Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Рӯзҳое, ки Жунун пур хашм дошт,
Бар Тибиву Силмиву он хонадон,
Дар дилаш бисёр тухми кина кошт,
Отумосо бехирад шуд ончунон
Завҷаашро дид, дар дастон-ш буд –
Ҳар ду фарзандаш, ба сӯи ӯ равон,
7 Бонг зад ӯ: «Дом бикшоед зуд,
Модашеру баччашер ояд ба чанг!»
Баъд бераҳмона чанголаш кушуд,
10 То Лиоракро гирифту зад ба санг,
Кӯфту бишкаст, бо дигар писар –
Модараш ғарқонд худро бедаранг.
13 Бахт чун носозгор омад дигар,
Шишаи кибри Таруёро шикаст,
Кард мулку шоҳро зеру забар.
16 Ҳекубо мерафт асиру бастадаст,
Куштаи Пуликсинро чун бидид,
Ҳам писарро дар лаби дарёи маст.
19 Пулидурро – наъши фарзанди шаҳид,
Тира шуд аз дарду ранҷаш ақлу чашм,
Зӯзаҳо чун модасагҳо мекашид.
22 Дар Таруёю Тиба туғёни хашм
Гар сари инсону дад омад фуруд,
Он ҳама дар назди ин буд тора пашм.
25 Он ду рӯҳи танбараҳна, бенамуд,
Ҳамчу хуке, к-аз Тавила шуд ҷудо,
Медавиду тунду хашмолуд буд.
28 З-он яке бар гардани Копукиё,
Сахт зад дандони худ, к-аз дард ӯ
Бо шикам бар санг мезад хешро.
31 Ортинӣ кард бо ман гуфтугӯ:
«Ҷони Искикӣ бувад ин, мо зи ҷон
Сер з-ин девонаи даррандахӯ».
34 «Кош аз дандони ӯ бошӣ амон!» –
Гуфтамаш, – он аст ҳоло дуртар,
З-он дигар мегӯ маро ному нишон».
37 Гуфт: «Ин рӯҳи куҳан Миррои ғар,
Дода худро ӯ ба ишқи нораво,
Шуд ҳариси нафсу ҳамхоби падар.
40 То кунад он ҷурму бинад ин сазо,
Худ зани дигар бикард ӯ бедаранг,
Чун касе, ки рафта бо макру риё,
43 То ки «Бону – галла»-ро орад ба чанг,
Ӯ васиятномаи қалбе навишт,
Худ Буузу сохта беору нанг».
46 Чун ду рӯҳи хашмгин з-ин ҷо гузашт,
Аз суи онон бикандам чашм зуд,
То тавонам дигаронеро нигашт.
49 Дидам оне, ки ба шакли чанг буд,
Гар буридӣ ҳар ду ронашро зи бун,
Ки аз он ҷо кас душоха менамуд.
52 Гашта з-обовардагӣ ҳолаш забун,
Норавон будӣ варо балғам ба тан,
Буд варам рӯю шикам аз ҳад фузун.
55 Ҳамчу беморе, ки сӯзаш дар бадан,
Як лабаш болою поин дигар он,
Ташнаи обу кушояд ӯ даҳан
58 Гуфтамон: «Аз чӣ шумо озодагон,
Бегуноҳ афтода дар явмулҳисоб,
Боз истодед, бинед – ин замон
61 Одум – он устодро андар азоб!
Зинда будам, ҳар чӣ хоҳам буд, буд;
Сӯзам акнун лек бе як қатра об.
64 Ҷӯйҳо, к-аз пуштаи сабзу кабуд,
Карда соҳилҳои худро чун чаман,
Рафта з-Арну бар Кузинтину фуруд,
67 Ҷилваҳо доранд дар чашмони ман.
Ёдашон хушконда рӯям бештар;
В-арна набвад дарди ман тоқатшикан.
70 Адли қаҳҳорам, ки озорад дигар,
Сохт тарзе маъсиятгоҳи маро,
К-аз дил оҳи сӯзнок орам бадар.
73 Ман ба Румно қалб кардам беибо,
Он филиз, ки нақши «маъмад» дар бараш,
Сӯхтандам, карда маҳкуми ано.
76 Бинам арвоҳи Гувиду, додараш,
Ҳам Алесандру, агар дар ин макон,
Ман Баранду бахш мекардам бараш.
79 Ҳақ бувад гар ҳарфи рӯҳи баднишон,
Ҳаст дар ин ҷо аз онон як нафар,
Нест суде, дасту поям нотавон.
82 Лек мебудам, агар чолоктар,
Банди ангуште хазам дар чанд сол,
Карда будам бегумон ин роҳ сар.
85 Ёбамаш то байни ҷамъи бадсигол,
Гарчи ним мил аст даври ин ҷарӣ,
Ёздаҳ мил аст арзаш айни ҳол.
88 Боиси онон бубинам кайфаре;
Буд се қирот нохолис аёр,
Ҳар гаҳе бар мис кашидам манзаре».
91 «Кистанд инон, – бигуфтам, – к-ин бухор.
Хезад аз танҳояшон чун фасли дай,
Як тараф афтода бо ҳам дарканор?»
94 Гуфт: «Ин ҷо, ки маро афтод пай,
Дидам ононро бад-ин аҳволи танг
То абад сокит бихобанд ину вай.
97 Зад яке тӯҳмат ба Юсуф бедаранг,
Дигаре Синуни Юнонӣ, ба таб
Ҳарду сӯзону бувад бадбӯю данг».
100 Он яке з-ин ҳарф омад дар ғазаб,
К-ин чунин зишташ бихонданду утул,
Мушт зад бар ишками дам аз тааб.
103 З-он шикам омад садо чун аз дуҳул;
Устод Одум ба мушти зарбазан
Бе талофӣ зад ба рӯи он забул.
106 Гарчи сангин шуд маро аъзои тан, –
Гуфт, – аммо метавонам зарба зад
Бо ҳамин бозу туро андар даҳан».
109 «Он гаҳе рафтӣ ту дар нори абад, –
Гуфт, – бозуят набуд ин гуна чуст,
Чуст буд дар сиккаҳои қалби худ».
112 Гуфт мустасқӣ: «Суханҳоят дуруст,
Дар Таруё кизб мегуфтӣ ҷавоб,
Ростгӯӣ душмани қаттоли туст».
115 Гуфт Синун: «Кизб агар будам хитоб,
Ту дурӯғин сикказан! Як айб ман
Дораму ҷурми ту бошад беҳисоб!»
118 Он дамида гуфт: «Эй паймоншикан
Аспро ёд овару каш ранҷу қин,
Ки хабар доранд аз он марду зан».
121 Гуфт юнонӣ: «Туро кайфар ҳамин:
Ташна бошию буридандат забон,
З-оби гандида шикам дам инчунин!».
124 Сикказан гуфташ: «Ту бикшоӣ даҳон
Гарчи тан пурбалғам астам, ташналаб,
З-ин сухан бошад туро аммо зиён,
127 Баски сарчархак туӣ, дар тобу таб,
Нест чандон даъватат кардан зарур,
То билесӣ шишаи Нарсис ба лаб».
130 Бурда будам ин сухан ҳушу шуур,
Гуфт устодам: «Чӣ созӣ, ёд дор,
К-аз ту дар хашм ояму қаҳру нуфур.
133 Ин сухан бишнида гаштам шармсор,
Дида сӯи устоди дар итоб,
Ки ҳанӯзам ҳаст ёдаш ногувор.
136 Чун касе, ки дида ваҳмангез хоб,
Хоҳад ин бошад фақат хобу хаёл,
Ҳастро чун нест хоҳад беазоб.
139 Низ ман мехостам узри вабол,
Ку маҷоли гуфтанам – гунги яқин,
Лек омурзида буд беқилу қол.
142 Устодам гуфт: «Шарме кам аз ин
Ҳаст ҷуброни хатои бештар,
Ҳайфу озармат набошад инчунин,
145 Гар шавем аз назди қавме раҳгузар,
К-он ба ҳам монанди ин овехтаст,
Гарчи ҳамроҳат манам, шав бохабар,
148 Ҳарфашонро гӯш додан – майли паст.
ТАВЗЕҲОТ
СУРУДИ СИВУМ
Табақаи ҳаштум. – Чоҳи даҳум (давомаш). Қалбкунандагони ашхос, сикка ва сухан.
1-12. Рӯзҳое, ки Жунун пур хашм дошт – дар афсонаи Худои худоён нақл мешавад, ки Зевс ошиқи духтари заминӣ Симила шуд ва аз ӯ писар ёфт. Юнона бародари Симила Атахмасро, ки подшоҳи шаҳри Тиб буд, ба интиқоми он девона кард ва дар назари ӯ зан ва ду писараш шер ва шербачаҳо намуданд, ки сари як писарашро зада маҷақ кард. Зан бо писари дигараш худро ба дарё афканд.
16-21. Ҳекубо – зани Пириём, подшоҳи Таруё, ки пас аз шикаст хӯрдани шаҳр ба Юнон чун каниз мебурданд ва ӯ дар роҳ куштаи духтараш Пулисно ва писараш Пулидорро дида, аз сахтии дард чун сагон ба нӯлазанӣ даромад.
37-41. Мирро – аз рӯи афсонаҳои юнонӣ духтари зебои подшоҳи ҷазираи Қибрис, ки ошиқи падар шуд ва шабе худро ба ҷои зани дигар вонамуд ва бо падари худ ҳамхоба гашт. Падар хост ӯро бикушад, гурехта халос шуд. Худоён аз рӯи илтиҷояш ӯро ба дарахти Мирро бадал карданд.
42-45. Чун касе, ки рафта бо макру риё – яъне Ҷонни Аскикӣ, вақте ки Буозо Донати бимурд, Симун Донати писари ӯ аз вай хоҳиш кард, ки ба ҷои мурда хобида, сарваташро ба номи Симун васият кунад. Ӯ ҳамин тавр кард ва худ ҳам соҳиби чизҳои гаронбаҳо ва модиёни машҳури сафедранг гашт.
61-90. Одум – устоди заргари шаҳри Баршиё, ки бо фармони хонадони маъруфи Гвиду сиккаҳои қалбакӣ месохт ва охир дар соли 1281 дар оташ сӯзонда шуд.
76-78. Заргар Одум номи ду бародарони ашроф Гвиду да Романа: Гвидуи II ва Александрои I-ро мебарад. Баранду сарчашмае дар назди Ромена, ки ҳоло хушк шуда.