Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Ранги хорӣ гашт бар рӯям аён,
Раҳнамо тағйиру ранги худ зи ман
Сахт мекӯшид, то созад ниҳон.
Чун касе ки гӯш дорад бар сухан
Истода, дошт бар зулмат назар
Лек чизеро намедид он заман.
7 Гуфт: «Моро мебувад, бешак, зафар,
Он ки дода ваъдаи ёрӣ ба мо,
Мерасонд ин ҷой бояд зудтар.
10 Хуб медидам, ки ҳарфи ибтидо
Ихтилофе дошт бо ҳарфи ахир,
Баски маънии суханҳо буд ҷудо.
13 З-ин маро тарсу ҳаросе кард зер,
Маънии бадтар зи ҳарфи нотамом
Баски дармеёфтам ман ногузир.
16 Ноумедӣ кайфараш бошад мудом,
Ҳар касе дар ҳалқаи аввал бувад,
Омад оё кас ба ин ҷо з-он авом?»
19 Ин бипурсидам, бигуфто: «Кам фитад
Иттифоқ арвоҳро ин сон сафар,
Кам касе паймуда ин роҳи абад.
22 Гарчи з-ин ҷо меравам бори дигар
Бо Ирикту на, ки бо ҷоду, фусун
Медарорад рӯҳ бар ҷисми башар.
25 Тоза қолаб чун тиҳӣ кардам, дарун
Карда буд он гаҳ маро бар ин ҳисор,
То кашам рӯҳи Яҳудое бурун.
28 Ҳалқаи поинтарин ин асту тор,
Дур бошад з-осмони бозиё,
Хуб донам роҳро, бовар биёр.
31 Бӯи бад меомад аз мурдобҳо,
Шаҳри дард аз ҳар тараф бадбӯй буд,
Дохилаш бояд, ки мегаштем мо».
34 Ногаҳон дар нуқтаи сурхи абад
Се нафар шайтонаи осемасар
Ғарқаи хун барфарозиданд қад.
37 Мори сабзи ҳафтсар – банди камар,
Гесӯ – афъӣ, мори печон дар ҷабин,
Чанбари морон ба аъзо сар ба сар.
40 Истодам. Дидам ашбоҳе чунин,
Дар диёри ашкҳои ҷовидон.
Гуфт: «Ириноҳои дарранда бубин».
43 Олкту дар рост гиряд, дар миён
Ин Тазифонаст, дар чап Мижҷаро,
Ин суханҳо гуфту барбаст ӯ забон.
46 Синадаррон ҳар яки шайтонаҳо,
Хешро силизанон, фарёдзан,
Ки шудам аз хавф ҷафси раҳнамо.
49 Бо ниҳеби сахт гуфтандӣ сухан:
«Ку Мидузо, ё Тизеоро ҳамон
Санг бандонем дар ҷояш бадан».
52 Рӯ бигардон, банд маҳкам дидагон,
Чунки Гургуна расад, бинӣ варо,
Ту нахоҳӣ рафт боло баъд аз он».
55 Гуфтаву чархонд рӯям раҳнамо
Сӯи дигар баст чашмам бесухан
Ӯ ба дасти хеш маҳкам ҷо ба ҷо.
58 Чашми равшанбини ҳар як марду зан
Ёбад он асле, ки мебошад ниҳон
Дар ҳиҷоби шеъри пурасрори ман.
61 З-обҳои пурталотум ногаҳон
Як ғиреве хост бас ваҳшатфизо,
Сахт ларзиданд соҳилҳо аз он.
64 Ҳамчу боде буд ғуррон он садо,
К-аз ҳавои мухталиф пайдо шавад,
Барканад аз пеши раҳ монеаҳо.
67 Шохаҳоро бишканад, бо худ барад,
Меравад чун гирдбоди пурғурур,
Мегурезад з-он ҳама чӯпону дад.
70 Чашми ман бикшоду гуфто: «Ту ба дур
Хуб бингар кафки амвоҷи куҳан,
Ки бухори ғафс ояд бар зуҳур».
73 Ҳамчунин аз мор ғукони лаҷан
Мешаванд осема пинҳон зери об,
Бар замин часпонда ҷисми хештан.
76 Дар фирор афтода арвоҳи хароб,
Чун бидид ӯро, ки по нокарда тар
Рӯи «Истекас» равон буд бешитоб.
79 Гоҳ бо дасти чап аз пеши назар
Дур меронд ӯ бухори ҷовидон
Гӯиё медод инаш дарди сар.
82 Ёфтам, ӯ буд пайки осмон,
Дидам, устодам ишора кард, то
Сар фуруд орам хамуш дар назди он.
85 Ваҳ, чунон меомад ӯ беэътино!
Паллаи дарвоза беишкол ӯ
Бо такони чӯбдасташ кард во.
88 Гуфт назди остон ӯ рӯ ба рӯ:
«Эй зи даргоҳи илоҳӣ рондагон,
Бадсиголу пурғуруру тундхӯ,
91 Аз чӣ охир зидди раъйи осмон,
Борҳо, к-он ранҷ бар ранҷе фузуд,
Бошад ин гарданкашии бегумон.
94 Ҷанг бо зӯри илоҳӣ? Нест суд.
Сибироро бурдед аз хотир магар,
К-аз занахдон то гулу бепӯст буд?»
97 Ин бигуфту бозпас кард ӯ сафар
Аз раҳи пургил чу он шахсе, ки ҳаст
Сад гирифториш дар ҷои дигар,
100 Ки варо хотир мушавваш доштаст;
Қуввати дил шуд ба мо ҳарфи азиз,
Роҳ бигрифтем сӯи даври паст.
103 Воридаш гаштем беҷангу ситез,
Сарнавишти қалъашинонро, ки ман
Диданӣ мехостам он лаҳза тез
106 Бингаристам гирду сӯи хештан,
Дидам аз ҳар сӯи деҳоти калон,
Ки ҳама оганда аз ранҷу шикан.
109 Меравад аз шаҳри Арли рӯди Рон
Назди Пола, бо Каварнору шавад
Кишвари Итолиё пайванди он.
112 Хок ноҳамвору гӯри беадад
Буд ин ҷо, лек фарқе ҳам дигар
Дошт, ки буд вазъашон бисёр бад.
115 Мезад оташ байни гӯристон шарар,
Гӯрҳоро мегудозид ончунон,
К-оҳаке нагдохт кас ҳеҷ ин қадар.
118 Буд муаллақ сангҳои гӯрашон,
Нолаҳои талх бармехестанд
Аз даҳони тирарӯ он осимон.
121 Гуфтам: «Эй устод, инон кистанд,
Хуфта андар гӯрҳо зору низор,
Нолазан бо дард баҳри чистанд?»
124 Гуфт: «Зиндиқанд ҳам бидъатгузор,
Пайравон доранд беҳадду ҳисоб
З-он чӣ пиндорӣ фузунтар дар мазор.
127 Ҷумлаи ҳамаслакон ин ҷой хоб,
Гӯрашон дар нор сӯзад бешу кам».
Пас ба дасти рост мехӯрдем тоб,
130 Монда сӯи шаҳру қалъа мо қадам.
ТАВЗЕҲОТ
СУРУДИ НУҲУМ
Дарвозаи шаҳри Дита.–Пайки осмон. – Табақаи шашум. – Зиндиқон.
1-3. Ранги хорӣ гашт бар рӯям аён. – Верҷил мебинад, ки аз ҳарос ранг аз рухи Данте рафтааст, мекӯшад, ки паридани ранги худро аз ӯ ниҳон дорад.
25-27. Аз табақаи поинтарини Дӯзах, ки дар он ҷо Яҳудо, хиёнатгари Исо азоб мебинад, рӯҳи гунаҳкореро берун кашам.
35-48. Се нафар шайтона (Фурия) – Дар асотири Юнону Рум арвоҳи бадкори интиқомҷӯ буданд. Тазифона, Мижҷаро, Олку модашайтонҳои зансурати сангдил, ки барои гуноҳҳои калонтарин азоб медоданд.
89-99. Сирбиро. – Посдори табақаи чаҳоруми Дӯзах, ки ҳангоми ба он дохил шудани Ҳаркул монеъ шуд ва Ҳаркул онро бар занҷири гарон баста, кашон-кашон ба рӯи замин бурд. Аз асари ин кор занаху гулӯи Сирбиро бепӯст шуд.