14

Петрро на ба зудӣ, ҳангоми ғубури офтоб, вақте ки дар таҳхона торикӣ ғафстар мешуд ва равзан аз дурахши беҳоли рӯзи сармо базӯр равшанӣ мекард, оварданд. Дар назди дар ҳам, дар аснои кушода шуданаш он равшании пешина набуд – амин сари сафедашро хам карда, аз остона қадам монд ва ба кунҷак ба ҷои аввалаи худ гузашт.

Полис барои дарро пӯшидан шитоб намекард ва Рибак дар таги девор дардомез ғунча шуда, мекӯшид, ки илоҷе карда дар торикии ин таҳхонаи бадбӯй нопадид шавад. Ҳарчанд ӯ мефаҳмид, ки ин аз полис ҳеҷ вобастагӣ надорад, вале ин дафъа боз ӯро ҷеғ заданашон ба ӯ даҳшатовар буд. Вале ҳеҷ касро ҷеғ назаданд, ниҳоят дар маҳкам шуд, ғалақаи он шараққос кард. Полис ин дафъа ким-кадом каси дигар – Стас набуд, ба тарафи зинапоя раҳсипор нашуд: вай дар долон ба сӯи дигар қадам монда рафт. Ба зудӣ дар дарунтари таҳхона ғалақаи дигар садо баровард, садои гирифтаи фарёд ва гиряи кӯтоҳи зан паҳн шуд.

Ин дафъа занро мебурданд.

Ҳамин ки дар таҳхона ҳама хомӯш шуд, Рибак худро кам-кам ба даст мегирифт. Чӣ илоҷ, бадбахтӣ ҳоло ба ӯ нарасида гузашт ва ба дигаре даррасид ва ин чунонки доимо дар ҷанг аст, ба ҳамааш нигоҳ накарда, ба ӯ оромӣ мебахшид. Гӯё ин ба ӯ имкони иловагии зинда монданро медод.

Рибак бо амин заррае ҳам хоҳиши гуфтугӯ карданро надошт, аминро ҳам, аз афташ он қадар ба ҳар ҳол Сотников барин, азоб надода буданд. Вале ин ҳолати ӯ, ки вай як калима ҳам гап назада, дар кунҷаки торики худ бегонавор хомӯш монд, Рибакро ба ташвиш андохт.

– Чӣ тавр? Гузашт? – қасдан хушҳолона пурсид Рибак.

Петр пас аз таваққуфи начандон дароз бо овози ношод ҷавоб дод:

– Не, акнун ба хушӣ намегузарад. Корамон бад аст.

– Аз ин бадтар намешавад, – розӣ шуд Рибак.

Амин бинӣ афшонд, аз рӯи одат мӯйлабашро сила кард ва ба ҳеҷ кас муроҷиат накарда, гӯё дар рафти гап хабар дод:

– Ташвиқ мекарданд, ки аз шумо сир гирам. Дар бораи даста ва боз баъзе чизҳо.

– Ҳоло ҳамин тавр! – гуфтугӯи ба наздикӣ бо Сотников кардаи худро ба ёд оварда, нохушона ба ҳайрат омад Рибак.

– Яъне, ҷосусӣ кардан?

– Ба ҳамин монанд. Шастуҳафт сол зиндагӣ кардаму акнун дар дами пирӣ ба ин хел кор... Не–е, ин кор аз дасти ман намеояд.

Дар шафат, дар рӯи пахол Сотников ким-чӣ хел аз тарс ларзида, ба оринҷҳояш нимхез шуд.

– Кист ин?

– Ҳо, ҳамон, амини Лесини, – бо рӯҳафтодагӣ гуфт Рибак.

Бо ҳамин гуфтугӯ қатъ шуд, Рибак ва Петр ҳар кадоме дар кунҷҳои худ хомӯш монданд. Нурҳои равзан ҳам хомӯш шуда, он дар зери сақф, ки бо панҷара ба чаҳор чоркунҷаи баробар тақсим шуда буд, базӯр метофт. Дар таҳхона торикӣ ҳукмфармо шуд. Ҳеҷ кас гап задан намехост, ҳар кас ба хаёлҳои ношоди худ фурӯ рафта буд.

Ва дар ин асно аз зинапояҳо боз шарфаи поҳо расиданд, дари берун кушода шуда, банохост баланд шараққос задани ғалақаи таҳхонаи онҳо ба гӯш расид. Онҳо ҳама гӯшу ҳуш шуданд, чунонки дар ин гуна ҳолатҳо рӯй медиҳад, ҳама аз як савол дар ташвиш буданд: барои кӣ омада бошанд? Бо вуҷуди ин ҳоло, аз афташ, ҳеҷ касро намебурданд – бараъкс касеро ба ин таҳхона оварданд:

– Канӣ, марш!

Касе ки дар торикӣ наменамуд, қариб бесадо аз дар гузашта, дар остона, дар пеши пои Рибак қарор гирифт. Ҳангоме ки дар тараққосзанон пӯшида шуд ва полис ҳуштаккашон ғалақаи дарро андохт, Рибак ба торикӣ муроҷиат кард:

– Кист он ҷо?

– Ман.

Садои кӯдак, ин ҳамоно маълум шуд, – пайкари хурдакаки маҳбуси нав дар назди дар ҷо гирифта, хомӯш буд.

– Кӣ ту? Номат чӣ?

– Бася.

«Бася? Кадом Бася? Гӯё ягон яҳудист, вале ин духтарак аз куҷо пайдо шуд?» – ба ҳайрат омад Рибак. – «Ҳамаи яҳудиҳои ин шаҳрчаро ҳанӯз тирамоҳ несту нобуд карда буданд, гӯё дар ҳеҷ ҷо касеро боқӣ нагузоштаанд – ин духтарак чӣ тавр ба ин ҷо омадааст?! Ва чаро ӯро ба таҳхонаи онҳо оварданд, на ба назди зани Демян?».

– Ту аз куҷо? – пурсид Рибак.

Духтарак хомӯш буд. Он гоҳ вай чизи дигарро пурсид:

– Чандсола ҳастӣ?

– Сездаҳсола.

Дар кунҷак, оҳи вазнин кашида, Петр ба ҷунбиш омад.

– Ин духтарчаи Меери кӯҳнадӯз аст. Туро истинтоқ карданд?

– Ҳа, – оҳиста тасдиқ кард духтарча.

– Он вақт Меерро ҳамроҳи ҳама несту нобуд карданд. Ҳамин... як духтарчааш саломат мондааст. Мо акнун бо ту чӣ кор мекунем, Бася...  Ва Петр боз оҳи вазнин кашид.

Рибак баногоҳ рағбати худро ба духтарча гум кард, ӯро чизи дигар ба ташвиш андохт: чаро духтарчаро ба ин ҷо оварданд? Дар таҳхона эҳтимол, боз ҷой буд – дар қарибиҳо занҳо менишастанд, – барои чӣ духтарчаро ба назди мардҳо шинонданд? Ин чӣ маъно дорад?

– Онҳо аз ту чӣ талаб мекарданд? – пас аз хомӯшӣ оҳиста аз Бася пурсид Петр.

– Гӯям, ки боз дар хонаи кӣ пинҳон шудаам?

– Ҳо – о, ҳамин тавр! Хайр, чӣ илоҷ... Ҳамин тавр. Ту нагуфтӣ, охир?

Бася пинҳон гашта ва гӯё шах шуда бошад, хомӯш буд.

– Ва нагӯй ҳам, – таваққуф карда, маъқул донист Петр. – Дар ин бора гуфтан мумкин нест. Кори ман, албатта, тамом, ту бошӣ, дар бораи дигарҳо хомӯш бош! Агар зананд ҳам. Ё туро аллакай заданд?

Ба ҷои ҷавоб аз кунҷак баногоҳ фиқ-фиқ ва пас аз он гиряи гирифта ва дардомез ба гӯш расид. Вай кӯтоҳакак буд, вале бо ин гиря он қадар ноумедии ҳақиқии кӯдакона фурӯ рехт, ки авзои ҳамаи бошандагони таҳхона беҷо шуд. Дар болои пахол оҳиста нафасашро нигоҳ доштани Сотников шунида мешуд.

– Рибак.

– Ман дар ин ҷо.

– Дар он ҷо об буд.

– Чӣ, нӯшидан мехоҳӣ?

– Ба духтарча об деҳ! Чаро мешинӣ, охир?

Рибак дар таги девор қумқумаро палмосида ёфта, ба сӯи духтарча дароз кард.

– Гиря накун! Ма, бигир, бинӯш!

Бася қадре нӯшид ва мутеона дар назди остона хомӯш монд.

– Ин ҷо биё, – ҷеғ зад Петр. – Дар ин ҷо ҷой ҳаст, мешинем. Таг–таги девор биё.

Бася фармонбардорона хест ва дар торикӣ бо пойҳои бараҳнааш ношунаво қадам монда, ба сӯи мӯйсафед равона шуд. Вай ба ӯ ҷой холӣ карда, худро канортар кашид.

– Ҳа – а! Ба даст афтодем! Онҳо бо мо боз чӣ мекунанд.

Рибак хоҳиши гуфтугӯ надошт, хомӯш буд, дар шафат Сотников оҳиста-оҳиста нолиш мекард. Онҳо мунтазир буданд. Ҳамаи диққаташон ба зинапояҳо банд буд – бало аз он ҷо медаромад.

Ва дар ҳақиқат онро дер интизорӣ кашидан лозим нашуд.

Чоряк соат гузашта буд, ки аз рӯи ҳавлӣ овози ғазаболуде расид: «Роҳ гард, роҳ гард, манҷалақ! – ва ҷавоби аз он ҳам ғазаболудтар: «Илоҳо, туро ба дӯзах ҳамин хел давон баранд, нобакор!» – «Канӣ, тезтар, набошад, чунон мефурорам, ки!..» – ғуррос зад садои мардона. Дар зинапояҳо қадам мезаданд, ҳақорат медоданд –  шубҳае набуд; зани Демянро аз истинтоқ меоварданд.

Барои чӣ, ӯро ҳам ба таҳхонаи пешина кашола карда набурданд – полисҳо дар назди дари онҳо истоданд, ғалақаро шарақ-шуруқкунон кушоданд ва худи ҳамон Стаси ба онҳо нағз шинос зани Демянро аз болои остона сахт тела дод. Зан пешпо хӯрд, ба болои пойҳои Рибак афтод ва дар торикӣ бо овози баланд дуои бад кард:

– Куҷо тела медиҳӣ, разил! Дар ин ҷо мардҳо – ку, вой, худоҷоне!

– Даро, даро! Бало намезанад туро! – дӯғ зад Стас. – То пагоҳӣ меистӣ!

– Пагоҳӣ чӣ мешавад? – баногоҳ пурсид Рибак, ки ӯ дар суханони полис ким-чӣ хел ишораро ҳис карда буд.

Стас, ки аллакай дарро мепӯшид, онро аз нав кушода, ба даруни таҳхона бо ғуррос гуфт:

– Пагоҳӣ гросс аллес капут! Фарштэй?

«Капут? Чӣ тавр капут?» – бо изтироб аз шуури барошуфтаи Рибак гузашта рафт. Вале маънои ин калимаи кӯтоҳ барои дуру дароз шубҳа кардан ниҳоят аниқ буд. Ва ин аниқии сухани ӯ тир барин ба сараш зад.

– Яъне, пагоҳ тамом!

Рибак қариб худашро ҳис накарда, бешуурона пойҳояшро ғундошта, ба зан, ки то ҳол фиқ-фиқ гириста, бинӣ афшонд, сипас ба оҳ кашидан сар карда, ором мешуд, дар назди остона ҷой дод. Лаҳзае онҳо ҳама хомӯш монданд, пас аз он Петр дар кунҷаки худ андешамандона гуфт:

– Ба даст, ки афтодем, чӣ илоҷ. Тоқат кардан даркор. Ҳамшира, ту аз куҷо мешавӣ?

– Ман? Аз Поддубя, агар донед.

– Чаро надонам, медонам. Зани кӣ мешавӣ?

– Зани Демян Окун.

Рибак дар зери девор кӯшиш мекард, ки бо ягон илоҷ аз ҳисси пешакии нохушиҳо халос шавад ва ба зани Демян гӯш дод. Вай бо гуфтугӯ худро ошкор намудан намехост, ба замми он ки зани Демян, эҳтимол, ӯро дар торикӣ нашинохта бошад. Онҳо бо хулқу атвори ҷанҷолии ин зан шинос буданд ва Рибак фикр мекард, ки ин зан ҳоло дар ин ҳолат афтода, бо онҳо бе ҳеҷ гуфтугӯ ҷанҷол сар карда метавонад ва барои ин сабаб ҳам дошт. Аммо вай кам-кам ором гирифт, боз як бори дигар бинӣ афшонд. Овози вай ба оҳистагӣ ҳамвор, муқаррарӣ мешуд, ҳамон тавр мешуд, ки вай бо онҳо дар деҳа гуфтугӯ карда буд.

– Ҳа – а, – оҳи баташвиш кашид Петр. – Демян дар аскарӣ...

– Ҳа. Демян дар ким-куҷо ҷафо мекашад. Ба ман, дар ин ҷо ҷафо мекунанд. Ана гирифтанд! Бачаякҳоро ба кӣ партофтанд? Онҳо дар он ҷо бе ман чӣ тавр бошанд? Вой, бачаякони азизи ман...

Ӯ ки ҳозир хомӯш шуда буд, боз гиря сар дод ва ин дафъа ӯро ҳеҷ кас ором намекард, дилбардорӣ намедод – ҳозир ғами ин кор набуд. Дар таҳхона суханони пурдаҳшати Стас ҳоло ҳам садо медоданд, он суханҳо ҳамаро пахш мекарданд, ба изтироб меандохтанд, ба азият кашидан  маҷбур мекарданд, магар ба ғайр аз амин, ки зоҳиран чун пештара ором ва андешаманд буд. Дар зимни ин зани Демян гӯё ки тамоми ғуссаашро гириста бошад, баногоҳ оҳ кашид ва акнун оромтар гуфт:

– Чӣ хел одамон – а! Ваҳшӣ барин! Бинед – а, ин Павка чӣ тавр шайтон шудааст!

– Патрнов магар?  – гапро давом дод Пётр.

– Ҳа. Ман ӯро аз муҷаррадию хушдориаш ёд дорам – он вақт Павка мегуфтанд. Баъд хонда муаллим шуд. Модараш дар деҳа зиндагӣ мекард, ҳар тобистон барои ширу себхӯрӣ меомад. Дида сер мешудам. Ҳамин хел меҳрубон буд, ҳама вақт «салом, салом» аз даҳанаш канда набуд, бо мардҳо даст дода, вохӯрдӣ мекард.

– Медонам Партновро, чӣ тавр надонам, – гуфт Пётр.

– Баъзан деҳ ба деҳ гашта бар зидди Худо ташвиқот мебурд. Чунон равон...

– Мурдор буд ӯ. Мурдор монд. Фақат ҳама намедонанд. Маданӣ!

– Ин полисча ҳам аз ҷойҳои шумо барин?

– Стас? Аз они худамон. Писари Филиппёнок. Кордкашӣ карда дар ҳабс менишаст, ҳамин ки ҷанг сар шуд, дар рӯзҳои аввал омад. Чӣ корҳое ки мекард–даҳшат. Дар шаҳрча ба яҳудиҳо чӣ ҷафоҳое ки мекард. Мекушт, мегӯянд. Он қадар чизу чора кашонд – худоё! Тамоми хонаашро пур кард. Акнун дасташ ба мои бечора ҳам расид.

– Ин, албатта, ҳамин тавр аст, – розӣ шуд Пётр. – Аз яҳудиҳо, ки сар карданд, бо мо тамом мекунанд.

– Қадашон лоиқи дор шавад, ин разилҳоро.

– Ман ҳамеша фикр мекунам, ки – нооромона ба ҷунбиш омад амин, – немисҳоро бигзор. Маълум, фашистҳо, одамони бегона, аз онҳо чиро чашм доштан мумкин. Ба одамони мо, ки ҳамроҳи онҳоянд, чӣ шудааст? Онҳоро чӣ хел фаҳмидан даркор аст? Мезист, мехӯрд, ба чашми мардум менигарист, акнун милтиқдор шуду аллакай парондан мехоҳад. Ва мепаронанд! Чӣ қадарҳоро паронданд, аллакай...

– Ӯ барин, номаш чӣ буд... Будилаи шумо! – худдорӣ карда натавониста, ба ёд расонд Рибак.

– Бисёр. Будила ва боз дигарҳояш кам аст магар? Ҳаминҷоиҳо ва боз ким-куҷоиҳои дигар. Шавқмандони роҳзанӣ. Чӣ илоҷ, акнун майдонашон васеъ аст, – бо овози гирифтаи ғафс бо оромӣ мулоҳиза меронд амини Лесини.

Чизе ба ёди зани Демян расид, ки ӯ саросема миёни суханро бурид.

– Гуфтагӣ барин, мегӯянд, Ходороноки онҳо, ки шаб маҷрӯҳ карда буданд, мурдааст. Илоҳӣ, ҳамаашон ҳаром муранд, ин нохалафҳо.

– Ҳамаашон намемуранд, – оҳ кашид Пётр. – Магар, ки одамони мо зада кушанд.

Дар рӯи пахол ҷунбида, сахт-сахт нафас гирифта, боз кӯшиши хестан кард Сотников.

– Шумо кай боз ин тавр фикр мекунед? – хиррос зад ӯ.

– Чӣ ҷои фикр аст, писарам? Ба ҳама равшан.

– Равшан мегӯед? Пас чаро шумо ба аминӣ розӣ шудед?

Хомӯшии ногуворе ба миён омад, ҳама ба ин саволи таҳдор диққат дода, лаб фурӯ бастанд. Ниҳоят Пётр ба кадом як ҳисси худаш ғолиб омада, баногоҳ бо овози ларзон гуфт:

– Ман розӣ шудам! Агар медонистед... Ин ҷо мавқеи гуфтанаш не. Ҳарчанд акнун... Ҳар қадаре метавонистам, саркашӣ кардам. Ба ноҳия нарафтам. Ман аблаҳ не-ку, намефаҳмам магар? Ҳамин тавр як шаб тирезаам тиқ-тиқ шуд. Кушодам, бинам, ки котиби собиқи мо аз ноҳия, сардори милитсия ва боз ду кас, яроқнок. Котиб маро мешинохт – боре ӯро пас аз маҷлис ба колхозкунонӣ бурда будам. Пас калима ба калима чунин гуфт: «Шунидем, ки туро амин кардан мехоҳанд, розӣ шав. Набошад, Будиларо таъйин мекунанд – тамоман бад мешавад». Ҳамин тавр розӣ шудам. Ба сари худам...

– Ҳа-а, – номуайян гуфт Рибак.

– Ним сол дар байни ду оташ печутоб мехӯрам. То даме ки ба даст афтодам. Акнун, чӣ ҳам мекунам? Мурдан рост меояд.

– Мурдан – кори осон, – ғурунгос Рибак, гуфтугӯи барои ӯ нохушро ба анҷом расонида.

Он маълумоте, ки амин дар бораи худ дод, барои Рибак ногаҳонӣ набуд – вай пас аз пурсиш дар назди Партнов аз баъзе чизҳо пай мебурд. Вале акнун вай тамоман ба ташвишҳои худ фурӯ рафта, аз ҳама бисёртар аз он метарсид, ки баногоҳ баъзе аз мақсадҳои дар ин ҷо гуфтаи ӯ ба гӯши полисҳо расад ва охирин риштаи умеди ӯро канад.

Аммо Сотников чашмонашро кушода дар болои пахол хомӯш мехобид. Ӯ ба ҳуш омада буд, аммо худро бад ҳис мекард, пояш аз каф то рон ниҳоят сахт ба дард меомад, панҷаҳои дасташ сӯзиш мекарданд, тамоми қафаси синааш месӯхт. Ӯ мефаҳмид, ки амин ҳақиқати ҳолро мегуфт, вале аз ин ҳақиқат сабукие пайдо намешуд. Бори ҳисси ким-чӣ хел як хатои ногуворе, ки дар ҳаққи Пётр содир шуда буд, баногоҳ ба Сотников фуруд омад. Вале дар ин кор кӣ айбдор аст? Боз ҳодисаи бо зани Демян рӯйдода барин мешуд, ки ӯ дар наздашон чун маломати зиндаи бепарвоии авфнопазири онҳо ҳозир буд.

Ҳоло ба суханҳои зан бо ҳарос гӯш дода, Сотников мунтазир буд, ки ӯ онҳоро бо қабеҳтарин суханҳо ҳақорат хоҳад кард. Вай он вақт ба муқобили зан чӣ гуфтанашро намедонист. Вале вақт мегузашту зан тамоми алами худро аз полисҳо ва немисҳо мегирифт – онҳоро бошад, бо Рибак ҳатто ба ёд наовард, гӯё онҳо ба бадбахтии ӯ ҳеҷ алоқа надошта бошанд.

Зан ба хабари даҳшатноки Стас ҳам аҳамият надод – эҳтимол, мазмуни онро нафаҳмид ва ё шояд диққат накард.

Ҳамин тавр бошад ҳам, ба ин хабар бовар кардан ҳатто ба Сотников, ки ба ҳама тайёр буд, даҳшатангез мерасид. Вай аниқ фаҳмида наметавонист: ё полис метарсонид, ё дар ҳақиқат онҳо фикр доштанд, ки ба як бор кори ҳамаашонро тамом кунанд. Наход ба онҳо ду марг–марги ӯ бо Рибак кифоя нест, ки зани сиёҳбахти Демян, амини бетолеъ ва духтарчаро аз ҳаёт маҳрум мекунанд ва ин чӣ маънӣ дошт. Ақл бовар намекунад, вале аз афташ, ҳамин тавр мешавад, фикр мекард Сотников. Каждум бояд заҳр занад, вагарна вай чӣ каждум аст.

Маълум, ки онҳоро барои ҳамин ба як таҳхона ҷо карданд. Ба таҳхонаи ба қатл маҳкумшудагон.