Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
11
Сотников ба нобуд шуданашон як зарра ҳам шубҳа надошт. Вай худро ба тақдири Рибак ва зани Демян гунаҳгор медонист ва дар зери бори гуноҳе ки ӯро дучандон пахш мекард, сахт хомӯш буд. Ӯро махсусан, зан ба ташвиш меандохт. Вай дар бораи тирпаронии шабонаашон бо полисҳо ҳам фикр мекард, ки дар он кори ким-кадом Ходоронок тамом шуда буд. Ӯро, бешубҳа, Сотников паронида буд.
Ба шаҳрча дохил мешуданд. Роҳ аз байни дарахтон мегузашт – ду қатор бедҳои каҷу килеб онро танг карда буд, баъд ким-чӣ хел ногаҳон кӯча сар шуд. Он қадар барвақт набошад ҳам, аз баъзе мӯриҳо дуд мебаромад, каме баландтар аз тумани сарди болои бомҳои яхбаста офтоби хунук овезон буд. Аз пеш зане обкаш дар китф роҳро саросема миёнбур карда гузашт. Аз пайроҳа ба хонааш наздик шуда, рӯяшро гардонд ва ба изтироби ниҳонӣ ба чанаи полисдор зеҳн монда, нигоҳ кард. Дар ҳавлии ҳамсоя аз кулба духтараки сарлуче, ки ба пои бараҳнааш калӯш пӯшида буд, давида баромад, юндиро ба рӯи барф пош дод ва пеш аз он ки дар паси дар бо ҳарос нопадид шавад, ӯ ҳам бо кунҷковӣ ба роҳ рӯяшро гардонда нагарист. Дар ким-куҷо якзайл саг аккос мезад; дар навдаҳои бараҳнаи бед гунҷишкҳо парҳояшонро фахонда бепаноҳона ҷунбуҷӯл мекарданд. Дар он ҷо зиндагӣ ноором, мушкил, вале ҳар чӣ бошад ҳам, зиндагии муқаррарӣ давом дошт, ки аз он Сотников ва Рибак кайҳо бегона шуда буданд.
Чанаҳо кӯпрукчаро гузашта, аз назди хонаи чӯбии болохонадор ба тангкӯчаи паҳлуӣ тоб хӯрданд. Гӯё наздик мерасиданд. Аҷоибаш ҳамин ки Сотников ҳар қадар зудтар расидан мехост, вай дар роҳи саҳро ниҳоят сахт хунук хӯрда буд; аз деҳа чун ҳамеша хонаю сарпаноҳ умед доштан мумкин буд, ҳарчанд ин дафъа сарпаноҳ, бешубҳа, сарпаноҳи ғамобод мешавад. Вале бо вуҷуди ин ягон сарпаноҳ мехост, ки андаке гарм шавад.
Сотников ҳанӯз аз дур дарвозаи васеи нав ва дар назди он полисро, ки дар тан пӯстини посбонии дароз ва дар зери бағал милтиқ дошт, дида буд. Дар паҳлу хонаи мустаҳками сангӣ қад афрохта, пештар дӯкон ва ё идорае будагӣ барин менамуд, ки чор тирезаи беруниаш панҷарабанд буд. Полис онҳоро мунтазир барин, ҳамин ки чанаҳо наздик шуданд, милтиқро аз тасмааш ба китф овезон карда, дарвозаро калон кушод. Ду чана ба ҳавлии кушоди барфҳояш тозакарда, ки дар назди девор ғави кӯҳнаи хоидаи аспбандӣ, дар як кунҷ ҳоҷатхонаи тахтагӣ дошт, дохил шуд. Дар остона ҳамон замон марди миёнақади чобук, ки дар тан кители немисӣ дошту дар остини он дастбанди полисии нағз дарзмолшуда сафедӣ мекард, пайдо гашт.
– Овардед?
– Набошад чӣ! – худнамоёна ҷавоб дод Стас. – Мо бошему набиёрем. Ана, бигир ин харгӯшҳоро!
Вай аз чана сабук ҷаҳида баромад, милтиқро беэҳтиётона ба паси китфаш партофт. Атроф девор буд – аз ин ҷо акнун гурехта намешуд. Дар ҳамон фурсате, ки чанакаш ва Рибак аз чана мефуромаданд, Сотников хонаро аз назар гузаронд, ки дар он ҷо онҳоро, албатта, чашидани чӣ будани азобу шиканҷа дар пеш буд. Он деворҳои мустаҳкам, айвончаи дари даромади баланди тунукапӯш ва зинапояҳо дошт, ки ба тарафи дари таҳхона мебурд. Дар яке аз тирезаҳои панҷарабанд ба ҷои оинаҳои шикаста пораҳои фанер зардӣ мекарданд, ки ким-чӣ хел парчаҳои тасвирҳои готӣ доштанд. Ин ҷо ҳама тозаю озода буд ва тартиботи намунавии лонаи полисҳоро нишон медод, ки такягоҳи ҳукумати немисҳо дар деҳот буд. Дар ин фурсат полис аз кисаи яктаҳаш калидро гирифта, аз зинапояҳо ба поён равона шуд, дар он ҷо дари таҳхона ба назар мерасид, ки қуфли калони анборӣ ва тахтаоҳани кундаланг гузошташуда дошт.
– Ин ҷо биёр онҳоро!
Акнун аз чана ҳама хеста буданд – Стас, Рибак бо чанакаш каме дуртар полисҳо либосҳояшонро меафшонданд ва зани Демян маъюсу ноумед меистод, ки аз дидани ӯ дили Сотников ба дард омада, фишурда шуд. Дастҳояш дар пушташ баста китфу миёнаш хам хӯрда, рӯймоли ғиҷимшудааш ба пушти сараш лағжида фуромада буд. Аз даҳони ӯ ба як тарзи бемаънӣ дастпӯшаки моҳутӣ баромада меистод ва полисҳо аз рӯи корашон ҳеҷ хаёли ба зудӣ ӯро аз ин азоб халос кардан надоштанд.
Сотников барои аз чана бе ёрии ягон кас баромадан машаққати бисёре кашид – чӣ тавре гардад, пояш сих зада, сахт дард мекард. Ӯ ба дард тоқат карда, ҳар чӣ бошад, ба рӯи барф баромад ва дар назди чана ду бор ҷаҳид. Ӯ зани Демянро махсус мунтазир истод ва ҳамин ки вай бо ӯ баробар шуд, бегонавор аз нигоҳи ӯ гурехта, ҳар ду дасти бастаашро баробар бардошт ва аз нӯги дастпӯшак якбора кашида партофт.
– Ҳӯй, лаънатӣ? Ҳӯй, ту чӣ кор мекунӣ, ношуд, – чиррос заданд аз қафо ва дар лаҳзаи дигар ӯ аз зарби сахти мӯзаи полис рост ба болои барф парида афтод.
Аз пояш дарди ҷонкоҳе ба тамоми баданаш паҳн шуд, чашмонаш сиёҳ заданд, вай хомӯшона дандонҳояшро сахт фишурд, вале ҳайрон нашуд ва наранҷид – зарбаро чун зарбаи сазовор қабул кард. Фурсате ки ӯро сулфаи гулӯгир гирифта буд ва ӯ бо як зонуяш оҳиста мехест, аз қарибӣ, аз паҳлу, полиси калон бо ғазаб ҳақорат медод!
– Ҳо ту, комиссари разил! Ҳоло тарафгир шуда баромадӣ. Стас! Пеш андоз ӯро! Ба назди Будила!
Боз ҳамон Стаси чобук ва фармонбар ба назди Сотников давида омад, ӯро сахт кашида аз таҳи оринҷаш гирифт. Сотников боз аз нав бо дастони баста ба рӯи барф афтод, аммо ин полиси ҷавони бақувват ва бераҳм ӯро бе ҳеҷ душворӣ дошта гирифт ва аз остона ба тарафи айвончаи дари даромад ва аз он ҷо ба сӯи дар кашола кард. Сотников пои дардмандашро эҳтиёт карда, бо китфаш сахт ба паҳлударӣ бархӯрд. Стас бо як нафас ӯро аз долон кашола карда бурд, бо пояш табақаи ким кадом дарро зада кушода ва бо як зӯр ӯро аз замин канда, ба фарши лагадмол ва пур аз нақшҳои тар ҳаво дод. Худ вақти рафтан ҳақорати сеқабатае дода, дарро сахт пӯшида баромад. Баногоҳ ҳама хомӯш шуд. Аз долон фақат шарфаи поҳо ва аз паси девор овози пасти ким-кӣ ба гӯш мерасид, ки гӯё касеро танбеҳ мекард. Сотников ба дарди тоқатшикани пояш тоб оварда, рӯяшро аз фарш бардошт. Дар хона дигар касе набуд, ин ӯро каме ба хавотир андохт ва ӯ бо умеди ногаҳон ба тиреза назар афканд, ки он ҳам бо панҷараҳои оҳанӣ сахт банд карда шуда буд. Не, аз ин ҷо акнун халосӣ нест! Инро фаҳмида ӯ ба рӯи фарш нишаст ва хонаро бе ҳеҷ рағбат аз назар гузаронд. Хона намуди муқаррарии хонаи давлатиро дошт, ки бо вуҷуди мизи рӯяш бо матои пашмини хокистарранг пӯшида ва дар паси он курсии роҳати кӯҳнаю фарсуда ва дар назди бухории ҳуландӣ, ки аз паҳлуҳои ҳамвори сиёҳи он гармии баланд ва ҳоло фораме мерасид, курсичаи сабукаке доштанаш, ба назар холӣ ва нороҳат менамуд. Вале аз қафо, аз дар ба рӯи фарш хунукӣ паҳн мешуд. Сотников аз вараҷа ларзида рафт ва нолаашро нигоҳ дошта, оҳиста ба як паҳлу дароз кашид.
«Ана дар ҳамин ҷо ҳамааш тамом мешавад! – фикр кард ӯ. – Худоё, тоқатам расад, шуд!». Вай ҳис кард, ки ба интиҳои худ, ба ҳадди асосӣ ва охирини худ, ки солҳои ҷанг дар назди он ин қадар бисёр мегашт, расидааст, вале қувваташ кам аст. Ва ӯ хавотир буд, ки эҳтимол ҷисман тоқат карда натавонад, таслим шавад, бар зидди иродаи худ шикаста шавад – вай аз дигараш наметарсид. Ӯ аз ҳавои гарм нафас кашида, чун ҳарвақта ба сулфаи дуру дарози синахарош сар кард, ки ӯро рӯзи дуюм бераҳмона азоб медод ва аз ин ҳатто майнааш сих зада рафт. Вай кайҳо боз ин хел сулфаи бад намекард, эҳтимол, аз бачагияш ин ҷониб, аз вақте ки шамол хӯрда модарашро ниҳоят ба ташвиш меандохт ва ӯ доим аз боиси шуши беқуввати ӯ ғӯсса мехӯрд. Вале он вақт ҳеҷ воқеа рӯй надод, бемориҳояш гузашт ва ӯ бо андак беҳбудӣ то бистушашсолагӣ расид. Акнун бошад чӣ – акнун саломатӣ барои ӯ қимати бузург надошт. Бадияш фақат дар ҳамин буд, ки нотобӣ қувваи ӯро дар фурсати барояш ниҳоят зарур мегирифт. Вай ҳангоми сулфа нашунид, ки ба хона касе даромад; дар пеши ӯ дар рӯи фарш мӯзаи на он қадар нав, вале нағз эҳтиёткардашудае, ки ба нӯгаш наъл зада, соқ тоза карда шуда буд, пайдо гашт. Сотников сарашро бардошт.
Дар муқобили ӯ як каси на он қадар ҷавон, ки дар тан пиҷаки сиёҳранг аз болои куртаи чиркрасидаи рахдори рангпарида галстук баста, шими уреби ҳарбидӯхт дошт, меистод. Дар нигоҳи чашмони майда ва ниҳоят синчакоронаи ӯ як ифодаи ким-чӣ хел хӯҷаинона, оромона ва ба ҳадди эътидол андешакоронае буд; дар зери бинияш мӯйлабчаи кӯтоҳ қайчизадааш сих шуда меистод, ки аз они Гитлер барин буд. «Будила бошад?» – бо ҳайрат фикр кард Сотников, ҳарчанд дар ин одам аз он ваҳшонияти даҳшатнок, ки полисҳо ба ӯ нисбат медоданд, гӯё чизе набуд. Бо вуҷуди ин ҳис мешуд, ки ӯ сардор аст ва Сотников ба қадре ки пои дардмандаш имкон медод, андаке росттар нишаст.
– Кӣ шуморо ин тавр?.. Гаманюк? – пурсид он кас бо оҳанги ороми хӯҷаинона.
– Стаси шумо, – ба нохост бо як лаҳни шикваомез гуфт Сотников ва ҳамон замон афсӯс хӯрд, ки оҳанги соҳибихтиёрии гуфторашро нигоҳ дошта натавонист.
Сардор бо қатъият дарро ба долон кушод:
– Гаманюкро ба назди ман даъват кунед!
Сулфа ором мешуд, фақат беқувватию дард боқӣ мемонд, бо дастони баста ба фарш такя кардан хеле нобоб буд. Сотников азоб мекашид, вале мақсади баралло тарафгиронаи ин касро дуруст нафаҳмида, хомӯш менишаст.
Ба хона худи ҳамон Стас даромад ва бо тамаллуқкории бараллоина пошнаҳои мӯзаи олуфтаёнаашро ба ҳам зад.
– Гӯшам ба шумо!
Хӯҷаини хона пешонаи мӯяш рафта ва каме дӯнги худро, ки барои рӯи хурди оҷингдори ӯ андаке калонтар буд, турш кард.
– Ин чӣ кор? Барои чӣ боз дағалӣ? Барои чӣ дар хона? Барои чӣ бе ман?
– Гунаҳгор! – оринҷҳояшро ҷунбонда бештар қоматашро рост кард Стас.
Сотников аз рӯи ҳамаи кӯшиши бемулоҳиза ва намоишкоронаи Стас ва аз ҷиддияти беҳиссу эҳтироси сардори вай ҳамон замон фаҳмид, ки дар назди ӯ як мазҳакаи бемаззае барои каси аблаҳ сар шудааст.
– Магар ба шумо ҳамин тавр дастур дода будам? Магар фармондеҳии немис ҳаминро меомӯзад? – ба ҷавоб мунтазир нашуда, сардор полисро бо саволҳои худ сарзаниш мекард, ӯ бошад бо тарси сохта торафт синаи худро пештар мебаровард.
– Гунаҳгор! Такрор намекунам! Гунаҳгор!
– Ҳокимиятдорони немис ба асирон муносибати мувофиқро таъмин мекунанд. Муносибати боадолат, одамдӯстона...
Не, бас аст! Сотников ба асирон чӣ тавр муносибат кардани ҳокимияти немисро аллакай медонист ва аз буридани риштаи ҳамаи ин худфаъолияти аблаҳона худдорӣ карда натавонист.
– Беҳуда кӯшиш мекунед!
Полис якбора ба тарафи ӯ гашт, гӯё нашунид ва пешонаашро ташвишомез чин кард.
– Чӣ гуфтед шумо?
– Чизе ки шунидед. Дастамро кушоед. Ман ин тавр нишастан наметавонам.
Полис боз каме ӯро бо нигоҳи синчакоронааш парма карда, таваққуф намуд, вале эҳтимол, фаҳмид, ки ҷои хавф нест ва дасташро ба кисса андохт, нӯги кордро ба тасмача расонда, бо як ҳаракат онро бурид ва кордро ба кисааш гузошт. Сотников дастони варамидаашро аз ҳам ҷудо кард, ки дар бандашон доғҳои захм буд.
– Боз чӣ?
– Об, – гуфт Сотников.
Вай қарор кард – ҳоло ки имконият ҳаст, ақаллан ташнагиашро шиканад, то баъд тоқат карда тавонад.
Полис ба Гаманюк ишора кард.
– Об деҳ!
Ӯ ба долон давида баромад, полис бошад, мизро давр зада бо оҳистагӣ дар курсии худ нишаст. Вай худро ҳама вақт махсус ором, ҳушёрона нигоҳ медошт, гӯё барои асир ягон чизи муҳим ва ниҳоят умедбахшро пинҳон медошта бошад. Нигоҳи чашмони тезҳаракат ва ташвишомези худро аз Сотников қариб намеканд.
– Хоҳед, ба курсӣ нишинед.
Сотников бо як азоб аз рӯи хона хеста, якпаҳлу пояшро ба як тараф дароз монда, ба курсӣ нишаст. Ин хел мувофиқтар ва тоқат кардан мумкин буд. Вай оҳ кашид, деворҳоро аз назар гузаронд, ба қафои бухорӣ, ба кунҷи назди тиреза нигарист ва дарҳол фаҳмида натавонист, ки асбоби қину азиятро меҷӯяд, – охир, онҳо дар ин ҷо буданашон даркор -ку. Аммо, ба тааҷҷуби ӯ, дар хона чизе, ки одатан бо он қину азоб мекунанд, наменамуд.
Бо вуҷуди ин вай ҳис мекард, ки муносибати ӯ бо ин полис ҳадду ҳудуди шартиро гузаштааст ва аз он ки бозияшон барор наёфт, аз рӯи моҳияти масъала гуфтугӯ дар пеш буд, ки аз он умеди хушӣ намерасид.
Дар ин вақт Стас Гаманюк дар дӯлчаи сирдори калон об овард ва Сотников онро то охираш нӯшид. Полис дар паси миз нишаста, батоқатона мунтазир буд, ҳар як ҳаракати ӯро назорат мекард ва дар бораи ким-чӣ андеша меронд ва ё, эҳтимол, мекӯшид, ки ягон чиро фаҳмида гирад.
– Канӣ, шинос мешавем, – гуфт ӯ хеле ҳарисона, вақте ки Стас баромад. – Фамилияи ман Партнов. Муфаттиши идораи полис.
– Аз они ман ба шумо аҳамият надорад.
– Ба ҳар ҳол?
– Хайр, фарз кардем Иванов,– гуфт аз байни дандонҳояш Сотников: пояш дард мекард.
– Зид нестам. Бигзор Иванов бошад. Ҳамин тавр менависем, – розӣ шуд муфаттиш, ҳарчанд ҳеҷ чиз наменавишт. – Аз кадом даста?
«Оҳо, ҳамин тавр якбора дар бораи даста мепурсӣ!» Пеш аз он ки ягон ҷавоб диҳад Сотников каме хомӯш истод. Муфаттиш ӯро якзайл, пешина барин бо нигоҳаш сӯрох карда, аз рӯи миз обчинаки чӯбии ранголудро гирифта, ба таври номаълум дар дасташ чарх занонд. Сотников ба панҷаҳои ӯ бедиққатона менигарист ва намедонист, ки чӣ тавр хуб аст, ӯро ба бозӣ дорондан сар кунад ва ё якбора аз шаҳодат додан сар кашад, то дурӯғ гуфта, банд нашавад. Боз ба болои кор ин ба дурӯғи ӯ, эҳтимол, он қадар бовар ҳам намекунад.
– Шумо фикр мекунед, ки ман ба шумо росташро мегӯям?
– Мегӯӣ! – на он қадар баланд ва бо ҳамон тавр қатъияти ботинӣ гуфт муфаттиш, ки як дақиқа авзои Сотников беҷо шуд ва аз зери чашм ба полис саволомез нигоҳ кард.
– Мегӯӣ!
Ин хел овоз аз некие шаҳодат намедод. Ба саволи дар бораи даста, ӯ, албатта, ҷавоб намедиҳад, вале саволҳои дигараш ҳам, эҳтимол, осон набошанд. Муфаттиш бо обчинаки чӯбӣ хотирпарешон бозӣ карда, мунтазир буд. Ҳаракати панҷаҳои борики ӯ орому боварибахш, оҳиста буданд, вале бо вуҷуди ин, ҳамин оҳистарафторӣ тамоми шиддати то дами муайян бо кӯшиши зиёд пинҳон доштаи ӯро ошкор мекард. Тааҷҷубовар буд, ки ӯ зоҳиран ба муфаттиши қотил, ки дар гардани ӯ ҷавобгарии на як умри барбодрафта буд, кам монандӣ дошт ва бештар хизматчии деҳотии хоксор ва ҳатто маишатдӯстро ба хотир меовард. Ва дар айни ҳол дар ӯ як чизи макру фиребомез, ки ба асир ҳар дақиқа таҳдид мекард, ниҳон буд. Сотников мунтазир буд, ки кай ин чиз охири охирон берун занад. Ҳарчанд намедонист, ки асабҳои ин шахс то чӣ андоза мустаҳкам аст ва муфаттиш баъди кадом савол ниқоби худро мепартояд.
– Чӣ хел супориш доштед? Куҷо мерафтед? Кай боз ин зан ҳамкори шумост?
– Вай ҳеҷ хел ҳамкор нест. Мо тасодуфан ба кулбаи ӯ даромадем ва ба зершервониаш баромада ҷо гирифтем. Вай он вақт ҳатто дар хона набуд. – оромона фаҳмонд Сотников.
– Ҳа, албатта, тасодуфан. Ҳама ҳамин тавр мегӯянд. Ба ҳавлии амини Лесиний ҳам тасодуфан даромадед?
Ана чӣ тавр! Аз ин мебарояд, ки аллакай дар бораи амин ҳам маълум аст. Ҳарчанд, эҳтимол, худи ҳамон шахс хабар дода бошад. «Номи ана ин раҳм кардан, сарукор доштан нахостан аст» – фикр кард Сотников. Маълум мешавад, ки полисҳо нисбатан ба он чи ки гумон доштанд, дар бораи онҳо хеле бисёртар медонистаанд ва Сотников як лаҳза даступо хӯрда монд. Шояд ин тариқи пешакӣ фикр кардае буд дар пурсиш. Муфаттиш ба аломати нишон додани натиҷаи ба даст овардааш обчинаки чӯбиро паротфт ва тамоку дуд кард. Сипас ӯ бо эҳтиёт аз рӯи миз тамокудону фандақро гирифта, тамокурезаҳоро бо фарш пуф кард ва аз байни дуд ба ӯ хира–хира нигоҳ карда, ҷавобашро мунтазир истод.
– Бале, тасодуфан, – баъд аз исте бо қатъият гуфт Сотников.
– Ин гапи нав нест. Шумо-ку одами боақл ҳастед, вале бо ҳамин дурӯғи содалавҳона халос шудан мехоҳед! Ягон чизи зираконатар фикр кардан даркор буд. Ин гап ба мо намегузарад.
Ҳамин хел – намегузаштагӣ барин, хайр, бало ба пасаш. Гӯё вай умед дошт, ки мегузашта бошад. Вай умуман ба ҳеҷ чиз умед надошт, фақат ғами зани бадбахти Демянро мехӯрд, ки чӣ тавр наҷот додани ӯ номаълум буд.
– Шумо метавонед, ки бо мо чӣ тарзе ки хоҳед, рафтор кунед, – гуфт Сотников. – Вале занро ба ин ҳамроҳ накунед. Вай муносибате надорад. Фақат ҳамин ки кулбаи вай аз канор буд ва ман дигар роҳ гашта наметавонистам.
– Дар куҷо тир хӯрдед?
– Дар по.
– Ман инро намепурсам. Дар куҷо, дар кадом мавзеъ?
– Дар ҷангал. Ду рӯз пештар.
– Ҳилаатон намегузарад, – рост нигоҳ карда, бурро карда гуфт муфаттиш. – Мебофед, дар ҷангал не, дар роҳи калон, ҳамин шаб.
«Бало занад, аниқ медонад ё шояд таваккалан мегӯяд?» – фикр кард Сотников. Вай намедонист, ки пас аз ин худро чи хел нигоҳ дорад: дар чизҳои хурд ноуҳдабароёна дурӯғ гӯӣ – ба росташ ҳам бовар намекунанд, ба ӯ ҳақиқатро дар бораи зани Демян ба ин хизматчӣ бовар кунондан ниҳоят муҳим буд, ҳарчанд ӯ ҳис мекард, ки ӯро ба ягон дурӯғи рӯи рост нисбат ба ин ҳақиқат бовар кунондан осонтар аст.
– Ман агар, масалан, ҳамашро фаҳмонда диҳам, шумо занро сар медиҳед? Шумо инро ваъда карда метавонед?
Чашмони муфаттиш баногоҳ аз ғазаб дурахшиданд, ҳамин тавр менамуд, ки ӯро сӯрох карда гузаштанд.
– Ман ба шумо барои ягон чизро фаҳмонда додан вазифадор нестам! Ман савол медиҳам, шумо бошед, ба он бояд ҷавоб диҳед!
«Маълум мешавад, ки имкон надорад», – бо рӯҳафтодагӣ аз хаёл гузаронд Сотников. Бешубҳа, акнун ҳеҷ касро аз чанголи худ сар намедиҳад. Урфу одати шинос! Ин тавр бошад, эҳтимол, зани Демян ҳам нобуд шуд.
– Занро тамоман бегуноҳ нобуд мекунед. Ӯ се бача дорад.
– Мо нобуд намекунем. Шумо нобуд мекунед! Шумо ӯро ба даста кашидед! Чаро он вақт дар бораи бачаҳо фикр накардед? – нешдор карда гуфт муфаттиш. – Акнун дер шуд. Шумо қонунҳои Германияи бузургро медонед?
«Қонунҳо! Худат онҳоро кай боз фаҳмидаӣ, ношуди лаънатӣ? – фикр кард Сотников. – Ҳанӯз каме пештар шояд тамоман қонунҳои дигарро азёд мекардӣ!» Бо вуҷуди ин саволи охирини полис як андоза духӯра садо дод – ҳамин тавр менамуд. Партнов мехоҳад, ки бори баъзе корҳои худро ба дӯши Германияи бузург гузорад.
Сотников хомӯш буд, муфаттиш бархост, курсиро қафо тела карда, назди тиреза омад, аз байни панҷара ба ҳавлӣ, ки аз он ҷо овози полисҳо шунида мешуд, парешонхотирона нигарист. Вай боз чизеро нагуфта пинҳон нигоҳ медошт, он қадар зӯр зада истинтоқ намекард, ё фикр дошт, ки чӣ хел маккорона ӯро ба даст афтонад ва ё дар бораи ягон кори дигари худ хаёл мекард.
Дар долон вазнин-вазнин қадам заданд, овозҳо, ҳақоратҳо ба гӯш расид. Эҳтимол дошт, ки дар он ҷо касеро пеш андохта мерафтанд ва ё ҳатто бардошта мебурданд. Вақте ки талотӯб ба пешайвон гузашт, муфаттиш баланду бурро гуфт:
– Хӯш, дигар бозӣ бас аст! Номи дастаро гӯед! Фармондеҳи онро! Алоқачиҳоро. Шумораи даста. Қароргоҳ. Фақат ба дурӯғ гуфтан кӯшиш накунед. Зӯри беҳуда.
– Оё чизҳои аз ман мехостаатон аз ҳад зиёд нест? – гуфт Сотников.
Ӯ номаълум ба оҳанги писханд, чунонки вай одатан ҳангоми гуфтугузорҳои нохуш бо аблаҳону берӯҳо мекард, рӯй оварда буд. Албатта, фаҳми Стас ва ягон каси дигар аз ин хоинон ба писханди ӯ намерасид – ба ин сардор бошад чунин менамуд, ки ба тарзи зарурӣ таъсир кард. Бо вуҷуди ин, то як муддат ӯ худро нигоҳ медошт, фақат як бор лабашро каҷ карда монд.
– Куҷо мерафтед?
– Мо роҳро гум кардем.
– Намегузарад. Дурӯғ! Барои фикр ду дақиқа вақт медиҳам.
– Заҳмат накашед. Эҳтимол, кори бисёр дошта бошед.
Ин ҷо ӯ аниқ дарёфт. Рӯи хурди оҷингдори муфаттиш боз каҷ шуд, аммо ӯ худро идора карда метавонистагӣ барин буд. Вай ҳатто овозашро баланд накард.
– Зистан мехоҳӣ?
– Чӣ буд? Шояд авф мекунед?
Чашмони худашро танг карда, муфаттиш ба тиреза нигарист.
– Не, авф намекунем. Мо роҳзанҳоро авф намекунем, – гуфт ӯ ва баногоҳ якбора аз тарафи тиреза тоб хӯрд; хокистари нӯги сигораш ба болои бинии мӯзааш афтода, пош хӯрд, ҳамин хел менамуд, ки худдории ӯ тамом шуда бошад. – Мепарронем, ба ин шубҳа нест. Вале пеш аз ин мо туро зада маҷақ мекунем. Ҷисми ҷавони туро гӯшти қима барин мекунем. Ҳамаи рагҳоятро мекашем. Паи ҳам устухонҳоятро мешиканем. Ана баъд эълон мекунем, ки ту дигаронро ошкор кардӣ. Барои он ки дар он ҷо, дар ҷангал аз боиси ту он қадар ташвиш накашанд.
– Ба мақсад намерасед, намегӯям.
– Ту нагӯӣ – дигараш мегӯяд. Ҳамаашро ба гардани ту мепартоем. Фаҳмидӣ? Чӣ тавр?
Сотников хомӯш буд, ҳолаш бад мешуд. Рӯяшро арақ зер кард, ҳамон лаҳза ҳамаи майлаш бо истеҳзою писханд барҳам хӯрд. Вай фаҳмид, ки ин таҳдиди беҳуда ё найранг нест – онҳо ба ҳама кор қодиранд. Гитлер онҳоро аз виҷдон, аз инсонгарӣ ва ҳатто аз ахлоқи оддитарини зиндагӣ озод карда буд ва аз ин, албатта, қувваи ваҳшонияти онҳо меафзуд. Аммо ӯ дар назди онҳо фақат инсон асту бас. Дар назди мардум ва кишвар уҳдадориҳои зиёд ба гарданаш мебошад, имконияти пинҳон доштан ва фиреб кардани ӯ он қадар калон нест. Маълум буд, ки воситаи муборизаи онҳо дар ин муҳориба ба ҳамдигар нобаробар аст, афзалият дар тарафи душман буд: ҳамаи он чиро, ки Сотников муқобил мегузошт, муфаттиш бо як осонии фавқулода чаппагардон карда мепартофт. Сари зонуи шими Партнов халта шуда буд ва ӯ пойҳояшро васеъ монда, ба ӯ нигоҳи тез ва акнун рӯирост бадбинонаи худро теғ барин равона карда, мунтазир меистод.
Ба Сотников ниҳоят мушкил буд, ҳамин хел менамуд, ки боз аз ҳуш меравад, ӯро арақи хунук зер мекард ва ӯ бо азоб барои ҷавоб сухан мекофт ва ҳис мекард, ки ин суханони охиринаш хоҳанд буд. Дасти рости муфаттиш ба тарафи обчинаки чӯбии рӯи миз дароз шуд.
– Хӯш?
– Разилон! – сухани дигаре наёфта, тамоми нафраташро ифода намуд Сотников.
Муфаттиш як қадар зудтар аз он ки лозим буд, обчинаки чӯбиро гирифт ва бо он ба рӯи миз зад ва гӯё ба ин истинтоқи бе хунрезӣ, вале бо вуҷуди ин хеле мудҳиш нуқтаи охирин гузошт.
– Будиларо ба назди ман даъват кунед!
Дар долон овози ғулғуладор баланд шуд: «Будиларо ба назди ҷаноби муфаттиш!», баъд аз ин Портнов мизро давр зада гузашта, ба оромӣ дар курсии роҳат нишаст. Вай акнун ба Сотников нигоҳ ҳам намекард, гӯё ки ӯ дар он ҷо тамоман набошад. Вай тамоку дуд кард. Маълум мешуд, ки вазифаи ӯ ба охир расида, қисми дуюми истинтоқ сар мешуд.
Сотников кӯшиш мекард, ки зоҳиран ором монад, вале ҳамин ки дар кушода ва Будила дар назди остона пайдо шуд, тамоми аъзои ӯ башиддат таранг гардид.
Эҳтимол, ин ҷаллоди ҳаминҷоии идораи полис – нарғӯли барзаговмонанди бадҳайбат буд, ки рӯи устухонаш баромадаи аспмонанд дошт. Тамоми намуди бадхашму аблаҳона ва махсусан, панҷаҳои калон – калони пурпашми аз даруни остин баромадаи ӯ, ки бояд наълҳоро рост мекарданд, касро нохушона ба ҳайрат мегузошт. Эҳтимол, аз рӯи анъанаи дар ин ҷо барқарорбуда, вай даромадан замон аз остона бо нигоҳи ғазабноки чашмони андаке олуснамояш қурбонии худро нишон гирифт. «Канӣ, ҳа!».
Сотниковро беқувватию беҳолӣ, бемадорӣ фаро гирифта буд ва ӯ аз худ кадом як чизи, бешубҳа, мудҳишро дуртар ронда менишаст. Он вақт Будила бо ҳаракати оромонаи гуногунмаъно ба сӯи курсӣ қадам монд. Дасти калони бадҳайбати вай барҳои моҳутии шинели Сотниковро аз болои қафаси синаи фурӯрафтаи ӯ васеъ қабза карда, таранг шуд ва ӯро аз миз канда гирифт.
– Канӣ, ҳа, болшевики ношуд!