Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Ман ба назм орам кунун ранҷи навин,
Дар суруди бистумини ин китоб
К-оид он бар мардуми дӯзахнишин.
Чоҳро дидам ба диққат, бешитоб,
Ки ҳувайдо буд дар пеши назар,
Мешуд он сероб аз ашки азоб.
7 Мардум аз водии давра гирявар
Сӯи мо ояд, чунонки дар замин
Меравад тасбеҳхон сусту пакар.
10 Дар назар омад чу он халқи ҳазин,
Ҷисми ҳар як аз занах то сина буд
Гирди худ тобидаву рӯ бар сурин,
13 Кардаву сархам назора менамуд,
Бозпас бояд, ки мерафт ӯ ба роҳ,
Чун наметонист дидан пеш зуд.
16 Ҳар фалаҷ дорад ҳам ин ҳоли табоҳ
Эҳтимол, аммо надидам ман чунин
Мардуму ту ҳам набинӣ ҳеҷ гоҳ.
19 Эй ту хонанда, самар баргир аз ин
Хондаат, андеша мекун баъд аз он,
Чун нарезам охир ашк андӯҳгин,
22 Дида ҳамрӯёни худмонро чунон
Гирди худ тобидаву ашки қатор
Аз тиҳигаҳ рехта бар соқашон.
25 Мегиристам ман ба санге такядор,
Раҳнамо гуфтам, ки: «Оё шахси ту
З-ин муҳаббатҳои сарбарпуштдор?
28 Роҳим ин ҷо, он ки мурда раҳми ӯ,
З-ӯ, ки ҳамдардӣ кунад бар пургуноҳ,
Назди яздон аст бадтар зиштхӯ?
31 Сар бубардору ба ӯ мекун нигоҳ,
Ки замин дар пеши пояш гашт во,
Пеши чашми аҳли Тиб рафт ӯ ба чоҳ.
34 Дод гуфтам: «Амфиорус, эй куҷо,
Мефитӣ ту, ё бикардӣ ҷанг бас?
Шуд ба дасти Минус ӯ дар мунтаҳо.
37 Шона ҷои сина шуд, бинаш, сипас,
Хост баски беш бинад рӯи худ,
Меравад, мебинад акнун бозпас.
40 Тирзис, бин, мард буду зан бишуд,
Шакл дигар кард аъзои бадан,
Бенасиб аз болу пар гардида буд.
43 Боз баъдаш ногузир омад задан
Химча аз нав бар сари печон ду мор
То пари мардона бозорад ба тан.
46 Бошад Орунус аз ин ҷо раҳгузор,
Он ки дар кӯҳи Лунояш буд паноҳ,
Зери Короро сарое дошт – ғор
49 Карда дар байни мағоза ҷойгоҳ,
Чор сӯяш буд зи мармарҳо сафед,
Дошт шаб бар анҷуму дарё нигоҳ.
52 В-ин зани ошуфта бо зулфи мадид,
Синаро пӯшида медорад ниҳон,
Ки дигар мӯяш натонад кас бидид,
55 Монту бошад: гашта ақсои ҷаҳон,
Оқибат дар шаҳри ман кардӣ қарор,
З-ин сабаб ҳарфаш шунав ту як замон:
58 Чун падар гаштам зи дунё рафтагор,
Дар асорат шуд Бако, саргашта зан,
Гашт деровораи шаҳру диёр.
61 Дар Шимол Итолиёи чун чаман
Дар куҳистони Тирулӣ, Олмон,
Соҳили рӯди Бинокуи ҳасан,
64 Ки варо серобу хуррам созад, он
Назди Гурдо, Комунико ҳаст боз,
Дар Пинан садҳо бувад чашма равон.
67 Дар миёнаш усқуфони бениёз
Аз Таранту Веруною Баршиё
Метавон бо ҳам гузорандӣ намоз.
70 Дар фурӯгаҳ Пискирои дилрабо,
Шаҳри мустаҳкам, ки биргамҳош низ
Баршионро ҷумла биншонад ба ҷо.
73 Гар нагунҷад ҳеҷ оби мавҷхез
Дар Биноку, мешавад ин сӯ равон,
То равад аз марғзори сабзахез.
76 Чун хурӯшон шуд, Биноку нест он,
Минсу бошад, то ба Гувирну расад,
Пас ба рӯди Пу бирезад ҳамчунон.
79 Дур норафта ба водӣ мехамад,
Мешавад паҳновару мурдоб – рӯд,
Гоҳи гармо медиҳад он бӯи бад.
82 Духти ваҳшихӯ гузар чун менамуд,
Хушк ҷое дар бари мурдоб дид,
Хона буд дар боир, аммо кас набуд.
85 З-одамиён дур ин ҷоро гузид,
Зист бо хидматгарону кард кор,
Ҷисми беҷонаш ба хок ин ҷо расид.
88 Мардумони рафта бар гирду канор,
Гирд омад дар макони байни шан,
К-аз таҳоҷумҳо бувад амну қарор.
91 Шаҳр шуд бар рӯи сутхонҳои зан,
Мантуво бо номи зан карданд ном,
К-интихобаш карду кард онро ватан.
94 Бар хато чун Козулудӣ монд гом,
То ки ӯро Пинамунте фанд дод,
Халқ то он буд фузуну бомақом.
97 Лоҷарам мегӯямат, ҳарфи зиёд
Бишнавӣ аз мабдаи кишвар маро,
Кист бошад ҷуз ҳамин, дорӣ ба ёд».
100 «Ҳарфи ту ҳуҷҷат бувад, эй раҳнамо, –
Гуфтамаш, – сахт аст имонам ба он,
Дигараш бошад зуғоли безиё.
103 Гӯ маро, з-ин ҷамъи сӯи мо равон
Кас бувад шоистаи ҳусни назар,
Гирди ин гардад хаёлам ҳалқасон».
106 Гуфт: «Ришаш рехта он як нафар,
То сари китфон-ш гандумгуна буд,
Дар ҳама Юнон намонд аз мард асар,
109 Ғайри тифли маҳдҳо марде набуд,
Ғайбгӯ буд; ҳамзамон бо Колчос
Дар Улис лангар бубардоранд зуд.
112 Урипило буд номаш; шуд асос
Моҷарояш бар фаҷеъ дастони ман.
Ту саропо хондаӣ, бошӣ шинос.
115 В-он дигар, ки меравад лоғарбадан
Микла Аскотӣ бувад, як ҳиллагар
Гашта аз ҷодугарӣ дар марзаған.
118 Бунато, Аҷдинтаро як ҷо нигар,
Ки дареғи чарму нах гӯянду дод,
Дер ёди тавбашон омад ба сар.
121 В-ин занони дар бало бурда зи ёд
Дуку сӯзан, чарх дар шуғли фусун,
Карда бо нақшу алав ҷоду зиёд.
124 Рафт бояд: рафта Қобил ҳам кунун
Бар ду ними курра бо он пушта хор,
Сӯи дарё гашт Сивилё нагун,
127 Дӯш моҳи бадр будӣ нурбор,
Ҳаст ёдат, к-он ба ҷангалзори тор
Кард ёрият ба нураш чанд бор,
130 Ӯ чунин мегуфт бо ман рафтагор.
ТАВЗЕҲОТ
СУРУДИ БИСТУМ
Табақаи ҳаштум. – Чоҳи чаҳорум. – Ғайбгӯён.
1-15. Данте дар ин мисраъҳо ғайбгӯёни дӯзахиро тасвир мекунад, ки сарҳояшон ба пас тоб хӯрда, ҳангоми рафтан фақат қафояшонро мебинанд, ҳол он ки дар зиндагӣ даъвои пешбинӣ мекарданд.
34-39. Амфиорус – дар асотири Юнон яке аз ҳафт подшоҳе, ки ба шаҳри Тиб ҳамла кард. Ба ӯ ғайбгӯён гуфта буданд, ки дар ин ҷанг ҳалок хоҳад шуд, аз ин рӯ, дар зери ҳисори шаҳр дар паногоҳ меистод, ки бо фармони Худои худоён замин дар он ҷо аз ҳам кушода шуд ва ӯро фурӯ бурд.
40-45. Тирзис – дар асотири Юнон ғайбгӯест аз шаҳри Тиб, ки бо чӯбе ду мори ҳамхобро зада аз ҳам ҷудо кард ва ба ҷурми ин ба зан табдил дода шуда, дар он шакл ҳафт сол боқӣ монд, то он амалро бори дуюм такрор карда, аз нав мард шуд, – болу пари мардона ба тан боз овард, яъне боз соҳиби ришу мӯйлаб гашт.
46-51. Орунус – ғайбгӯи шаҳри Этруска, ки дар ҷанг зафари Қайсарро бар Пумпа пешгӯӣ карда буд. Луно – шаҳри қадим, ёдгори даврони ҳукумати этрускҳо, ки дар асри XI хароб карда шуда. Шаҳри Қароро наздики он аст, ки бо мармарҳои сафедаш шуҳрат дорад.
65-66. Комунико – дараи хуррам дар шимоли Итолиё, Апенин – қаторкӯҳҳои Апенин, ки дар байни дарёчаи Гурдо ва Валкамонико қарор дорад.
94-96. Козулуди – кунт Олберто де Козулуди, ҳокими шаҳри Монту, раъси гивелфҳо; пинамонте – Пинамонте де Бунокурси, яке аз мушовирони ӯ, гибелин буд, ки Козулудиро бо фиреб мағлуб ва хонаводаи ӯро нобуд карда, ҳокими шаҳр шуд.
106-117. Урипило – ҳангоме ки юнониён бар муқобили таруёиҳо ба сафари ҷангӣ рафтанд, аз ду нафар ғайбгӯ Урипило ва Колкос хостанд, ки соати саъдро таъйин кунанд. Дар шаҳри Улис, ки киштиҳои онҳо тайёри сафар буд, онҳо соати саъди ҳаракатро гуфтанд. Мишел Искот – духтури ситорашиноси шотландӣ (нимаи қарни XIII милодӣ).
124 – 126. Рафт бояд... – Аз рӯи ақидаи мардуми асри миёна доғи рӯи Моҳ ин тасвири Қобил мебошад, ки писари бародаркуши Ҳазрати Одам буда, ба дӯш пуштаи хор дорад. Ин тасвир ба он далолат мекунад, ки моҳ ба нуқтаи ғарбӣ Сибииё, ки дар замони Данте қисмати ғарбии дунё ҳисоб мешуд, расидааст, яъне вақт соати шаши бомдоди шанбеи муқаддаси соли 1300 аст.