Шӯъла дар ҷо қадфарозон меситод

Изнхоҳ аз шоири некӯнафас,

Бесухан то созад азми хайрбод.

 

Шӯълаи дигар, ки меомад зи пас

Бо садое, к-аз дарунаш сар бидод,

Сӯи худ мебурд ҳушу ёди кас.

 

7 Чун гави Сисил, ки дар наъра фитод,

Будаш аввал нола з-он ки офарид,

Бо дами сӯҳон-ш в-ин ҳақ буду бод,

 

10 Наъра мезад бо садоҳои шаҳид,

Гарчи аз мис рехтанд аъзои он,

Гӯиё ҳис дошт, дарде мекашид.

 

13 Кас сухан ин ҷо набурдӣ бар забон,

Дар даруни оташи пайкаргудоз

Бо забони шӯъла мегашт он баён.

16 Чун садо аз таҳ расидӣ то фароз,

Шӯъла бо савти сухан мешуд бурун,

Гӯӣ аз лаб мавриди арзу ниёз.

 

19 Бишнавидам гуфтаи шахси забун,

«Ту, ки бо ламбордӣ кардӣ хитоб:

Рав, туро заҳмат намеорам кунун!»

 

22 Омадам дер, арчи мекардам шитоб,

Бин ки месӯзам ба шавқи гуфтугӯ,

З-ин сабаб аз суҳбати ман сар матоб.

 

25 Гар расидастӣ зи Лотин тоза ту,

Ки аз он овардаам айбу хато

Андар ин зулматкада, ҳоло бигӯ,

 

28 Ҷанг ё сулҳ аст дар Румониё,

Ҳастам аз куҳсори Урбино, к-аз он

Рӯди Тибар меҷаҳад бо ҷӯшҳо.

 

31 Ман, ки медидам ба поин ҳамчунон,

Раҳнамо дасте бизад паҳлуи ман,

Гуфт: «Итолиёӣ омад бар забон».

 

34 Зуд гуфтам ман ҷавоби хештан:

«Эй ту рӯҳи дар бари оташ ниҳон,

Ҳеҷ буд Румониёят дар заман

 

37 Бенабард, ором алайҳи золимон?

Ҳам набуд ин сон, нахоҳад ҳам бишуд,

Лек ҳол осуда аз ҷанг аст он.

 

40 Ровно бошад чунонки буда буд,

Доли Пуланто ба наслаш мустамир,

То Сируё вокушода боли худ.

43 Кишваре, ки буд замоне мустақир

Сохт аз наъши фаронсӣ пуштаҳо,

Шуд таҳи чанголи сабзе мункадир.

 

46 То сагу сагбачаи Верукиё

Гашта бар Мунтониё фармонгузор,

Ҳар куҷо ҳастанд дандон гӯштро.

 

49 Ломуну Сонтурну шуд таслимкор

Бар нишони баччаи шери сафед,

Ки кунад рангаш дигар соле ду бор.

 

52 Совиёруд он билоде парварид,

Як ҳаде бар дашту дигар кӯҳрӯ

В-он миёни зулму озодӣ гузид.

 

55 Кистӣ худ, в-аз куҷо оӣ, бигӯ,

Ту ба мо сахтӣ макун дигар кунун, –

Ҷовидон бодо ба дунё номи ту».

 

58 Шӯълаи оташ хурӯшон шуд зи бун,

Ҳам забони равшанаш гардон намуд,

Беадад омад садое аз дарун:

 

61 «Гар бидонистам, ки ин хоҳад шунуд

Он касе, к-ӯ меравад рӯи замин,

Шӯълаам орому бетаҳрик буд.

 

64 Он чӣ бишнидам, агар бошад яқин,

З-ин ҷарӣ берун нарафта ҳеҷ кас,

Гӯямат бетарси расвоӣ чунин.

 

67 Марди ҷангӣ, банди зунноре ҳавас

Кардаму пиндоштам акнун фароғ

Ёфтам дар олам, аммо буд абас.

70 Он кашиши аъзам омад бедимоғ,

Лаънатам бодо! – гунаҳкорам намуд,

Гӯямат ин нуктаро бо қалби доғ.

 

73 Будам аз мом устухонҳову вуҷуд,

Пешаи шерӣ набудам аз азал,

Чун насибам пешаи рӯбоҳ буд.

 

76 Ёфтам асрори ҳар макру ҳиял,

Кас набуд дар ин фунун чун ман ба тоб,

Дар ҷаҳон овозаи ман шуд масал.

 

79 Хештанро ёфтам дар он ҳисоб,

Дар замоне, ки биёрад кас фуруд,

Бодбонрову бупечонад таноб.

 

82 Он чиям матлуб, манфурам намуд,

Тавбагӯ, роҳиб шудам, бечора ман,

Қисматам, эй кош, он сон монда буд.

 

85 Сарфарисие, ки назди Лотаран,

На ба муслимҳо, яҳудон дошт ҷанг,

Размҳо будаш ба тарсоён зи занн.

 

88 Бар масеҳиён бизад ӯ бедаранг,

Фатҳи Акро рафта онон хосу ом,

Карда не бо муслимон савдои шанг.

 

91 Ӯ муқаддасрутбаю воломақом,

В-ин таноби ман, ки бандӣ бар миён,

То шавӣ лоғар, накардӣ эҳтиром.

 

94 Ҳамчу Константин касе кард ӯ равон,

Сӯи Сиротӣ, ки ӯ Силистуру

Оварад, то бахшад аз ҷуззом амон.

97 Ҳамчунонам зуд наздаш хонд ӯ;

Ӯ даво мехосту ман лоҷавоб,

Буд гӯё сархуши ҷому сабӯ.

 

100 «Дил мадорӣ бад, бигуфт ӯ бошитоб,

Мекунам аз айб покиза туро,

Гӯй, чун созам Пинистрину хароб.

 

103 Метавонам баст хулду кард во,

З-ин сабаб, донӣ, калиди ман дутост,

Қудрат ин сон дошт кай он мубтадо».

 

106 Чун шунидам ин бароҳин, пас сазост,

Монда хомӯшу нагӯям ман сухан,

Гуфтам: «– Эй воло падар, – ҳоло ба ҷост,

 

109 Мекунӣ аз ҷурмҳо татҳири ман, –

Ваъда бошад бешу кам бошад вафо,

Мешавӣ дар маснади худ мӯътаман».

 

112 Мурдаму омад Франсуво фаро,

Гуфт шайтони сияҳболе чунин:

«Мон, варо, ки дарди сар орӣ маро.

 

115 Назди мискинон бигардад ҷогузин,

З-он даме, ки дод панди макрбор,

Шуд ба дастам ихтиёри ин лаин.

 

118 Тавбанокарда нагардад растагор,

Тавба кардӣ, пас макун ҷурме дигар,

К-ин таноқуз нест дар қонун ба кор».

 

121 Буд бедориям он гаҳ талхтар,

Баргирифт ӯям ба чанголаш вуҷуд,

«Бошадам, – мегуфт, – аз мантиқ хабар!»

124 Назди Миносам кашон овард зуд,

Ҳашт бор ӯ дар камар дум печ зад,

Аз ғазаб онро таҳи дандон намуд.

 

127 Гуфт: «Ин шоистаи оташ бувад!»

Лоҷарам саргаштаам дар банди нор,

Раҳ барам дар ин шиканҷа беадад».

 

130 Ҳарфи худ поён расонду рафт зор,

Шӯълаи оташ ҳамезад печу тоб,

Сӯхта ҷони варо бо як қарор.

 

133 Раҳбару ман рафтем аз пул бошитоб

Бар пули дигар, ки буд ҳамчун камон,

Зери он халқи мунофиқ дар азоб

 

136 Аз нифоқи хеш буд то ҷовидон.

ТАВЗЕҲОТ

СУРУДИ БИСТУ ҲАФТУМ

Табақаи ҳаштум. Чоҳи ҳаштум (давомаш).

  1. Шӯълаи дигар, ки меомад зи пас. – Шӯълае, ки меравад, рӯҳи Улисс мебошад ва шӯълаи дигаре, ки рӯҳи дӯзахиро дар худ ҷо додааст, сарлашкар ва сиёсатмадори охири асри ХIII Гвиду де Монтефелтрост, ки бо попи Рум гоҳ дар мубориза ва гоҳ дар мусолиҳа буд.

7-12. Чун гави Сисил, ки дар наъра фитод. – Дар афсонаҳои юнонӣ нақл мешавад, ки Перили мисгар ба Фаларис, шоҳи ситамгари ҷазираи Сисил (асри VI то солшумории мо) гови мисие пешниҳод кард, ки ҳангоми дар он андохта сӯзондани инсон фарёдҳои одамӣ аз он ба мисли баоси гов берун меомад. Фаларис барои имтиҳон созандаи онро аввал  дар он андохта сӯзонд.

28-39. Ҷанг ё сулҳ аст дар Румониё. – Дӯзахие, ки мепурсад Гвиду де Монтефелтро мебошад, ки Румониё, ноҳияи шимолу шарқии Тускониёро, ки дар он, аз ҷумла, шаҳрҳои Булуниё, Фаэнза, Равенна, Форли ҳастанд, дар қаламрави худ дошт. Дар даврони ашроф дар ин ҷо муборизаҳои сиёсӣ байни гибелинҳо ва гивелфҳо дар авҷ буд.

  1. Ровно – шаҳри маъруф дар канори дарёи Адриатик. Доли Пуланто – хонадони ҳукмраво, ки Ровно, Сирвиёро зери фармон медошт.
  2. Кишваре, ки буд замоне мустақир: – мақсуд шаҳри Фарлист, ки зери роҳбарии Гвиду да Монтефелтро бар қувваи поп Мортинои чаҳорум, ки аксаран аз фаронсавиҳо буд, дар соли 1281 зарбаи сахт зад.
  3. Шуд таҳи чанголи сабзе мункадир. – Соли 1300 шаҳри Форли ба истилои хонаводаи Орделофи гирифтор шуд, ки аломати хонаводагиаш шери сабзранг буд.
  4. Верукиё – Малатеста де Верукиё ва писараш Малатестино. Соли 1295 Малатесто ҳокими Римини шуд. Сагбачча – писари калонаш Малатестино, ки аз соли 1312 то соли 1317 ҳокими Римини буд.
  5. Мунтониё – Мунтониё де Порчитоти раъси гибелинҳо, ки Малатеста ӯро хиёнаткорона маҳбус кард ва писараш ӯро бо ишораи ӯ дар маҳбас нобуд сохт.
  6. Ломуну Сонтирну шуд таслимкор. – Шаҳре таҳти ҳукумати Моинорду Погони, ки аломати хонаводагиаш шери обиранг дар заминаи сафед буд.
  7. Совиёруд – дар байни Фарли ва Риминист, ки дар он шаҳри Сисино, озодии худро оқилона муҳофизат мекард.
  8. Кашиши аъзам – поп Бунифосии ҳаштум.

85-90. Сарфарисие – яъне поп Бунифосии VIII.

Лотаран – шаҳре, ки дар он хонаводаи Кулуно қалъаи мустаҳкам дошт ва поп Бунифосии VIII душманашон буд. Поп ваъда дод, ки онҳо қалъаро тарк кунанд, ӯ ҳукми такфирашро аз онон хоҳад бардошт, онҳо қалъаро тарк карданд, поп ба қавлаш вафо накард ва бештар аз ин қалъаро яксони замин сохт.

Акро – шаҳре дар Фаластин, ки пойгоҳи охирини насрониёни он ҷо буд.

  1. Таноби ман – танобе, ки попҳо бар камари худ мебастанд, таноби Гвиду.

94-96. Ҳамчу Константин касе кард ӯ равон. – Константин, императори Рум бар масеҳиён ҷабри бисёр кард, ки поп Силвестиру даргурез аз шиканҷа дар кӯҳи Сироти ба ғоре паноҳ бурд. Константин гирифтори бемории ҷуззом шуд ва илоҷи даво намеёфт, ки дар хобаш ҳавориюни масеҳӣ Петрес ва Павлис гуфтанд, ки ӯро Силвестеру даво хоҳад кард. Фармуд, то биоранд, даво кард, сиҳат ёфт, пас оини масеҳӣ қабул дошт ва ними Рум ба поп тӯҳфа кард, ки ин корро Данте маҳкум мекунад. Чунки ба ақидаи ӯ аз он замон попҳо ба молу сарватҷамъкунӣ дода шуданд ва он боиси харобии имон гардид.

  1. Пинистрину – қалъаи мустаҳками хонадони Кулуниҳо, дар назди шаҳри Рум, ки поп Бунифосии VIII хароб кард.
  2. Франсуво – муассиси фирқаи мазҳабии фаронсискан, ки Гвиду узваш буд.
  3. Дод панди макрбор – яъне ваъда бисёр додану дар иҷрояш кор накардан.