Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Кард меҳри зодгаҳ бар дил асар,
Гирд кардам баргҳои зери по,
Дар таҳи хомӯш гашта он шаҷар.
Омадем он ҷо, ки месозад ҷудо
Давраи дуввум зи севвум, рӯ ба рӯ
Ногаҳон гаштем бо адлу сазо.
То шавад манзур дар чашмони ту,
Гӯямат, он ҷо замини хушк буд,
На гиёҳу рустанӣ буд гирду сӯ.
10 Ҷангале аз дард, тоҷе менамуд,
Чоҳҳои жарф ҷангалро ба сар,
Истодему ба дил ғам мефузуд.
13 Буд ин шанзор хушку бесамар,
Чун ҳамон ки дарнавардида Катон,
На тафовут буд, ки ояд дар назар.
16 Интиқоми кирдгору осмон!
Менамоӣ ончунон даҳшатфизо –
Бар касе, ки хонад ӯ ин достон.
19 Галлаи бисёр дидам рӯҳро,
Тӯдаҳо буданд урён, гирярӯ,
Ҳар якеро хоса буд навъи ҷазо.
22 Барх болорӯву бархе буд парӯ,
Барх ҳам биншаставу зону зада,
Барх беором буду роҳпӯ.
25 Бештар буд ҷамъи дар чарх омада,
Хуфтагон, биншастагони дар азоб
Гарчи камтар, ранҷашон вазнин буда.
28 Рӯи шанзор ахгарони шӯълатоб,
Ҳамчу барфи ғафс рӯзи бешамол
Нарм меборид, сусту бешитоб,
31 Ҳамчунон дар Ҳинд, дар гармои сол
Дид Искандар, ки бар лашкар варо
Гашт борон шӯълаҳо оташмисол.
34 Лоҷарам фармуд лашкарро, ки то
Карда ахгарҳо лагадкӯби замин.
Шӯълаҳо хомӯш созад ҳар куҷо.
37 Оташи ҷовид борон буд чунин,
Чун фатила шан, ки оташ мегирифт,
Осиёнро беш мешуд дарду қин.
40 Ман зи рақси шуми дастон дар шигифт,
Ки ҳамекарданд тоза боазоб
Рӯи танро з-ахгарони гарму тафт.
43 Гуфтамаш: «Устод гаштӣ фатҳёб,
Ҳар садеро, ҷуз сади он аҳриман,
Баст, к-ӯ дарвозаро бар мо шитоб.
46 Гӯ маро: Ин кист, рӯҳи кӯҳтан,
Хуфта ин сон саркашу беэътино,
Зери оташ беҳарос аз сӯхтан».
49 Ёфт, ки ҳоли варо аз раҳнамо
Шарҳ хоҳам, худ ба сӯям бонг зад:
«Зиндаву мурда чунинам доимо!
52 Зевси хашмӣ, ки з-оҳанкори худ
Барқ бигрифту задам рӯзи ахир,
Гӯй боз аз кор фарсояд, кашад
55 Халқро бар кӯра то барнову пир
Сар ба сар дар Сунҷибул, гӯяд ки: «Зуд,
Деҳ мадад Вулкайну дасти ман бигир!»
58 Ҳамчунонки дар Фалигро менамуд
Тирборонам, валекин то абад
З-ин қасос ӯ кай тавонад шод буд».
61 Бо ҳарорат дод посух раҳбалад,
Ки назирашро надидам ҳеҷ ҷо;
«Эй Капоно, ту зи мағрурии бад
64 Кайфари сахте кашӣ рӯзи ҷазо:
Ҳеҷ азобе балки беш аз хашми ту,
Баҳри ту набвад бад-ин сон ҷонгазо».
67 Гашт орому ба ман овард рӯ:
«Ӯ яке аз ҳафт шаҳ, ки Фиваро
Кард иҳота, ҳам нишон медод ӯ,
70 Ки кунад ин гуна таҳқири Худо;
В-он чунонки гуфтамаш хашми зиёд
Зевари шоистае бошад варо.
73 Аз паи ман ой, аммо дор ёд;
То намонӣ по ба сӯзон регзор,
Ҷониби ҷангал бубояд по ниҳод».
76 Омада хомӯш то он ҷӯйбор,
К-аз дили ҷангал баромад ҳамчу хун,
Дил зи рангаш шуд ба тарсу беқарор.
79 Шуд равон аз Буликома сарнагун,
Гашта он тақсим, аз мобайни шан,
Бар табори рӯспии гунагун.
81 Бистару ду ҷадри ҷӯӣ айни шан,
Ду лаби беруни он – сангин буда;
Ёфтам, роҳи гузар буд он ба ман.
84 З-он даме мо вориди ин дар шуда,
Аз даре, ки во бувад бар ҳар нафар,
З-он ҳама чизи ба чашмаш омада,
87 Нест ҷолибтар зи ҷӯ чизи дигар,
Ки шарору ахгаронро мекунад
Дар дилаш сарду хамӯш он сар ба сар».
90 Ин суханҳо гуфт бар ман раҳбалад:
Хостам, чун ташнаам кард ӯ ба роз,
Сир кушояд, ташнагиям бишканад.
93 «Байни дарё, - гуфт мулке ҳаст боз, -
Ном Крета дораду дар рӯзгор
Буд ҷаҳон аз ҳукми шоҳаш бениёз.
96 Бошад он ҷо ном Идо кӯҳсор;
Дошт он ҷо на дарахт, одам вуҷуд.
Пеш буда пурдарахту обшор.
99 Реа маҳди амни тифли худ намуд,
То кунад пинҳон писарро хубтар,
Гиряд ӯ, шӯру садо фармуда буд.
102 Дар куҳ истода қавитан пирасар,
Пушт сӯи Домиёту рӯ ба Рим,
Чун ба оина ба он дорад назар,
105 Сар зарину синаву бозуш сим,
Боқии ӯ, то ба он ҷо, ки шавад
То душоха, бошад аз мис, ними ним
108 Поини ӯ з-оҳани беғаш бувад,
Зери пои рост гил буду залил,
Такя бар ин пой дода меравад.
111 Ҷуз сараш, сӯрох узви он ҷазил,
Қатраҳои ашк мешорад аз он,
Шуд мағора зоҳир аз ашки сабил.
114 Окрунта, Филжитунта шуд равон,
Боз Истекис зи зери сангҳо
Бо чунин маҷрои борику ниҳон.
117 Гашта пайдо дар нишебӣ Косито,
Он чӣ мурдоб аст мебинӣ ту худ,
Ҳарфи дигар з-он набошад муқтазо».
120 Гуфтамаш: «Ин ҷо, ки ҷӯ ҷорӣ бувад,
Гирад ар сарчашма дар дунёи мо,
Пас чаро танҳо кунун пайдо шавад?»
123 «Давра бошад ин макон, – гуфт ӯ маро, –
Ҷониби чап дар нузулат ин замон
Гарчи паймудӣ раҳе бисёрҳо,
126 Дарнавардидӣ ту сартосар чунон
Ин муҳити ҳалқаро, з-ин рӯ агар
Чиз нав бинӣ, машав ҳайрон аз он.
129 Гуфтам: «Устод ин Лита бошад, магар,
Филжитунта ку? Нагуфтӣ з-он чаро,
З-ашк пайдо мешавад, гуфтӣ, дигар».
132 «Бишнавам бо гӯши дил, – гуфто маро, –
Пурсишатро, лек ҷӯшон сурх-об
Ҳал кунад як мушкилатро з-он дуто.
135 Летаро бинӣ бурун з-он илтиҳоб,
Он куҷо арвоҳ карда ғусл худ,
Тоза мегарданд аз ҷурму азоб».
138 Гуфт: «Аз ҷангал бурун бояд бишуд,
То бимонӣ хуб поят ҳуш дор,
Дар бари мо тасмароҳе ҳасту буд,
141 Ки дар он хомӯш гардад шӯълазор.
ТАВЗЕҲОТ
СУРУДИ ЧАҲОРДАҲУМ
Табақаи ҳафтум. – Минтақаи севум. – Хушунаткардагон бо Худованд.
46 – 72. Кист рӯҳи кӯҳтан... – ин мард, ки номаш поинтар хоҳад омад, Капоно, яке аз ҳафт подшоҳи Юнон буд, ки шаҳри Тибро ба муҳосира гирифтанд. Дар ин ҷанг ӯ болои ҳисор баромад ва ба Худои худоён куфр гуфт, ки Зевс бо соиқаи хашмаш ӯро бисӯхт. Ӯ дар Дӯзах ҳам ба куфргӯияш машғул аст. Оҳанкори худ – писари Зевс Вулкайн аст, ки Худои оҳанкорон буда, Зевс аз ӯ тирҳои камони худро мегирифт. Мунҷибилло – номи ин кӯҳ аз калимаи арабӣ сохта шуда, ҷои кори Вулкайн буд. Фалигро – ноҳияест, ки дар он Титонҳо – ғӯлони афсонавӣ бар зидди Худои худоён исён карданд.
103-114. Қавитан пирасар – образи рамзист дар Дӯзахи Данте, ки мазҳари кулли башарият аст ва аз «Таврот» гирифта шудааст. Ба подшоҳи Ошур Набӯкаднасур ҳамин гуна қавиҳайкале ба хоб даромад, ки таъбирашро ба ӯ Дониёли Набӣ бигуфт. Данте ӯро таҷассуми аз даврони тиллоӣ, нуқрагин, мисин, оҳанин гузашта ҳоло дар гилин қарор доштани инсоният тасвир кардааст, ки гӯё интиҳояш наздик аст. Аммо пирасар, ки пушт ба Домиёту, ба машриқ, мазҳари гузашта ва рӯ ба Рум, ба мағриб, мазҳари оянда кардааст, имони аз нав таҷаллӣ додани ҷаҳонро дорад, таъкид мекунад Данте.
112-120. Аз ин ҳайкали қавӣ ба ҷуз сар, ки тиллоӣ ва рамзи даврони бегуноҳии башарият аст, ҳамаи дигар узвҳо ашк мешорад, ки аломати гуноҳҳои инсоният мебошад.