Аз пуле бар пул гузаштему сухан

Н-аз Кумедӣ, буд аз чизи дигар,

Чун ба ними пул расидем он заман,

 

Дидем он ҷо тоза-тоза Роғи Шар,

Ашки бесуду ғаму дарду ситез,

Муъҷизосо луҷҷаи зулматасар.

 

7 Дар зародихонаи аҳли Виниз

Фасли дай қатрон биҷӯшад доимо,

То шавад ҳар киштӣ қирандуд тез.

 

10 Баски натвон рафт аз бандар фаро,

Халқи дарёӣ кунад киштӣ дуруст,

Сахттар бандат шикофу дарзҳо.

 

13 Як нафар бинӣ, ки киштисоз ӯст,

Бел созад, ё танобе тобад он,

Бодбон дӯзад дигар чолоку чуст.

 

16 Н-аз алав, аз қудрати оллоҳ, дон,

Дар таҳи гудол меҷӯшид қир,

Гашта буд часпак аз он деворагон.

 

19 Ман намедидам ба ҷуз моеъ ба зер,

Ҷуз ҳубобу ҷӯшишу таркиданаш,

Боз поин менишаст оромгир.

 

22 Чашми ман буду ба поин диданаш,

Ки ба сӯи худ кашидам раҳнамо,

Пас: «Муроқиб бош» – гуфт ӯву манаш

25 Ҳамчу марде, ки бубинад аз қазо

Он чиро бояд ки бигрезад аз он,

Лек тарсаш баста дорад ҳар ду по,

 

28 Мегурезад, боз мебинад пасон, –

Ногаҳон дидам, ки шайтони сиёҳ

Сӯи пул боло ҳамеомад давон.

 

31 Ҳайбати бисёр будаш дар лиқо,

Бол бикшода сабук меомад ӯ,

Туршрӯву сангдил буд он бало.

 

34 Бар гунаҳкоре, ки меовард рӯ,

Ӯ ба китфи нӯгтезаш менишаст,

Даст бар пайҳои пояш мезад ӯ.

 

37 Гуфт: «Бадчанголҳо», – бар пул биҷаст, –

Ин бувад Санто Тазиту менигар!

Ку, диҳедаш назди худ ҷои нишаст.

 

40 Меравам шаҳре, ки дар он сар ба сар

Мардумаш ҷуз Бунтуру савдогар аст,

Мекунад «на»-ро «бале» бо зӯри зар.

 

43 Кард партобу шитобон бор баст,

Ки саге дунболи дузди дар нафир

Ҳеҷ гаҳ ин сон натозиду наҷаст.

 

46 Дӯзахӣ ғӯтид, боло шуд ба қир,

Кулли шайтон бо ғазаб фарёд зад:

«Санту Валтуят нагардад дастгир!»

 

49 Сирку не ин ҷо, шино мушкил бувад,

То амон бошӣ зи садчангол ту,

Дарнаёр аз қир ҳаргиз рӯи худ.

52 Бар тани ӯ гашт сад дандон фурӯ,

«Гар тавонӣ туъма бо дандон бигир,

Пойкуб, аммо фақат пӯшида рӯ»

 

55 Кори эшон аст таббохиназир,

Ҳамчу шогирде, ки бо чангак кунад

Гӯштро аз рӯ ба зери дег зер.

 

58 Гуфт раҳбар: то набошӣ чашмзад

Хам шаву мерав паси санги азим,

Сахра то он ҷо ниҳонгоҳат шавад.

 

61 Ту зи ман ҳаргиз машав дар тарсу бим,

Ман ки ин ҷо будаам, дорам хабар,

Нест ин сон кашмакашҳоям алим.

 

64 Кард аз ман сӯи пул он сӯ гузар,

Чун бари девораи шашум расид,

Пурдил ӯ кӯшид, ояд дар назар.

 

67 Кулли шайтон қаҳр карда меҷаҳид,

Чун сагони ҳамлавар, бар бенаво

К-илтиҷо дорад, «каме хайре кунед»,

 

70 Зуд рафтанд аз таҳи пул бар фаро,

Сӯи ӯ гардонда чангакҳои хеш,

Бонг зад ӯ: «Ин шарорат нобаҷо!»

 

73 Пеш аз он ки мекунедам реш-реш

Як нафар бояд, ки ҳарфам бишнавад,

Пас чӣ хоҳед, он кунед аз рои хеш.

 

76 Пас ҳама фарёд зад: «Баддум равад!»

Он ба пеш омад, ба ҷо кулли дигар,

Зери лаб мегуфт: «З-ин суде бувад?»

79 Гуфт: «Баддум, чӣ гумон дорӣ ба сар,

Гар набудӣ амри тақдиру Худо,

Омадан ин ҷо тавонистам магар

 

82 Бардаму солим ман аз доми шумо?

Роҳамон деҳ; амри гардун аст зӯр,

Ҳастамаш дар роҳи даҳшат раҳнамо».

 

85 Нест шуд з-ин ҳарф шайтонро ғурур,

Чангакаш дар пои хеш афканду гуфт:

«Дасти худ бардоштан аз вай зарур».

 

88 Раҳнамо гуфтам, ки: «Тарсону шигифт

Байни санги пул нишастӣ дар азоб.

Боядат акнун ба сӯям раҳ гирифт».

 

91 Хестам, рафтам ба наздаш бошитоб,

Он ҳама шайтон қадам сӯям ниҳод,

Бишканад паймон? Шудам дар изтироб.

 

94 Хайли сарбозон, ки карда эътимод

Ҳарфи душманро, зи Капруно бишуд,

Инчунин бар хеш ларзон буд зиёд.

 

97 Қолабам часпонда бар устоди худ,

Ман ба садҳо чашм мекардам назар,

Ҷаҳдашонро, к-изтиробангез буд.

 

100 Карда чангакҳо фурӯ бар ҳамдигар,

Гуфта ҳар дам: «Афканам ӯро ба зер?»

Боз мегуфтӣ: «Ба чанг овар» дигар.

 

103 Деви бо раҳбар сухангӯ шуд заҳир,

«Шав хамӯш, Искармилуна, – тунд гуфт, –

Дар замон ором гир, ором гир».

106 «Беш аз ин раҳ дур натавонед рафт,

Чун пули шаш варшикаста аз миён

Рехта андар ҷарӣ», – ӯ гуфт тафт,

 

109 Гар ҳамехоҳед з-ин ҷо шуд равон,

Сар-сари сангон ҳамебояд сафар,

Пас зи дигар пул гузаштан метавон.

 

112 Дӣ, аз ин дам панҷ соат дертар,

Шасту шаш солу ҳазору ҳам дусад

Сол шуд, ки банд ин роҳи гузар.

 

115 Чанд шайтон бояд он ҷониб равад,

То касе аз қир сар н-орад фаро.

Ҳеҷ аз инҳотон набошад бими бад.

 

118 «Эй ту, Каҷпар, Пиракӣ, ҳар ду бало!

Почагиру Риш, – сар кард ӯ сухан.-

– Эй мазангу эй ғазабнок Аждаҳо,

 

121 Аз паси эшон ту, Хуки баддаҳан,

Қалби бадчангол, Дунёбехабар,

Ҳамраҳи Алвон биёед ин заман.

 

124 Ҷӯши қатронро бидида сар ба сар,

Бо саломат аз сари ин пул ба он

Мерасонед ин ду танро безарар».

 

127 Гуфтам: Эй вой, устодо, алъамон,

З-ин тариқа ҳамраҳон, – хуб аст агар, –

Роҳро донӣ, шавем мо худ равон.

 

130 Ҳуши деринат агар бошад ба сар,

Бин чӣ сон соянд дандонҳои худ,

Карда ҳам имову таҳдиди дигар.

133 Гуфт: «Дил озод дор аз хавфи бад,

Ҳар қадар соянд дандон нест бим,

К-ин барои он балокашҳо бувад.

 

136 Чап бичархида шаётини раҷим,

Ҳар яке пинҳон бароварда забон,

Кард имое ба сардори дамим».

 

139 Маъқадашро кард ӯ шайпурсон.

ТАВЗЕҲОТ

СУРУДИ БИСТУ ЯКУМ

 Табақаи ҳаштум. – Чоҳи панҷум. – Савдогарони номашрӯъ ва ришвахорон.

  1. Дар зародихонаи аҳли Виниз. – Коргоҳи киштисозӣ ва таъмиркунии машҳур, ки дар асри XII дар Виниз (Венетсия) сохта шуда буд.
  2. Бадчанголҳо – лақаби умумии шайтонҳои посдори ин қисмати табақаи ҳаштум аст.
  3. Санто Тазинту – зани муқаддас, ҳомии шаҳри Луко, ки ӯ дар он зистааст (асри ХIII).
  4. Бунтуру – Бунтуру Дати, сиёсатмадор ва ришвахори ашаддии шаҳри Луко.
  5. Санту Валту – муҷассамаи маъруфе, ки тасвири Исоро дар чӯб тарошида дар калисои шаҳри Луко нигоҳ медоштанд.
  6. Сирку – рӯди хурде дар назди шаҳри Луко.

94-96. Капруно – номи қалъаи низомӣ дар назди шаҳри Пизо, ки онро соли 1289 лашкари Флуронс ва Луко забт кард, ки дар байни онон Дантеи ҷавон ҳам буд.

111-114. Ин пули Дӯзах бар асари зилзилае, ки дар рӯзи ба шаҳодат расидани Исо воқеъ шуда буд, шикастааст. Ба гуфтаи «Инҷил» Исо дар сию чаҳорсолагӣ кушта шуд, ки Данте ҳам чунин ақида дошт. Бо гуфтаи шайтон, аз вақти зилзила 1266 сол гузаштааст. Аз ин чунин бармеояд, ки соли ин саҳна – 1300 мебошад.