Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Устодам мебарад бо худ маро,
Аз миёни шаҳру гӯри осиён
Меравад аз пеш ӯ, ман аз қафо.
Гуфтам: «Эй фозилсиришти ду ҷаҳон,
Ки барӣ аз байни нопокон маро,
Гӯ сухан, в-ин оташи рағбат нишон.
7 Метавон дидан даруни гӯрҳо,
Кистанд онон, ки санги ҳар мазор
Гашта боло, посбон бошад куҷо?»
10 Гуфт: «Инон аз Яҳушофот зор
Боз меоянд агар бо колбад,
Баста хоҳад гашт гӯри бешумор.
13 Дар ҳамин ҷо гӯри Эпикур бувад,
Бо тамоми пайравонаш, ки бигуфт:
Марги тан бар рӯҳ ҳам марг оварад.
16 Хоҳиши ту мешавад дарҳол ҷуфт,
Он чӣ дар дил ҳасту в-он чӣ дар забон
Гардад иҷро, посухаш хоҳӣ шунуфт».
19 Гуфтам: «Эй устод, ман майле ниҳон
Аз ту гар дорам, бихоҳам мухтасар
Ҳарф гӯям, худ ки фармудӣ чунон.
22 «Тусканиё, зиндаиву даргузар
То зи шаҳри оташе, бо эҳтиром,
Ҳарф гӯӣ, кун ту таъхири сафар.
25 Шеваат гӯяд ба назди хосу ом,
К-аз диёри нек ҳастӣ, лек ман
Сахтгирӣ кардамаш шояд мудом.
28 Аз даҳони гӯр омад ин сухан,
Бо ҳаросонӣ гирифтам сахттар
Бозувони раҳнамои хештан.
31 Гуфт: «Зан чарху ба ӯ бинмо назар,
Фориното ӯст, бархезад ба по,
Метавонӣ бинияш сар то камар».
34 Ҳол дидам гӯру чашми рӯҳро,
Синаву пешонӣ оварда бурун,
Дошт бар Дӯзах назар ӯ бо дағо.
37 Бо ду дасти зӯр карда раҳнамун
Аз миёни гӯрҳо бар сӯи ӯ,
Гуфт раҳбар: «Гӯ сухан равшан кунун».
40 Омадам бар назди қабр, оварда рӯ
Сӯи ман пурсон бишуд беэътино,
«Гӯй бар ман кистанд аҷдоди ту?»
43 Баски будам моили тоат варо,
Ному аҷдодам накардам ман ниҳон.
Зад гиреҳ абрӯю лабро кард во:
47 «Ҷумлаи инон ҳарифи нотавон
Буда бар хоки ману аҷдоди ман,
Ман ду дафъа рондаам берунашон».
50 Гуфтам ӯро: «Рост ду бор аз ватан
Гашта берун, лек баргаштанд боз,
Ин тавонад аз шумоён ҳеҷ тан.
53 Пеши чашмам рӯҳи дигар бо ниёз
Аз замин то бар занах баркарда сар,
Гӯ сари зону буду меҷуст роз.
56 Дид пиромуни ман, шахси дигар
Нест оё ҳамраҳи ман раҳгузар,
Чун надод он интизораш бору бар.
59 «Гар нубӯғат мебарад з-ин чоҳи тор»
Гуфт гирён, – ку маро якто писар?
Ӯ чаро бо ту набошад ҳамқатор?»
62 Гуфтамаш: «Ман худ накардам ин сафар,
Раҳбарам он ҷо, Гивидуи шумо
Эҳтимол ӯро нахонда муътабар».
65 Гуфтугӯяш, навъи он ранҷу ано,
Номи ӯро баҳри ман фаҳмонда буд,
З-ин сабаб посух бидодам ман варо.
68 Ногаҳон бархост, фарёде намуд,
«Ӯ нахондаш мӯътабар гуфтӣ? Писар?
Чашм аз нури саҳар барбаст зуд?»
71 Бар саволаш посухи ман дертар
Чун ба лаб омад, ба гӯри худ фитод,
Дигар ӯ аз гӯр бар н-овард сар.
74 Рӯҳи олиҷоҳ, бар ҷо меситод,
Бо тақозояш будам ман интизор,
Вазъи хеш ӯ ҳеҷ тағйире надод.
77 Гуфт дар дунболи он гуфтугузор:
«Гар табори ман надонанд ин ҳунар,
Сӯзадам ин беш, з-ин ҷогоҳи нор.
80 То ки ин фармонраво – бонуи зар,
Чеҳрааш равшан кунад панҷоҳ бор,
Донӣ аз ин нест фан душвортар.
83 Боз гардӣ бар ҷаҳони нурбор
Гӯ ба ман: мардум ба қонунаш чаро
Бо табори ман бувад носозгор?
86 Гуфтамаш: «Куштор, мавҷи Арбиё
Сурху хунин кард, дар маъбад аз он
Муҷиб омад халқро ин сон дуо».
89 Гуфт ӯ бо оҳ, сар дода такон:
«Бесабаб ҳаргиз наҷангидам яқин,
Ман магар танҳо будам дар он миён.
92 Ҷумла мегуфтанд яксони замин
Ин Флурунса бисозем, он заман
Пуштибонӣ кардамаш аз ростин».
95 Кош бархурдор, - сар кардам сухан, -
З-оштӣ гарданд авлоди шумо,
Лек ин мушкил кунед осон ба ман:
98 Ёфтам он сон, ки оянда ба мо
Он чӣ орад, донед аз мо хубтар,
Нест ин қудрат кунунтон пас чаро?»
101 «Чизҳои дурро пеши назар
Нек мебинем ҳамчун дурбин,
Бенасиб аз ин накарда роҳбар.
104 Оҷиз ояд ақл, амр ояд қарин
Гар хабар надҳад касе, тақдиратон
Дарнамеёбем мо аз худ яқин.
107 Илму дарки мо, ба ту бошад аён,
Баста гардад чун дари ояндаҳо,
Яксара поён пазирад бегумон».
110 Гуфтам он гаҳ ман ба ислоҳи хато:
«Гӯед онеро, ки бар хок уфтод,
Ҳаст фарзандаш миёни зиндаҳо...
113 Гар хамӯшӣ ихтиёрам буд зиёд,
Хотири ман банди он асрор буд
В-ин суханҳо уқда з-он мушкил кушод.
116 Устодам назди худ даъват намуд,
Лоҷарам аз рӯҳ гаштам хостгор,
Гӯядам ӯ номи ҳамроҳон-ш зуд.
119 Гуфт: «Ин ҷо хуфта кас беш аз ҳазор,
Федерику Кардинал бурда ба сар,
Дигаронро ман нагӯям ошкор».
122 Сӯи шоир по ниҳодам, аз назар
Ӯ ниҳон шуд, фоли бад аз он сухан
Баргирифта, фикр мекардам дигар.
125 Чун ба роҳ афтод, гуфт ӯ сӯи ман:
«Бас парешон менамоӣ ту чаро?»
Гуфтамаш з-он моҷаро дил дар ҳазан.
128 «Он чӣ бишнидӣ, – бигуфтам раҳнамо, –
Ёд дору он чӣ гӯям ҳуш дор».
Рост кард ангушт: «Бонуи сафо,
131 Ки фурӯғаш дилпазиру беғубор,
Чашми ӯ бинад савобу ҳам гуноҳ,
Баъд аз ин бо ту кунад гуфтугузор».
134 Шуд хамуш. Кардем бар поин нигоҳ
В-аз канори қалъа бинҳодем гом,
Дар дара охир ҳамешуд кӯрароҳ.
137 Бӯи бад меомад аз он бар машом.
ТАВЗЕҲОТ
СУРУДИ ДАҲУМ
Табақаи шашум. – Аҳли зиндиқа.
32-51. Фориното – (Фориното Делли Уберти) яке аз ашрофи машҳури Флуронс, раиси дастаи гибелинҳо (тарафдорони ҳукумати республикавӣ), ки бо гивелфҳо (тарафдорони ҳукумати императорӣ) ҷангид, вале дар охир шикаст хӯрда, соли 1258 аз Флуронс ронда шуд. Сипас ӯ бо писари ғаришаръии Федерики II забон як карда, соли 1260 ба Флуронс ҳамла овард ва дар назди Монтапарти ҷанги хунине карда, пирӯз шуд. Фориното дар соли 1264, як сол пеш аз таваллуди Данте аз олам даргузашт. Ҳамасрони ӯ аз ғурур ва саркашии бениҳояти ӯ сухан гуфтанд, ки Данте ҳам онро бисёр олӣ ба қалам овардааст. Баъд аз марги Фориното гивелфҳо боз қувват пайдо карда, гибелинҳоро шикасти сахт доданд ва ба сари ҳукумат омаданд.
80-83. Моҳтоб панҷоҳ бор нав шавад, яъне баъд аз панҷоҳ моҳ Данте дар ҳақиқат умеди баргаштанро ба Флуронс батамом канд.
91 – 93. Ҳангоме ки гибелинҳо зери фармонравоии Фориното ғолиб ва соҳиби Флуронс шуданд, шӯрои низомию сиёсӣ талаб кард, ки шаҳр яксони замин карда шавад ва Фориното онро девонагии маҳз номида, гуфт, ки ман то лаҳзаи охир дар дифои шаҳр хоҳам буд ва ба ин кор роҳ надод.
130-133. Ба ин маъно, ки Биатрис ба ту рӯҳи Каччагвидиро (ҷадди Данте) менамояд ва ту аз он ояндаи худро хоҳӣ донист.