Мо равон аз ҷадри сахти ҷӯйбор,

Бар сари ҷӯ соя андозад бухор,

Дорад аз оташ масуну барканор.

 

Ҳамчунон аҳли фаломандадиёр

Дар Висонтову Баружо сад занад,

То амон бошад зи мавҷи рӯдбор,

 

Халқи Подуво ба тӯли рӯди худ –

Дар Баринто пеш аз тафси ҳаво

Ҳамчунон созад ба ҳифзи шаҳр сад.

 

10 Низ дар ин рӯд устоди бино

Ҳар ки бошад, на ба фарқи бештар,

На баланду паҳн садд кард ибтино.

 

13 Мо зи ҷангал дур гаштем он қадар,

Ки ба пушти сар назар созем ҳам,

Ҳеҷ натвонем бинемаш дигар.

 

16 Сӯи мо арвоҳ мемондӣ қадам,

Ҳам чунон кардӣ назар бар сӯи мо,

Ки шаби навмоҳ мардум дам ба дам

 

19 Сӯи ҳам бинанд шоми безиё;

Мижжа мезад ҳар кӣ чун хайёти пир,

Ки ба сӯзан бигзаронад риштаро.

 

22 Як тан аз он маҷмаи рӯҳи касир

Чун маро бишнохт, домонам гирифт,

Бонг зад: «Оваҳ, чӣ эъҷози кабир!»

25 Сӯхта рӯяш накардам дар шигифт,

Чун ба сӯям гашт дастоне дароз,

Бо фаросат ёфтам он рӯйзифт.

 

28 Лоҷарам ман даст поин бурда боз

Посухаш додам, ки: «Оё ин шумо

Сер Бурунетто, кунед ифшои роз».

 

31 «Эй писар, – гуфтам, – бадат н-ояд зи мо,

Ин Брунетто Латино ҳамқатор

Бо ту ояд, камтар аз ёрон ҷудо?»

 

34 Гуфтамаш: «Хоҳам ба майлу ихтиёр;

Гар ризо бошад ба инам роҳбар,

Менишинам ман шуморо дар канор».

 

37 «Эй писарҷон, – гуфт, – аз мо ҳар нафар

Як дам истад, чун ҷазо сад сол боз

Мебувад дар зери борони шарар.

 

40 Ту бирав, ман карда дасти худ дароз

Ҷомаат дорам, равам, вопас шавам

Назди ёрони ба ранҷи ҷонгудоз».

 

43 Дил накардам аз канори ӯ равам:

Доштам ҳоли фурӯтанро, ки ӯ

Бо сари хам монад аз паҳлу қадам.

 

46 Кард оғоз ӯ: «Чӣ толее, бигӯ,

Пеш аз рӯзат бад-ин ҷо оварид,

Кист марди раҳбару раҳёри ту?»

 

49 Посухаш додам, ки: «Дар даҳри умед,

Пеш аз он ки умри ман ёбад тамом,

Роҳ гум кардам ба водии баид.

52 Пушт бар водӣ будам дӯш ихтилол,

Боз мегаштам; шудам бо ӯ дучор,

Орадам бар хона з-ин роҳи муҳол.

 

55 «Пешгӯиям, – бигуфт, ояд ба кор,

Чун равӣ дунболи наҷми хештан,

Соҳил ою шавӣ ту растагор;

 

58 Гар намерафтам зи дунё зуд ман,

Дида бархурдорат аз лутфи само,

Дил қавӣ мекардамат дар анҷуман.

 

61 Лек ношукрони зишту носазо,

К-омаданд аз Фезула сарзер – зер,

То кунун пайваста дар ин сахраҳо,

 

64 Мешаванд аз некии ту кинагир,

Баски бар анҷири шаҳдогин макон

Нест дар байни ғабирою забир.

 

67 Гашта онон кӯрдил, шуҳратнишон;

Мардуми мағруру мумсик! Ҳосиданд:

Дор ҳуш, парҳез кун аз ин касон.

 

70 Байни ҳарду дастаи толеъбаланд,

Душманишон бар ту монад нописанд,

Баски натвонанд орандат газанд.

 

73 Мон, дадони Фезула худро даранд,

Дасткӯтаҳ, байни ин саргину коҳ,

Аз касоне ки ба ин ҷо по ниҳанд,

 

76 Гар ба хун доранд аз румӣ гувоҳ,

Монда дар ин ошёна, ки бишуд

Баъд маъвои фасоду пургуноҳ».

79 «Гар дуоҳоям иҷобат гашта буд, –

Гуфтамаш, – аз ҳалқаи сарзиндагон

То кунун берун намерафтед худ.

 

82 Ёд дорам чеҳраи маҳбубатон,

Баски медодед панде чун падар,

Ёфта вақти мусоид ҳар замон.

 

85 Кас чӣ сон ҷовид шавад з-аҳли башар,

Бишнавед акнун зи ман то зиндаам,

Аз шумо ман қарздорам бешумар.

 

88 Он чӣ гуфтед аз ману ояндаам,

Бо каломи хонуме дорам ба ёд,

К-ӯ зи ҳақ огаҳ бувад, ман бандаам.

 

91 Моилам донед, к-аз виҷдон мабод,

Ман маломат бишнавам, то он заман

Хоҳамаш тақдирро гардан ниҳод.

 

94 Нест нав ин пешгӯиҳо ба ман;

Бели деҳқон чархаду маҳзи вуҷуд

Чархи худ Иқбол дорад чархзан».

 

97 Устодам ин суханҳо чун шунуд,

Сӯи китфи росташ диду бигуфт:

«Дошт ёд он беҳ, ки хуб бишнида буд».

 

100 Раҳравон ман ҳамчунон гуфтушунуфт

Доштам бо Сер Брунетто, ки ӯ

Бо кадомин шӯҳраварҳояст ҷуфт.

 

103 Гуфт: «Мебоист бишносиш ту,

Беҳ бувад ногуфтан аз он дигарон,

Бар тамоси кулли дигар вақт, ку?

106 Ҳам кашишастанд, ҳам номоварон,

Ҷумла ононро яке бошад гуноҳ,

Ки биолуданд бар он дар ҷаҳон.

 

109 Парсиёно мекашад ин ҷо ҷазо,

Ҳам Франческо де Курсо, ёд дор,

Гар бихоҳӣ боз созам ошно

 

112 Бо яке хидматгари хидматгузор,

К-ӯ зи Арно бар  Бакилон бурд тан,

То диҳад он ҳарза бар хоки мазор.

 

115 Ман фузун мехостам гӯям сухан,

Ҳамраҳият беш натвонам, чӣ сон,

Дида дуди тоза дар саҳрои шан,

 

118 Ман наомезам ба ин ояндагон,

Гир ин «Ганҷина»-и умрам, писар,

Дигар аз ту матлабам набвад, бидон».

 

121 Бар пас ӯ гашту давид осемасар,

Чун баранда, к-он ба Верона давад

Сахт сӯи парчами сабзи зафар,

 

124 На чу он ки бозаду сархам равад.

ТАВЗЕҲОТ

СУРУДИ ПОНЗДАҲУМ

Табақаи ҳафтум. – Минтақаи саввум. – Хушунаткардагон ба Худованд. – Аҳли Лавот.

4-12. Ҳамчунон аҳли фаломандадиёр... – Данте бо Верҷил аз рӯи сарбанди рӯди Фалҷатунта равонанд ва Данте онро ба сарбанди дар байни шаҳри Баружо ва Витсонто, ҳамчунин сарбанди Барантон назди Подуво монанд мекунад.

  1. Сер Бурунетто – Бурунетто Латини (тақрибан солҳои 1220-1295), донишманд ва сиёсатмадори фулуронсист, ки аз гивелфҳо буда, ҳангоми ҳукумати онҳо ба мақомоти баланд соҳиб буд. Аз ӯ қомуси бузурге ба забони фаронсавӣ ва достони ахлоқӣ ба забони итолиёӣ боқӣ мондаанд. Данте, ҳарчанд ӯро ба Дӯзах ҷо додааст, ба ӯ эҳтиром, ҳатто «шумо» – гӯён муроҷиат мекунад, ки ин фақат бо ду каси дар Дӯзах буда, ба Сер Бурунетто ва Фориното воқеъ шудааст.

55-57. Данте ва Бурунетто Латини ба ақидае, ки воқеаҳои заминӣ аз таъсири ситораҳои осмон вобаста буданд, бовар доштанд.

  1. Гар намерафтам зи дунё зуд ман – вақте ки Сер Бурунетто бимурд, Данте 29 сол дошт.

61-63. Лек ношукрони зишту носазо. – Яъне мардуми Флуронс. Аз рӯи ривояти румиён дар ҷанги Каталон шаҳри Фезуларо яксон карда, Флуронсро асос гузоштанд, ки ба он фезулагиҳои бадхӯй омада ҷо гирифтанд. Данте аҷдоди худро аз он румиёне медонад, ки он шаҳрро бунёд карданд.

  1. К-ӯ зи ҳақ огаҳ бувад... – Биатрис.
  2. Устодам – Верҷил.
  3. Парсиёно – Парисин, шоир ва наҳвии маъруфи Лотин, дар асри VI.
  4. Франческу де Курсу – ҳуқуқшиноси маъруфи Итолиё, ки солҳои 1225-1293 зистааст.

112-114. Бо яке хидматгари хидматгузор. – Ишора ба поп Бонифатсии VIII, ки усқуф Андреа де Мотзиро барои бадхӯияш аз Флуронс ба шаҳри Виченза фиристод, ки ӯ пас аз як сол бимурд.

  1. «Ганҷина» – асари қомусии Сер Бурунетто ба забони фаронсавӣ.
  2. Чун баранда, к-ӯ ба Верона давад. – Дар Верона, шимоли Итолиё, соле як рӯз мусобиқаи давандагони бараҳна барпо мешуд, ки ғолиб як парчами сабзро ба даст медаровард ва ҳақ дошт онро тамоми сол бо худ дошта бошад. Охирин каси дав бояд хурӯсеро дар зери мазоҳи мардум ба шаҳр мебурд. Данте дар ин ҷо аҳволи Сер Бурунетторо ба ин касони дар дав иштирок мекарда монанд мекунад, ки ба гурӯҳаш бояд бирасад.