Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Дидаам таҳрики урдуи савор
Гоҳи пайкору гаҳи разму гурез,
То ки бошад ҷонаш амну пойдор.
Тохтҳое дидаму кину ситез,
Дастаи зӯроварон, эй артиён,
Бо садои сурно, ноқус низ, –
7 Бо ғиреви табл, дар дижҳо нишон,
Бо русуми мову ё бегонае
Гашта баҳри найзабозиҳо равон.
10 Нест беҳ аз нағмаи қурронае
Бар пиёда, баҳргарду ҳам савор,
Чун намояд наҷм, соҳил, хонае.
13 Мо ба даҳ иблис гашта раҳсупор,
Вой аз ин ҷамъияте, ҳаққо, нигар,
Маъбад аз мубад, шароб аз бодахор.
16 Ман ба ҷӯши қир мекардам назар,
То бубинам халқи дар аҷзу ниёз,
Ки дар он буд дар гудозиш сар ба сар.
19 Баҳргардонро чу моҳии гуроз
Мекунад огоҳ аз киштишикаст,
Пушти худро карда аз дарё фароз.
22 То сабук созад каме ранҷи аласт,
Ҳамчунон аз қир меомад ба рӯ,
Барқосо дарзамон таҳ менишаст.
25 Ҳамчу ғукон сар ба боло назди ҷӯ,
Ки бурун оранд оби пӯзашон,
Зери об аммост танҳошон фурӯ, –
28 Сар зи қатрон карда боло осимон,
Аз бади Бадриш лек осемасар
Гашта чун ғукон таҳи қатрон ниҳон.
31 Ғуке аз ғукон маро буд дар назар,
З-он чӣ дидам дил ҳаме ларзон бувад,
Ғӯта зад як, кард таъхире дигар.
34 Калб бар зулфони ӯ қуллоб зад,
Бар ҳаво бардошт онро, чун самур
Дар фазо дидам, муаллақ рафта буд.
37 Буд ёдам номи иблисони ур,
Гӯш додам баски дар роҳи сафар,
Чун садо карданд ҳамдигар зи дур.
40 «Ҳой, Алвон, – дод гуфтандӣ зи шарр, –
Бар танаш он сон бизан чангак фурӯ,
То канӣ ту пӯсташро сар ба сар!»
43 Гуфтам: «Эй устод, агар донӣ, бигӯ,
Кист ин баргаштабахти бенаво,
Ки ҳарифон карда танг аҳволи ӯ.
46 Шуд ба ӯ наздиктар пас раҳнамо,
Кард пурсонаш, куҷоист, ӯ бигуфт:
«Ман ба дунё омадам дар Новаро.
49 Модарам бо марди фосид гашт ҷуфт,
То маро зоду ба аъёне бибурд,
Хизмати эшон ба ҷон кун гуфту рафт.
52 Шаҳ Тибалдуям қарини хеш кард,
Лек чапдастӣ бикардам дар амал,
Ки дар оташ сӯзам акнун ман ба дард».
55 Буд дандон Хукро зишту дағал,
Ҳамчу дандони гуроз андар даҳон.
Гуфт: Бин, чун медарондандат талал.
58 Гурбаро бозӣ, ба мушак назъи ҷон,
Гуфт, Бадришаш гирифта дар ду даст:
«Сокиту ором бошед ин замон».
61 Гуфт раҳбарро: «Туро дархост ҳаст,
Ҳар чӣ мехоҳӣ бипурсаш зудтар,
Ки кунандаш тикка-тикка банду баст».
64 Ин шуниду гуфт ӯро роҳбар:
«Лотиние ҳаст дар байни шумо,
Гар шиносӣ, гӯй». Дод ин сон хабар:
67 Лаҳзае шуд аз яке гаштам ҷудо,
Кош бо ӯ будам он ҷо дар амон,
Бими қуллобам набудиву ҷазо!»
70 Гуфт Дунёбехабар: «Бас ину он!»
Дар хами бозу бизад қуллоби худ,
Чун кашидаш гӯштпора буд дар он.
73 Аждаҳо ҳам хост қуллобе занад,
Кард даҳбошӣ нигоҳи тунду тез,
Пас ба даври дӯзахӣ худ чарх зад.
76 Чун даме таскин шуданд аз ҷасту хез,
Раҳбарам з-он дӯзахӣ пурсид паст,
Ки ба захми худ назар мекард низ.
79 «З-ӯ ҷудо гаштам, бигуфтӣ, нодуруст,
Гӯй моро, кист ӯ?» Посух бидод:
Ӯ ба рӯҳонӣ Кумито додар аст.
82 Дар Галуро буд сари кизбу фасод.
Душманони соҳибашро даст бурд,
Ҳукмаш эшонро пазиро шуд чу дод.
85 Нақд бистонду муофи ҷурм кард,
Дар тамоми корҳои хеш ӯ
На каму андак, фаровон ришва хӯрд.
88 Он ба Микил Санки дорад гуфтугӯ;
Суҳбат аз Содиниё беинтиҳост,
Чун шавад бо Логудорӣ рӯ ба рӯ.
91 Вой бар ман, охирам ин чӣ ҷафост,
Сояд он дандон, чӣ гӯям ман дигар,
Бар сарам ин дев бадтар аз балост.
94 Гуфт сарваршон ба Дунёбехабар, –
Чап-чап ӯ бар дӯзахӣ карда нигоҳ, –
«Гум шав, эй паррандаи манҳуси шарр!»
97 Дӯзахӣ тарсон бигуфт он гаҳ ба мо:
«Тусканӣ, лумбардиҳоро гар зарур
Ҳаст дидантон, биорамшон фаро.
100 Лек Бадчанголҳо бошанд дур,
То ки набвадшон ҳароси қасдгир:
Аз ҳамин ҷои нишастам бе қусур,
103 Ҳафт тан берун биорам бо сафир.
Гар яке бошад бурун, ин шевамон,
Дигаронро хонад аз байни қаир».
106 Саг чу бишнид ин, сараш дода такон,
«Ваҳ, хабисе, – гуфт, – меҷӯяд сабаб,
То шавад худ як нафас дар таҳ ниҳон!»
109 Дӯзахӣ, ки дошт ҳиллатҳо аҷаб,
Дод посух гар намебудам разил,
Дом бинҳодам ба ёрон рӯзу шаб?»
112 Тоқати Каҷбол даррафту сақил
Гуфт: «Гар меафканӣ худро ба зер,
Кай кашам аз пушти ту бонги раҳил.
115 Балки то қатрон шавам думболагир;
Мо аз ин ҷо дуртар, хоҳем дид,
Чун ту хоҳӣ буд аз мо муқтадир.
118 Гӯш кун, хонанда дастони ҷадид,
Ҷумла шайтон сӯи дигар рӯй тофт,
Дастаи сангиндилони мустабид.
121 Рӯҳӣ Новорӣ даме бар пас шитофт,
Ҷаст бар таҳ тир карда ҳар ду по,
То халос аз ранҷи беандоза ёфт...
124 Гашта иблисон пушаймон аз хато,
Буд сабабгор аз ҳама бад дар ғазаб;
Ҷасту гуфто: «Ман гирифтам ҷо ба ҷо!»
127 Лек буд бесуд он шӯру шағаб,
Тарс аз парвоз будӣ тезпар,
Он фурӯ рафт, ин дигар боло аҷаб.
130 Инчунин аз ҳайбати шоҳин ба сар
Меравад дар об мурғобӣ фурӯ,
Дар само хашмин занад он болу пар.
133 Пиракӣ паррид қоҳир, кинаҷӯ,
То гурезад дӯзахӣ аз тарси он,
Бар адоват то баҳона ёбад ӯ.
136 Судҷӯ чун гашт аз чашмон ниҳон,
Кард чангак сӯи ҳамкораш дароз,
Шуд сари гудол ҷанги беамон.
139 Дигаре ҳам чанг зад монанди боз,
Ҳарду афтоданд дар ин шӯру шар,
Дар миёни биркаи ҷӯш аз фароз.
142 Кард ҷӯшонӣ ҷудо аз ҳамдигар,
Болҳошон гашт лек андуди қир,
Ки набуд ёрои парвози дигар.
145 Чун ҳама, Бадриш гашта ногузир,
Чор танро, гуфт, бо қуллоб зуд
Бар канори дигаре парвоз гир.
148 Омад он ҳар як ба ҷои худ фуруд,
Карда чангакҳошро он сӯй хам,
Ду нафар дар қири ҷӯшон пухта буд:
151 Рафта аз он ҷо, фурӯ бастем дам.
ТАВЗЕҲОТ
СУРУДИ БИСТУ ДУВУМ
Табақаи ҳаштум. – Чоҳи панҷум (давомаш)
12.Чун намояд наҷм, соҳил, хонае. – Ишора ба он ки баҳрнавардон самти ҳаракати худро аз рӯи исторагон ва намуди соҳил муайян мекарданд.
81-87. Ӯ ба рӯҳонӣ Кумито додар аст, – рӯҳонӣ, фармондеҳи кулли Сурдиниё, ки ӯро Нино Висконти таъйин карда буд, вале ба сабаби ришвахорӣ охир ба дор кашида шуд. Галуро – яке аз чаҳор ноҳияи Пизо, дар марғиби Итолиё.
88-89. Мишел Зончи – аз тарафи подшоҳ Инизу, писари Фредерики дуввум ба ҳукмронии Логодоре мансуб шуда буд. Зончи хиёнаткорона бо дасти домодаш кушта шуд.