Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
9
Сотников дар болои харак беҳаракат мехобид, эҳтимол, хобаш бурда буд. Рибак ба тиреза наздиктар нишаста, аз паҳлуи он пайроҳаро назорат мекард. Вай гуруснагиашро бо картошка андак бартараф карда, дар ин ҷо ҳеҷ кор надошта бошад ҳам, менишаст, аз ин ҷо рафтанаш мумкин набуд, бинобар ин мунтазир нишастан зарур меомад. Ба кӣ маълум нест, ки интизорӣ ва кӯшиши ба касе расида гирифтан аз ҳама бадтар аст. Шояд аз ин ва ё сабаби дигар бошад, ки таассуфи ӯ зиёд шудан гирифт ва ҳатто ғазабаш, ҳарчанд каси ғазаби ӯро меовардагӣ набуд, ба афзудан сар кард. Магар Сотников, ки ӯ вайро ба ин бачаҳо гузошта рафта наметавонист. Соҳибхоназан барнамегашт, ӯ ҷуръат намекард, ки ба овардани вай кас фиристад: ин корро чӣ тавр ба як бача бовар кардан мумкин буд?
Ва ӯ дар назди тиреза чиро мунтазир буданашро надониста, ба садоҳои тасодуфие, ки аз берун мерасиданд, гӯш дода менишаст. Дар он тарафи парда бачаҳо хеста буданд, бозию ҷунбуҷӯли онҳо паст-паст ба гӯш мерасид–баъзан дар гузаргоҳ пардаи дағалбофт кушода мешуд ва аз роғ чеҳраяки бачаи кунҷкове намоён мегашт. Вале ҳамон замон аз назар ғоиб мешуд. Духтарча дар он ҷо бо шавқун фармон медод, ҳеҷ касро аз паси парда баромадан намемонд.
Рибак роҳи тиреза, боқимондаи тавораи шикастаю вайрон ва канори қабристони бедеворро, ки дар марзаи он буттаҳои хордор рӯида буданд, то хуртдарин ҷузъиёташон нағзакак омӯхт. Латтае, ки ба ҷои оинаи шикаста хаста буданд, ӯро дар паси тиреза бад пинҳон намекард. Дар зертахтаи намкашидаи пӯсиданамои тиреза чанд шишачаи чиркини дору меистод, тӯбчаи ресмон ва лӯхтаки латтагин, ки чашму даҳони он хеле ранг кашида шуда буд, ғелида хоб мерафт. Дар рӯ ба рӯи миз Сотников дар хобаш нооромона нафас мекашид, ки ӯро дилпуртар ҷой кунондан лозим буд, вале барои ин соҳибхоназан даркор буд. Рибак аз ин мунтазирии номуайяни худ дилтанг ва асабӣ шуда, нафаскашии беморонаи рафиқашро қариб бо хусумат гӯш мекард ва аз имрӯз омад накардани корашон торафт ғамгинтар мешуд. Ва ҳамаи ин аз боиси Сотников. Рибак одами бадфеъл набуд, вале азбаски саломатии худаш хуб буд, ба беморон ҳамдардии зиёде намекард ва баъзан намефаҳмид, чӣ тавр мешудааст, ки шамол хӯрӣ, нотоб шавӣ, касал шавӣ. «Аслан, – фикр мекард ӯ, – дар ҷанг бемор шудан бемаънитарин корест, ки ба хаёли кас омаданаш мумкин аст».
Дар давоми хизмати дуру дарози ҳарбияш дар ӯ нисбат ба заифон, касалмандон, ба ҳар хел бетолеъон, ки бо ин ё он сабаб ин ё он корро наметавонистанд, қудраташон намерасид, як навъ ҳиссиёти нописандона пайдо шуда буд. Вай кӯшиш мекард, ки ба ҳар кор зӯраш расад, ҳар корро тавонад. Дуруст аст, ки то ҷанг баъзе барояш душворнамо буданд, махсусан, вақте ки кор ба дониш ва маълумот оид шавад – вай илми китобро дӯст намедошт, ки барои аз бар кардани он сабру тоқати бисёр ва дуру дароз нишаста тавонистан даркор буд. Ба Рибак бисёртар кори серҳаракат, кори ташвиши бисёр, мушкилӣ ва нобарориҳодошта маъқул буд. Шояд аз ҳамин сабаб ӯ се сол старшинаи рота шуда хизмат кард – Худо ӯро аз боиродагӣ ҳам бенасиб накарда, қувваташ ҳам кифоя буд. Ҷанг ба Рибак ба як маънӣ осон, оддӣ буд: мақсади мубориза маълум буд, дар бораи шароитҳои дигараш вай бисёр ҳам фикр намекард. Ҳаёти партизаниашон он қадар ширин набуд, вале ҳар чӣ бошад ҳам, аз тобистони гузаштае ки дар фронт буд, сабуктар ва Рибак қаноатманд буд. Умуман то ҳол кори ӯ омад мекард, бадбахтиҳои калон ба ӯ нарасида мегузаштанд, вай фаҳмид, ки чизи асосӣ дар санъати ҷангии онҳо худро гум накардан, фурсатро аз даст надодан, сари вақт ба қароре омадан аст. Аз афташ маънии ҷанги партизанӣ дар он буд, ки ҳаёти худро мудофиа карда, ба душман зарар расонӣ ва дар ин ҳол вай худро партизан, ҷанговари ҳақиқӣ ҳис мекард.
– Очаҷон, очаҷонам меояд! – баногоҳ шодона фарёд заданд бачаҳо дар паси парда.
Рибак ба тиреза як назар андохта, дар роҳ занеро дид, ки майда–майда қадам партофта саросема ба тарафи хона меомад. Домани хираранги дароз, нимпӯстини чиркин ва рӯймол, ки ба сараш ғафс карда печонида буд, ҳарчанд ки вай, аз афташ, ҳоло он қадар пир набуд, ин аз гузаштани ҷавонии ӯ гувоҳӣ медоданд. Рибак аз қафои ӯ нигоҳ карда дар паси оина оҳиста ҷунбид. Сотников дар паси миз аз доди бачаҳо як қад парид, вале Рибакро дар наздикӣ дида, боз дар рӯи харак дароз кашид.
Вақте ки дар даҳлез садои ғалақаи дар баромад, Рибак ба охири харак ғеҷида, кӯшиш кард, ки қиёфаи як шахси ботамкин ва накӯкорро гирад. Соҳибхоназанро ҳар чӣ бештар хуш истиқбол кардан, натарсонидан ва наранҷонидан даркор буд: бо ӯ дар бораи Сотников гуфтугӯ кардан ва ба қароре омадан дар пеш меистод.
Вай ҳанӯз дарро накушода, бачаҳо аз паси парда берун тохтанд, ду духтарча пардаро бардошта, дар баромадгоҳ монданд, вале писарчаи тақрибан панҷсола, ки пойлуч буд ва эзори тасмачадор дошт, ба тарафи остона ба пешвоз давид:
– Очаҷон, очаҷон, палтизанҳо дар хонаи мо!
Ӯ даромада, хам шуд, ки бачаро бардорад, вале баногоҳ рост шуда, бо тарсу ҳайрат ба шахси ба ӯ ношинос нигоҳ кард.
– Салом, бону, – бо хайрхоҳии тамом, ки дар ин лаҳза ба он қодир буд, гуфт Рибак.
Вале соҳибхоназан аллакай аз чеҳраи хастааш осори таҳайюрро дур карда, ба тағорачаи холии рӯи миз як назар афканд, ки дар рӯяш чизе ларзида монд.
– Салом, – сард ҷавоб дод ӯ, бачаро аз худаш дур карда истода. – Яъне ки нишастаед?
– Ҳа, мана, чӣ хеле ки мебинед. Шуморо интизор.
– Хӯш, шумо ба ман чӣ кори муҳиме доред?
Не, корашон он қадар барор накарда истодааст, зан рӯирост намехост ба он оҳанге, ки Рибак бо ӯ гапзанон мекард, гуфтугузор кунад – дар овози ӯ ким-чӣ хел оҳанги хашму ғазаб ва моҷароҷӯӣ ба гӯш мерасид.
Рибак каме хомӯш монд, зан дар ин фурсат тугмаи пӯстинчаи кӯҳнаашро кушода, рӯймолро аз сараш гирифт. Рибак ба ӯ синча карда менигарист – мӯйҳои даққии шонанокарда, нармаи гӯшҳои чанголуд, чеҳраи хаста ва ким-чӣ хел коҳидаю на он қадар солхӯрда, тӯри оҷингҳои бармаҳали гирди даҳонаш аз ғуссаи доимии ҳаёти меҳнатрӯзии вай хеле хуб шаҳодат медоданд.
– Он чӣ кори муҳиме будааст? – вай рӯймолро ба чӯби назди бухорӣ партофт, боз ба канори миз, ки тағорача истода буд, назар андохт. – Нон даркор? Равған даркор? Ва ё, шояд барои тухмбирён тухм мехостед.
– Мо немис не, – ботамкин гуфт Рибак.
– Набошад, кистед? Ё аскарони сурх? Аскарони сурх дар фронт меҷанганд, шумо бошед, дар кунҷакҳо мегардед. Боз ба шумо картошка деҳ, бодиринг деҳ... Гэлаҷон, Ленаҷонро гир! – гуфт ӯ ба духтарчаи калонӣ ва худ либосашро накашида тез-тез назди бухориро тоза кардан гирифт: тубакҳоро ба дамгири бухорӣ, сатилро ба назди остона, ҷорӯбро ба кунҷ гирифта монд.
Дар паси миз Сотников ба сулфаи дуру дароз сар кард, вай ба ӯ ало нигариста, қавоқ андохт, вале чизе нагуфт: ӯ рӯбучин карда, пардаи чиркини гузаргоҳи назди бухориро пинҳон кард. Рибак хато кардани худро фаҳмид, аз ҷояш хест: эҳтимол, ба ин зан, бо ин зани шаттоҳ, зани асабӣ ҷиддитар муносибат кардан даркор буд.
– Беҳуда мекунед, хола. Мо ба шумо бо нағзӣ, шумо бошед, ҷанҷол мекунед?
– Ман магар ҷанҷол кардаам? Ман агар ҷанҷол мекардам, қадаматон ба ин ҷо намерасид. Равед, аз ин ҷо, балоҳо! Шумо кам будед! – дӯғ зад вай ба бачаҳо – Гэля, Лёняҷонро гир, гуфтам! Лёняҷон, мезанам!
– Очаҷон, ман палтизанҳоло дидан мехоҳам.
– Ман ҳозир ба ту нишон медиҳам! – бо таҳдид ба тарафи парда тап–тап кард ӯ ва бачаҳо ғоиб шуданд – Партизанҳоя!
Рибак бодиққат ӯро назорат ва фикр мекард: чаро ӯ ин қадар бадфеъл аст, ин зани Демян? Дар сари ӯ дар ин бора тахминҳои бисёре пайдо мешуданд: шояд зани полис, ё ягон хеши амини ин ҷо ва ё аз Ҳукумати Советӣ озоре дида бошад? Вале ӯ андак фикр карда, ҳамаи ин тахминҳои худро дур партофт, ки бо аҳволи камбағалонаи ин зан ҳеҷ мувофиқат намекард.
– Демяни ту куҷост? – баногоҳ пурсид Рибак. Вай рост шуда, бо хавотирӣ ва қариб бо тарс ба ӯ нигарист.
– Демянро шумо аз куҷо медонед?
– Медонем.
– Пас, чаро мепурсед? Магар ҳоло занҳо медонанд, ки мардҳояшон куҷоанд? Партофта рафтанд, ана акнун чи хеле ки хоҳӣ, зиндагӣ кун.
Вай аз остона ҷорӯбро гирифта, ба рӯфтани назди бухорӣ сар кард. Ҳаракатҳои калон-калони бошиддати ӯ то ҳол аз норозигиаш аз ин меҳмонони нохонда гувоҳӣ медоданд. Рибак пайваста фикр мекард, ки ба он гуфтугузори асосии худ, ки ба хотири он ин зани Демянро мунтазир нишаста буд, чӣ тавр наздик шавад.
– Дар ин ҷо, мебинӣ, хола, рафиқи мо андак...
Зан рост шуда, ба Сотникови дар кунҷ буда нигоҳи шубҳаноке афканд. Вай ҷунбид, кӯшид, ки хезад ва баралло нолаашро фурӯ бурд. Зани Демян як дақиқа ҷорӯб дар даст шах шуда монд. Рибак аз харак хест.
– Ана дидӣ, аҳволаш бад аст, – гуфт ӯ.
Сотников лаҳзае аз дарди по рӯ турш кард, бо ду даст зонуяшро медошт ва дандонҳояшро мефишурд, ки нола накунад.
– Бало занад, хушк шуда, часпидагӣ барин.
– Ту худатро такон надеҳ. Бихоб. Туро-ку пеш намекунанд.
То даме ки Рибак пои ӯро дар рӯи харак дуруст ҷойгир мекард, зани Демян пайваста қавоқаш гирифта буд, вале ифодаи ғазабноки ҷеҳрааш кам-кам нармтар мешуд.
– Ба таги сараш ягон-чӣ гузоштан лозим, – гуфт ӯ ва паси парда гузашта, аз он нимтанаи ғиҷимшуда ва пахтаҳояш баромадаро гирифта овард. – Бигир, ҳар чӣ мулоимтар мешавад.
«Ҳа, – аз фикр гузаронд Рибак. – Ин кори дигар. Шояд ин зани бадқаҳр ҳоло меҳрубонтар шавад».
Сотников нимхез шуд, вай нимтанаро ба таги сари ӯ хаст ва сулфида, худи ҳамон лаҳза аз нав хоб рафт. Нафаскашиаш чун пештара тез-тез ва мушкил буд.
– Бемор, – аллакай бо дигар оҳанг, оромтар гуфт зани Демян, – таб доштагӣ барин. Чӣ хел месӯзад-а!
– Мегузарад, – даст афшонд Рибак. – Ҳеҷ хавфе нест.
– Ҳа, албатта, ба шумо ҳеҷ чиз хавфнок нест, – ба ғазаб омад соҳибхоназан. – Шуморо паронанд ҳам хавфнок не. Ва модар дар ким-куҷо хуни дил хӯрад ҳам, ҳеҷ гап не. Ба мо бошад... Шираи алафдору ҷӯшонида нӯшидан ва арақ кардан даркор. Набошад, ана қабристон ҳам наздик.
– Қабристон дарди бахайр, – сулфида гуфт Сотников.
Вай пас аз фаромӯшии кӯтоҳе ким-чӣ хел ҳаросовар зиндадил шуд, эҳтимол, аз таб бошад, ки рухсораҳояш сурх шуданд, дар чашмонаш табларза пайдо гашта, аз ҳаракатҳояш чобукии ғайриоддӣ намудор мешуд.
– Чӣ, аз ин ҳам бадтар шуданаш мумкин аст? – тағорачаро аз рӯи миз гирифта, фаҳмиданӣ мешуд зани Демян. – Ба оташи дӯзах, албатта, бовар надоред?
– Мо ба биҳишт бовар дорем, – ҳазломез гуфт Рибак.
– Ба биҳишт мерасед, набошад-чӣ?
Соҳибхоназан даричаи бухориро ғиҷиррос занонда, ба он ҷо даст дароз кард ва хурмаи чӯяниро ин тарафу он тараф такон дод. Бо вуҷуди ин чунин менамуд, ки ӯ аллакай ором ва ҳатто меҳрубон шуда бошад. Рибак инро ҳис мекард ва андеша дошт, ки ҳоло ҳамааш эҳтимол, бо ягон илоҷ дуруст шавад:
– Камакак оби гарм мешуд, ҷароҳатро мешустем. Ӯро маҷрӯҳ карданд, холаҷон.
– Дида истодаам. Саг нагазидааст. Ана тамоми шаб аз тарафи Староселе банг–банг тир мепарониданд., – ба деггирак такя карда, гӯё беихтиёр хабар дод ӯ. – Мегӯянд, ки як полисро парониданд.
– Полисро?
– Ҳа.
– Кӣ гуфт?
– Занҳо мегуфтанд.
– Ҳа, агар занҳо гуфта бошанд, дуруст аст, – дар охири харак табассум кард Рибак. – Онҳо ҳама чизро медонанд.
Зани Демян бо қаҳр аз назди бухорӣ ба тарафи онҳо рӯ овард.
– Чӣ, не магар? Занҳо-ку медонанд. Намедонистагиҳо, шумо. Агар медонистед – намепурсидед.
Вай ба онҳо ба хурмаи чӯянӣ об доду худаш ба паси парда тарафи бачаҳо равона шуд.
– Хайр, инашро худатон мекунед. Набошад, ҳаминаш кам буд, ки ман эзоратонро ҳам кашида монам.
– Хайр, хайр, – розӣ шуд Рибак ва ба сӯи Сотников қадам монд.
– Биё намадмӯзаро кашем.
Сотников дандонҳояшро ба ҳам фишурд, бо дастонаш харакро маҳкам дошт ва Рибак зӯр зада аз пои ӯ намадмӯзаи тари хунолударо кашид. Баъд аз ин шимро кашидан даркор буд ва Сотников рӯяшро турш карда, базӯр овоз баровард:
– Ман худам.
Маълум буд, ки дардаш тоқатшикан аст, вале ҳар чӣ ҳам бошад, вай тугмаи шимашро кушода, онро то зонуяш поён фуровард. Ниҳоят Рибак дар байни лахтаҳои хун дар бадани Сотников ҷароҳатро дид. Вай на он қадар варамида ва атрофаш андак кабудча, тофта, дар назар ҳеҷ хавфнок набуд, ҷароҳати оддие буд, ки аз тир пайдо шуда, то ҳол кам-кам хун ҳам мерафт. Аз дигар тарафи рони по ҷои баромади тир набуд ва ин аломати он буд, ки тир дар по банд шуда мондааст. Ана инаш бадтар буд.
– Ҳа, дар по мондааст, – ташвишомез гуфт Рибак. – Кашида гирифтан даркор.
– Хайр, ту-ку кашида намегирӣ, – ба асабонӣ шудан сар кард Сотников. – Бас кун, тамошо карда нишастан чӣ лозим.
– Ҳеҷ гап не, илоҷашро меёбем. Холаҷон, шояд ягон чизи мебастагӣ ёфт шавад? – бо овози баланд пурсид Рибак ва худаш ба пок кардани хуни хушкшудаи бадан сар кард.
Пои Сотников аз дард меларзид, бо вуҷуди ин вай зӯр зада тоқат меовард ва Рибак фикр кард, ки агар тир ба устухон нарасида бошад, ҷароҳат умуман он қадар вазнин нест. Тирро кашида гиранд, ҷароҳат дар як моҳ ба ҳам меояд. Ҳамин як моҳ дар ягон ҷо пинҳон шуда, ба дасти немисҳо нафуромадан аз ҳама муҳим буд.
Зани Демян ба зудӣ дар даст порчаи тозаи катон дар назди дар пайдо шуд ва Сотников аз шарм худашро дарҳам кашид.
– Натарсед! Мана, гиред, бо чизе ки ёфтам, бандед.
Ҳангоме ки Рибак рони Сотниковро докапеч мекард, ӯ дандонҳояшро ба ҳам фишурда, нолаашро фурӯ мебурд ва ҳамин ки ҳамааш тамом шуд, аз рӯи харак парӯ афтод. Рибак дасташро дар хурма об гардонд.
-ана, ҷарроҳӣ ҳам ба охир расид, холаҷон!
– Мебинам, кӯр нестам, – гуфт зани Демян, дар назди дар пайдо шуда.
– Акнун баъд аз ин чӣ мекунем, инаш кори мушкил, – Рибак бо ташвиши ошкоро телпакашро ба паси сар тела дод ва ба зан нигоҳи саволомез кард.
– Ман чӣ медонам, ки шумо баъд чӣ мекунед?
– Ӯ роҳ рафта наметавонад – ин аниқ.
– Ба ин ҷо омад-ку.
Эҳтимол, зан аз ишорати таҳдори ӯ ким-чӣ ҳис кард ва онҳо ба чашмони ҳамдигар бодиққат ва бо хавфу эҳтиёт нигоҳ карданд. Ва ин нигоҳҳои кӯтоҳи онҳо нисбат ба суханҳояшон бисёртар маънӣ доштанд. Рибак дар худ аз сари нав дудилагӣ ҳис кард – чӣ ҷои гап: боре ки вай ба дӯши ин зан мегузошт, ниҳоят вазнин буд. Маълум, ки зан ҳам инро камтар намефаҳмад, агар розӣ шавад, худашро ба чӣ хатар андохтанаш мумкин аст ва бинобар ҳамин дар аҳди худ меистод.
Дар гуфтугӯи хеле сарсарӣ, ки то ҳол ба ҳеҷ чиз уҳдадор намекард, хомӯшӣ ба миён омад. Сотников дар харак мунтазир нишаста, ҳарфе намегуфт, Рибак ба тиреза изтиробомез нигоҳ кард.
– Немисҳо.
Вай чун моргазида ба тарафи остона ҷаҳид, ҳар чӣ ҳам бошад, дар зарфи чандяки сония чанд каси мусаллаҳро, ки дар қабристон меистоданд, дида тавонист. Онҳо маҳз меистоданд, намерафтанд, ҳарчанд ӯ нафаҳмид, ки рӯи онҳо ба кадом тараф нигаронида шудааст, – вай фақат тарҳи онҳоро дид, ки аз паси китфашон мили милтиқҳо менамуд.
Сотников дар кунҷ аз ҷояш хест, атрофашро даст-даст карда, кӯшиш дошт, ки яроқашро гирад. Соҳибхоназан чӣ хеле ки меистод, ҳамон хел шах шуда монд, аз чеҳраи ӯ ҳамоно хун гурехта, ранги рӯяш баногоҳ тамоман хокистарӣ шуд. Рибак аввал ба тарафи дар тохт, вале ҳамон лаҳза баргашт, ки як бори дигар ба тиреза нигарад.
– Меоянд! Се нафар ин тараф меояд!
Дар ҳақиқат, се нафар аз қабристон саросема нашуда ба поён, ба роҳ, эҳтимол дошт, ки айнан аз рӯи нақши пои онҳо қадам монда меомаданд. Рибак ҳамин ки инро дид, андарунаш ҳама чиз аз эҳсоси бадбахтӣ фишурда гашт. Вай ҳеҷ вақт, ҳатто ҳамин шаби дар майдон монданашон, ин хел натарсида буд. Ҳозир кори аз ҳама боақлона гурехтан буд, вале ӯ ба Сотникови дар харак тоб хӯрда нишаста, ки дар дасташ милтиқро фишурда нигоҳ медошт, нигаристу истод. Гурехтан мумкин набуд. Зани Демян ҳам, эҳтимол, инро фаҳмид, ки баногоҳ бо пичирроси таҳлукаомез гуфт:
– Ба зершервонӣ! (чердак). Ба зершервонӣ! Ба зершервонӣ бароед!
Ҳа, албатта, ба зершервонӣ, дар кулбаи деҳқонӣ боз дар куҷо пинҳон шудан мумкин аст. Онҳо ба даҳлези нимторик даромаданд, ки дар кунҷи он ҷои буридаи чоркунҷаи ба зершервонӣ баромадан буд, вале дар зери он нардбон набуд ва Рибак ба рӯи сангҳои давраи дастос ҷаҳида баромад. Аз он ҷо вай милтиқашро ба зершервонӣ ҳаво дода, ба поён нигарист.
– Милтиқатро деҳ!
Сотников дастҳояшро васеъ кушода аз остона гузашт, зани Демян ба ӯ ёрӣ мекард. Вай милтиқашро дод ва Рибак онро ҳам ба сӯрохии торикӣ зершервонӣ хаст. Баъд Сотниковро ба болои сангҳои дастос кашида гирифта, онҳоро қариб чаппа карда буд. Чӯби болор аз ин ҷо ҳоло баланд буд, лекин Рибак бо як азоб онро дошта ва бо мӯзаҳояш дар рӯи девор тарақ–тарақкунон боло баромад. Ҳамон замон дасти дарозкардаи Сотниковро дошта гирифт. Зани Демян ҳама вақт бо кӯшиши тамом, ҳарчанд ба таври даркорӣ набошад ҳам, аз поён ёрӣ медод. Сотников хастаҳолона часпида мебаромад ва дар ин кор тамоми қувваи охиринашро сарф карда, ниҳоят аз болои болор худашро он тараф партофт.
– Дар он ҷо лоси зағирпоя! Ба паси лоси зағирпоя гузаред! – аз поён мегуфт соҳибхоназан.
Рибак аз рӯи нарми лоси зағирпояи зершервонӣ давид. Ин ҷо чун даҳлез нимторик буд, ҳарчанд ба он аз зери бом ва аз сӯрохи пештоқи секунҷа, ки аз он сутуни васеи дудкаши хиштӣ менамуд ва дар ходаи дарозе ким-чӣ хел либоси кӯҳна ва дар тагаш чархи шикастае мехобид, равшанӣ медаромад.
Дарунтар дар зери бом ӯ ғарами калони лоси зағирпояро дид.
– Ин ҷо биё!
Сотников милтиқашро гирифта, гавак кашида ба кунҷи уреби бом, ба он ҷое ки Рибак нишон дод, рафт ва Рибак бо мӯзааш бар болои вай ғарами лоси зағирпоя тела дод. Пас аз он худаш ҳам дар таги бом ба паси рафиқаш даромада ҷафс шуд.
Онҳо шах шуда нафаскашиашонро ба зӯр идора карда, мехобиданд. Ба димоғ бӯи тунди зағирпоя мезад, резаҳои он ба рӯй мерехт ва ба паси гиребон даромада, гарданро ҷиззас мезанонд. Рибак бо тамоми диққат гӯш дода, кӯшиш мекард, фаҳмад, ки немисҳо аз паси нақши пои онҳо омада истодаанд ё ҳамин тавр ба тарафи деҳа мераванд. Агар аз рӯи нақши по бошад, албатта, онҳоро меҷӯянд. Он вақт гумон аст, ки онҳо дар ин ҷо нишаста халос шуда тавонанд. Қафаси синаи Сотников хиррос мезад, ин ба шунидан халал мерасонд, ҳар чи бошад ҳам, онҳо кӯшиш мекарданд, ки ягон садои аз берун мерасидаро нашунида намонанд. Овозҳо акнун чунон аз наздик садо доданд, ки Рибакро ларза гирифт: немисҳо бо зани Демян гуфтугӯ сар карданд.
– Салом, фрава! Аҳвол чӣ хел?
Маълум мешавад, ки инҳо полисҳо буданд. Рибак онҳоро аз аввалин гапашон шинохт. Онҳо наистода, аз рӯи ҳавлӣ қадам зада гӯё ба тарафи дар мерафтанд. Аз чӣ бошад, ки зани Демян хомӯш буд ва Рибак тамоман гӯшу ҳуш шуда, бисёр мехост, ки онҳо надаромада, гузашта раванд.
– Чӣ хап меистӣ? Ба меҳмонӣ таклиф кун, – овози гирифтае расид аз поён.
– Илоҳо, шумо барин меҳмононро ба қабристон таклиф кунанд, – ҷавоб дода шуд ба онҳо.
– «Э, ин тавр лозим набуд, – бо таассуф аз хаёли Рибак гузашт. – Шаттоҳӣ кардан чӣ даркор!». Вай ҳассосона гӯш дода, аз ҳар сухани дағали соҳибхоназан ғам мехӯрд ва ба хавотир меафтод, ки ӯ бо ягон сухани беэҳтиёт онҳоро ба ғазаб меорад ва он гоҳ аз бало халосӣ нест.
– Оҳо! Ту, чӣ норозӣ ҳастӣ?
– Розӣ. Шодӣ мекунам, набошад чӣ!
– Ин гапи дигар! Арақ ҳаст?
– Чӣ ман дӯкон дорам?
– Набошад, як-ду колбаса барор!
– Ана дилатон чӣ мехостаст! Колбасаро ман ба шумо аз гӯшти пишак тайёр кунам? Хукбачаамро кашида гирифтед, акнун боз колбаса деҳ будааст?
– Ана ту моро чӣ хел пешвоз мегирифтаӣ? – бо писханд забонашро хоида гуфт дигаре. – Партизанҳоро, албатта бо қаймоқ зиёфат мекардӣ.
– Бачаҳои худам ним сол боз рӯи қаймоқро надидаанд.
– Инро мо ҳозир тафтиш мекунем!
– Ҳа, албатта бо онҳо ин тавр шаттоҳона муомила кардан даркор набуд, ана онҳо ҳам гузашта нарафтанд – қадамҳои вазнинашон дар даҳлез тап–тап садо дод. Вале ҳоло дар дари кулбаро накушодагӣ барин буданд ва Рибак аз чунин тахмини ногаҳонӣ ва табиии худ сард шуда рафт: баногоҳ ба зершервонӣ барои колбаса бароянд чӣ? Вале не, онҳо ҳоло дар даҳлез тарақ-туруқ мекарданд, эҳтимол, сарпӯши сандуқро кушода бошанд, ки чизе тунука барин баланд садо дода афтод ва болои фарш ғелида рафт. Рибак аз ҷунбидан ҳам тирсада, хомӯш мехобид ва чашмонашро ба болори сиёҳчатоб дӯхта, фикр мекард: не, онҳоро ҷуста наомадаанд. Хӯрокворӣ меҷӯянд, ки ин машғулияти муқаррарии полисҳост, дар қабристон бошад, эҳтимол аст, ки камингоҳ доранд – аз он ҷо роҳро посбонӣ мекунанд.
Онҳо то ҳол даҳлезро титу пит мекарданд, ки дар паҳлу Сотников ба як таври ғайриоддӣ зӯр зада, дар синаи ӯ як чизе даҳшатнок пиқос зад ва Рибак аз тарс қариб буд шах шавад – чунин менамуд, ки Сотников ҳозир месулфад. Вале сулфа накард, бо сад азоб худашро дошт. Хомӯш шуд, онҳо бошанд дар поён аллакай дарро тарақос занонда, ба хона даромаданд ва ба зудӣ овозашон паст-паст ба гӯш расид.
– Хӯҷаин дар куҷо? Дар Москва?
– Ман аз куҷо донам
– Намедонӣ? Набошад, мо медонем. Стас, мардаки ӯ куҷо?
– Ба Москва рафтагист-дия.
– Ҳа-а қанчиқ, пинҳон мекунад! Канӣ, якто фарор вайро!
– Вой, вой! Мурдор шумо! – сахт фарёд зад зани Демян. – Илоҳо, то бегоҳ мурда равед! Чашмҳоятонро зоғ ковад! Бачаҳоятонро набинед...
– Ҳоло ҳамин хел! Стас!
Дар кулба бачаҳо аз тарс чиррос заданд, духтарча як фарёд карда, хомӯш шуд. Ва ба ногоҳ аз қафаси синаи тарангшудаи Сотников сулфа тири тӯп барин таркида рафт. Андаруни Рибак чизе гӯё канда шуд, дастонаш аз таги лоси зағирпоя ба тарафи Сотников тир барин дароз шуданд, вале ӯ боз сулфид. Дар кулба аз он гӯё давида баромада бошанд, ҳама якбора хомӯш шуданд. Рибак бо қувваи фавқулодда даҳони Сотниковро маҳкам медошт ва ӯ бо зӯрзании бениҳоят сулфаашро бо азоби сахте фурӯ мебурд. Вале аллакай кор аз кор гузашта буд – онҳоро шунида буданд.
– Кист он ҷо? – ниҳоят дар поён садо баланд шуд.
– Ҳеҷ кас не. Дар он ҷо пишаки шамолхӯрдаи ман, ҳамон месулфад, – ба гӯш расид овози зани Демян, ки гиряашро паст карда, ҳаросон мегуфт.
Лекин овози на он қадар боварибахши ӯ полисҳоро бовар накунонд.
– Стас, – омирона фармон дод овози баланду ғафси ғазабнок. Рибак баъди сар додани нафасаш онро нигоҳ дошта, ниҳоят аниқ фаҳмид, ки ҳамааш барбод рафт. Шояд худро муҳофизат кардан, паронидан зарур буд, бигзор ин ғуломони зархарид ҳам нобуд шаванд, вале аз куҷое бошад, охирин умеде ба рух додани мӯъҷиза пайдо шуд ва ӯ фикр кард: рафту бало рафъ шавад!
Дар ба девор бархӯрда, кулба ларзида рафт, полисҳо ба монанди рамаи рамхӯрда тапарросзанон ба даҳлез давиданд, дари берунро кушоданд, зери бом, зершервон баногоҳ равшантар шуд. Нигоҳи ҳеҷ чизро намедидагии Рибак ба қираи болои сиёҳ дӯхта шуда буд, ки дар паси он аз байни коҳ доси кӯҳнаи зангзада баромада меистод. Чанд сояе, ки ба зершервон афтод, ба ҳамдигар печида, дар боми пахолпӯш саросемавор ин тараф он тараф медавид.
– Нардбонро биёр! Нардбонро деҳ! – аз поён бо овози ғафси баланд фармон дод полис.
– Нардбон нест, дар он ҷо касе нест, садои ғиҷирроси мӯзаҳо ва тамоман аз наздик овози нафастангшуда расид:
– Он ҷо тип–торик. Ҳеҷ балоро дида намешавад.
– Чӣ дида намешавад? Баро ба он ҷо, ман фармон медиҳам, ҳе, очата!
– Ҳой, кист он ҷо! Баро, набошад бо граната мезанам, ки... – аз чӣ бошад, дар худи зери бом садо дод.
Лекин ҳоло аз сақф садои қадаммонӣ шунида намешуд, – эҳтимол полис ҳар чӣ бошад ҳам, ҷуръати аз девор гузаштан намекард.
– Вай ҳамин хел ба пеши ту мебарояд, ки мегирӣ? – дар поён овози ғафси командир ғунгос мезад. – Дар он ҷо ягон паноҳгоҳ ҳаст?
– Ҳаст. Коҳ барин.
– Милтиқро халонда гир.
– Дастам намерасад.
– Ҳе очаи туя! Ту ҳам ҷанговар шудию! Автоматро гир! Бо автомат титу пит карда парто!
«Ана акнун тамом, вассалом» – гуфт ба худ Рибак ва қариб ҷисман ҳис кард, ки ана ҳозир бадани ӯро пораҳои гарми тири паиҳами автомат лах-лах карда мепартояд. Вай сонияҳои охиринро истифода карданӣ шуда, дар фикраш ба як тундии сахт роҳи халосиро ҷустуҷӯй дошт, вале онро мутлақо дар ҳеҷ ҷо пайдо карда наметавонист: онҳо ба ин дом хеле боб шуда афтода буданд. Шояд ҳамаи кор акнун тамом шуд, хестан даркор буд, вале ӯ баногоҳ хост, ки Сотников аввалин шуда хезад. Ҳар чӣ набошад, вай маҷрӯҳ ва бемор аст, ба замми ин маҳз ӯ бо сулфаи худ ҳардуяшонро ба даст афтонд, бинобар ҳамин ба ӯ барои даст бардошта, асир шудан бисёртар асос буд. Лекин Сотников зинда набудагӣ барин кӯз шуда, тамоми баданашро таранг карда мехобид, ҳатто чунин менамуд, ки нафас ҳам намекашад.
– Аҳа, намебароӣ!
Дар таги бом қирсоси фулузии ба Рибак ниҳлоят шиноси затвори автомат, ки барои паронидан тайёр карда шуд, баланд гардид. Пас аз ин ҳамон бадтарин коре шуданаш даркор буд, ки баъд дигар ҳеҷ чиз намешавад. Як сонияи кӯтоҳе буд, ки онҳоро аз он лаҳзаи байни маргу зиндагӣ ҷудо мекард, Сотников бо вуҷуди ин наҷунбид, ҳатто насулфид ҳам. Ва Рибак охирон бор ба даҳшат афтода, бо пояш лоси зағирпояро тела карда партофт.
– Дастата бардор! – фарёд зад полис.
Рибак бархост ва бо ҳарос фикр мекард, ки вай боз аз аблаҳӣ ба ӯ якбора тири паи ҳам ҷо накунад. Ӯ гавак кашида, аз таги бом баромад ва рост шуд. Дар болои болори баромадгоҳ сари телпакдоре бо ҳушёрӣ ва хавотирӣ меистод, мили автомати ба сӯи ӯ нигаронида менамуд. Акнун ин мил барои Рибак аз ҳама даҳшатнок буд – вай ҳамаро ҳал мекард. Рибак ба он аз уреб синчакорона нигоҳ карда, даст бардошт. Як навбат тир холӣ карда нашуда буд, марг гӯё ба таъхир гузошта мешуд, муҳимаш ин буд, дигараш ба ӯ аҳамияте надошт.
– Ҳа, азизаконам, ба даст афтодед, ҳе дар ҷонатон! – онҳоро мулоим ҳақорат дода, ба зершервонӣ баромад полис.
Аз куҷое нардбонро кашола карда оварданд, ҳар се ба зершервон баромаданд, ҳар кунҷро чаппаю роста карда кофтанд, лоси зағирпояро афтонданд, милтиқҳоро гирифтанд. Фурсате ки ду нафар бо кофтуков машғул буданд, асирон дар зери мили автомати сеюмӣ дар як тараф, дар назди дудкаш меистоданд.
Сотников пои бараҳнаашро қат карда, ба дудкаш такя дода месулфид. Акнун худдорӣ кардан нодаркор ва ба қадри кофӣ сулфидан мумкин буд. Аҷоибаш ин ки вай аз полисҳо натарсид, аз он ки ӯро куштанашон мумкин аст, он қадар наҳаросид, – вай аз дарки хатои ногаҳонии худ карахт шуда буд ва сахт ғӯсса мехӯрд, ки Рибак ва ҳам зани Демянро ба ин аҳволи бад гирифтор кард. Вай тайёр буд ба қаъри замин фурӯ равад, лекин фақат бо зани Демян вонахӯрад, ки онҳо ӯро ба ин ҳол андохтанд ва ӯ барои чашми ҳардуяшонро кофта гирифтан тамоми асосҳоро дошт. Ва Сотников ноумедона фикр мекард, ки беҳуда овоз доданд, бигзор полисҳо мепаронданд, онҳо ду нафар мемурданду халос.
Онҳоро бо фарёдҳои дағалона ба тарафи нардбон ба поён тела карданд, ки дар он ҷо, дар назди дари кушодаи кулба зани Демян истода фиқ-фиқ мекарду дар паси парда хурдтаракон аз тарс мегиристанд. Рибак аз нардбон зуд фуромад, вале Сотников саросема шуда, бо як дасташ лағжида мефаромад ва ҳамон полиси калон – марди шонапаҳни авбошнамои димоғгирифта, ки шинели сиёҳи роҳиоҳанчиёнро пӯшида буд, ӯро аз китфаш чунон гирифт, ки ӯ ҳамроҳи нардбон аз болои санги дастос парида ба замин афтод. Дуруст аст, ки вай он қадар сахт барнахӯрд, фақат пои маҷрӯҳашро озор дод – чашмонаш сиёҳ зад, нафасгир шуд ва ӯ оҳиста беҳолона аз замин ба хестан сар кард.
– Шумо чӣ кор карда истодаед, нобакорон! Вай, охир, маҷрӯҳ аст, кӯр шудед! Одамхӯр шумо! – фарёд зад зани Демян.
Полиси калон ба тарафи телпаки болоҳамвори чармипӯш мағрурона рӯ овард.
– Стас!
Маълум буд, ки вай муддаоро фаҳмид, – аз милтиқ сумбаашро кашида гирифта, вижжас занонда ба тахтапушти зан фаровард.
– Разил! – худашро дошта натавониста, бо овози гирифта гуфт Сотников. – Барои чӣ? Занро барои чӣ мезанӣ?
Ҷӯшу хурӯши ғазаб ба Сотников қисми қувваташаро баргардонд, ки бо машаққат аз таги девор мехест ва саропо ларзида ба Стас рӯ овард. Дар ин ҳангом ӯ ҳатто фикр накард, ки ин фарёди ӯ метавонад охирин бошад, полис ӯро парониданаш мумкин аст. Вай бо ин, зани бадбахтро, ки дар назди ӯ бениҳоят гунаҳгор буд, ҳимоя карда наметавонист. Бо вуҷуди ин маълум буд, ки Стаси чобукдаст парониданӣ ҳам нест, вай фақат дар ҷавоб заҳрхандае карду бо ҳаракати аниқ ва омӯхта сумбаро ба милтиқ ҷой кард.
– Барои чӣ буданашро мефаҳмад!
Сотников кам-кам худро ба даст мегирифт, нафасашро рост карда, ором мешуд. Ҳамааш хеле оддию муқаррарӣ буд. Агар якбора напаронанд, истинтоқу қину шиканҷа сар мешавад, ки он ҳам албатта бо марг ба охир мерасад. Ӯ акнун ба ҳеҷ хел халосӣ умед надошт.
Дар даҳлез танаи онҳоро кофтанд: аз кисаҳояшон як чиз – ним чизи будагӣ, тирҳоро афшонда гирифтанд, бо тасма дасташонро сахт печонда бастанд – Рибакро аз пас Сотниковро аз пеш ва ҳардуяшонро ба фарши гилии шахшӯл шинонданд. Сипас сардорашон ба кулба, ба назди зани Демян рафт, дигараш, ки ӯро Стас ном бурда буданд, дар остона барои онҳоро посбонӣ кардан истод.
Ҳавои сарди даҳлез синаи бемори Сотниковро месӯзонд, сараш чарх зада, дилаш беҷо мешуд, гӯшҳои сармохӯрдааш аз хунукӣ кам-кам сӯзиш мекарданд – ӯ пилоткаашро дар ким-куҷо, эҳтимол, дар зершервонӣ гум карда буд ва ҳоло сарбараҳнаву парешонмӯ менишаст. Пои маҷрӯҳаш аз ин сабаб ҳам бештар хунук мехӯрд ва дард мекард. Зонуяш варамида, ӯ онро ба зӯр қат мекард. Кафи пои бараҳнааш каб–кабуд шуда буд. Шояд хоҳиш карданаш даркор буд, ки намадмӯзаашро биёранд, вале ӯ чӣ тавр пӯшидани он ва чӣ хел ба дард омадани пояшро тасаввур карда, қарор дод, ки: бало ба пасаш! Акнун бигзор пояшро сармо задан гирад, фарқ надорад, он ба зудӣ нодаркор шуда мемонад. Ӯ ба замин нишаста якзайл месулфид ва ба посбони ҷавону чобуке, ки дар сар телпаки болоҳамвори сиёҳи бо карруфар дошт, менигарист: дар рӯи зебои ӯ, ки бинии шинаме ҳам дошт, гоҳ-гоҳ табассуми хушҳолона ва одамиёнае пайдо мешуд. Чунин менамуд, ки дар паси ин табассуми ӯ як чизи ҷавонона ва софдилона, ҳатто шиносу аскарона ҳаст, ин шояд аз он сабаб буд, ки ӯ нимпӯстини ҳарбӣ дар тан ва мӯзаи нави кемухт (хром) дар пой дошт ва почаи шими сиёҳи низомияшро бо он қат карда хаста буд. Дар як китфаш милтиқ аз тасмааш овезон буд ва бо китфи дигараш ба паҳлударӣ такя карда, тухми кадуро шикаста мехӯрд ва пӯчоқи сафеди онро туф карда мепартофт, ба ким куҷои роҳ менигарист, нақлиётро мунтазир буд. Аммо ҳоло нақлиёт набуд ва ӯ камтар пояшро ба ҳам тап–тап зада, милтиқро байни поҳояш маҳкам дошта, нишаст. Вай онҳоро аз масофаи наздик бодиққат ва бештар бе хашму ғазаб хандаомез аз назар гузаронд.
– Ба лоси зағирпоя даромадед, ҳа, ҳа! Тортанак барин!
Рибак ба ӯ нигаристу боз сарашро поён афканд.
– Акнун шуморо ҳамом мекунанд, мешӯянд ва пас кам – камак овезон карда мемонанд. То ки хушк шавед, ҳа, ҳа! – полис чунон софдилона ва табиӣ хандид, ки Сотников беихтиёр фикр кард: «Ҳар чӣ бошад ҳам, одами вақтчоқ будааст!». Вале хандаи ӯ якбора қатъ шуд ва полис ба оҳанги тамоман дигар ба ҳақорат сар кард:
– Ҳе, шумо фалониҳои фалонӣ! Ходоронокро куштед? Мо барои Ходоронок рӯдаҳоятонро мебарорем!
– Мо ҳеҷ кадом Ходоронокро намедонем, – маъюсона гуфт Рибак.
– Оҳо, ҳоло намедонем, гӯед! Эҳтимол, шаб тирпаронӣ кардагӣ ҳам шумо набудед?
– Мо тир напаронидаем.
– Шумо ё шумо не, аммо мо қабурғаҳоятонро мешиканем. Фаҳмидед?
Стас якбора қиёфаи ҷиддӣ гирифт, нигоҳи чашмонаш ба тарзи таҳдидомез сард шуданд ва ҳамаи он ифодаи одамиёна ва накӯии ҷавонӣ, ки дар рӯи ӯ буд, якбора барҳам хӯрданд ва ҷои онҳоро қатъияти пурҷаҳолат ва бераҳмонае гирифт.
Рибак бо нимовоз пурсид:
– Дар армия хизмат кардаӣ?
– Дар кадом армия?
– Ақаллан, дар армияи сурх.
– Ри... ман ба армияи шумо, фаҳмидӣ? – ба ногоҳ боз хашми ҳайвонияш болотар гирифта, чашмонашро даҳшатангезу гирдтар карда дод зад полис. Пас аз ин қиёфаи ӯ кам-кам тағйир ёфт, нармтар шуд, дар он боз ҳамон табассуми фиребандае пайдо гашт. Вай пояшро ба як тараф дароз карда, бо такчарми мӯзааш ба як низом ба фарши гилии хона шалп-шалп задан гирифт.
– Набошад, нимпӯстинат аз куҷост?
– Ҳа, нимпӯстин! Аз як комиссарчаи яҳудӣ гирифтам. Ба ӯ даркор намешавад, – гуфт полис ва ба Рибак дуру дароз нигариста, оромона илова кард: – Нимпӯстини туро ҳам мегирем. Будила мегирад, навбати ӯ. Ҳамин тавр, фаҳмидӣ?
– Ба гулӯятон дар намемонад? – худашро ба зӯр нигоҳ дошта бо овози паст гуфт Сотников.
Стас сарашро қафо партофт.
– Чӣ?
– Аз саратон сабил намемонад, мегӯям? Нимпӯстинчаҳо ва умуман...
– Чаро аз сарамон сабил мемондааст? Такягоҳи мо Германия, фаҳмидӣ, ношуд? Ана шумо аниқ аст, ки капут мешавед! Хотиратон ҷамъ бошад, онаи зори шуморо! – бо қаҳру ғазаб суханашро тамом кард Стас.
Чӣ илоҷ, ҳамааш оддӣ ва фаҳмо, дигар хел шуданашро мунтазир будан ҳам намешуд. Рибак ғамгин шуда, сарашро поён фуровард. Сотников якпаҳлу қадре дароз кашида, хост, ки оҳиста ҷунбад – сонаш кунда мегашт, тасмаи борики чармихомӣ банди дасташро мебурид.
Ниҳоят полис ду чана ҳай карда овард, якеи онро дар кӯча монд, дигараш бо ғиҷиррос ва садои суми аспон то худи таги остона омад. Стас аз остона хест. Вай аввал Рибакро ба чана тела кард, баъд Сотниковро аз гиребонаш дошта, бо як кашиши сахт аз замин бардошт. Сотников илоҷе карда то чана расид ва дар паҳлуи рафиқаш ба болои пахол афтод; полис аз қафои чана савор шуд. Чанакаш – марди солхӯрданамои ҳаросон, ки пӯстини дарида дар бар дошт, оҳиста аз пеши чана ҷой гирифт. Сотников дандон ба дандон монда, дардро фурӯ бурда, пои сармозадаи бараҳнаашро ба таги бари шинел кашид. Аҳволи ӯ боз бад мешуд, ҳамин хел менамуд, ки ӯ ана ҳозир аз ҳуш меравад, вай кӯшиши бисёр ба кор бурда беқувватӣ ва дардро бартараф мекард.
Аз чӣ бошад, ки полиси калон аз кулба барнамегашт, ҳамоне ки чанаҳоро ба он ҷо расонида буд, ба овардани ӯ рафт. Ба зудӣ аз он ҷо овозҳо ва гиряи зани Демян ба гӯш расид. Сотников бо хавотирӣ гӯш медод – занро мемонанд ё не? Як лаҳза ба он монанд буд, ки дар он ҷо ким-чиро меҷустанд: нардбон ба болор бархӯрда садо мебаровард, бачаҳо мегиристанд ва пас аз он зани Демян аз андоза берун ба дуои бад сар кард:
– Шумо чӣ кор карданӣ ҳастед, нобакорон? Илоҳо, то якшанбе рӯз набинед! Илоҳо, модаратонро дигар набинед!
– Канӣ–канӣ! Зудтар, гуфтам, зудтар!
– Бачаҳоро ман ба кӣ мегузорам? Палидони бешафқат шумо!..
Зудтар.
Сотников ба Рибак, ки ба ӯ якпаҳлу менишаст, нигарист, рӯи ришаш расидаи ӯ аз азоб каҷ мешуд. Ва сабаб ҳам буд.
Онҳо аз ҳамон пайроҳаи назди тавора гузашта, ба кӯча баромаданд ва ба паси қабристон гаштанд. Сотников сарашро ба даруни гиребони бардоштаи шинел кашида, ба китфи Рибак, ки онро пӯстинчаи гӯсфандӣ пӯшонида буд, каме такя кард ва беҳолона чашмашро пӯшид. Чана дар таги онҳо такон мехӯрд, вай ҳар лаҳза ба ин тараф–он тараф лағжида аз роҳ мебаромад. Ба гӯш мерасид, ки Стас ҳоло ҳам тухми каду мешиканад. Эҳтимол, онҳоро ё ба идораи полис ё ба СД мебурданд. Аз ин мебарояд, ки фурсати оромӣ кам мондааст, ҳамаи қувваро ҷамъ карда, барои бадтарин аҳвол тайёр шудан даркор аст. Албатта, инҳо ба онҳо ҳақиқатро намегӯянд, ҳарчанд аз ҷангал омаданашонро пинҳон карда намешудагӣ барин. Фақат агар зани Демянро ҳимоя карда метавонистанд. Зани бечора! Ба сӯи ҳавлияш медавиду аз гӯшаи хотираш ҳам намегузашт, ки ӯро чӣ интизор аст. Ҳозир ӯ аз қафо ким-чӣ гуфта фарёд мезад, дашном медод, мегирист, полиси бадхашм ба сари ӯ борони ҳақорати қабеҳ ва бешармонаро мерехт. Вале зани Демян ҳам кӯшиш мекард, ки қарздор намонад.
– Ҳайвонҳо! Косалесони немисҳо! Шумо маро куҷо мебаред? Бачаҳоям он ҷо! Бачаякони азизам, ширинакҳои ман! Гэланҷони ман, ҳолат чӣ мешавад?!
– Дар ин бора пештар фикр кардан даркор буд.
– Эҳ, ту мурдори ифлос! Ту маро боз коҳиш мекунӣ, зархариди немис! Ман ба шумо чӣ кардам?
– Роҳзанҳоро пинҳон кардӣ.
– Ин шумо роҳзанҳо, инҳо одам барин: даромаданду баромаданд. Ман аз куҷо донам, ки онҳо ба зершервонӣ баромадаанд? Чӣ ман душмани бачаҳоям? Мурдорҳо! Фашистони лаънатӣ!
– Дам шав! Набошад, ба даҳонат латта хаста мемонам.
– Туро ба нӯги хода шинонанд, мурдор!
– Ҳамин хел! Стас, биист! – шунида шуд аз чанаи қафо ва онҳо ба ду дарахти борикаки тӯс, ки аз он тарафи ҷӯйбор дар байни буттазор ях баста буд, нарасида истоданд.
Рибак ва чанакаш рӯ гардонданд, Сотников дар интизори ким-чизи даҳшатангези ваҳшиёна худашро дарҳам кашид. Ва дар ҳақиқат ба зудӣ зани Демян фарёд кашида, дар чана ба тапиш даромад. Гарданаи чана ғиҷиррос зад ва ҳатто асп дар барф беқароррона пой мекӯфт. Баъд ҳамааш хомӯш шуд. Стас қариб буд аз чана давида хезад, вале ба зудӣ бо қаноатмандӣ дар ҷои худ дароз кашид.
– Ҳе! Остинатро ба гулӯят тиққон – дод назан, зани девона.
Сотников бо азоб сарашро гардонд ва чашмаш ба чашми посбон афтод:
– Ҷаллодон! Ҷафогарон! Ситамгарон!
– Ҳӯй, ту ҳимоятгар! Даҳони бадбӯятро пӯш, набошад, хуни ифлосатро мерезам! – дод зад Стас, ифодаи чеҳраашро даҳшатнок карда.
Вале Сотников аллакай бо кӣ сарукор доштанашро медонист ва ба ин таҳдиди ӯ тамоман беаҳамиятона рафтор кард.
– Санҷида бин, мурдор!
– Ҳо, санҷам! Медонӣ, ман ҳозир туро пӯққи мепаронам ва ҷавобгар ҳам намешавам. Ин ба ту Ҳукумати Шӯро не!
– Канӣ, пӯққӣ парон!
– Чӣ, наметавонам? – полис барои он ки зоҳиран қатъияташро нишон диҳад, милтиқро гирифт, вале фақат бо мили он ба синаи ӯ тӯққӣ зада, ҳақорат дод.
Сотников ақаллан мижа назад – вай аз ин разил наметарсид. Вай медонист, ки ба ин дағалии ҷангҷӯёнаи ӯ фақат ба ҳамин хел дағалӣ ҷавоб додан даркор аст – ин тоифа ҳамин гуна муносибатро мефаҳманду халос.
– Зан ҳеҷ гуноҳ надорад, дар ёд дор, – ба Рибак шунавонида мегуфт ӯ ва бо ҳамин дар истинтоқ ба чӣ хел ҷавоб доданашон ишора мекард. – Мо дар набудани ӯ ба зершервонӣ баромадем.
– Афсонаатро ба очаат мегӯӣ, – сарашро ҷунбонд Стас ва милтиқро поён кард. – Будила ақлатро ба ҷояш мебиёрад. Нигоҳ карда ист!
– Туф кардам ба Будилаи ту!
– Ба қарибӣ туф мекунӣ! Хун мепартоӣ!