Мунтаҳо бар сахраҳои ҳалқавор

Омада дидем ҷамъе дар азоб

Бештар аз дигарон буданд хор.

 

Мерасид аз жарфнои тиратоб

Бӯи бад, бурдем мо аз он паноҳ

Дар паси санги мазоре бошитоб.

 

7 Ҳак шуда дар санг: «Ман дорам нигоҳ

Поп Анастозӣ, ки баъд аз Фотино

Дар сиротулмустақим ӯ шуд табоҳ».

 

10 Пеш аз он, к-оем бар шеб аз фаро,

Андак истему ба бӯ гирем хӯ».

Гуфт раҳбар, низ ман гуфтам варо.

 

«То нагардад вақт зоеъ худ бигӯ,

Матлабеву ин қазоро чора чун,

Гуфт: «Худ он чора дорам ҷустуҷӯ».

 

16 Кард оғоз: «Эй писарҷон, дар дарун

Сангҳоро ҳаст се даври дигар,

Мисли онон, ки гузаштӣ гунагун.

 

19 Давраҳо мамлу шуда з-арвоҳи шар,

Аз чӣ ин ҷо ҷумла гашта ҷойгир,

Дарҳам афтода, фишурда сар ба сар.

22 Ҳар бадеро, ки само хонад шарир,

Ҳаст фарҷомаш ба бедоду дағал,

Дигаронро он зиён орад касир.

 

25 Баски дорад одамият он ҳиял,

Нохушоянд аст он бар кирдгор,

Дар таҳ ононанд аноро дар бағал.

 

28 Золимонастанд дар аввал қатор,

Сохта се ҳалқагӣ доираро,

Баски ин зӯрӣ равад се сон ба кор.

 

31 Бар худу бар дигарон, ё бар Худо,

Боз бар нафсу ҳуқуқу молашон,

Ҷабрро, донӣ, ту мебинӣ раво.

 

34 Метавон зад дигаре захми гарон,

Кушт ё оташ заду кардан хароб,

Бо дуруштӣ ё ситонӣ моли он.

 

Қотилу ғоратгарони беҳисоб,

Раҳзану захмикунон бо қасди бад

Дар ҳисори аввалин бинанд азоб.

 

40 Ҳар касе дасти тааддӣ ё ба худ

Ё ба моли хештан кардӣ дароз,

Ӯ муҷаззо дар дувумин қалъа шуд.

 

43 Худ зи умр он ки кунад маҳрум, боз

Мояву ҳастӣ бибозад дар қимор,

Гиряд он ҷое, ки хандад бениёз.

 

47 Ё тааддӣ кард бар парвардигор –

Куфр гуфту гашт мункир аз Худо,

Ӯ табиат, Лутфи Яздон дошт хор.

50 Бар Садум, Қоҳур он ки беибо

Кард таҳқири Худо дар дил, забон,

Ҳалқа дарзад муҳри оташ ҷо ба ҷо.

 

53 Ҳилла ҳар касро кунад озурдаҷон,

Ҳам касеро ки ба мо бовар кунад,

Ҳам касеро, ки бувад нобовар он.

 

56 Ҳилла пайванди муҳаббат барканад,

К-он бувад маҳзи табиат устувор,

З-ин сабаб дар давраи дуввум занад.

 

59 Ҳам дурӯю чоплусу вақфхор,

Ҳам қаводӣ, нодурусту ихтилос,

Кулли ҷодугар, тамоми нобакор;

 

62 Мекунад меҳри қарибонро асос,

Ҳиллати навъи дигар бурда зи ёд

Он касе, ки дошт имону сипос,

 

65 Дар сиёҳ ин  ҳалқаи дӯзах фитод,

Дар ҳамон ҷо, ки Дита шуд ҷогузин,

Ҳар хиёнатгар ба ранҷи умрбод.

 

66 Гуфтамаш: «Хуб аст тақсиме чунин,

Баски мардумро ба мо бидҳад нишон,

Ки баранд ин ҷо ба сар дар ранҷу қин;

 

68  Гӯй: «Онон ки ба лое ҷовидон

Зери борону ба чанги сарсаранд,

Дар ситезастанд бо ҳам беамон,

 

71 Мавриди қаҳри худовандӣ гаранд,

Пас чаро дар шаҳри оташ нестанд?

Пок агар, аз чӣ ба дӯзах андаранд?»

74 Ӯ бигуфт: «Аз чӣ туро ақли баланд

Шеваи пешини худ аз даст дод?

Ҷои дигар ё ки фикри туст банд?

 

77 Ё магар «Ахлоқ»-ро бурдӣ зи ёд,

К-андар он се хӯи бад назди Худо

Нохушоянд аз ҳама бошад зиёд.

 

80 Бадсиголӣ, ваҳшхӯиву або

Айби нопарҳезгорӣ, охирин.

Мӯҷиби кайфар набошад пас чаро?

 

83 Хубтар андешу некӯтар бубин,

Чӣ касон буданд онон бар фаро,

Ки кашида кайфари ҷурми яқин:

 

86 Хуб дарёбӣ чаро онон ҷудо

З-ин шарирон, эзиди одилназар

Аз чишон кам карда саркӯбу ҷазо.

 

89 Гуфтам: «Эй хуршед, эй нури басар,

Ризиям бар мантиқат, шакке варо

Шубҳа бар лутфи яқин бошад дигар,

 

92 «Боз пас рав, – гуфтамаш бар раҳнамо, –

Судхорӣ чун бувад носозгор

Раҳми яздонро, бигӯ, мушкил кушо».

 

95 «Фалсафӣ, – гуфт ӯ – ба шахси ҳушёр

Хуб омӯзад, ки яздонро хирад

Буда ношии табиат, з-ин қарор

 

98 Гар ба диққат хонӣ ту «Физик»-и худ

Чанд саҳфа, на саропо бехабар,

Зуд дарёбӣ, ки дар дунё абад

101 Аз табиат санъат омӯзад башар,

Ҳамчунон шогирд назди устод;

Чун навоси эзид аст асли ҳунар,

 

104 Гар зи Таврот ин дуро орӣ ба ёд,

Одамиро он чӣ мебошад зарур,

З-ин ба даст оранд баҳри умри шод.

 

107 Гар рибохӯр аз рибо гардид дур,

Карда таҳқири табиат, санъат он,

Бандад уммеде ба нокарда зуҳур.

 

110 Ту биё, гардем мо бояд равон,

Баски Ҳут оварда рӯ сӯи фароз,

Хуфта Гардуна ба Куврус бегумон,

 

113 То ба таҳ бошад раҳе дуру дароз.

ТАВЗЕҲОТ

СУРУДИ ЁЗДАҲУМ

Табақаи шашум (давомаш). – Зиндиқон.

7-9. Поп Анастозӣ – поп Анастозии дуюм, ки солҳои 496 – 428 бар ин мансаб буд, мекӯшид ду калисои мухталис – ғарбию шарқиро ба ҳам оштӣ диҳад. Ӯро ба сабаби усқуфи калисои Юнон Фотинро ба хушӣ қабул доштанаш бедин эълон карданд. Мавриди ихтилофи калисоҳо таъйин кардани асли Исо буд, ки писари Худованд аст ё ба мисли мардуми дигар зодаи инсон.

16-66. Верҷил ба Данте табақабандии минбаъдаи Дӯзахро шарҳ медиҳад, ки ҳафтум, ҳаштум ва нуҳуми он торафт тангтар мешаванд, аммо шарҳи гуноҳон ва азобҳои дӯзахиён муфассалтар.

Дар табақаҳои болоии Дӯзах гуноҳ ва азобҳо сабуктар, ҳар қадар ки табақа поинтар равад, ҳамон қадар сахттар мешаванд.

Дар ҳалқаҳои табақаи шашум гунаҳкорон барои: хушунат, дуздӣ, худкушӣ, куфргӯӣ, макру ҳилла, дурӯӣ, хиёнаткорӣ ва ба монанди ин гуноҳони сахт азоб мебинанд, ки дар матни достон шарҳи онон меравад.

  1. Садум – аз рӯи ривояти динӣ шаҳрест, ки барои алоқаи ғайритабиӣ мардумаш сӯзонда шудааст. Кору – шаҳре дар ҷануби Фаронса, ки мардумаш ба судхӯрӣ машҳур буд.
  2. Дита – Лутсифер, шайтони аъзам; шаҳри Дӯзах (ниг. ба шарҳи суруди ҳаштум, 68).
  3. «Ахлоқ» – («Этика») асари маъруфи Арасту, ки Данте аз рӯи он гуноҳҳо ва ҷазоҳои онҳоро табақабандӣ кардааст.
  4. Фалсафӣ – Арасту.
  5. «Физик» – асари Арасту, ки Данте хуб медонист ва қабул медошт.

113-114. Бурҷи моҳиён боло рафта, Гардуна (Дубби Акбар) ба самти шимоли ғарби осмон ба сӯи Курус чархида; яъне то дамидани субҳ камтар аз ду соат вақт мондааст.