Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Касрати ин қавму захми гунагун
Дидагонамро ба мастӣ бурда буд,
Ки гиристан хостам зору забун,
«Ин шабаҳҳо ақлу ҳушатро рабуд?»
Гуфт Верҷилий,- ба ин жарфои ғам
Бингарӣ бар ноқисони баднамуд?
7 Булҷиёи дигарат н-овард алам,
Гар ту хоҳӣ бишмаришон сар ба сар
Даври он бисту ду мил асту на кам.
10 Моҳ дорад зери пои мо сафар;
Фурсате з-ин бештар морост, ку,
Боз бояд диданат чизи дигар».
13 Гуфтам ӯро: «Гар бидидӣ хуб ту,
Шояд изнам дода будӣ бешитоб
Бошаму андак бимонам назди ӯ».
16 Ман варо ин гуна мегуфтам ҷавоб,
Дур мегашту манаш дунболагир,
Даррасидам, то варо кардам хитоб:
19 «Гӯиё, дидам, ки дар гудоли зер
Рӯҳи хеши ман ба чашми гирявар
Мекашад он ҷо азоби ногузир.
22 «З-ӯ мабош ошуфта, – гуфтам роҳбар –
Дигаронро бингару ӯро бимон,
Зери пул ӯро, ки афтодам назар.
25 Бо сари ангушт медодат нишон,
Бо ғазаб таҳдид сахтат менамуд,
Он ки Ҷарри Дил Билу буд номи он.
28 Дигаре бас чашму ҳушат бурда буд,
Буд он фармонравои Алтуфурт,
Лоҷарам он кас бирафт аз роҳ зуд.
31 Гуфтамаш:«З-олам ба марги худ нарафт».
Нанги хуни ӯ ба хешу ақрабост,
Интиқоми марги ӯ бояд гирифт.
34 З-ин сабаб пиндорамаш хашми сазост,
Рафтани ӯ бесухан аз наздамон,
Дар дили ман бештар шафқат варост.
37 Мо ба ҷое даррасидем он замон,
Гар каме равшан будӣ жарфои зер,
Метавонистем бинемаш аён.
40 То фаро рафтем бар даври ахир,
«Мола Булҷӣ» савмаабиншастагон
Ҷумла буданд аз ҳамон ҷо чашмгир.
43 Нола мебишкофт манро ҷисму ҷон,
Ҳамчу пайконҳои аз ғам хӯрда об,
То бубастам гӯши худро дарзамон.
46 Ҷумла гирд орӣ маризи беҳисоб –
Дар тамуз аз Мормо, Валдикино,
Сурдиниё дар чунин умқи азоб,
49 Пас мусовӣ гашт хоҳад ин ано.
Бо ҳама гандидагию бӯи бад,
Ки биояд бар машом аз узвҳо.
52 Мо ба чап гаштем, пас бо раҳбалад
Омадем аз пул ба девори ахир,
Дидем он гудол бо чашмони худ.
55 Созад иҷро Адли сустинопазир,
Ҳукми он фармонравои осмон
Бо тамоми ҷоили барнову пир.
58 Шуд фасод андар Ижино ҳам чунон
Мурда ҷондорону кирмон сар ба сар,
Гуфта аз он шоирони бостон:
61 Насли одам гашт боз аз мӯр сар.
Тӯда буданду парешон, ҳар куҷо
Ҷумла беморону арвоҳи башар.
64 Кас аз ин дидор мешуд дар ано,
Як парӯ, бар шона биншаста дигар,
Дигаре мерафт з-ин ҷо чорпо.
67 Бесухан будам аз он ҷо раҳгузар,
Сӯи беморон маро буд чашму гӯш,
Кӯшиши бархостаншон буд ҳадар.
70 Ду тане биншаста пушти ҳам хамӯш,
Ҳамчунон ду тобаи рӯи алав,
Пуста буданд аз ҷараб сар то ба дӯш.
73 Ман ғуломеро надидам, боҷилав
Хоҷаи худро бидида интизор,
Карда бошад аспро ин сон қашав.
76 Ҳар ду мекарданд худро хор-хор,
То даме аз хориш оромад бадан,
Бурда онон нӯки нохунҳо ба кор.
79 Пӯст меканданд узви хештан,
Ҳамчунон бо корд фалси симмаҳӣ,
Ё маҳии серфалси шӯртан.
82 Бо яке устод гуфт: «Эй ту гаҳе
Меканӣ худ пӯст бо ангушҳо
Ҳамчу бо анбӯр, оё огаҳӣ,
85 К-андар ин ҷо кас бувад з-Итолиё?
Кош бар посе, ки мегӯӣ хабар,
Кор ояд то абад нохун туро!»
88 З-он ду тан як тан бигуфто гирявар:
Ҳар ду лотиниву гандидем мо.
Худ, ки пурсонӣ, ки ҳастӣ, раҳгузар?»
91 Гуфт: «Бар ин зинда ҳастам раҳнамо,
Меравем аз сахра бар сахра фуруд,
То Ҷаҳаннам бинад ӯ бо дидаҳо».
94 Пас ду тан аз ҳам ҷудо гаштанд зуд,
Ҷониби ман дид дар тарсу ҳарос
Он гурӯҳе, к-ин сухан бишнида буд.
97 Гуфтам он гаҳ устоди раҳшинос:
«Ҳар чӣ хоҳишон бигӯӣ, бар лаб ор».
Кардам оғози сухан бо ин асос.
100 «Ёдатон дар даҳри аввал ёдгор
Бод андар хотири халқи саид,
Дар таҳи хуршедҳои бешумор!
103 Боз гӯедам, куҷоӣ, кистед,
Назди ман ҳаргиз набояд кард шарм
Аз азобу зиштию ҷисми палид.
106 З-Артазуям, андар оташ, – гуфт гарм, –
Олбарту де Сиенам барфиканд,
Лек ин ҷоям на бо ин айбу ҷурм.
109 Ман ба шӯхӣ гуфтамаш: «Донӣ, ки чанд
Мепарам дар осмон паррандавор».
Баски кӯдак буду камақлу лаванд,
112 Ӯ париш омӯхтан кард ихтиёр,
Чун нашуд Дедол, оне чун писар
Дӯсташ медошт, бифкандам ба нор.
115 Ҳаст Минус аз гуноҳам бохабар,
Пешаам, ки буд кимиёгарӣ,
Ҷо дар охир Булҷиё гаштам дигар.
118 «Чун сианоиҳо сабуксар дигаре
Нест, – гуфтам ман ба шоир, – аз башар,
Аз фаронсиҳо бувадшон бартарӣ!»
121 Посухам гуфто ҷазомии дигар:
Астарик мустаснӣ ояд з-ин миён,
К-ӯ ба харҷи муътадил буд пурҳунар;
124 Ҳам Никулу буд пеш аз дигарон,
Чошнӣ бар шираи мехак бизад,
То басо ҳосил гирифт аз гулситон.
127 Низ Кочо Ошёну мулки худ –
Боғҳо барбод дод аз базму сур
В-он Абалятто куҷо бар ӯ расад.
130 То шиносӣ ин кӣ бошад дар ҳузур,
К-ӯ ба танзи синиё пардохта,
Нек бин, бишнос, рӯҳи носабур,
133 Ман филизро кимиёӣ сохта,
Копукиёям, туӣ гар он нафар,
Ёд меорӣ, маро бишнохта,
136 Баски чун маймун будам ман пурҳунар».
ТАВЗЕҲОТ
СУРУДИ БИСТУ НУҲУМ
Табақаи ҳаштум. – Чоҳи нуҳум (давомаш).
– Чоҳи даҳум. –Қабулкунандагони филизот ва сиккаи пул.
40-43. Дар чоҳи даҳум табақаи ҳаштум кимиёгарон, сикказанҳои қалбакӣ, фиребгарон ва дурӯғгӯён ҷазо мебинанд.
47-48. Валдикино – ноҳияе дар маркази Итолиё, наздикии Флуронс Мормо – минтақаи табларзахези итолиё. Сурдиниё – ҷазираи маъруф, ки он ҷо ҳам табларзахез аст.
109-120. З-Артазуям, андар оташ... – Гӯянда мардест, бо номи Гириффолино аҳли шаҳри Артазу, ки ба Олберту яке аз ашрофзодаи сарватманд ваъдаи омӯхтани парвоз карда пули бисёр гирифт. Олберту чун дарёфт, ки фиребаш додаанд, аз усқуфи шаҳри Сиано дархост, то фиребгарро ҷазо диҳад. Усқуф ӯро ба ҷодугарӣ муттаҳам карда дар оташ сӯзонд.