Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
10
«Бало занад, чаро ӯ шаттоҳӣ мекунад» – гапгузаронии тундутези Сотниковро бо полис шунида, бо ғазаб фикр кард Рибак.
Онҳоро ба роҳе мебурданд, ки фақат акнун майдон дар назарашон он қадар дарозу ба тарзи ғамовар ҳамвор наменамуд, аспча бардамона резачорпо мерафт ва бо думи аз сармо шахшудааш ба чана зада–зада мемонд. Рибак торафт бештар таассуф хӯрда фикр мекард, ки онҳо ниҳоят тез рафта истодаанд, вай бо тамоми тобу тавонаш мехост, ки суръати рафтанро суст кунад. Ӯ бо ҷону дилаш ҳис мекард, ки ин охирин соатҳои озодист, соатҳоест, ки бо рафтани онҳо имконияти наҷот ёфтан кам шуда, дигар пайдо намешавад. Вай худро барои беэҳтиётиаш, барои бефаҳмона ба он зершервонии лаънатӣ баромаданаш, барои ин хонаи канориро аз як километр дуртар гузашта нарафтанаш лаънат мехонд – охир вай кам сабақ гирифта буд, ки ба кулбаи канорӣ надарояд, ки ба он доимо немисҳо ҳам медароянд. Вай гуноҳи худро бахшида наметавонист, ки фикр накарда ба ин деҳаи шум даромадааст – дар ягон буттазор рӯзро мегузарониданд, беҳтар мешуд. Ва умуман аз аввали ин супориш ҳамаи кор на ба таври даркорӣ мерафт, балки бараъкс мешуд ва ба анҷоми бобарори он умед бастан мушкил буд. Вале ин тавр воқеъ шуданаш ҳеҷ ба тасаввур ҳам намеомад.
Ва ҳамааш ба айби Сотников. Озурдагӣ аз рафиқаш, ки ҳама вақт дар Рибак боло гирифтанӣ мешуд ва онро ӯ то ҳол бо қувваи ирода фурӯ менишонд, акнун ҳиссиёти ӯро торафт бештар фаро мегирифт. Рибак равшан дарк мекард, ки агар ҳамин Сотников намешуд, шамол намехӯрд ва пас аз он маҷрӯҳ намешуд, онҳо, бегумон то беша мерасиданд. Онҳо милтиқ доштанд – худашонро муҳофизат карданашон мумкин буд. Ва агар худат ба зершервонӣ даромада бошию дар хона як тӯда бачаяк бошад, он вақт бо милтиқ ҳам он қадар коре карда наметавонӣ.
Рибак аз таассуф дар дилаш кӯтоҳакак ҳақорат дод ва равшан тасаввур кард, ки чӣ тавр онҳоро дар ҷангал бесаброна мунтазиранд, эҳтимол, таги кисаҳоро кофта, охирин нонрезаҳоро хӯрданд ва акнун фикр мекунанд, ки онҳо гов ҳай карда оварда истодаанд ва бинобар ҳамин дер мемонанд. Албатта, гов ҳам бурдан мумкин буд. Ҳатто дуто бурдан мумкин буд. Ӯ магар ягон вақт бо дасти холӣ баргаштааст – ҳамеша меёфт, пайдо мекард, иваз менамуд. Ҳозир ҳам ба даст медаровард. Агар Сотников намешуд.
Бо Сотников ӯ тасодуфан як ҳафта ё ягон даҳ рӯз пештар, вақте ки даста аз ҷангали Борковский халос хӯрда, роҳи сангфаршро мегузашт, шиносоӣ пайдо карда буд. Дар он ҷо ҳам онҳо дер монданд, ба роҳ ҳангоми равшан шудани рӯз баромада, ба сафи мошинҳои немисҳо бархӯрданд. Немисҳо оташ кушоданд ва саросема шуда онҳоро ба таъқиб сар карданд. Барои он ки аз фашистон дур шаванд, командир ӯ – Сотников ва боз як партизани дигарро, ки фамилияаш Гастинович буд, барои онҳоро паноҳ кардан гузошт. Вале се кас оё бар муқобили даҳҳо нафар немиси бо пулемёт мусаллаҳ дер истодагӣ карда метавонад? Онҳо аз милтиқҳояшон кам-кам паронида, хеле ба зудӣ ақиб нишастан гирифтанд, оташи немисҳо торафт зӯртар мешуд ва Рибак фикр кард, ки: тамом! Қасд кардагӣ барин бешачаи назди роҳ ба охир мерасид, дар қафо майдони калони пурбарф ва боқимондаи дастаи сахт шикастхӯрдаи онҳо саросемавор ба он тараф наздик мешуд. Дар он майдон, дар зери оташи тахминан бист нафар немис сиҳат мондан муҳол буд ва Рибак бо Гастинович, ки партизани сустҳаракати солхӯрдаи ҳаминҷоӣ буд, аз майдон ба кӯтаҳ–кӯтаҳ давида гузаштан сар карданд. Сотников ба немисҳо чунон оташи шадид ва аниқ кушод, ки онҳо як-як ба рӯи барф афтодан гирифтанд. Эҳтимол, вай чанд фритсро паронида буд. Ӯ ва Гастинович дар ин фурсат то сангтӯдаи майдон давида расиданд ва дар паси он паноҳ шуда, ба тарафи буттазор нигоҳ карда, тир мепарониданд.
Онҳо аз он ҷо тақрибан панҷ дақиқа бошитоб аз милтиқҳо тир кушоданд ва бо ин барои қафо гурехтани Сотников имкон пайдо кунониданд. Дар зери оташи автомат ӯ як навъ карда тавонист, ки қитъаи хатарноктарини майдонро давида гузашта, то сангтӯда расад ва худро партофтан замон онҳоро ба қафо гурехтан маҷбур кард. Хайрият, ки он вақт тир нарасид, Сотников ба зудӣ боз як автоматчии аз ҳад зиёд чаққонро паронд, ки аз пеши дигарон давида баромада, ба рӯи майдон паиҳам тирҳои дурахшанда меборонд; чаққонии боқимондаҳояшон камтар шудагӣ барин менамуд, ки давашонро сусттар карданд. Бо вуҷуди ин ҳам ба Гастинович тире расид, ки ӯ ба рӯи барф ким-чӣ хел аҷоиб нишаст ва якпаҳлу афтод.
Сотников ба тарафи ӯ тохт, лекин ба ӯ аллакай ёрӣ даркор набуд ва Сотников милтиқи мақтул дар даст аз паси Рибак давид, ки ба ӯ расида гирад.
Онҳо ду нафар монда, дар паси теппаи на он қадар калон хуфтанд, ки бехавфтар буд ва нафас рост карда, давиданро боз давом додан имкон дошт. Вале нохост ба хотири Рибак расид, ки дар сумкаи Гастинович як пуштаки нон, ки ӯ дирӯз аз деҳа ба даст оварда буд, мондааст. Онҳо як ҳафтаи дароз гушнагӣ мекашиданд ва он як пораи нон диққати ӯро чунон ба худ ҷалб намуд, ки Рибак камтар дудилагӣ карда, ба тарафи мақтул хазид. Сотников камтар баландтар шуда, немисҳоро боз ба зери оташ гирифт ва бо ин Рибакро, ки сад метри байни онҳо ва Гастиновичро бомуваффақият хазида мегузашт, паноҳ мекард. Онҳо ҳамон замон пораи нонро бӯлак карда то ба даста расиданашон хӯрданд.
Он вақт ҳамааш нағз анҷомид, даста дар ҷангали Горелий маскан гирифт ва онҳо бо Сотников, ҳарчанд якдигарро кам медонистанд, ҳамеша ҳамроҳ буданд – ҳампаҳлу хоб мерафтанд, аз як сатилча хӯрок мехӯрданд ва эҳтимол, аз ҳамин сабаб аст, ки ба ин супориш ҳамроҳ омаданд.
Вале акнун кор тамом, ин дақиқ. Тир накушодан, мамониат накарданашон аҳамият надорад – ҳар чӣ бошад онҳоро бо яроқ дастгир карданд ва ҳамин кифоя буд, ки ҳардуяшонро паронанд. Бешубҳа, вақте ки Рибак аз паси лоси зағирпоя мехест, ба ҳеҷ чизи дигар умед набаста буд, вале ба ҳар ҳол...
Вай зистан мехост! Вай ҳанӯз ҳам ноумед нагашта, ҳар сония тасодуферо мунтазир буд, ки аз қисмат халос хӯрда, наҷот ёбад. Сотников акнун барои ӯ он қадар аҳамияти калон надошт. Комбати собиқ асир афтода, ӯро аз тамоми уҳдадориҳои дар назди ӯ доштааш озод мекард. Акнун фақат бахташ тобад шуд, виҷдони Рибак дар назди ӯ пок буд – охир ӯ наметавонист, ки дар чунин ҳолат боз як маҷрӯҳро халос кунад. Ва ӯ аз ҳамон лаҳзае ки даст бардошт, бо чашмаш гирду атрофро мекофт: дар зершервонӣ, баъд дар болои хасбеда, фурсат мепоид, ки гурезад. Вале дар он ҷо ба гурехтан ҳеҷ имкон набуд, баъд дастонашро бастанд, – вай ҳамин қадар номаълум карда, онҳоро аз ҳалқа тоб дода бароварданӣ мешуд, аммо наметавонист. Ва ӯ аз хаёл гузаронд: тасмаи лаънатӣ, наход аз барои он мурда равад?
Шояд бахтро бо дастони баста санҷидан лозим бошад? Вале барои ин ҷои мувофиқтар, на ин ки майдони ҳамвор, балки ягон гардиш, ҷӯйбор, буттазор, ҷарӣ ва, албатта, ҷангалзор даркор буд. Ин ҷо ба бадбахтии ӯ, майдони холӣ, теппа буд, ки аз паси он роҳ ба поён хам хӯрда мерафт. Якбора кӯпрукча баромада монд, вале ҷӯи он тамоман рӯякӣ, кушода буд, ки дар он панаҳ бурда намешуд. Рибак кӯшиш мекард, ки дар чана сарашро ин қадар ба ҳар тараф нагардонад, бо вуҷуди ин ҳамаро дар атроф зери чашм мегирифт, ки ягон ҷои барои гурехтан андаке мувофиқ пайдо кунад, вале ҳеҷ намеёфт. Вақт ҳамин тавр мегузашт ва ҳар қадаме ки онҳо ба деҳаи калон наздик мешуданд, Рибакро ҳамон қадар бисёртар изтироби бузург ва қариб саросемагӣ фаро мегирифт. Ҳамааш ниҳоят дақиқ мешуд: онҳо нобуд шуданд.