Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
12
«Кораш тамом!» – вақте ки Стас дар рӯи ҳавлӣ Сотниковро маҳкам дошта, ба даруни хона кашола карда бурд, қариб бо ғазаб фикр кард Рибак. Вай гумон дошт, ки аз қафои ӯ, вай ва зани Демянро ҳам ҳай карда мебароранд, вале полисҳо барои онҳо дари таҳхонаро боз карданд. Пеш аз он ки онҳоро ба он ҷо тела дода дароранд, дастони ӯро кушоданд, тасмаро аз шимаш кашида гирифтанд. Зани Демянро бо дастони баста ва дар даҳон латта монданд.
– Поин фуро! Зудтар!
Дар таҳхона торикӣ ҳукмфармо буд ва ё эҳтимол, ба Рибак пас аз равшании рӯзонаи кӯча ҳамин тавр намуда бошад. Аввал онҳо ба кадом як долончаи намнок даромаданд, полисе, ки пеш-пеш мерафт, тамбаҳои оҳанинро тарақ-туруқ кунонд ва Рибак ба тахтапушти зани Демян бархӯрда истод ва панҷаҳои ба хориш омадаашро молидан гирифт.
– Марш, марш! Чӣ истодаӣ? – Оне, ки аз қафо меомад ӯро тела кард. Маълум мешавад, ки аллакай дари нави зулмат ба рӯи ӯ кушода шудааст.
Илоҷи дигар набуд, Рибак аз байни полис ва зани Демян ҷафс шуда гузашт, бо ҳарос сарашро пеш даровард ва худро дар паси остонаи ким- чӣ хел хоначаи танги рутубатнок дид. Лаҳзае вай дар ин ҷо ҳеҷ чизро дида натавонист, нури хурдакак аз боло фақат сақфро андак равшан мекард, поин бошад, торик буд. Ба димоғаш як бӯи турш, кӯҳна ва барои нафаскашӣ тамоман номумкин зад ва ӯ пас аз ин ба куҷо қадам монданашро надониста, истод.
Дар он фурсат аз қафо ғалақаи дар ҷарангос зад, зани Демян берун монд, ки полисҳо ӯро дуртар гирифта бурданд. Аз паси дар гуфтугӯи онҳо дар бораи кор торафт аз дуртар ба гӯш мерасид.
– Занакро ба куҷо? Ба кунҷакӣ?
– Биёр ба кунҷакӣ.
– Чаро имрӯз холӣ барин?
– Дирӯз немисҳо холӣ карданд. Дар куҷое як яҳудидухтарча нишаста аст.
Ба торикӣ як қадар одат карда, Рибак дар кунҷ одамеро дид. Вай дар он ҷо бо ким-чӣ кори худаш бодиққат машғул буд ё либос мекашид, ё либосашро ба тагаш меандохт, эҳтимол, барои хоб тайёр мешуд. Торикии ғафси зери девор ӯро тамоман пинҳон медошт, фақат сари сафед ва китфони ӯ дар ҷои хираравшан баъзан – баъзан намудор шуда мемонд.
– Бишин. Чӣ рост меистӣ? Рост истодан дигар фоида надорад.
Рибак ба ҳайрат афтод, ҳатто гӯё хурсанд ҳам шуд – овози мӯйсафед ба ӯ шинос расид ва ӯ ҳамоно ба ёд овард: амин! Бешубҳа, ҳамин тавр, дар кунҷ каси ба қарибӣ шиносшудаи онҳо амини Лесиний Петр барои худ ҷои хоб тахт мекард.
– Ту ҳам дар ин ҷо? – нохост бо ҳайрат гуфт Рибак.
– Ҳо, ана афтода мондам. Гӯсфандро шинохтанд, ва ...
«Ҳамин тавр-ҳамин тавр», – ҳамин ягона фикр дар сари Рибак чарх мезад: ҳамааш фаҳмо буд. Аҷиб аст, ки ӯ фақат ҳозир он гӯсфанди фалокатзадаро ба ёд овард ва фақат ҳозир бо ин дерии авфнопазир дар бораи ба сари соҳибаш чӣ овардани он гӯсфанд фикр кард.
– Хайр, дар ин ту чӣ гуноҳ дорӣ? Мо, ку зӯран кашида гирифтем? – андак сохтакорона тааҷҷуб кард Рибак.
Амин ба тагаш чизеро паҳн кард, вале дароз накашида, ба девор такя намуд ва қариб бо тамоми вуҷудаш ба торикӣ фурӯ рафта нишаст. Фақат зонуҳои қаткардаи ӯ дар равшании хирае, ки аз равзана медаромад, монда буданд.
– Чӣ тавр гӯям? Агар гирифта бошанд, хабар додан даркор буд. Ман бошам... Акнун чӣ фоида!.. Акнун фарқ надорад.
Акнун, дар ҳақиқат, фарқ надоштагӣ барин, акнун ба халос хӯрдан дер шудааст, фикр кард Рибак. Шояд, ба идораи полис аллакай ҳамааш маълум бошад. Тугмаи нимпӯстинашро накушода, вай андӯҳгинона ба болои пахолҳои шиббашуда пушташро ба девор такя дода, нишаст. Баъд аз ин чӣ кор карданаш тамоман маълум набуд, вале дар ин ҷо ба ғайр аз мунтазир будан, эҳтимол, ҳеҷ кори дигар кардан ҳам имкон надошт. Вай фақат ҳозир ҳис кард, ки дар ин шаби гузашта чӣ қадар хаста шудааст, ӯро хоб зер кардан гирифт, вале бар сараш ҳар хел хаёлҳо омада хоб карда наметавонист. Баногоҳ аз фикраш гузашт, ки бо амин ба як маслиҳат омада, агар ба Лесиний даромадани онҳоро инкор кунанд, бад намешуд – бигузор Петр гӯяд, ки дигарҳо омада буданд. Агар ба ин кор ба таҳқиқ нигарӣ, ба амин киро омад гуфтанаш фарқе надорад, ба онҳо бошад, шояд ин мадад карда тавонад. Рибак дар муносибаташ бо Петр худро ҳеҷ гунаҳгор ва ё ноҳинҷор ҳис намекард – магар ӯ бори аввал бо ин роҳ хӯрокӣ ба даст медаровард? Фақат як гӯсфандро гирифтанд, охир, ин ҳам на аз ягон оилаи серфарзанд, балки аз худи амин – кирои ташвиш намекунад. Аз ин ҷиҳати кор ӯ тамоман ором буд ва фақат аз он тааҷҷуб мекард, ки чӣ хел амин худро дар назди идораи полис сафед карда натавониста, гузоштааст, ки ӯро ба ин таҳхонаи бадбӯй партоянд.
Як соат ва ё зиёдтар гузашт, Сотников барнамегашт ва Рибак бо андаке таассуф фикр кард, ки эҳтимол, ӯро дар он ҷо кушта бошанд. Ӯ дар бораи ҳеҷ чиз гап задан намехост. Вай ҳис мекард, ки ана ҳозир барои ӯ ҳам омаданашон даркор ва он вақт аз ҳама бадаш сар мешавад. Вай якзайл фикр кард, ҳар хел андозу баркаш карда карда, мекӯшид, ки ягон имконияти фиреб додани полисро ёфта, тамоман халос шавад ва ё ҳеҷ набошад, ҳукмро кашол диҳад. Барои кашол додани ҳукм, аз афташ, ягона восита – кашол додани тафтиш буд (ҳар чӣ ҳам бошад ягон хел тафтиш буданаш даркор). Вале барои ин ҳамин хел далелҳои қатъӣ ёфтан даркор буд, ки рағбати идораи полис бедор шавад, дар акси ҳол, агар вай қарор кунад, ки, ба он ҳамааш равшан аст, он гоҳ онҳоро, албатта, нигоҳ дошта намешинанд. Он вақт тамом шудани кори онҳо аниқ аст.
Таҳхона хомӯшу хобовар буд, фақат аз ким-куҷои боло, аз бино овозҳо ва тап–тапи мӯзаҳо мерасид. Гоҳо тап-тапи мӯзаҳо баландтар мешуд, ким-чӣ паст-паст тақ-тақ мекард. Садои шавқуни кадом касе баланд мегашт. Ҳамаи ин даву ғеҷи бетартиби боло Сотниковро ба ёди Рибак нарасонида наметавонист ва дилаш ба дард фишурда мешуд, ки бечора Сотникови бетолеъ! Вале, эҳтимол, ӯро ҳамин хел қисмат интизор буд... Дуруст аст, ки ӯ дар ин бора фикр кардан намехост. Вай кӯшиш карда, чӣ хел аз ҷазо халос шуданро фаҳмидан мехост, ки эҳтимол ба Сотников ҳам ёрӣ дода тавонад. Аммо, аз афташ, ҳамаи ин беҳуда аст. Аз байни тирезачаи аз дарун бо ким-чӣ пешбандкарда, ба таҳхона нимторикии хирае медаромад, дар рӯи пахоли шиббашуда доғи равшаннамое медурахшид ва дар зери тиреза сари хами амин сафедӣ мекард. Ӯ ҳам дар таги девор, бешубҳа, ба хаёлҳои ғамангези худ ғӯттавар менишаст – акнун ҳар кас ғаму ғӯссаи худро мехӯрд.
– Мегуфтанд, ки шаб касе полисро маҷрӯҳ кардааст, маълум нест, ки зинда мемонад ё не, – пас аз хомӯшии дуру дароз гуфт мӯйсафед.
Ин хабар барои Рибак нав набуд, вай нав он маҷрӯҳро фаромӯш карда буд ва акнун бештар ба изтироб афтод. Бо вуҷуди ин гуфтугӯро ба мавзӯи дигар гардонд.
– Туро ба боло бурданд? – пурсид бо андаке умед, ки шояд ҳоло навбати истинтоқи ӯ набошад.
Аммо амин ин умеди ӯро ҳамон замон барбод дод.
– Ба истинтоқ? Набошад чӣ! Худи Партнов пурсид.
– Кадом Партнов?
– Муфаттиши онҳо.
– Хайр, чӣ хел? Сахт заданд?
– Маро -ку назаданд. Маро чаро зананд?
Рибак нафасашро фурӯ бурда гӯш мекард: мехост пешакӣ фаҳмад, ки худи ӯро чӣ интизор аст.
– Ин Партнов, ман ба ту гӯям, шайтон барин зирак. Ҳамаашро медонад, – бо алам гуфт мӯйсафед.
– Ту устогӣ карда, халос шудӣ-ку.
– Ман чӣ устогӣ мекардаам! Ман ҳеҷ гуноҳ надорам. Дар назди Худою расул як ҳастам.
– Ин қадар бегуноҳ?
– Гуноҳи ман дар чист? Дар ҳамин аст, ки тохта рафта дар бораи гӯсфанд хабар надодам? Ман охир, барои шабҳо тохтан пирам. Шасту ҳафт сол дорам.
– Ҳа-а, – оҳ кашид Рибак. – Маълум мешавад, ки пуққӣ мепаронанд. Ин барои онҳо осон: Барои ёрӣ ба партизанҳо.
Пётр бо ҳамон хел овози бо эҳтирос гуфт:
– Хайр, чӣ илоҷ, маълум мешавад, ки қисмат ҳамин будааст. Ҷои гурез нест...
«Чӣ мутеӣ!– фикр кард Рибак. – Ҳар чӣ бошад, шасту ҳафт сол – умрашро дидааст. Ман бошам, фақат бисту шаш сол дорам, дар рӯи замин хоҳиши боз каме зистан буд. Зимистон дар чуқурии яхбаста хуфтан он қадар даҳшатнок нест, ҳарчанд ки нохуш аст. Не, мубориза кардан даркор аст!
Чӣ мешуд, агар ба ҳамаи ҳодиса амин ҳамроҳ карда шавад? Дар ҳақиқат, агар ӯро чун ҷосуси партизанҳо ва ё ҳамкори онҳо вонамуд карда гӯяд, ки якумин бор нест, ки ӯ хизмати дастаро ба ҷо мебиёрад ва тафтишро ба роҳи хато равона кунад? Ба тафтиши иловагӣ сар мекунанд, шоҳидону гувоҳиҳои тоза даркор мешаванд, вақт мегузарад. Эҳтимол, ин чиз гуноҳи Петрро дар назди немисҳо он қадар наафзояд, вале ба ҳардуи онҳо ёрӣ расонданаш мумкин аст.
Вай ба андешаҳои худ дода шуда, банохост ғайричашмдошт ларзида рафт – пахоли паҳлуяш оҳиста хиширос зад ва ким-чизи нарм ва зиндае аз болои мӯзааш ғелида гузашт. Амин дар кунҷак бо нафрат пой афшонд: «Киш, ба тухматон қирон биёяд!» Ва ҳамон дам Рибак дар таги девор калламушро дид. Он ишкамкалони думдароз аз канори фарш давида гузашта, дар торикӣ ғоиб шуд.
– Акнун фақат даводави калламуш намерасид.
– Хайр, чӣ? Кӣ онҳоро дафъ мекунад? Одам ба шикори одам машғул аст – ба калламуш вақт надорад. Худоё, тавба.
Вай ин калимаҳоро гуфтан ҳамон аз ким-куҷои паси дар садои қадаммониҳо ба гӯш расид, ғалақаи дар ба тарзи шинос ҷарангос кард ва ба зудӣ равшании рӯзи зимистон сахт ба чашм зад. Дар партави ин равшанӣ дар остона ҳайкали қоқинаи Стас пайдо шуд, ки дар тан нимпӯстини ҳарбӣ ва милтиқро аз паси китфаш партофта буд.
– Канӣ, дар куҷо ту, свай роҳзан! Ба назди муфаттиш!
Полис кӯтоҳу нафратовар қаҳқос зада хандид, дар даруни Рибак чизе ба дард омада, тоб хӯрд ва ин эҳтимол аз он сабаб буд, ки ӯ ба саросемагии зиёд давида ба по хест ва аз рӯи даъват рафт. Дар фикри ӯ саволи «Сотников куҷост?» ҳамчун як ташвишу изтироби беҳуда пайдо шуда гузашт. Аввал шояд Сотниковро оварданашон ва пас аз он ӯро ба истинтоқ бурданашон даркор буд. Ва ё шояд Сотниковро аллакай кушта бошанд?
Вай мутеъона ба назди зинапояҳо омад, то даме ки Стас аз қафои ӯ дарро қулф кард, мунтазир истод, баъд пешопеши посбон тохта боло баромад. Вай бе ҳеҷ фикр, ҳеҷ чизро дар атрофаш пай набурда, қариб бешуурона қадам мепартофт. Худро ниҳоят бад ҳис мекард. Не, ин тарс набуд: вай аз беилоҷию бечорагӣ, аз он ки воситаи санҷидашуда – қувватро истифода бурда, худро аскарвор муҳофизат карда намешавад, ба танг меомад. Набудани ҳеҷ гуна интихоб имконияти ӯро ниҳоят маҳдуд карда буд, фикре ки оид ба амин дошт, танҳо ҳамчун мақсад монд – вай онро ҳаматарафа мулоҳиза карда натавонист, ҳеҷ чизро аниқ муайян нанамуд ва ҳоло ба назди муфаттиш бо дили барошуфта мерафт.
– Ана, нимпӯстинчаатро ҳам мепартоӣ, – бо зарб ба китфи ӯ зад Стас, – э, аз барои Худо, ки нимпӯстинчаи бад не. Мӯзаатро ҳам! Мӯзаатро ман мегирам. Набошад, ин хелашро пӯшида кӯҳна кардан ҳайф, дуруст нест? – гуфт ӯ ва худ ба худ тасдиқкунон дар пеши маҳбус пои мӯзаи хромдорашро бардошта, ҷавлон дод. – Андозаи поят чанд аст?
– Сию нуҳ, – дурӯғ гуфт Рибак, қадамашро суст карда: баъди аз таҳхонаи бадбӯй баромадан аз ҳавои тоза серӣ нафас гирифтан мехост.
– Бало занад, хурдтар будааст! Ҳе, дар даҳонат шоту! – баногоҳ ба ғазаб омад полис. – Калонтар қадам мон!
Рибак худро аз мушт хӯрдан эҳтиёт карда, бе гарданшахӣ аз пешайвон, дарҳо, долони на он қадар дарози нимторик, ки дар назди ҷевончааш навбатдори рӯйкалон меистод, давида гузашт. Стас ангуштонашро қат карда, бо эҳтиром ким- кадом дарро тиқ-тиқ зад:
– Мумкин?
Рибак, чунонки дар хоб бошад, бо ҳисси пешакии ҳоли ҳозир чӣ хел футур рафтан ва пош хӯрдани тамоми ҳаёташ аз остона гузашт ва ба бухории ҳуландии бузург, ки дар роҳи ӯ чун сарнавишти нохуше меистод, назар дӯхт. Паҳлуҳои сип–сиёҳи он бо тамоми намуди мотамнишони худ ҳайкали сутунмонанди бемаъниеро дар сари қабри кадом як кас ба хотир мерасонд. Дар паси миз, дар таги тиреза, шахси лоғарандоме дар тан пиҷак меистод, ӯ мунтазир буд. Рибак дар назди остона истода, фикр кард, ки ҳамон полиси муфаттиш, ки амин дар бораи ӯ гуфта буд, ҳамин бошад.
– Фамилияат? – аррос зад ӯ.
Аз ким-чӣ ба ғазаб омадани ӯ равшан буд, чеҳраяки ноҷавононаи ӯ гирифтатар мешуд, аз таги пешона нигоҳаш маҳбусро дағалона мепалмосид.
– Рибак, – хаёл карда, гуфт маҳбус.
– Соли таваллуд?
– Нуҳсаду шонздаҳ.
– Ҷои таваллуд?
– Назди Гомел.
Муфаттиш аз назди тиреза дур шуда, дар курсӣ нишаст. Вай худро бодиққат, пурҳаракат ва гӯё на он қадар таҳдидомез, ки аввал ба назари Рибак намуд, нигоҳ медошт.
– Бишин.
Рибак се қадам монд ва ба рӯи курсии ғиҷиросии венагӣ, ки дар муқобили миз меистод, оҳиста нишаст.
– Зистан мехоҳӣ?
Ин саволи аҷоиб тасодуфӣ буд ва шиддати ҳолатро як андоза бартараф кард. Рибак дар он ҳатто як оҳанги ҳазлро шунид ва дар курсӣ аз нобобӣ ҷунбида монд.
– Охир, кӣ зистан намехоҳад.
– Албатта...
Бо вуҷуди ин, муфаттиш, гӯё ки аз ҳазл кардан дур буд ва бо ҳарорати пештара саволборон мекард:
– Хӯш. Куҷо мерафтед?
Саволҳои зуд-зуди паиҳам, эҳтимол, ҳамин хел ҷавобҳои босуръатро талаб мекарданд, вале Рибак аз хавфи он ки ба ягон ҳиллаи муфаттиш нафарояд, андаке таъхир мекард.
– Барои хӯрокӣ мерафтем. Захираамонро пурратар кардан даркор буд, – гуфт ӯ ва фикр кард: «Бало ба пасаш! Кӣ намедонад, ки партизанҳо ҳам хӯрок мехӯранд. Дар ин чӣ асрор буданаш мумкин аст?».
– Хӯш, хуб. Месанҷем. Куҷо мерафтед?
Дар паси миз чӣ хел гӯшу ҳуш шудан ва ба ҳар дигаргунии хурдтарин дар рӯи маҳбус синчакорона нигаристани муфаттиш аён буд. Вале Рибак дар рӯи зонуяш бари нимпӯстинчаашро тахт карда, дар он кадом доғчаеро харошида мекӯшид, ки бо мулоҳиза ҷавоб диҳад.
– Ҳоло чӣ буд... Ба деҳа мерафтем, баногоҳ бинем, ки сӯхта будааст. Баъд, сӯе ки пеш омад, рафтан гирифтем.
– Кадом деҳа оташ задагӣ?
– Ҳо, ҳамон, Кулгаев буд ё дигар... Дар назди ҷангал.
– Дуруст. Кулгаевро оташ задагӣ. Немисҳо оташ заданд. Кулгай ва ҳамаи кулгайиҳо парронида шуданд.
«Худоро шукр, гуноҳи дурӯғгӯиро бардоштан рост намеояд», – бо сабукӣ фикр кард Рибак.
– Дар Лесини чӣ тавр пайдо шудед?
– Хеле оддӣ. Шаб омада мондему баъд... ба хонаи амин даромадем.
– Хӯш, хӯш, фаҳмо, – чизеро мулоҳиза ва муқоиса карда, гуфт муфаттиш. – Яъне, ба хонаи амин меомадед?
– Не, чаро? Ба деҳа меомадем, ман гуфтам-ку...
– Ба деҳа. Фаҳмо. Кӣ командири гурӯҳ? – баногоҳ пурсид муфаттиш ва саропо диққат шуда, хомӯш гашт ва ба ӯ нигоҳи сахт ва ҳамабини худро дӯхт.
Рибак дар ин дам фикр кард, ки дурӯғ гуфтанаш мумкин аст – бигзор тафтиш кунанд. Магар ки Сотников...
– Сардори даста? Ҳо, вай... Дубовой.
– Дубовой? – аз чӣ бошад, тааҷҷуб кард муфаттиш.
Рибак ба чашмони ӯ дуру дароз нигоҳашро дӯхта истод. Вале на барои он ки муфаттишро ба дурӯғи худ бовар кунонад, ба ӯ фаҳмидани он муҳимтар буд ки: ба ӯ бовар мекунанд ё не?
– Ҳиллагар! Аллакай бо Дубовой бӯи ҳамдигарро фаҳмидаед! Ҳамин хел буданашро медонистам-а! Тирамоҳ нагирифтаанд, ана акнун, марҳамат...
Рибак нафаҳмид, ки вай киро дар назар дорад. Аминро? Пас чӣ тавр мешавад? Эҳтимол, вай дар ин ҷо хатое кард... Бо вуҷуди ин вақти андеша набуд, Партнов пурсиши худро бо суръат давом дод.
– Даста куҷост?
– Дар ҷангал.
Дар ин ҷо ӯ бе камтарин таъхир ҷавоб дод ва ба чашмони сарди диққаткоронаи муфаттиш росту бехиҷолат нигоҳ кард – бигзор ба комилан ҳақ будани ӯ бовар кунад.
– Дар Бараковский?
– Ҳа.
(Онҳо аблаҳанд магар, дар ҷангали Борковский, калон бошад ҳам, пас аз тарконидани кӯпруки Ислянк аз чор тараф муҳосира шудааст, мешинанд. Ҳаминаш кифоя, ки дар он ҷо ҳамон гурӯҳи Дубовой мондааст, боқии дастаи онҳо шонздаҳ километр дуртар, ба ботлоқи Гарелий рафт).
– Даста чанд нафар одам дорад?
– Сӣ нафар.
– Дурӯғ мегӯӣ! Мо маълумот дорем, ки бисёртар.
Рибак саҳлангорона табассум кард. Вай заруриятеро ҳис кард, ки аз ноогоҳии муфаттиш сабукак қатъи назар карданашро нишон диҳад.
– Бисёр буд. Ҳозир сӣ нафар. Ҷангҳо, медонед, талафот...
Муфаттиш дар давоми пурсиш аввалин бор дар курсӣ ризомандона ҷунбида монд:
– Чӣ, бачаҳои мо пар кандаанд? Ҳамин тавр – ҳамин тавр! Ба қарибӣ болу пари ҳамаатон рехта меравад.
Рибак хомӯш монд. Кайфияти вай торафт беҳтар мешуд: ҳамин хел менамояд, ки онҳо аз Сотников он қадар чизи бисёре нафаҳмидаанд, яъне афсона бофтан мумкин аст – бигзор тафтиш кунанд. Боз ба ҳамин монанд буд, ки гӯё муносибати муфаттиш ба ӯ беҳтар шуда истодааст ва Рибак фикр кард, ки ин муносибатро як навъ мустаҳкамтар сохта, аз он шояд истифода кардан ҳам мумкин шавад.
– Хӯш! – муфаттиш ба курсӣ такя дод. – Акнун ту ба ман бигӯ, ки кадоми шумо шаб тир парондед? Одамони мо диданд, ки яке давида гурехт, дигараш бошад ба тиркушоӣ сар кард. Ту?
– Не, ман не, – гуфт Рибак, вале на бо он қадар қатъият.
Дар ин ҷо ӯ аллакай худро барои сафед карданаш нобоб ҳис мекард, чунки бо ин кор гуноҳро ба гардани Сотников мепартофт. Хайр, чӣ кор кунад, ба худ гирад?
– Яъне, ӯ? Ҳамин тавр?
Ӯ ин саволро беҷавоб монд – Рибак фақат фикр кард: «Ҳаром мурӣ, ту палид!» чӣ тавр маккорона медорад! Дар ҳақиқат, вай ба ӯ чӣ ҷавоб ҳам дода метавонист?
Ҳамин тавр бошад ҳам, Партнов он қадар исрор намекард.
– Хӯш, хӯш, фаҳмо. Фамилияи ӯ чист?
– Аз они кӣ?
– Ҳамроҳат.
Фамилия! Ба ӯ чӣ даркор шуда монд ин фамилия? Агар Сотников номашро нагуфта бошад, пас маълум мешавад, ки ӯ ҳам бояд номи вайро нагӯяд. Эҳтимол, ягон хел дурӯғе гуфтан даркор буд, вале Рибак чӣ дурӯғ гуфтанашро якбора пайдо карда наметавонист.
– Намедонам, – ниҳоят гуфт ӯ. – Ман дар ин даста нав...
– Намедонӣ? – бо коҳиши сабук аз нав пурсид Портнов. – Номи аминро Сич мегӯӣ? Номи ӯ дар байни шумо ҳамин аст?
Рибак бошиддат фикр кард – вай гӯё ҳатто фамилия ва лақаби аминро нашунида буд.
– Ман намедонам. Шунидам, ки дар деҳа ӯро Петр мегӯянд.
– Ҳо, Петр.
Ба ӯ ҳамин тавр намуд, ки ин Портнов ким-чӣ хел каҷфаҳм аст, вале ҳамон замон пай бурд: муфаттиш ӯро саргум кардан мехоҳад.
– Хӯш, хӯш. Яъне, аслат аз куҷо буд? Аз Могилев?
– Аз назди Гомел, – пуртоқатона ислоҳ кард Рибак. – Райони Речитск.
– Фамилия?
– Аз они кӣ?
– Аз они ту?
– Рибак.
– Боқии даста куҷост?
– Дар ... ҷангали Борковск.
– Чанд километр то он ҷо? – Аз ин ҷо?
– Набошад, аз куҷо буд?
– Аниқ намедонам. Ягон ҳаждаҳ километр будагист.
– Дуруст мебарояд. Кадом деҳаҳо ҳамсоя?
– Деҳаҳо. Дегтерня, Уляновск. Ва боз чӣ буд номаш... Драгуни.
Партнов бар коғази дар наздаш хобида нигарист.
– Шумо бо ин зан... Окун Авгиня чӣ алоқа доред?
– Бо зани Демян? Ба Худо,ки ҳеҷ хел. Ҳамин хел даромадем, ки пинҳон шавем, хӯрок хӯрдем ба болояш бачаҳои шумо...
– Бачаҳо зер карда даромаданд! Қанд зананд бачаҳо! Хуш, мегӯӣ, ки ҳеҷ хел?
– Росташ, ки ҳеҷ хел. Авгиня ҳеҷ муносибат надорад.
Муфаттиш аз паси миз бардамона ҷаста бархост, бо оринҷҳояш шимашро ба миён боло бардошта монд.
– Гуноҳ надорад? Шуморо бошад, қабул кард? Дар зершервонӣ пинҳон кард? Чӣ, ба хаёлат киро пинҳон карданашро намедонист? Аъло медонист! Паноҳ мекард. Яъне, аз рӯи қонунҳои замони ҷанг ба ин кор чӣ бояд кард?
Рибак барои ин аз рӯи қонунҳои замони ҷанг чӣ карданашро аллакай медонист ва фикр кард, ки беҳтараш акнун аз мақсади дастнорасии муҳофизати зани Демян даст кашидан лозим аст. Маълум буд, ки аз ҳар кадоми чунин кӯшиш муфаттиш дар ситез мешавад, дар қаҳр меояд ва ӯ қарор кард, ки дигар ӯро ба ғазаб наорад. Дар ҳоле, ки худ чӣ хел халос шуданатро намедонӣ, ғами зани Демянро чӣ мехӯрӣ?
– Хӯш, хуб! – муфаттиш ба назди тиреза рафт ва бо пошнаи пояш бардамона ба сӯи ӯ тоб хӯрд: дастони ӯ дар киссаҳои шимаш ва пиҷакаш рӯи сина калон кушода буд. – Мо ҳоло боз гуфтугӯ мекунем. Вале умуман бояд эътироф кунам, ки ту ҷавони бофаҳм ҳастӣ. Эҳтимол, мо ҳаётатро нигоҳ дорем. Чӣ, бовар намекунӣ? – муфаттиш тамасхуромез писханд зад. – Мо метавонем. Шӯроҳо ҳеҷ чизро наметавонистанд. Мо бошем, қатл карда ҳам метавонем, бахшида ҳам, албатта, кӣ буданашро дида. Фаҳмидӣ?
Вай ба Рибак наздик омада, қариб ҷафс шуд ва ӯ ҳис кард, ки пурсиш, эҳтимол дар ҳамин ҷо тамом мешавад ва бо эҳтиром аз миз бархост. Муфаттиш то китфаш буд ва Рибак фикр кард, ки ин ношудро бо осонӣ буғӣ карда мекушт. Вале ӯ ҳамин тавр фикр карда, аз ин фикри бемаънии худ қариб ба тарс афтод ва бо садоқати сохта ва чашмони зинда ва сарди сардоронаи полис нигоҳ кард.
– Хӯш, ки бошад! Ту ба мо ҳамаашро нақл мекунӣ. Мо ҳамаашро тафтиш мекунем, хаёл накун, ки... Дурӯғ нагӯӣ – ҳаётатро нигоҳ медорем, ба идораи полис медароӣ, ба Германияи бузург хизмат мекунӣ...
– Ман? – бовар накард Рибак.
Ба назараш чунин намуд, ки фарш дар зери пояш ҷунбида, деворҳо аз ҳам дур шуда, ин бинои ифлос васеъ шуда бошад. Дар як лаҳзаи саргарангӣ вай якбора дар худ озодӣ, фарохиҳо, ҳатто вазиши сабук ва ботаровати боди саҳроро ҳис кард:
– Бале, ту. Чӣ розӣ нестӣ? Метавонӣ, якбора ҷавоб надиҳӣ. Рав, фикр кун. Вале дар ёд дор: бурдӣ – бурдӣ, набурдӣ – мурдӣ – Гаманюк!.
Пеш аз он ки Рибаки ҳайратзада баъд аз ин чӣ шуданашро фаҳмида тавонад, дар кушода шуд ва назди остона ҳамон Стас пайдо гашт.
– Ба таҳхона!
Стас ба муфаттиш аблаҳона нигоҳ карда монд.
– Охир... Будила мунтазир.
– Ба таҳхона! – чиррос зад муфаттиш. – Чӣ ту кар ҳастӣ?
Стас ба ларза афтод.
– Явол ба таҳхона! Биттэ, марҳамат!
Рибак ҳамчунонки бо ниҳояти музтарибӣ даромада буд, ҳамон хел мебаромад, вале ин дафъа бо сабаби дигар. Ҳарчанд вай ҳамаи мураккабии воқеаи аз сар гузаронидаашро ҳоло пурра дарк накарда ва ояндаашро ҳам аз ин беҳтар намедонист, вале аллакай бо шодию хурсандӣ ҳис мекард, ки зиндагӣ мекунад! Имконияти зистан пайдо шуд – ин асосист. Ҳама боқимондааш – баъд.
– Пуққӣ, яъне мононда мешавад? – вақте ки онҳо ба рӯи ҳавлӣ баромаданд, аз остини нимпӯстинаш кашида монд Стас.
– Ҳа, мононда мешавад! – бо қатъият гуфт Рибак ва нахустин бор ба чеҳраи зебо ва масхараомез пуртабассуми полис довталабона нигоҳ кард.
Ӯ бо овози гирифта, ки чун маъоси буз буд, хандид.
– Халос намехӯрӣ! Медиҳӣ! Ихтиёрӣ, вале, албатта, рӯдаю ишкамбаатро бароварда мепартоям!
«Аблаҳ аст ё худро ба нодонӣ мезанад?» – андешид Рибак. Вале Стас акнун ӯро кам ба ташвиш меандохт: ба ӯ ҳимоятгар пайдо шуд.