Кас наёрад гуфт бо наср он изо,

Захму хунеро, ки дидам дар назар,

Гарчи бо такрор гӯяд ҳар ҳиҷо.

 

Ҳар забон қосир бувад, бешак, дигар,

Ин ҳама асло нағунҷад дар сухан,

Ҳаст фикри мо аз он маҳдудтар.

 

7 Гар кунанд он хунфишонҳо анҷуман,

Ҷумлаи қурбониёни Пулиё –

Куштаи аҳли Таруё, навҳазан,

 

10 Ки шуда дар ҷанги тӯлонӣ фано,

Ҳалқаҳои зар ба душман монда буд,

Ки набишта Ливию з-он бехато,

13 Он ҳама, мардум, ки ҳампоӣ намуд,

Аз паи Рубир Гвискарду ба разм

Боз онҳоро, ки сутхони вуҷуд,

 

16 Ҷуста дар атрофи Чипрону ба азм,

Ҷумлаеро, ки ба Талёкутзухок

Гашта буд пирӯз Алар бо макру ҷазм.

 

19 Гар наоянд он ҳама аъзои чок,

Дасту поҳои бурида, дар қиёс

Бо нуҳӯмин Булҷиё ҳеҷ аст пок.

 

22 Кай шавад сӯроху пора сатлу тос,

К-он чунон садпораву сӯрох буд,

Аз манаҳ то к... н-ш эзадношинос.

 

25 Рӯдаҳояш гашта байни по фуруд,

Дил, ҷигар он киссае, ки ҳар ғизо

Мешавад ахлот он ҷо, менамуд.

 

28 Чун бидид ӯ, ки нигаҳ дорад варо,

Синаашро ду дариду гуфт: «Бин,

Ман, чӣ сон худро даронам ҷо ба ҷо.

 

31 Кистӣ, к-аз пул нигаҳ созӣ ба мо,

Карда таъхиру тааллул эҳтимол,

Ё ба таъвиқ афканӣ вақти ҷазо?»

 

34 Гуфт устод: «Ӯ намурда то ба ҳол,

Ҷурм н-овардаст ин ҷояш кунун,

То шавад санҷидакору баркамол.

 

37 Мурдаам, амр аст бошам раҳнамун

Ман варо аз давр бар даври ҷаҳим,

Рост бошад ҳарфи ман бечанду чун».

40 Беш аз сад дӯзахӣ ранҷи алим

Бурда аз хотир, бидид аз жарфно

Сӯи ман, то осие гуфто: «Салим

 

43 Гар равӣ з-ин ҷою бинӣ меҳрро,

Дулчиноро гӯ, нахоҳад зудтар,

Гар паи ман ояд ин ҷо беибо,

 

46 Бештар хӯрок ҷамъ орад дигар.

То намонад зери барфи беадад,

Андар ин сурат насозандаш зафар».

 

49 Дигареро, ки гулӯ сӯрох буд,

Бинияш бубрида то абрӯи ӯ,

Дошт як гӯш, аз раҳаш истод шуд,

 

52 Пештар аз ғайр бикшодӣ гулӯ,

Кард ӯ бо соирин ҳайрон нигоҳ,

Буд гулӯяш ғарқи хуну пушту рӯ.

 

55 Гуфт: «Эй ки байни моӣ бегуноҳ,

Гар шабоҳат надҳадам ин дам фиреб,

Дидамат дар хоки Лотин гоҳ-гоҳ.

 

58 Бигзарӣ аз даштҳои дилфиреб,

Ёд ор аз Пер де Медисино,

Рафтӣ аз Варгил ба Маркобу нишеб.

 

61 Ту бигӯ бар мардуми хуби Фуно,

Бар Гвиду, Анҷулилои накӯ,

Нест ин ояндабинӣ гар хато,

 

64 Дар Католик бо фиреби кинаҷӯ,

Дар даруни кисаи барбастасар

Мераванд аз киштӣ бар дарё фурӯ.

67 Қибрису Моюрикои пурхатар,

Ҳам на Нептун ҳам на баҳру роҳзан

Ҳеҷ нодида ҷиноят з-ин батар.

 

70 Хоини якчашм – раъси он ватан.

Он, ки мебинӣ маро андар канор,

Кош, хоинро надидӣ дар заман.

 

73 Ҳардуро хоҳад бари гуфтугузор,

Он чӣ созад, ки дигар назру дуо,

Назди Фукоро наоядшон ба кор».

 

76 «Ман бадон болонишинон беибо,

Ҳол гӯям, қиссаат гуфтам, бигӯ,

Кист ин марди ғамину дар ано?»

 

79 Даст он касро ба фук андохт ӯ,

Пас даҳонашро кушоду бонг зад:

«Ин бувад, натвонад аммо гуфтугӯ;

 

81 Бар Сизор он гаҳ нафӣ шуд раҳбалад,

«Ҳар касе омодаи кор аст, – гуфт, –

Гар дуранге кард, кай бинад мадад».

 

84 Куриюи тунд дар гуфтушунуфт,

Як забони пора андар ҳалқ дошт,

Буд парешонҳолу зору дар шигифт!

 

87 Дӯзахии дигаре чун барфарошт

Тиккаҳои бозуяш болои сар,

Хун ба рӯяш нақши олуда гузошт.

 

90 Бонг зад: «Доред аз Муско хабар,

Он ки гуфто: «Ҳар чӣ буда, вассалом,

Кишвари худро биовард ӯ зарар».

93 «Марг бар авлоди ту!» – кардам давом.

Чун ғаме бар ғусааш афзуда дид,

Пурғаму афсурдадил бардошт гом.

 

96 Ман миёни ҷамъ будам нопадид,

Лек дидам саҳнаеро дар назар,

К-оҷизам аз он кунам гуфтушунид.

 

99 Чун маро буд пои виҷдон роҳбар,

Ёри ғамхоре, ки мебахшад тавон,

То ҳақиқатро бигӯям сар ба сар.

 

102 Дидаму мебинам акнун ҳамчунон

Дар миёни ин ҳама баргаштабахт,

Буд тани бесар бар роҳи худ равон.

 

105 Он сари бубридаро медошт сахт,

Аз сари гесӯ чунон фонусро,

«Вои ман» мегуфт нолону карахт.

 

108 Худ чароғи худ буду сурат дуто,

Лек якто. Як вале дуто буд он.

Ин бидонад. Он ки ҳукми ӯ раво.

 

111 Зери пул бардошт дасташро чунон,

То сари хуншораш ояд дар назар,

То расад бар гӯши мо ҳарфаш аён.

 

114 Гуфт ин сон: «Омадӣ ин ҷо нигар,

Ранҷи ҷонкоҳи марову деҳ ҷавоб,

Метавон ёбӣ азобе з-ин батар?

 

117 То кунӣ дар он ҷаҳон аз ман хитоб,

Биртарон де Бурн ҳастам ёд дор,

Кард, к-ӯ шоҳи ҷавонро бадмаоб.

120 Кардаам ҷадду писар андар ниқор:

На бад он сон Аршитуфил бо риё,

Кард Довуд, Обасолун захмдор.

 

123 Кардаам пайвастагонеро ҷудо,

З-ин сабаб дур аст мағзи ман зи тан,

Он напайвандад ба тан ҳаргиз маро:

 

142 В-ин ҷазои ҷурми ман, подоши ман».

ТАВЗЕҲОТ

СУРУДИ БИСТУ ҲАШТУМ

Табақаи ҳаштум. Чоҳи нуҳум. – Тафриқаандозон.

  1. Пулиё – ноҳияе дар ҷануби Итолиё.
  2. Ки шуда дар ҷанги тӯлонӣ фано. – Ҷангҳои маъруфе миёни Рум ва Кортож, махсусан, набарди таърихӣ дар байни Бин Оннибол сардори бузурги румиён (соли 216 пеш аз солшумории мо), ки ба қавли Тит Ливию, муаррихи румӣ он қадар румӣ кушта шуд, ки аз ангуштарҳои тиллоии онҳо ду хум пур шуда буд.
  3. Рубирту Гвискарду – сардастаи нормандиҳо (солҳои 1010-1080), ки бо Итолиёи ҷанубӣ ҳамла ва ишғол кард.
  4. Чипрону – шаҳре дар наздикии аёлоти Калисо ва қаламрави Нопил, ки дар он ҷо пулиҳо дар ҷанг хиёнат карда, роҳро ба лашкари Шарл де Анжур кушоданд ва боиси мағлубият ва нобудии Манфред шуданд.
  5. Талёкутзу – шаҳре дар шарқии Итолиё, ки дар ҷанги назди он Шарл де Антуй ба Кародино ғолиб омад. Ин ғалаба бо маслиҳати оқилонаи мушовири ҳарбӣ Алар де Валери муяссар шуда буд.

55-60. Дулчино – Дулчино Турниели муассиси фирқаи мазҳабӣ, ки мехост усули мазҳабиро ба содагии пешинааш бозгардонад, барои муҳаббати бародарона, умумӣ кардани молу ашё, дастгирии бечорагон ташвиқ мекард. Поп Клименти V бар зидди ӯ муборизаи сахте сар кард, Дулчино бо дастгирии низомиёне, ки асосан аз бошандагони шаҳрҳои Верҷелли ва Новаро буданд, хеле истодагӣ кард ва ниҳоят мағлуб ва дар оташ сӯзонда шуд.

  1. Пиер де Медесино – аз хонаводаи катониҳо, ки бо нифоқафканӣ шуҳрат ёфта, шаҳри худро ба шаҳрҳои атроф борҳо ба ҷангу ҷидол андохта буд.
  2. Рафтӣ аз Варгил ба Маркобу нишеб – яъне аз шаҳри Варгил, дар ноҳияи Ломбардиё, то Маркобу, қалъае дар резишгоҳи рӯди По, ки дар аввали асри XIV вайрон карда шудааст.
  3. Фуно – шаҳре дар Итолиё, дар соҳили дарёи Адриатик.

77-90. Пиер пешгӯӣ мекунад, ки Малатистинои якчашм, ҳокими Римини Шивидо делли Корсу ва Анҷултуддо Кориниёнуро ба шаҳри соҳили баҳр Локотулико ба мулоқоти дӯстона давъат мекунад ва он ҳар дуро ғофилгир карда, ба халтаҳо меандозад ва ба баҳр партофта, соҳиби шаҳри Фано мешавад.

  1. Ин бувад – Кай Хурион, хатиби румӣ, ки бо фармони Пумпа аз Рум ронда шуд ва ба назди Қайсар рафт, ки ҷангро бо Пумпа сар кунад.
  2. Муско – аз шахсони маъруфи Флуронс, Буунделмунтӣ, ки бояд ба духтаре аз хонаводаи Омодиҳо ҳамсар мешуд, бо хотири ишқи дигар аз номзад даст кашид ва ба маслиҳати Муску кушта шуд, ки ин кор боиси ихтилофи садсола миёни гивелфҳо ва гибелинҳо гашт.
  3. Биртарон де Бурн – аз ашрофи Фаронсаи нимаи дуюми асри ХII, ки ду писари Ҳенрии дуввум, подшоҳи Инглисро бар зидди падар шӯронд. Сари худро чун фонус дар даст бурдани ӯ яке аз саҳнаҳои ҷолибтарини Дӯзах шинохта шудааст.

137-138. Аршитуфил – аз рӯи ривояти «Таврот» мушовири шоҳ Довуд аст, ки бар зидди падар қиём кардани Обасолун, писари Довудро таҳсин карда буд.