Боз мегӯям, ки то бурҷи баланд

Омадан, дидем дар болои он

Дар ду ҷо ду шӯълаи кӯчак буданд.

 

Шӯълаи саввум будӣ дур ончунон,

Ки ба чашмон хурду хира буд зи ҳад,

Лек медод он аломат ҳар замон.

 

7 Рӯй овардам ба дарёи хирад:

«Чист рамзи ин аломатҳо, - бигӯ –

Кист бо оташ, ки посух медиҳад?»

 

10 «Гар нагардад монеи дидори ту,

Ин лаҷанзору бухораш, интизор

Он чиро бошанд, бинӣ рӯ ба рӯ».

 

13 Аз камон тире нарафта ҳеҷ бор

Бар фазо он сон шитобу беҳаял,

Карда к-ин заврақ ба сӯи мо гузор.

 

16 Буд заврақбони танҳо дар мағал,

Бонг мезад сӯи мо он бе сипос:

«Омадӣ, охир ту, эй рӯҳи дағал!»

 

19 Гуфт муршид: «Фалҷиёс, эй Фалҷиёс,

Барабас доде мазан, ин бор зуд

Мешавем аз ихтиёри ту халос».

 

22 Чун касе ки дом дар пешаш намуд,

Дар шигифт ояд, шавад ҳайратфизо,

Фалҷиёс аз хашму кин биншаста буд:

27 Чун фуруд омад ба заврақ раҳнамо,

Аз канораш ҷой доду дарзамон

Зуд сангин гашт заврақ зери по.

 

28 Мо, ки биншастем, заврақ шуд равон,

Суръат аз пешинааш буд тезтар,

Об мебурриду мерафт аз миён.

 

31 Мо равону дӯзахии бадгуҳар

Гуфт, сар бар карда аз байни лаҷан:

«Кист, пеш аз вақт з-ин ҷо раҳгузар?»

 

34 «Омадам, гуфтам, намонам дер ман, –

Худ, ки ҳастӣ  нохушандоме чунин?»

Гуфт: «Рӯҳам, дилпарешон, пурҳазан».

 

37 Гуфтамаш: «Эй рӯҳи малъун, бо анин

Бо азоби худ бимон, ҳиллат масоз,

Ман туро бишнохтам дар гил яқин».

 

40 Сӯи заврақ карда дастонаш дароз,

Ронда дураш гуфт ҳушёр устод:

«Гум бишав, рав бо дигар сагҳо битоз!»

 

43 Гарданам бигрифт, рӯям бӯса дод,

Гуфт: «Эй рӯҳи дағал, бар он зане,

Ки ба батнаш парваридат шукр бод!

 

46 Дар замин ин мардро буд ман-манӣ,

Ҷуз ба мағрурӣ накард ӯ нек кор,

Шуд аз ин рӯҳаш ба хашм оганданӣ.

 

49 Беш худ хонанд он ҷо шаҳриёр,

Лек ин ҷо хуксон дар манҷалоб,

Монда аз худ хашму нафрат ёдгор!»

52 Гуфтам: «Эй устод, з-ин рӯди пуроб

Пеш аз он ки меравем, ӯро ба сар

Ғарқа мехоҳам бубинам андар об».

 

55 Гуфт: «То он ки бубинӣ пештар

Соҳили дигар чунин хоҳад шудан,

Ҳақ туӣ, гардӣ зи шодӣ баҳравар».

 

58 Баъд дидам дӯзахиёни лаҷан,

Ки чиҳо карданд бо ӯ аз ғазаб,

То кунун дорам Худоро пос ман.

 

61 Ҷумла мекард Орҷантиро талаб,

Ин флуронии рӯҳи тундхӯ

Хеш бо дандон газидӣ бо тааб.

 

64 Ӯ бимонд он ҷо, нагӯям ҳарфи ӯ,

Ногаҳ омад нолаи пуризтироб,

Сӯи он кардам нигоҳе рӯ ба рӯ.

 

67 «Эй писарҷон – кард устодам хитоб, –

Инак аст ин шаҳри Дита, бешумар

Аз кашокашҳо кашанд ин ҷо азоб».

 

70 Гуфтам: «Эй устод ояд дар назар

Масҷиди бисёр сурхи шӯълагун,

Гӯӣ оварданд аз оташ бадар.

 

73 «Оташи ҷовидашон сӯзад дарун, -

Ӯ бигуфт, – Ин ҷумла андар нору нур

Сӯхта дар «Дарки Софил» андарун.

 

76 Рафта мо сӯи ҷариҳои чуқур,

Ҳар яке чун хандақи мотамкада,

Оҳанин буд қалъаи шаҳри шурур.

79 Гирди хандақҳо басе пече зада,

Омадем он ҷо, ки заврақбони зор

Гуфт: «Бифроед, мо шаҳр омада».

 

82 Ронда дидам пеши дар беш аз ҳазор,

Ки ҳамегуфтанд хашмин: «Кист он,

Ки намурда, омадан кард ихтиёр.

 

85 Бар диёри ҷовидони мурдагон?»

Кард ишора устоди некхӯ,

Ки ба онон дорад алфози ниҳон.

 

88 Он гаҳ онон хашми худ бурда фурӯ

«Ту ба назди мо биё, они дигар,

К-омада зинда, сари худ гирад ӯ.

 

91 Созад аз роҳи ҷунунаш пас сафар,

Баски мемонӣ ту дар ин сарзамин,

Ки варо будӣ ба ин ҷо роҳбар».

 

94 Чун бишуд, хонанда, ҳолам баъд аз ин

Ҳарфи шум, афтод дар ҷонам ҳарос,

Ки наёбам роҳ бар рӯи замин.

 

97 Гуфтам: «Устоди азизу ҳақшинос,

Ки наҷотам дода беш аз ҳафт бор,

Ҷон раҳондӣ аз хатар, дорам сипос,

 

100 Ту маро магзор дар ин ҳоли зор,

Гар набояд рафт з-ин ҷо пештар,

Бозгашт аз роҳ созем ихтиёр».

 

103 Муршидам, ки буд ин ҷо роҳбар,

Гуфт: «Хавфе не, натонад ҳеҷ кас,

Манъ созад хоҳиши ӯро дигар.

 

 

106 Интизорам бош ин ҷо як нафас,

Рӯҳи худ тобу тавон деҳ аз умед,

Ман туро танҳо нахоҳам монд бас.

 

109 Худ бимондам, рафт устоди саид

Дар сарам буд сад гумони лоҷавоб,

Буд байни «не»-ю «ҳа» ҷанги шадид.

 

112 Нашнавидам он чӣ мекардӣ хитоб,

Ӯ намонд он ҷо вале дуру дароз,

Бар дарун рафтанд онон бешитоб.

 

115 Баста шуд бар рӯи ӯ дарҳои боз,

Муршиди ман буд андар пушти дар,

Наздам омад нарм-нарм устод боз.

 

118 Баста итминони ӯ рахти сафар,

Бо алам мегуфт чашмаш бар замин,

«Кист бар ман баста ин роҳи гузар?»

 

121 «Бад макун дил, биниям гар хашмгин, –

Гуфт, – инон гарчи созандӣ паноҳ

Шаҳри худ, пирӯз гардам ман яқин.

 

124 Кинатӯзишон набуд нав ҳеҷ гоҳ,

Баски он дарвозае, ки барқарор

Боз монда то кунун, бошад гувоҳ.

 

127 Тори дар хондӣ ту ҳарфи маргбор,

З-он суи дар якка меояд фуруд,

Аз миёни ҳалқаҳои тангу тор,

 

Он, ки дар бар рӯи мо хоҳад кушуд.

ТАВЗЕҲОТ

СУРУДИ ҲАШТУМ

Табақаи панҷум (охираш). – Фалҷиёс. – Шаҳри шайтон Дита.

  1. Ду шӯълаи кӯчак – аломати он аст, ки ба зудӣ шайтонҳои посбон ба қалъа ду бегонаро роҳ медиҳанд, ки пас аз ин заврақбон ба сӯи ояндагон меравад.
  2. Фалҷиёс – Дар асотири Юнон яке аз қаҳрамонони афсонаи Худоён, писари Миррих, Худои ҷанг, ки ба Худои ишқ Апполон ба сабаби фирефтани духтараш ба ӯ ғазаб гирифт ва маъбади бузурги Далфро оташ зад. Дар Дӯзахи Данте ӯ посдори бадхашми табақаи панҷум аст.
  3. Дӯзахии бадгуҳар – Филиппо Арҷенти, яке аз сарварони хонаводаи «Адимари»-и Фулуронс, душмани ашаддии Данте. Аз он сабаб Арҷенти (нуқрагин) лақаб пайдо кардааст, ки аз сарватмандӣ наъли аспҳояшро аз нуқра месозондааст.
  4. Шаҳри Дита – Дӯзахи Данте аз табақаи панҷум минбаъд дар даруни ин шаҳр ҷой дорад. Дита – ба Итолиёи Дис, ба Юнонӣ Плутун (Ҳодис) Худои Дӯзах аст. Данте ин номро ҳам ба шайтони аъзам ва ҳам ба шаҳри Дӯзах додааст.
  5. Ронда дидам пеши дар беш аз ҳазор. – Онҳое, ки ҳамроҳи шайтони азим Лютсифер бар зидди Худо исён карданд ва аз осмон ба зери замин афканда шуданд.

124-126. Ишора ба ривояти масеҳӣ, ки гӯё вақте Исо барои бурун овардани арвоҳи савобкорон ба Дӯзах фуруд меояд, шайтонҳо дарвозаро ба ӯ намекушоянд ва ӯ дарвозаро мешиканад, ки то ҳол боз мондааст.