Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Эй ту Симун – соҳиру в-эй пайравон,
Эй таъмакорони амволи Худо,
Ки ба некӣ ақд бояд бандад он,
Баҳри зар бурда ба бозори зино;
Баҳратон шайпур бинвозад кунун,
Ки ба севум Булҷиё доред ҷо.
7 Дар масири хештан бо раҳнамун
Рафтем аз гӯри пасин бар сангпул,
Буд к-он болои жарфо бесутун.
10 Ақли олӣ, қодирӣ бар ҷузву кул,
Дар замину осмон, дунёи шарр
Қудрати адли ту дорад ҳукми кул.
13 Дидам он гаҳ дар ҳисору зери ҷар
Дар ҳама девори сангини кабуд
Буд сӯрохе мудаввар бешумар:
16 Ҳуфраҳо ҳам на калон, на хурд буд,
Буд чу дар Сан – Ҷувани зебои ман,
Ки бари тамъид хидмат менамуд.
19 Дар шикастам ҳуфраеро дафъатан,
Чун бидидам ғарқ гардад як писар,
Чанд соле пеш, ҳаққ аст ин сухан!
22 Пойҳои дӯзахиён буд бадар
Аз даҳони ҳуфраҳо то соқашон,
Буд ниҳон дар ҳуфра боқии дигар.
25 Шӯълавар месӯхт пои осиён,
Ҷумла по мезад, ки аз зарби лагад
Гар танобе буд, меканд аз такон.
28 Гар ба чизе равғани оташ расад,
Рӯи он сӯзад, дар ин ҷо ҳамчунон
Шӯъла аз каф то ба нӯги по давад.
31 «Устодо, – гуфтамаш, – гӯ кист он,
К-аз ҳама бадтар ба худ печида буд
Дар миёни шӯълаи сӯзандаҷон?»
34 Гуфт: «Агар майлат бувад хоҳам намуд
Раҳ аз ин девора сӯи жарфно,
Кист, ҷурмаш чист, аз ӯ хоҳӣ шунуд».
37 «Ҳар чӣ хоҳӣ, – гуфтамаш, – мақбули мо,
Хуб донӣ, сар натобам з-амри ту,
Воқифӣ андешаи ногуфтаро».
40 Бар ҳисори чорумин оварда рӯ,
Пушти сар чархидаву зерам бибурд,
То чаҳи пурҳуфрае шуд рӯ ба рӯ.
43 Аз канораш раҳнамо дурам накард.
Бурд то ҷои касе, к-ӯ гиряҳо
Дошт бо соқи ду по аз сӯзу дард.
46 «Рӯҳи осӣ, карда сар дар ҷои по,
Ҳамчу мех ин ҷо фурӯ рафтӣ ту беш,
Гар тавонӣ, посухе деҳ беибо».
49 Чун кашише назди он к-аз қатли хеш
Сар ниҳода бар замин амре шунуфт,
То даме дигар зияд хоҳад кашиш,
52 Истодам бонг зад ӯ: «Ҳай, шигифт!
Бунифоси, омадӣ барвақт, зуд,
Саҳв ё дар дафтари тақдир рафт.
55 Аз дирам кай сер чашмат гашта буд,
Баҳрашон бонуи зеборо, ки ту
Даррабудӣ, ҳақ зи чанги ту рабуд.
58 Буд ҳолам ҳамчу шахси шармхӯ,
Ки нафаҳмида маонӣ аз ҷавоб,
Ҳам намедонад чӣ хоҳад гуфт ӯ.
61 Гуфт Верҷил: «Гӯй ӯро бошитоб:
Ман на он астам, ки пиндорӣ маро».
Посухи фармудааш дидам савоб.
64 Дӯзахӣ бишнида, печу тобҳо
Дод пояшрою гуфто дилҳазин;
Пас туро аз ман чӣ бошад муддао?
67 Гар паи донистани номам аз ин
Вартаю девора гаштӣ ту фуруд,
Дон ки: ман будам ридопӯши меҳин.
70 Хирсаму бар баччаҳои хирс буд
Фикру зикри ман, ки бурдам дасти оз
Кисаҳоро, гашт ҷоям киса зуд.
73 Дигарони карда пеш аз ман дароз
Даст бар савдои амволи Худо,
Зери ман дар ҳуфраҳо гашта фароз.
76 Чун биояд он касе ки ман туро
Саҳван ӯ пиндоштам, ҷовид ман
Ҳамнишин бо осиёни чоҳҳо.
79 Инчунин посӯхта, вожунатан
Ман дар ин ҷо бештар бурдам ба сар,
К-ӯ чу ман ин ҷо кашад ранҷу шикан.
82 Пас кашише ояд – эзидбехабар;
Номаи аъмолаш он сон пургуноҳ;
К-ӯ кунад моро сафеду поктар.
85 Ҷисуни нав, Муккабиннома гувоҳ,
Қисааш буд, шаҳ ба ӯ заъфе намуд,
Ин кунад андар Фаронса низ шоҳ.
88 Посухи ман тунду лоқайдона буд;
«Во, шигифто! Ё магар яздони мо
Чун калиди қудрати худ дод зуд
91 Бар кафи Петерс, оё иддао
Кард аз ӯ нақду ганҷи шойгон?
Ҷуз ҳамон ки гуфт: «Дунболам биё!»
94 З-ӯ на Петерсу Матӣ, на дигарон
Зар ситониданд гашта ҷонишин
Ҷои ӯро, чун бирафт ӯ аз ҷаҳон.
97 Бар қазо тан деҳ; азоби худ бубин;
Нақди номашрӯъ шав ту посбон,
Ки ба Шарл аз он ситезидӣ чунин.
100 Гар набуд монеи азми ман ҳамон
Эҳтироме аз калидони биҳишт,
К-аз ту буда дар замини зиндагон,
103 Сахт аз ин мегуфтамат, эй бадсиришт,
Нек водоред аз некӣ шумо,
Зиштро хонед бар иқдоми зишт.
106 Дида буд акси кашишон Юҳано,
Дид чун дар об буд биншаста ғар,
Карда номус арза бар ҳар подшо;
109 Бар зане, ки зода шуд бо ҳафт сар,
Шавҳараш то хост бошад порсо,
Дод даҳ шохаш варо зӯри дигар.
112 Сохтед аз зар барои худ Худо,
Чист фарқе дар шумову бутпараст,
Вай парастад як буту сад бут шумо?
115 Константин, корат аз бад бадтар аст,
Попи аввал чун ситонд аз ту ҷиҳоз,
Он табоҳӣ ораду динро шикаст!»
118 Ман чунин гуфтам, ки аз хашму ниёз,
Ё зи дарду ранҷи виҷдони худ ӯ
Дошт бо пояш талоши ҷонгудоз.
121 Шуд писанд устодро ин гуфтугӯ,
То ба охир гӯш кард ӯ ҳарфи ҳақ,
Буд қаноатманду шоду хандарӯ.
124 Ман ба бозувон-ш гаштам мултасақ,
Бо ду дасти худ дар оғӯшам фишурд,
Бурд болорӯ маро бо он насақ.
127 То ки болои муқавваспул набурд,
Ки раҳи девори чор орад ба панҷ,
Аз бағал ҳаргиз раҳоям ӯ накард.
130 Ёри худ ором монд ӯ бешиканҷ
Рӯи харсанге, ки бузҳо ҳам аз он
Кай гузар созанд бе ишколу ранҷ:
133 Пеши чашмам водии нав шуд аён.
ТАВЗЕҲОТ
СУРУДИ НУЗДАҲУМ
Табақаи ҳаштум. – Чоҳи саввум. – Харидуфурӯшкунандагони машоғили рӯҳонӣ.
19-21. Даршикастам ҳуфраеро дафъатан. – Азбаски дар рӯзҳои Иди пок ба калисо халқи бисёре ворид мешуд, ба кашишони табарруккунанда хатари ҷон дошт. Аз ин рӯ, барои онҳо дар дохили сангҳои мармар хуфраҳо – чуқуриҳо сохта буданд, ки дар онҳо ҷойгир шуда, иҷрои маросим кунанд ва аз хатар эмин бошанд. Барои шикастани яке аз ин хуфраҳо Дантеро гунаҳкори бединӣ карда буданд, ки шоир дар ин ҷо сабабаш – наҷот додани писареро, ки дар ҳақиқат буда ва Антонио ном доштааст, баён мекунад.
49-51. Дар асри миёна дар Итолиё касонеро, ки дигаронро уқубати сахт медоданд ва падаркушонро ҳамин тавр – бо сараш то ними бадан дар чуқурӣ гӯр карда мекуштанд. Маҳкумшуда пеш аз иҷро шудани ин ҳукм кашиш мехост, то ба гуноҳаш иқрор кунад. Ӯ инро ба хотири боз чанд лаҳза дарозтар кардани зиндагиаш тақозо мекунад, ки Данте ба ин ишора дорад.
70-72. Хирсам – номи хонаводаи Николаи III Орсин (ба итолиёӣ хирсбачаҳо) буд, ки рӯҳан ҳам хислати хирсона дошт. Муҳаббати хирс ба авлодаш зарбулмасал шудааст.
106-112. Юҳано – Муаллифи охирин қисмати «Инҷил», «Апокалипсис» (Мукошифаи Юҳанои расул), ки дар он дар бораи охирзамон сухан гуфта, Руми томасеҳиро ба мисли ғари дар об дар болои ҳайвони ҳафтсару даҳшох нишаста тасвир кардааст. Данте сурати ғар ва ҳайвонро ба ҳам омехта, ба попи Рум нисбат медиҳад.