Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Дар ҷаҳаннам Мола Булҷа ҳаст ҷо,
Сангфарши оҳанинранг аст он,
Ҳалқа гӯйӣ гашта гирдаш сахраҳо.
Чоҳ даври шум дорад дар миён,
К-он басо паҳну чуқуру бетаҳ аст,
Боз гӯям шарҳи онро бегумон.
7 То куҷо бар ҷой девору чаҳ аст,
Даврасон ояд ҳаме андар назар,
В-он дара тақсим гашта бар даҳ аст.
10 Дарраҳо чун ҳандақу чанди дигар
Чун ҳисор аз душманони ҷангианд,
Ки амон дорандашон аз ҳар хатар.
13 Ҳамчунонки қалъаро пул-тахтабанд
Бошад аз дарвозаҳо то бар канор,
Гирду пеши диж саросар ҳандақанд;
16 К-аз фарози чоҳу садди бешумор
Сахраи бисёр ёбад имтидод
То чаҳи марказ – ҳама болои ғор.
19 Дар макони шум моро вониҳод,
Бар замин Жарюн гаҳе омад фуруд,
Раҳнамоям ҷониби чап по ниҳод.
22 Ман ба самти рост дидам, менамуд
Тоза манзаргоҳи андӯҳу азоб,
Вартаи аввал аз он лабрез буд.
25 Осии урён буд ин ҷо беҳисоб,
Ними аввал омада бар сӯи мо,
Ними дигар аз муқобил дар шитоб,
28 Румиён он гуна баҳри рафтуо –
Баҳри мардум соли ҷашни мӯътабар
Кардаанд аз ду тараф ду пул бино,
31 То зи як сӯ сӯи маъбад даргузар –
Марқади «Сан-Пир» дида бармало,
Рӯ ба кӯҳ оянд аз сӯи дигар.
34 Ҳарду ҷониб шохдор ифритҳо
Рӯи харсанганд қамчинҳо ба даст,
Осиёнро мезанандӣ беибо.
37 Бо нахустин зарбати тунду башаст
Бар ҳаво мешуд ду пои бадниҳод,
Дӯзахие з-ин ҷазо ҳаргиз нараст.
40 Чашми ман чун бар яки эшон фитод,
Раҳравон гуфтам ба сӯи раҳбарам:
«Дидам аз ин пеш ӯро, устод».
43 Истодам, то ки дар ӯ бингарам,
Раҳнамои мушфиқ истода зи роҳ,
Дод иҷозат раҳ каме вопас барам.
46 Зер қамчинхӯрда мекардӣ нигоҳ,
То ки рӯ пинҳон кунад, гуфтам:
«Чӣ суд, – З-он ки бинӣ бар замин, эй пургуноҳ»,
49 Гар туро пои фиребанда набуд,
Виндику Кочонимикуӣ, бигӯ,
Аз чӣ дар чоҳи ано рафтӣ фуруд».
52 «Он чӣ мехоҳӣ, бигӯям, – гуфт ӯ, –
Ёдам орад ҳарфи ту даҳри куҳан,
З-ин сабаб водорадам бар гуфтугӯ.
55 Дод Гизулобало бо амри ман
Тан ба маркиз, гарчи з-ин коре чунин
Ҳар касе ҳар навъ мегӯяд сухан.
58 Як булунӣ нестам ин ҷо ҳазин,
Байни Совено, Рину, шав бохабар,
Аз чунин арвоҳи ин ҷо ҷогузин,
61 Гуфта «ҳо» дар ҷои «оре» бештар;
Гар гувоҳие туро дархур бувад:
Ёд ор аз озмандони дигар».
64 Ҷин дар ин ҳангом қамчинаш бизад,
Гуфт: «Рав, фосиқ! Дар ин ҷо нест зан,
Ки туро даллолагӣ лозим шавад».
67 Боз гаштам дар бари устод ман,
Омадем он ҷо ки монда буд ҷудо
Сангпул аз сахра, осон, бе сухан
70 Бар сари пул гашта боло дуи мо,
Тӯли домонаш бирафта сӯи рост,
Тарк кардем он замон ин ҳалқаҳо.
73 Зери пул, он ҷо, ки холигаҳ – фазост,
Он ҳама қамчинхӯрон андар убур,
Гуфт раҳбар: «Ҳуш дор, ин ҷо турост
76 Манзари бадзодагон, наҳсу шурур,
Ки ба мо буданд бар як сӯ равон,
З-ин сабаб буд рӯяшон аз чашм дур».
79 Бо пули кӯҳна шитобу сафзанон
Сӯи мо меомадӣ ҷамъи дигар,
Сахт қамчин хӯрдаву зарби гарон.
82 Гуфт бепурсиш накӯдил роҳбар:
«Бин, ки ояд сӯи мо ин рӯҳ зуд,
Хӯрда зарбатҳо набошад гирявар.
85 Ҷилваю рафтори ӯ шоҳона буд:
Ӯ Ҷусан бошад, ки бо тадбиру рой
Қӯчи зарринпашми кулшидин рабуд.
88 Чун ба хоки Лимну бинҳод пой,
Ки занонаш кушта ҷумла ҷинси мард;
Бо ҳамон занҳои пурдил, сахтрой
91 Чарбгӯӣ, зоҳиророӣ бикард,
То дили Ирфила духте, ки фиреб
Дода буд он ҷумла занҳоро, бибурд.
94 Бордору зор мондаш дар ниҳеб;
Мекашад аз он гуноҳаш ранҷҳо,
Интиқоми Мидиа ҳам беҳисеб.
97 Ҳиллагарҳо карда бо ӯ рафтуо,
Бо касон ки мекашанд ин ҷо азоб,
Бас бувад ин қадр бошӣ ошно.
100 Омада то кӯрараҳ мо бешитоб,
Чун салиб бубрида буд девори ду,
Бар пули нав поя мешуд он ҳисоб,
103 Мерасид аз «Булҷиё» бар чор сӯ
Нудбаю оҳу нафасҳои хафиф,
Ҳар яке мезад ба каф худро ба рӯ.
106 Буд зи қишри кафк шебиҳо касиф,
Ки барояд аз бухори зери чоҳ,
Ранҷа кардӣ бинию чашми асиф.
109 Гоҳ жарфу тира буд андар нигоҳ,
То бубинӣ гирду пешат хубтар
Боядат бар қавсии пул бурд роҳ.
112 Дидем аз пул буд халқе ғӯтавар
Сар ба сар дар фазлаву саргин, кунун
Омада гӯё за мабразҳо бадар.
115 Буд он ҷо осии хору забун,
Бо сари олудагӯҳ, кай буд аён,
Кист, омӣ ё кашиши сардхун.
118 Ӯ итоболуд гуфто: «Ончунон
Бо самоҷат аз чӣ созиям назар?»
Гуфтамаш: «Бас дидамат дар он ҷаҳон
121 Қабл бо мӯи наолуда ба сар;
Олису Интарминаллӣ – аз Луко
Бинамат ман бо таваҷҷуҳ бештар».
124 Даст мезад бар каду мегуфт: «О,
Аз ҳама он чоплусиҳою шарр
Шуд насибам дарки софил мунтаҳо».
127 Пас бигуфтам раҳнамо: «Бар дуртар
Бингару хам шав, ба ту хоҳад намуд
Рӯ ба рӯ чеҳри зани ошуфтасар.
130 Дасту нохунҳош чирколуд буд
Ки зада чанге ба нохун бадсигол,
Шишту хезе дошт дар чаҳ зуд-зуд.
133 Ин Таису, кард чун фосиқ суол:
«Ҳаққи ишқ овардамат оё ба ҷо?»
«Мекунӣ эъҷоз!» – гуфто некҳол.
136 Он чиро дидем бас бошад ба мо».
ТАВЗЕҲОТ
СУРУДИ ҲАЖДАҲУМ
Табақаи ҳаштум (Мола Булҷа). – Фиребкорон. – Чоҳи аввал. – Айёшон ва ҳарзагон. – Чоҳи дуюм. – Чоплусон.
1-18. Дар Ҷаҳаннам Мола Булҷа ҳаст ҷо. – Данте аз ду калимаи мола – хӯҷаин ва булҷа – тӯбра як калима сохтааст – молабулҷа, ки дар аксари тарҷумаҳои «Мазҳакаи илоҳӣ» ба забонҳои дигар онро тарҷума накарда, ҳамон тавр овардаад, ки мо ҳам он тавр кардем. Табақаи ҳаштуми Дӯзах комилтарин буда, Данте ба тасвири он сенздаҳ суруд бахшидааст. Он ба мисли худ чоҳе дорад, ки ба табақаи нуҳум мебарад.
Верҷил ва Данте ба ҳар чоҳ надаромада, аҳволи дӯзахиёнро аз болои пулҳои амудӣ назора мекунанд, ки аз болои ҳамаи чоҳҳои даҳгона мегузаранд. Ба онҳо фақат аз даруни чоҳи шашум гузаштан зарур меояд, зеро пули болои он шикастааст.
Дар ҳамаи чоҳҳои даҳгонаи табақаи ҳаштум дӯзахиён асосан барои гуноҳҳои макру фиребгарӣ, ки ба тарзҳои гуногун зуҳур кардаанд, азоб мебинанд.
22-39. Данте аз канори чоҳи аввал роҳ бурда, ду гурӯҳеро мебинад, ки яке аз наздиктар ҳамқатори онҳо меравад ва дигаре аз дуртар рӯ ба сӯяшон меояд. Гурӯҳи ба онҳо наздик – қалтабонҳо, (даллаҳо), дуртар – занбозон.
Ҷашни мӯътабар – юбилей, ки поп Бунифосии VIII бори аввал соли 1300 эълон намуд. Дар он сол маросими авфу бахшиши умумӣ барпо шуд, ки дар Рум ва бо ширкати поп сурат гирифта, мардуми бисёре дар он иштирок кард. Ба эҳтимоли тамом Данте ҳам дар он он ширкат варзидааст.
43-57. Виндику Кочонимику – яке аз сарварони гивелфҳои Булуниёи Итолиё буд, ки соли 1302 фавтид. Ин марди ҷоҳталаб барои расидан ба мақсад аз ҳеҷ чиз ибо надошт ва хоҳари худ Гизулабаллои зеборо ба оғӯши маркиз де Бароро Убитзу афканд.
58-61. Дар дӯзах онҳоеро, ки ба ҷои «сиа», «сипа» (бошад, бале) мегӯянд, яъне мардуми дар байни рӯдҳои Совено ва Рину мезист, ки булуниёиҳо ҳастанд, аз онҳои дар рӯи замин барҳаёт буда бештаранд.
83-96. Ҷисун, дар афсонаи Худоёни Юнон духтари подшоҳи кулгисҳо Медеиро барои ба даст овардани пашми заррини қучҳои махсус ба доми ишқ кашид. Ӯ баъд Ҳипсипил, духтари подшоҳи Тузо, ки падари худро аз дасти занони ҷазира, ки тамоми мардҳоро ба сабаи сард шуданашон ба онҳо кушта буданд, бо фиреб наҷот дод, ба ишқ гирифтор кард ва баъд ӯро ҳам бо хотири муҳаббати Круеза бо ду тифлаш вогузошта рафт.
112-117. Ин ҷо Данте дар бораи хушомадгӯён бо услуби халқӣ, дурушту фошофош сухан мегӯяд.