҳамин тавр менамуд, ки дароз кашида, аз ҷунбидан ҳам монда бошад. Агар тирпарониҳояш намешуданд, гумон кардан мумкин буд, ки вай кушта шудааст.

Эҳтимол тир хӯрда бошад?

Аз ин фикр авзои Рибак бад шуда бошад ҳам, вай ба Сотников ҳеҷ гуна ёрӣ дода наметавонист. Полисҳо аз боло, аз теппа, эҳтимол, дар рӯи барф ин одами танҳоро хеле хуб мебинанд ва ҳарчанд ҳоло ба сӯяш наметозанд – онҳо ӯро, бешубҳа, паронда мекушанд. Агар Рибак худро ба ёрии ӯ андозад, ҳардуяшонро мекушанд – вай ба ин боварии комил дошт. Ҳангоми ҷанги финҳо, вақте ки кӯрбошаҳои лаънатӣ дар як дақиқа чор-панҷ касро мезаданд, ҳамин хел ҳодисае рӯй медод ва онҳо ин кори худро бо ҳамон тарзи ниҳоят оддӣ анҷом медоданд: барои наҷот додани тирхӯрдаи аввал каси ҳампаҳлуяш мерафт ва дар паҳлуи вай абадан сар ба хок мемонд, баъд ба тарафи онҳо шахси оянда мехазид. Ва ҳар як каси оянда мефаҳмид, ки ӯро дар он ҷо чӣ интизор аст, вале кушта шудани рафиқашро дида худро нигоҳ дошта наметавонист.

Аз ин мебарояд, ҳоло ки имконият ҳаст, рафтан даркор аст. Сотниковро акнун наҷот дода намешавад. Рибак чунин қарор карда, зуд карабинро ба тахтапушташ партофт ва бо қатъият гӯсфандро ба китфаш бардошт ва ба лойтӯдаҳои шахшуда пешпо хӯрда, аз канори ботлоқ ба давидан сар кард.

Эҳтимол, вай аз он ҷо хеле дур рафт, ки боз беҳол шуд. Дар қафо садои тир хомӯш шуда буд ва ӯ ба хомӯшӣ гӯш дода, бо сабукии номафҳуме фикр кард, ки аз афташ дар он ҷо ҳамааш кайҳо тамом шудааст. Вале як ё ду дақиқа нагузашта, аз қафо боз овози тир баланд шуд. Се бор садои тир баланд шуда як тир аз болои ботлоқ вижжасзанон гузашта рафт. Аз ин мебарояд, ки Сотников ҳоло зинда аст. Ва маҳз ҳамин тирҳои ногаҳонӣ дар Рибак изтироби наве бедор карданд. Онҳо суръати дави ӯро бозмедоштанд ва ҳиссиёти аз хатар тундтаршудаашро ангезиш медоданд. Гӯсфанд торафт вазнинтар мешуд, баъзан танаи нарму мулоими он беҳудаю бемаъно менамуд ва ҳарчанд дар фикраш тамоман чизҳои дигар буд, онро беихтиёр бардошта мебурд.

Баъди як дақиқа дар пеш оббурдаи на он қадар чуқур намудор шуд, ки аз афташ, соҳили наҳрчаи яхбаста буд. Шояд ба тарафи дигар гузаштан даркор буд, вале Рибак ба он даромад, даромаду лағжида афтод ва борашро сар дода, барфро бо дастонаш ба ҳар тараф парешон карда, ба боло баромад ва банохост равшан фаҳмид, ки гурехтанаш мумкин нест. Вақте ки дар он ҷо рафиқаш мондааст, вай чӣ тавр метавонад, ки ин қадар қувватро барои бардошта бурдани гӯсфанди лаънатӣ сарф кунад? Сотников, албатта, ҳоло зинда буд ва бо тирпарониҳояш аз худ хабар мерасонд. Дар асл, вай Рибакро паноҳ карда, ӯро аз марг наҷот медод, вале аҳволи худаш ниҳоят бад буд. Вай акнун дигар халос шуда наметавонист. Вале ба Рибак гурехтан чунон осон буд, ки аз паяш ҳам расида наметавонистанд.

Аммо ӯ дар ҷангал чӣ мегӯяд?

Ҳамаи нозебии мақсади пешинааш чунон аён намудор шуд, ки Рибак оҳиста ҳақорат дода, ташвишомез дар канори оббурда нишаста монд. Аз дур, аз паси буттаҳо боз садои як тир баланд шуд, аз теппа дигар садои тир намерасид. «Шояд дар он ҷо аҳвол тағйир ёфта бошад», – фикр кард Рибак. Як лаҳзаи ниҳоят вазнине сар шуд, ки дар давоми он қарори нави ӯ пухта расид ва ӯ дарҳол бархост.

Вай мекӯшид, ки дигар фикр накунад ва тез-тез қадам монда, аз рӯи изи худ қафо гашт.