Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Шеърҳо дар бораи Гарсиа Лорка
Шикваи Лорка
«Эй, Худоҷон, шояд ин зоғон набуда айбдор,
Гар маро ту мурғи хушхону суханвар сохтӣ,
Лек байни мурғҳои сип-сияҳ, минқортез
Пас чаро баҳри ҷазову интиқом андохтӣ.
Эй, Худо, охир, чаро ту офаридиям сафед,
Ман кунун аз гӯрковонат чӣ сон ёбам раҳо?
Мезанад бар ҷони ман минқор ҳар мурғи сиёҳ,
Душмани ранги сафед аст, он ки мебошад сиё.
Ту агар мехостӣ, ки тӯъмаи минқорҳо
Гардаму хуншор афтам бар заминат аз ҳаво.
Пас чаро ин қадр бедардӣ ту аз ин дарди ман,
Баъди зоғонам диҳӣ бар ҳалқаи морон, чаро?
Ҳар хазанда дар қиёсам гарчи ночиз асту ҳеҷ,
Мехазад, аммо ба ин бошад зи ман пурзӯртар.
Баски аз парвозу аз сеҳри сухан бегонааст,
Баҳри ӯ аз болдорон нест кас манфуртар.
Хомушии марғзоронро надодиям, Худо…
Кардаӣ бори гаронро бор бар парҳои ман.
Гар ба зоғон додаӣ озодии минқорҳо,
Морҳоро пас чаро озод дорӣ, войи ман!»
ХОБИ ЛОРКА
Хоб дидам, хоби тарсовар, пареш,
Як шабаҳ омад маро болои рахт.
Ӯ ба дасти рости пурмӯи хеш
Аз гулӯям дошту бифшурд сахт.
Дар даҳонам латта зад бо дасти чап.
Аз нафастангию аз талвосаам
Мезад ӯ писханд, ҳам бемазза гап.
Гар садо медодам аз дарду шикан,
Мезад ӯ бар ҳоли зорам заҳрханд:
Боз гӯё фош мекард айби ман:
«Дар сухан ҳусни расое несташ,
Хирриву созу навое несташ,
Нест овозаш, вале шуҳратталаб,
Боз эшон гӯиё шоирнасаб!»
ОХИРИН СУХАНИ ЛОРКА
Ватан – танҳо наво, нақлу ҳикоё нест,
Сафои обу сахтиҳои хоро нест.
Агар таслим гаштӣ бар ситамгар ту,
Маро испониёӣ, модарандар ту!
Насозад эзиду шайтон ҳамоғӯшӣ,
Насозам гӯш ҳарфи шайтанатандӯз!
Беҳ аст аз ёдҳо қатъан фаромӯшӣ,
Ки бошӣ доҳию мамдӯҳи дастомӯз!
Чӣ суде аз сухан бар бод доданҳо,
Насозам баҳс ман бо бешараф, ифлос.
Кашам бо гургҳо гургона уллосе?
Ки инсон бо сухан зинда, на ба уллос!
Лабону гӯшҳоямро фурӯ бандам:
Суханро нест дигар қимату маъно.
Шуморо бишнавам, ҳамроҳ созедам
Ба кулли ин ҷиноятҳои худ ҳоло.
Кунам ман бо шумо ҷангу кашам ханҷар?
Шумоён бар силоҳ иснод овардед.
Нахоҳам з-ин ҳаво гирам нафас ҳатто,
Ҳама Испониёро заҳргин кардед!
Зи рӯзу рӯзгорон даст мешӯям,
Ки дар он неку бад омехт, мегӯям:
Шумо гар зиндагиямро ба ман бахшед,
Ман аз он зиндагонӣ даст мешӯям.
Шуморо мурдаи шоир бувад маҳбуб,
Ҳамегӯям сано бар марги хуношом.
Вале бо шуҳрату шони пас аз маргам
Чӣ коре мекунеду мешавед ором?!
* * *
Шеъри ман аз баъди ман гӯяд сухан
Аз ману аз зиндагиям дар ҷаҳон.
Дар ҳамин бошад магар умри абад,
Ин бувад ниме зи умри ҷовидон.
Хоҳам, эй хонандагони дури ман,
Беш донам аз Шумо, ояндаҳо,
Дӯстонам аз дигар сайёраҳо,
Аз набарду ғуссаю кори шумо.
Рӯзи фардо,
ишқи фардои Шумо,
Мардуми фардои номаълуми ман,
Олами фардо, ки он ҷо нестам, -
Аз Шумо бар ман кӣ мегӯяд сухан.
БА ФАРДО
Аз хатоҳоям нигаҳдорӣ бикун,
То бихезам ҳар саҳар ёрӣ бикун,
Коргар бошам – набигрезам зи кор,
Ҳам дари бикшода накшоям ду бор.
То набошам танбали беҳудакор,
Бо ҳама беҳудакорӣ бахтёр.
Ёварам шав,
то зи шаъни бенишон
Назди мардум ҳеҷ накшоям забон,
Шеърро бояд ба дил парварданам,
Пас ба рӯи дафтаре оварданам,
Санг нобуррида аз кӯҳсори санг,
То нагӯям сохтам девори санг.
Гар намондам пойбасти хонае,
То нагӯям сохтам кошонае.
Ёварам шав, гар наям ҳақ, худ ба роҳ
Вонамуди ҳақ насозам ҳеҷ гоҳ,
Бар ҷиноят, бар хато беихтиёр
То набошам ман мукофот интизор.
Ончунон бошам, ки оям дар назар,
То набошад зоҳиру ботин дигар.
Рӯзи фардо, кун мададгорӣ маро,
Дар талоши зиндагӣ ёрӣ маро.
ЗАМИН
* * *
Бош ҳушёр дар баландиҳо!
Дор дар ёд: ҳар ҳиҷои туро
Санги куҳсор мекунад такрор,
Мебарад куҳ ба куҳ садои туро.
Сухани хуш чу дар забон дорӣ,
Кӯҳҳо сар фуруд оварда,
Ҳурмати ту ба ҷой меоранд,
Суханатро ба кӯҳҳо бурда.
Сухани бад чу дар забон дорӣ,
Чеҳраи кӯҳсор хира шавад.
Кӯҳи оташфишон шавад бедор,
Осмонҳои соф тира шавад.
Бош ҳушёр дар баландӣ ту,
К-ин баландӣ басе хатар дорад.
Пайраҳи танг мекунад тангӣ,
Ду мусофир агар сафар дорад.
Гар касе кинае ба дил дорад,
Рӯ зи ҳастӣ ба нестӣ орад.
Пайраҳи кӯҳсор танг бувад,
Ҳар кас аз хеш бохабар бишавад.
Бош ҳушёр дар баландиҳо,
Нашиносем тоҷдори дигар.
Мо ҳама тоҷдору тоҷварем,
Мо ҳама афсарони беаскар.
Генералҳои бесипоҳастем
Ҳамчу куҳҳо баланду мардона.
Мо ҳама додарони ҳамширем
Ҳар касе олами ҷудогона.
Гарчи аз якдигар ҷудо ҳастем,
Лек бо ҳамдигар бупайвастем.
Он гаҳе меҳмони нохонда,
Лашкари хеш сӯи мо ронда,
Мақсади кӯҳсори мо кардаст –
Қасдаш ӯро ба хокҳо бурдаст.
Бош ҳушёр дар баландиҳо!
КОМИТАС ДАР БИЁБОН
Ҳамчу фикри гарон гарон буд роҳ,
Буд гаронтар зи раҳ хаёли гарон.
Роҳи мотам. Даме фароғат нест.
Лаҳзаи дамгирист кулфати ҷон.
Тӯдаи арманӣ ҳаме рафтанд,
Гӯиё мурда буд табиат ҳам.
Роҳиб аз ғам сурудҳо мехонд,
Раҳ ба раҳ бо фиғону бо мотам.
Савт мехонду фикрҳо мекард:
Асри тороҷ, зулму дарбадарӣ…
Лек боре Худой ҳам нашунид
Ин ҳама нолаҳою навҳагарӣ.
Агар аз осмон ту мебинӣ,
Бин ҳазорон ҳазор куштаи тир.
Баҳри тан ранҷи ташнагӣ ҳеҷ аст,
Ранҷи ҷон аст
лек ҳар таҳқир.
Нағма мехонду фикр мекард ӯ:
Ашки дарди Аракси ман ҷорист.
Дили санг об мешавад з-ин ғам,
Гашт аз ғусса сарсафед Масис.
Магар ин дам Худой нобиност,
Як диёри куҳан ҳамемирад.
Охир аз рӯз равшан аст ин ҳол,
Сари он халқ хун ҳамегиряд.
Ӯ ҳамехонд, лек ғамҳоро
Натавонад ба бод дод асло.
Ин қадар ғуссаро магар одам
Битвонад кашад дар ин дунё.
Гирду атроф ваҳшату даҳшат,
Зулмату ваҳшиёни девона.
Мағзи одам ба дард меояд,
Олам аз ақл гашт бегона.
…Дар деҳи турк хуну хокистар,
Афсар ахбор дод қоидатан:
«Ҳама парронда шуд,
яке роҳиб
Гашт девона то паронидан».
О{, ИН КE{И МАСИС…
Оҳ, ин кӯҳи Масис…
Мекунад дилҳои моро нарм, нарм,
Худ, вале санг аст, санг.
Мекунад дилҳои моро гарм, гарм,
Худ, валекин барфпӯш.
Аз заминҳои дигар сӯи ватан
Насли арманро бихонад бесухан,
Худ ятими кишвари бегона аст;
Орзуяш ваҳдати матрукҳо
Худ, валекин аз азал бошад ҷудо
Бар ду қисму қуллаҳо.
Нагзарад он ҳеҷ чун ишқи ҳабиб,
Ҳам нагардад ҳеҷ наздику қариб.
Дар сари водӣ чу абри барфӣ аст…
Оҳ, ин кӯҳи Масис…
СУРУД ДАР БОРАИ ТУРНА
Бурдӣ ба болҳоят
Хокистари Айистон.
Чашмон пуроб буданд
Аз дарду ранҷи ҳиҷрон.
Бо кур-курат бигуфтӣ:
Ҳаргиз наоям ин сӯ.
Ин ҷост кулфату марг,
Мотамсарост ҳар кӯ.
Аз қисмати Айистон,
Оё ту дур будӣ?
Дарди варо ҳамеша
Қисмат ба ҷон намудӣ.
Ҳеҷ армании матрук
Дур аз ватан наосуд.
Ҳар лаҳза дар дили ӯ
Азми «Ватан, Ватан!» буд.
Карданд лонаатро
Парту хароб ҳар ҷо.
Нашнидӣ аз касе ту
Як ҳарфи рӯҳафзо.
Гуфтӣ ба хеш турна:
«Маргам бувад муқаррар.
Беҳтар, ки мирам он ҷо –
Дар сабзазори кишвар».
Чун бозгашта, дидӣ
Эъҷозро ба ҳар ҷо:
Гулҳо шукуфта дар санг
Садбарги сурху раъно.
Аз пушти рӯди Оракс
Хоҳад Арарат ояд.
То бӯстони моро
Ҳусни дигар физояд.
Эй ҷон, ба болҳоят
Хокистаре нишаста,
Аз дарду ноумедӣ,
Аз сӯзи ҷони хаста.
Бар дӯстони мо бар
Ин хӯшаҳои ширин!
Кун бар Ватан ту даъват
Он додарони дерин.
Аз обу осмон бар
Хубию дилфиребӣ.
Хоки Ватан бубаршон
Бар кишвари ғарибӣ.
Эй ҷон, раву биё боз
Бо додарони ҷонӣ.
Ин кӯҳҳо кушоянд
Оғӯши меҳрубонӣ.
Ин турнаро дигар ҳеҷ
Дур аз Ватан нахонанд.
Бошад, ки халқи матрук
Дур аз Ватан намонанд.
АФСОНА
Шохае аз шохаи себе бурид
Арманӣ аз ҳиҷрати худ пештар.
Солҳо аз дасти шахшӯлаш намонд,
Шоха шуд борику суфта дар назар.
Бозгашту ӯ асояшро гирифт,
Дар канори боғи ҳавлияш шинонд.
Аз асо як себи навбар сабз гашт,
Шуд тановар, шоху баргу реша ронд.
Дар сабоҳи пуршафақ, дар рӯзи нав,
Канда шуд се дона себ аз шохаҳо.
Як – зи овора, дигар-ш аз шоир аст,
Севумаш аз он ки мефаҳмад маро.