Попи Сотан, попи Сотан олапе! –

Кард зиштово Плутун ибтидо,

Ёфт ин донишвар ӯро матлабе,

 

Гуфт баҳри дилдиҳиям раҳнамо:

«З-ин марам, натвонад ӯ орад халал,

То фуруд аз сахра оӣ бармало».

 

7 Гуфт сӯи зиштрӯи бадамал,

«Шав хамӯш, эй гурги малъуни ҳаром,

Хашму кинатро фурӯ хур дармаҳал!

 

10 Бар Ҷаҳим оем. Он ҷо ки лаҷом

Зад Микоил бар ғурури осиён,

Ояд ин раъй аз ҳамон олӣ мақом.

 

13 Чун дукал бишкаст, афтад бодбон,

Рӯи ҳам печад, шавад зеру забар,

Мисли ин афтод ҳайвони калон.

 

16 Мо ба водии ғаму ранҷу хатар –

Ҷумла дарди коинот анбошта,

Сӯи гудоли чаҳорум раҳсипар.

 

19 Адли яздонӣ! Кӣ қудрат дошта,

То ки гирд орад ба ҷое ин азоб,

Аз чӣ осӣ худ ба ин водошта?

22 Чун ба Корибди ба ҷӯшу илтиҳоб

Сар занад амвоҷу дар ҳам бишканад,

Рӯҳҳо буданд андар печу тоб.

 

25 Мардум ин ҷо буд фаровон, беадад,

Вазнаро бо синаҳо дода такон,

Дошт фарёду фиғоне то абад.

 

28 Ду гурӯҳ бархурда бо ҳам беамон,

Рӯ ба ҳам мегуфт: «Аз чӣ, нобакор,

Харҷ нанмоӣ?». «Чӣ тафритест он!»

 

31 Чархгардон ҷумла дар гудоли тор,

Аз ду сӯ то нуқтаи охир равон,

Дар забон ҳарфи баду таҳқирбор.

 

34 Ним чархе гашта ҳар як з-осиён

Сӯи дигар, боз раҳ мекард сар.

Дил ба дард омад, кушодам ман забон.

 

37 «Кистанд, устод, - гуфтам, - даргузар

Сар тарошида зи дасти чап қатор

 Роҳибонастанд ё қавми дигар?»

 

40 Гуфт: «Ин арвоҳи маҳруми қарор

Дар ҳаёти худ шуда кӯтоҳбин,

Гаштаанд аз ҳад зиёд исрофкор.

 

43 Маънии аккосашон чун саг яқин,

Дар хате, ки мекунад аз ҳам ҷудо

Он хатоҳои мухолифро бубин.

 

46 Сартарошида кашишон пеши мо,

Бинӣ ин ҷо кардинолу поп ҳам,

Ки хасисишон буда бемунтаҳо.

49 «Ман аз ин ҷамъи лаину бекарам,

З-ин гунаҳкорон, шиносам чанд тан

Бояд ин ҷо» – устоди муҳтарам.

 

52 «Иштибоҳе мекунӣ. – гуфт ӯ, – ба ман

Баски буданд ончунон мурдору зишт,

Ки наёрӣ ҳеҷ ҳам бишнохтан.

 

55 Байни ду нуқта абад хоҳанд гашт,

Рӯзи маҳшар дастае хезад зи гӯр

Бо сари бемӯй, дигар баста мушт.

 

58 Кард маҳруми ҷаҳони ҳусну нур,

Ҷумларо исрофу мол андӯхтан,

Худ ту дидӣ, шарҳи ман набвад зарур.

 

61 Эй писарҷон, гаштӣ огаҳ з-ин сухан,

Ки хушӣ з-иқболи умри бебақо

Нест ҷуз ваҳму хаёли марду зан;

 

64 Бас ҳама зарҳои олам зери моҳ

З-ин азоб асло раҳо кай мекунад

Лаҳзае ҳатто яки арвоҳро».

 

67 Гуфтам: «Эй раҳбар, маро кун гӯшзад,

Чист Иқболе, ки мегӯӣ, чӣ сон

Неъмати дунё варо дар даст шуд.

 

70 «Эй асири ҷаҳл, эй нобихрадон,-

Гуфт, – агар ин аст аҳволи шумо

Бишнавед андарзи ман бо гӯши ҷон;

 

Он ки илмаш аз азал шуд раҳнамо,

Осмонҳо офариду роҳбар,

Дод ҳар ҷузъи варо нуру зиё,

76 Нурдеҳ як ҷузъ бар ҷузъи дигар,

Неъмати рӯи заминро низ дод

Зери фармони ҳамон вологуҳар,

 

79 Гуфт, вақташ ояд он ганҷи зиёд –

Сарвати пуч аз диёре бар диёр

Боз аз қавме ба қавме мерасод.

 

82 Аз салоҳандешии он ки чу мор

Ҳаст дар байни алафзорон ниҳон,

Халқ аз халқе бишуд фармонгузор.

 

85 Зидди ин нирӯст дониш нотавон,

Ӯ салоҳ андешаду омил бувад,

Чун худоёни дигар фармоннишон.

 

88 Азми ӯ бевақфае ҳосил шавад,

Чун зарурат карда ӯро дар амал,

Ӯ ба вазъи мардумон оқил бувад.

 

91 Бахту толеъ ёфт ҳар к-ӯ бехалал,

Бояд ӯро ҳамд мегуфту сано,

Лек бад мегӯяд ӯро дар масал.

 

94 Нашнавад ӯ лек ҳарфи носазо,

Чархи худ гардонда бошад шодмон

Дар миёни аввалин махлуқҳо.

 

97 Меравем аз ҳавзаи ранҷи гарон,

Рафта поин ахтарон дар чархи дур,

Рухсати таъхир набвад ин замон».

 

100 Ҳалқаро дидем сар то сар ба нур,

Чашмае мерехт ҷӯшида ба таҳ,

Ки дар он кандаст як чоҳе чуқур.

103 Об буд на сабзу тира, буд сияҳ,

Мо ба поин аз паси амвоҷи тор

Бо раҳи душвор бигрифтем раҳ.

 

106 Он гаҳе ки мерасад ин ҷӯйбор

Бар таҳи девораи хокистарӣ,

Ном гирад «Истикас» – мурдобзор,

 

109 Ман, ки кӯшидам бубинам беҳтаре,

Мардумон дидам, ки пӯшида лажан

То гулӯ, буданд зишту қоҳире.

 

112 На фақат ҷанганд бо каф марду зан,

Бо сару сина, ба ҳар ду пои хеш,

Пора мекарданд бо дандон бадан.

 

115 Гуфт раҳбар: «Эй писар, бинӣ ба пеш

Мардуми дар султаи хашму ғазаб,

Низ медон, зери ин мавҷи пареш

 

118 Боз халқеянд дар ранҷу тааб,

Мешавад аз чархашон пайдо ҳубоб,

Ин аён асту маё з-ин дар аҷаб,

 

121 Ғарқаи мурдоб гӯянд: «Офтоб

Нур мебахшиду мо дилҳои худ,

Карда пур аз дуди талхи пуразоб.

 

124 Ҷоямон акнун даруни лой шуд».

Гуфта, ин афсурдагони ҷовидон,

Бо суханҳое, ки номафҳум буд.

 

127 Дар сари мурдоб буд қавси калон,

Аз паи девораҳо рафтем чанд

Дида ононро, ки гил хӯрокашон,

 

130 Омадем охир таги бурҷи баланд.

ТАВЗЕҲОТ

СУРУДИ ҲАФТУМ

Табақаи чаҳорум. – Шайтон Пулутун. – Хасисон ва исрофкорон. – Табақаи  панҷум. – Ботлоқи Истиҷа. – Арбоби ғазаб.

  1. Попи Сотин, олапе – ин сухани муаммоомез дар ҳеҷ забони дунё маъно надорад. Дантешиносон ба тафсили он саҳифаҳои бисёре сарф карданд. Ба эҳтимол наздикаш он аст, ки ифодакунандаи қаҳру ғазаб бошад.
  2. Микоил – аз малоики муқарраби Худо. Ҳангоме ки шаётин исён мекунанд, онҳоро аз осмон ба зери замин партоб кард.
  3. Корибди – сахраи маъруфе дар канори халиҷи Мессино, назди ҷазираи Сисил, ки дар «Одиссея», - и Ҳумер ҳам омада аст.
  4. Бо сари бемӯй, дигар баста мушт. – Зарбулмасали итолиёӣ ҳаст, ки дар ифодаи исрофкории беҳад «як мӯи сар намонда, сарф кард» мегӯяд. Бар муқобили ин дастони муштбаста аломати ифроти хасисист.

62-95. Иқбол – ба юнонӣ Фортуна, Худое, ки ба сурати зани зебо таҷассум шуда, ҳамеша дар парвоз ва чархи гардоне бо худ дорад, ки рамзи бебақоии сарвату мақом аст. Данте ӯро дар зумраи фариштагон тасвир ва вазифадор мекунад, ки сарвату шуҳрат ва мақоми инзаминиро аз мардуме бар мардуме интиқол диҳад.

  1. Аввалин махлуқҳо – фариштагон.
  2. Рафта поин ахтарон... – вақте ки Данте ва Верҷил оғози сафар карда буданд, ситорагон дар осмон болорӯ мерафтанд, акнун поин мераванд, яъне поёни шаб мерасад.
  3. Истекас – муроҷиат шавад ба шарҳи «Дӯзах», суруди 11, мисраи 77.