Бар сар омад ҳушу ёдам бо иқоб,

Ки будам бехуд зи ҳоли он ду тан -

Ҳоли хешовандҳои дар азоб.

Боз ҳар ҷое ба гирди хештан –

Ё равам, ё чархаму ё бингарам –

Нав ба нав бинам азоби марду зан.

 

7 Ҳалқаи севум кашида дар барам,

Ҳалқаи борони сарду ҷовидон,

Ки нагардад ҳеҷ гоҳе бешу кам.

 

10 Оби бадбӯю тагарги беамон

Барф борад аз ҳавои тирарӯ,

Хокдон гандад, биолояд аз он.

 

13 Сирбири сепӯзаи даррандахӯ,

Бар ҳама рӯҳе чу саг аккас занад,

Ки ба гандобанд сартосар фурӯ.

 

16 Дида – хунин, риш – ғӯллӣ, чарби бад,

Дам – шикам, нохун дарозу чун  қашак

Медарад арвоҳрою меканад.

 

19 Нӯлазан ашбоҳ аз борон чу саг,

Карда як бар бо бари дигар паноҳ,

Чарх мегарданд дар болою таг.

 

22 Сирби – он кирми калон, карда нигоҳ,

Пӯзаҳо бикшоду дандонҳо намуд,

Ларзаи андом бар хашмаш гувоҳ.

 

25 Раҳнамо ду дастро хам карда буд,

Аз замин бардошта ду мушт хок,

Дар даҳони он ҳарис андохт зуд.

 

28 Чун саге, бо зӯзаҳои хашмнок

Тӯъма хоҳад, чун диҳӣ балъад варо,

Ё даронад ё кунад хоида пок,

31 Як нафас хап гашт Сирбир-девсор,

Зӯзааш арвоҳро ҷонсер кард,

Кар будан беҳ, нашнавӣ то ин садо.

 

34 Аз рухи онон, ки борон зер кард

Рӯҳашонро бар замин, мондем по,

Менамуд ашбоҳи зан, ашбоҳи мард.

 

37 Ҷумла парчини замин ҷои ба ҷо,

Ҷуз яке, ки дида моро бар ба бар,

Хест аз ҷо, то нишинад росто.

 

40 Гуфт: «Бишносӣ маро, эй раҳгузар,

К-омадӣ он гаҳ ту бар рӯи ҷаҳон,

Ман набудам баста з-он рахти сафар».

 

43 Гуфтамаш: «Ҳайронию ошуфтаҷон,

Рафтаӣ аз ёди ман шояд аз ин,

Ҳаргизат гӯё надидам ман нишон».

 

46 Посухам деҳ: «Аз чӣ маҳкуми чунин

Манзиле гаштиву мебинӣ ҷазо,

Шум агар набвад, палид аст он яқин».

 

49 Гуфт: «Шаҳре пурҳасуду пурбало,

Косааш лабрез, к-аз ин бобат аст,

Зодбумам будаву маскан маро.

 

52 Ман Чиёкуям, ба он афроди паст

Бинӣ акнунам зи ишкамхорагӣ

Мезанам дар зери борон пою даст.

 

55 Нестам танҳо дар ин бечорагӣ,

Ҷумла арвоҳ ин гунаҳ карду азоб

Мекашад». Хомӯш шуд якборагӣ.

58 Посухаш додам: «Чиёку дар иқоб

Омадам аз ранҷату хоҳам гирист,

Лек агар ту воқифӣ, мегӯ ҷавоб,

 

61 К-ин дурӯя халқро тақдир чист,

Бошад он ҷо як каси боадлу дод.

Аз чӣ он ҷо ҷуз нифоқу макр нест?»

 

64 Гуфт: «Баъди кашмакашҳои зиёд

Хун бирезад фирқаи ҷангал, ситез

Кардаву ғолиб бигардад дар ҷиҳод,

 

67 Пас се даври офтоб он фирқа низ

Бо мададҳои касе аз по фитод,

К-ӯ бигӯяд беш: «Каҷ дору марез».

 

70 Муддати бисёр он қодир бувад,

Чун ҳарифи хешро манкуб кард,

Низ он рӯзе сарафканда шавад.

 

73 Кас надорад гӯш бар одил ду мард,

Қалбашонро бас ҳасад, ҳирсу ғурур

Дар ҷаҳим афканду бар оташ супурд».

 

77 Кард кӯтаҳ ҳарфи талху дарди зӯр,

Гуфтамаш: «Хоҳам, ки гӯӣ бештар,

То биёбад сурати воқеъ зуҳур.

 

80 Фориното, Тигё, аҳли назар,

Рустикуччи, Оригую Муска боз

Дигарон, ки бурда аз некӣ самар

 

83 Дар куҷоянд. Ин бигӯ, дорам ниёз,

Донам онон лоиқи лутфи само

Гашта, ё дар Дӯзаханду дар гудоз».

86 Гуфт: «Дар Дӯзах ба арвоҳи сиё

Мекашанд онон азоби ҷурмашон,

Гар равӣ бар зер бинишон лиқо.

 

89 Чун равӣ бар он ҷаҳони хушнишон,

Хоҳамат, бо дигарон орӣ ба ёд,

Беш аз ин ҳарфе нагӯям, хуб дон».

 

92 Дидагони хешро пас тоб дод,

Кард ӯ бо гӯшаи чашмам назар,

Бар замин чун соири кӯрон фитод.

 

95 Гуфт раҳбар: «Барнамехезад дигар,

То нахезад нафхаи сури қазо

Рӯзи растохез бар кулли башар.

 

98 Ҳар кӣ ёбад марқади андӯҳзо,

Ҷо шавад дар қолаби пешини хеш,

То ба гӯш ояд зи ҷовидон садо».

 

101 Аз бари борону ашбоҳи пареш

Мо қадам ором мондему сухан

Гуфта рафтем аз ҳаёту рою кеш.

 

104 Гуфтам: «Эй устод, ин ранҷу шикан

Баъди растохез гардад бештар,

Кам, бимонад ё чунин тоқатшикан?»

 

107 «Донишат ёд ор, - гуфтам роҳбар,-

К-асли кас ҳар қадр комилтар бувад,

Роҳаташ ширину ранҷаш бешумар.

 

110 Гарчи малъунони ин ҷо то абад

Бе камоли воқеӣ хоҳанд буд,

Баъзе андак бар камол охир расад.

113 Он чӣ мегуфтем дар гуфту шунуд,

Набвад имконе бигӯям мӯ ба мӯ,

Чунки раҳбар давраи поин намуд,

 

116 Шуд Плутун, хасми аъзам рӯ ба рӯ.

ТАВЗЕҲОТ

СУРУДИ ШАШУМ

Табақаи севум. – Сирбир. – Шикампарастон. – Гуфтугӯи аввали Данте бо рӯҳ..

  1. Сирбир – Дар асотири Юнон саги сесаре буд, ки хидмати раб-ул-навъи Дӯзах Ҳодисро мекард ва дар зери замин мезист. Дар Дӯзахи Данте ин шайтони сесарест, ки шакли инсон дошта, ҳамон хизматро ба ҷо меорад ва мазҳари ҳирсу шикампарастист.
  2. Менамуд ашбоҳи зан, абшоҳи мард. – Данте дар «Мазҳакаи илоҳӣ» – арвоҳро чанд навъ баъзан чун соя, шабаҳ ва баъзан барои таъсирнок шудани тимсол соҳибҷисм тасвир мекунад.

49... Шаҳре пурҳасуду пурбало – Флуронс.

52.Чиёку – Эҳтимол меравад, ҳамон фулуронсие бошад, ки Бокаччо ҳам аз он дар «Декамерон» ёд меорад. Ӯ шахси шикампарасте, ки ба зиёфатҳо бе даъват ҳам омада шикам пур мекардааст, вале ба хотири шӯхӣ ва хушчақчақияш Данте ӯро дӯст медоштааст.

64-75. ... «Баъди кашмакашҳои зиёд...» – Дар ин ҷо Чиёку аз вазъи ояндаи Флуронс пешгӯӣ мекунад. Дар аввалҳои асри XIV Флуронс шаҳри ободу сарватманд ва гирифтори ихтилофоти бисёр буд, ки дар он дастаҳои  гивелфҳо ва гибелинҳо ба ҳам мубориза карда, дар охир гибелинҳо мағлуб шуданд. Баъд аз чанде гивелфҳои ғолиб ба ду гурӯҳ «сиёҳҳо» ва «сафедҳо» тақсим шуда, байни худ мубориза карда ва ниҳоят «сиёҳҳо» бо мадади кашиши Бонифатсияи VIII, ки ӯро Данте ӯро ба Дӯзах ҷой ва ба азоби сахте гирифтор кардааст, ба сари ҳокимият омаданд. Аз он замон сарсониии Данте оғоз шуд, ки дигар то охири умр дур аз Флуронс зист ва вафот кард; Фирқаи ҷангал – дастаи «сафедҳо», ки фармондеҳи онҳо  Чарки аз як деҳоти Фулуронс ба шаҳр омада буд. Дигар фирқа – дастаи «сиёҳҳо», ки фармондеҳашон аз хонадони Донатиҳо буд.

  1. Кас надорад гӯш бар одил ду мард. – Ба таври дақиқ гуфта намешавад, ки Данте бо ин суханҳояш киҳоро дар назар дорад.

80-88. Данте инҷо аз қисмати 5 нафар фулуронсиёни машҳур – Фориното, Тигё, Рустикуччи, Оригю, Муска пурсон мешавад, ки дар Дӯзах маскан доранд.

  1. То нахезад нафҳаи сури қазо. – Ишора ба рӯзи растохез ва Исо, ки Данте номашро дар ҳеҷ ҷои Дӯзах сареҳан намебарад.

107-111. «Донишат ёд ор...» – Ба суоли Данте, ки баъди растохез азоби гуноҳкорон зиёдтар мешавад ё камтар Верҷил ӯро даъват мекунад, ки таълимоти Арасту, махсусан, «Ахлоқ»-и ӯро ба ёд орад, ки дар он бад-ин маъно гуфта мешавад: баъди растохез арвоҳи гуноҳкорон бештар азоб ва савобкорон бештар роҳат хоҳанд дид.

  1. Плутун – дар асотири Юнон Худои сарват, писари Димутр, хоҳари Худои худоён аст. Данте ин худоро низ шайтони ҳайвоншакле тасвир мекунад, ки нигаҳбони табақаи чаҳоруми Дӯзах, азобгоҳи хасисон ва исрофкорон аст.