Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
8
Сотников ҳам мисли Рибак медид, ки шаб ба поён расидааст ва хеле хуб мефаҳмид, ки ин субҳи нобаҳангом ба онҳо бо чӣ анҷомиданаш мумкин аст.
Бо вуҷуди ин вай мерафт. Вай ҳамаи қувваташро, ки дар ҷисми беҳолаш боқӣ монда буд, ҷамъ оварда ва худ аз милтиқ мадад гирифта, бо машаққати бениҳоят қадам мемонд. Дарди ронаш ҷонгудоз буд, кафи пояшро тамоман ҳис намекард, намадмӯзаи хунолуд ях баста, шах шуда буд; ними соқи пои дигари мӯза, ки онро то охир напӯшида буд, аз даромадани барф нобоб қат гашта буд.
То чакалакзор расидани онҳо субҳ боз ҳам равшан шуд. Гирду атрофи саҳро, теппаҳои зери барф ба назар намуданд; аз тарафи чап, дуртар аз роҳ, дар нишебӣ ҷангали майдадарахт, буттаҳо доман паҳн карда буданд, вале аз афташ ин ҳамон буттазоре буд, ки онҳо аз он баромаданд. Ҷангали калони ба онҳо ниҳоят зарур ҳатто дар канори уфуқ ҳам ба назар наменамуд – вай гӯё дар як шаб ба коми замин фурӯ рафта буд.
Рибак чун ҳарвақта босубот ба пеш ҳаракат мекард, ки сабабаш маълум буд: онҳо гӯё аз дами шамшер мерафтанд, ҳар сония онҳоро дида, расида гирифта дастгир карданашон мумкин буд. Хушбахтона, роҳ ҳоло холӣ буд, он қитъачаи дар пеш будаи беша оҳиста-оҳиста бошад ҳам, наздик мешуд. Сотников бо қундоқи милтиқ такя доштаю сахт лангида, бо тамоми азобу машаққати худ ба он ҷо нигоҳҳои бесаброна меафканд – вай ҳар чӣ зудтар ба он ҷо расидан мехост ва на барои он ки аз роҳ пинҳон шавад, балки бештар барои он ки роҳат шавад.
Ба бадбахтии ӯ ҳоло ними роҳи чакалакзорро ҳам тай накарда буданд, ки Рибак ҳақорат дода, дар роҳ мисли ях рост истода монд.
– Э, дунёи ғар! Ин қабристон-ку!
Сотников сарашро бардошт – акнун дар асл қабристони қишлоқ будани ин қитъаи дарахтдор, ки ба чашми онҳо чакалакзор намудааст, равшан намоён гашт: дар зери шохҳои паҳни санавбар чанд салиби чӯбӣ, тавора ва дарунтар, дар теппа сағонаи хиштӣ баралло ба назар менамуданд. Вале аз ҳама бадтараш он буд, ки паси санавбарҳо бомҳои хаспӯши деҳа наздик намудор меистоданд: дудро аз дудкашҳо каҷукилеб ба боло кашидани шамол намоён буд.
Рибак бинӣ афшонда, парешонхотирона онро бо панҷааш пок кард.
– Дигар куҷо равем?
Дар ҳақиқат ҷои рафтан набуд, вале дар ин ҷо, дар миёнаи роҳ ҳамин тавр истодан ҳам намешуд. Ва онҳо боз бештар рӯҳафтодаю музтарибҳол ба сӯи деҳа равон шуданд.
Дар аввал гӯё корашон омад мекард: деҳа, эҳтимол, акнун бедор мешуд ва онҳо дар роҳ ҳеҷ касро дучор нашуда, то қабристон саломат расиданд. Дар ин ҷо ҳам дар роҳ ва ҳам дар майдони назди он изҳои ҳархела бисёр буданд. Онҳо аз пайраҳаи базӯр намоёни пурбарф рафта, саросема ба таги шохаҳои хамхӯрдаи санавбар даромаданд. Одатан Сотников аз дидани ин оромгоҳи ғамангез дар худ як ҳиссиёти тарсоварӣ ҳазаромезро базӯр рафъ мекард ва мекӯшид, ки аз он дуртар ва дар наздаш наистода гузарад. Вале ҳоло чунин менамуд, ки худо худаш ин қабристонро барои наҷоташон пеш овардааст, вагарна онҳо аз назари деҳа дар куҷо пинҳон мешуданд.
Онҳо аз назди қабри нави хурди бачагона, ки теппачаи лоинашро ҳоло барф напӯшонда буд, саросема гузаштанд ва онҳоро акнун санавбарҳои сершохаи гурмдор ва чанд тавораи гӯр аз тирезаҳои деҳа панаҳ мекарданд. Аз ин ҷо рафтан осонтар шуд – Сотников бо тамоми кӯшиш ба худ бо дастонаш мадад карда, гоҳ аз салиб, гоҳ аз гурмҳои танаи дарахт ва ё аз панҷарадевор дошта мерафт. Вай аз роҳ хеле дур шуд ва ба назди танаи ғафси санавбар расида, худро сахт рӯи барф партофт. Дар ин шаби лаънатрасида тамоми аъзои баданаш риёзат кашид, сармо хӯрд, якзайл ором нагирифта ҷонгудоз дард кард.
Вай аз беқувватии ҷисмаш азоб мекашид ва танашро ба танаи шахшӯли санавбар, то ин ки нигоҳаш бо нигоҳи Рибак барнахӯрад ва гуфтугӯе ба миён наояд, такя дода, чашмонашро пӯшида мехобид. Вай дар бораи чӣ будани ин гуфтгугӯро медонист ва аз он мегурехт. Ӯ аз ин худашро қариб гунаҳкор ҳис мекард, ки азоб кашида, рафиқашро ба хатар мегузорад ва агар вай набошад, ӯ кайҳо, албатта, аз ин ҷойҳо дур мерафт. Рибак саломат ва нисбат ба Сотников бештар ташнаи ҳаёт буд ва ин масъулияти ҳаёти ҳардуяшонро ба зиммаи ӯ мегузошт. Сотников ҳамаи кӯшишҳои босубот ва шадидро, ки Рибак шаби гузашта барои халосии ӯ карда буд, бо таҳайюр ба ёд оварда, ҳамин тавр фикр мекард. Вай инро ёрии ҳамдигарии муқаррарии аскарӣ медонист ва агар ин ёрӣ ба ягон шахси сеюм карда мешуд, ӯ ба он ҳеҷ муқобилат нишон намедод. Вай бо вуҷуди маҷрӯҳ буданаш худро ба ҳеҷ ваҷҳ заиф ва ба кӯмаки бегона муҳтоҷ ҳисобидан намехост – ин барои ӯ ғайриоддӣ буд ва аз он тамоми вуҷудаш нафрат мекард. Вай кӯшиш мекард, ки то тавонистан, худ худашро уҳда кунад ва он ҷо ки наметавонад, вобастагиашро аз касе ки бошад, камтар кунад. Ва аз Рибак ҳам.
Вале Рибак, аз афташ, ба таассуроти рафиқаш камтар зеҳн мемонд, ки ғамхории худро ба ӯ давом медод ва андак нафас рост карда, гуфт:
– Ту ин ҷо мунтазир бош, ман зуд рафта меоям. Ана хона наздик. Рафту ягон ҳодиса шавад, дар сарои ғаллакӯбӣ пинҳон мешавем.
«Мунтазир шудан хуб аст, – фикр кард Сотников, – фақат роҳ наравем шудаст». Вай тайёр буд, ки агар аз ин мунтазирӣ ягон бӯи умед расад, дуру дароз мунтазир шавад. Рибак хастаҳолона ба пой хест ва карабинро гирифт. Сотников чашмонашро кушод, камтар ба паҳлу гашта, милтиқро наздиктар кашид. Аз байни танаи санавбарҳо кулбаи канори деҳа ва оғили вайронаи он наздик намудор буд: дар чапаракдевори кӯҳнаи каҷшуда шамол ким-чӣ хел латтаи фаромӯшшударо меҷунбонд.
Дар он ҷо гӯё одамон набуданд.
Рибак ба зудӣ аз мадди назари ӯ нопадид шуд, вале деҳа ба мисли аввала хомӯшу холӣ буд. Сотников барои он ки пои маҷрӯҳашро дурусттар ҷой кунад, як чӯби шахшӯли тавораро дошт ва он пастакак қисиррос зада, дар дасташ монд. Қабр кӯҳна, эҳтимол кайҳо боз ба ҳолаш гузошта шуда буд, аз даруни тавораи он санги танҳое аз рӯи барф намуд меистод, ки салиб ҳам надошт. Таворачаи фатарот рӯзҳои охири худро ба сар мебурд ва маълум буд ягона чизест, ки аз инсон дар ин ҷо боқӣ мондааст. Ва баногоҳ дар ин қабристони деҳа, дар байни тавораю сангҳои гӯр салибҳои пӯсидаю хамхӯрда, Сотниковро ғуссаи тоқатшикане фаро гирифт ва ӯ ба ҳамаи инҳо нигариста, бо маҳзунии писхандомез фикр кард: «Барои чӣ? Чӣ даркор ин расму одатҳои дақёнусии лавҳи мазоргузорӣ, ки аслан аз кӯшиши содалавҳонае беш нест, ки одам пас аз барг барои ҳастии худро дар рӯи замин дарозтар кардан ба кор мебарад? Оё ин имкон дорад? Ва чӣ даркор аст ин?
Не, ҳаёт ин ягона чизи арзишнок аст барои тамоми мавҷудот ва, аз ҷумла барои инсон ҳам. Ягон вақт вай дар ҷамъияти комили инсонӣ дараҷаи мутлақ, меъёр ва санги маҳаки баҳои ҳама чиз мешавад. Ҳар яки чунин ҳаёт моҳияти шахси зиндаро ташкил дода, барои кулли ҷамъият ҳам арзиши камтар нахоҳад дошт, ки қудрат ва муносибии он аз хушбахтии тамоми аъзои вай муайян мешавад. Марг чӣ, аз марг илоҷи гурехтан нест. Муҳимаш он аст, ки фақат марги маҷбурӣ, пеш аз вақт бартараф шавад, ба инсон имконият дода шавад, ки умри бе ин ҳам на он қадар дарози худро дар рӯи замин оқилона ва бо манфиат гузаронад. Охир, одам бо тамоми қудрати бемонандии худ, аз афташ, аз ҷиҳати ҷисмонӣ дуру дароз ҳамин тавр зуд маҷрӯҳшаванда мемонад ва як пораи хурдтарини фулузот зиёдатӣ аст, ки ӯро аз ҳаёти ягона ва ин қадар азизаш абадан маҳрум кунад.
Бале қобилияти ҷисмонии инсон маҳдуд аст, вале имконияти рӯҳи ӯро кӣ муайян карда метавонад? Кӣ метавонад дараҷаи ҷасорати ӯро дар ҷанг, нотарсӣ ва мустаҳкамии ӯро, ки бо вуҷуди дар муқобили душман заррае ҳам имконият надоштанаш, боз ба ғиреви шуҷоатноки мағлубкунанда қодир будааст, муайян кунад?»
Сотников, тобистон дар қароргоҳи саҳроии асирон аз тарафи немисҳо чӣ тавр истинтоқ шудани полковники мӯйсафедро, ки дар майдони муҳориба маъюбу маслуқ шуда, панҷаҳои дасташ шикаста, базӯр зинда буд, дид ва тамоми умр дар хотир нигоҳ дошт. Ҳамин тавр менамуд, ки ба ин полковник ҳиссиёти тарс тамоман бегона аст ва ӯ сухан намегуфт, балки ба офитсери гестапо бар зидди Гитлер, фашизм ва тамоми Германияи онҳо найзаи суханҳои ғазаболудро меандохт. Немис чунонки як соат пештар ду политруки пиёдаҳоро паронида буд, метавонист, ки ӯро паронад, корашро бо зарби мушт тамом кунад, вале ин одамро ӯ таҳқир накард, эътиборашро паст накард. Ҳамин тавр барин менамуд, ки ин хел гапҳоро бори аввал мешунид ва тамоман гаранг шуда буд, баъд саросема телефонро гирифта, ба сардорашон ким-чиро хабар дода, эҳтимол, мунтазири қарори боло истод. Албатта, полковникро баъд паронданд, вале он чанд дақиқаи пеш аз марг тантанаи вай, охирин ғалабаи вай, шояд аз ғалабаи дар майдони муҳориба ҳам душвортари вай буд, охир ӯ умеде ҳам надошт, ки ӯро касе аз одамони худӣ мешунавад (онҳо тасодуфан дар паҳлу, дар паси девори хонаи тахтагӣ буданд).
Сотников кам-кам ва торафт сахт хунук хӯрда, пуртоқатона ба канори қабристон менигарист ва Рибакро баробари дар он ҷо пайдо шуданаш дид. Рибак рост наомада, эҳтимол, барои он ки ба чашми мардуми деҳа нанамояд, қад-қади тавора ба тарафи саҳро хеле роҳ рафт ва баъд ба тарафи ӯ тоб хӯрд, пас аз лаҳзае вай дар паҳлуи ӯ буд ва нафастанг шуда, зери санавбар афтод.
– Кор панҷ барин. Медонӣ дар он ҷо кулба, як худакаш, дар канор. Диққат кардам, гӯё касе нест...
– Хайр?
– Охир, мефаҳмӣ... Хоҳӣ ман туро барам, гарм мешавем, баъд.
Рибак бо дудилагӣ хомӯш монда, ба дашти фарохи пагоҳӣ, ки аллакай то дуриҳо намоён буд, ташвишомез нигоҳ кард. Овози ӯ ким-чӣ хел беҷуръатона ва гӯё гунаҳкорона садо медод, ки Сотников рамуз бурд.
– Хайр, чӣ илоҷ! Ман мемонам.
– Ҳа, албатта, ин хел беҳтар мешавад, – андак хурсанд шуд Рибак. – Ба ман лозим аст, ки... Фақат намефаҳмам, ки он ҷангали балозада куҷо бошад. Мо роҳгум задем.
– Пурсидан лозим.
– Мепурсем... Ту бошӣ, ҳоло каме тоқат кун. Баъд эҳтимол, ба ягон ҷои дигар мефиристем. Ба ҷои боэътимодтар.
– Майлаш, майлаш, – ба ин бо оҳанги хушҳолии сохта ҷавоб дод Сотников.
– Ту хавотир нашав, ман ба ту ҷой муқаррар мекунам. Мефармоям, ки нигоҳубин кунанд ва ғайра...
Сотников хомӯш буд. Умуман, ҳамааш аз рӯи мантиқ ва дуруст буд, вале бо вуҷуди ин андаруни ӯ чизе ларзид ва дилаш хаёле озор ёфт. Воқеан, ӯ ҳамон лаҳза ҳис кард, ки ин аз беқувватӣ ва натиҷаии шаби гузаштаи лаънатист. Вай аз чӣ ҳам меранҷид? Муносибати онҳо комилан баробар аст, касе ба касе уҳдадор нест. Ва ҳамин хел, шукри худо, ки Рибак барои ӯ ҳама кори аз дасташ меомадаро кард. Дар беилоҷтарин лаҳзаҳо наҷот дод гӯем ҳам мешавад ва ҳоло вақташ расидааст, ки вай акнун ӯро пойбанд накунад.
– Чӣ илоҷ, ин тавр бошад, рафтем. Ҳоло ки касе нест.
Аввал Сотников кӯшиши хестан кард, вале ҳамин ки пои маҷрӯҳашро каме ҷунбонд, ӯро дарди ҷонкоҳе фаро гирифт ва ӯ дар рӯи барф дароз кашид. Лаҳзае мунтазир шуда, худро бо як азоб ба даст гирифт ва дандонашро сахт ба ҳам ҷафс карда, хест. Онҳо аз байни санавбарҳои ҷавон ва лаб-лаби пастхамӣ рафта аз қабристон баромаданд. На он қадар дуртар пайроҳаи хуб шиббахӯрдае баромад, ки онҳоро ба ҳавлии кушоди атрофаш бетавора овард. Дар канортари деҳа ҳавлии калони кӯҳнаи ба ҳоли худ гузошта буд, ки ба кунҷҳояш лой молида, ба ҷои оинаи шикастааш ким-чӣ хел латта баста буданд. Дар ҳақиқат дар сӯрохии сиёҳшудаи дар парахаи саросема хаста менамуд – эҳтимол, касе ба ҳамин гирду атроф баромада, дар хона касе намондааст. Сотников фикр кард, ки шояд ин тавр беҳтар бошад: ҳеҷ набошад, дар лаҳзаҳои аввал аз шарҳу баёне, ки дар ин хел ҳолатҳо он қадар гуворо нест, халос мешаванд.
Рибак парахаро кашида, рафиқашро ба даҳлез гузаронд ва дарро оҳиста аз дарун пӯшид. Даҳлез торикнамо буд. Дар зери девор ким-чӣ хел чалакҳо, ғарами ҳар хел кӯҳна-сӯҳнаҳои соҳибхона, сандуқи ниҳоят калони бо оҳани зангзада парчин шуда меистоданд; кунҷро санги осиё банд карда буд. Сотников боре ин асбоби одии деҳаро, ки барои кӯфтани дон истифода мешуд, дида буд: дар қуттии на он қадар чуқур ду доира санг ва аз болояш чӯби чархак маҳкам карда шуда буд. Тирезачаи хурди девор, ки пешашро тори анкабут панаҳ карда буд, имконият дод, ки онҳо дари кулбаро пайдо кунанд.
Сотников ба девор такя карда, ба зӯр то ин дар расид, ба мадади Рибак аз остонаи баланд гузашт. Аз кулба ба пешвози онҳо бӯйҳои омехтаи ғализ ва гармӣ баромад. Вай дасташро ба паҳлуи урёни бухорӣ, ки тозаалав буд, дароз кард ва якбора бар баданаш ҳамин хел роҳате ворид шуд ва ӯ нолаи худро, ки ҳар лаҳзаи ин шаби мудҳиш сар задан мехост, эҳтимол, аввалин бор нигоҳ дошта натавонист. Вай беҳолона ба хараки кӯтоҳи назди бухорӣ нишаст ва қариб ким-чӣ хел тубакҳоро ба фарш чаппа карда буд. Фурсате, ки ӯ пояшро дурустакак мегузошт, Рибак, аз паси пардаи рах-рах, ки қисми дигари кулбаро ҷудо мекард, нигарист, – дар он ҷо ягон ду бор кат оҳиста ғиҷиррос зад. Сотников бодиққат гӯш дод – ҳозир бояд чизи барои онҳо муҳимтарин ҳал мешуд.
– Шумо дар ин ҷо танҳоед? – дар долон истода бо қатъият пурсид Рибак.
– Ҳа.
– Падаратон куҷост?
– Нест.
– Модаратон чӣ?
– Очаҷонамон дар хонаи амаки Емелян орд мекашад. Барои ризқурӯзӣ кор мекунад. Охир, мо чор хӯрандаем, вай худаш танҳо.
– Оҳо, ту ҳама чизро мефаҳмидаӣ! Дар он ҷо чӣ – хӯрандаҳо хобидаанд? Майлаш, мон хобанд, – паст гуфт Рибак. – Ту ба мо ягон хӯрок меёбӣ?
– Очаҷонам пагоҳӣ картошка пухта буд, – ҷавоб дод бо кушодазабонӣ садои бачагонае.
Ҳамон лаҳза дар рӯи фарш пойҳои луч тап–тап карданд ва аз паси парда духтарчаи тақрибан даҳсолаи жӯлидамӯй ва дар бар куртаи кӯҳнаи сатини дарозакак намудор шуд. Ӯ бо чашмакони сиёҳаш ба Сотников нигоҳи сатҳие кард, вале натарсид, балки бо боварии соҳибхонагӣ ба бухорӣ ва ба нӯги пояш рост шуда, ба дамгири аз қади ӯ баланд даст дароз кард. Сотников барои ба ӯ халал нарасонидан, пои маҷрӯҳи худро оҳиста ба як тараф кашид.
Дар таги тиреза мизи бедастархон ва назди он хараке меистод, ки дар болояш тағорачаи сафолӣ буд; духтарак тағорачаро гирифта, ба канори миз гузошт ва ҳамаи картошкаро ба он чаппа карда афшонд: ҳаракати дастакони ӯ ночаспон ва он қадар чобук набошанд ҳам, духтарча бо майли тамом мекӯшид, ки ба меҳмон маъқул шавад; ӯ аз зарфмонак кордро гирифта, дар кунҷи торикӣ ким-чӣ кор кард ва табақчаи бодирингҳои калон-калони пажмурдаро ба рӯи миз гузошт. Баъд ба тарафи бухорӣ қафо рафт ва бо кунҷковии хомӯшона ин одами мусаллаҳи ришрасида, эҳтимол, андак воҳиманок, вале бе ҳеҷ шакку шубҳа, ба ӯ мароқоварро тамошо карда истод.
– Канӣ, биё, мехӯрем, – ба сӯи миз рафт Рибак.
Сотников ҳоло нағз гарм нашуда буд, бадани сармохӯрдааш аз вараҷа меларзид, вале аз картошкаи рӯи миз як буғи сабуки ниҳоят хушбӯ баланд мешуд ва Сотников аз харак бархост. Рибак ба ӯ барои ба назди миз омаданаш ёрӣ расонд, пои маҷрӯҳашро дар рӯи харак дуруст ҷо дод. Ин хел мувофиқтар буд. Сотников як картошкаи гарм ва андак сӯхтаро гирифта, пушташро ба девори сафед кардашудаи ғӯлачӯбӣ такя дод. Духтарча бо эҳтироми пешина дар долон меистод ва як лаби пардаро ғиҷим карда, ба онҳо бо чашмакони сиёҳаш нигоҳҳои тез меафканд.
– Чӣ нон нест магар? – пурсид Рибак.
– Лёняҳак шаб ҳамаашро хӯрд. Вақте ки очаҷонамро мунтазир будем.
Баъди лаҳзае Рибак аз бағалаш пуштаки нонро, ки аз хонаи амин гирифта буд, баровард ва аз он порае шикаст. Сипас боз як пораи дигар шикаста, хомӯшона ба духтарча дароз кард. Ӯ нонро гирифт, вале нахӯрд, – ба паси парда бурда монду боз ба назди бухорӣ баргашт.
– Модарат дер боз орд мекашад? – пурсид Рибак.
– Пареррӯз боз. Вай боз як ҳафта орд мекашад.
– Фаҳмо. Аз ҳама калонӣ ту?
– Ҳа, ман. Катя ва Лёняҳак аз ман хурд, ман аллакай нуҳсола.
– Калон будаӣ. Дар ҷои шумо немисҳо нестанд?
– Як бор омада буданд. Вақте ки мо бо оҷаҷонам ба хонаи холаи Гелен мерафтем. Аз мо хукбачаи алобулоямонро кашида гирифтанд. Дар мошин гирифта бурданд.
Сотников бо азоб ду картошкаро фурӯ бурда буд, ки боз сулфаи сабилмондааш сар шуд. Ӯ тақрибан панҷ дақиқа чунон сулфид, ки гӯё дар қафаси синааш ягон чиз канда мешуда бошад. Баъд сулфааш андаке паст шуд, вале дигар хоҳиши картошкахӯриаш намонда буд, вай фақат ним дӯлча об хӯрда, чашмонашро пӯшид. Ӯ чунон ҳис мекард, ки гӯё чизе мелағжад, меллапад, сустии ҳаловатноки дардовар ӯро алла мегӯяд ва хобаш мебарад. Аз шуури тираи ӯ овозҳои омехтаи Рибак ва духтарча зуд дур мешуданд.
– Номи модарат чист? – бодиринро китирросзанон хӯрда пурсид Рибак.
– Дёмчиха.
– Оҳо. Яъне падаратон Демян?
– Ҳа. Очаҷонамро боз Авгиня ҳам мегӯянд.
Харакро ғиҷиррос занондани Рибак ба гӯш мерасид, аз афташ вай барои гирифтани картошкаи дигар даст дароз кард, ки дар таги миз мӯзаҳои ӯ тарақ–тарақ карданд. Гуфтугӯ чанд лаҳза хомӯш шуд, вале пас аз он овози чарбу нарм ва кунҷкову айёронаи духтарак шунида шуд:
– Амак, шумо партизан?
– Чӣ даркор донистани ту? Ту ҳоло хурд ҳастӣ.
– Ман медонам, ки шумо партизан.
– Донӣ, дам шин.
– Вай амакро маҷрӯҳ кардагиянд-а?
– Маҷрӯҳ кардаанд ё накардаанд, дар ин бора лом нагӯ. Фаҳмидӣ?
Духтарча ҷавоб надода хомӯш монд. Гуфтугӯ як лаҳза қатъ шуд.
– Ман давида рафта очаҷонамро биёрам, майлаш?
– Шину ин қадар питир–питир накун. Боз ба сарамон ягон бало набиёрӣ.
– ... Бало ба сари онҳо! Мо одамем ё ҳайвон?
– Одам будем.
Вале ин садоҳо на аз ҳоли ҳозир, балки аз гузашта мерасид. Шуури Сотников ҳоло қариб ноаён ба оғӯши фаромӯшӣ рафтани ӯро қайд карда метавонад ва баъди ин аллакай он лейтенанти аз паяш маҷрӯҳшуда, ки дар саф ба китфи рафиқи бақувваташ такя карда лангида–лангида ба зӯр мерафт, намоён мешуд. Сари лейтенант докапеч аст. Докаи кӯҳнаи чиркин ва дар пешонаи лейтенант хун шах шуда мондааст; лабони хушк ва дурахши нохубу таболуди чашмони сурхаш ба чеҳраи лоғари ӯ ким-чӣ хел қиёфаи нимдевонае медиҳад, аз пои маҷрӯҳаш чунон бӯи бад паҳн мешавад, ки дили Сотниковро беҳузур мекунад: бӯи ғализи фасод аз панҷ қадам ҳам ҳаворо вайрон менамояд. Онҳоро сафи сафар баста ба ҷангал пеш меронанд. Дар канори роҳ ҳар ҷо-ҳар ҷо санавбарҳо рустаанд, зери пои онҳо реги сафед, ки дар рӯяш сӯзани дарахтони сӯзанбарг рехта буд, мелағжид. Офтоби нимрӯз беамон метасфонд. Сафи сафарро немисҳои пиёдаю савора мебурданд.
Мегуфтанд, ки ба парондан бурда истодаанд.
Ин ба ҳақиқат монанд буд – дар ин ҷо ҳама онҳое буданд, ки немисҳо онҳоро аз қароргоҳи асирон аз байни ҳазорон – ҳазор нафар ҷудо карда буданд: хизматчиёни сиёсӣ, коммунистон, яҳудиҳо ва дигарон, ки бо ягон чиз немисҳоро ба шубҳа оварданд. Сотниковро ба ин ҷо барои гурехтани бебарораш гирифта буданд. Эҳтимол онҳоро дар он ҷо, дар теппаи регзори санавбарҳо мепаронданд. Инро онҳо вақте ҳис карданд, ки аз роҳ тоб хӯрда ба он ҷо бо эҳтиёт наздик мерасиданд. Посбонони онҳо баландтар фарёд мезадагӣ шуда сафи сафарро ба як тӯда ҷамъ мекарданд. Дар нишебӣ аскарони дигар менамуданд, шояд мунтазир буданд, ки кори худро зуд ботифоқ ба ҷо биёранд. Вале аз афташ дар кори немисҳо ҳам нобобӣ мешудааст. Сафи сафар ҳоло ба нишебӣ нарасида, посбонон ба онҳое, ки дар канори санавбарзор буданд ким-чиҳо гуфтанд ва пас фармон баланд шуд, ки ҳама нишинад – ҳар вақт, ҳангоми ҳаракатро боздоштан ҳамин тавр карда мешуд. Асирон дар офтоби тафсон нишастанд ва дар зери мили автоматҳо мунтазир буданд.
Ҳамаи рӯзҳои охир Сотников гӯё рӯҳафтодаю хаста менамуд. Худашро бад ҳис мекард – бе обу хӯрок бемадр шуда буд. Ва ӯ хомӯшона, дар байни тӯдаи ҷафси мардум дар рӯи алафи халандаи хушк дар ҳолати нимфаромӯшӣ бе ҳеҷ фикру хаёл дар сар нишаста буд ва эҳтимол барои ҳамин маънои пичир–пичири ҳампаҳлуяшро якбора фаҳмида натавонист: «Ҳеҷ набошад кори яктояшро тамом мекунам. Албатта...». – «Ту як дам ист. Давомашро мебинӣ». – «Магар чӣ шуданаш маълум нест». Сотников оҳиста нигоҳашро ба он тараф равона карда – худи ҳамон лейтенанти ҳамсояи ӯ аз чашми дигарон номаълум аз зери докаи чиркини пояш – кордчаи қаткунаки оддиро мебаровард ва дар чашмони ӯ ҳамон қадар қатъият буд, ки Сотников фикр кард: инхелашро боздошта намешавад. Ҳамоне ки вай ба ӯ муроҷиат мекард, – марди солхӯрдае буд, ки дар бараш либоси командирӣ дошта, дар гимнастёркааш петлитса набуд – ба посбонон нигоҳҳои ҳароснок мекард. Онҳо ду нафар дар як ҷо истода аз фандақ сигарета дармегиронданд, дигаре каме дуртар болои асп сафи сафарро бодиққат аз назар мегузаронд.
Онҳо дар офтоб боз тақрибан понздаҳ дақиқа нишастанд, то даме ки аз теппа ким-чӣ хел фармон шунида шуд ва немисҳо ба хезондани сафи сафар сар карданд. Сотников аллакай ба чӣ қасд кардани ҳамсояашро, ки ҳамоно аз сафи сафар ба як тараф, ба тарафи посбон наздик мерафт, медонист. Ин посбон боқувват, немиси қадпасти тануманд буд ва чун ҳамаи дигарҳо дар сари синааш автомат ва дар тан яктаҳи танге дошт, ки зербағалаш арақ карда буд; аз таги пилоткаи моҳутии тарнамояш, ки сиёҳи қиргун буд бӯи ҳаргиз ориёӣ набудааш, баромада меистод. Немис сигареташро саросема кашида, аз байни дандонҳояш туф карда ва аз афташ, ягон асирро зудтар ронданӣ шуда, оромона ба тарафи сафи сафар ду қадам монд. Худи ҳамон лаҳза лейтенант аз қафо ба ӯ чун калхот ҳуҷум оварда ба гардани офтобхӯрдаи ӯ кордро то дастааш зад.
Кӯтоҳакак воҳ гуфта, немис ба замин нишаста монд, касе аз қарибӣ фарёд зад: «Гурез!» – ва чанд нафар онҳоро гӯё фанар (пружина) аз сафи сафар тела дода бошад, худро ба тарафи майдон андохтанд. Сотников ҳам ба тамоми қувват гурехт. Лейтенант, ки аввал мегурехт, баногоҳ пешпо хӯрда ба якпаҳлу ва ба таги пои Сотников афтод ва худи ҳамон лаҳза шиками худро бо корд дударрон кард. Сотников аз болои ӯ ҷаҳида гузашт ва қариб буд ба дасти ларзону тобхӯрдаи ӯ по монад, ки аз он дами тари ҳамон кордчае, ки қади ангушти ишорат буд як дурахшида ба рӯи рег афтод.
Саросемагии немисҳо на бештар аз панҷ сония давом кард. Ҳамон лаҳза аз чанд ҷо пайи ҳам тир кушоданд – аввалин тирҳо аз болои сари ӯ гузашта рафтанд. Вале ӯ метохт. Ҳамин тавр менамуд, ки вай дар умри худ ҳеҷ ин тавр девонавор надавида буд ва бо чанд ҷаҳиши калон ба теппаи санавбарҳои хурд тозон баромад. Тирҳо аллакай ҷои ғӯллии санавбарзорро бисёр ва бетартибона сӯрох карда мегузаштанд, ба болои ӯ аз ҳар тараф баргҳои сановбар мерехтанд ва ӯ бошад мегурехт, ба роҳ нигоҳ накарда, ҳарчӣ дуртар мегурехт ва ҳар замон бо таҳайюри шодиангез худ ба худ такрор мекард: «Зинда! Зинда!».
Мутаассифона, санавбарзор як тасмаи борики кӯтоҳе будааст, ки тақрибан баъди сад қадам баногоҳ тамом шуд ва аз пеш майдони васеи гиёҳҳои чалипогул баромад. Бо вуҷуди ин ҷои гурез набуд ва ӯ аз майдони даравида, ба он тарафе, ки буттаҳои хадангзор ба назар менамуданд, пеш тохт.
Дар ин ҷо ӯро зуд диданд, аз пас садо баланд шуд, аз қарибӣ тир қарсос зада рафт – тир қамчин барин шартӣ ба шими ӯ зада гузашт ва дар кисааш тамокудони холиро сӯрох кард. Сотников ин зарбаро баралло ҳис кард ва ба қафо нигарист: ба паси ёли асп хам шуда ва дасти рости таппончадорашро поён партофта аз қафои ӯ савор асп монда меомад. Маълум аст, ки аз асп гурехта намешавад ва Сотников ба таъқибгараш рост рӯй гардонд. Асп ӯро қариб аз пой афтода буд, вале дар лаҳзаи охирин ӯ ким-чӣ хел карда худро аз суми асп канор гирифт ва ба қатори наздиктарин гиёҳҳои чалипогул тохт. Немис худро дар рӯи зин якбора қафо партофта, дасташро пеш андохт ва тири паронидааш ба болои ғарами коҳбеда расид, коҳбеда ба ҳар тараф пош хӯрд ва ба замини даравшуда рехт. Ҳар чӣ ҳам бошад, Сотников сиҳат монд ва аз авҷи нотарсию ноилоҷӣ аз майдони зери пояш санги оддиро, ки ба андозаи мушташ буд, бардошт. Боз як навъ худро аз асп канор гирифта, ба тамоми қувват сангро рост ба рӯи савора андохт, вай пеш аз вақт тир паронд, ки ин дафъа ҳам аз паҳлу гузашт. Сотников дар ин сангҳо қувваи наҷотро ҳис карда, онҳоро аз таги пояш бардошта ба немис, ки дар болои аспи тафсида давр мезад ва, бешубҳа, ба паронидани ӯ кӯшиш мекард, андохтан гирифт. Дар майдон боз ду тири дигар садо дод, вале онҳо ҳам ба гуреза нарасиданд ва ӯ аз муваффақияти худаш хурсанд шуда, санг дар даст ба қатори дигари гиёҳҳои чалипо тохт.
Фурсате, ки немис аспи ростхестаашро идора карданӣ мешуд, Сотников як даҳ қадам ба қатори дигар тохт ва боз якбора рӯ гардонд, ки сангро рӯ ба рӯ занад. Ин дафъа санги вай ба сари асп расид ва немис боз хато кард. Сотников ба ӯ паи ҳам се санги дигар паронд ва худро аз суми асп канор гирифта, торафт дур мегурехт. Ана гиёҳҳо ҳам тамом шуданд, қатори охиринашон монд. Сотников дар даст санг дар паси он аз ҳол рафта афтод. Ин дафъа немис аспро ба тарафи ӯ бо тамоми қатъият ронд ва қасд карда буд, ки гурезаро бо суми асп зада ғалтонад. Асп бо ду пои пасаш баланд рост шуд ва гуппас карда сахт ҷаҳид ва аз болои Сотников алафу бедаро пош дод. Ӯ вақти афтодан хурсандона фарёд зад – таппончаи автоматии дасти немис, ки дар назари ӯ як намуда буд, бо тарафи затвордораш сахт боло шуд: тирдон баромад. Хатои худро фаҳмида, немис аспро якбора тунд нигоҳ дошт ва он вақт Сотников бархоста бо тамоми қувват ба тарафи буттазори наздик тохт.
Таъқибгари вай чанд сонияи ниҳоят муҳимро аз даст дод, вай то даме, ки ба таппонча аз нав тир ҷой мекард, – барои ин аспро нигоҳ доштан лозим буд, – Сотников тавонист, ки ба хадангзор давида расад. Дар ин ҷо акнун асп ба ӯ хавфнок набуд. Ба тирҳои боз паронидашуда ва шохаҳое, ки рӯяшро мехарошиданд, аҳамият надода, вай хеле давид, то ба ботлоқ расид. Ҷои гурез набуд; вай ба ботлоқ, ба мурдоб даромад, ки аз он ҷо дигар ба ҳеҷ ҷо баромада наметавонист. Ӯ дар он ҷо фаҳмид, ки агар ғарқ нашавад, худро наҷотёфта ҳисоб карданаш мумкин аст. Ва ӯ то манаҳаш ба об ғӯтида, аз шохчаи бутта, ки чун лелачааш буд, дошта, пинҳон шуда меистод ва ҳама дам бошиддат фикр мекард: шохча медорад ё не. Агар шохча мешикаст, вай худро нигоҳ дошта наметавонист, мадораш намонда буд. Вале шохча имконият намедод, ки ӯ худро тамоман пинҳон дорад, ӯ кам-кам нафасашро рост кард ва ҳамин ки дар дурӣ тирпаронӣ хомӯш шуд, бо як азоб ба ҷои хушк баромад.
Аллакай шаб фуромада буд, ӯ дар осмон ситораи қутбро ҷуста ёфт ва ба наҷоти хеш ҳеҷ бовар накарда, ба сӯи шарқ роҳ гирифт.