Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Рафтем аз сахра ба ҷои шебдор,
Лек мавҷуде дар он бурдӣ ба сар,
Кас накардӣ дидан он сӯ ихтиёр.
Ҳамчунон зери Тананту сангпар
Дар назар ояд, ки бар Одижаруд
Рехта, аз зилзила сар то ба сар.
7 Омада сахра зи ҷогоҳаш фуруд,
Ончунон хобид дар сатҳи замин,
К-аз аз рухаш ҳар кас сабук бигзашт зуд.
10 Роҳи варта шеб будӣ ҳамчунин,
Сахраҳо ворафта аз боло ба паст,
Рӯи он ғӯли Карат бо қаҳру кин,
13 Ки даруни гов гӯё нутфа баст,
Хуфта буд, чун шахси дар хашму ғазаб
Дида моро, бар танаш дандон бихаст.
16 Дод зад раҳбар: «Гумонат дар талаб
Аз Афина омада фармонраво,
Ки диҳад бар дасти маргат, баднасаб?
19 Дафъ шав, ҳайвон, на чун хоҳар туро,
Омад ин ҷо кас ба сад макреву шар,
Омада, то бинад ӯ ранҷи шумо».
22 Чун гави ваҳшӣ, ки аз зарби табар
Канда занҷираш, вале дар ҳайрат аст,
Меҷаҳад ин сӯю он сӯ бесамар,
25 Ҳамчу Минутавр аз ҷояш биҷаст,
Бонг зад раҳбар: «Ба вақти хашми вай,
Зуд поин дав, ғанимат фурсат аст».
28 Сахраҳои резагашта пай ба пай
Зери по мерехт аз вазни гарон,
Мо давоми роҳи худ кардем тай.
31 Бар мани андешавар гуфт: «Ин замон
Мекунӣ фикри футури сахраҳо,
Ё ки мақҳурии ҳайвони дамон.
34 Дон, ки чун бори нахустин аз фаро
Омадам бар Дӯзахи сифлӣ фуруд,
Тахтасанг афтода буд кайҳо зи ҷо.
37 Гар тавонам хуб ташхисе намуд,
Пештар аз омади он кас, ки ӯ
Тӯъмаи шайтон зи дасти ӯ рабуд,
40 Ларза кард ин ҳалқа аз ҳар сӯю кӯ,
Дар хаёлам олам аз ишқи нахуст,
Ки гумон доранд бархе розҷӯ,
43 Чанд бор ошуфта гаштасту дуруст,
Боз ларзад, он замон ин сахраҳо
Рехтанд аз ҳам ба ин сурат, ки ҳаст.
47 Рӯди хун мебину дашти ҷонгазо,
К-он бувад ҷӯшишгаҳи онон, ки худ
Дигаронро дода сад ранҷу ано».
50 Туф ба ту, эй ҳирсу эй хашми зи ҳад,
Умри кӯтаҳ бигзарад дар ранҷҳо,
Қин кунӣ ту боз дар умри абад!
53 Ман камонишакл дидам жарфно,
Ҳамчунонки гуфта будам роҳдон,
Даштро бигрифта сартосар фаро!
56 Байни жарфу сахра бо тиру камон
Асподамҳо давон баҳри шикор,
Саф ба саф, гӯё ки ҳамчун зиндагон.
59 Дида моро ҷои худ карда қарор,
Се нафар бо найзаву бо тирҳо
Шуд ҷудо аз ҷамъи худ беихтиёр.
62 Бонг зад як: «К-ин сӯ оед, эй Шумо
Гашта маҳкуми чӣ сон ҷурму азоб?
Мекашам в-арна камони хешро».
65 Гуфт раҳбар: «Гар бувад лозим ҷавоб,
Посухи мо Кируна хоҳад шунуфт,
Ҳол ҳам ҳастӣ ту бемори шитоб».
68 Раҳнамо бозуи ман бигрифту гуфт:
«Ин Нису, баҳри Дижониру бимурд
В-интиқоми худ ба марги худ гирифт.
71 Хам сарашро Коруна бар сина кард
Ӯ Ашилро парварид, они дигар
Худ Фулу бошад, ки дил пуркина кард.
74 Садҳазорон карда дар соҳил гузар,
Мекунанд омоҷи тир арвоҳро,
Чун баранд аз об сар беҳад бадар».
77 Чун дадони чустро дидем мо
З-он дадон Коруна боло кард тир,
Ришу мӯйлаб бурд бо он бар қафо.
80 Чун ҳувайдо шуд даҳонаш, зад нафир:
«Аз ақиб ояд касе, ҳар чӣ ба по,
Мерасад ӯро, биҷунбад ногузир?
83 Ин натонад кард пои мурдаҳо».
Назди пайванди ду табъи гунагун –
Рӯи сина, буд расида раҳнамо.
86 Гуфт: «Ӯ зиндаст, ман бурда дарун
Бояд ин зулмат варо бидҳам нишон,
Нест майли ман, бувад лозим кунун.
89 Он ки хонд аз «Ҳаллилуё» ними он,
Омаду ин амр кардам вогузор,
Дузд не ман, нест раҳзан ин равон,
92 Фазли болоям бикарда раҳсипор,
Медиҳам савганд бо номаш туро:
Як нафар моро диҳӣ дар ихтиёр,
95 То гузаргаҳро нишон бидҳад ба мо,
Ҳамраҳамро бигзаронад рӯи дӯш,
Набвад ӯ рӯҳу напаррад дар фазо».
98 Чарх гашту гуфт Коруна ба ҷӯш
Сӯи Нису: «Шав ба инон раҳбалад:
Ту зи дигар даста бар дурӣ бикӯш.
101 Тӯли рӯди сурху ҷӯшони абад,
К-осиён ҷӯшида кардандӣ фиғон,
Раҳ гирифтем мо ба шахси мӯътамад.
104 Осиён ғӯтида то мижгон ба он,
Қантурас гуфт: «Ин сарон – бедодгар,
Карда ғорат ҷону моли дигарон:
107 Аз ситамкории худшон гирявар,
Ҳам Сикандар, Диунузий, ки намуд
Солҳо Сисилро зеру забар.
110 Ин сияҳмӯ – Атзулин бингар ту зуд,
В-он дигар Обитзу Диста пирасар,
Ки варо пури ҳаромаш кушта буд.
113 Рӯ ба шоир кардаму гуфт ӯ: «Дигар
Беҳ бувад, бошад туро ӯ раҳнамо,
Ман Шуморо меравам аз пушти сар».
116 Назди онон, ки зи ғарқоби бало –
То гулӯ бурданд худро бар фароз,
Омаду истод он Сентаври мо.
119Дид рӯҳе дар канору гуфт роз:
«Дар қадамгоҳи Худо, дар Тоймиз
Дил шикофидаст ҳангоми намоз».
122Мо касони дигаре дидем низ,
Ки сару ними тан оварда бурун;
Иддае бишнохта кардам тамиз.
125Мефаромад беш поин сатҳи хун,
Мо гузаштемаш, чу бар по мерасид,
Аз чаҳи пурхуну аз ашбоҳи дун.
128«Ҳамчунон бар чашм ин ҷо мерасид,
К-умқи дарё кам шуда аз пештар,
Бишнавед аммо, чу он ҷо мерасед,
131Боз гардад умқи дарё бештар,
То ба он ҷое, ки ҳаққо золимин
Нолаҳо доранду захми рештар.
134Отилошаҳ – он балое дар замин,
Пирую Сақту зи адли кирдгор.
Аз мукофоти амал хуну ҳазин,
137Рехта дарёи ашки шашқатор
Ҳам Ринар, Курноту, Ренар Потзу,
К-ин ҳама карданд ҷангу корзор!»
140 Пас бичархиду зи раҳ бигзашт ӯ.
ТАВЗЕҲОТ
СУРУДИ ДУВОЗДАҲУМ
Табақаи ҳафтум. – Минутур. – Минтақаи аввал. – Таҷовузкорон ба наздикон ва амволи онон.
4-9. Данте фуромадгоҳро ба табақаи ҳафтум ба фурӯрехтагии кӯҳистони маъруф Сивини ди Марко, ки дар байни шаҳрҳои Ровно ва Таранту воқеъ аст, монанд мекунад.
12-16. Ғӯли Карат – ишора ба Минутур, қаҳрамонони афсонавии Худоён, чунонки дар асотири Юнон нақл мешавад, он аз зани Минус (подшоҳои ҷазираи Карат) Пасифей, ки ба гови ваҳшии сафед ошиқ шуда, даруни гови чӯбӣ бо он даромехт, ба дунё омад. Ними бадани он аз инсон ва ними дигар аз гов буд. Ӯ дар Дӯзахи Данте посдори қисмате шуда, ки дар он гунаҳкорони даррандахӯ азоб мебинанд.
16-18. Яъне ту (Минутур) гумон мекунӣ, ки Тезей, шаҳзодаи Отин омада, ки туро бикушад. Хоҳари Минутур Ориёно ба Тезей ошиқи худ ресмоне дод, ки вай барои рафтан ва боз омадан аз роҳи пурпечутобе – лабиринте, ки дар он Минутур мезист, имкон ёбад ва ӯро бикушад.
34-39. Данте аз ривояти дини масеҳӣ истифода мекунад, ки гӯё баъд аз марги Исо дар Дӯзах зилзила ба амал омад ва ин фурӯрехтагиҳо аз он аст. Ҳангоми сафари пешинаи Верҷил, ки пеш аз марги Исо буд, дар Дӯзах ин фурӯрехтагиҳо вуҷуд надоштааст.
41-43. ... Олам аз ишқи нахуст... асари таълимоти Эмпидокл, ки ҷаҳон дар натиҷаи аз ҳам дур шудани чаҳор унсур (об, оташ, бод, хок) аз ин шакл баромадааст ва агар онҳо боз ба ҳам оянд, ҷаҳон нобуд, боз бешаклу намуд хоҳад шуд.
67-69. Нису – ба ҷазои гуноҳе доимо одамонро ба дӯши худ аз рӯд мегузаронид ва рӯзе, ки зани зебои Ҳаркул Дижонирро бар дӯш мебурд, ошиқи ӯ шуд ва мехост, ки ба номуси ӯ дастдарозӣ кунад, Ҳаркул аз соҳили дигар ӯро бо тири заҳролуд бикушт. Ӯ ҳангоми мурдан ба Дижониру ҷомаи хунуни худро дода гуфт, ки хуни қантурасҳо иксири ишқ аст. Ҳангоме Дижониру дарёфт, ки Ҳаркул дил ба ишқи Иолаи зебо бастааст, то ишқи ӯро ба худ бозгардонад, ҷомаи қантурасро ба ӯ фиристод, ки бипӯшад. Чун Ҳаркул онро бипӯшид, сӯзиши тоқатфарсое дар дилу ҷонаш ҳис кард ва тоқат надошта, ҷангалеро оташ зад ва дар он худро сӯхт. Ҳамин тариқ Нису аз Ҳаркул ба марги худ интиқом гирифт.
88-89. Он ки хонд аз «Ҳаллилуё» ними он. – Ишора ба Беатрис, ки аз осмон фуруд омадааст («ҳаллилуёҳ»-ибрӣ «ситоиш кунед Худовандро»).
134-137. Отило – подшоҳи ҳунҳо, дар қарни панҷуми масеҳӣ зиста, Урупоро ба дасти ғорат ва вайронӣ супорида, соҳиби лақаби «тозиёнаи Худо» гашта буд. Пиру – эҳтимол дорад, писари Ашил бошад, ки дар ҷангҳои Таруё ғорат ва сангдилии бисёр кард. Ва ё подшоҳи номиии Юнон аст (солҳои 319-272 то мелод), ки бо румиён дуру дароз ҷангид. Сакту – писари консули маъруфи Рум, ҳарифи Қайсар, роҳзани дарёӣ, ки куштори бисёре кардааст.
Ринар Курноту, Ренар Потзу – ҳар ду ҳам роҳзанҳои машҳур.