Омадам ҷое ки бо ғуввос об

Муттасил  мерехт дар даври дигар,

Дошт чун кандуи занбӯр изтироб;

 

Ногаҳон се рӯҳ омад дар назар,

К-аз гурӯҳи дӯзахиён шуд ҷудо.

Зери борони шиканҷа даргузар,

7 Додгӯён, шуд равон бар сӯи мо:

«Ҷомаат гӯяд, ки ту бешакку занн,

Зодаи шаҳри фасод, исто ба ҷо».

 

10 Ваҳ, ки ононро чунон захмист тан

З-оташи сӯзон, ки ёдаш дар замон

Мекунад дарди дилам тоқатшикан.

 

13 Муршидам бишнид чун фарёдашон,

Гуфтам, ӯ оварда рӯ: «Манмо шитоб,

Бар назокатҳо сазоворанд шон;

 

16 Гар набуд ин нори сӯзони азоб,

Сӯяшон биштофтан кори ту буд,

То аз онон беш гардӣ баҳраёб».

 

19 Истодем, он се андар нола шуд,

Бар канори мо расида бо ҳазан –

Чарх мегаштанд гирдогирди худ.

 

22 Чун яли урёнтану равғанбадан

Гирди худ чархад, ки гирад бо ҳариф,

Сохтандӣ ҳалқа гирди хештан

 

25 Ҷониби ман будашон рӯи касиф,

Баски гарданҳояшон сӯи дигар

Буду поҳо, дар назар омадат зариф

 

28 «Сахтии шанзор, – рӯҳе кард сар, –

Гарчи рӯи сӯхта ҷисми сиёҳ

Мекунад беқадрамон назди башар,

 

31 Магзар аз мо, кун ба сӯи мо нигоҳ:

«Кистӣ, – баргӯ, – чунин осудаҷон

Меравӣ аз дӯзахи ҷонсӯз роҳ?»

34 Ин, ки бошам, ман зи дунболаш равон, -

Гарчи урён, пӯсткандаст ӯ кунун,

Буд як воломақоми он ҷаҳон.

 

37 Ӯ навоси Гвалдароди покхун –

Ном-ш Гиду Гиваройи шӯҳравар,

Бохирад, шамшерзан, ҳоло забун.

 

40 Дигаре, к-аз рӯи шан дорад гузар,

Тигяу Алдобарандӣ, ҳарфи он

Дар ҷаҳон масмӯъ буду мӯътабар.

 

43 Рустикуччиям, ба дарди беамон

Ман гирифторам зи бадхулқии зан,

Дод беш аз дигарон ранҷи гарон».

 

46 Гар амон будӣ маро аз шӯъла тан,

Назди онон мефикандам худ ба зер,

Меписандид устод ин кори ман;

 

49 Лек тарсам дод ранҷи ногузир;

Бифканам дар назди онон хешро,

То кунам бо меҳрашон бар сина зер.

 

52 Пас чунин гуфтам: «Ба дидори шумо

Нестам беэътино, аз ранҷу ғам

Лек натвонам кунам дилро раҳо.

 

55 З-он замон ин дард дар худ ёфтам,

Ки бигуфто муршидам, бишнос ту,

Чун касон монанд сӯи мо қадам.

 

58 Ҳамватанҳои ба иззу обрӯ,

Ман зи тифлӣ ному дастонҳоятон

Кардаам ҳамвора ёду бозгӯ.

61 Даргурез аз заҳру себи шаҳдсон

Ҷӯям акнун қавл додаст устод,

 Қабл то марказ шавам поин равон».

 

64 «Кош, рӯҳат бар танат, – посух бидод, –

Дер гаҳ монад ҳамин сон раҳнамун,

Номи воло баъди ту барҷой бод;

 

67 Гӯй, к-андар шаҳри моён то кунун

Шеваи арзандагӣ оё ба ҷост,

Ё абад баркандаанд аз беху бун?

 

70 Гуляму Барсера к-афғонаш бихост,

Гуфтамон ин сон кашад бо мо азоб,

К-ин парешонкунхабар ҳақ то куҷост».

 

73 Эй  Флуронс, аз ғурури беҳисоб

Ҳам зи ифрот омадӣ андар фиғон,

Тозадавронҳот карданд иҷтизоб».

 

76 Гуфтам инро ман баланду саркашон,

Ҳар се кардандӣ назар бар якдигар,

Баски гуфтам ростои бегумон.

 

79 Чун ту дар розигарӣ дорӣ ҳунар,

Некбахтӣ, – посухам доданд тез, –

Фикру ҳарфат тавъаманду босамар!

 

82 Ҷилваи исторагони шӯъларез

Чун бубинӣ, пушти ин зулматсаро,

«Будам он ҷо» гӯй бо шодиву низ,

 

85 Мардумонро ёди нек овар зи мо!

Чарх бас карданду кардандӣ фирор –

Гӯ ба ҷои пой руста болҳо.

88 Аз назар гаштанд ғоиб барқвор,

Ҳини он «омин» натонӣ гуфт ту,

Бар худ омад раҳбару шуд рафтагор.

 

91 Андаке рафтам ман аз дунболи ӯ,

То садои об омад аз қариб,

Пахш мекард он садои гуфтугӯ.

 

94 Бистараш сӯи чап он рӯди муҳиб

Чун зи Визо кӯҳ  густарда бувад,

Бар Апенену равад рӯ бар нишеб,

 

97 Пештар аз кӯҳ поинрӯ равад,

Назди Фурли карда номашро дигар,

Оквокито хурӯшон, медавад

 

100 З-Они боло бар Бинедитто ба сар,

Дар даруни партгоҳаш, ки ҳазор

Метавонад ҷой гирад раҳнигар, –

 

103 Ҷӯш мезад тираоби рӯдбор

Ончунон, ки аз хурӯшаш дар замон

Мешудӣ кар ҷумла бегуфтугузор.

 

106 Ман танобе баста будам дар миён,

Бо умеде, ки палангеро асир

Мекунам дар ҷангали даҳшатнишон.

 

109 Боз кардам ин таноби шергир,

Чун калоба кардаму додам даме

Устоди хешро фармонпазир,

 

112 Чарх сӯи росташ гашт ӯ каме,

Он таноб афканда шуд дур аз канор

Дар даруни чоҳи тору мубҳаме.

115 Дар дилам гуфтам, ки: «Ин як тоза кор

Кард раҳбар, ҳикмате дорад ниҳон,

Нангарад таҳ бе сабаб бо чашми чор?»

 

118 Эҳтиёте шарт бо ин сон касон,

Ки бубинандӣ на танҳо кори мо,

Нек мебинанд ҳатто фикрамон!

 

121 «Зуд бошад, – гуфт, – гардад вонамо

Он чӣ ту андешию ман интизор,

Ӯ ба чашми ту намояд хешро.

 

124 Лаб бубанд аз он ҳақе дар рӯзгор,

Ки бувад моно ба ҳаққи кизбранг,

К-он кунад бадном ғайри ихтиёр.

 

127 Чун кунам, хонанда, хомӯшу даранг,

Мехурам бо шеъри ин «Музҳик» қасам, –

Кош монад дер дар ёду қашанг, –

 

130 К-аз ғализии ҳавои тирадам

Ҳайкале дидам, ки бимафкан ба дил

Бар фаро мешуд шиновар дам ба дам,

 

133 Буд чу он, ки лангар аз сангу зи гил

Мекунад озод дар дарёву худ

Баҳри боло омаданҳо муттасил

 

136 Даст бар боло кушояд, по занад.

ТАВЗЕҲОТ

СУРУДИ ШОНЗДАҲУМ

Табақаи ҳафтум.-Минтақаи севум (давомаш). – Хушунаткардагон ба Худованд. – Аҳли Лавот.

19-21. Гунаҳкорони ин минтақа, чунонки дар суруди гузашта гуфта шуд, агар як лаҳза ором биистанд сад соли дигар зери борони оташ месӯзанд. Аз ин рӯ, онҳо дар гирди  худ беором чархида, бо Данте сухан мегӯянду меноланд.

  1. Гвалдарод – духтари яке аз ашрофи аҳли Ровно, аҷдоди гивелфҳо, ба ривоятҳои урупоӣ чун таҷассуми покӣ ва хайр дохил шудааст.

38-45. Гиду Гиваро, ашроф Гвидо, Тегяо Алдобаранди, аз хонадони Адимари, Рустикуччи, Якопо Рустикуччи – аз ашрофони гивелфӣ, ки дар нимаи асри XIII шуҳрат доштанд.

63.То марказ – яъне то маркази замин.

  1. Гуляму Барсера – байни аҳли Флуронс эътибори калон дошт, эҳтимол сарроф бошад, ки номаш чунин маъно дорад.

94-102. Он рӯди муҳиб – рӯди Мунтун, ки аз кӯҳсори Мунту Верзу сар шуда, аз қаторкӯҳҳои Апеннину поин меравад ва ба баҳри Адриатик мерезад.

  1. Ман танобе баста будам дар миён. – Ин таноб боиси шарҳҳои бисёр шуда, ки гурӯҳе онро мазҳари покӣ ва гурӯҳе мазҳари нопокӣ гуфтаанд. Он, бешубҳа, маънои рамзӣ дорад.
  2. «Музҳик», Комедиа – ба ҷуз дар мавриди эҳдои китоб ин бори дуюм, ки Данте асарашро «Комедиа» гӯён ном мебарад.