Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Пеш аз он Нису расад он сӯи рӯд,
Мо даруни ҷангале мондем по,
Ки дар он ҷо кӯрараҳ пайдо набуд.
Баргҳо на сабз, тира, безиё,
Шохаҳо на рост, печопеч буд,
Мевае не, ҷуз ба заҳри хорҳо.
7 Аз Сисино, Курту рафта ҷумла дад,
Гарчи будандӣ ба дигар хорбум,
Н-омада аммо ба ин сон ҷои бад.
10 Ҳорпиён, дода он ахбори шум
Бар таруёнҳою рондандӣ бадар
З-Астаруфад, доштандӣ уштулум.
13 Болҳое доштанду унқу сар,
Сахт нолон дар дарахтони аҷиб,
Панҷаҳо чанголу ишкам зери пар.
16 «Пеш аз он ки, – гуфт устоди ҳабиб, –
Рафта бошӣ бар фазо з-ин ҷо, бидон,
Бар дувумин доира ҳастӣ қариб.
19 Пушти он шанзори сӯзони калон,
Чизҳое бинӣ аз онон сухан
Пеш гӯям, боварат н-ояд ба он».
22 Мешунидам нолаҳои пурҳазан,
Истодам ман вале ошуфтаҷон,
Пеши худ нодида халқе нолазан.
25 Буд аз пиндорам огаҳ роҳдон
З-он ки мепиндоштам ояд садо
З-он касони дар дарахт андар ниҳон.
28 «Лоҷарам, – гуфт ӯ, – агар з-ин шохаҳо
Бишканӣ ту шохи сабзи хурдтар,
Аз гумон озод гардӣ ҷо ба ҷо».
31 Даст бурдам, шохаи борики тар
Аз дарахте чун шикастам, дод зад:
«Аз чӣ узвам бишканӣ, бедодгар?»
34 Бутта баъди лаҳзае фарёд зад,
Рафт чун аз шохаи бишкаста хун:
«Ноқисам аз чӣ кунӣ, раҳмат бувад?
37 Одамӣ будем, акнун хорбун;
Гар гунаҳкорем фарзан мо ба шарр,
Ту макун моро ҷафо, хору забун».
40 Ҳамчунон он нимсӯхта чӯби тар,
К-аз суе сӯзону дигар сӯи хеш
Аз ҳаво нолон, хурӯшон, гирявар,
43 Низ аз ин шохаи бишкаста, реш
Мавҷи хун меомаду ҳарфу сухан,
Шохаро кардам раҳо зору пареш.
46 Дод посух раҳбари донои ман:
«Рӯҳи маҷрӯҳ, ӯ агар шеъри маро
Хондаву мекард бовар як заман,
49 К-он чиро гӯям, бубинад, беибо
Ин накардӣ ҳеҷ. Аммо мушкил ин,
Ман варо гуфтам, хӯрам афсӯсҳо.
52 Кистӣ, гӯяш, чу баргардад яқин,
Тоза созад хотири ту, ёди ту,
Ӯ ба ҷуброни хато рӯи замин».
55 Гуфт он: «Маҷзубам аз ин пурсуҷӯ,
Ки натонам баъд аз ин хомӯш буд:
Гоҳ-гоҳ исте кунам дар гуфтугӯ.
58 Ду калид аз қалби Федерик вуҷуд
Дошт дар ман, чарх медодам чунон
Бо ҳалимӣ баставу бикшода зуд,
61 Ки бикардам ҷумларо берун аз он;
Баски будам дар вазифа бовафо,
Додам аз каф хоб, ҳам тобу тавон.
64 Он зани бешарму осӣ, дидаро
Барнаканд аз кохи Қайсар як нафас,-
Мояи фавти башар, дарборҳо.
67 Ҷумларо афрӯхт зидди ман сипас,
К-оташи Огуст он шаҳде, ки буд
Кард талху сӯгворӣ доду бас.
70 Рӯҳам озурду дилам ошуфта шуд,
То раҳоям худ зи сарафкандагӣ,
Додгар, бедодгар гаштам ба худ.
73 Решаҳои наврасу сабзандагӣ,
Мекунад тасдиқ имони маро,
Ки Худоро кардаам ман бандагӣ.
76 Як нафар боло равад гар аз шумо
Ёд дорад; номи некамро кунад
Бояд аз кинҷӯии душман раҳо!»
79 Гуфт шоир: «Ин дам ӯ хомӯш шуд,
Ҳар чӣ мехоҳӣ бипурсу худ бигӯ,
Дон ғанимат вақт, чун фурсат бувад».
82 Он чӣ лозим бишмарӣ – гуфтам ба ӯ, –
Худ аз ӯ мепурс, к-аз раҳмат кунун
Нестам ёрои пурсиш, гуфтугӯ.
85 Тоза гуфт: «Эй рӯҳи маҳбуси забун,
Бояд он чӣ хостӣ, ҳаққо, ки зуд
Гардад иҷро дарзамон, бе чанду чун,
88 Гӯ ба мо, чун рӯҳи инсонӣ вуҷуд
Метавонад дошт дар ин сон гиреҳ,
З-ин асорат ё раҳо ҳам гашта буд?»
91 Соқа оҳе гуфт бар боде шабеҳ,
Сурати гуфтор пайдо шуд аз он:
«Ин суханро посухи кӯтоҳ беҳ.
94 Колаби хокӣ чу рӯҳи баднишон
Тарк месозад, бар ин гудоли ҳафт
Мекунад Минус дарҳолаш равон.
97 Ҳар куҷо чун рӯҳи шар афтод, рафт,
Қабл ҷояш нест дар ҷангал аён:
Сабзад он ҷо ҳамчу дон, аммо бадафт.
100 То дарахте мешавад ваҳшӣ, калон,
Ҳам ба дард оварда, дарча карда во
Ҳорпиҳо мехуранд аз барги он.
Низ худро колбад ҷӯем мо,
Ҷо намегардем дар қолаб ду бор,
Боз настонем он чӣ додаро.
106 Ҷисмҳо оварда бар ин бешазор,
Дорем овезонашон дар хорбун,
К-андар он шуд рӯҳи душман хонадор».
109 Хорбунро буд ҳарфи гунагун,
Лек ногаҳ сахт ғавғое бихост,
Ки ҳамоно кардамон ҳайрат фузун.
112 Гӯиё сайёдҳо таъқиби рост
Карда, аз пушти гурозе дар шикор
Аз даду соқа ба гӯши кас садост.
115 Ду нафар дидем аз чап, дар канор
Бо тани маҷрӯҳу урён дар гурез.
Шохаи бунҳо шикаста дар фирор.
118 Пештозаш наъра мезад бо ситез:
«Мешитоб, эй марг, сӯям зуд, о!»
Дигаре, ки аз пасаш метохт низ:
121 Бонг мезад: «Кай ба ҳарби худ, Лано
Бо Папо аз ин давидӣ чусттар?!»
Уфтод ӯ бенафас дар буттаҳо.
124 Он дуро ҷангал будӣ дар пушти сар –
Модасагҳои сияҳ гӯё давон
Чун сагони тозие осемасар.
127 Тикка-тикка шуд зи дандони сагон,
Ӯ, ки дар рӯи замин афтода буд,
Рафта сагҳо тиккаҳо андар даҳон.
130 Устодам назди бутта бурд зуд,
Бутта аз бишкастагии хештан
Гиряи беҳосиле сар дода буд.
133 «Ҷокумо Сант-Андаро, дар пушти ман, -
Бутта мегуфт – аз чӣ рӯ гаштӣ ниҳон?»
Нест саҳмам дар гуноҳат мутлақан!»
136 Наздаш истод устоду гуфт: «Ҳон,
Кистӣ, гӯӣ сухан бо дарду ғам
Бо тани бишкаставу реши равон?»
139 Гуфт: «Эй арвоҳ, к-инҷониб қадам
Монда, ношоистагиро бингаред,
Ки маро бебарг карданду ситам,
142 Баргҳоро зери ман гирд оваред!
Аҳли шаҳри Маъмадам – ҳомист он,
Шаҳрам онро сарпарасти хеш дид.
145 Пас фалокатҳою андӯҳи гарон,
Боқии он гар набуд дар Орно,
Дар пули он мардуми шаҳри калон,
148 Дар сари вайронаҳои Отило,
Ки варо аз нав барафрозида буд,
Меҳнате мекард бесуду бақо.
151 Хонаи худро бикардам дори худ.
ТАВЗЕҲОТ
СУРУДИ СЕЗДАҲУМ
Табақаи ҳафтум. – Минтақаи дуюм. – Зӯроварон ба худ.
10-13. Ҳорпиён – дар асотири Юнон паррандагони духтарсурате буданд, ки дар ҷазираи Астаруфодис зиста, вазифаашон ҷони мардумро аз танаашон бо худ бурдан буд.
47-48. Верҷил дар асари худ «Энейнома» ҳикоя мекунад, ки Эней ҳангоми расиданаш ба Тарокия ниҳоли мурудеро шикаст, то ибодатгоҳро оро бидиҳад ва ҳангоми бори сеюм такрор кардани ин амал аз ниҳол садои шоҳзодаи Таруё Пулидур ба гӯшаш расид, ки ӯро маломат мекард.
58-59. Ду калид аз қалби Федерик вуҷуд... – Ин рӯҳи сухангӯ Пер делла Виниё садри аъзаи император Фредерики дуюм аст, ки аввалҳо мавриди эътимод буд ва баъд мағзуб гашту охир (соли 1249) худкушӣ кард. Ду калид – меҳрубонӣ ва ғазаб.
101-102. Яъне, рӯҳ аз ҷои шикастаи худ, ки хун мешорад, сухан гуфта метавонад.
104-105. Яъне рӯҳи худкуштагон дубора ба қолабашон барнамегардад.
146-150. Боқии он гар набуд дар Орно. – Пули Орно дар Флуронс аст, ки дар замони румиён дар даромадгоҳи он муҷассамаи Миррих буд ва дар даврони ҳамлаи Отило он ба дарё афканда, ба ҷои он калисои Яҳёи Маъмадро сохтанд. Ғайбгӯён гуфта буданд, то замоне, ки шикастаи ҳайкали Миррих дар рӯд аст, Флуронс аз ҷанг амон нахоҳад ёфт, аз ин рӯ, мардум онро берун оварданд ва дар ҷояш барқарор карданд, то соли 1333 аз сели бузург хароб шуд.