13

Сотниковро беқувватиаш наҷот дод: ҳамин ки Будила ба қин сар кар, вай зуд аз ҳуш мерафт. Ӯро об пошида ба ҳуш меоварданд, вале ба муддати он қадар дуру дароз не, шуури ӯро боз сиёҳӣ пахш мекард, ҷисми ӯ на тасмакориҳо, на амбурҳои махсуси пӯлодиро, ки Будила бо онҳо аз ангуштони ӯ нохун меканд, ҳис намекард. Қариб ним соат ҳамин хел беҳуда гирумон карда, ду полис Сотниковро аз хона кашола карда бароварданд ва ба ҳамон таҳхона, ба назди амин партофтанд.

Вай чанд муддат дар болои пахол ба либосҳои аз об тар ва панҷаҳои хуншори дастонаш ором хобида, паст-паст менолид, ӯ гоҳ ба ҳуш меомад, гоҳ беҳуш мешуд. Вақте ки дар паси дар садои қадами полисҳо хомӯш гардид, Петри амин ба назди ӯ бо зонуҳояш хазида омад.

– Вай – вай! Ман нашинохтаам ҳатто. Ана чӣ кор кардаанд...

Сотников дар назди худ овози наверо шунид, ки ба гӯшаш шинос расид, вале шуури ранҷу азиятдидааш дигар қудрат надошт, кӣ будани он касро аниқ кунад. Муносибати он кас ба ӯ дилгармона барин буд, Сотников инро аз овози ӯ ҳис кард ва хоҳиш намуд:

– Об!

Шунида мешуд, ки он кас хест он қадар сахт набошад ҳам, боисрор дарро кӯфт.

– Падарлаънатҳо! Ҳеҷ кас намешунавад.

Сотников қувваи идрокаш суст шуда бошад ҳам, фаҳмид, ки дар ин ҷо ёрие намебинад ва ӯ ба оғӯши беҳушии худ фурӯ рафта, бо азобу ранҷҳои худ танҳо ба танҳо монда, дигар чизе хоҳиш накард. Дилаш аз ташнагӣ якзайл месӯхт. Атрофашро ким-чӣ хел тумани ғафси тафсон печонда гирифта буд ва Сотников то даме ки дар назди девор чоҳи занҷираш сатилдорро надид, аз байни ин туман бо пойҳои бемадор кашола шуда мерафт. Бо ҳамин хел дастони беҳолу бемадор, ӯ ин сатилро ба чоҳ партофт, ки баногоҳ аз қаъри сиёҳи он пишакбачаҳои чобук бо изтироб фиххас зада ба ҳар тараф давида рафтанд. Сотников пишакҳоро тоқати дидан надошт ва аз тарс як қад парида, худро аз тахтаи чоҳ дур гирифт ва оҳиста-оҳиста ба худ меомад. Сипас, чӣ тавр шуд, ки ӯ дар кӯчаи шаҳрчаи пешазҷангиашон пайдо шуда, дар наздаш Редкин, ординаретси дерини худро дида монд, ки якчанд қумқумаҳои пуроби тарро гирифта мебурд. Сотников ба яке аз қумқумаҳо чанг андохт, вале қумқума дар дасти ӯ ҳамон замон ба сумкаи зиди газ бадал шуд, аммо дар сумка об аз куҷо...

Чанд вақти дигар мунтазир шуда, ба вай ҳар чӣ бошад ҳам,  дегчаи пуробе оварданд ва дуру дароз, бо азоб нӯшид, аммо об гарм, бемазза буд, ташнагиро намешикаст, меъдаро фақат нохушона пур мекарду бас. Ин нӯшидани боҳирс ба ӯ сабукӣ наовард, фақат азобашро сахттар кард, дилаш беҷо шудан гирифт. Офтоби нимрӯзӣ сахт метафсонд, ба хандақе, ки ӯ меистод, аз ҳар тараф шохчаҳои хушк, алафи халанда, реги тафсон мерехт. Ташнагии ӯ қадаре ҳам нашикаста буд, ки аз паҳлу садои роҳбари тирпаронӣ полковник Логинов шунида шуд: «Зудтар! Зудтар!» Ин Сотниковро ҳам ба ҳайрат андохту ҳам ба ташвиш: чӣ тавр ҳангоми тирпаронӣ ба обнӯшӣ машғул шуданаш ба назараш аҷиб намуд? Вай тарсид, ба суръати фармон, ки ба иҷрояш шаш – даҳ сония лозим буд,  расидагӣ карда наметавонад ва эҳтимол, ҳоло аз як дақиқа гузашта бошад.

Баъд пеши чашми вай хира мешуд, шуурашро чизҳои бемаънӣ фаро мегирифт, аз паси он тасвирҳои ғароиби равони  лағжанда, ки азобҳои бе ин ҳам тоқатшикани ӯро сахттар мекарданд, базӯр менамуданд...

Вақте ки Рибакро боз ба таҳхона оварданд, Сотников дар рӯи пахол чун мурда сар то пояш бо шинел пӯшидагӣ ором мехобид. Рибак дарҳол дар паҳлуи ӯ нишаст, бари шинелро бардошта кушод, дасти ӯро дуруст кард. Панҷаҳои шикастаи Сотников бо лаккаҳои хун ба ҳам часпида буданд ва ӯ аз фикри он ки бо ӯ ҳам ҳамин тавр карданашон мумкин буд, ба даҳшат афтод. Дар дафъаи аввал ҷазо ба кадом сабабе бошад, ба ӯ нарасида гузашт. Вале пагоҳ чӣ мешавад?

– Йигит, дар ин ҷо ... об даркор.... – ҳангоми дарро қулф кардани Стас аз кунҷак гуфт Петр.

– Ман ба ту йигит не, балки ҷаноби полис! – бо қаҳр эрод гирифт Стас.

– Бигзор полис. Мебахшед. Одам мемирад.

– Ҷазои роҳзан ҳамин. Ҷазои ту ҳам.

Дар раъд барин гулдурросзанон пӯшида, атроф торик шуд, Петр оҳ кашида, ба рӯи пахол дар кунҷак нишаст.

– Даррандаҳо!

– Оҳиста! – гуфт Рибак. – Мешунаванд.

– Бигзор шунаванд. Аз чӣ метарсем, акнун...

Дари берун ҳам пӯшида шуд, дар зинаҳо садои қадами полис хомӯш гардид. Ҳама ҷо ниҳоят ором шуд ва на он қадар дуртар, дар таҳхона паст-паст гиристани касе ба гӯш расид, ки кӯтоҳ-кӯтоҳ фиқ-фиқ мекард, даме хомӯш мешуд, эҳтимол, кӯдак ё зан буд. Сотников дар болои пахол ҳоло ҳам беҳуш буд ва ким-чӣ гуфта садо баровард.

– Ҳа-а, инро зада афгор кардаанд. Зинда мемонда бошад? – гуфт Петр.

Рибак фикр кард: «Зинда монданаш гумон аст». Ва баногоҳ ӯ хурсандона ва фавқулодда аниқ дарёфт: агар Сотников мирад, он вақт имконияти Рибак хеле беҳтар мешавад. Вай чизеро, ки хоҳад, гуфта метавонад, дар ин ҷо шоҳиди дигар намемонад.

Албатта, ӯ ниҳояти ноодамона будани ин кашфиёти худро мефаҳмид, аммо ҳар қадар андеша кунад, боз ба ҳамин фикр бармегашт, ки ин тавр, ба Рибак ва ба худи Сотников, ки пас аз ҳамаи ин ҳодиса зинда монданаш гумон аст, беҳтар мешавад. Эҳтимол, Рибак халос ҳам шавад ва он вақт, бешубҳа, бо ин разилон барои ҳаёти ӯ ва барои тарс хӯрданҳои худ ҳисобӣ хоҳад кард. Вай ба онҳо ҳаргиз асрори партизанҳоро гуфтанӣ, зиёда аз ин, ба полис даромаданӣ набуд, ҳарчанд мефаҳмид, ки гардан тофтан он қадар осон намешавад. Аммо барои ӯ вақтро кашол додан муҳим – ҳамааш аз он вобаста буд, ки ӯ чанд рӯз дар ин таҳхона истодагӣ карда метавонад.

Сотников вазнин ва бо хиррос, кам-кам нолиш карда, нафас мекашид ва Рибак фикр кард, ки: не тоб оварда наметавонад. Дар ин ҷо бо саломатии қавӣ даррав корат тамом мешаваду ӯро чӣ тобу тавонест!

– Мебинам, ки бахти ту бештар тофтааст, – бо андеша ва гӯё маънидор ишора кард мӯйсафед.

Ин суханони вай ба Рибак нофорам расиданд – чӣ кор дорӣ? Аммо ӯ оромона ҷавоб дод:

– Насиби ман дар пеш аст.

– Дар пеш буданаш аниқ. Онҳо ҳамин тавр намегузоранд.

Рибак хусуматомез ба кунҷак нигарист – аз пешгӯиҳои номатлуби ин одам худро ноҳинҷор ҳис мекард: ӯ аз куҷо медонад, авф мекунанд ё не? Ӯ аз санҷиши махсусе мегузашт, ки ҳисоби дигар дошт ва ба қувваи хайроти он қариб бовар карда буд ва мекӯшид, ки ҳамаашро муфассалтар мулоҳиза кунад.

Вале, аз афташ, ин ҷо барои андешаҳои дуру дароз он қадар мувофиқ набуд: ҳамин ки вай ба мулоҳизаи ташвишҳои худ машғул шуд, боз дар зинапояҳо тақ-тақи пошнаҳо сар шуданд. Садои қадамҳо дар назди таҳхона хомӯш шуд, ғалақаи дар шақаррос зад ва дар назди остона ҳамон Стас пайдо гашт.

– Бигир, об! Зудтар! Ин роҳзан то пагоҳ най барин бошад! Ту, мӯйсафеди беимон, марш ба назди Будила!

Рибак изтироби дар дилаш аланга гирифтаро хомӯш карда, аз дасти полис қумқумаи доирашакли оби хунукдорро гирифт. Петр аз кунҷак ба Стас мутаҳайир нигоҳ мекард:

– Барои чӣ буданашро намедонӣ?

Полис бо шодии ҳақиқӣ қаҳқос зад:

– Медонам: рустшаваконбозӣ мекунед. Канӣ, зудтар!

Мӯйсафед бо вазнинӣ аз ҷой бархост, аз фарш пӯстинчаашро гирифт ва сарашро хам карда, аз таҳхона баромад. Дари вазнин бо ҳамон тараққоси пешина сахт пӯшида шуд.

Рибак ба зонуяш хеста, Сотниковро ҷунбондан гирифт. Аммо вай фақат нолиш мекард. Пас аз ин вай бо як дасташ қумқумаро хам карда, бо дигараш сари Сотниковро андаке бардошта, ба даҳони ӯ каме об рехт. Сотников ларзид, вале ҳамон дам лабони шахшӯлашро ба лаби қумқума часпонд, бо хастагӣ ва мушкилӣ чанд қулт нӯшид.

– Кист ин?

– Ин ман. Аҳволат чӣ тавр? Беҳтар?

– Рибак? Туӣ? Боз деҳ.

Рибак аз нав сари ӯро бардошта истод – Сотников дандонҳояшро ба қумқума шараққос занонда, боз нӯшид ва ба рӯи пахол дароз кашида, наҷунбида хоб рафт.

– Чӣ, бисёр азоб доданд? – пурсид Рибак.

– Ҳа, додар, хеле, – нафасашро сар дод Сотников.

Рибак ғамхорона шинели ӯро дуруст кард ва бо тахтапушташ ба девор такя дода, нафасгирии баланд–баланди рафиқашро, ки кам-кам ҳамвор мешуд, хотирпарешона гӯш медод.

– Хайр, аҳволат чӣ тавр?

– Акнун хуб. Беҳтар. Туро чӣ?

– Чӣ?

– Заданд?

Ин савол Рибакро дар ғафлат дарёфт. Вай ба рафиқаш чӣ тавр кӯтоҳакак фаҳмонданашро намедонист, ки чаро ӯро қин накарданд.

– Не, на он қадар.

Сотников чашмонашро пӯшид. Рӯи кулфаткашида, хокистарӣ ва ришаш расидаи ӯ дар нимторикӣ дар рӯи пахоли хираранг базӯр намудор мешуд. Қафаси синааш хиррос мезад. Ва ин вақт ба фикри Рибак расид, ҳоло ки чунин имконият ҳаст, оид ба пурсишҳои минбаъда бо ӯ ба баъзе қарорҳо омадан даркор аст.

– Гӯш кун, ман онҳоро фиреб медодагӣ барин, – ба  болои рафиқаш хам шуда, пичиррос зад ӯ. Вай бо ҳайрат чашмони худро кушод – сафедии васеи чашмонаш дар акси равшанӣ хира–хира дурахшиданд. – Фақат ба мо як хел гапро гуфтан даркор аст. Пеш аз ҳама – барои хӯрокӣ мерафтем. Деҳа оташ задагӣ, ба Лесини омадем, ва...

– Ман ба онҳо ҳеҷ чиз намегӯям – сухани ӯро бурид Сотников.

Рибак гӯш дод, оё касе дар наздикӣ нест. Аз афташ, ҳама ҷо ором буд. Фақат аз боло, рост ба болои таҳхонаи онҳо садоҳо ва қадаммониҳо ба гӯш мерасид. Вале аз боло овози ӯро намешунаванд.

– Мон, аблаҳӣ накун. Баъзе чизҳоро гуфтан даркор. Давомашро гӯш кун. Мо аз гурӯҳи Дубовой, ӯ ҳоло дар ҷангали Борковск. Бигзор тафтиш кунанд.

Сотников нафасашро нигоҳ дошт:

– Дубовой дар ҳақиқат дар ҳамон ҷо-ку.

– Хайр чӣ?

Рибак ба қаҳр меомад: ин қадар одами якрав, кор ба сари ин аст магар! Бешубҳа, Дубовой бо гурӯҳи худ дар ҷангали Борковск мебошад, вале аз он ки онҳо қароргоҳи ӯро ном мебаранд, ҳоли ӯ бадтар намешавад – полисҳо то ӯ расида наметавонанд. Аммо боқии дастаи онҳо дар ҷои боэътимод аст.

– Гӯш кун! Ту маро гӯш кун. Агар мо онҳоро фиреб надиҳем, ҳила ба кор набарем, он гоҳ пас аз ягон ду рӯз корамон тамом. Фаҳмидӣ? Мо онҳоро камтар бозӣ доронданамон даркор. Риштаро ба зӯри беҳуда кандан даркор нест.

Ҳушёр шудан, ором гирифтан, паст шудани нафасгирии Сотников маълум буд, вай гӯё чизеро мулоҳиза мекард.

– Ҳеҷ фоида надорад, – ниҳоят гуфт ӯ.

– Чӣ тавр фоида надорад? Пас чӣ дорад? Мурдан ниҳоят осон аст.

«Ин қадар аблаҳ аст ин» – фикр кард Рибак. Ин тавр гарданшахии беақлонаро ӯ мунтазир набуд. Худаш, ки бо як пояш дар лаби гӯр истодааст, ба ӯ дигар ҳеҷ чиз фарқ надорад. Ҳатто мағзашро каме ҷунбондан намехоҳад, ки рафиқашро аз паси худ кашола карда набарад.

– Гӯш кун ту, – каме хомӯш монда, бо сӯз пичиррос зад Рибак. – Мо онҳоро аз биниашон кашола карда бурданамон даркор аст. Чунонки моҳиро дар шаст, мефаҳмӣ. Дар акси ҳол сахттар мекашӣ, канда мекунӣ – ҳама барбод меравад. Худро мутеъ вонамуд кардан лозим. Медонӣ, ба ман ба идораи полис даромаданро пешниҳод карданд, – ба ғайри хоҳиши худаш гуфт Рибак.

Пилкҳои чашми Сотников ларзиданд, чашмонаш аз диққати ниҳонӣ пуризтироб дурахшиданд.

– Ана чӣ тавр? Хайр, чӣ мекунӣ, – давида меравӣ?

– Давида намеравам, натарс. Ман бо онҳо савдо мекунам.

– Ҳушёр бош, ба савдо наравӣ, – нешдор карда гуфт базӯр Сотников.

– Хайр, чӣ бояд кард, нобуд шуд? – баногоҳ бо қаҳр фарёд зад Рибак ва зери лаб ҳақорат дода, хомӯш шуд. Хайр, чӣ шавад, шавад! Нахоҳад – кори ӯ, аммо Рибак, то охир барои худ мубориза мебарад.

Ё аз изтироб ё аз бетобӣ бошад, ки нафаскашии Сотников мушкилтар шуд; кӯшиш кард, ки сулфад – синааш монанди тоба фашшос зад ва Рибак тарсид: оё мурда истодааст? Вале ӯ намемурд ва ба зудӣ нафасашро рост карда, гуфт:

– Беҳуда ба ифлосӣ медароӣ! Шарафи армияи сурхро ба шармандагӣ мебарӣ. Онҳо моро зинда сар намедиҳанд.

– Кӣ медонад. Агар кӯшиш шавад...

– Барои кӣ кӯшиш шавад? – худро аз даст дода, бо ғазаб гуфт Сотников ва нафастанг шуд. Лаҳзае вай бо азоб сулфид, баъд баланд–баланд нафас гирифт, пас аз он бо овози баногоҳ рӯҳафтода гуфт: – Охир, онҳо туро ба идораи полис барои картабозӣ даъват намекунанд-ку.

«Албатта, барои картабозӣ не», – дар дил розӣ шуд Рибак. Вале ӯ ба ин бозӣ барои он мерафт, ки дар он ҳаёташро барад – оё худи ин кам аст, ҳатто барои хатарноктарин бозӣ? Он вақт худаш маълум мешавад, фақат накушанд, дар истинтоқҳо азоб надиҳанд. Фақат аз ҳамин қафас халос ёбад, вай ҳеҷ кори бадро ба худ раво нахоҳад дид. Магар ӯ ба одамони худӣ душман аст?

– Натарс, – гуфт ӯ. – Ман ҳам он қадар гӯлу гумроҳ не.

Сотников хандаи кӯтоҳаки сохта кард.

– Сода! Бо кӣ хаёли зӯрозмоӣ дорӣ?

– Ана мебинӣ.

– Ин машина аст, охир! Ё ту ба он хизмат мекунӣ, ё он туро реза-реза карда мепартояд! – нафастанг шуда гуфт ӯ.

– Ман ба онҳо чунон хизмат мекунам, ки!

– Сар, ки кардӣ!

«Не, бо ин гапа пазонда намешудагӣ барин, бо ин одами сода», – фикр кард Рибак. Ин одам ҳамчунон дар назди марг дар ҷои аввал гарданшахии худ, ким-чӣ хел меъёрҳои худро мегузорад, умуман ҳамаи гап дар хулқу атвор аст, ҳамин хел фикр мекард Рибак. Вале, охир, ба кӣ маълум нест, дар ин бозие ки ҳаёт ном дорад, бештар аз ҳама касе мебарад, ки бисёртар маккорӣ кунад. Дигар чӣ тавр ҳам мешавад? Дар ҳақиқат, фашизм мошинаест, ки ними ҷаҳонро дар зери чархҳои худ маҷақ кардааст, оё дар назди он истода дастони холиро ба ҳар тараф алвонҷ дода мешавад? Эҳтимол, боақлонатараш он аст, ки ба он аз паҳлу наздик шавӣ ва ба мобайни чархҳои вай ягон найзаи дарозро халонӣ. Бигзор, вай фишор хӯрда, дар ҷояш чарх занад, то имконият пайдо шавад, ки оҳиста ба назди худиҳо гурезӣ.

Сотников хомӯш монд ва ё, эҳтимол, беҳуш шуд ва Рибак ҳам гуфтугузори худро ба вай қатъ кард. Бигзор, вай чӣ тавр хоҳад, ҳамон тавр рафтор кунад, ӯ, Рибак, бо ақли худ кор мекунад.

Ӯ ба паҳлу хобид, пояшро кашида, ба худ ҷафс кард, гиребони нимпӯстинро болотар бардошт. Ҳоло ки фурсат мебардорад, барои равшан шудани фикр камтар ғанаб кардан бад набуд, чунки ба зудӣ, эҳтимол, имкони хоб намешавад. Бо вуҷуди ин, вай ба ситораи бахти худ бовар дошт ва оҳиста-оҳиста ба ҳамин қарор меомад, ки муносибати вай бо полисҳо равиши дуруст пайдо кард, онро нигоҳ доштан зарур аст. Фақат агар Сотников бо гарданшахии бемаънии худ ҳамаи нақшаҳои вайро барбод надиҳад. Вале, аз афташ, Сотников дер кашида наметавонад. Дар бораи марги ҳар чӣ зудтари рафиқи худ фикр кардан ҳам ҳайратангез ва ҳам нафратангез буд. Вале дигар тарз намешуд. Вай ягона роҳи халосии худро аз ин дом дар марги ӯ медид.

Рибак ба фикр рафта, чӣ тавр боз аз нав болои мӯзааш оҳиста харошида гузаштани чизи зиндаро ба зудӣ ҳис накард. Вай пояшро тела дода, баногоҳ калламушро баралло дид – он лӯндачаи хокистарранг ба тарафи девор тохт ва дар он ҷо ором гирифт; думи дарози борикаш боэҳтиёт ба рӯи пахол дароз шуд. Рибак як ларзида, ба он ҷо бо пошнааш зад – калламуш чийғоси борик кашида, чобукона худро ба кунҷак гирифта, пинҳон шуд. Рибак аз хишир-хишири оромонаи аз таги пахол мерасида фаҳмид, ки вай дар он ҷо танҳо нест. Эҳтимол, ба он ҷо ягон чизро ҳаво додан даркор буд, вале дар зери даст ҳеҷ чизи  мувофиқ набуд ва Рибак аз сар телпакашро гирифта, ба кунҷак ҳаво дод.

Вақте ки дар он ҷо хомӯшӣ барқарор шуд, вай барои телпакашро гирифтан гавак кашида рафт ва боз тахтапушташро ба девор такя дода, нишаст. Ҳамин бошад ҳам вай дигар хобида наметавонист, нишаста ба кунҷаки калламушдор бо ҳароси номуайяни кароҳатнок менигарист.