Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Эй Флуронс, шод бошӣ, эй азим,
Ки гирифтӣ баҳру барро зери пар,
Пур шуд аз овозаат ҳатто ҷаҳим.
Зодаи дуздат бидидам панҷ сар
Байни дигарҳову ҳастам шармзад,
Боиси фахри ту ҳам набвад дигар.
7 Субҳдам рӯъё агар содиқ бувад,
Чун Прото мешавад тақдири ту,
К-он бувад армони шаҳри беадад.
10 Ин бало ҳам бар сарат ояд фурӯ,
Гар биёяд, кош ояд зудтар,
Ки физояд ранҷи ман бегуфтугӯ.
13 Гӯиё аз нардбоне роҳбар
Бурд рӯи сангҳояш бар фаро,
Қабл аз он будем бар таҳ раҳсипар.
16 Буд чунон пасту баланде роҳи мо,
Ки натонӣ рафт бе ёрии даст
Аз миёни санги пул, ҳам сахраҳо.
19 Он чӣ дидам боиси ранҷи ман аст,
Бидҳадам то ҳол азоби беҳисеб.
Ман лаҷоми фикрро гирам ба даст,
22 То мабодо бе раҳомӯзи ҳабиб
З-он чӣ наҷми саъд ё лутфи само
Медиҳад, худро кунам ман бенасиб.
25 Орамад дар теппа аҳли русто,
Рӯи худро равшанибахши ҷаҳон
Он гаҳе ки кам кунад пинҳон зи мо,
28 Пашша дар ҷои магас ояд парон, -
Воҳаи сарсабзу току киштзор
Пур шавад аз кирми шабтоби калон,
31 Ворасидам ман чу бар он ҷои ғор,
К-умқи ҳаштумро тавонистам бидид,
Ёфтам онро фурӯзон, шӯълабор.
34 Чун бари гардуна Илиё расид,
Асбҳо бурданд-ш бар чархи барин,
Галлаи хирс интиқомашро кашид.
37 Ӯ надида ҷуз шарори оташин,
Ки чу абри кӯчаке боло бирафт
Аз паси гардуна аз рӯи замин.
40 Шӯъла боло мешуд аз гудоли тафт,
Лек нанмуд он чӣ медорад ниҳон,
Буд дар ҳар шӯъла осии бадафт.
43 Ман ба пул истода дидам хастаҷон,
Тахтасангам гар набудӣ такядор,
Мефитодам ман ба қаъри бенишон.
46 Раҳнамо дидам чу маҷзубу низор,
«Оташе арвоҳ дорад, – ӯ бигуфт, –
Дар ҳисори оташ онон хонадор».
49 Гуфтам: «Устод, аз ҳамин гуфтушунуфт,
Худ бидонистам, ки боистӣ чунин,
Хостам пурсон шавам рози нуҳуфт.
52 Этикул бо додараш дар он камин
Оташи душохаро карда гирон,
Шуд кадомин рӯҳ дар он ҷо гузин».
55 Гуфт: «Дар он шӯълаи оташфишон,
Деумед, Улисс кашандӣ ранҷу дард -
Ҳарду қоҳир, ҳар ду дар ранҷи гарон.
58 Дар миёни шӯълаҳо сӯзиш бикард,
Баҳри он асбе, ки дарвоза кушуд,
Аз Таруё нутфаи румӣ бибурд.
61 Нисбати Дейдомиё гиря намуд.
К-ӯ зи андӯҳи Ашил нолиш кунад,
Боиси Палладиус, к-ӯро рабуд.
64 «Гар яке з-ин шӯълаҳо ҳарфе занад, –
Гуфтам, – эй устод, ҳарфам гӯш дор,
Дорам аз ту илтиҷои беадад.
67 Лаҳзае ин ҷой бошем интизор,
Шӯълае душоха ояд назди мо,
Бин, ки сӯяш хам шудам беихтиёр».
70 Ӯ бигуфтам: «Хоҳише дорӣ, ба ҷо,
Мепазирам, он чӣ месозӣ талаб.
Ту забон барбанду мекун иктифо.
73 Вогузор инро ба ман, макшой лаб,
К-аҳли Юнонанд эшон сар ба сар,
Посухат надҳанд шояд з-ин сабаб».
76 Шӯълаи оташ ҳамешуд дар гузар,
Ҷою фурсатро муносиб чун бидид,
Инчунин гуфт устоди пурҳунар:
79 «Эй шумо, ки чун як оташ сар кашед,
Бегумон шоистаи алтоф ман,
Дар замин ки гуфтам ашъори машид,
82 З-ин сабаб бошед ин ҷо як заман,
Аз шумоён як нафар гӯяд ба мо,
Гум куҷо шуд, рафт ҷонаш аз бадан.
85 Шохаи он шӯълае, ки буд фаро,
Гашт ларзону садо омад аз он,
Бо садои бод буд он ҳамнаво.
88 Чун барои гуфтугӯ ҷунбад забон,
Шохаи оташ такони нарм хӯрд,
Омад овозаш, ки мегуфтӣ чунон:
91 «Сирсаам дар Гоито пинҳон бикард,
(К-Эйниё номе ба ӯ нанҳода буд),
Тарк гуфтам ман варо бо ранҷу дард,
94 Ҳурмату қадри падар, меҳри валад,
Ишқи ман бар Пенилопа, к-ӯ аз ин
Низ мебоист хушбахте шавад.
97 Ҳеҷ як з-инон накардӣ офарин
Шавқи сӯзони маро, ки имтиёз
Карданӣ буд айбу ҳусни одамин.
100 Лоҷарам як киштие кардем соз
Бо нафарҳои накарда тарки ёр,
Худ гирифтам роҳи дарёи дароз,
103 Сарзамини Сордро, гирду канор
Ҳам Марокаш дидаму Испониё,
Ҷумла кишварҳои буда ҳамҷавор.
106 Пир гашта дӯстони бовафо
Омадем он ҷо, ки Ҳаркул даргузар
Монда аз худ ду нишони бобақо.
109 То насозад одаме з-ин ҳад гузар;
Монда буд Сивилиё дар дасти рост,
Монда буд дар чап Суто з-ин пештар.
112 «Эй бародарҳо, – бигуфтам, – аз шумост
Дур биму рӯ ба Мағриб оваред,
Лек андак ҳушёритон равост,
115 Умри боқитон ғанимат бишмаред;
Кашфи ин дунёи номаскун мабод –
Аз раҳи хуршед дигар бигзаред.
118 Тухмаи аҷдодатон дар ёд бод,
Н-аз шумо буд қисмати нобихрадон,
Даҳратон чун марду донишвар бизод.
121 З-ин хитоб афзуд шавқи дӯстон,
То давоми роҳ биспоранд зуд,
Ҳеҷ натвон кард манъи азмашон.
124 Пушти худро бар саҳар киштӣ намуд,
Рӯи боли белҳо чапрӯ парид,
Шавқи парвозаш ҷунуномез буд.
127 Омадем он ҷо, ки чашмонам бидид
Дар шабонаш анҷуми қутби дигар,
Наҷми қутби мо ба дарё мерасид.
130 З-он даме кардем оҳанги сафар
Панҷ навбат равшану хомӯш зуд,
Гашт ними зери заррини қамар.
133 Кӯҳи торике ба чашми мо намуд
Қуллааш то осмон сар барфарохт,
Ки назираш ҳеҷ дар олам набуд.
136 Шодмон гаштем, аммо тира сохт
Ашки ҳасрат он хушӣ дар як нафас,
Гирдбоде сӯи киштимон битохт:
139 Се карат чархонд киштиро чу хас,
Навбати чорум ақиб бурдаш фаро,
Пеш зери об шуд гӯ з-амри Кас.
142 То ки дарё баста шуд бар рӯи мо.
ТАВЗЕҲОТ
СУРУДИ БИСТУ ШАШУМ
Табақаи ҳаштум. – Чоҳи ҳаштум. – Дуздон. – Мушовирони фосид.
26-30. Рӯи худро равшанибахши ҷаҳон... – яъне хуршед, ҳангоме ки дарозии рӯзҳо аз вақтҳои дигари сол бештар аст, тобистон. Пашша дар ҷои магас ояд парон – яъне шаб.
34-39. Чун бари гардуна Илиё расид. – Аз рӯи ривояте, ки дар «Инҷил» омадааст, чун Илиё бо аробаи оташинаш ба осмон рафт. Илишаъ онро дида фарёд кард, бачагон ӯро масхара доштанд ва ӯ онҳоро бо номи Яҳва лаънат кард, ки ду хирс аз ҷангал берун омада, онҳоро дарид.
52-54. Оташи душоха. – Ду бародар Этикул ва Пулинис барои тахту тоҷ ҷанги тан ба тан карда ҳалок шуданд ва ҳангоме ки ҷасади онҳоро аз рӯи суннат ба оташ доданд, шӯълаи ҳар ду ҷисм аз ҳам ҷудо буд, яъне ба ҳам нафрати шадид доштанд.
59-60. Баҳри он асбе... – Улисс пас аз ҷанги даҳсолаи бефоида асби чӯбие сохта, дар даруни он лашкари Юнонро ҷой кард ва бо фиреб вориди Таруё шуд. Эней, ки бояд сараҷдоди румиён мешуд, аз Таруё берун рафт.
61-63. Дейдомиё – духтари зебои подшоҳи Таруё, маъшуқаи Ашил. Улисс ва Диумед Ашилро ба ҷанги зидди Таруё кашиданд, то ҳалок шуд. Дейдомиё аз ғами ӯ ҷон дод. Палладиус – муҷассамаи муқаддас, то пойдории он Таруё мағлубнопазир буд.
91-96. Сирса – аз рӯи афсонаи юнонӣ ҷодугарзани зебо, ки Улисс ва ҳамроҳони ӯро ба ҳайвонот мубаддал кард, аммо ба Улисс дил бохт, пас ӯро шакли инсонӣ боз дод ва як сол бо худ нигоҳ дошт. Гоито – шаҳре, ки Эней дояи худ Конторо дар он ҷо ба хок супорида, номашро ба он дода буд. Пинилуп – зани Улисс буд.
107-111. Омадем он ҷо, ки Ҳаркул даргузар. – Дар асотири Юнон гуфта мешавад, ки Ҳаркул дар ҷустуҷӯи себи тиллоӣ ба Ҷабалторуқ расид ва ба аломати нуқтаи ғарбии дунё дар он ҷо сутун гузошт. Сибилиё – шаҳри маъруфи Испониё. Сито – шаҳри соҳили Марокаш.
127-129. Улисс ва ҳамроҳонаш дар сафари худ ба хатти устуво расиданд, ки дар он ситораҳои қутби шимол ҷои худро ба ситораҳои қутби ҷануб медиҳанд.
130-132. Яъне панҷ моҳ гузашт.