Ин бувад ифрити ваҳшӣ, тездум,

Куҳ навардад, бишканад ҷавшан, ҳисор,

Даҳр олояд, нагардад хеш гум!»

Раҳнамо сар кард ин гуфтугузор:

Назди сахра хонд ӯ ифритро,

Сӯи он будем моён раҳсипор.

 

7 Пеш омад мазҳари ғадру риё,

Синаву сарро баланд овард ӯ,

Дум ба зери хештан нокарда ҷо.

 

10 Зоҳираш ороста, дар чашму рӯ

Буд шабеҳи одамӣ, боқии он

Буд тани мори сияҳ бегуфтугӯ.

 

13 Дошт он ду пои пурпашми калон,

Синаву пушту бараш пурнақш буд;

Пургиреҳу лаққавору даврасон.

 

16 Турк ё тотор  дар гоҳи вуҷуд

Ё Арагна парчаҳои пурнигор,

Кай  ҳамин сон бофт бо ин тору пуд.

 

19 Заврақи кӯчак, чунонки дар канор

Ним монад дар замин, ниме дар об;

Ҳамчу ҳоли олмонӣ ногувор,

 

22 Сайд бедастар бипояд бешитоб,

Ҳамчунон ҳайвони нафратзо ба санг

Дар канори регзорон буд хоб.

 

25 Дар фазо дум тоб хӯрда ранг-ранг,

Чангали заҳробдори нӯги он

Чун думи ақраб задӣ бар тор чанг.

 

28 «Тоб бояд хӯрд, – гуфто роҳдон, –

То расем ифритро андар канор,

К-интизори мост ин бад аз бадон».

31 Рострӯ рафтем поин ҳамҷавор

Тӯли жарфи партгаҳ мо даҳ қадам,

То амон бошем з-оташ, регзор.

 

34 Омадам наздику дидам пушти ҳам

Халқи маҷҳуре нишаста дар ано,

Назди ҷар, дар чанги сӯзон бо алам.

 

37 Гуфт раҳбар: «Тарк созӣ бораро

Боядат аз ҳоли он огоҳ буд,

Ҳоли арвоҳи гирифтори ҷазо.

 

40 Мухтасар кун ту вале гуфтушунуд,

Гуфтугӯ созам ба ифрити шарир,

То ба рӯи шонааш орад фуруд».

 

43 Якка рафтам то ниҳои он ба зер,

Ҳалқаи ҳафтум бидидам ман аён,

Дар замин биншаста бадбахтон ҳақир.

 

46 Ранҷашон мешуд бурун аз дидагон;

То раҳанд аз реги тафту аз шарор

Рӯй мекарданд бо дастон ниҳон.

 

49 Ҳамчу сагҳое, ки дар айёми ҳор

Аз ҳуҷуми хармагас, кайкон кунанд

Хеш бо чанголу кӯза хор-хор.

 

52 Ман бидидам бо таваҷҷуҳ рӯи чанд,

К-оташе мерехт бар сарҳояшон,

Ҳеҷ кас нашнохтам дар он газанд.

 

55 Кисаи рангину нақшин, бонишон

Дошт овезон ба гардан ҳар нафар,

Чашмашон буд доимо бар сӯи он;

58 Чун шудам аз назди эшон даргузар,

Кисаи сарде ба нақши лоҷвард

Дидам, акси шер дар он ҷилвагар.

 

61 Кисае дар дуртар бар чашм хӯрд,

Дошт шакли ғозу чун хун сурх буд,

Дар сафедӣ ғоз ранг аз шир бурд.

 

64 Дошт нақши модахуки каб-кабуд

Кисаи хурди сафеди в-он дигар,

«Омадӣ ин ҷо чаро? – пурсиш намуд, -

 

67 Зиндаӣ ту, рав аз ин ҷо зудтар,

Ки расад ҳамшаҳриям Витолино,

Ӯ маро аз тарфи чап шинад ба бар.

 

70 Бо фулуронсӣ манам аз Подуво;

К-ин гурӯҳ озор бидҳад гӯши ман,

«Киса бо нақши се буз орад ба мо

 

73 Кош раҳбар», – гуфту тобида даҳан

Кард аз ком он забонашро бурун,

Чун гаве лесад димоғи хештан.

 

76 То мабодо хашм гирад раҳнамун,

К-истодам беш, гаштам ман равон

Тарк карда хаста дилҳои забун.

 

79 Пушти ҷин дидам нишаста роҳдон,

Гуфт бар ман: «Дор дил акнун қавӣ;

Баски моро бояд ин сон нардбон

 

82 Бошад аз ин баъд бар поинравӣ;

Пеш биншин, ман нишинам дар миён,

То ки бехавф аз думи ҳайвон шавӣ».

85 Чун касе, к-аз нудбаю таб дар замон

Нӯги нохунҳош мегардад кабуд,

Ларзад ӯ аз сояҳои нимҷон,

 

88 З-ин суханҳо ҷони ман дар ларза буд;

Ҳамчу ходим назди оқои азиз

Аз ҳаё ман дур кардам бим зуд.

 

91 Рӯи китфи ҷин нишастам банда низ,

Хостам гӯям, ки: «Дар оғӯш гир», –

Лек н-омад бар забонам ҳеҷ чиз.

 

94 Ӯ, ки будам дар хатарҳо дастгир,

Чун шудам бар шонаи ҷин ман савор,

Кард бо дастони худ бар хеш зер.

 

97 Гуфт: «Жарюн, бош акнун раҳсипор!

Давргардон, ту, мулоим о фуруд;

Ки ба пушти туст номаънус бор».

 

100 Дев чун омодаи таҳрик буд,

Рафт заврақсон зи бандар қаҳқаро,

Чун даме эҳсоси озодӣ намуд,

 

103 Дум кашид он зери сина, пас варо

Мормоҳисон биҷунбонду кушод,

Сӯи худ ронд ӯ ҳаво бо панҷаҳо.

 

106 Кай Фитонро буд ҳаросе з-ин зиёд,

Он гаҳе гардунаро сар дод инон,

К-аз пасаш бар осмон оташ фитод.

 

109 Ё Икарро, чун гаҳе дарёфт он,

Муми болаш мешавад аз тан ҷудо,

Гӯядаш бобо: «Хато роҳат бидон!»

112 Дев мерафт аз раҳи худ бо шино,

Рафтани ҷин ҳис намекардам яқин,

Чун зи рӯи чаҳ вазидан бодро.

 

115 Худ бидидам дар фазои саҳмгин,

Ҷуз ба ҷин чизе наояд дар назар,

Дар дили ман гашт биме ҷогузин.

 

118 Ман ғиреви обшори навҳагар

Зери пои худ шунидам, сар фуруд

Кардаму дидам ба поин сӯи ҷар.

 

121 Ҷони ман дар тарсу ларз афтода буд,

Нола дар гӯш, оташ омад сӯи мо,

Дар ҳаросу тарс печидам вуҷуд.

 

124 Дидам атрофу шунидам ҳар куҷо

Нолаю ғавғо ба ҳангоми нузул,

Зер мерафтем мо бо даврҳо.

 

127 Ҳамчу шоҳине, ки аз парвози мӯл,

На бубинад ҷуфту на мурғе дигар,

Гӯяд: «О, афсӯс!» шоҳинбон малул

 

130 Аз куҷо пар зад, ҳамон сӯ болу пар

Мезанад, сад давр мечархад ба кин,

Шинад он аз соҳиби худ дуртар,

 

133 Поини гудол Жарюн бар замин

Назди харсанги амудие хамид,

Бар замин бинҳод морову яқин

 

136 Шуд чу тири ҷаста аз зеҳ нопадид.

ТАВЗЕҲОТ

СУРУДИ ҲАБДАҲУМ

Жарюн. – Табақаи ҳафтум. – Минтақаи севум (давомаш). – Аҳли Лавот. – Поинравӣ ба табақаи ҳаштум.

1-15. Ин бувад ифрити ваҳшӣ, тездум. – Жарюн яке аз образҳои маъруфи достон, дар асотири Юнон ҳайвони сесара, подшоҳи ҷазираи Ибериё, соҳиби говҳои қирмизиранг, ки охир ба дасти Ҳаркул кушта шуд. Сабаби дар Дӯзахи Данте посдори табақаи ҳаштум шуданаш, эҳтимол, дар он бошад, ки он меҳмононро бо фиреб ба назди говони ваҳшияш партофта мекушт. Данте симои онро ба тарзи аз паланг, шер, инсон ва бисёр баднамуд офарида, худ онро мазҳари ҳиллагарӣ ва зиштрӯӣ номидааст.

16-19. Турк ё тотор дар гоҳи вуҷуд. – Дар замони Данте дар Итолиё асосан колои чинӣ шуҳрат доштанд ва умуман чизҳои аз Шарқ бударо тоторӣ мегуфтанд. Арагна – дар асотири Юнон духтари бофандаи моҳирест, ки бо Худои бофандагон Отина даъвои баробарӣ кард ва чун Отина ӯро ба мусобиқа хоста, дар кораш нуқсе пайдо карда натавонист, ӯро аз ҳасад ба тортанак мубаддал кард, ки ҳамеша машғули танидан бошад. (Арагна ба юнонӣ маънои тортанакро медиҳад).

  1. Бедастар – (Саги обӣ) ними тан дар об дошта, гӯё аз худ ҷараёни бӯе мебарорад, ки ба он моҳиҳо меоянд ва онҳоро бедастар дошта мехӯрад.
  2. Ҳоли арвоҳи гирифтори ҷазо. – Аз ин ҷо тасвири гунаҳкорони рибохор (судхӯр) сар мешавад, ки Данте баъдтар онҳоро ба сагҳое, ки дар тобистон хармагасҳоро аз худ меронанд, шабоҳат медиҳад.

52-53. Кисаҳое, ки бар гардани судхорон овезон шудаанд ва рангу нақшаҳои гуногун доранд, аломати фарқкунандаи ҳар хонаводаи машҳури судхӯрон мебошанд.

  1. Витолино – Витолино делли Денте, саррофи барҷастаи Подуво.

69-70. Ин лақаби тамасхуромез ба Ҷованни Буайнонте, ки дар Фулуронс сарвари саррофон буд, тааллуқ дошт. Нишони ӯ тасвири се бузро дорад.

  1. Кай Фитонро буд ҳаросе з-ин зиёд. – Фоитун, дар асотири Юнон писари Фабус, Худои хуршед, ки аз падар рӯзе иҷозаи саворагии гардунаи хуршедро гирифт, аммо идора карда натавониста, ба замин партоб шуд ва аспҳои бесоҳиб беш аз ҳад ба хуршед наздик шуданд, Зевс онҳоро бо соиқаи хашмаш сӯхт, ки аз он Роҳи каҳкашон боқӣ монд.

106 – 109. Икар – писари Дедал аст дар асотири Юнон. Падараш ба худ ва ба ӯ барои аз ҷазираи Карат ба осмон рафтан болу пар месозад ва онҳоро бо мум ба баданаш мечаспонад, ки ҳангоми аз ҳад беш ба хуршед наздик шудани Икар об мешаванд ва ӯ ба дарё фурӯ меафтад.