Дузд дар фарҷоми ҳарфаш ҳар ду даст

Бурд боло, шакли анҷирӣ намуд,

Дод зад: «Ин ҳам Худоё, аз ту аст!»

 

Ҷумла морам шуд аз он дам дӯст зуд,

З-он яке печид дар гардан варо,

Гӯиё мегуфт: «Беҳ, хомӯш буд».

 

7 Дигаре дар бозувон зад ҳалқаҳо

Раг ба раг афшурд осиро валав,

Қудрати ҷунбиш намондаш з-илтиво.

 

10 Пистуё, восӯзу хокистар бишав,

То наоӣ беш аз ин ту дар ҷаҳон,

Дар бадӣ аз ҷодаат рафтӣ улув.

 

13 Ҳеҷ рӯҳеро надидам з-осиён,

К-инчунин бошад ба яздон дар ситез,

На ба Тибу, н-аз ҳисор афтодагон.

16 Дӯзахӣ шуд бекаломе дар гурез,

Дидамаш қантурси хашмолуда буд,

Медавиду: «Ку, – ҳамегуфт, – он кумез».

 

19 Мормо пурмор ин сон буда буд?

Селаи морон-ш печида ба рӯ,

Чеҳри инсонӣ ниҳон бинмуда буд.

 

22 Аждаҳо биншаста буд дар дӯши ӯ,

Ҳар чиро ки рӯ ба рӯяш бинад он,

Дарзамон медод бар оташ фурӯ.

 

25 Гуфт устодам, ки: «Кокуро, бидон

Ҷӯйбори хун падид оварда буд,

Дар Авентину ба пои куҳситон.

 

28 Қисматаш аз додарон фарқе намуд:

Галлаеро, ки ба наздаш мечарид,

Ӯ ба макру фанду ҳиллатҳо рабуд.

 

31 Нобакориҳош бар поён расид,

То вай аз Ҳаркул сад зарбат бихӯрд,

Лек бар даҳ зарба тоқат н-оварид.

 

34 Вай бигуфту Кокуро шуд раҳнавард,

Ҷамъ буд се рӯҳ андар зери по,

З-омаданҳошон касе ҳам пай набурд.

 

37 «Кистед?» Овоз омад сӯи мо,

Дарзамон бастем лабро аз калом,

Бо таваҷҷуҳ карда он сӯ дидаҳо,

 

40 Ман намедонистам ононро тамом,

Лек мисли он ки гоҳе мешавад,

Як нафар з-онон дигарро бурд ном:

43 Гуфт: «Чиёнфо куҷо ҳоло бувад?»

Раҳнамоям то шавад ҳушёртар,

Ман ниҳодам бар зақан ангушти худ,

 

46 Боварат ояд агар душвортар,

Ту машав, хонандаам, з-ин дар шигифт,

Дар аҷаб з–ин моҷароям худ дигар.

 

49 Чун бидидам мори шашпои чу зифт

Хеш бар рӯи яке з-онҳо фиканд,

То саропо дар миёни худ гирифт.

 

52 Бо миёнпоҳо шикамро кард банд,

Бо ду пои пеш бозувон бубаст,

Зад ба ҳар ду гунааш дандони чанд,

 

55 Ҳар ду пои пас ба ҳар ду рон бубаст,

Дум бурун кард аз ду рону бо ҳуҷум,

Аз пас онро бар тиҳигоҳаш бихаст.

 

58 Кай бипечад ушқаи печони шум

Дар дарахте ҳамчу ин ҳайвон, ки зуд

Часп шуд бар ҷисми дигар ҳамчу мум.

 

61 Ин ду бо ҳам ончунон часпида буд,

То ба ҳам омехт шаклу рангашон,

Сурати пешинашон дигар намуд.

 

64 Дар миёни шӯъла чун коғаз, ки он

Гашта гандумгун, намебошад сиёҳ,

Лек набвад аз сафедияш нишон:

 

67 «Вой, Анил гаштаст аҳволат табоҳ»

Баски гаштӣ на якеву на дуто».

Бонг мезад ду дигар бо оҳу воҳ.

70 Чун сари дугонашон шуд якнамо,

Рӯ ба рӯ омехт, то як рӯ бишуд,

Сурати пешини ҳар ду шуд фано.

 

73 Чор узви он чу як бозу бишуд,

Соқҳову синаву рону шикам

Шуд ба шакле, к-одамӣ нодида буд.

 

76 Шакли пешиншон намонда ҳеҷ ҳам,

Гоҳ ҳеҷу гаҳ ду кас буд дар назар,

То аҷиб-ул-сурате мезад қадам.

 

79 Ҳамчу як калпеса дар зери чапар

Ки барад аз гармии сӯзон паноҳ,

Пас кунад аз роҳ чун барқе гузар,

 

82 Мори ҳамчун донаи филфил сиёҳ

Ҳам кабуд омад ба хашму бошитоб

Ҷониби он ҳар ду ишкам кинахоҳ.

 

85 Кард сӯрох он якеро боитоб,

Бар нахустин ҷо, ки бахшояд ғизо,

Бар замин афтод пас гӯё ба хоб.

 

88 Морзад кардаш нигоҳи норизо,

Кард хамёза хамӯшу беситез,

Дошт таб ё бурд хобаш аз қазо.

 

91 Мо ба ӯ дидему моро дид низ,

Аз шикофу аз даҳон бар шуд бухор,

Ҳар ду зуд омехт бадбӯю ғализ.

 

94 Гӯй: «Лукан, кун хамӯшӣ ихтиёр,

Дам мазан аз Собилиси рӯсиёҳ

Ҳам зи Носидису бар ман гӯш дор.

97 Увидий аз Кадмасу Артузио,

Ту нагӯяд, нест рашкам з-ин ҳунар,

Гарчи мору чашма кард ӯ ҳар дуро.

 

100 Ҳаргиз ин сон ду сиришти зидгуҳар

Рӯ ба рӯ н-омехт, то созад бадал

Он якеро бо ниҳодаш бар дигар.

 

103 Ин ду пайвастанд сахту дар амал

Шуд думи мори калон душохадор,

Як бишуд поҳои захмӣ бармаҳал.

 

Соқу ронҳояш чунон омехт мор,

То намонд аз ҷои по – пайванд асар.

Дум, ки дунима бишуд беихтиёр,

 

109 Мегирифтӣ бар худ ашколи дигар,

Он дигар аз байн мешуд нопадид,

Нарм мешуд пӯст, гоҳе сахттар.

 

112 Дӯзахӣ бозуи худ дар бар кашид,

Буд кӯтаҳ пои ҳайвони аҷиб,

Нисбати бозуи осӣ шуд мадид.

 

115 Шуд бадал нохост ду пои ақиб

Бар ҳамон узве, ки созандаш ниҳон,

Шуд дуто узве насиби бенасиб.

 

118 Ранги нав меёфт аз буғ ину он,

Дар яке рӯёнда мӯи нав бухор,

Мӯи дигар месутурдӣ бенишон.

 

121 Ин зи ҷо бархост, в-он афтод зор,

Лек ононро нигаҳ нопок буд,

Чашм нобардоштанд аз ин ивор.

124 Бар шақиқа мекашид он пӯзи худ,

Он чӣ бисёр омад андар ин бадал,

Ҳамчу гӯш аз гунааш пайдо бишуд.

 

127 В-он чӣ барҷо монда буд аз ин амал,

Шакли биннӣ гашт дар мобайни рӯ,

Гашт лабҳои захиму пурилал.

 

130 Бар замин афтода в-он дигар парӯ,

Ҳамчу ҳалзуне, ки шохашро кашад,

Дар даруни сар кашид ду гӯш ӯ.

 

133 Чун забони бешикофаш чок шуд,

Аз сухан монду ба ҳам омад забон,

Қатъ шуд мавҷи бухору бӯи бад.

 

136 Рӯҳи ҳайвонгашта бигрезад давон

Тӯли водӣ, дигаре гӯяд сухан,

Афканида аз пасаш оби даҳон.

 

139 Шонаҳои тозааш буд чархзан,

Дигареро гуфт: «Мехоҳад дилам,

Бӯвазо ҳам чорпо тозад чу ман».

 

142 Дидам ин гудоли ҳафтумро дижам,

Ҷилд меандохт ҳар дам он зи тан,

Шояд ин ҷо норасо омад қалам.

 

145 Тира буд ҳарчанд пеши чашми ман,

Ҳам хаёлам гарчи сахт ошуфта буд,

Кай тавонад гашт пинҳон мумтаҳан,

 

148 Ки дигар ташхис натвонам намуд,

Пӯчиёро, к-ӯ буд аз он се нафар,

Ки накарда ҳеҷ тағйири намуд;

 

151 Буд Говил баҳри дигар гирявар.

ТАВЗЕҲОТ

СУРУДИ БИСТУ ПАНҶУМ

Табақаи  ҳаштум. – Чоҳи ҳафтум (давомаш).

1-3. Дастро шакли анҷирӣ кардан аз қадим маъмул аст. Дастро мушт карда ангушти шастро аз байни ангуштони дуввум ва саввум мегузаронанд, ки маънои маҷозии тавҳин, суст, паст кардани тарафи муқобилро дорад. Дар асл он аз тасвири олоти таносули зан ва мард гирифта шудааст.

10-12. Пистуёро аз рӯи ривоят гӯё Католино дар асри I то солшумории мо бунёд гузошта, мардумаш аз сипоҳони ӯ, ки бадқаҳру сангдил будаанд, реша гирифта зиёд шудаанд.

  1. На ба Тибу, н-аз ҳисор афтодагон – яъне Копона, ки зикраш рафта буд («Дӯзах», суруди 14, мисраи 46).
  2. Мормо (Морим) – сарзамини табларзахези ноҳияи Тусконо, ғарби Итолиё.

25-33. Коку – дар асотири Юнон писари Вулкайн, Худои саноат ва оҳангарӣ хост, ки говҳои Ҳаркулро бидуздад ва Ҳаркул аз ин хашм гирифта, ӯро нобуд кард.

  1. Ҷамъ буд се рӯҳ андар зери по. – Кӣ будани ин рӯҳҳо минбаъд маълум мешавад, аммо барои дарки беҳтари онҳо лозим аст, ки ҳоло зикр шаванд. Онон Онелло Брунилески, Бувазу Донати, Пугиё де Галигаи, Чиёнфо, Донати, Франческо Кавалканти мебошанд, ки аз аъёну ашрофи Флуронс ҳастанд.
  2. Мори шашпои чу зифт. – Ин Чиёнфо Донатист, ки табдил ба мор шуда, ба Анҷелло Брунелесчи меомезад.
  3. Чор узви он чу як бозу бишуд. – Яъне ду дасти мори шашпо Чиёнфо ва ду дасти Онелло.
  4. Мори ҳамчун донаи филфил сиёҳ. – Франческо Кавалканти Бувазоро заҳр мезанад ва бо ӯ табдили шакл карда, худ инсон мешавад ва Бувазо мор.

94-99. Гӯй: «Лукан, кун хамӯшӣ ихтиёр...» – Лукан, шоири бузурги лотин нақл мекунад, ки («Фарсалия») ду сарбози румӣ дар саҳрои Либиё тӯъмаи морҳо шуданд. Собул аз заҳри мор ба мисли мум об шуд. Носидиус чунон варам кард, ки заҳраш аз тан бадар омад. Овидий шоири бузурги лотин низ нақл мекунад, ки («Истиҳолот») марде ба номи Кадма ба сурати море ва зане бо номи Артузио ба шакли чашмае даромад.

  1. Буд Говил баҳри дигар гирявар. – Деҳкадае дар назди рӯди Орну, ки мардуми он Фаранческо Кавалкантиро кушта буданд. Хонадони Кавалканти дар хунбаҳои ӯ мардуми Говиларо чунон бисёр куштанд, ки хонаи беазо намонд. Аз ин рӯ, онҳо ба ҳоли худ мегирянд.