Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Хомушу танҳову аз ҳамраҳ ҷудо,
Пушти ҳам гаштем з-ин пас мо равон,
Чун «Бародарҳои кеҳтар» по ба по.
Ин ҳама кашмокашу ҷанги калон
Ёд овардам зи Эзоп он масал:
Макри ғуку марги муши нотавон.
7 Ҳамчу «ҳоло» -ву «кунун» аст ин амал,
Гар бисанҷӣ ибтидову интиҳо
Як бувад мақсуду маънош аз азал.
10 З-ояд аз андешае фикри расо,
З-ин хаёлам зода шуд дигар хаёл,
Шуд дучандон бимам аз ин инҷило,
13 Худ ба худ гуфтам, ки иблисони ол
Бас шуданд аз ваҷҳи мо беобрӯ,
Бегумон бадқаҳру пурхашманду зол.
16 Хайли иблисони озу тундхӯ,
Ҳамчу тозӣ мекунад таъқиби мо,
Ки давад думболаи харгӯш ӯ.
19 Сих шуд ҳар тори мӯям ҷо ба ҷо,
Баски мерафтам зи пушти раҳнамун,
Гуфтам: «Эй устод, – ман бо илтиҷо, –
22 Кун ниҳонмон, в-арна ҳоли мо забун,
Ман зи Бадчанголҳо дорам хатар,
К-аз паси худ ҳис намоям бӯи хун».
25 «Сохтандам з-обгина ҳам агар, –
Гуфт, – ин дам зоҳиратро аз замир
Кай тавонам ман намудан хубтар.
28 Сурати андешаҳоят ногузир
Баски чун андешаҳои ман шуда,
Тарҳи воҳид сохтам з-эшон хабир.
31 Гар канори рост саршеб омада,
Мо фуруд оем бар роғи дигар,
Он ҳама таъқиб беҳуда буда.
34 Ҳарфи худ нокарда ҳоло мухтасар,
Сӯи мо оянд, дидам, болзан,
То ба чанги хеш гирандӣ магар.
37 Раҳнамо чун модаре, ки мумтаҳан
Аз ғиреви нимашаб аз ҷо ҷаҳад,
Дида оташро ба наздаш шӯълазан,
40 Тифли худ бардораду з-он ҷо давад,
Дар танаш ҷуз пираҳан набвад либос,
Дар бараш тифли беҳ аз ҷонаш бувад, –
43 Хеш бар девораи мазбутасос,
Ки ба даври Роғи Шарр печида буд,
Барфиканду рафт лағзон, дар ҳарос.
46 Об бо ин суръате н-ояд фуруд
Дар сарошебии назди осиё,
То ба худ чархи варо гардон намуд.
49 Дар бараш бигрифта будам раҳнамо,
На ба мисли ҳамсафар, ҳамчун писар,
Зуд поин рафт аз фарти фаро.
52 Чун расидӣ пои ӯ бар умқи ҷар,
Шуд шаётин тори мо пайдо ба кин,
Дигар аз онон набуд аммо хатар.
55 Ғори панҷум, ҳокимонаш ҳеҷ аз ин
Ғор натвонанд берун шуд як он,
Баски бошад хости олӣ чунин.
58 Дидам он ҷо ранг карда осиён,
Хаста мерафтанд гирди партгоҳ,
Ашкҳо мерехтанд аз дидагон.
61 Буд ридошон бар бару бар сар кулоҳ,
К-омада то рӯи чашмоншон фуруд,
Чун ридои роҳибони Кулниёҳ,
64 Зер сурбу рӯй зарандуда буд,
Ки ридои Федерику дар қиёс
Аз пари коҳе сабуктар менамуд.
67 Ҷомаи сурбӣ бувад бар ранҷ асос,
Мо ба эшон гашта сӯи чап равон,
Гӯш мекардем зории шинос.
70 Кунд мерафтанд бо бори гарон,
З-ин сабаб дар роҳи худ мо ҳар қадам
Тоза мекардем пайдо дӯстон.
73 «Кӯш то ёбӣ, – ба раҳбар дам задам, –
Ошное з-ин миён ояд падид,
Менигар бар гирду пешат дам ба дам».
76 Лаҳҷаи тускониям шахсе шунид:
Бонг зад аз пушти сар: «З-ин ҷо шумо
Ки равон астед, оҳиста равед,
79 Матлаб аз ман мекунед акнун раво».
Пушти сар баргашту гуфтам роҳбар:
«Зуд мерав ҳамраҳи ӯ по ба по».
82 Дидам аз аҳли ҷаҳаннам ду нафар,
Доштӣ, шавқи шиносоӣ зиёд,
Борашон буд сахт, раҳ бориктар.
85 Омада наздики мо беарзу дод,
Сӯи мо диданд ҳамчун аҳвалон,
Ҳарду ҳам лаб бар сухангӯӣ кушод:
88 «Ин яке зинда-ст, ҷунбонад даҳон,
Мурда бошанд аз кадомин имтиёз
Нест бори ҷомаи сангинашон?»
91 «Тускание, – гуфт, – манмо эҳтироз,
Ту зи ҷамъи осиёни туршрӯ,
Гӯй номат, мон ту хашму кину оз».
94 «Зодаам дар шаҳри назди Орну,
Ҳам калон гаштам дар он, – гуфтам ҷавоб, –
Доимо буда маро ин ҷисму рӯ.
97 Кистед охир шумову аз чӣ боб
Рӯй шуд маҷрои ашки дар равон,
Аз чӣ кайфар гашта рахшон, дар азоб».
100 Дод посух: «Ин ридоҳоро чунон
Сохтанд аз сурб, к-аз бори ридо
Мекашад санги тарозуҳо фиғон.
103 Мо гудинтӣ бошем аз Булуниё;
Лудригу номи рафиқам, номи ман
Коталино, халқи шаҳрат ҷо ба ҷо
106 Ҷои як тан баргузида ҳар ду тан,
Доштанд аз мо сафову сулҳ умед,
Лек Гардинку шуд аз мо мумтаҳан».
109 Гуфтам: «Эй ихвон, чӣ ранҷи каснадид...» –
Лаб бубастам, – дӯзахӣ маслуби дард
Буд дар се мех, чашмонам бидид.
112 Ӯ маро чун дид печу тоб хӯрд,
Оҳ мегуфту бародар Коталин
Рӯ ба ман оварду ҳарф оғоз кард.
115 «Он ки маслуб аст ин ҷо инчунин,
Бар фарисиён бигуфт ӯ, ки равост
Дар шиканҷа куштани марде яқин.
118 Дар миёни раҳ бубин урёни рост,
Ҷисми ӯ хуфтасту бори раҳравон
Мефишорад пайкараш – инаш сазост.
121 Ҳам падарзан дорад ин ранҷи гарон,
Ҷумла шӯрое, ки монда сар ба сар
Бар яҳудон тухми лаънатро нишон».
124 Бингаристам Верҷили ошуфтасар
Сурати марди палидеро бидид,
Буд, к-ӯ маслуби хоки раҳгузар.
127 Ман бигуфтам: «Гарки моро ёваред,
В-ар шуморо ҳаст изни гуфтугӯ,
Бо сухан з-ин ҷоямон хориҷ баред.
130 Гар равон гардем з-ин ҷо рострӯ
Меравем оё аз ин варта бадар,
Бо малоик мо нагашта рӯ ба рӯ».
133 Гуфт: «Аз умедат бувад наздиктар,
Як пуле, к-аз ҳалқа гашта ибтидо,
Бигзарад, з-ин водии мотамасар.
136 Варшикаста лек рӯи жарфно,
З-ин сабаб бояд равед аз он нишеб,
Аз таҳи гудол рӯболо шумо».
139 Гуфт раҳбар бо таассуф, бо ниҳеб
Дар паси девори ин ҷо, шуд аён
Кардамон шайтони чангакзан фиреб».
142 Дод посух додари рӯҳу равон:
«Ҳаст шайтон мояи ҷурми абад,
Дар Булуниё бигуфтандам чунон».
145 Раҳнамо дар хашм гашту гом зад,
Дӯзахиён хуфта андар зери бор,
Дар уқубат мондаву аҳволи бад.
148 Аз паи маҳбуб гаштам раҳсипор.
ТАВЗЕҲОТ
СУРУДИ БИСТУ СЕВУМ
Табақаи ҳаштум. – Чоҳи панҷум (давомаш). – Чоҳи шашум. – Риёкорон.
103-108. Гудинтӣ – «бародарони гудинтӣ», номи ҷавонмардони мазҳаби фирқаи «Марями хуҷаста», ки барои пуштибонии бечорагон ва оштӣ додани душманон ташкил шуда, барои дилхушии худ кӯшиданд, ки онҳоро мардум «бародарони хушгузарон» номиданд. Лудрингу – Лудригу делли Андалу, гибелин Коталино – Коталино делли Малаволти, гивелф, гибелинҳои Флуронс аз задухӯрдҳо ба дод омада, ба ҳар дуи ин шахс ваколат доданд, ки бар оштии онҳо кор кунанд. Онҳо ба ҷои фурӯ нишондани хурӯҷҳои сиёсӣ онро оташ медоданд, ки охир ба ғалабаи гивелфҳо анҷом ёфт. Ҳавлии делли Уберти, ки дар назди қалъаи Гардинку буд, вайрон карда, оташ зада шуд ва сухани Данте дар ин ҷо оҳанги тамасхур дорад.