Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
7
Онҳо ба сӯи буттазор гавак кашиданд, – Рибак аз пеш, Сотников аз қафои ӯ. Ин роҳи дарози пурмашаққате буд. Сотников аз паси рафиқаш расида наметавонист, баъзан дар ҷӯяки пурбарф тамоман хомӯшу беҳаракат мемонд ва он вақт Рибак баргашта ӯро аз гиребони шинелаш гирифта, аз пасаш кашола карда мебурд. Ӯ ҳам аз қувват рафта буд – ба Сотников ёрӣ доданаш кам буд, ки вай боз дар пушташ ду милтиқро, ки ҳар лаҳза лағжида мефуромаданд ва дар барф дармемонданд, кашида мебурд. Шаб торик, моҳ дар тумани тиратоб тамоман нопадид шуда буд ва ин, эҳтимол, онҳоро наҷот медод. Дуруст аст, ки аз таги теппа ду бор қарсасзанон садои тир баланд шуд – аз афташ, полис чизеро пай бурда буд.
Онҳо ба як навъ то канори буттазор расида, дар байни лойтӯдаҳои мулоими барфпӯш дароз кашиданд – шохҳои тиратоби хадангзор онҳоро дар шаби нимторик он қадар бад панаҳ намекарданд. Рибак тамоман тар, андаруни остин ва гиребони нимпӯстинаш барф об мешуд, аз арақи бисёр тахтапушташ нам кашида буд. Вай чунон кӯфта шула буд, ки дар умраш, эҳтимол, ягон бор ин қадар хаста нашуда буд ва ҳоло бемадроноа парӯ хобида, ба тарафи теппа ҳар лаҳза нигоҳ карда мемонд: оё аз паси онҳо наметозанд. Вале аз қафо касе набуд, полис ким-чизеро пай бурда бошад ҳам, ба таъқиб кардан ҷуръат надошт– дар ин ҳолат тӯъмаи тир шудан осон буд.
– Хӯш, аҳволат чӣ тавр? – овоз дод Рибак ҳоло ҳам аз буғи ғафс, ки ҳатто дар нимторикӣ намудор буд, сахт-сахт нафас кашида.
– Бад,– базӯр шунаво иқрор кард Сотников.
Вай якпаҳлу, сарашро, ки пилоткаи яхбаста ба он сахт часпида буд, қафо партофта мехобид. Зонуи пои маҷрӯҳаш андак боло шуда, – маҳин-маҳин ва асабонӣ меларзид. Рибак пастакак ҳақорат дод.
– Биё, ҳаракат мекунем. Набошад... ба муҳосира мегиранд – баромада наметавонем.
Вай, пеш аз он ки хезад, андак баланд шуда, дастурӯпоккунаки маҷақи худро аз паси гиребони Сотников кашида гирифт ва бо дастони аз бемадорӣ ларзонаш пои ӯро аз зону боло сахт баст. Сотниов ягон ду бор аз дард худро дур кашид ва нафас нагирифта нолаашро фурӯ мебурд. Рибак ба зонуяш нимхез шуда, тахтапушташро ба ӯ рост кард:
– Канӣ, маҳкам дор.
– Ист, шояд ман худам...
Сотников дар рӯи барф бемадорона паҳлу гашта, бо азобе ба як зону рост шуд. Ӯ ҳарчанд пои маҷрӯҳашро боэҳтиёт ба як тараф гузошта, кӯшиш кард, ки бархезад, вале он сахт ба дард омада, ин кор ба ӯ муяссар нашуд.
– Ту куҷою хестан! Канӣ, маҳкам дор!
Рибак ӯро аз зери бағалаш гирифт ва Сотников оқибат хест; ба пои маҷрӯҳаш сахт лангида, ду қадам монд. Ин Рибакро рӯҳбаланд кард – одам агар ба пои худ истода тавонад, аз афташ ҳоло умед ҳаст. Зеро ӯ ба назди Сотников хазида омада, чун фаҳмид, ки маҷрӯҳ аст, авзояш беҷо шуд: вай дар ин вазъият бо ӯ чӣ кор ҳам карда метавонад? Акнун Рибак кам-кам ором мешуд ва фикр мекард, ки ҳоло ягон илоҷ карда халос хӯрданашон имкон доштагист.
Сотников бо мадади Рибак як-ду қадами ноҳамвор бардошт. Онҳо ба буттазори тунук ва қадпасти ин ҷо, ки барфи ковоку баланд дошт, даромаданд. Сотников, бо як дасташ Рибак ва бо дасти дигараш шохаҳои сарди хадангро дошта, бо пои маҷрӯҳаш сахт лангида мерафт, бо тамоми қувват кӯшиш мекард, ки тезтар қадам монад. Қафаси синаи ӯ хиррос зада ким-чӣ хел садои ҳуштакмонанди носоз мебаровард, баъзан ӯро сулфаи пасту пурдард мегирифт ва Рибак тамоман ба худ фишурда мешуд: онҳоро аз дур ба осонӣ шунида метавонистанд. Вале ӯ хомӯш буд. Вай дигар аҳволи саломатӣ напурсид: ӯ нафас рост накарда, Сотниковро аз байни буттаҳо кашола карда мебурд.
Дар паси нишебие, ки буттазор ва ботлоқи яхбастаи васеъе буд, ба сӯи теппача боз баландӣ сар шуд. Онҳо ба он уреб часпида мебаромаданд ва Рибак ҳис кард, ки тамоман аз мадор рафта истодааст. Вай акнун ба Сотников, ки ба поён бештар хам мехӯрд, ёрои мадад кардан надошт ва худаш ҳамчунон беҳол гашта буд, ки онҳо байни худ ҳарфе нагуфта, баробар ба рӯи барф афтоданд. Баъд, дар онҳо нисбат ба ҳама чиз чунон бепарвоие пайдо шуд, ки дар пастхамӣ бодиққат ва баланд–баланд нафас кашида дуру дароз хобиданд. Воқеан Рибак мефаҳмид, ки ҳар лаҳзаю ҳар дақиқа ба болои онҳо омадани полисҳо мумкин аст, вай ҳама вақт овози шуми онҳоро мепоид, вале вуҷуди ӯ бар бемадории ҷисмаш ғолиб омада наметавонист.
Эҳтимол, ягон чоряк соат гузашта буд, ки вай нафасашро андак рост карда, паҳлу гашт. Сотников якпаҳлу хобида аз таб саҳл меларзид.
– Тир монд?
– Як тирдон, – бо овози хирросӣ гуфт Сотников.
– Рафту ягон чӣ шавад, зада мегардонем.
– Он қадар ҳам зада гардонда намешавад.
Дар ҳақиқат бо бист дона тир он қадар дер истодагӣ карда намешавад, фикр кард Рибак, вале онҳо илоҷи дигар надоштанд. Ҳар чӣ ҳам бошад, худро асир намедиҳанд-ку – ҷангидан лозим мешавад.
– Онҳоро кадом бало овард? – Рибак аз он ҳодиса бо қувваи нав афсӯс мехӯрд. – Ба ростӣ ҳам: ғам якка намеояд.
Сотников бо кӯшиши бисёр нолаҳои худро фурӯ бурда, ором мехобид. Чеҳраи аз аёс тира ва ранҷур, риши расида ва аз ҳаври нафас шӯшабастаи ӯ баногоҳ ба назари Рибак қариб ношинос намуд ва ин дар ӯ як ҳиссиёти нохушро бедор кард; аҳволи ҳамроҳаш, аз афти кор, тамоман бад аст.
– Сахт дард мекунад?
– Дард мекунад, – ғурунгос зад Сотников.
– Тоқат кун, – дағалнамо рӯҳбаланд кард Рибак, ҳоло ҳисси тараҳҳуми беихтиёр ва тамоман бемавқеъро дар худ фурӯ нишонда. Баъд вай дар рӯи барф нишаста, ин ҷойро ки ба ӯ тамоман ношинос менамуд, хавотиромез аз назар гузаронд: кадом як майдони сертеппа, ҷангалча ва ё чакалакзори на он қадар дур, вале он ҷангали ба онҳо даркори калон куҷо буд, вай дар ин бора тасаввуроте ҳам надошт. Вай ҳангоми гурезогурез дар буттазор баногоҳ куҷо будан ва ба кадом самт харакат карда, аз назди одамони худӣ баромаданро фаромӯш карда монд.
Ин дам дили ӯ хавфи тозаеро бедор кард – акнун роҳгум заданашон монда буд. Вай дар ин бора бо Сотников гап сар кардан хост, аммо ӯ дар паҳлу дароз кашида, хавфу хатар ва сарморо, ки аз шамоли сард боз ҳам тоқатшикан мешуд, гӯё ҳис намекард. Акнун ба бадани аз роҳгардӣ тафсидааш кам-кам хунукӣ таъсир мекард. Бо вуҷуди ин ҳоло хастагӣ онҳоро аз замин бархостан намегузошт ва Рибак ба гирду атрофи нимторик назар дӯхта, ба кадом сӯ рафтанашонро бо азоб фикр мекард.
Вай инро муайян карданӣ шуда, роҳи печ дар печи ба ин ҷо омадаашонро бефоида дар хотир барқарор мекард, аммо ҳисси худмудофиакунӣ якзайл ба тарафи буттазори муқобил тела медод, ки дар паси он политсия онҳоро таъқиб карда буд.
Ҳамин ки ин ҳис ӯро комилан фаро гирифт, Рибак хест ва ҳар ду милтиқро ба китфаш овезон кард.
– Биё, як илоҷ карда...
Сотников бо машаққат ба хестан сар кард ва Рибак ин дафъа ҳам ӯро дошта мадад намуд, вале ӯ ба пояш рост шуда, оринҷашро раҳо кард.
– Милтиқро бидеҳ.
– Чӣ, худат меравӣ?
– Санҷида бинам.
«Хайр, бин», – милтиқро бозгашта дода, сабукҳолона фикр кард Рибак. Сотников ба он чун ба асо такя карда, бо азоб чанд қадам гузошт ва онҳо аз майдони пурбарф оҳиста-оҳиста равон шуданд.
Як соат гузашта буд, ки онҳо аз ботлоқ хеле дур шуда, кӯр–кӯрона аз ёнаи нишеби майдон мерафтанд. Рибак ҳис мекард, ки охирин соати шаб гузарон аст, ба наздикӣ субҳ медамаду онҳо дигар расидагӣ карда наметавонанд. Субҳ, агар онҳоро дар саҳро дарёбад, дар он ҳолат халос нахӯрданашон аниқ аст.
Ҳоло ҳозир, онҳоро ҳамин наҷот медод, ки барфи ин ҷо баланд набуда, пояшон ҳамчун дар ботлоқ зуд-зуд фурӯ намерафт. Пояҳои бурган, ки дар баъзе ҷойҳо бисёртар буданд, дар муҳити барф хира–хира метофтанд ва Рибак он ҷойҳоро давр зада, ҷои камбарфтарро интихоб карда мерафт. Вай барои ба пастхамӣ нафуромадан мекӯшид, зеро метарсид, ки ба барфтӯдаҳо нағӯтанд, нишебии теппа бехавфтар аст. Вале дар рӯи барф нақши пои онҳо ниҳоят равшан намудор буд ва Рибак ба қафояш як нигоҳ карда, ба тарс афтод: онҳоро шабона ҳам дошта гирифтан хеле осон буд. Ва ба атроф назар андохта, андешид, ки роҳи имрӯз онҳоро қариб нобуд карда, чӣ қадар хатарнок бошад ҳам, аз афташ, боз ба он баромадан рост меояд. То ки полисҳоро аз паи худ ба бошишгоҳ набиёранд, фақат аз роҳ рафта дар байни нақшҳои дигар ду паи пойро пинҳон кардан мумкин аст.
Аз байни пардаи ғафси шаби торик саҳрои барфпӯш аранг-аранг ба назар мерасид, ки ҷо-ҷо дарахтони ёбоӣ дошт ва дар он буттаҳо ҳам доғ барин ягон-ягон сиёҳӣ мекарданд; дар як ҷои он чизи номаълуме сиёҳ метофт ва Рибак наздиктар омада дид, ки харсанг аст. Роҳ дар ҳеҷ ҷо набуд. Сипас ӯ рост ба баландӣ роҳ гирифт – ин хел рафтан мушкилтар шуд, вале умеде пайдо гашт, ки дар боло дар паси теппа, ҳар чӣ ҳам набошад, ҷангал наздик аст. Дар ҷангал имкони пинҳон шудан буд, чунки ҳамоно аз паси онҳо афтодани полисҳо гумон аст, аввал фикр мекунанд ва бо ин ба онҳо фурсат медиҳанд, ки худро аз таъқибгарон ҷудо кунанд.
Рибак ба ин хел вазъият аввалин бор наафтода буд, вале ҳар бор як навъ карда халос мехӯрд. Дар ин ҳолатҳо чусту чолокӣ ва зиракӣ, ҳамон қарори ягонаи дуруст, ки бе дақиқае таъхир қабул карда мешуд, наҷот медоданд. Ва ӯ халос меёфт. Ҳозир ҳам ҳамин хел имконият, ки полисҳо ба онҳо бо сабаби номаълум дода буданд, мавҷуд буд ва агар Сотников намешуд, Рибак аз он ба тарзи аъло истифода мекард. Лекин бо Сотников дур рафта намешавад. Онҳо ҳанӯз ба теппа набаромада ҳамроҳаш бори чандум ба сулфаи сахту нафасгир сар кард, бадани ӯ чанд дақиқа аз дарду азоб меларзид, гӯё мехост бо сулфаю бо ин зӯри беҳуда ким-чиро берун кунад. Рибак бозистод ва ба назди рафиқаш баргашта, кӯшиш кард, ки ӯро аз зери бағалаш дошта истад. Сотников дар пояш бо машаққат рост меистод ва ӯ вайро ба рӯи барфи шамоллесидаи сахт шинонд.
– Чӣ, аҳволат бад аст?
– Аз афташ халос хӯрда наметавонистагӣ барин...
Рибак ҷавобе надод, – вай намехост дар ин бора гап сар кунад ва ё бардурӯғ умедвор карда, тасалло диҳад, вай худаш бо чӣ роҳ халос шуданашонро дуруст намедонист. Ва ҳатто ба кадом тараф рафтанашонро намедонист.
Ва дар болои сари Сотников, ки беҳолона ба як паҳлу хам шуда, пои маҷрӯҳашро ба тарафаш мекашид, камтар истод. Дар қалби Рибак нисбат ба ӯ ҳиссиётҳои гуногун ба ҳам меомехтанд: аз як тараф, аз он ки ба сари танҳои худи ӯ ин қадар кулфат омад (беморияш кам буд, ки боз тир ҳам заданд), дар ӯ тараҳҳуми беихтиёр пайдо мешуд ва боз дар айни ҳол аз он ки мабодо ин Сотников ба сари ҳардуяшон балое биёрад, як ҳисси афсӯси пешакии номаълум зуҳур мекард. Дар ин ҷараёни ҳиссиётҳои пуртаҳрик гоҳ ҳисси хавотирӣ аз ҳаёти худ тамоми ҳиссиётҳои дигарро пахш карда, ҳар чӣ бештар аз худ хабар медод. Дуруст аст, вай мекӯшид, ки онро аз худ дур ронад ва то қадри имкон худро оромтар нигоҳ дорад. Вай мефаҳмид, ки ҳамин аз ҳаёти худ тарсидан барои худгумкунӣ қадами аввал аст: ҳамин ки ба тарсу ҳарос афтодӣ, асабонӣ гаштӣ паси ҳам балоҳо ба сарат боридан мегирад. Ана он вақт масъалаат ҳал мешавад. Ҳоло агарчи ба сараш сахтӣ омада бошад ҳам, эҳтимол ҳама чиз аз даст нарафтааст.
– Хӯш. Ту мунтазир шав.
Рибак Сотниковро дар барф, дар ҷои хуфтааш гузошта, аз нишебӣ ба баландӣ баромад, ки атрофро аз назар гузаронад. Ба ӯ то ҳол дар паси теппа ҷангал будагӣ барин менамуд. Онҳо имшаб он қадар роҳ гашта буданд, ки агар дуруст бошад, бояд ба ягон ҷои наздики ҷангал мерасиданд.
Ҳаминаш бад буд, ки моҳ тамоман ғоиб шуд ва дар дуртар ҳеҷ чиз наменамуд-шаб ба торикии туманолуди сард ғарқ мешуд: нимторикии пеш аз субҳ дар гирду атроф ҳамаро печонида мегирифт. Аммо ҷангал дар ин наздикӣ набуд. Дар паси теппа боз саҳрои сертеппаи нишеб доман паҳн карда, дар он чизе хира–хира метофт, аз афташ, чакалакзори ниҳоят тунук буд ва хасе дар биёбон барин менамуд, ки бештар не. Дар ҳама ҷо доғҳо номаълум, шохчаҳои тираи бурган, тарҳи ноаёну норавшани буттаҳо ба назар мерасиданд. Лекин, ана, аз нимторикии пурбарф дар рӯи замин хати рости кӯтоҳе ба чашм намуд, як пайдо шуду боз нопайдо гардид. Рибак бо як сабукии ғайричашмдошт ба назди он шитофт ва баногоҳ чӣ тавр дар рӯи барф ба тасмаи сиёҳнамои роҳ мубаддал шудани он хатчаро пай набурда монд. Ин роҳи хеле шиббахӯрда, ки изи чархи ароба ва паи суми аспон дошт, ниҳоят дар вақти зарурӣ пайдо шуд. Рибак аз теппа пас гашта, ба назди Сотников, ки дар рӯи барф печутоб хӯрда мехобид, давида фуромад. «Роҳ он ҷо! Мешунавӣ!».
Вай сари кулӯла ва ниҳоят хурди пилоткадорашро беҳолона бардошт, тоб хӯрд ва гӯё кӯшиши хестан кард.
– Дар роҳ аз ягон ҷо фиртӣ фуромада меравем – ёфта наметавонанд. Фақат дар вақташ расему ба ягон бало рӯ ба рӯ назанем, шудаст.
Сотников бо ёрии Рибак хомӯшона хест, бо панҷаҳои карахту ногирояш қундоқи милтиқро дурусттар дошт.
Онҳо оҳиста ба сӯи роҳ равона шуданд. Рибак хавотиромез ба қафояш нигоҳ карда мемонд – оё дар торикӣ дар ягон ҷой одамон ба назар намерасанд. Аз рӯи одат нигоҳи пурдиққати вай саросари майдонро мекофт, кӯшиши зиёде сарф мекард, то ба он ҷое, ки дар ин шаб охири роҳ дар он гум мешуд, рафта расад. Ва ӯ баногоҳ тамоман ғайричашмдошт пай бурд, ки осмон дар болои майдон гӯё сфаед шуд, ба худ ранги кабуди равшан гирифт, ситораҳо аз дурахшидан бозмонданд, фақат аз ҳама бузургтаринашон дар фарози гардун нурфишонӣ мекарданд. Ин аломати бегумони дамидани субҳ ӯро зиёда ба изтироб андохт, ки одамонро ҳам бинад, ба ин дараҷа намерасид. Андаруни ӯ ким-чӣ кашида шуд, ба пеш баромад, фақат аз ин майдони холӣ ва хоинвор равшаншудаистода зудтар дур шудан даркор буд. Вале пойҳояш чунон беҳол буданд, ки илоҷе надошт ва ба замми ин Сотников аз қафо базӯр-базӯр меомад. Хоҳанд–нахоҳанд, маҷбур буданд, ки бо ин роҳи пайдошуда оҳиста-оҳиста раванд, чораи дигар набуд.
Ӯ инро фаҳмида, бесабриро дар худ фурӯ нишонд ва дандонҳояшро сахттар фишурд. Вай ба Сотников ягон калима гап назад – ӯ бе ин ҳам охирин мадори худро сарф карда, базӯр кашола шуда меомад, ва андаруни Рибак чизе ҷунбид – вай акнун медонист, ки: барор намеёбанд. Шаб ба охир мерасид ва бо ҳамин ҳимояти худро ҳам ба онҳо тамом мекард, рӯз хубии бисёр оварданаш гумон буд. Ва Рибак бо дилафтодагӣ оҳиста ва беист фаро расидани пагоҳии зимистонро назора мекард: осмон равшан мешуд, аз паси нимторикиҳои шабона паҳнои пурбарф равшантар намудор мегашт, дар пеш роҳ кам-кам дароз мешуд ва то дуриҳо ба назар мерасид.
Онҳо аз ин роҳ ба тарафи чакалакзор равона шуданд.