Сурудҳое, ки дар кӯҳсори Лори

эҷод шудаанд

 *    *    *

Канори Лори сабзу марғзор аст,

Ба болои сараш меғи баҳор аст.

Ба гӯш ояд садои чашма ҳар субҳ,

Садои булбул аз шохи чинор аст.

Зи оби чашма ҳар гоҳе бинӯшам,

Расад ашъори Туманян ба гӯшам.

*     *      *

Тамоми роҳҳои рафтаи мо

Ба ёди сангҳои бостонист.

Замин, аз селу тӯфон дар азобӣ,

Вале аз ту ба ман мушфиқтаре нест.

 

Бибӯсам сангҳои сарди ту ман,

Ки монанди ҷабини мурдагонест.

*     *      *

Хуш аст оҳанги кӯҳистон шунидан,

Суруди Комитас ояд зи ҳар сӯ.

Чу нақши шом ҳар ҷо соярез аст,

Бувад дурӣ ба дуриҳо сухангӯ.

Суруд оғози кӯҳи хушнамуд аст,

Ва ё куҳ зодаи савту суруд аст?

*     *      *

Биларзад чун ғизоли тирхӯрда

Дил аз ин нолаи бо ҷон баробар.

Суруди халқи ман, оё ҳамеша

Будӣ ин гуна маҳзуну ғамовар?

 

Ва ё андӯҳи марги Комитас кард

Туро ин сон лаболаб аз ғаму дард?

*     *      *

Бари харсангҳо ин рӯд ҷорист

Сабукхезу ғазалхону дурахшон.

Ҳамин сон мерасад шеъру тарона

Зи авлоде ба авлоди куҳистон.

 

Ба ҷони мардумон дорад асар ин –

Садои рӯду соҳилҳои сангин.

*     *      *

Ба сӯи одамон дорад назора

Салиби сард аз мобайни майдон.

Ту гӯйи ҳоли ҳозир даст-афшон

Биёяд пешвоз он сӯи моён.

 

Агарчи марг бошад сахту мудҳиш,

Вале танҳоияш мудҳиштар аз он.

*     *      *

Шиновар дар фарози осмонҳо

Чу абри қуллаҳои кӯҳсоре,

Расад рӯзе, ки ман ҳам бигзарам, пас

Набинам қуллаҳои сабзи Лори.

 

Сурудамро ба меҳри бекарона,

Чу боронҳо бирезам бо тарона.

*     *      *

Аё, эҷоди шавқу изтиробам,

Шумо шояд ба фардоҳо заруред?

Ба пушти остонтон марг н-ояд,

Шумо дар куҳ паи парвози дуред.

 

Маро навбоваи шавқи расоед,

Зи ман хушбахттар, аммо шумоед.

 

 

МАНЗАРАИ ШАБ

 

Биларзад кам-камак барги сафедор,

Ҳаво торик шуд аз бегаҳӣ пеш.

Саге ак-ак занад аз боми хона

Ба сӯи моҳ чун бар нисбати хеш.

 

Шабоҳанге расад дар гӯш форам...

Қатори кӯҳсорон дар назарҳо

Ба мисли корвони уштуроне

Барад, к-он деҳаро сӯи сафарҳо.

 

Насиме раҳ ба раҳ аз кӯҳсорон

Ба водӣ мерасад бо беқарорӣ.

Ва роҳи Каҳкашон чун рӯди ором

Зи дашти осмон ҷорист, ҷорӣ.

*    *     *

Масис, хуш, хуррамат бинам,

Валекин ман

Ба ғамҳои ту ғамгинам.

 

Ҷавонастӣ, Масис, ин дам,

Валекин ман

Ба меҳрат пир мегардам.

Аз ин шояд

Маро ин сарсафедию

Туро ин тозагию навҷавониҳост,

Ки ман дар ин замин меҳмони дурӯза,

Насиби ту, валекин ҷовидониҳост.

 

Чӣ беҳтар буду беандӯҳ,

Ту – шоир бошию

                               ман – Кӯҳ!

 

 

ДАР БОUИ ПИР

 

Мезанад борону борон, мезанад шаб то саҳар,

Сахт меларзад зи борон ҳар дарахти гулбасар.

 

Мезанад борону борон, то ки гулҳои баҳор

Мешаванд аз шохаҳо бар рӯи майдонҳо нисор.

 

Олуболуи маро он ногаҳон бар сар бирехт,

Аз дарахти гулбасар гулҳои тар яксар бирехт.

 

Ё ки бӯрони зимистон хест, зад барфи калон,

Зарби борон баргҳоро бурд ҳар сӯ пар-парон.

 

Рехтанд аз бутта гулҳо, буттаҳо урён шуданд,

Бутаҳои бегул аз танҳоишон гирён шуданд.

 

Олуболуи азизи ман, ҳамин сон мешавад,

Пухтани ҳар ҳосиле дар шохаҳо мушкил бувад...

 

Сахт меларзад зи борон ҳар дарахти гулбасар,

Мезанад борону борон, мезанад шаб то саҳар.

 

Мекунад хомӯш борон шӯълазори шохсор,

То ба гармо олуболуям бигардад сербор.

 

 

ШЕЪР ДАР БОРАИ ЗАМИНУ ОСМОН

 

Осмонҳо ситора меборад,

Ин замин аз шафақ дурахшон аст.

Ошиқи осмонаму ба замин

Меҳри ман ҳамчу меҳр рахшон аст.

 

Чашмаи ҷовидони шеъри мананд

Осмону замини хушманзар.

Гарчи шеърам ба васфи гардунҳост,

Лек васфи замин бувад хуштар.

 

Осмон бар замин ҳамегӯяд:

– Аз Арарат, бубин, баландам ман.

Бо ҳазорон ситора мерахшам,

Бо гули моҳтоби нурафкан.

 

Лек гӯяд замин: – Бубахшоям,

Ин қадар бо ғурур лоф мазан.

Лолазорон зи меҳри ман ханданд,

Сабз бошад зи ман гулу гулшан.

 

Осмонҳо ба ханда мегӯяд:

– Надиҳам гарки шабнаму борон,

Гулу гулзори ту чӣ сон ханданд,

Боғҳо хушк мешаванд алъон.

 

Гӯянд он дам замин, ки боронро

Надиҳӣ бесабаб ба ман асло.

Баҳру кӯлам агар намебошад,

Бинӣ оё ту рӯи боронро.

Мешавад осмон ба қаҳру ғазаб:

– Манамо ту маро ба худ душман.

Киштаҳои туро тавонам сӯхт

Сабзазори туро ба як дам ман.

 

Лек гӯяд замин, ки аз дили хеш

Чашмаҳои равон бурун созам.

Киштаҳоро ҳамекунам сероб,

Сабзаҳоро ба меҳр бинвозам.

 

Мешавад осмон ба қаҳру ғазаб:

– Будаӣ, эй замин, ту ҳамчу ғулом

Доимо баҳри офтоб, туро

Осмон буд аввалу анҷом.

 

Лек гӯяд замин ба шавкату фахр

Дар ҷаҳон ҳокими кул инсон аст.

Ҳокими офтобу моҳу замин,

Ҳокими беназири кайҳон аст...

 

Ҷилвагоҳи замину гардунро

Шафақи субҳ мекунад равшан.

Сар фурорад само ба сӯи замин,

Дар сари кӯҳ ёбад он маскан.

 

Оқибат осмон накӯ донист:

Дар ҷаҳон ҳокими кул инсон аст:

Аз ҳама бештар ба ашъорам

Васфи ӯро кунам, ки шоён аст.

*   *    *

Бо ғулғула рӯди соф ҷорист,

Пир аст Ара ба мисли дарё.

Аз субҳи фараҳфизой маст аст

Занбӯри асал зи бӯи гулҳо.

Хуршед равад зи кӯҳ бар кӯҳ –

Меҳмони накӯхисоли рахшон.

Ҳар буттаи ток ҳамчу маъбад,

Монанди чароғ хӯшаи он.

 

Эй мавҷи сиришк! Авҷи борон

Мерез ба боғи гулпарастон.

Бозӣ бикунад ба боғ духтар

Бо тӯби кабуд рӯи дастон.

 

Бозӣ, ки ба дил асар намояд,

Ҳайф аст, агар кунӣ фаромӯш,

Аз тирукамони рӯи ҳавлӣ

Буд олами ман фасонаоғӯш.

 

Гӯё ки набуд боисе ҳам

Аз баҳри ғаму шикоят ин бор.

Хомӯш бишуд вале ҷаҳонам,

Гӯиё ки ҳақир будаму зор.

 

Ман мешунавам садои пинҳон:

Ишқ ояду боз дил кушояд.

Аз ҳар чӣ ки ҳаст андар атроф

Гуфтан сухани наве бибояд.

 

 

ШАБЕ{АИ РАССОМ

                           Ба Мартирос Сарян

 

Мӯи сафед хам зада болои чашми ӯ

Пурсад: «Зи чӣ туро ҳама ташвишу дарду ғам?

Аз зиндагӣ ту боз чӣ хоҳӣ ба худ барӣ?»

«Чизе намебарам, ки фақат қарз меканам.

 

Бошад аз они ман ҳама он чӣ, ки мениҳам,

Чизе, ки ман ба худ бубарам, мешавад адам.

Ман қарзшикастаи ин зиндагониям,

Аз зиндагӣ гирифтаву чизе надодаам

 

Чун метавон, ки партави чашмони модарӣ,

Он партави илоҳии мушфиқ ба худ барӣ.

Ё нури беғамонаи гардуни баччагӣ,

Ё ранги ҳамчу барф сафеди муҳаббате,

Ё нури пирие? Чӣ гузорам барои ӯ –

Ман к-аз ҳаёт дидам ин сон саховате.

 

Он марди мӯсафед, ки роҳат бидидааст,

Дар зиндагии худ бувад орому бедаранг.

Он марди  оқили ҳамадон гӯяд аз хирад,

Рахшад камони Рустам танҳо ба ҳафт ранг!..»

 

*     *     *

Навиштанҳои ман танҳо навиштан нест,

Ки ман ҳар бор аз нав мешавам тавлид.

Ба дӯшам болҳое мебарорам ман,

Ки бо онҳо парам то хонаи хуршед.

Ҷаҳон хоҳад, ки дар чашмам намояд хуб,

Шарофатманду неку оқилу матлуб.

Набошад садд ба ман дар хоку дар афлок,

Ба ман осон бувад ҳар мушкилу ҳар кор.

Тавонам бо ишороте намоям пок

Зи рухсори башар чини ғаму озор.

Маро умри абад бахшад ҳавои кӯҳ,

Наметарсам зи маргу нестам андӯҳ.

Гаҳе ки шеър н-ояд бар забони ман,

Замин таркад, зи ҳам пошад ҷаҳони ман.

Ҳамон умри абад, ки ёфтам аз кор,

Ба мисли мурда хобад зери поям зор.

Дароз аз аср гардад ҳафтаи умрам,

Дареғи рӯзи беҷо рафтаи умрам.

Хушо, тобу тавон ояд, сар афрозам,

Нависам, дӯст дорам, зиндагӣ созам.

 

 

БА{Р

 

Ба кафки мавҷҳои нуқраворе,

Ба ҳар як лаппиши амвоҷи дарё,

Диҳам ман бандару осудагиро,

Пинак азбас намехоҳам ба дунё.

 

Ҳаёти ман набошад ҳеҷ бе баҳр.

Ки баҳрам ҷустуҷӯи ҷовидонист.

Суруди пурҷаранги баҳр асло

Ба соҳилҳои тангу соките нест.

 

 

БА ШОИРЕ

 

Ба боло рафтани ту

Чунон ҳам ногаҳию бошитобу серғавғо,

Ки ёд орад... фитоданро.

Ҳамин сон

Санг меғелад зи тори кӯҳ.

 

 

СЕБ

Медурахшад ба рӯи лаълӣ себ,

Мечакад шира аз буридаи он.

Баҳсҳо мекунед аз эъҷоз

Ба сараш то саҳар, хирадмандон...

 

«Себ, ваҳ себ! Нейтронҳояш

Чашмаи донишу шакаррезанд.

Бомбворанд себҳои Нютон,

Бар ҷабини замин фурӯ резанд.

 

Себро мор дод бар Ҳавво,

Олам он дам ба шӯру ғавғо буд,

Аз сари шохаҳои хамхӯрда

Себи рахшони синаҳо хам шуд.

 

Бошад ин себи тоза мисли замин,

Ҳусни эъҷозкор дорад он.

Ҳамчу себе ба зери сояи барг

Меҳр гардад ба абрҳо пинҳон.

 

Себ, эй себ! Себи сурхи нифоқ!

Себи эъҷозҳову макнунҳо!

Дар ривоят чу ҷирмҳои само

Ҳафт себе фитад зи гардунҳо.

 

Бошад ин себи тозаро... витамин...»

Хиради ту нашавад хаста аз ин,

Ҳамчу дом аст, баски маккор аст,

Аксиома дар он чӣ бисёр аст,

Ҷуз яке, к-он туро бувад дархурд –

Бояд ин себро гирифту бихӯрд.

 

*    *    *

Гар бахт ба гирудори қисмат

Ин бор ба рӯи ту нахандид,

Дилгиру ҳазин машав, дигар бор

Сӯи ту ба меҳр хоҳад он дид...

 

Гар мисраи шеъри ту наомад

Ин бор хушу балеғу ширин.

Ғамгин машаву ту кор мекун

Бо хомаву бо хаёли рангин.

 

Гар ишқу муҳаббат аз ту рӯ тофт,

Гар аз ту бурид ёри ҳамдам,

Маҳзун машав аз чунин тасодуф,

Боке набувад, чунин шавад ҳам...

 

Гар бо ту насохт зиндагонӣ,

Аммо ту, бигӯ чӣ кор бояд,

Онро натавон гирифт аз нав,

Он бори дигар, ки пас наояд...

 

*     *      *

Бад нест аз баҳри Худо,

Аҳволу кору бори ман,

Дар зиндагӣ ҳам кам-каме

Гирад бароре кори ман...

 

Гар мекунам ман бехалал

Дар умри хеш ин сон амал,

Ман зиндагиро баъд аз ин

Шояд бифаҳмам инчунин –

Пеш аз нафасҳои пасин...

 

*      *       *

Ба ҳар чуну чарову ҳар саволе,

Ки фарзандон зи ту пурсанд ҳар бор,

Ҷавоби ту бувад ҳар лаҳза тайёр.

 

Саволу шубҳаҳову илтимосе...

Ба мушкилҳо намедонӣ ту боре

Ба назди кӣ ниёзи худ биёрӣ.

 

Агар ҳаргиз илоҷи дигарат нест –

Хавотир – дил, наёбӣ ту тасалло, –

Худоро рӯ биёрӣ бо тавалло.

 

Худо, бошад агар, акнун ба ман гӯ,

Ба кӣ рӯ ораду ҷӯяд мадад ӯ?

Мададгори Худо оё кӣ бошад?

 

*       *     *

Қулларо абрҳо ниҳон карданд,

Зери қулла-ст рӯди кафколуд.

Гӯиё об гашта хирмани абр,

Меравад сӯи дарраҳои кабуд.

Ман ҳамин рӯз рафта меҷӯям.

Резаҳои ситораро дар рӯд.

 

 

ТАРОНАИ КУ{АН

 

Эй модаракони содалавҳе,

Эй модаракони якраҳи мо.

Ҳастед аз ин ҷаҳон фаротар,

Пурмеҳру шафиқ дар ҳама ҷо.

 

Он шири сафед нуқравор аст,

Покизаву неку хушгувор аст.

Парпеч бикарда, шуста моро,

Ҳар дам дилатон чӣ беқарор аст.

 

Биншонда писар ба рӯи зону,

Гӯяд модар: «Аз они ман ту...»-

Гул карда лабонаш аз табассум,

Шодона дилаш ҳамезанад гум.

 

Бечора надонад ӯ, зи мавлуд

Ин як писараш зи даст додаст.

Ӯ қайд шуда ба рӯйхатҳо,

Бояд ки равад туфанг дар даст.

 

Шояд ки занест интизораш,

Ё тири кушандааш биҷӯяд.

Аз ин ҳама нест модар огоҳ,

Ҳам нест касе ба ӯ бигӯяд.

 

Модар гӯяд: «Аз они ман ту...»

Бар кӯча агар назар кунад ӯ,

Бинад, ки ҳазор соҳиби он

Истода буванд толиби он.

 

Он зумра ситода, ӯ набошад,

Гӯё писараш зи чашм пинҳон.

Эй модаракони  содалавҳе!

Эй модаракони насли инсон!

 

*    *     *

Зи «ҳо»-ю «не» намеёбӣ ҷавобе,

Ту кӯтаҳ дар тамоми рӯи дунё:

Агар гоҳе зарур омад, ки «ҳо» гуфт,

Ва ё якбор «не» бояд бигуфто.

Ба мо баъзан набуду нест кофӣ,

Ба коре инчунин умри сари мо.

 

*    *     *

Маро аз баччагӣ дар ёд монда,

Ки пирон беш мекарданд такрор;

Агар хоҳӣ нахоҳӣ ду карат ду

Яқин медон, ки ҳар гаҳ мешавад чор.

 

Вале ман ҳар замон шак оваридам,

Набошад ду карат ду доимо чор,

Шавад гаҳ ду карат ду ногаҳон панҷ,

Гаҳе он ҳеҷ бошад, кардам иқрор.

 

Ба худ гуфтам гунаҳкоранд онҳо,

Ҳақиқатро зи ман пинҳон намуданд,

Ба мактаб ҳам накӯ дарсам надоданд,

Муаллимҳо ҳақиқатгӯ набуданд.

 

Вале дар зндагӣ дарёфтам ман,

Хатои баччагии хеш ин дам,

Ки дар дунё тамоми шарту қонун

Ба истисно бувад пурзӯру маҳкам.

 

*    *    *

Кафтарон –

Афсонаҳои сап-сафед –

Рӯи боми маъбади вайронае  биншастаанд.

Кафтарон –

Афсонаҳои сап-сафед –

Гарчи доғе нест дар парҳояшон,

Аз чӣ бошад панҷаҳо хун бастаанд.

 

Кафтарон дар маъбади вайронае биншастаанд.

 

*    *    *

Буттаи одии гул пеши назар

Дар замони сахту вазнине шукуфт.

Ғарқи гул шуд сар ба сар.

 

Зуд пайвастед арзанро ба гул,

То шавад гул рустании борвар.

Гул аз он пас гул набуд,

Лек арзан ҳам нашуд,

Гарчи ҳар ҷо коштед.

 

Ё шумо бо ман

Саволе доштед?

 

*     *      *

Ифтихоре мекунӣ аз шони хеш?

Мебарандат рӯи даст?

Лаҳзае андеша кун,

Такяи дастон чӣ номустаҳкам аст.

Дастҳое, ки туро

То само бардоштастанд ин замон,

Мефарорандат чу рӯзе бар замин,

Мешавӣ дар зери пои раҳравон...

 

Мебарандат рӯи даст?

Оқилон бар зӯри бебунёд бовар н-оваранд!

Кӯш,

то мардум туро

Дар ҳарими дил баранд!

 

*     *     *

Барраи меҳрубон, ду мешро мемакад.

                                           Зарбулмасал.

 

Баррача,

Доночае

Мемакӣ ду мешро якбора ту,

Барра мебошӣ, вале

Дар шитобӣ аз чӣ рӯ?

 

Аз чӣ рӯят ин талошу ҳамҳама...

Ё ки хоҳӣ ҷо шавӣ

Зудтар ту дар миёни гӯсфандони рама?

*     *    *

Ҳамедонед оё?

Чӣ сон дар дом мегиранд маймунро?

Даруни кӯзаҳои танггардан қанд мемонанд,

Ва маймун даст андар кӯза меандозаду он гоҳ

Чунон хурсанд мегардад,

Ки ҳоло қанд мегирад.

 

Вале ҳарчанд мекӯшад,

Ки аз он кӯза дасташро кашад берун

Набитвонад.

Кушояд мушти худро – қанд меафтад,

Ба қанд онро кашидан лек натвонад.

 

Бад-ин минвол маймунро

Зи дасташ, ки даруни кӯзаи қанд аст, медоранд.

Ба ин моро набошад кору боре ҳеҷ,

Ки мо авлоди инсонем!

 

*        *      *

Ҳар гаҳе ки аз қубури хонаам мешорад об,

Мерасад савту садои рехтанҳояш ба гӯш.

Аз ҷаҳони дури тифлӣ ёд меояд маро,

К-аз сари харсанг меҷастам ба рӯди пурхурӯш.

 

Вонамудам мешавад, ки гӯиё ман то ба ҳол

Мезиям дар деҳаву дар хонаи бобоиям.

Андар ин ҷо ҳар хаму пайроҳа бо ман ошност,

Дар алафҳо хуфта зери осмони обиям.

 

Ҳамчу дар даврони пешин ман ҷасуру беғамам,

Аз дарахтон меҷаҳам, сабре надорам як нафас.

Сӯи дарё медавам бо дӯстон, ки мекунанд

Дар деҳ акнун зиндагии шаҳрии моро ҳавас.

*       *       *

Ҳар гаҳ аз ташвишҳои барзиёд оям ба танг,

Беғаму беғуссаву хунсард мехоҳам шудан,

Бошам аз ғавғою аз ташвиши олам дар канор,

Чаппагардон ҳам шавад дунё набошад кори ман.

 

Вогузорам кори дунёро, равам дар хонаам,

Ман қаламро гираму дар фикр гардам ғӯтавар.

Лек, ҳоло ман чӣ бинвисам, зи чӣ гӯям сухан,

Ман, ки гаштам бар садоҳои ҷаҳону аср кар,

Оташи сӯзони онҳо ҳам намесӯзад дигар....

 

... Парнас, охир сахт сангин аст қонунҳои ту!

 

*    *     *

Агар байтат дурӯғу ҳарза бошад,

Варо чун шохаи хушке ту бишкан.

Бувад гар қофия бемаъниву хушк,

Варо чун гил ба зери пой афкан.

 

Насибат гар набошад хонаву дӯст,

Фақат бо хеш бошу бо раҳи хеш.

Гадо бошу гурусна бошу бечиз,

Мабош аммо даме бадчашму бадкеш.

 

*     *      *

Суратгар агар сурати моро бинигорад,

(Моро, ки ба андеша фақат ҳарфу китоб аст),

Шояд, ки ба коғаз бикашад сурати як сар,

Гар чизи дигар ҳам накашад, айни савоб аст.

 

Пое, ки раҳи дуру дарозе наравад ҳеҷ,

Дасте, ки набошад ҳама дам дар паи як кор.

Бинӣ, ки набӯяд гулу гӯше, ки садое

Менашнавад он аз гулу гулзор, чӣ даркор.

Ҳаргиз накашад мушаки сахтеву дамида,

Аз бозуи пурзӯр ҳам он ҷо на нишон аст.

Танҳо бикашад сурати як калла, ки худро

Таскин бидиҳад он, ки хирадманди замон аст.

 

*    *    *

Мебигзаранд ин солҳои бешумор,

Чун абри боронӣ ба тори қӯҳсор,

На об мегардӣ, на меборӣ, ҳанӯз.

 

Мебигзаранд ин солҳои бешумор

Чун раъд як ғурриш,

                                       садое мебарор,

То чанд бефарёду беғурриш туӣ.

 

Мебугзаранд ин солҳои бешумор,

Чун шӯълаи бебарқ мерахшиву бас,

Танҳо шабеҳи туст барқи бешарор...

 

Ҳамчун Масис аз ҳар куҷо хонӣ мудом

Матрукҳои беватанро бар ватан, -

Бар сӯяшон нагзорӣ аммо ҳеҷ гом.

 

Гар барқ мебошӣ ту – чун оташ бисӯз!

Гар абр мебошӣ ту – чун борон бибор!

Гар раъд мебошӣ ту – фарёде барор!

 

Он беватанҳоро, агар бошӣ Масис,

Дигар ту беҳосил махон сӯи ватан...

Дар осмони шаб сафедӣ ҳам мазан...

 

 

ТИРАМО{

 

Вой бар мо, вои мо, мирандагон!

Ток гӯр аст арчи то фасли баҳор,

Рӯзи навро боз бошад интизор!

Мерасад мавлуди ботакрори он!

 

Аз даруни буттаҳо дорад нигоҳ

Сӯйи таҳхона кадуи зарнигор.

Шояд ин ҷо монад он дар тирамоҳ.

 

Ин кабудиҳои абрии самост,

Ё магар дар осмон дуди кабоб?

Мерасад аз тӯй савти сурной,

Нағмае хуш, чун хуморе аз шароб.

 

Ин дарахти пир ҳамдастони рӯд

Қомати пиронааш ҳам хушнамуд,

Ҳамчу бибимон, ки ларзад дастҳош...

Ҳосилашро бетафовут резад он

Аз сари ҳар шоха бар домони рӯд.

 

*     *     *

Ҳар саҳар бар мӯсафедон гӯ: «Салом!»

К-умрашон монанди поёноб мегардад тамом.

Шоду мамнунанд онҳо ҳар саҳар,

К-умрашон аз шаб расид

Боз ҳар субҳи дигар.

Пурсашон аз хобу бедории шабҳо,

Аз ҳама ранҷу танозории шабҳо.

Ваҳ, чӣ хушбахтанду хушнуд,

К-ин саҳар чун зиндаҳо бархостанд,

Аз хоб зуд.

 

Мӯсафедонро маёвар дарду ғам,

Баски набвад дар дилу ҷонҳояшон андӯҳ кам.

Ҷумла хушнуданд, к-охир

Бар аҷал ҷангида пирӯз омаданд.

Бо ҳамин як ними ҷону ними тан

Аз шаби торик то рӯз омаданд.

 

Мӯйсафедонро мадеҳ заҳмат, ки худ

Бори пирӣ бар сари китфонашон

Ҳаст бе ин ҳам гарон.

 

*     *     *

Ё раҳи тоза мекунам пайдо,

Ё ки гум мекунам раҳи дерин.

Дар ҷавоби суолҳои шумо

Мекунам ман табассуми ғамгин.

 

Яке аз худ Худо тарошидаст,

Мекунам ман табассуми ғамгин.

Дигаре бо Худо ситезидаст,

Мекунам ман табассуми ғамгин.

 

Ин накӯкору он гунаҳкор аст,

Мекунам ман табассуми ғамгин.

Ин паямбар, дигар сияҳкор аст,

Мекунам ман табассуми ғамгин.

Гаштаам ё ҳакими ботадбир?

Ё ҳама кори ноилоҷ аст ин?

Ё ба тадриҷ гаштаам ман пир?

Мекунам ман табассуми ғамгин.