Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
То ҷавонумр аст соли тозакор,
Давл гармӣ дода бар гесӯи шед,
Ҳамзамони рӯз гашта шоми тор,
Ях бимонад дар замин нақши сафед,
Ҳамчу шабнам хоҳари нозукадо,
Зуд гардад нақши сусташ нопадид.
7 Ҳамчу деҳқоне, ки кам дорад ғизо,
Хезаду бинад сафедиҳои деҳ,
Даст бар паҳлу бикӯбад ғамфизо.
10 Андарояд хона бо ҳоли табаҳ,
Боз ӯ берун равад бо оҳ, асаф,
Бингарад вазъи замин бад шуд, на беҳ,
13 Гирад ӯ чӯби шубонияш ба каф,
Барраҳоро бар чаро берун барад,
То хуранд онон зи дашт обу алаф.
16 Раҳбар ин сон дар ҳаросам оварад,
Бо парешонии ваҳмафзои хеш,
Боз бар захмам ҳаме марҳам ниҳад.
19 Чун ба пул мондем ҳарду пои хеш,
Ӯ ба лутфу марҳамат кардам назар,
Ҳамчунон дар пояи харсанги пеш.
22 Гирду ҷонибро бисанҷид аз дигар,
Бар сарошебӣ назар бинмуд он,
Вокушод оғӯшу бигрифтам ба бар.
25 Чун касе, ки кору фикраш тавъамон,
Боз ҳам фикри мабодо кардааст,
Ҷониби харсанг мебурдам чунон.
28 Тахтасангеро бидиду гуфт паст:
«Хешро овез дар он санги дур,
Ҳамл оё дорадат, санҷаш нахуст».
31 Бо ридо з-ин раҳ нашуд кардан убур,
Баски аз як санг бар санги дигар
Ӯ сабукпо мегузашту ман базӯр.
34 Роҳ аз ин сӯ гар набуд кӯтоҳтар,
Бар чӣ мекардам умеду вогузошт,
Зуд меандохтам, бешак, сипар.
37 «Роғи Шар рӯ бар даҳони чоҳ дошт,
Буд он дар қисмати поинтарин,
Ҳар дара худро аз он огоҳ дошт.
40 Буд баланду паст девори камин,
То расидем оқибат мо бар фароз,
Сахраеро карда мо бар худ гузин.
43 Дар фарозӣ чун ба худ дидем боз,
Тангтар дар сина печида нафас,
Ман ба рӯи раҳ, нишастам бемаҷоз,
46 Гуфт раҳбар: «Танбалӣ, бигзор, абас,
Аз таҳи пар хуфта, шистан рӯи пар
Шӯҳраву номӣ нагардад ҳеҷ кас.
49 Ҳар касе, ки мезияд бефахру фар,
Ҳамчу дуде дар ҳавову каф дар об
Мегузорад аз ҳаёти худ асар.
52 Зуд бархезу бишав ту фатҳёб,
Чун туро нирӯст пирӯзӣ зи туст,
Бартар оӣ то зи уммедат, шитоб!
55 Бояд аз он нардбоне рафт чуст,
Тарки инон нест кофӣ пеши мо,
Ҳарфи ман дарёфтӣ – андарзи туст».
58 Ин шунидам, хестам пурдил зи ҷо,
Хештанро ёфтам ман тозаҷон,
Гуфтамаш: «Акнун далерам, пеш, о!»
61 Мо пасон гаштем аз он пул равон,
Роҳ ноҳамвор буд, мушкилгузар,
Тай ҳамешуд аз раҳи пешин гарон.
64 Гап задам, то хаста н-оям дар назар,
Омад аз гудоли пеши рӯ садо,
Ки набуд чун ҳарфи авлоди башар.
Гарчи бар пул рафта будам ман фаро,
Маънии овоз кай гаштам аён,
Сахт хашмӣ буд, вале соҳибнидо.
70 Хам шудам, аммо надидам умқи он
«То расем устод, – гуфтам, – чора кун
Мо бадон девори дигар ин замон.
73 Пас фуруд оем аз он, зеро сухан
Бишнавам, аммо намедонам, чӣ гуфт,
Бингарам бар таҳ, набинам ҳеҷ ман».
76 Гуфт: «Бошад посухам бо кор ҷуфт,
Баски хоҳишро бувад дар пай амал,
В-арна суде нест аз гуфтушунуфт.
79 Мо ба поин рафтем аз пул бехалал,
К-он бипайвандад ба даври ҳаштумин,
Булҷиёро дидам он гаҳ бемасал.
82 Буд он ҷо хайли мори заҳргин,
Гурзаву афъиву анвои дигар,
Ёд ояд, шах шавад хунам ба ҳин.
85 Либиёро лоф бошад барҳадар
Аз шибарзору вуҳуши баднамуд,
Аз хазанда, аз газанда сар ба сар.
88 Баски дар ин сарзамини беҳудуд,
Дар канори Баҳри Аҳмар, Ҳабша ҳам,
То бад-ин андоза афъиён набуд.
91 Байни он хунхораҳои бадситам,
Халқи урён буд ҳаросону давон,
Беумед аз нӯшдоруву карам.
94 Баста морон пушти ҳам ду дасташон,
Думбу сар ҷо дода дар гирди камар,
То ба ҳам печанд он ҷо ҳалқасон.
97 Ногаҳон дидам, ки море тезпар
Хешро андохт бар рӯи яке,
Рахна кардаш гардани он ҷурмасар.
100 Зудтар з-он ки нависӣ «О», «як»-е,
Дӯзахӣ оташ гирифту сӯхт пок,
Ҷои ӯ хокистараш монд андаке.
103 Чун бад-ин сон гашт нобуду ҳалок,
Гирд шуд хокистари ӯ дарзамон,
Дар намуди аввал омад з-истикок.
106 Гуфтаанд алломаҳою бихрадон,
Чун самандар панҷсадсола шавад,
Мирад, аз нав зинда гардад, тозаҷон.
109 Он на гандум, на гиёҳе мехурад,
Ашки уду кундур аст онро ғизо,
Сунбулу гул бистари маргаш бувад.
112 Чун касе, ки мефитонандаш зи по
Бар замин иблис, ё қуввои шар,
Ӯ надонад, лек меафтад чаро.
115 Он маҳал, к-аз ҷой мехезад пакар,
Саргарон мебингарад гирду канор,
Мекашад оҳу фиғонҳо аз ҷигар.
118 Дошт айни ин азоб ин ҷурмдор,
Ваҳ, шигифто! Адли яздонӣ чунон
Мезанад зарбат ба қаҳру бо ниқор.
121 Раҳнамо пурсид аз ӯ ному нишон,
Гуфт: «Аз Тускониё ман, – бо нафир, –
Андар ин варта фитодам. Чун дадон,
124 На чу инсон зистам, будам хачир,
Вони Фучиям, ба хӯ чун чорпо
Будаам дар Пистуё ман ҷойгир».
127 Гуфтам: Ин ҷо бошад, – устод, – ӯ чаро,
Бо чӣ ҷурм афканда шуд дар ин макон,
Ӯ, ки бадхӯ буду савдоинамо.
130 Ин шунид осӣ, накарда сир ниҳон,
Рӯю рӯҳашро ба ман гардонд ӯ,
Чеҳрааш аз шарм буд чун арғувон.
133 Гуфт: «Ранҷам медиҳад дидори ту,
Ки маро бинӣ чунон ворунабахт,
Бошад аз маргам гарон ин гуфтугӯ.
136 Гӯям арчи гуфтанам сахт аст, сахт,
Шуд мағок аз он сабаб маъвои ман,
Ки бибурдам аз калисо рахту тахт.
139 Муттаҳам шуд дигаре дар ҷои ман,
То нагардӣ аз ғами ман шодмон,
Чун бурун оӣ аз ин мулк-ул-ҳазан,
142 Пешгӯиям шунав бо гӯши ҷон:
Чун шавад пок аз сиёҳӣ Пистуё
Нав шавад қонун ба Флуронс он замон.
145 Пар Марих аз Валди Магро бар фаро,
Абрҳоро ронад ин сӯ, к-оварад
Он ба Кампу Бичну тӯфони бало,
148 Гӯиё қоим қиёмат мешавад;
Мешикофад барқ абри торро
Ҳар сафеде бар ҳалокат меравад.
151 Ин ҳама гуфтам, ки бошӣ дар ано.
ТАВЗЕҲОТ
СУРУДИ БИСТУ ЧАҲОРУМ
Табақаи ҳаштум. – Чоҳи ҳафтум. – Дуздон.
55-56. Бояд аз ин нардбоне рафт чуст, – ишора ба баландии дигаре, ки бояд баромад, яъне Барзах. Аз назари тамсилӣ ин чунин маъно дорад, ки тарки гуноҳ душвортар аст, ки аз яке ба дигараш гузарӣ.
85-88. Либиё – сарзамини Либиё дар шимоли Африқо; дар Урупои замони Данте онро ба маънои тамоми Африқо истифода мекарданд. Пас номгӯи навъҳои гуногуни мор меравад.
107-111. Самандар – Феникс, мурғи афсонавии оташинбол, ки атри гул ва бухори кундур ғизояш буда, баъди панҷсад сол умр диданаш бистаре аз гулҳои муаттар ва баргҳои кундур месозад ва зери гармии хуршед онро бо болҳояш оташ дода худро месӯзад ва аз хокистараш боз аз нав эҳё мешавад.
143-144. Чун шавад пок аз сиёҳӣ Пистуё. – Дастаи «сафедҳо» дар моҳи ман соли 1301 дастаи «сиёҳ»-ҳоро аз Пистуё ронд. Баъдтар дар охири сол дастаи «сиёҳҳо» «сафедҳо»-ро ронд, ки дар байни онҳо Данте ҳам буд.
145-150. Дастаи «сиёҳ»-ҳо соли 1302 муттаҳид шуданд ва зери фармондеҳии Марки Муруиллу Муласпино шаҳри Пистуёро ба тасарруфи худ дароварданд. Ин задухӯрд дар майдони ҷангии Кампу Бигну, дар хоки Пистуё воқеъ шуд. Вал ди Магра – дараи бузурге дар ноҳияи Луниҷиё.